Иброҳим (пайғамбар)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Иброҳими Халилуллоҳ)
Иброҳим
Минётури партоб кардани Иброҳим (а) дар оташ - асари Маҳмуди Фаршчиён
Минётури партоб кардани Иброҳим (а) дар оташ - асари Маҳмуди Фаршчиён
НақшПаёмбар
Зодрӯзқарни 20 пеш аз мелод
ЗодгоҳБобил
МадфанҲабрун
Маҳалли зиндагӣБобил
Лақабҳо
хешу табор
ПадарТорух ё Торах
Ҳамсарон
Фарзандон
Тули умр179 ё 200 сол
Пайғамбарон
‌‌Одам (а) . Нӯҳ (а) . Идрис (а) . Ҳуд (а) . Солеҳ (а) . Иброҳим (а) . Лут (а) . Исмоил (а) . Алясаъ (а) . Зулкифл (а) . Илёс (а) . Юнус (а) . Исҳоқ (а) . Яъқуб (а) . Юсуф (а) . Шуайб (а) . Мусо (а) . Ҳорун (а) . Довуд (а) . Сулаймон (а) . Айюб (а) . Закариё (а) . Яҳё (а) . Исо (а) . Муҳаммад (с)


Ҳазрати Иброҳим (форсӣ: حضرت ابراهیم) машҳур ба Иброҳими халил, дуюмин пайғамбари улулъазм аст. Иброҳим дар Байн-ун-наҳрайн ба пайғамбарӣ мабъус шуд ва Намруд, ҳокими замони худ ва мардуми он ноҳияро ба оини тавҳид даъват кард. Шумори каме даъвати ӯро пазируфтанд ва чун ӯ аз имон овардани онҳо маъюс шуд, ба Фаластин муҳоҷират кард.

Бино бар оёти Қуръон, қавми бутпарасти Иброҳим, ӯро ба хотири он ки бутҳояшонро шикаста буд, дар оташ андохтанд, аммо оташ ба фармони Худо сард шуд ва Иброҳим аз он солим берун омад.

Исмоил (а) ва Исҳоқ (а) ду фарзанди Иброҳим ва ҷонишинони ӯ ҳастанд. Насаби қавм Банӣ Исроил, ки пайғамбарони зиёде аз онҳо зуҳур кард ва ҳамчунин ҳазрати Марям (а) модари ҳазрати Исо (а), аз тариқи Исҳоқ ба Иброҳим (а) мерасад. Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҳам ба Исмоил фарзанди дигари ӯ насаб мебарад.

Қуръон, бинои хонаи Каъба ва даъвати мардум ба маносики ҳаҷро ба Иброҳим нисбат дода ва ӯро халилуллоҳ (дӯсти Худо) муаррифӣ кардааст. Тибқи оёти Қуръон, ӯ пас аз имтиҳон шудан бо балоҳо, аз ҷумла забҳи фарзандаш ба фармони Худо, илова бар набувват ба мақоми имомат ҳам ноил шудааст.

Зиндагинома

Вилодат ва вафот

Бештари муҳаққиқон, садаи 20 пеш аз мелодро таърихи вилодати Иброҳим (а) донистаанд ва бархе аз онҳо рақами дақиқтар 1996 қабл аз мелодро зикр кардаанд.[1] Дар китоби ”Ҳаводис-ул-айём” рӯзи таваллуди ӯ, даҳуми муҳаррам навишта шудааст.[2] Бархе муваррихин рӯзи аввали зилҳаҷҷаро рӯзи таваллуди ӯ донистаанд.[3]

Мазори ҳазрати Иброҳим (а) дар шаҳри Алхалили Фаластин

Дар манобеи исломӣ чандин шаҳр ба унвони зодгоҳи Иброҳим (а) зикр шудааст. Ба гуфтаи Таърихи Табарӣ, бархе Бобул ё Кавсо аз ноҳияҳои Саводи Ироқро, ки дар он замони Намруд дар онҳо ҳукумат мекарда, зодгоҳи Иброҳим донистаанд ва бархе дигар ҷои таваллуди ӯро ал-Варкоъ (Урук), ё Ҳаррон баён карда, гуфтаанд баъдан падараш ӯро ба Бобул ё Кавсо бурд.[4] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), «Кавсо» зодгоҳи Иброҳим ва ҷои истиқрори Намруд зикр шудааст.[5] Ибни Батута, ҷаҳонгарди қарни шашуми қамарӣ, аз маҳалле ба номи Бурас мибайни Ҳилла ва Бағдод дар Ироқ ёд карда, ки гуфтаанд зодгоҳи Иброҳим будааст.[6]

