Истимно

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷалқзанӣ)
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Истимно ё худирзоӣ анҷоми коре ғайр аз алоқаи ҷинсӣ, бо даст ва ғайри он аст, ки аз инсон сабаби баромадани манӣ шавад. Фақеҳон истимноро ҳаром ва гуноҳи кабира медонанд.

Ҷазои истимно таъзир аст ва ҳокими шаръ миқдори онро таъйин мекунад. Агар истимно ба баромадани манӣ бианҷомад, мунҷар ба аҳкоме мешавад, ки воҷиб шудани ғусли ҷанобат барои анҷоми корҳое монанди намоз ва ботил шудани рӯза аз ҷумлаи онҳост.

Мафҳумшиносӣ

Истимно ё худирзоӣ он аст, ки инсон бо худ ё дигаре, аз рӯи шаҳват коре кунад, ки аз ӯ манӣ берун ояд.[1] Дар фиқҳ, “истимно” барои мардон ба кор рафтааст ва ба худирзоии занон, истишҳо мегӯянд.[2] Аз истимно дар бобҳои савм[3] эътикоф,[4] ҳаҷ[5] ва ҳудуд сухан гуфта шудааст.[6] Дар ривоёт низ аз ин кор наҳй шудааст. Боби таҳрими истимно, аз китоби Васоил-уш-шиъа, ба ин ривоёт ихтисос дорад.[7] Бино бар ривояте, касе ки истимно кунад, Худо ба ӯ назар намекунад.[8]

Ҳаром будани истимно

Истимно аз назари фиқҳӣ ҳаром аст ҳарчанд ки мунҷар ба баромадани манӣ нашавад.[9] Бархе аз фуқаҳо, онро ҷузви гуноҳони кабира донистаанд.[10] Мустанади онон дар ҳаром будани он, оёти Қуръон ва ривоёт аст.[11] Фақеҳон барои исботи ҳаром будани истимно, ба ояти 6-и сураи Муъминун истинод кардаанд. Бар асоси ин оят, ҳар гуна лаззати ҷинсӣ ба ҷуз тариқи ҳамсар ва каниз мамнуъ шудааст.[12]

Бархе аз фақеҳон, истимноро дар мавориди зарурат монанди ҷое ки ташхиси беморӣ ва дармон мутаваққиф бар она ст ҷоиз медонанд.[13] Ҳамчунин ба фатвои бархе аз фақеҳони шиа, истимно бо дасти ҳамсар ва каниз ҷоиз аст.[14] Албата Аллома Ҳиллӣ ин мавридро ҳам ҳаром медонад.[15]

Аҳкоми фиқҳӣ

Дар манобеи фиқҳӣ, барои истимно, дар сурате, ки мунҷар ба баромадани манӣ шавад, аҳкоме баён шудааст:

  • Ҷанобат: касе ки ҷунуб мешавад, барои намоз хондан, вуруд ба масҷид ва бархе дигар аз корҳо бояд ғусли ҷанобат кунад.[16]
  • Ботил шудани рӯза: истимно рӯзаро ботил мекунад ва ба сабаби он, каффора бар инсон воҷиб мешавад. Ба фатвои фақеҳони шиа, ботил кардани рӯза бо кори ҳаром, каффораи ҷамъ (озод кардани банда, ду моҳ рӯза ва итъоми шаст фақир) дорад.[17] Бо ин ҳол, бархе аз мароҷеъи тақлид гуфтаанд, барои ботил кардани рӯзаи моҳи Рамазон бо истимно, бино бар эҳтиёти мустаҳаб, каффораи ҷамъ пардохт шавад.[18]
  • Ботил шудани эътикоф: истимно боис мешавад, рӯза ва ба сабаби он, эътикоф ҳам ботил шавад.[19] Бархе муътақиданд, истимно ба худии худ ҳам ботилкунандаи эътикоф аст. Аз ин рӯ, агар дар шаб ҳам анҷом шавад, эътикофро ботил мекунад.[20]
  • Истимно дар ҳоли эҳром мӯҷиби каффора аст[21] ва каффораи он як шутур аст.[22] Ҳамчунин бештари фақеҳон муътақиданд, ки истимно дар ҳоли эҳром мӯҷиби ботил шудани ҳаҷ низ мешавад.[23]

