Иди Ғадир

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯзи иди Ғадир)
Ин навиштор дар бораи иди Ғадир аст. Барои иттилоъ аз моҷарои Ғадир, воқеаи Ғадирро бубинед. Барои мутолиаи матни хутба, хутбаи Ғадирро бубинед.

Иди Ғадир (форсӣ: عید غدیر) рӯзи 18 зилҳиҷҷа ва аз бузургтарин идҳои шиаён аст, ки дар он Имом Алӣ (а) ба ҷонишинии Паёмбар (с) мансуб шудааст. Ривоёте аз Паёмбар (с) ва имомон (а) дар фазилати ин рӯз нақл шудааст. Ҳамчунин аъмоле монанди рӯза гирифтан, қароати зиёрати ғадирия, хондани намози Ғадир ва таом додан ба муъминон дар ин рӯз суфориш шудааст. Шиаён ин рӯзро ҷашн мегиранд. Рӯзи иди Ғадир дар Эрон таътили расмӣ аст.

Воқеаи Ғадир

Мақолаҳои аслӣ: Воқеаи Ғадир ва Хутбаи Ғадир
Таблои Ғадир – асари Маҳмуди Фаршчиён

Паёмбар (с) дар зилқаъдаи соли 10-уми ҳиҷрат, ҳамроҳи ҳазорон нафар барои анҷоми маносики ҳаҷ аз Мадина ба тарафи Макка ҳаракат кард.[1] Аз он ҷо ки ин сафар, охирин ҳаҷҷи Паёмбар (с) буд ба ҳаҷҷатулвидоъ машҳур шуд.[2] Паёмбар (с), пас аз поёни аъмоли ҳаҷ ба ҳамроҳи мусулмонон ба тарафи Мадина ҳаракат кард ва дар 18 зилҳиҷҷа ба Ғадири Хум расид.[3] Ҷабраил бар Паёмбар (с) нозил шуд ва аз ҷониби Худованд, ба Расули Худо (с) амр намӯд то Алӣ (а)-ро ба унвони ҷонишини худ, ба мардум муаррифӣ кунад.[4] Расули Худо (с) низ ҳоҷиёнро гирд оварад ва Алӣ (а)-ро ба унвони ҷонишини худ муаррифӣ кард.[5]

Фазилати рӯзи Ғадир

Дар бораи фазляти иди Ғадир аҳодисе аз маъсумон нақл шудааст аз ҷумла:

  • Паёмбар (с): рӯзи Ғадири Хум бартарин идҳои уммати ман аст ва он рӯзе аст ки Худованд дар он рӯз динро комил ва неъматро бар уммати ман тамом кард ва Исломро ба унвони дин барои онон писандид.[6]
  • Имом Содиқ (а): Иди Ғадир азимтарин ва бошарофаттарин иди мусулмонон аст ва сазовор аст дар ҳар соати он шукри Худо ба ҷой оварда шаваду мардум рӯзаи шукр бигиранд, ки рӯзаи ин рӯзи муодили шаст сол ибодат аст.[7]
  • Имом Содиқ (а): «Рӯзи Ғадири Хум иди бузурги Худост. Худо паёмбаре мабъус накарда, магари ин ки ин рӯзро ид гирифта ва азамати онро шинохта ва номи ин рӯз дар осмон рӯзи аҳду паймон, ва дар замини рӯзи паймони муҳкам ва ҳузури ҳамагонист.»[8]
  • Имом Ризо (а): «Рӯзи Ғадир дар миёни аҳли осмон машҳуртар аст то миёни аҳли замин... Агар мардум арзиши ҳақиқии ин рӯзро медонистанд, бешак фариштагон дар ҳар рӯз даҳ бор бо онон мусофаҳа мекарданд.»[9]
  • Насибии Шофеӣ аз уламои аҳли суннат дар китоби Матолиб-ус-саул ба ид будани рӯзи ҳаждаҳуми зилҳиҷҷа тасреҳ кардааст.[10] Ба гуфта ӯ, ин рӯз ид ва мавсиму маҳалли иҷтимои мардум қарор гирифт, чун вақте ки Расули Худо, Алиро ба ин манзалати рафиъ ҷой дод, ҳеҷ як аз мардумро дар ин манзалат ва мартаба бо Алӣ шарик қарор надод.[11] Ба гузориши Ибни Хуллакон дар китоби Вафаёт-ул-аъён, бо Мустаълӣ ибни Мустансир – аз ҳокимони Миср, дар 18 зилҳиҷҷаи соли 487ҳ.қ. ки рӯзи иди Ғадири Хум аст байъат шуд.[12]

Ҷашни Ғадир

Ҷашни иди Ғадир (Теҳрон, хиёбони Валиаср, 27 тири 1401ҳ.ш./18 июли 2022)[13]