Иброҳим (а) 179 ё 200 сол умр кард ва дар Ҳибрун- воқеъ дар Фаластин, ки имрӯза Алхалил номида мешавад, аз дунё рафт.[7]

Падари Иброҳим

Дар бораи номи падари Иброҳим ихтилоф аст. Дар Аҳди атиқ ин ном, Тураҳ навишта шудааст,[8] ки дар манобеи таърихии мусулмонон, Торух,[9] ё Тораҳ[10] зикр шудааст. Дар Қуръон омадааст: «Ва ҳангоме ки Иброҳим ба падараш Озар гуфт..» («وَ إِذْ قالَ إِبْراهِیمُ لِأَبِیهِ آزَرَ»).[11] Бар асоси ин оят бархе аз муффасирони аҳли суннат Озарро падари ҳазрати Иброҳим донистаанд,[12] аммо муффасирони шиа калимаи «аб»-ро дар ин оят ба маънои падар намедонанд.[13] Ба гуфтаи онҳо калимаи «аб» дар арабӣ, илова бар падар, дар хусуси амак, бобо, сарпараст ва монанди инҳо низ ба кор меравад. Аллома Таботабоӣ дар ал-Мизон мегӯяд: бетардид «Озар», ки дар ин оят аст падари ҳақиқии Иброҳим нест; вале ба воситаи бархе аз вижагиҳо ва унвонҳое, ки дар ӯ вуҷуд дошта, ба ӯ падар мегуфтааст монанди ин ки ӯ амаки Иброҳим буд ва аз назари луғат, падар (аб) бар бобо, амак ва падарандар низ гуфта мешавад.[14] Иброҳим аз Озар, ки ӯро падар мехонд; вале падари ҳақиқиаш набуд, безорӣ меҷуст.[15]

Бар асоси гузориши манобеи таърихӣ, дар соле, ки Иброҳим (а) ба дунё омад, ба дастури Намруд ҳар навзодеро, ки ба дунё меомад, сар ба нест мекарданд; чароки ситорашиносон пешбинӣ карда буданд дар ин сол кӯдаке ба дунё меояд, ки бо дини Намруд ва пайравонаш мухолифат карда, бутҳоро мешиканад. Барои ҳамин модари ҳазрати Иброҳим, аз тарси намрудиён, ӯро даруни ғоре дар наздикии хонааш гузошт ва баъд аз понздаҳ моҳ, шабона аз ғор берун овард.[16]

Издивоҷ ва фарзандон

Ҳамсари аввали Иброҳим Сора аст ва Иброҳим (а) бино ба нақли Таврот дар Аври Калдониён бо ӯ издивоҷ намуд.[17] Бар асоси гузориши Деҳхудо дар луғатнома اور ё عور ё дар Таврот Аври Калдониён шаҳру ноҳияи қадими Шумер дар ҷануби Бобул будааст. Ин шаҳр дар ҷануби Ироқ ва аз марокизи муҳимми фарҳанги Шумерӣ ва ба гуфтаи Таврот маҳалли таваллуди Иброҳими пайғамбар будааст. Номи ин шаҳри бузург ки таъсисаш аз замонҳои бисёр қадим аст дар қарни 4 пеш аз мелод аз таърих барафтод ва пас аз он дар зери хок дафн шуд ва фаромӯш гардид ва маҳаллаш дар қарни 19 мелодӣ кашф шуд.[18] Аз Таврот фаҳмида мешавад, ки Сора хоҳари нотании Иброҳим будааст,[19] аммо мутобиқ бо ривоёти шиа, Сора духтархолаи Иброҳим ва хоҳари Лути пайғамбар (а) будааст.[20] Тибқи яке аз ин ривоёт, Иброҳим (а) дар Кавсо бо ӯ издивоҷ намуд ва ӯ соҳиби моли фаровоне буд, ки пас аз издивоҷи ҳазрати Иброҳим бо ӯ, ба номи Иброҳим (а) даромад ва ҳазрати Иброҳим онҳоро зиёдтар намуд, ба наҳве, ки дар маҳалли зисти ӯ касе ба андозаи ӯ молу сарват надошт.[21]

