Мафотиҳ-ул-ҷинон (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мафотеҳ-ул-ҷинон)
Мафотиҳ-ул-ҷинон
НависандаШайх Аббоси Қумӣ (ваф. 1359ҳ.қ.)
Санаи таълиф1344ҳ.қ.
Мавзуъдуо ва зиёрат
Сабкривоӣ
Забонарабӣ ва форсӣ
Теъдоди ҷилд1 ҷилд


Мафотиҳ-ул-ҷинон (арабӣ: مفاتيح الجنان) (ба маънои калидҳои биҳиштҳо) номи роиҷтарин китоби дуо байни шиаён, таълифи Шайх Аббоси Қумӣ (12941359ҳ.қ.) аст.

Ин китоб, маҷмӯае аз дуоҳо, муноҷотҳо, зиёратҳо, аъмоли махсуси рӯзҳои солу моҳ ва одобу русими диние аст, ки аз Пайғамбари Ислом, имомони шиа ва уламо нақл шудааст. Муаллифи Мафотиҳ, бахши зиёде аз ин китобро аз китобҳои пеш, монанди “Иқбол”-и Сайид ибни Товус, “Мисбоҳи Кафъамӣ”, ва “Зод-ул-маод”-и Аллома Маҷлисӣ гирифтааст. Матни дуоҳо ва зиёратҳо бо арабӣ навишта шуда ва нависанда дар оғози баъзе дуоҳо тавзеҳоти форсӣ овардааст.

Мафотиҳ дар соли 1344ҳ.қ., дар Машҳад чоп, ва дар муддати кӯтоҳе ҳамагир шуд. Ин китоб дар хонаҳо ва амокини мутабаррикаи шиаёни Эрон ёфт мешавад ва ғолибан танҳо манбаи мавриди муроҷиаи бисёре аз шиаёни ҷаҳон барои аъмоли мустаҳабӣ ва дар муносибатҳои мазҳабӣ аст.

Машҳуртарин тарҷумаи он ба форсӣ аз Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ аст. Муҳаддиси Қумӣ, китоби “ал-Боқиёт-ус-солеҳот”-ро низ бо ҳамон мазмуни дуоҳо, зиёратҳо ва намозҳо ба Мафотиҳ афзудааст, ки дар бештари нусхаҳо дар ҳошияи Мафотиҳ дарҷ шудааст.

Ду китоби “Мафотиҳи навин” ва “Минҳоҷ-ул-ҳаёт” бо ҳадафи мустанадсозӣ ва китоби Мафотиҳ-ул-ҳаёт бо ангезаи такмили Мафотиҳ-ул-ҷинон мунташир шудааст. Хулосаҳои мутааддиде аз Мафотиҳ бо номҳои гуногун мунташир шудааст.

Аҳамият ва муаррифии Мафотиҳ

Тамбри ёдбуди садумин соли нигориши Мафотиҳ-ул-ҷинон

Мафотиҳ-ул-ҷинон навишта ки Шайх Аббоси Қумӣ муҳаддиси шиаи қарни 14 қамарӣ онро тадвин кардааст, яке аз машҳуртарину роиҷтарин китобҳои дуоу зиёрат дар байни шиаён дар қарни 14 ва 15 қамарист. Шиаён, ба вижа дар Эрон, дар муносибатҳои мухталиф барои анҷоми маносики мазҳабӣ аз ин китоб истифода мекунанд. Мафотиҳ-ул-ҷинон пас аз Қуръон пуршуморагонтарин китоб аст[1] ва ба гуфта вазири иршоди давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар тӯли 45 сол наздик ба 28 миллион нусха аз ин китоб дар Эрон мунташир шудааст.[2] Ва ин ба ҷуз нусхаҳои гуногунест, ки бархе ноширон бо гузиниши матолиб ва бо исмҳое монанди «Мунтахаби мафотиҳ» ё «Гузидаи мафотиҳ» мунташир кардаанд. Дар хурдодмоҳи 1402 шамсӣ\майи 2023 ҳамоиши садумини солгашти нигориши Мафотиҳ-ул-ҷинон дар Эрон баргузор шуд.[3] Ин маросим бо паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа оғоз шуд.[4]

