Каффора

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Каффорот)
Рисолаи амалия.
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Каффора ба арабӣ: کَفّاره ҷаримае аст, ки дар ивази анҷоми бархе корҳои ҳаром ё тарки баъзе воҷибот бояд анҷом дод. Озод кардани банда, итъом ё пӯшондани фақир, рӯза гирифтан ва қурбонӣ аз муҳимтарин каффорот ҳастанд. Бархе аз корҳое ҳам, ки каффора доранд, иборатанд аз: қатли инсон, ботил кардани амдии рӯзаи моҳи Рамазон, шикастани аҳд, назр ва қисм ва анҷоми бархе муҳаррамоти эҳром.

Навъи каффора ва наҳваи анҷом доданаш бо тавваҷӯҳ ба амале, ки анҷом шудааст, тафовут дорад: барои бархе аз аъмол як каффораи мушаххас таъйин шудааст; барои бархеи дигар чанд каффора таъйин шудааст, ки мукаллаф мухтор аст ба яке аз онҳо амал кунад; барои аъмоле ҳам чанд каффора, ба тартиб, таъйин шудааст, ки бояд тибқи авлавият анҷом шаванд. Бархе аъмол ҳам каффораи ҷамъ доранд; яъне чанд каффора барояшон мушаххас шудааст, ки ҳамаро бояд анҷом дод.

Мафҳумшиносӣ

Ба ҷаримаи молӣ ва бадание, ки дар ивази иртикоби бархе гуноҳон бояд анҷом дод, каффора мегӯянд.[1] Каффора ғолибан мӯҷиби суқут ё тахфифи муҷозоти ухравии гуноҳ мешавад.[2]

Каффора аз модаи куфр ба маънои пӯшондан гирифта шудааст.[3] Каффоротро чун мӯҷиби пӯшидан, яъне нодида гирифтани гуноҳон мешаванд, ба ин ном хондаанд.[4][Ёддошт 1] Гоҳ дар муҳовироти урфӣ каффора ба маънои фидя ба кор меравад. Барои мисол аз як муд таом (750 грам гандум ва монанди он), ба унвони каффораи рӯза ёд мешавад;[5] дар ҳоле ки дар воқеъ фидяи рӯза аст; яъне ҷонишини он аст ва дар ивази нагирифтани рӯза ба хотири нотавонии бар асари беморӣ ё монанди он пардохт мешавад.[6]

Анвоъи каффорот ва мавориди он

Бар пояи китобҳои фиқҳӣ, каффорот иборатанд аз:

  • Озод кардани банда[7]
  • Итъоми шаст фақир[8]
  • Итъоми даҳ мискин[9]
  • Ду моҳ рӯза[10]
  • Се рӯз рӯза[11]
  • Қурбонии гӯсфанд[12]
  • Қурбонии шутур[13]
  • Қурбонии гов ё гӯсфанд[14]
  • Як муд таом[15]
  • Итъоми шаш мискин[16]
  • Пӯшондани даҳ фақир.[17]

Гуноҳоне ки каффора доранд

Дар китобҳои фиқҳӣ, аз аъмоле, ки каффора доранд, дар бахши зиҳор баҳс мекунанд;[18] албатта ба ҷуз каффороти муҳаррамоти эҳром, ки дар бахши Ҳаҷ баён мешаванд.[19] Аъмоле, ки каффора доранд, ба лиҳози навъи каффора ва наҳваи анҷом доданашон бо ҳам фарқ доранд: бархе аз онҳо каффораи мушаххасе доранд (каффораи муайяна). Дар бархеи дигар чанд каффора мушаххас шудааст ва мукаллаф ҳаркадомро хост анҷом медиҳад (каффораи мухайяра). Дар мавориде чанд каффора ба тартиб таъйин шудааст, ки бояд тибқи авлавият анҷом шаванд; яъне агар аввалиро натавонистем анҷом диҳем, суроғи баъдӣ меравем (каффораи мураттаба). Барои бархе аз аъмол ҳам чанд каффора таъйин шудааст, ки ҳамаро бояд анҷом дод (каффораи ҷамъ).[20]

Корҳое, ки каффора доранд навъи каффора каффора
1. Зиҳор ва қатли ғайриамд [ 21 ] 2. Ифтори қазои рӯзаи Рамазон пас аз зуҳри шаръӣ [ 22 ] каффораи мураттаба 1. Озод кардани банда ва дар сурати нотавонӣ, итъоми шаст фақир [ 23 ] 2. Итъоми даҳ мискин ва дар сурати нотавонӣ се рӯз рӯза [ 24 ]
Алиф )

1. Шикастани амдии рӯзаи моҳи Рамазон [ 25 ] 2. Шикастани назр [ 26 ] 3. Шикастани аҳд [ 27 ] 4. Мӯи сар кандани зан дар мусибат (бино бар назари бархе фақеҳон). [ 28 ] 5. Омезиш бо ҳамсар дар ҳоли эътикоф [ 29 ] б ) боби ҳаҷ 1. Тарошидан ё кӯтоҳ кардани сар қабл аз қурбонӣ [ 30 ]

2. Сайд дар ҳоли эҳром [ 31 ] || каффораи мухайяра || а) тахйир байни 1. Озод кардани банда 2. Ду моҳ рӯза 3. Итъом ба шаст фақир [ 32 ]

б ) боби ҳаҷ 1 ва 2. Тахйири байни Қурбонӣ, итъоми шаш ё даҳ мискин ва се рӯз рӯза гирифтан [ 33 ]

Намуна Намуна Намуна
Намуна Намуна Намуна
Намуна Намуна Намуна
Намуна Намуна Намуна