Иброҳим аз Сора фарзанддор намешуд, аз ин рӯ, Сора, канизи худ Ҳоҷарро ба ӯ бахшид ва Иброҳим аз ӯ соҳиби фарзанде ба номи Исмоил шуд.[22] Иброҳим пас аз чанд сол аз Сора ҳам соҳиби фарзанд шуд, ки номи ӯро Исҳоқ гузоштанд. Таваллуди Исҳоқ 5 ё 13 сол баъд аз Исмоил дониста шудааст.[23] Бино ба бархе нақлҳо, ҳангоми таваллуди Исҳоқ, Иброҳим (а) беш аз 100 сол синн дошта ва Сора 90-сола будааст[24] ва тибқи нақли дигар Исҳоқ сӣ сол баъд аз Исмоил таваллуд шуд ва Иброҳим (а) дар он замон 120 сол син дошт.[25]

Гуфтаанд Иброҳим (а) пас аз фавти Сора бо ду зани дигар издивоҷ кард, ки аз яке соҳиби 4 писар ва аз дигаре соҳиби 7 писар шуд ва маҷмӯи фарзандони ӯ ба 13 писар расид.[26]

Иброҳим (а) дар Қуръон

Дар Қуръон 69 мартаба аз Иброҳим ёд шудааст.[27] Сурае ҳам ба хотири пардохтан ба достони зиндагии Иброҳим, ба номи ӯ номгузорӣ шудааст.[28] Қуръон дар хусуси Иброҳим аз ҷумла ба набувват ва даъвати ӯ ба тавҳид, имомати ӯ, забҳи фарзанд, муъҷизаи зинда шудани чор паранда пас аз мурдан ва сард шудани оташ пардохтааст.

Набувват, имомат ва халилуллоҳӣ

Дар оёте чанд аз Қуръон, аз набуввати ҳазрати Иброҳим ва даъвати ӯ ба тавҳид сухан омадааст.[29] Ҳамчунин дар ояти 35 сураи Аҳқоф аз пайғамбарони улулъазм ном бурда шудааст,[30] ки тибқи ривоёт, Иброҳим аз ҷумлаи онон ва дуюмин пайғамбари улулъазм пас аз ҳазрати Нӯҳ (а) аст.[31] Мутобиқ бо ояти 124 сураи Бақара, Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро пас аз чанд имтиҳон ба мақоми имомат насб кард. Ба назари Аллома Таботабоӣ мақоми имомат дар ин оят ба маънои ҳидояти ботинӣ аст; мақоме, ки расидан ба он, лозимаи бархӯрдорӣ аз камоли вуҷудӣ ва мақоми маънавии вижае аст, ки пас аз муҷоҳидатҳои бисёр ба даст меояд.[32]

Халилуллоҳ

Мақолаи аслӣ: Халилуллоҳ (лақаб)

Халилуллоҳ (ба маънои дӯсти Худо[33]) лақаби махсуси ҳазрати Иброҳим будааст.[34] Мақоми халилуллоҳ буданро мадҳе барои Иброҳим (а) донистаанд,[35] ки болотар аз мақоми нубувват ва рисолат низ аст.[36] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омада, ки Худованд Иброҳимро дар ибтидо ба унвони абд (банда) сипас набӣ, баъд расул ва пас аз он ба мақоми дӯстӣ (халил) баргирифт.[37] Дар ояти 125 сураи Нисо омадааст: «و اتَّخَذَ اللَّهُ إِبْراهیمَ خَلیلاً; Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид». Дар ибтидои ин оят тавсия шуда ки аз оини Иброҳим пайравӣ кунед.[38] Сипас барои ин ки дигаронро тарғиб ба пайравӣ аз Иброҳим кунад мегӯяд ки Худованд вайро ба унвони дӯсти худ баргузидааст.[39]

Иброҳим - падари пайғамбарон

Тибқи Қуръон, Иброҳим падарбузурги шуморе аз пайғамбарони баъд аз худ аст.[40] Фарзанди ӯ Исҳоқ падаркалони Банӣ Исроил аст, ки аз насли ӯ пайғамбароне аз ҷумла Яъқуб, Юсуф, Довуд, Сулаймон, Айюб, Мусо, Ҳорун ва дигар пайғамбарони Банӣ Исроил ба вуҷуд омаданд.[41]