Дар бораи муаллиф

Навиштори аслӣ: Шайх Аббоси Қумӣ

Гирдоварандаи Мафотиҳ-ул-ҷинон Шайх Аббоси Қумӣ (ваф.1359ҳ.қ.) аз уламои шиа дар заминаи ҳадис, таърих ва хитоба аст. Ӯ китобҳои зиёде навиштааст, ки Сафинат-ул-биҳор ва Мунтаҳо-ал-омол аз ҷумлаи онҳост. Муҳаддиси Қумӣ дар Наҷаф дафн гардидааст.[5] Писари Муҳаддиси Қумӣ нақл кардааст, ки падараш Мафотиҳ-ул-ҷинонро бо таҳорат нигоштааст.[6] Шайх Аббоси Қумӣ Мафотиҳро ба ангезаи ислоҳи китоби Мифтоҳ-ул-ҷанон навиштааст, ки дар он замон роиҷ ва дуоҳои бесанаде дар он будааст ва касоне аз ӯ хоста буданд, ки дуоҳои санаддори китоби Мифтоҳ-ул-ҷинонро ҷудо намуда ба ҳамроҳи дигар дуоҳои муътабар бинависад.[7]

Вижагиҳо

Мафотиҳ-ул-ҷинон як бахши аслӣ дорад, ки дар се боби адъия, аъмоли солиёна ва зиёратҳо шакл ёфтааст. Ҳамчунин як бахш бо унвони Мулҳақот (пайвастаҳо) ва як бахш бо унвони Боқиёт-ус-солеҳот ба қалами нависанда ба китоб афзуда шудааст. Шайх Аббоси Қумӣ дуоҳоро бо санад наёвардааст, балки фақат баён карда, ки дуоро аз кадом манбаъ нақл мекунад.[8] Ҳамчунин бархе аз дуоҳои нақлшуда дар китоби Мафотиҳ аз маъсумон нарасидааст ва навиштаи бархе аз уламост, монанди дуои Адила.[9]

Афзудаҳо бар Мафотиҳ

Шайх Аббос барои он ки касе ба китоби Мафотиҳ чизе наафзояд, афродро ба лаънати Худованд ва нафрини Расули Худо (с) ва имомони пок (а) вогузор кардааст.[10] Бо ин ҳол, ноширони Мафотиҳ баъдҳо бахшеро бо унвони мулҳақоти дувуми Мафотиҳ ба он афзудаанд. Аз ҷумлаи ин мулҳақот, дуои пас аз намози Имом Ҳусайн (а) ва Имом Ҷавод (а) ва ҳамчунин ҳадиси Касо аст.[11] Бархе аз ноширон ба бахши Боқиёт-ус-солеҳот ҳам ду бахш афзудаанд. Бинобар ин маҷмуаи Мафотиҳи ҳозира дорои шаш қисмат аст, ки се қисмати он тавассути Шайх Аббоси Қумӣ танзим шуда ки иборатанд аз: асли Мафотиҳ, Мулҳақоти мафотиҳ, Боқиёт-ус-солеҳот ва се қисмати дигар баъдҳо ба он афзуда шуда, ки иборатанд аз: Мулҳақоти дувуми Мафотеҳ, Мулҳақоти аввали Боқиёт-ус-солеҳот ва Мулҳақоти дувуми Боқиёт-ус-солеҳот.[12]

Сохтор ва муҳтаво

Маъмулан дар ибтидои Мафотиҳ-ул-ҷинон, чанд сураи калон ва хурди Қуръон чоп шудааст. Матолиби Мафотиҳ-ул-ҷинон дар чанд боб чунин дастабандӣ гардидааст:

Боби аввал: Адъия (дуоҳо)

Шомили таъқиботи намозҳо, аъмоли шабу рӯз ва рӯзҳои ҳафта, намозҳои маъруф, монанди намози ҳазрати Расул (с), намози Амиралмуъминин Алӣ (а), намози ҳазрати Фотима (с), намози Ҷаъфари Тайёр, зиёрати имомон дар рӯзҳои ҳафта, бархе аз дуоҳо ва муноҷотҳо чунинанд: муноҷоти Хамса ашар аз Имом Саҷҷод (а), муноҷоти Имом Алӣ дар масҷиди Кӯфа, дуои Самот, дуои Кумайл, дуои Ҷавшани сағир ва дуои Ҷавшани кабир, дуои Макорим-ул-ахлоқ ва ғайра.

