Айюб (пайғамбар)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳазрати Айюб (а))
Айюб
Мақбараи мансуб ба Айюб дар шаҳри Ҳилла[1]
Мақбараи мансуб ба Айюб дар шаҳри Ҳилла[1]
НақшПаёмбар
Маҳалли зиндагӣБасния
хешу табор
Падараз наводагони Иброҳими пайғамбар (а)
Модараз наводагони Лути пайғамбар
Тули умр200 сол
Пайғамбарон
‌‌Одам (а) . Нӯҳ (а) . Идрис (а) . Ҳуд (а) . Солеҳ (а) . Иброҳим (а) . Лут (а) . Исмоил (а) . Алясаъ (а) . Зулкифл (а) . Илёс (а) . Юнус (а) . Исҳоқ (а) . Яъқуб (а) . Юсуф (а) . Шуайб (а) . Мусо (а) . Ҳорун (а) . Довуд (а) . Сулаймон (а) . Айюб (а) . Закариё (а) . Яҳё (а) . Исо (а) . Муҳаммад (с)


Айюб (арабӣ: النبي أيوب (ع)) аз пайғамбарони Илоҳӣ ки бо аз даст додани амволу фарзандон ва гирифтори беморӣ шудан, мавриди имтиҳони Илоҳӣ қарор гирифт. Ӯ дар баробари имтиҳоноти Илоҳӣ сабр карда, аз ибодат ва шукри Худо даст набардошт; ба ҳамин хотир дар Қуръон аз ӯ ба некӣ ёд шудааст.

Қуръон ба ҷузъиёти имтиҳони Айюб ишора накардааст, аммо дар Аҳди Атиқ ва бархе ривоёти исломӣ дар ин бора моҷароҳое нақл шудааст, ки бар асоси он, бемории Айюб сабаби дурии мардум аз ӯ шуд. Албатта ба эътиқоди мусулмонон, чизе ки сабаби инзиҷори мардум аз пайғамбарон шавад, дар онон вуҷуд надорад. Дар Аҳди Атиқ ва бархе ривоёти исломӣ аз бесабрӣ ва носипосии Айюб дар баробари имтиҳони илоҳӣ ҳам ҳикоятҳое омадааст, аммо Қуръон ӯро як шахси сабур муаррифӣ кардааст.

Бархе бо истинод ба ояти «واذْکُرْ عَبْدَنَا أَیُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ أَنِّی مَسَّنِیَ الشَّیْطَانُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ», аз таъсири шайтон бар Айюб сухан гуфта ва дар исматаш ташкик кардаанд, аммо дар муқобил гуфта шудааст, тибқи ин оят таъсири шайтон бар ҷисм ва бадани Айюб будааст, на бар нафси ӯ ки ба исматаш халал ворид кунад. Ҳамчунин бар асоси оёти Қуръон шайтон бар рӯҳ ва нафси бандагони Худо тасаллут намеёбад ва дар Қуръон, Айюб бандаи Худо муаррифӣ шудааст.

Ба гуфтаи муффасирон, Айюб савганд ёд кард ба хотири хатои сарзада аз ҳамсараш сад тозиёна ба ӯ бизанад, вале аз фикраш баргашт. Пас аз ин, ба хотири савганде, ки хӯрда буд, Худо ба ӯ ваҳй кард бо дастае аз чӯбҳои нозук (монанди навдаи райҳон) ба ҳамсараш бизанад ва савганди худро нашиканад. Дар бораи чароии савганди Айюб байни муффасирон ихтилофи назар аст.

Иттилооти дақиқе аз маҳалли дафни ҳазрати Айюб дар даст нест; бо ин ҳол мақбараҳое дар кишварҳои мухталиф ба ӯ мансуб аст; аз ҷумлаи онҳо оромгоҳе дар минтақаи ар-Ронҷия дар даҳкиллометрии ҷануби шаҳри Ҳилла дар Ироқ аст.

Аслу насаб ва хонадон

Ҳазрати Айюб аз пайғамбарони Илоҳӣ[2] ва аз насли ҳазрати Иброҳим аст.[3] Насабаш аз ҷониби падар бо чаҳор[4] ё панҷ[5] восита ба ҳазрати Иброҳим (а) мерасад. Ӯ ҳамчунин аз тарафи модар, аз наводагони ҳазрати Лут (а) аст.[6] Дар бораи ҳамсараш ихтилоф аст. Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, машҳур ӯро аз насли Юсуф донистаанд.[7] Албатта дар бархе ривоёт духтари Юсуф[8] ва дар бархе дигар духтари Яъқуб[9] муаррифӣ шудааст. Бархе Зулкифлро ҳамон Бишр - фарзанди Айюб, ва аз пайғамбарон донистаанд.[10]

Озмоиши Илоҳӣ

Навиштори аслӣ: Сабри Айюб

Бар асоси оёти Қуръон, Айюб бо аз даст додани фарзандонаш ва беморӣ, мавриди имтиҳони Илоҳӣ қарор гирифт ва дар баробари ин имтиҳонот сабр кард.[11] Баъд аз он фарзандон ва саломатиаш ба ӯ бозгардонда шуд.[12] Ҳамчунин бинобар ривоёт ӯ амволи зиёде дошт, ки ҳамаи онҳоро дар имтиҳони Илоҳӣ аз даст дод.[13] Қуръон аз ӯ бо унвонҳои абдано (бандаи мо), неъмалъабд (бандаи хуб), собир ва аввоб (бозгашткунанда ба сӯи Худо)[14] ёд кардааст.[15]

