Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон

Аз wikishia
Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон

Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон аввалин маркази расмии шиаён дар Лубнон, ки дар тобистони 1969, тавассути имом Мусо Садр таъсис шуд.

Ҳадаф аз таъсиси ин маҷлис, дифоъ аз ҳуқуқи шиаён ва эҷоди ваҳдати байни онон зикр шудааст.

Сайид Мусо Садр, аз ибтидои ташкил то замони рабуда шуданаш (сентябраи 1987), риёсати онро бар уҳда дошт. Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин то соли 2000 ва Абдуламир Қаблон пас аз он, риёсати Маҷлиси аълои шиаёнро бар уҳда доштаанд. Ҳамакнун, Шайх Алӣ Хатиб, ки ҷонишини раиси Маҷлиси аълои шиаён аст, ин созмонро раҳбарӣ мекунад.

Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон марказҳо ва муассисаҳои гуонгуи таълимӣ, динӣ ва хайриявӣ; аз ҷумла: созмони таблиғоти динӣ, техникуми исломӣ, масҷиди Имом Содиқ (а) ва ҷамъияти хайрияи ҳазрати Зайнаб (с)-ро таъсис додааст.

Таъсис

Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон, дар тобистони соли 1389ҳ.қ. (1969м) бо интихоби як ҳайати шаръии 9 нафара аз уламои шиа ва як ҳайати иҷроии 12 нафара, ба фаъолият оғоз кард.[1] Ин ниҳод, аввалин маркази расмӣ барои шиаён дар Лубнон дониста шудааст.[2]

Маҷлиси мазкур, бо ҳадафи дифоъ аз ҳуқуқи шиаён ва ҳамчунин эҷоди ваҳдат миёни онон, тавассути имом Мусо Садр таъсис шуд. То пеш аз он, ҳамаи гуруҳҳою тоифаҳо дар Лубнон, аз ҷумла аҳли суннат, дарузиён, ва масеҳиён, маҷлис ва марказе шинохташуда аз сӯи давлат дошта ва раиси маҷлиси мазкур, намояндаи расмии ҳар кадом аз тавоиф маҳсуб мешудааст.[3]

Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон гарчӣ дар ибтидо ҷойгоҳи бартар дар сарпарастии умури шиаёни Лубнонро бар уҳда доштааст,[4] аммо ба бовари бархе муҳаққиқон, пас аз шаклгирии гуруҳҳои сиёсие ҳамчун Ҳизбуллоҳ ва Ҷунбиши Амал, ба тадриҷ бо коҳиши ҷойгоҳи худ мувоҷеҳ шудааст.[5] Бо ин ҳол, Гроҳом Флур ва Ринди Раҳим Франка - нависандагони китоби «Шиаёни араб», маҷлиси аълои исломии шиаёнро муҳимтарин ниҳоди шиаёни Лубнон донистаанд, ки дар давраи риёсати Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин, ҳамкории ҷиддие низ бо ҷомеаи аҳли суннат доштааст.[6]

Риёсат

Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон аз муассисоти зермаҷмӯаи нахуствазирӣ дар Лубнон аст ва раиси он бо интихобот ва бар асоси оинномаҳои дохилӣ интихоб мешавад. Имом Мусо Садр, дар 23-юми майи 1969м (2-уми хурдоди 1348ҳ.ш./ 6-уми рабиъулаввали 1389ҳ.қ.), ба раёсати маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон интихоб шуд; муддати ин раёсат ибтидо 6 сол таъйин шуд ва сипас то 65-солагии Сайид Мусо Садр тамдид шуд.[7] Бар асоси тасвиби маҷлиси шӯрои миллӣ ва раёсати Ҷумҳурии вақти Лубнон, раиси маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон, ҳамчун раҳбарони соири гуруҳҳои мазҳабӣ, аз ҳуқуқи қонунӣ бархӯрдор аст ва ҳамаи шуъуни шиаёнро раҳбарӣ мекунад. [Ниёзманди манбаъ]