Бинобар он чи ки дар китоби Хасоис-ул-аимма нақл шудааст Ҳасссон ибни Собит, дар рӯзи иди Ғадир дар ҳузури Паёмбари акрам (с) дар миёни ҷамъияти мусулмонони ҳозир дар Ғадири Хум, ашъореро бо садои баланд хонд.[14]

Ғадирияи Ҳасссон ибни Собит дар тавсифи воқеаи Ғадир:
ینادیهم یوم الغدیر نبیهم --- بخم و أسمع بالرسول منادیا
فقال فمن مولاکم و ولیکم؟ --- فقالوا و لم یبدوا هناک التعادیا
إلهک مولانا و أنت ولینا --- و لم‌تر منا فی المقالة عاصیا
فقال له قم یا علی فإننی --- رضیتک من بعدی إماما و هادیا
فمن کنت مولاه فهذا ولیه --- فکونوا له أنصار صدق موالیا
هناک دعا الّلهم وال ولیه --- و کن للذی عادی علیاً مُعادیاً

Паёмбари Худо (с) ононро дар рӯзи Ғадир нидо дод, чи нидои арзишманде. Ӯ фармуд: мавлои шумо ва сарпарасти шумо чӣ касе аст? Онон бедиранг гуфтанд: Худои ту мавлои мост ва ту сарпараст ва валиамри моӣ. Мо ҳаргиз аз фармони ту сарпечӣ нахоҳем кард. Дар он ҳангом, Паёмбар (с) ба Алӣ фармуд: бархез ман туро интихоб кардам то баъд аз ман Имом ва раҳбар бошӣ. Баъд фармуд: Ҳар кас ман мавло ва раҳбари ӯям ин мард мавло ва раҳбари ӯ хоҳад буд; пас шумо ҳамагӣ, аз сари сидқ, аз ӯ пайравӣ кунед. Бор Илоҳо, дӯсти ӯро дӯст бидор ва душман ӯро душман бидор.

Ҳамчунин бинобар ривояте ки дар Биҳор-ул-анвор нақл шудааст Имом Ризо (а) рӯзи Ғадирро маҷлис мегирифтааст. Ӯ гурӯҳе аз асҳоби хоси худро барои ифтор назди худ нигоҳ дошт ва барои хонаводаи онҳо ғизо ва ҳадоёе фиристод.[16] Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ – таърихнигори қарни чаҳоруми қамарӣ, дар ат-Танбиҳу ва-л-ишроф навиштааст, ки фарзандон ва шиаёни Имом Алӣ (а) ин рӯзро бузург медоранд.[17] Кулайнӣ – муҳаддиси қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ, низ дар ривояте ҷашн гирифтани шиаёнро нақл кардааст.[18]

Ба гузориши Ибни Касир – таърихнигори аҳли суннат дар қарни ҳаштуми қамарӣ, дар ҳукумати Оли Бӯя аз ҳокимони шиа, низ иди Ғадирро таътил ва ҷашни умумӣ эълом карда буданд ва ниҳодҳои ҳукуматӣ ва мардумро ба баргузарии ҷашнҳо ва озинбандии шаҳрҳо тарғиб мекарданд.[19] Онон дар ин ҷашн хаймаҳо бармеафроштанду порчаҳо (парчамҳо) меовехтанду шутур қурбонӣ мекарданд ва шабҳангом оташ равшан карда ба ҷашну шодӣ мепардохтанд.[20] Чунонки Гардизӣ – таърихнигор қарни панҷуми қамарӣ, низ ин рӯзро ҷузви рӯзҳои бузурги исломӣ ва иди шиаён баршумурдааст.[21]

Дар Миср хулафои фотимӣ иди Ғадирро ҷашн мегирифтанд.[22] Дар Эрон дар давраи сафавия, иди Ғадир аз идҳои расмӣ буд.[23] Дар Эрон рӯзи иди Ғадир таътил расмӣ аст.[24] Рӯзи иди Ғадир дар бархе устонҳои Ироқ ҳамчун Карбало, Наҷаф ва Зиқор низ таътили расмӣ аст.[25]

Шиаён шаби иди Ғадирро низ бузург шуморида ва шабзиндадорӣ мекунанд.[26]