Боби дувум: Аъмоли солиёна

Ин боб барои баёни аъмоли мустаҳабӣ дар тӯли соли қамарӣ танзим шудааст. Матолиби ин қисмат аз моҳи Раҷаб шурӯъ шуда ва бо аъмоли моҳи ҷамодиюссонӣ ва сипас аъмоли наврӯз ва моҳҳои румӣ тамом мешавад. Муноҷоти шаъбония, дар аъмоли моҳи Шаъбон, дуои Абӯҳамзаи Сумолӣ, дуои Ифтитоҳ ва дуои Саҳари маъруф, аъмоли шабҳои Қадр дар аъмоли моҳи Рамазон, дуои Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Арафа дар аъмоли моҳи зилҳаҷҷа ҷузви маъруфтарин ва машҳуртарин матолиби ин бахш аз Мафотиҳ ба шумор мераванд.

Боби сеюм: бахши зиёратҳо

Дар ин боб, ибтидо матолибе дар бораи одоби сафару зиёрат ва низ изни духули ҳарамҳо зикр шудааст. Аввалин зиёрат, зиёрати Расули Худо (с) аст, ки баъд аз он, зиёрати ҳазрати Фотима (а) ва сипас зиёрати имомони Бақиъ омадааст. Илова бар зиёрати дувоздаҳ Имом, ин бахш шомили зиёрати имомзодагон ва баъзе аз бузургон ва уламои шиа низ мешавад, зиёратҳое монанди зиёрати ҳазрати Ҳамза, Муслим ибни Ақил, Фотима бинти Асад, шуҳадои ҷанги Уҳуд, Салмони Форсӣ ва ғайра. Аъмоли бархе аз масҷидҳои маъруф, монанди масҷиди Кӯфа, масҷиди Саъсаа низ дар ин бахш гунҷонда шудааст.

Тӯлонитарин бахши ин боб ба зиёрати Имом Ҳусайн (а) ихтисос дорад. Машҳуртарин зиёртномаҳои Имом Ҳусайн (а) монанди зиёрати Ошӯро, зиёрати Арбаин ва зиёрати Ворис дар ин қисмат нақл шудааст. Дуои нудба, дуои Аҳд ва зиёрати Ҷомеаи кабира низ дар қисмати марбут ба зиёрати Имоми Замон (аҷ) омадааст. Пас аз зиёратҳои марбут ба Имоми Замон (аҷ), зиёрати анбиё, зиёрати ҳазрати Маъсума (а) ва зиёрати ҳазрати Абдулъазими Ҳасанӣ нақл шудааст. Матлаби поёнии ин боб, ки охирин матлаби Мафотиҳ дар нусхаи ибтидоии он маҳсуб мешавад, матлабе аст бо унвони Зиёрати қубури муъминин ва дуоҳои марбут ба он.

Мулҳақоти Мафотиҳ

Шайх Аббоси Қумӣ барои чопи дувум, бахшеро бо номи мулҳақот ба китоби Мафотиҳ афзудааст.[13] Дар ин бахш ҳашт матлаб ба Мафотиҳ афзуда шудааст, ки ба эътиқоди нависанда ниёзи мардум ба ин дуоҳо зиёд будааст. Ин ҳашт матлаб иборатанд аз:

Боқиёт-ус-солеҳот

Дуои Кумайл дар Мафотиҳ ба хати Тоҳири Афшорӣ

Боқиёт-ус-солеҳот, китобе аз муаллиф аст, ки худ онро дар ҳошияи Мафотиҳ навишта ва мунташир кардааст.[14] Ба гуфтаи Шайх Аббоси Қумӣ нигориши ин бахш дар ҷумъаи 19 муҳаррами соли 1345ҳ.қ., ба поён расид.[15] Дар чопҳои мухталифи Мафотиҳ-ул-ҷинон, ин китоб бо Мафотиҳ арза шудааст. Ин китоб дорои шаш боб ва як бахше ба унвони Мулҳақот аст, ки иборатанд аз:

  • Боби аввал: мухтасаре аз аъмоли шабу рӯз, ки бархе аз одоби зиндагии рӯзмарра ва дуоҳои соатҳои рӯз ва чӣ гуна хондани намози шаб дар он баён шудааст.
  • Боби дувум: зикри баъзе аз намозҳои мустаҳаб, ки намози ҳадя ба маъсумон, намози лайлат-уд-дафн, намозҳои ҳоҷат, намозҳои истиғоса ва намозҳои айёми ҳафта, аз ҷумлаи онҳо ҳастанд. Шайх Аббоси Қумӣ анвоъи истихора ва чӣ гуна истихора гирифтанро низ дар ҳамин бахш овардааст.
  • Боби сеюм: дуоҳо барои дардҳову бемориҳо, ки дуоҳое барои рафъи дардҳову бемориҳои мухталиф дар он баён шудааст.
  • Боби чаҳорум: дуоҳои мунтахаб аз китоби Кофӣ. Дуоҳои ин бахш низ бештар барои рафъи мушкилоте монанди камбуди ризқ ва эҳтиёҷоти дунявӣ аст.
  • Боби панҷум: зикри баъзе ҳирзҳо ва дуоҳои кӯтоҳ, ки аз китобҳои Муҳаҷ-уд-даавот ва aл-Муҷтани интихоб шудааст. Дар ин боб дуоҳое барои дур шудан аз балоҳо (ҳирз) ва низ чанд муноҷот ва дуоҳое барои ризқ нақл шудааст.
  • Боби шашум: баёни хосиятҳои бархе сураҳо ва оёт ва зикри баъзе дуоҳо ва матолиби мутафарриқа. Хосиятҳои бархе оёти Қуръон ва сураҳои он, ки барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра корбурд доранд, дар ин бахш зикр шудааст. Дуо барои хоб дидани афрод, дуои мутолиа, одоби ақиқа ва истихора бо Қуръон низ дар ин боб қарор гирифтааст.
  • Хотима: мухтасаре аз аҳкоми амвот

Манобеи китоб

Бархе манобеъе, ки Шайх Аббоси Қумӣ дар таълифи Мафотиҳ-ул-ҷинон аз онҳо истифода карда ва дар ин китоб ном бурдааст, ба шарҳи зер аст:

Манобеи дигареро низ Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби Мафотиҳ зикр кардааст, аз ҷумла: "Таърихи олими орои Аббосӣ", навиштаи Мирзо Искандарбеги Муншӣ; "Туҳфат-уз-зоир", навиштаи Аллома Маҷлисӣ, "Таҳзиб-ул-аҳком"-и Шайхи Тусӣ; "Ҷоме-ул-ахбор" (нависанда номаълум); "Ҷамол-ул-усбуъ", навиштаи Сайид ибни Товус.[16]

Мафотиҳи навин

Чоп, нашр ва тарҷума

Шайх Аббоси Қумӣ Мафотиҳро дар соли 1344ҳ.қ., таълиф ва онро барои нахустин бор дар Машҳад чоп кард.[17] Ин китобро хушнависони бузурге чун Тоҳири Хушнавис,[18] Мисбоҳзода,[19] Мирзо Аҳмади Занҷонӣ,[20] Муҳаммадризо Афшорӣ[21] ва дигарон бо хати насх ва настаълиқ навиштаанд. Ҳамакнун китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон бешумор бо қатъҳо ва шаклҳои гуногун мунташир мешавад. Ба далели ҳаҷми зиёд доштани ин китоб, бархе ноширон даст ба гузиниши матолиби он зада ва онро ба сурати «Мунтахаби Мафотиҳ» ё «Гузидаи Мафотиҳ» чоп ва мунташир кардаанд.[22]

Тарҷумаҳо

Тавзеҳоте, ки Шайх Аббоси Қумӣ дар аввали ҳар дуо ё зиёрат ё аъмол оварда, ба забони форсӣ аст. Аммо матни дуоҳо ва зиёратҳо, ки ба арабӣ аст, тавассути бархе аз мутарҷимон ба форсӣ тарҷума шудаанд. Маъруфтарин ва роиҷтарин тарҷумаи форсии Мафотиҳ, тарҷумаи Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ аст. Тарҷумаҳои дигаре низ тавассути Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ[23] ва Ҳусайни Устодвалӣ,[24] Муҳаммадбоқири Камараӣ ва дигарон мунташир шудааст.