Сайид Мусо Садр, дар ибтидои ба даст гирифтани раёсати маҷлиси аълои шиаёни Лубнон, бархе аз барномаҳо ва аҳдофи худро чунин эълом кард: танзими шуъуни тоифаии шиаён, ваҳдат байни мусулмонон ва ҳамкорӣ бо ҳамаи тоифаҳои мазҳабии Лубнон, ҳифзи ваҳдати кишвари Лубнон, тавваҷуҳ ба масъулияти миллӣ ва ҳифозат аз истиқлол ва озодии Лубнон ва посдорӣ аз марзҳо, мубориза бо фақр ва ситами иҷтимоӣ ва фасоди ахлоқӣ ва ҳамчунин пуштибонӣ аз муқовимати Фаластин ва ҳамкорӣ бо давлатҳои арабӣ барои озодсозии сарзаминҳои ғасбшуда тавассути режими Исроил.[8]

Пас аз нопадид шудани имом Мусои Садр дар соли 1978м, Шайх Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин, раёсати ин шӯроро бар уҳда гирифт[9] ва пас аз вафоташ дар соли 2000, Шайх Абдуламир Қаблон, ки дар давраи раёсати шайх Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин, ҷонишини раиси маҷлиси аълои шиаёни Лубнон буд, ба раёсати он расид, аммо ҳеҷгоҳ ба сурати расмӣ ба унвони раёсати маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон эълом нашуд.[10] Пас аз вафоти Абдуламир Қаблон дар соли 2021 то кунун, Шайх Алӣ Хатиб, ки ҷонишини раиси маҷлиси аълои шиаён аст, ин ташаккулро раҳбарӣ мекунад ва раисе барои ин ташаккул таъйин нашудааст.[11]

Рукнҳои Маҷлис

Маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон, муташаккил аз се ҳайат аст; маҷмаъи умумӣ ки намояндагоне аз гуруҳҳои мухталифи шиаёнро дарбар дорад, ҳайати шаръие, ки 12 тан аз олимони динии Лубнон ба интихоби маҷмӯаи рӯҳониёни лубнонӣ ҳастанд ва барои 6 сол интихоб мешаванд, ва ҳамчунин ҳайати иҷроие, ки илова бар 12 узви мунтахаб аз сӯи маҷмаъи умумӣ, намояндагони шиаи порлумони Лубнон низ узви он ҳастанд.[12]

Марказ ва муассисоти вобаста

Лугуи созмони таблиғоти динӣ вобаста ба маҷлиси аълои исломии шиаёни Лубнон

Маҷлиси аълои шиаёни Лубнон, марокиз ва муассисоте бо хадамоти мухталифи таълимӣ, хайрия ва мазҳабиро таҳти пӯшиш дорад. Ин марокиз ва муассисот иборатанд аз: созмони таблиғоти динӣ, ҷамъияти хайрияи фарҳангӣ, омӯзишкадаи фаннии исломӣ, мадрасаи аз-Зуҳо, маркази некӯкории ҳазрати Хадиҷа, муҷтамаъи таълимӣ - тарбиятии ал-Ғадир дар Биқоъ, донишгоҳи исломӣ дар Хулда, масҷиди Имом Содиқ (а) дар минтақаи Шатилои Бейрут, ҳунаристони фаннии Бейрут, муҷтамаъи хадамотӣ - дармонӣ, ва ҷамъияти хайрияи ҳазрати Зайнаб (с).[13] Донишгоҳи исломии Лубнон (ал-Ҷомеъатул-исломийя фи Лубнон) низ аз марокизи тобеъаи ин маҷлис аст.