Аъмоли иди Ғадир

Мақолаи аслӣ: Аъмоли иди Ғадир
  • Рӯза гирифтан; бар пояи ривояте ки аз Паёмбар (с) дар кутуби аҳли суннат нақл шуда ҳар кас рӯзи 18 зилҳиҷҷаро рӯза бигирад, Худованд савоби рӯзаи шаш моҳро барои ӯ менависад.[27]
  • Дар ҳангоми мулоқоти муъминон гуфтани иборати:
    اَلحمدُ لِلهِ الّذی جَعَلَنا مِنَ المُتَمَسّکینَ بِولایةِ اَمیرِالمؤمنینَ و الائمةِ المَعصومینَ علیهم السلام
    «Алҳамду ли-л-Лаҳ-ил-лази ҷаъалано мин-ал-мутамассикина би вилояти Амирилмуъминин ва-л-аиммат-ил-маъсумина алайҳимуссалом.» Тарҷума: «Сипос Худоро ки моро аз касоне қарор дод, ки ба вилояти Амиралмуъминин Алӣ (а) ва аиммаи атҳор (а) тамассук меҷӯянд.»[28]
  • Ғусл кардан
  • Хондани зиёрати Аминаллоҳ
  • Хондани дуои нудба
  • Пӯшидани либосҳои некӯ
  • Зинат кардан
  • Истеъмоли бӯи хуш
  • Силаи раҳим
  • Таом додан ба муъминон[29]
  • Хондани зиёрати Ғадирия[30]
  • Хондани намози иди Ғадир. Бар пояи ривояте аз Имом Содиқ (а) намози дуракаатӣ аст, ки дар ҳар ракаат сураи Ҳамд ва баъд аз он, даҳ мартаба сураи Ихлос, даҳ мартабаи Ояталкурсӣ ва даҳ мартабаи сураи Қадр хонда мешавад. Подоши ин намоз барбари 100 ҳаҷ, 100 умра ва бароварда шудани тамоми ҳоҷоти дунявӣ ва ухравӣ дониста шудааст.[31] Вақти хондани ин намоз ҳангом зуҳр (пешин) аст. Дар бораи ҷоиз будан ё набудани хондани ин намоз ба ҷамоат миёни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад.[32]

Китобшиносӣ

Дар бораи иди Ғадир осоре навишта шудааст:

  • Ид-ул-Ғадири байн-ас-субути ва-л-исбот, асари Аллома Аминӣ
  • Ид-ул-Ғадири фи-л-исломи ва-т-татвиҷу ва-л-қуруботу явм-ал-Ғадир, асари Аллома Аминӣ (китобча ба забони арабӣ)
  • Ид-ул-Ғадири фӣ аҳд-ил-Фотимийин, асари Муҳаммадҳодии Аминӣ: ин асар дар бораи иди Ғадир дар давраи Фотимиён навишта шудааст.[33]
  • Ид-ул-Ғадири байн-ас-субути ва-л-исбот, Ид-ул-Ғадири байн-ас-субути ва-л-исбот, асари Сайид Одили Алавӣ.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.474; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.148
  2. Зарқонӣ, Шарҳ-уз-Зарқонӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.141; Торӣ, «Тааммуле дар таърихи вафоти Паёмбар», саҳ.3
  3. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, дору содир, ҷ.2, саҳ.112
  4. Аёзӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-маҷид, 1422ҳ.қ., саҳ.184; Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, Мактабату илмияту исломийя, ҷ.1, саҳ.332
  5. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.605; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.295; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.110 - 111; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.349
  6. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, Муассисат-ул-беъсат, саҳ.188
  7. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.443
  8. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.89
  9. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.24
  10. Насибӣ, Матолиб-ус-саул, 1419ҳ.қ., саҳ.64
  11. Насибӣ, Матолиб-ус-саул, 1419ҳ.қ., саҳ.79
  12. Ибни Хуллакон, Вафаёт-ул-аъён, дору содир, ҷ.17 саҳ.180
  13. «Меҳмонии 10-километрӣ ба муносибати иди Ғадир - 2», хабаргузории Бурно
  14. Сайиди Разӣ, Хасоис-ул-аимма, 1406ҳ.қ., саҳ.42
  15. Сайиди Разӣ, Хасоис-ул-аимма, 1406ҳ.қ., саҳ.42
  16. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.95, саҳ.322
  17. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, 1357ҳ.қ., саҳ.221
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.149
  19. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1408ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.276
  20. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазаму фӣ Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1412ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.14
  21. Гардизӣ, Зайн-ул-ахбор, 1363ҳ.ш., саҳ.466
  22. Аминӣ, Ид-ул-Ғадири фӣ аҳд-ил-Фотимийин, 1376ҳ.ш., саҳ.64 - 65
  23. Некзоди Теҳронӣ ва Ҳамза, «Ташайюъ ва таърихи иҷтимоии эрониён дар асри сафавӣ», саҳ.131
  24. Лоиҳаи қонунии таъйини таътилоти расмии кишвар, вебсайти Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ
  25. «Ҳолу ҳавои Наҷафи ашраф дар иди Ғадир ва таътилии 10 устони Ироқ», хабаргузории Тасним
  26. Саолибӣ, Симорулқулуб, 1424ҳ.қ., саҳ.511
  27. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, ҷ.8, саҳ.284
  28. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, зайли аъмоли рӯзи 18 зилҳиҷҷа
  29. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, зайли аъмоли рӯзи 18 зилҳиҷҷа
  30. Шаҳиди Аввал, алмзор, 1410ҳ.қ., саҳ.64
  31. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.143
  32. Буҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.11, саҳ.87
  33. Аминӣ, Ид-ул-Ғадири фӣ аҳд-ил-Фотимийин, 1376ҳ.ш., саҳ.41