Дар 10 зилқаъдаи 1444ҳ.қ. баробар бо 30 майи 2023 ҳамоише ба муносибати садумин соли нигориши Мафотиҳ баргузор шуд.[25] Дар ин ҳамоиш аз нусхаи чопии ҷадиде рӯнамоӣ шуд, ки бар асоси нусхае ба хатти Тоҳири Хушнавис ки ба сурати дастнавис тавассути Шайх Аббоси Қумӣ тасҳеҳ шудааст. Ва ихтилофи нусхаҳои он бо тавзеҳот дар поварақӣ дарҷ шудааст. Дуоҳо фарозбандӣ шуда ва барои ҳар фароз, шуморае дар назар гирифта шудааст. Аз аломатҳои китобат мисли нуқта, вергул, нуқтавиргул ва ғайра низ истифода шудааст.[26]

Мафотиҳ ба забонҳои дигар, аз ҷумла англисӣ (даст кам чаҳор тарҷума), фаронсавӣ, туркӣ, урдӯ ва испониёӣ низ тарҷума шудааст.[27]

Китоби Минҳоҷ-ул-ҳаёт, навиштаи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ

Нақд

Аз сӯи муҳаққиқон нисбат ба порае аз муҳтавоҳо ва иддаоҳои Шайх Аббоси Қумӣ дар Мафотиҳ-ул-ҷинон, интиқодоте ворид шудааст, ки бархе аз онҳо шояд сабабаш ин бошад, ки Муҳаддиси Қумӣ, фурсати бознигарии Мафотиҳро надоштааст. Ба унвони намуна, ӯ шеъри маъруфи «Зиндадиле дар сафи афсурдагон / Рафт ба ҳамсоягии мурдагон...», ки аз Ҷомӣ аст,[28] ба Низомӣ нисбат додааст.[29] Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ низ дар муқаддимаи Мафотиҳи навин бартараф кардани камбудиҳо, афзудани мадорик ва манобеи дуоҳову зиёрот, риояти шароити замонию маконӣ ва ҳазфи матолибе, ки мояи эрод бадхоҳон астро порае аз авомиле дониста, ки таҷдиди назари васеъ дар Мафотиҳро иқтизо кардааст.[30]

Китобҳои монанд

Мафотиҳи навин

Навиштори аслӣ: Мафотиҳи навин

Китоби Мафотиҳи навин, асари Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ китобе аст, ки ба ҷиҳати мустанадсозӣ, итқон ва такмили китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон, ҷамъоварӣ, чоп ва мунташир шудааст.[31] Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ангезаи худро аз интишори ин китоб, риояти таносуб бо замони ҳозир ва ҳазфи бархе аз матолибе медонад, ки мӯҷиби эрод ва ишкол шудааст.[32] Ба гуфта нависанда афзудани муқаддима бар ҳар бахш аз дуоҳо ва зиёрот, зикри манобеъ ва мадорики дуоҳо ва зиёрот дар поварақӣ, ҳазфи бархе аъмоли мушобеҳ ва матолиби заиф ва тавваҷуҳ ба муҳтавои дуоҳову зиёратҳо ва иктифо накардан ба санад дар интихоби онҳо, аз вижагиҳои ин асар аст.[33]

Мафотиҳ-ул-ҳаёт

Минҳоҷ-ул-ҳаёт

Навиштори аслӣ: Минҳоҷ-ул-ҳаёти фи-л-адъиаяти ва-з-зиёрот

Ин китоб ба таҳқиқи Муҳаммадҳодии Юсуфии Ғаравӣ навишта шуда ва дар интишороти Маҷмаи Ҷаҳонии Аҳли Байт (а) ба чоп расидааст. Ин китоб ба баррасии санадии комили дуоҳо ва зиёратҳои мавҷуд дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон мепардозад.[34] Полоиши санадии дуоҳо ва зиёратҳои Мафотиҳ-ул-ҷинон ва ҳазфу ҷойгузинии бархе аз онҳо, овардани манобеъи дақиқи дуоҳо, зиёратҳо ва ирҷоъ ба манобеъи таърихӣ др бархе маворид.[35]