1. Ҳанси қасам [ 34 ] 2. Зан мӯяшро дар мусибатҳо биканад [ 35 ] 3. Зан рӯяшро дар мусибатҳо бихарошад [ 36 ] 4. Мард либосашро дар марги фарзанд ё ҳамсараш чок бизанад [ 37 ] каффораи мухайяра ва мураттабаи алиф) тахйири байни 1. Озод кардани банда 2. Итъоми даҳ мискин 3. Пӯшондани даҳ фақир б ) дар сурати нотавонӣ 4. Се рӯз рӯза гирифтан [ 38 ]

1. Қатли амдии мӯъмин [ 39 ] 2. Ифтор дар моҳи Рамазон бо кори ҳаром [ 40 ] каффораи ҷамъ анҷоми корҳои зер бо ҳам 1. Озод кардани банда 2. Ду моҳ рӯза 3. Итъоми шаст фақир [ 41 ] Муҳаррамоти эҳром монанди 1. Омезиш бо ҳамсар Мулоиба бо ҳамсар, ки мунҷар ба инзол шавад Нигоҳи шаҳватолуд ба ҳамсар, ки мунҷар ба инзол шавад Бӯсидани ҳамсар аз рӯи шаҳват [ 42 ] 2. Кандани дарахти ҳарам [ 43 ] 3. Истеъмоли бӯи хуш [ 44 ] Соя қарор додан барои сар (фақат мардон) [ 45 ] Кӯтоҳ кардани тамоми нохунҳои даст ё по [ 46 ] Пӯшидани либосҳо ва хӯрдани хӯрокиҳое, ки бар муҳрим ҳаром аст [ 47 ] Бӯсидани ҳамсар бидуни шаҳват Ламси бо шаҳвати ҳамсар, ки мунҷар ба инзол нашавад [ 48 ] 4. Ба изои кӯтоҳ кардани ҳар нохун дар сурате, ки маҷмӯъ камтар аз даҳ нохун бошад [ 49 ] 5. Нигоҳ кардан ба номаҳрам дар ҳоли эҳром, ки мунҷар ба хуруҷи манӣ шавад [ 50 ] каффораи муайяна 1. Қурбонӣ (шутур) [ 51 ] 2. Қурбонии гов ё гӯсфанд (бастагӣ ба андозаи дарахт дорад) [ 52 ] 3. Қурбонӣ (гӯсфанд) [ 53 ] 4. Як муд таом [ 54 ] 5. Қурбонии шутур барои касе ки вазъи молии хубе дорад Қурбонии гов барои касе ки вазъи молии миёна дорад Қурбонии гӯсфанд барои касе ки вазъи молии поёнтар аз миёна дорад [ 55 ]

Аҳком

  • Каффораи итъом ё пӯшондани фақир, бояд ба фақири мусулмон дода шавад.[21]
  • Каффора аз воҷиботи тааббудӣ аст. Аз ин рӯ, дар пардохти он, қасди қурбат шарт аст.[22]
  • Агар бархе аз мавориди каффора монанди озод кардани банда имкон надошт, он маврид дар каффораи ҷамъ соқит аст ва дар каффораҳои мухайяра ва мураттаба бояд мавориди дигарро анҷом дод.[23]
  • Гуфта шудааст дар мавориде, ки рӯза ба унвони каффора таъйин шудааст, бояд рӯзаҳо пушти сари ҳам анҷом шавад.[24] Албатта дар шаст рӯзи рӯза, сиву як рӯзи он бояд пай дар пай бошад.[25]
  • Агар иллати каффороти муҳаррамоти эҳром мухталиф бошад, барои ҳаряк бояд каффораи ҷудо ба ҷо овард.[26]

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.438.
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.438; нигоҳ кунед ба Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.5.
  3. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.148 (зайли вожаи куфр).
  4. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.148 (зайли вожаи куфр); Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.5.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138, саҳ.802.
  6. Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.120.
  7. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50.
  8. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50.
  9. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50.
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.175.
  11. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50.
  12. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69 - 273.
  13. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69 - 273.
  14. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69 - 273.
  15. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69 - 273.
  16. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69 - 273.
  17. Шаҳиди Аввал, Ғоят-ул-мурод, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.463.
  18. Нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.167.
  19. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68 - 271.
  20. Нигоҳ кунед Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.439.
  21. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.273.
  22. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.439.
  23. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.439.
  24. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.439.
  25. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.347.
  26. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.272.

Ёддошт


Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, тасҳеҳи Аҳмад Форис, Қум, Дорулфикр, 1414ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, муҳаққиқу мусаҳҳеҳ: Муслим Қулипури Гелонӣ, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Бейрут, алдорул-исломия, 1420ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Маносик-ул-ҳаҷ, Қум, Машъар, 1426ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Ғоят-ул-мурод фи шарҳи нукат-ил-иршод, тасҳеҳи Ризо Мухторӣ, Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи алмаъориф исломия, 1413ҳ.қ.
  • Садр, Муҳаммад, Моваро-ул-фиқҳ, Бейрут, Дорулазвоъ, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳиссалом, тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таъумму биҳи-л-балво (ал-Муҳашшо), тасҳеҳи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмади Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Абдулмунъим, Маҳмуд ибни Абдураҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳоти ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, Қоҳира, Дорулфазилат, бе то.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон фи шарҳи оёт-ил-аҳком, Қум, китобхонаи Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва муъзаму ановиниҳ-ил-мавзуъия, Қум, Алҳодӣ, 1377ҳ.ш./1419ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муфид, ал-Амолӣ, тасҳеҳи Ҳусайн Валӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found