Манобеи молӣ

Таъмини манобеи молии Маҷлиси аълои шиаёни Лубнон, аз тариқи вуҷуҳи шаръии аъам аз хумсу закот, ва ҳамчунин бо истифода аз кумакҳои шиаёни муқими Амрико, Канада, Австралия, Кувайт ва Арабистони Саъудӣ сурат мегирад.[14]

Эзоҳ

  1. Гулизаввора Қумшаӣ, “Раҳбарии дурахшони имом Мусо Садр барои шиаёни Лубнон”, саҳ.39.
  2. Гулизаввора Қумшаӣ, “Раҳбарии дурахшони имом Мусо Садр барои шиаёни Лубнон”, саҳ.39.
  3. Воъизизода Хуросонӣ, “Гузорише аз Лубнон”, саҳ.374.
  4. Нуроқоӣ, Лубнон, 1387ҳ.ш., саҳ.109.
  5. Нурӣ, Шиаёни Лубнон, 1389ҳ.ш., саҳ.179.
  6. Фулер, Шиаёни араб, 1384ҳ.ш., саҳ.434 ва 441 - 442.
  7. Пешвоӣ, “Чигунагии таъсиси Маҷлиси аълои шиаён”, саҳ.58 - 59.
  8. Пешвоӣ, “Чигунагии таъсиси Маҷлиси аълои шиаён”, саҳ.59.
  9. Давонӣ, Алӣ, Мафохири Ислом, 1364ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.363; “Солрӯзи таъсиси Маҷлиси аълои шиаёни Лубнон; аввалин маркази шиа”.
  10. Пойгоҳи расмии Маҷлиси аълои шиаёни Лубнон.
  11. Милъ-уш-шуғур фи риосати “ал-шиъӣ ал-аъло “ ило мо баъди-л-интихобот
  12. «Асосномаи Маҷлиси аълои шиаён».
  13. Нурӣ, Шиаёни Лубнон, 1389ҳ.ш., саҳ.179 - 180.
  14. Марказул-интишороти вал-буҳус, Лубнон: таърих, ҷомеъа ва сиёсат (1972 - 1976м), 1386ҳ.ш., саҳ.98.

Сарчашма

  • "Асосномаи Маҷлиси аълои шиаён", сайти имом Мусо Садр, таърихи боздид: 7 обони 1397ҳ.ш.
  • Воъизизода Хуросонӣ, Муҳаммад, “Гузорише аз Лубнон”, дар нашрияи донишкадаи Илоҳиёт ва маорифи исломии Машҳад, № 8, поизи 1352ҳ.ш.
  • Давонӣ, Алӣ, Мафохири Ислом, Теҳрон, интишороти Амиркабир, 1364ҳ.ш.
  • Исфаҳонӣ, Абдуллоҳ, «Ёде аз Оятуллоҳ шайх Муҳаммадмаҳдии Шамсиддин», дар маҷаллаи Китоби моҳи дин, № 55, урдибиҳишти 1381.
  • Марказул-интишороти вал-буҳус, Лубнон: таърих, ҷомеъа ва сиёсат (1972 - 1976м), тарҷумаи муассисаи мутолиъоти андешасозони нур, Теҳрон, Андешасозони нур, 1386ҳ.ш.
  • Нурӣ, Довуд, Шиаёни Лубнон: вазъияти сиёсӣ - иҷтимоӣ пас аз Инқилоби Исломии Эрон, бо роҳнамоии Маҳмуд Тақизода Доварӣ, Қум, интишороти Шиашиносӣ, 1389ҳ.ш.
  • Нуроқоӣ, Ораш ва Мондоно Ализода, Лубнон, Теҳрон, ширкати саҳҳомии китоби ҷайбӣ, 1387ҳ.ш.
  • Пешвоӣ, Маҳдӣ, “Чигунагии таъсиси Маҷлиси аълои шиаён”, дар маҷаллаи Дарсҳое аз мактаби Ислом, соли 25, № 7, меҳри 1364ҳ.ш.
  • Фулер, Гроҳом ва Ринди Раҳим Франка, Шиаёни араб: мусулмонони фаромӯшшуда, тарҷумаи Хадиҷа Табрезӣ, Қум, шиашиносӣ, 1384ҳ.ш.