Муҷозоти истимно

Муҷозоти истимно таъзир аст ва миқдор ва чигунагии онро ҳокими шаръ таъйин мекунад.[24] Дар сурати такрори ин амал, муҷозоти шадидтаре барои он дар назар гирифта мешавад.[25] Ба гуфтаи Соҳиб Ҷавоҳир, истимно, бо гувоҳии ду марди одил ё як бор иқрори истимнокунанда собит мешавад.[26]

Мушкилоти истимно

Бархе, барои истимно, осори ҷисмӣ ва равонӣ ва иҷтимои ҳам баён кардаанд:

  • Паёмадҳои ҷисмонӣ: заъфи биноӣ, заъфи қувои ҷисмонӣ, ақим шудан, заъфи буғумҳо ва ларзиши даст;
  • Паёмадҳои рӯҳӣ ва равонӣ: заъфи ҳофиза ва ҳавоспартӣ, изтироб, инзиво, афсурдагӣ, бенишотӣ, пархошгарӣ, касолати доимӣ ва заъфи ирода;
  • Оризаҳои иҷтимоӣ: носозгории хонаводагӣ, бемайл шудан ба ҳамсару издивоҷ, нотавонӣ дар иртиботи ҷинсӣ ва дер издивоҷ кардан.[27]

Эзоҳ

  1. Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳийя, Дорул-фазилат, ҷ.1, саҳ.161.
  2. Суҳробпур, Хилвати шайтонӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.15.
  3. Сайиди Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.178; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.172.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.257.
  5. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.159; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.381.
  6. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.159; Шайх Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.791.
  7. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.352 - 355.
  8. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.354 - 355.
  9. Омилӣ, Мадор-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.61.
  10. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.647.
  11. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.219 ва 220.
  12. Шайх Тусӣ, ал-Мабсут, 1388ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.242; Қутбиддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144.
  13. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоили мароҷеъ, Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.978.
  14. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.219 ва 221.
  15. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1388ҳ.қ., саҳ.577.
  16. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.507 - 508.
  17. Шайх Баҳоӣ, Ҷомеъи Аббосӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.462.
  18. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоили (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.978.
  19. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.207.
  20. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.1, саҳ.292.
  21. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.159; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.381.
  22. Наҷмиддини Ҳиллӣ, Изоҳ-ут-тараддудот-иш-шароиъ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.231
  23. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.367 - 368.
  24. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.647, 649; Шайх Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.791; Ибни Идриси Ҳиллӣ, Китоб-ус-сароир, 1410ҳ.қ., ҷ3, саҳ.536.
  25. Ниг.: Ибни Ҳамзаи Тусӣ, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.415.
  26. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.649.
  27. Таъсироти истимно бар зиндагии заношӯӣ

Сарчашма

  • Абдулмунъим, Маҳмуд Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳийя, Қоҳира, Дорул-фазилат, бе то.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1388ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, тасҳеҳи гуруҳи пажӯҳиши муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1414ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Рисолаи тавзеҳул-масоил (мароҷеъ), Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, Дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳамзаи Тусӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Васила ило найл-ил-фазила, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1408ҳ.қ.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1405ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратуалмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан ли мазҳаби Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоили-л-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи матбуотии Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Маҳмуд Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Наҷмиддини Ҳиллӣ, Изоҳу тараддудот-иш-шароеъ, мусаҳҳеҳ: Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1428ҳ.қ.
  • Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳком фи шарҳи ибодоти шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Бейрут, 1411ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, мусаҳҳеҳ: гуруҳи пажӯҳиши дафтари интишороти исломӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Суҳробпур, Алӣ, Хилвати шайтонӣ: худирзоӣ ва роҳи дармони он, Қум, Дафтари нашри маориф, 1390ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мадинатул-илм, 1410ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, чопи сеюм, 1416ҳ.қ.
  • Шайх Баҳоӣ, Баҳоуддин, Ҷомеъи Аббосӣ ва такмили он муҳашшо, чопи ҷадид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1429ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Ҷамоъатул-мударрисин, 1410ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Беҳбӯдӣ, Теҳрон, ал-Мактабатул-Муртазавийя, чопи сеюм, 1388ҳ.қ.