Мафотиҳ-ул-ҳаёт

Навиштори аслӣ: Мафотиҳ-ул-ҳаёт

Китоби Мафотиҳ-ул-ҳаётро ҷамъе аз муҳаққиқон ва таҳти назорати Оятуллоҳ Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ навиштаанд. Эшон ҳадаф аз таълифи ин китобро, таълими сабки зиндагии исломӣ ба мардум донистааст. Ӯ китоби Мафотиҳ-ул-ҳаётро ҷилди дуввуми Мафотиҳ-ул-ҷинон номид.[36]

Мафотиҳ-ул-ҳаёт, китоби Оятуллоҳ Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ низ ҳар чанд ба унвони ҷилди дувуми Мафотиҳ-ул-ҷинони Муҳаддиси Қумӣ муаррифӣ шуда, аммо нигоҳи замоншиносона, созгор ва қобили татбиқ бо вазъияти кунунии ҷаҳон, аз шохисаҳои муҳими он муаррифӣ шудааст.[37]

Эзоҳ

  1. Чопи наздик ба 28 миллион ҷилд Мафотиҳ-ул-ҷинонпойгоҳи вазорати иршод .
  2. Чопи наздик ба 28 миллион ҷилд Мафотиҳ-ул-ҷинонпойгоҳи вазорати иршод
  3. Торнамои Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ
  4. Паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ба ҳамоиши Мафотиҳ-ул-ҷинон. Хабаргузории АБНА. Мурури хабар 29 озари 1402ҳ.ш.
  5. Толеъӣ, Солшумори ҳаёт ва осори Муҳаддиси Қумӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.13 - 48.
  6. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., саҳ.28.
  7. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., саҳ.12.
  8. Султонӣ, Ишора ба порае аз манобеи Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1389ҳ.ш., саҳ.450.
  9. Султонӣ, Ишора ба порае аз манобеи Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1389ҳ.ш., саҳ.451.
  10. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., ибтидои мулҳақоти аввал, саҳ.869.
  11. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1376ҳ.ш., саҳ.985.
  12. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш.
  13. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., саҳ.869.
  14. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., муқаддамаи бахши Боқиёт-ус-солиҳот, саҳ.903.
  15. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1388ҳ.ш., саҳ.1115.
  16. Султонӣ, Ишора ба порае аз манобеи Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1389ҳ.ш., саҳ.459 - 472.
  17. Толеъӣ, Солшумори ҳаёт ва осори Муҳаддиси Қумӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.31.
  18. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, ба хати Тоҳири Хушнавис, 1375ҳ.ш.
  19. Қумӣ, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, хати Аббоси Мисбоҳзода, 1375ҳ.ш.
  20. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, котиб: Аҳмад ибни Муҳаммадҳусайни Занҷонӣ, 1357ҳ.қ.
  21. Қумӣ, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Хушнависи Афшорӣ, 1388ҳ.ш.
  22. Аз ҷумла "Қумӣ, Мунтахаби Мафотиҳ-ул-ҷинон", 1385ҳ.ш., ки ба ғайр аз сураҳои Қуръон ҳудуди 40 дуо ва зиёрати мавриди ниёзро гулчин ва чоп кардааст.
  23. Қумӣ, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи комили форсии матн ва ҳошияи Сайид Ҳошими Расулии Маҳаллотӣ, 1375‬ҳ.ш..
  24. Қанбарӣ, «Муаррифии тарҷумаи Наҳҷулбалоға».
  25. Баргузории ҳамоиши садумин соли нигориши Мафотиҳ-ул-ҷинон, пойгоҳи Соҳибхабарон
  26. Вижагиҳои Мафотиҳи рӯнамоишуда дар ҳамоиши садумин сол Пойгоҳи Мусҳаф
  27. Сулаймонӣ, Як зикр ба сад забон шунуфтан, 1389ҳ.ш., саҳ.32.
  28. «Ҷомӣ» Ҳафт авранг» Туҳфат-ул-аҳрор»
  29. Мафотиҳ-ул-ҷинон, зиёрати қубури муъминон
  30. Муқаддимаи "Мафотеҳи навин"-и ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, сайти Ҳадоно
  31. Сайре дар китоби Мафотиҳи навин
  32. Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, 1390ҳ.ш., саҳ.16.
  33. Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, 1390ҳ.ш., саҳ.2.
  34. Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Юсуфии Ғаравӣ дар бораи китоби Минҳоҷ-ул-ҳаёт.
  35. Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Юсуфии Ғаравӣ дар бораи китоби Минҳоҷ-ул-ҳаёт.
  36. Китоби Мафотиҳ-ул-ҳаётро бояд ҷилди дуввуми Мафотиҳ-ул-ҷинон бидонем.
  37. «Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ Устодӣ», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳйонии Исро.