Ҳамчунин насаби ҳазрати Исо (а) аз тариқи модараш Марям (а) ба ҳазрати Яъқуб фарзанди Исҳоқ мерасад.[42] Бинобар ривоёти исломӣ, насаби ҳазрати Муҳаммад (с) ба Исмоил писари дигари Иброҳим (а) мерасад.[43] Ба ҳамин хотир ӯро «абуланбиё», яъне падари пайғамбарон, лақаб додаанд.[44]

Муъҷизаҳо

Тибқи оёти Қуръон, сард шудани оташ ва зинда шудани чор паранда аз муъҷизоти ҳазрати Иброҳим (а) будаанд:

  • Сард шудани оташ: тибқи оёти 57 то 70 сураи Анбиё, ҳазрати Иброҳим, пас аз он ки дид қавмаш аз парастиши бутҳо дастбардор нестанд, бутҳоро шикаст ва ин корро ба бути бузург нисбат доду гуфт: агар бут сухан мегӯяд, аз ӯ бипурсед! Бутпарастон дар муқобили истидлоли ӯ нотавон монданд, аммо аз эътиқоди худ даст набардошта, ӯро ба сабаби шикастани бутҳо дар оташ андохтанд, аммо оташ ба фармони Илоҳӣ бар ӯ сард шуд.[45]
  • Зинда шудани чаҳор паранда: бино ба ояти 260 сураи Бақара, Худованд дар посух ба дархости ҳазрати Иброҳим (а) барои дидани зинда шудани мурдагон, ӯро маъмур намуд, ки чор парандаро забҳ, ва бо ҳам махлут карда, бар болои чанд кӯҳ қарор диҳад. Ӯ ин корро анҷом дода, сипас парандагонро фарохонд. Онҳо зинда шуда, ба сӯи ӯ омаданд.

Ҳиҷрат

Дар ояти 71 сураи Анбиё роҷеъ ба ҳазрати Иброҳим (а) омадааст: «Мо ӯро ҳамроҳи Лут ба сарзамине бурдем, ки дар он барои ҷаҳониён баракат ниҳодаем!». Бархе китобҳои тафсирӣ сарзамини мавриди ишора дар ин оятро Шом,[46] ё Фаластин ва Байтулмуқаддас[47] гуфтаанд. Дар ривояти Имом Содиқ (а) низ Байтулмуқаддас ба унвони мақсади ҳиҷрати Иброҳим (а) муаррифӣ шудааст.[48]

Бинои Каъба

Дар ояти 127 сураи Бақара омадааст, ки ҳазрати Иброҳим бо ёрии фарзандаш Исмоил, Каъбаро бино кард ва бо фармони Худо мардумро ба маносики ҳаҷ даъват кард.[49] Мутобиқи бархе ривоёт, Каъба аввалин бор тавассути ҳазрати Одам (а) сохта шуд ва ҳазрати Иброҳим (а) онро бозсозӣ кард.[50]

Забҳи фарзанд

Навиштори аслӣ: Забеҳуллоҳ

Яке аз имтиҳонҳои Илоҳии ҳазрати Иброҳим (а) маъмур шудани ӯ ба забҳи фарзандаш буд. Тибқи гузориши Қуръон, Иброҳим дар хоб дид, ки фарзандашро забҳ мекунад. Ин мавзӯъро бо писараш дар миён гузошт, фарзандаш аз ӯ хост, ки ба фармони Худо амал кунад, аммо ҳангоме, ки Иброҳим, фарзандашро дар қурбонгоҳ хобонд, то забҳ кунад, нидо омад: «Эй Иброҳим, хобатро таҳаққуқ додӣ. Ба ростӣ, мо некӯкоронро ин гуна подош медиҳем [ки нияти поку холисашонро ба ҷои амал мепазирем]. Ба яқин ин имтиҳони равшан буд ва мо фарзандатро дар ивази қурбонии азиме [аз забҳ шудан] наҷот додем!».[51]

Қуръон, номи фарзанди Иброҳимро, ки ба забҳи ӯ маъмур шуд, наовардааст. Дар бораи он, ҳам миёни шиаён ва ҳам миёни аҳли суннат, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе мегӯянд Исмоил буда ва бархе дигар онро Исҳоқ медонанд.[52] Шайхи Тусӣ муътақид аст аз ривоёти шиа бармеояд, ки Исмоил будааст.[53] Муллосолеҳи Мозандаронӣ дар Шарҳи Фуруи кофӣ ин назарро дидгоҳи машҳур байни уламои шиа донистааст.[54] Дар зиёрати ғуфайла‏ (зиёрати махсуси Имом Ҳусайн (а) дар нимаи Раҷаб) низ омадааст:... Салом бар ту, эй вориси Исмоили забеҳуллоҳ!»[55]

