Ояти 2 сураи Фатҳ
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Фатҳ |
| Шумораи оят | 2 |
| Ҷузъ | 26 |
| Шаъни нузул | Ишора ба натиҷаҳои сулҳи Ҳудайбия |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | Сулҳи Ҳудайбия |
Ояти 2 сураи Фатҳ (форсӣ: آیه ۲ سوره فتح) натиҷаҳои сулҳи Ҳудайбияро барои Пайғамбар (с) дар се бахш баён мекунад: омурзиши гуноҳон, неъмат ва ҳидоят ба сироти мустақим.
Бо таваҷҷуҳ ба эътиқод ба исмати пайғамбарон, муфассирон дар бораи тафсири гуноҳ дар ин оят назарҳои гуногун доранд. Муфассирони аҳли суннат онро ба хатоҳои кучак, тарки авло ё гуноҳони уммат тафсир кардаанд, дар ҳоле ки муфассирони шиа, онро на ба маънои гуноҳи воқеӣ, балки ишора ба туҳматҳои мушрикон медонанд, ки муборизаи пайғамбар бо ширк ва бутпарастиро гуноҳ талаққӣ мекарданд ва ин гуна туҳматҳо бо пирӯзиҳои пас аз сулҳи Ҳудайбия аз Пайғамбар бардошта шуд. Дар ривояте аз Имом Ризо (а) низ ба ин тафсир ишора шудааст.
Итмом ёфтани неъмат низ ба кушодашавии роҳ барои фатҳи Макка ва густариши Ислом, ва ҳидоят ба роҳи мустақим ба фароҳам овардани шароити пирӯзиҳои оянда ва ҳамчунин ҳидояти пайвастаи Илоҳӣ барои устувории Пайғамбар дар масири рисолат тафсир шудааст.
Натиҷаҳои фатҳи мубин
Бар асоси китоби Тафсири намуна, оятҳои дувум ва сеюми сураи Фатҳ баёнгари чор муҳибати бузурги Илоҳӣ ба Пайғамбар (с) дар пайи фатҳи мубин (сулҳи Ҳудайбия) ҳастанд: омурзиши гуноҳон, комил шудани неъмат, ҳидоят ба роҳи рост ва нусрати шикастнопазир.[1] Ин оятҳо натиҷаҳои пирӯзмандонаеро тавсиф мекунанд, ки дар ояти аввал ин сура ба он ишора шуда буд.[2]
| “ | То Худованд аз гуноҳи гузаштаву ояндаи ту даргузарад ва неъмати Худро бар ту комил гардонад ва туро ба роҳи рост ҳидоят кунад. (Фатҳ, 2) |
” |
Омурзиши кадомин гуноҳ?
Яке аз неъматҳои Илоҳӣ ба Пайғамбар (с), ки дар ояти дувуми сураи Фатҳ ба он ишора шудааст, омурзиши гуноҳон аст.[3] Бо таваҷҷуҳ ба мақоми исмати пайғамбар, муфассирон дидгоҳҳои мухталифе дар бораи маънои гуноҳ дар ин оят ироа кардаанд.[4] Ба гуфтаи Табарсӣ дар китоби Маҷмаъ-ул-баён бархе аз аҳли суннат онро ба гуноҳони пеш ва пас аз беъсат ё гуноҳони падару модари Пайғамбар ва ё гуноҳони уммати ӯ нисбат додаанд, дар ҳоле ки муфассирони шиа умуман онро ба гуноҳони уммат ё гуноҳони мушрикон, ки монеи вуруди Пайғамбар ба Макка мешуданд ва ӯро озору азият медоданд, тафсир кардаанд.[5]
Алома Таботабоӣ, Муҳаммадҷавод Муғния, Макорими Шерозӣ ва Сайид Муҳаммадтақӣ Мударрисӣ аз муфассирони шиа бо радди нисбати гуноҳ ба пайғамбар, муътақиданд, ки мурод аз «занб» дар ин оят мухолифат бо Худо нест, балки ё ишора ба аъмолест, ки назди мушрикон гуноҳ шумурда мешуд, монанди мубориза бо ширк ва анҷоми ғазавот, ё туҳматҳое будааст, ки мухолифон ба Пайғамбар мезаданд. Ба бовари онон, пас аз сулҳи Ҳудайбия ва фатҳи Макка, Худованд ин тасаввури нодурустро аз зеҳнҳо бардошт.[6] Бар асоси ривояте, ки аз Имом Ризо (а) нақл шудааст низ мушрикон Пайғамбарро ба далели даъват ба тавҳид ва тарки бутпарастӣ, гунаҳкор медонистанд.[7] Ҳошимии Рафсанҷонӣ низ дар китоби Тафсири роҳнамо бо дарназардошти иртибот надоштани зоҳирии сулҳи Ҳудайбия бо бахшиши гуноҳон, натиҷа гирифтааст, ки муроди оят, бардошта шудани тасаввури гуноҳ аз Пайғамбар дар дидгоҳи мушрикон пас аз ин рӯйдодҳо будааст.[8]
Том шудани неъмат ва ҳидояти пайвастаи Илоҳӣ барои Пайғамбар
Ояти дувуми сураи Фатҳ ба ду неъмати бузурги Илоҳӣ ба Пайғамбар (с) ишора дорад: том шудани неъмат ва ҳидоят ба сироти мустақим. Ба бовари муфассирон, итмоми неъмат дар пайи сулҳи Ҳудайбия муҳаққақ шуд ва ба маънои фароҳам овардани заминаи лозим барои иқдомоти сарнавиштсози баъдӣ, аз ҷумла фатҳи Макка ва поёни хусумати мушрикон буд.[9] Ҳамчунин ҳидоят ба роҳи рост дар ин оят, ба заминасозии Илоҳӣ барои ҳаракати Пайғамбар ба сӯи пирӯзиҳои бузург тафсир шудааст;[10] албатта бархе низ онро нишонае аз ниёзи ҳамешагии Пайғамбар ба ҳидояти пайвастаи Худо барои собитқадамӣ дар масири ҳақ медонанд.[11]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.18
- ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.189
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.292
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.86; Маърифат, «Исмати пайғамбарон», саҳ.7; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.48-49
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.168
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.253; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.83; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.22; Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.292
- ↑ Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Маншуроти ҷаҳон, ҷ.1, саҳ.202
- ↑ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.388
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.253; Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.388-389
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.253; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.22
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.168; Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.388-389
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, «Исмати пайғамбарон», дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои иҷтимоии исломӣ, №8, 1376ҳ.ш.
- Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибби-ил-Ҳусайн алайҳиссалом, 1419ҳ.қ.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Теҳрон, Маншуроти ҷаҳон, бетаърих.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1383ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1408ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
- Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Алиакбар, Тафсири роҳнамо, Қум, Бустони китоб, 1386ҳ.ш.