Сарчашма

  • «Лоиҳаи қонунии таъйини таътилоти расмии кишвар», вебсайти Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, таърихи боздӣд: 6 мурдоди 1400ҳ.ш.
  • «Меҳмонии 10-километрӣ ба муносибати иди Ғадир - 2», хабаргузории Бурно, дарҷи матлаб: 27 тири 1401, мушоҳида: 19 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • «Ҳолу ҳавои Наҷафи ашраф дар иди Ғадир ва таътилии 10 устони Ироқ», хабаргузории Тасним, дарҷи матлаби 27 тири 1401ҳ.ш., мушоҳида: 19 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • Аёзӣ, Сайид Муҳаммадалӣ , Тафсир-ил-Қуръон-ил-маҷиди ал-мустахраҷи мин турос-иш-Шайх ал-Муфид, Қум, Маркази интишороти Дафтари таблиғоти исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Айёшӣ, таҳқиқи Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Мактабату илмияту исломийя, бе то.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадиру фи-л-китоби ва-с-сунна, Қум, маркази ал-Ғадиру ли-д-диросот-ил-исломийя, аввал, 1416ҳ.қ.
  • Аминӣ, Муҳаммадҳодӣ, Ид-ул-Ғадири фӣ аҳд-ил-Фотимийин, Теҳрон, Муассисат-ул-офоқ, 1376 ш / 1417ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайли Зикор ва Риёзи Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Буҳронӣ, Юсуфи ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозирати фи-л-аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, таҳқиқи Муҳаммадтақии Ереванӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломийя ат-тобеъату лиҷомеат-ил-мударрисин, бе то.
  • Гардизӣ, Абусаид, Зайн-ул-ахбор, Теҳрон, дунёии китоб, ҷ. 1, 1363ҳ.ш.
  • Зарқонӣ, Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ, Шарҳ-ул-Аллома аз-Зарқонӣ ала-л-мавоҳиб-ид-динийя би-л-минаҳ-ил-муҳаммадийя, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғобати фӣ маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, бе ҷо, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Хуллакон, Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъён, таҳқиқи Эҳсони Аббос, Қум, ал-Шариф ар-Разӣ, 1364ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абулфараҷ, ал-Мунтазаму фӣ Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, дор-ул-кутуб-ил-исломийя, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон.
  • Лоиҳаи қонунии таъйини таътилоти расмии кишвар, вебсайти Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, мушоҳида: 19 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, Қоҳира, 1357ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Муассисат-ул-вафо, Бейрут.
  • Насибӣ, Муҳаммад ибни Талҳа, Матолиб-ус-саули фи маноқиби Ол-ир-Расул, таҳқиқи Абдулазизи Таботабоӣ, Бейрут, муассисат-ул-балоғ, 1419ҳ.қ./ 1999 м.
  • Некзоди Теҳронӣ, Алиакбар ва Ҳусайни Ҳамза, «Ташайюъ ва таърихи иҷтимоии эрониён дар асри сафавӣ», шиапажӯҳӣ, №6, баҳори 1395ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол, Марказ-ун-нашр-ил-тобеъу ли мактаб-ил-аълом-ил-исломӣ, Қум, 1377ҳ.ш.
  • Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Хасоис-ул-аимма, Машҳад, Остони муқаддаси разавӣ, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломийя, 1406ҳ.қ.
  • Саолибӣ, Абдулмалики ибни Муҳаммад, Симорулқулуби фи-л-музофи ва-л-мансуб, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, мактабат-ул-асрийя, 1424ҳ.қ.
  • Торӣ, Ҷалил, «Тааммуле бар таърихи вафоти Паёмбар», фаслномаи Таърихи Ислом, Қум, Донишгоҳи Боқирулъулум, 1379ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Сайид Ҳасан Мӯсавии Хирсон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, Теҳрон.
  • Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, таҳқиқи Мустафо Абдуқодири Ато, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, Бейрут, бе то.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, муассисату Ол-ил-байти ли эҳё-ит-турос, Қум, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ , ал-Амолӣ, Муассисат-ул-беъсат.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, ба кӯшиши Сайид Муҳаммадбоқири Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1410ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмади ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, дори содир, бе то.