Иброҳим (a) дар Аҳдайн

Дар Аҳди атиқ (китоби муқаддаси аҳли китоб), аввал аз ҳазрати Иброҳим бо номи Абром ёд шудааст,[56] аммо дар боби 17 омадааст: «Аммо инак аҳди Ман бо ту аст ва ту падари умматҳои бисёре хоҳӣ буд ва номи ту баъд аз ин Абром хонда нашавад, балки номи ту Иброҳим хоҳад буд; зеро ки туро падари умматҳои бисёр гардонидам!»[57]

Бинобар ривояти Аҳди атиқ, Иброҳим ба қабоили оромие, ки аз Ҷазират-ул-араб ба каронаҳои Фуроти шимоли Сурия кӯч карда буданд, насаб мебарад.[58] Тибқи боби 11 «Сифри пайдоиш», Тораҳ, падари Иброҳим, ҳамроҳи Иброҳим, Сора ва Лут аз Уркалдониён ба тарафи Канъон сафар кард ва чун ба Ҳаррон расид, дар он ҷо таваққуф кард ва ҳамон ҷо мурд.[59] Бархе аз ин матлаб натиҷа гирифтаанд, ки зодгоҳи Иброҳими Авраи Калдониён будааст, бо ин ҳама дар ибтидои боби 12 Ҳаррон, зодгоҳи Иброҳим ва сарзамини падарии ӯ муаррифӣ шудааст.[60]

Тибқи Таврот, Иброҳим то 75-солагӣ дар Ҳаррон монд ва баъд аз он ба амри Худованд аз Ҳаррон ба Канъон рафт ва ҳамсараш Сора, бародарзодааш Лут ва бархе аз мардуми Ҳарронро низ бо худ бурд ва дар он ҷо дар шарқи Байтъил чодар заданд ва ҷое барои забҳ бино карданд.[61] Пас аз он ба хотири вуқуи қаҳтӣ ночор ба Миср кӯч карданд,[62] аммо пас аз чанде аз Миср ба Байти Ил бозгаштанд[63] ва баъдан ба Ҳибрун (Алхалил) кӯч карда, дар он ҷо сокин шуданд.[64]

Дар Таврот омадааст, ки Иброҳим ҳангоми вуруд ба Миср, ҳамсари худ Сораро ба унвони хоҳари худ муаррифӣ кард, то худро аз осеби мисриён ба тамаи дастёбӣ ба ҳамсараш дур нигаҳ дорад. Дар натиҷа, Фиръавни Миср, ки мафтуни зебоии ӯ шуда буд, ӯро бемонеъе ба ҳамсарӣ гирифт ва ба хотири ӯ ба Иброҳим некӣ намуд. Аммо Худованд, Фиръавн ва аҳли хонаи ӯро ба хотири он ба балоҳои сахте мубтало намуд.[65] Аллома Таботабоӣ ин бахш аз достони Иброҳим дар Тавротро бо истинод ба муносиб набудани он бо мақоми набувват ва рӯҳи тақво, бо таорузоти дигари Таврот дар достони Иброҳим (а), далеле бар таҳрифи Таврот медонад.[66]

Аҳди атиқ, Исҳоқ (а)-ро фарзанди забеҳи Иброҳим муаррифӣ намудааст.[67] Дар мавориде ҳам забеҳ танҳо фарзанди Иброҳим дониста шудааст.[68] Ҳамчунин дар Таврот омадааст, ки Худованд дар Канъон бо ҳазрати Иброҳим аҳд баст, ки аз Нил то Фуротро ба фарзандони ӯ, ки аз насли Исҳоқ ба вуҷуд меоянд, ато кунад.[69]

Дар Аҳди ҷадид низ аз Иброҳим дар 72 мавзеъ ёд шуда ва насаби Исои Масеҳ (а) аз тариқи Исҳоқ (а) бо 39 восита (Матто, 1: 1 - 7) ё 54 восита (Луқо, 3: 24 - 25) ба ӯ пайванд шудааст. Имони Иброҳим (а) дар Аҳди ҷадид ба унвони олитарин имон ёд шудааст; зеро ғарибона дар Фаластин - ки сарзамини ӯ набуд - ба фармони Худо зист ва фарзанди худро ба қурбонгоҳ бурд.[70]

