Сураи Кавсар

Аз wikishia
(Тағйири масир аз 108-умин сура)
Сураи Кавсар
Сураи Кавсар
Рақами сура108
Ҷузъ30
Нузул
Тартиби нузул15
Маккӣ/Маданӣмаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо3
Теъдоди калимаҳо10
Теъдоди ҳарфҳо43


Сураи Кавсар (арабӣ: سورة الكوثر) саду ҳаштумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад. Ин сура хӯрдтарин сураи Қуръон аст ва ба хотири сухан гуфтан аз неъмате ба номи кавсар барои Пайғамбар (с) дар нахустин оят, Кавсар номида шуда ва аз Пайғамбар хостааст, то дар баробари ин неъмати бузург, намоз бихонад ва қурбонӣ кунад.

Ҳавзи Кавсар, руде дар биҳишт, хайри фаровон, Ислом, набувват, Қуръон, шумори фаровони асҳоб, шафоат ва фаровонии зурийя аз масодиқи кавсар муаррифӣ шудаанд. Ба эътиқоди бисёре аз уламои шиа ҳазрати Фотима (с) ва фарзандонаш яке аз масодиқи Кавсар ҳастанд; зеро нузули сура дар посух ба касоне аст, ки Пайғамбар (с)-ро бенаслу зурийя медонистанд.

Дар фазилати тиловати сураи Кавсар омада аст, касе ки ин сураро дар намозҳои рӯзона бихонад, рӯзи қиёмат аз ҳавзи Кавсар хоҳад нӯшид ва ҳамнишини Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар зери дарахти Тубо хоҳад буд.

Муаррифӣ

Номгузорӣ

Ин сураро аз он рӯй кавсар номидаанд, ки дар нахустин ояти он, аз неъмате ба номи кавсар сухан гуфтааст, ки Худо ба Расулуллоҳ, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ато кардааст.[1]

Тартиб ва маҳалли нузул

Сураи Кавсар ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, понздаҳумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, саду ҳаштумин сура аст ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад.[2]

Теъдоди оёт ва калимот

Сураи Кавсар 3 оят, 10 калима ва 43 ҳарф дорад. Ин сура хурдтарин сураи Қуръон аст.[3]

Шаъни нузул

Сураи Кавсар дар бораи сухане, ки Ос ибни Воил, дар бораи Пайғамбар (с) гуфт, нозил шуда аст. Ӯ ба иллати онки Абдуллоҳ фарзанди Расули Худо аз дунё рафта буд ва Пайғамбар писаре надошт, дар ҷамъи бузургони Қурайш, аз Пайғамбар бо калимаи Абтар (бенасл) ёд кард.[4] Худованд бо ин сура, ба Пайғамбар дилдорӣ дод, ки ба ӯ хайри фаровон ато шуда аст. Ҳамчунин ба ӯ башорат дод, ки душманони ӯ абтар хоҳанд буд.[5]

Муҳтаво

Сураи Кавсар, ки монанди сураҳои Зуҳо ва Иншироҳ, дар ҳамаи оятҳояш Пайғамбар (с)-ро хитоб қарор дода,[6] ишора ба неъмате ба номи кавсар дорад, ки Худованд ба Пайғамбараш ато кардааст.[7] Муффасирон, кавсарро ба хайри фаровон тафсир кардаанд,[8] хайре, ки аз Пайғамбар хоста шуда дар баробари он, намоз бихонад ва қурбонӣ кунад.[9]

Масодиқи Кавсар

Навиштори аслӣ: Кавсар

Муффасирон дар ин ки мисдоқи Кавсар чист, ихтилофи назар доранд. Ҳавзи Кавсар, рӯде дар биҳишт, хайри фаровон, Ислом, набувват, Қуръон, шумори фаровони асҳобу пайравон, теъдоди зиёди насли Пайғамбар ва шафоат аз масодиқи Кавсар муаррифӣ шудааст.[10]