Сарчашма

  • Қанбарӣ, Бахшъалӣ, «Муаррифии тарҷумаи Наҳҷ-ул-балоға», китоби Моҳи дин, дейи 1384, № 99.
  • Қумӣ, Аббос, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи комили форсии матн ва ҳошияи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, ба хати Ҳусайнии Шерозӣ, Теҳрон: Маҳаллотӣ, ‭№ 1375‬.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, ба хати Тоҳири Хушнавис, Теҳрон: Исломия, 1375 ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, котиб: Аҳмад ибни Муҳаммадҳусайни Занҷонӣ, Наҷаф: матбаъа Илмия, 1357ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, мутарҷим: Мусавии Домғонӣ, Хушнавис Афшорӣ, мусаҳҳеҳи матн: Ҳусайни Устодвалӣ, Теҳрон: Файзи Кошонӣ: турбат, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи Маҳдӣ Илоҳиқумшаӣ, хати Аббос Мисбоҳзода, Теҳрон: илмӣ, 1375ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи Мусавии Домғонӣ, Қум, нашри Сидиқа, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи Ҳусайни Ансориён, Қум, Дорул-ирфон, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мунтахаби Мафотиҳ-ул-ҷинон, Теҳрон, нашри Мубаллиғон, 1385ҳ.ш.
  • Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Теҳрон, нашри Машъар, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Мафотеҳи навин, Қум, интишороти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1390ҳ.ш.
  • Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Устодӣ дар бораи Мафотиҳ-ул-ҳаёт, «китоби Мафотиҳ-ул-ҳаётро бояд ҷилди дувуми Мафотиҳ-ул-ҷинон бидонем», пойгоҳи итилоърасонии Китоби роҳ, таърихи мушоҳида: 16 дейи 1402.
  • "Мусоҳиба бо Оятуллоҳ Юсуфии Ғаравӣ дар бораи китоби Минҳоҷ-ул-ҳаёт фи-л-адъияти ва-л-зиёрот", пойгоҳи мактаби Муфид, таърихи боргузорӣ: 25 хурдоди 1395ҳ.ш., таърихи мушоҳида: 19 баҳмани 1395ҳ.ш.
  • Пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, муаррифии китоби Мафотиҳи навин, таърихи мушоҳида: 19 баҳмани 1395ҳ.ш.
  • Сулаймонӣ, Марзия, «Як зикр ба сад забони шунуфтан: нигоҳе кӯтоҳ ба тарҷумаҳои Мафотиҳ-ул-ҷинон», маҷаллаи Дин, шаҳривари 1389ҳ.ш., № 155.
  • Султонӣ, Муҳаммадалӣ, ишора ба порае аз манобеи Мафотиҳ-ул-ҷинон, дар мақолоти конгресси бузургдошти Муҳаддиси Қумӣ, Қум, нашри Нури матоф, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Толеъӣ, Абдулҳусайн, солшумори ҳаёт ва осори Муҳаддиси Қумӣ, дар мақолоти конгресси бузургдошти Муҳаддиси Қумӣ, Қум, нашри Нури матоф, чопи аввал, 1389ҳ.ш.