Симои ҳазрати Иброҳим дар ирфони исломӣ

Аз манзари бисёре аз орифони исломӣ, ҳазрати Иброҳим (а), соликест, ки дар сайри ботинӣ ва бо гузар аз мақомоти сулукӣ ба болотарин маротиби камолӣ даст ёфтааст. Абдукарими Қушайрӣ, орифу муфассири қарни чоруму панҷуми ҳиҷрӣ, руъяти малакут тавассути он ҳазратро ҷазбае қабл аз сулук дониста[71] ва Рашидуддин Мейбудӣ муътақид аст, ки ин ҷазба, ӯро нисбат ба ҳамаи таҷаллиёт ва мазоҳири Ҳақ, шефта сохт; аммо бо рӯяти бесубот будани ин мазоҳир, дарёфт ки онҳо наметавонанд мутааллиқи ишқи мутлақ бошанд.[72]

Аз назари орифон фарозҳои достони ҳазрати Иброҳим дар Қуръони Карим, назири сард шудани оташ, забҳи Исмоил, удул аз аҷроми самовӣ, дархости эҳёи амвот ва куштани мурғон ва… пур аз ишороти ирфонӣ ва таъвилоти ботинӣ аст.[73] Ба унвони намуна, дар достони удул аз ситора, моҳ, офтоб ва тавваҷуҳ ба соҳати Ҳақ, тавассути ҳазрати Иброҳим (а), Қушайрӣ, ситораро ба нури камфурӯғи ақл, моҳро ба илм ва фурӯъоти аҳкоми Илоҳӣ ва хуршедро ба ирфон таъбир кардааст.[74] Абдурразоқи Кошонӣ ин серо иборат аз се мартабаи нафсӣ, қалбӣ ва рӯҳӣ дониста ки ҳазраташ бо касби маърифат дар заволи ин маротиб, ба мақоми ваҳдат ноил мешавад.[75] Шабистарӣ дар ин хусӯс месарояд:

Ситора бо маҳу хуршеди акбар,

Бувад ҳиссу хаёлу ақли анвар.[76]

Ба таъбири Ибни Арабӣ, мурод аз ситора, моҳ, хуршед ки Иброҳим рубубияти онҳоро нафй мекунад, (на аҷсоми онҳо) ки ҷанбаи рӯҳонӣ ва нурии онҳост.[77]