Дар тафсири Намуна ба нақл аз бисёре аз уламои шиа яке аз масодиқи Кавсарро ҳазрати Фотима (с) донистаанд; зеро дар сура сухан аз касоне аст, ки Пайғамбарро бенаслу зурийя медонистанд, дар ҳоле ки насли Пайғамбар аз духтараш Фотима (с) идома пайдо карда ва ҳамон насле аст, ки имомат бар ӯҳдаи ӯ ниҳода шудааст.[11]

Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муффасири Қуръон, мегӯяд: зайли сура таъйид мекунад, ки Кавсар ва хайри касир будан марбут ба ҷараёни Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) аст, ки Зоти Ақдаси Илоҳӣ ин бонуро ба он зот ато кардааст ва аз ӯ ёздаҳ имом таваллуд шуд, ки фахри ҷаҳон шуданд ва инак шарқу ғарби оламро номи мубораки онҳо ва фарзандонашон идора мекунад.[12]

Аллома Таботабоӣ муффасири бузурги шиъӣ дар китоби ал-Мизон тасреҳ дорад, ки чун ғарази сура, осуда сохтани хотири Пайғамбар (с) таъбир «إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ/Ҳамоно Мо ба ту бахшидем» бакор рафтааст, ки далолат бар моликияти Пайғамбар нисбат ба Кавсар дорад, дар натиҷа фарзандони Фотима (с) зурийя, фарзандон ва насли Пайғамбар ҳастанд ва ин аз хабарҳои ғайбии Қуръон аст, чароки Худованд баъд аз даргузашти он ҳазрат баракате дар насли он ҳазрат қарор дод, ба тавре, ки дар ҳамаи олам ҳеҷ насле муодили он дида намешавад, он ҳам бо он ҳама балоҳо, ки бар сари хонадонаш овараданд ва гурӯҳ-гурӯҳ аз эшонро дар ҷангҳои хонмонсӯз куштанд.[13]

Назароти мухталиф дар тафсири вожаи «наҳр»

Муффасирон дар бораи тафсири калимаи «наҳр» ихтилофи назар доранд. Муффасироне ҳамчун Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф.548ҳ.қ.)[15] ва Аллома Таботабоӣ (ваф.1360ҳ.ш.)[16] бо истинод ба ривоёте аз шиа ва суннӣ онро ба баланд кардани дастҳо ва овардани онҳо ба ҳангоми такбир дар муқобили сурат тафсир кардаанд. Аммо Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ муътақид аст, ки тафсири он ба қурбонӣ муносибтар аст, чароки манзур нафйи аъмоли бутпарастон аст, ки ибодат ва қурбониро барои ғайри Худо анҷом медоданд.[17]

Фазилат ва хавосси сура

Навиштори аслӣ: Фазоили сувар

Абубасир аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст: касе ки сураи Кавсарро дар намозҳои рӯзона мехонад, дар рӯзи қиёмат аз ҳавзи Кавсар хоҳад нӯшид ва ҳамнишини Расули Худо зери дарахти Тубо хоҳад буд.[18]

Дар Маҷмаъ-ул-баён ба нақл аз Пайғамбар (с) омадааст: касе ки сураи Кавсарро қироат мекунад, Худованд ӯро аз рӯдҳои биҳишт сероб хоҳад кард ва ба теъдоди қурбониҳое, ки бандагони Худо дар рӯзи иди қурбон мекунанд ва ҳамчунин қурбониҳои аҳли китоб ва мушрикон ба ӯ подош хоҳад дод.[19]

Сураи Кавсар бар сақфи яке аз равоқҳои ҳарами Имом Ҳусайн (а)

Хондани сура дар намозҳои мустаҳаббӣ

Хондани сураи Кавсар, дар бархе аз намозҳои мустаҳаббӣ тавсия шудааст; аз ҷумла:

  • Намози шаби ёздаҳуми моҳи Рамазон: ин намоз ду ракъат аст; дар ҳар ракъат як маротиба сураи Ҳамд ва бист маротибаи сураи Кавсар хонда мешавад.[20]
  • Намози шаби ҳаждаҳуми моҳи Рамазон: ин намоз чаҳор ракъат аст, ки дар ҳар ракъат як маротиба сураи Ҳамд ва бисту панҷ маротиба сураи Кавсар хонда мешавад.[21]

Осори ҳунарӣ

Сураи Кавсар бар бинои бархе ҳарамҳо, масоҷид, имомзодаҳо ва мадориси илмия ба сурати катиба ё кошикорӣ нақш бастааст; аз ҷумла дар дохили зариҳи Имом Ҳусайн (а),[22] катибае дар оромгоҳи Шайхи Садуқ (Ибни Бобавайҳ) ба хати Иброҳими Теҳронӣ,[23] катибае дар мадрасаи сипаҳсолор[24] ва катибаҳои сардари масҷиди Сайиди Исфаҳон.[25]

Матн ва тарҷума

Сураи Кавсар

بِسْمِ اللَّـهِ الرَّ‌حْمَـٰنِ الرَّ‌حِيمِ

إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ ﴿١﴾ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ ﴿٢﴾ إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ ﴿٣﴾

Матни тарҷума

Мо туро [чашмаи] Кавсар додем, ( 1 ) пас барои Парвардигорат намоз гузор ва қурбонӣ кун. ( 2 ) Душмани ту худ бенаслу абтар хоҳад буд.

Эзоҳ

  1. Хуррамшоҳӣ, «Сураи Кавсар», саҳ.1269.
  2. Маърифат, Омузиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166.
  3. Хуррамшоҳӣ, «Сураи Кавсар», саҳ.1269.
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.836/ Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.494.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.369.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.370.
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.370-371.
  8. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.835.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.372.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.836-837/ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.370.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.375/ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.370.
  12. Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Дуруси тафсир, Сураи Кавсар.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.371.
  14. Хомагар, Сохтори сураҳои Қуръони карим, 1392ҳ.ш.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.837.
  16. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.372.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.374.
  18. Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.126-127.
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.835.
  20. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, бахши намозҳои шабҳои моҳи Рамазон.
  21. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, бахши намозҳои шабҳои моҳи Рамазон.
  22. «کدام آیات و روایات در ضریح جدید امام حسین‌(ع) درج شده است», сайти мавъуд.
  23. Мустафавӣ, Осори торихӣ, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.243.
  24. Маҳҷур ва Алӣ, «Баррасии катибаҳои масҷиди мадрасаи шаҳид Мутаҳҳарӣ (сипаҳсолор)», саҳ.57.
  25. «مسجد سید اصفهان», сайти кавирҳо ва биёбонҳои Эрон.

Сарчашма

  • «کدام آیات و روایات در ضریح جدید امام حسین‌(ع) درج شده است» сайти Мавъуд, дарҷи матлаб 16 меҳри 1391ҳ.ш., мушоҳида 16 озари 1400ҳ.ш.
  • «مسجد سید اصفهان», сайти кавирҳо ва биёбонҳои Эрон, дарҷи матлаб 8 дейи 1390ҳ.ш., мушоҳида 16 озари 1400ҳ.ш.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмий, 1411ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1371ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳамадҳодӣ, Омузиши улуми Қуръон, Маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Маҳҷур, Фирӯз ва Майсами Алӣ, «Баррасии катибаҳои масҷид-мадрасаи шаҳид Мутаҳҳарӣ (сипаҳсолор)», дар маҷаллаи Ҳунарҳои зебо- ҳунарҳои таҷассумӣ, шумораи 48, зимистони 1390ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Муҳаммадтақӣ, Осори торихии Теҳрон, 1361ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол‏, Қум, Дор-уш-шарифи Разӣ, 1406ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи Муассисаи фарҳангии Қуръон ва итрати Нур-ус-сақалайн, Қум, нашри Нашро, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Хуррамшоҳӣ, Қавомиддин, «Сураи Кавсар», дар Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон: дӯстон - Ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷанон, Теҳрон, Усва, 1384ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.