Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷонишинии Муҳаммад (китоб))
Китоби Ҷонишинии Ҳазрати Муҳаммад
НависандаВилферд Маделунг
МавзуъҲазрати Алӣ (а)
ЗабонАнглисӣ
Теъдоди ҷилд1 ҷилд


Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с), пажӯҳише перомуни хилофати нахустин (англисӣ: The succession to Muhammad: a study of the early caliphate) китобе аст навиштаи Вилферд Маделунг - исломпажӯҳи масеҳӣ. Ин китоб, таърихчаи хилофатро аз Абубакр то марги аввалин халифаи Марвониён баррасӣ кардааст.

Меҳвари аслии китоб дар бораи хулафои рошидин аст. Дар ин замина аз мавзӯъҳое ҳамчун: чигунагии ба хилофат расидани Абубакр, сиёсати Абубакру Умар дар хусуси Банӣ Ҳошим, қатли Усмон, наҳваи ба хилофат расидани Имом Алӣ (а), ҷанги Ҷамал ва ҷанги Сиффин сухан омадааст.

Дидгоҳе, ки нависандаи китоб дар заминаи ҷонишинии Пайғамбар матраҳ карда ин аст, ки бар асоси оёти Қуръон, ҷонишинии Пайғамбари Ислом (с) мебоист ба хонадони ӯ мерасид.

Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар соли 1988, китоби Ҷонишинии Муҳаммадро ба унвони китоби сол интихоб кард. Ин китоб ба форсӣ, тарҷума ва дар Бунёди пажӯҳишҳои Остони Қудси Разавӣ чоп шудааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Вилферд Маделунг

Вилферд Фердинанд Маделунг (ба олмонӣ: Wilferd Ferdinand Madelung) (зодаи 26-уми декабри 1930 дар Штутгарти Олмон) - исломшиноси муосир аст.[1] Ӯ дорои мадраки доктории мутолиоти исломии донишгоҳи Ҳамбург, дар соли 1957 аст.[2]

Маделунгро аз муҳимтарин шиашиносони ғарбӣ медонанд.[3] Ӯ ҳудуди 200 мақола ва китоб дар заминаи Ислом ва ба хусус шиа таълиф ва тасҳеҳ кардааст.[4]

Ангезаи таълиф

Ба гуфтаи нависанда, ҳадаф аз нигориши китоб, ибтидо баёни моҳияти хилофат ва ироаи таърихчае мухтасар аз он будааст, аммо дар миёнаи таҳқиқ мефаҳмад, ки «бе эътимодии бештари муаррихони ғарбӣ ба манобеи исломӣ» дар заминаи ҳаводиси садри Ислом, сабаб шудааст, таҳрифҳое дар ин замина сурат бигирад ва мавориде нодида гирифта шаванд. Ба ҳамин иллат тасмим мегирад, таҳқиқи муфассалтаре анҷом диҳад ва бо истифодаи дуруст аз манобеи мувассақи наздик ба садри Ислом, «як тасвири дақиқтару мувассақтаре» аз таърихи хилофат ироа диҳад.[5]

Мазмун

Мундариҷаи аслии китоб аз як муқаддима, чаҳор фасл (ҳар фасл ба номи яке аз хулафои рошидин) ва як «хотима», ташкил шудааст. Муқаддимаи нисбатан тӯлонии китоб дар бораи аҳамияти ҷонишинии Пайғамбари Ислом, нақши ин масъала дар тафриқаи байни мусулмонон, иллати бетаваҷҷӯҳии муаррихони муосири ғарб ба ин мавзӯъ, ишколи назарияи исломшиносони ғарбӣ дар бораи ҷонишинии Пайғамбар, тамоюли Пайғамбар ба ҷонишинии хонадонаш аст.[6] Дар хотима ҳам аз чигунагии байъат бо Имом Ҳасан (а), рӯи кор омадани Муъовия, ҳаводиси асри Банӣ Умайя то марги аввалин халифаи Марвониён сухан омадааст.[7]

Унвонҳо ва мавзӯъҳои фаслҳо

Пайвастҳо

Тарҷумаи китоби ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)

Китоб ҳафт пайваст дорад:

  1. Кафн ва дафни Расули Худо (с)
  2. Мероси ҳазрати Муҳаммад (с) (бо меҳварияти масъалаи Фадак)
  3. Ҳамсарон ва фарзандони Усмон ибни Афон
  4. Ҳамсарон ва фарзандони Ҳасан ибни Алӣ (а)
  5. Заминҳои холисаи Ироқ дар замони Умар
  6. Тавзеҳе дар боби манобеи марбут ба буҳрони давраи хилофати Усмон
  7. Мусо ибни Талҳа ва умавиён.[16]