Такнигорӣ

Китоби «Қаҳрамони тавҳид», шарҳ ва тафсири оёти марбут ба ҳазрати Иброҳим (а) навиштаи Носир Макорими Шерозӣ аз интишороти Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абӯтолиб (а), зиндагӣ, андеша ва амалкарди эшонро дар 224 саҳифа тавзеҳ додааст.[78]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Саҷҷодӣ, «Иброҳими халил (а)», саҳ.499
  2. Маръашии Наҷафӣ, Ҳаводис-ул-айём, саҳ.46 (нусхаи электронӣ)
  3. Ниг.: Маръашии Наҷафӣ, Ҳаводис-ул-айём, саҳ.46 (нусхаи электронӣ)
  4. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967 м, ҷ.1, саҳ.233
  5. Қутби Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, Остони қудси разавӣ, ҷ.1, саҳ.298
  6. Ибни Батута, саҳ.101
  7. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967, ҷ.1, саҳ.312; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-е-ниҳоя, ҷ.1, саҳ.174
  8. Пайдоиш, 11: 24, матни ибрӣ; Қас: тарҷумаи форсӣ ки Тораҳ омада
  9. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967 м, ҷ.1, саҳ.233
  10. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-е-ниҳоя, 1986, ҷ.1, саҳ.142; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.2
  11. Сураи Анъом, ояти 74
  12. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.31
  13. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинони ва равҳ-ул-ҷанони фи тафсир-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.340 ва 341; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.303
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.165
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, Маншуроти Исмоилиён, ҷ.7, саҳ.217
  16. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967 м, ҷ.1, саҳ.234
  17. Пайдоиш, 11: 29
  18. Деҳхудо, Луғатнома, зайли اور
  19. Пайдоиш, 20: 12
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.229; Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.254
  21. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.370; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.229
  22. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101
  23. Масъудӣ, Исбот-ул-васия, 1384ҳ.ш., саҳ.41 - 42
  24. Масъудӣ, Исбот-ул-васия, 1384ҳ.ш., саҳ.46
  25. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41
  26. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41
  27. Фирӯзмеҳр, «Муқоисаи қиссаи Иброҳим алайҳиссалом дар Қуръон ва Таврот», саҳ.88
  28. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1240
  29. Сураи Марям, оятҳои 41 - 48 - сураи Анбиё, ояти 51 - 57 - сураи Шуъаро, ояти 69то82 - сураи Соффот, ояти 83 то 100 - сураи Зухруф, ояти 26 ва 27 - сураи Мумтаҳана, ояти 4 - сураи Анкабут, ояти 16 то 25
  30. Сураи Марям, оятҳои 41 - 48 - сураи Анбиё, ояти 51 - 57 - сураи Шуъаро, ояти 69то82 - сураи Соффот, ояти 83 то 100 - сураи Зухруф, ояти 26 ва 27 - сураи Мумтаҳана, ояти 4 - сураи Анкабут, ояти 16 то 25
  31. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.18, саҳ.218
  32. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.272
  33. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.145
  34. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.448
  35. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинони ва равҳ-ул-ҷанони фи тафсир-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.129
  36. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.448
  37. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.175
  38. Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.109
  39. Ибни Касири Димишқӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.374
  40. Сураи Анкабут, ояти 27
  41. Сураи Анъом, ояти 84
  42. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.208
  43. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.2; Ибни Абдураббаҳ, ал-Ақд-ул-фарид, 1402ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.89
  44. Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1425ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.2997
  45. Сураи Анбиё, ояти 57 то 70
  46. Маҳаллӣ ва Суютӣ, Тафсир-ул-ҷалолайн, 1416ҳ.қ., саҳ.402; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.200
  47. Кошонӣ, Тафсир минҳоҷ-ус-содиқин, 1336ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.8
  48. Қутби Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, Остони қудси разавӣ, ҷ.1, саҳ.298
  49. Сураи Ҳаҷ, ояти 27
  50. Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.189 ва 190
  51. Сураи Соффот, ояти 101 то 108
  52. Ниг.: Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу лиаҳуом-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.100; буҳронӣ, албрҳони фии тафсири алқуръон, ҷ.4, саҳ.616 то 622
  53. Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.518
  54. Мозандаронӣ, Шарҳу фуруъ-ил-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402
  55. Ассалому алайка ё вориса Исмоила забиҳуллоҳ. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), ҷ.‏12, саҳ.127
  56. Пайдоиш, 11: 26
  57. Пайдоиш, 17: 4 ва 5, тарҷумаи Фозилхони Ҳамадонӣ (Грусси)
  58. Савса, ал-Арабу ва-л-яҳуду фи-т-таърих, 1972 , саҳ.252
  59. Пайдоиш, 11: 31 ва 32
  60. Пайдоиш, 12: 1 - 4
  61. Пайдоиш, 12: 1 - 8
  62. Пайдоиш, 12: 10
  63. Пайдоиш, 13: 1 - 4
  64. Пайдоиш, 13: 18
  65. Пайдоиш, 12: 11 - 19
  66. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.225 ва 226
  67. Пайдоиш, 22: 1 - 14
  68. Таквин, 22: 2
  69. Пайдоиш, 15: 18
  70. Саҷҷодӣ, «Иброҳими халил (а)», саҳ.506
  71. Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, 1981 м, ҷ.1, саҳ.484
  72. Мейбудӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.351
  73. Ниг.: Нузҳат, «Таҳаввули шахсият дар нигариши таъвилии тафосири ирфонӣ бо таъкид бар қиссаи ҳазрати Иброҳим», зимистони 1399ҳ.ш., саҳ.13–41; Кирмонӣ, «Ҳазрати Иброҳим (а) дар ирфони исломӣ», 1399ҳ.ш., саҳ.1–18
  74. Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, 1981ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.485
  75. Кошонӣ, Шарҳи Фусус-ул-ҳикам, 1422ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.206
  76. Шабистарӣ, Гулшани роз, 1382ҳ.ш., саҳ.27
  77. Ибни Арабӣ, Маҷмуъаи расоил ибни Арабӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.412
  78. قهرمان توحید: شرح و تفسیر آیات مربوط به حضرت ابراهیم علیه السلام, потуқи Китоби фардо