Дидгоҳи нависанда дар бораи ҷонишинии Паёмбар

Китоби Имом Алӣ; ҷонишини Расули Худо (с)

Маделунг дар муқаддимаи китоби баҳси муфассал дар бораи мавзӯи хешовандӣ дар Қуръон матраҳ мекунад.[17] Ӯ бо истинод ба оёти мухталифе аз Қуръон, нақши хонаводаҳои паёмбарони пешин дар ҳимоят аз анбиё ва виросати ононро баррасӣ мекунад ва натиҷа мегирад, ки бар асоси Қуръон, ҷонишини табиъии Пайғамбар (с) наметавонад Абубакр бошад.[18] Ӯ менависад: «То онҷо ки Қуръон, афкори Муҳаммад (с)-ро баён мекунад, равшан аст, ки ӯ дар назар надошт, Абубакр ҷонишини табиъии ӯ бошад ва на ба анҷоми ин кор ризоят дошт!»[19]

Тарҷумаи китоб

Ин китоб дар соли 1988 ба форсӣ тарҷума шуда ва Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ онро чоп кард. Аҳмад Намоӣ, Ҷаводи Қосимӣ, Муҳаммадҷавод Маҳдавӣ ва Ҳайдарризо Зобит тарҷумаи онро бар ӯҳда доштанд. Ин асар, китоби баргузидаи соли 1988 Ҷумҳурии Исломӣ Эрон шуд.[20]

Нақди китоб

Китоби «Имом Алӣ (а); ҷонишини Расулуллоҳ (с)» навиштаи Ҳусайн Абдулмуҳаммадӣ ва Асадуллоҳ Раҳимӣ нақде бар мабоҳиси Маделунг аст, ки дар 6 бахш танзим шуда ва ба воковии сайри ҳаводиси пас аз реҳлати Расули Худо (с) ба тафкики асри ҳар як аз хулафо пардохтааст.[21]

Эзоҳ

  1. Алвирӣ, “Муаррифии китобиҶонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.388.
  2. Алвирӣ, “Муаррифии китобиҶонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.388.
  3. Биҳиштимеҳр ва Тақизода Доварӣ, “Баррасии равишҳо ва вижагиҳои пажӯҳишии Вилферд Маделунг дар мутолиоти шиъӣ”, саҳ.24.
  4. Биҳиштимеҳр ва Тақизода Доварӣ, “Баррасии равишҳо ва вижагиҳои пажӯҳишии Вилферд Маделунг дар мутолиоти шиъӣ”, саҳ.24 ва 25.
  5. Маделунг,Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.3 ва 4.
  6. Алвирӣ, Муаррифии китоби “Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.390.
  7. Алвирӣ, Муаррифии китоби “Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.392.
  8. Маделунг, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.47.
  9. Алвирӣ, Муаррифии китоби “Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.391.
  10. Маделунг, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.85.
  11. Алвирӣ, Муаррифии китоби “Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.391.
  12. Маделунг, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.113.
  13. Алвирӣ, Муаррифии китоби “Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.391.
  14. Маделунг, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.197.
  15. Алвирӣ, Муаррифии китоби “Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, саҳ.391 ва 392.
  16. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., феҳристи китоб.
  17. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.20 то 32.
  18. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.32.
  19. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.32.
  20. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, муқаддамаи ношир, 1377ҳ.ш., сафҳаи ҳашт.
  21. Муаррифии китоби “Имом Алӣ (а); ҷонишини Расулуллоҳ (с)”, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ.

Сарчашма

  • Алвирӣ, Муҳсин, Муаррифии китоби “Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с)”, Номаи улуми инсонӣ,№ 4 ва 5, зимистони 1379 ва баҳори 1380.
  • Биҳиштимеҳр, Аҳмад ва Маҳмуд Тақизода Доварӣ, “Баррасии равишҳо ва вижагиҳои пажӯҳишии Вилферд Маделунг дар мутолиоти шиъӣ”, Пажӯҳишҳои фалсафӣ - каломӣ, соли понздаҳум, тобистони 1393, № 4.
  • Маделунг, Вилферд, Ҷонишинии Муҳаммад, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Муаррифии китоби “Имом Алӣ (а); ҷонишини Расулуллоҳ (с)”, сайти Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, таърихи дарҷи матлаб: 22 обони 1398ҳ.ш.