Сарчашма

  • Қуръони Карим .
  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, рўзи алҷанону рӯҳи алҷанон, Машҳад, остони қудси разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Азрақӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ахбори Макка, Маккаи мукаррама, Дор-ус-сақофа, 1403ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Айёшӣ, Теҳрон, исломия, 1380ҳ.қ.
  • Ибни Абдураббаҳ, Аҳмад, ал-Ақд-ул-фарид, ба кӯшиши Аҳмади амин ва дигарон, Бейрут, 1402ҳ.қ./1982м .
  • Ибни Арабӣ, мҳии аддин, Маҷмуъаи расоил ибни Арабӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1367ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, Бейрут, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Амр, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайн Шамсиддин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, Маҳмадалӣ Байзун, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни умр, ал-Бидояту ва-е-ниҳоя, Бейрут, дори алФкр, 1407ҳ.қ./ 1986м .
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммади абди алқодри ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ./1990м .
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, таҳқиқи Мустафо ас-Сақо, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то .
  • Кирмонӣ, Алиризо «Ҳазрати Иброҳим (а) дар ирфони исломӣ», Пажӯҳишҳои ирфонӣ, №5, баҳору тобистони 1399ҳ.ш.
  • Китоби муқаддас .
  • Кошонӣ, Абдурразоқ, Шарҳи фусус-ул-ҳикам, Қум, интишороти Бедор, 1422ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Тафсир минҳоҷ-ус-содиқин, Теҳрон, Китобфурӯшии Муҳаммадҳасани Илмӣ, чопи сеюм, 1336ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқу мусаҳҳеҳ Алакбари Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайид Маҳдӣ, Ҳаводис-ул-айём: гоҳшумори таърихи шиъа, тарҷумаи Алӣ Атоии Исфаҳонӣ (нусхаи электронии мунташиршуда тавассути Муассисаи фарҳангӣ-исломии шабакаи ал-Имомайн-ил-ҳасанайн (а)) .
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васияти ли-л-имом Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Ансориён, 1384ҳ.ш.
  • Маҳаллӣ, Ҷалолиддин ва Ҷалолиддини Суютӣ, Тафсир-ул-ҷалолайн, Бейрут, Муассисат-ун-нури ли-л-матбуъот, 1416ҳ.қ.
  • Мейбудӣ, Абулфазл Рашидуддин, Кашф-ул-асрори ва иддат-ул-аброр, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадҳодӣ ибни Муҳаммадсолеҳ, Шарҳу фуруъ-ил-Кофӣ, муҳаққиқу мусаҳҳеҳ: Муҳаммадҷаводи Маҳмудӣ ва Муҳаммадҳусайни Дироятӣ, Қум, Дор-ул-ҳадиси ли-т-табоъати ва-н-нашр, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-ислоия, 1424ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи Қуръон, ҳадису таърих, 14 ҷилд, интишороти Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, Қум, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Нишобурӣ, Низомиддин, Тафсири ғароиб-ул-Қуръон, ҳошияи тафсири Табарӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ.
  • Нузҳат, Баҳман, «Таҳаввули шахсият дар нигариши таъвилии тафосири ирфонӣ бо таъкид бар қиссаи ҳазрати Иброҳим», Ирфониёт дар адаби форсӣ, соли ёздаҳум, №45, зимистони 1399ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м .
  • Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-уш-шуруқ, чопи 35, 1425ҳ.қ.
  • Саҷҷодӣ, Содиқ, «Иброҳими халил (а)», дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.2, саҳ.497 то 506 .
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Муқаддамаи Муҳаммадҷаводи балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, 1967м .
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмия, панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Тоҳирӣ, Муҳаммадҳусайн, «Иброҳим (а) ва хонадонаш дар Таврот ва Қуръон», дар фаслномаи Маърифати адён, №1, зимистони 1388ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ .
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсир-ус-софӣ, Теҳрон, интишороти Садр, 1415ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Фирӯзмеҳр, Муҳаммадмаҳдӣ, «Муқоисаи қиссаи Иброҳим алайҳиссалом дар Қуръон ва Таврот», Миқоти ҳаҷ, зимистони 1381ҳ.ш., №42 .
  • Шабистарӣ Шайх Маҳмуд, Гулшани роз, Кирмон, интишороти хадамоти фарҳангии Кирмон, 1382ҳ.ш.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё, Машҳад, Остони қудси разавӣ .
  • Қушайрӣ, Абдукарим, Латоиф-ул-ишорот, Масраф-ул-ҳайат-ул-мисрият-ил-оммати ли-л-кутуб, 1981м .
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, чопи дувум, 1423ҳ.қ.