матни оят сура оят дар бораи
1 وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَیَعْقُوبَ کُلًّا هَدَیْنَا وَنُوحًا هَدَیْنَا مِنْ قَبْلُ وَمِنْ ذُرِّیَّتِهِ دَاوُودَ وَسُلَیْمَانَ وَأَیُّوبَ وَیُوسُفَ وَمُوسَىٰ وَهَارُونَ وَکَذَٰلِکَ نَجْزِی الْمُحْسِنِینَ Анъом 84 Аз насли Иброҳим ё Нӯҳ будани ҳазрати Айюб
2 إِنَّا أَوْحَیْنَا إِلَیْکَ کَمَا أَوْحَیْنَا إِلَىٰ نُوحٍ وَالنَّبِیِّینَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَوْحَیْنَا إِلَىٰ إِبْرَاهِیمَ وَإِسْمَاعِیلَ وَإِسْحَاقَ وَیَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطِ وَعِیسَىٰ وَأَیُّوبَ وَیُونُسَ وَهَارُونَ وَسُلَیْمَانَ وَآتَیْنَا دَاوُودَ زَبُورًا Нисо 163 Нубуввати ҳазрати Айюб
3 وَأَیُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ أَنِّی مَسَّنِیَ الضُّرُّ وَأَنْتَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِینَ. فَاسْتَجَبْنَا لَهُ فَکَشَفْنَا مَا بِهِ مِنْ ضُرٍّ وَآتَیْنَاهُ أَهْلَهُ وَمِثْلَهُمْ مَعَهُمْ رَحْمَةً مِنْ عِنْدِنَا وَذِکْرَىٰ لِلْعَابِدِینَ Анбиё 83, 84 Иҷобати дуои ҳазрати Айюб ва бозгардондани саломатӣ ва фарзандонаш
4 واذْکُرْ عَبْدَنَا أَیُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ أَنِّی مَسَّنِیَ الشَّیْطَانُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ. ارْکُضْ بِرِجْلِکَ ۖ هَٰذَا مُغْتَسَلٌ بَارِدٌ وَشَرَابٌ. وَوَهَبْنَا لَهُ أَهْلَهُ وَمِثْلَهُمْ مَعَهُمْ رَحْمَةً مِنَّا وَذِکْرَىٰ لِأُولِی الْأَلْبَابِ. وَخُذْ بِیَدِکَ ضِغْثًا فَاضْرِبْ بِهِ وَلَا تَحْنَثْ ۗ إِنَّا وَجَدْنَاهُ صَابِرًا ۚ نِعْمَ الْعَبْدُ ۖ إِنَّهُ أَوَّابٌ. Сод 41, 42, 43, 44 Раҳоӣ аз беморӣ, бозгардондани аҳлу аёл, моҷарои савганд ва ишора ба сабри Айюб ва аввоб будани ӯ

Моҷарои озмоиш

Дуои мансуб ба ҳазрати Айюб
اللَّهُمَّ إِنِّی أَعُوذُ بِکَ الْیَوْمَ فَأَعِذْنِی وَ أَسْتَجِیرُ بِکَ الْیَوْمَ مِنْ جَهْدِ الْبَلَاءِ فَأَجِرْنِی وَ أَسْتَغِیثُ بِکَ الْیَوْمَ فَأَغِثْنِی وَ أَسْتَصْرِخُک الْیَوْمَ عَلَى عَدُوِّکَ وَ عَدُوِّی فَاصْرُخْنِی وَ أَسْتَنْصِرُکَ الْیَوْمَ فَانْصُرْنِی وَ أَسْتَعِینُ بِکَ الْیَوْمَ عَلَى أَمْرِی فَأَعِنِّی وَ أَتَوَکَّلُ عَلَیْکَ فَاکْفِنِی وَ أَعْتَصِمُ‏ بِکَ فَاعْصِمْنِی وَ آمَنُ بِکَ فَآمِنِّی وَ أَسْأَلُکَ فَأَعْطِنِی وَ أَسْتَرْزِقُکَ فَارْزُقْنِی وَ أَسْتَغْفِرُکَ فَاغْفِرْ لِی وَ أَدْعُوکَ فَاذْکُرْنِی وَ أَسْتَرْحِمُکَ فَارْحَمْنِی

Бинобар ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шуда аст, Худо ба ҳазрати Айюб неъмате дод ва ӯ ҳамвора шукри онро ба ҷой меовард; то ин ки рӯзе шайтон пай ба шукри Айюб шуду ба ӯ ҳасад варзид ва гуфт: Худоё, агар дунёро аз Айюб бигирӣ, дигар шукри неъмататро намекунад. Аз ин рӯ, Худо ӯро бар амвол ва авлоди Айюб мусаллат кард. Чизе нагузашт, ки амвол ва авлоди Айюб аз байн рафтанд, аммо шукри Айюб бештар шуд. Сипас зироат ва гӯсфандони ӯ аз байн рафтанд, боз ҳам шукраш бештар шуд. Сипас Иблис бар бадани Айюб дамид ва дар баданаш захмҳои фаровон эҷод шуду бар онҳо кирм афтод; чунонки ӯро ба хотири буи тааффун аз ободӣ берун карданд, аммо Айюб ҳамчунон шукри Худоро мекард. Сипас шайтон ҳамроҳи чанд тан аз асҳоби Айюб, назди ӯ рафтанду ба ӯ гуфтанд ба гумони мо балое, ки ту ба он мубтало шудаӣ, ба хотири гуноҳе аст, ки анҷом додаӣ. Айюб савганд ёд кард, ки ҳеҷ таоме нахӯрда, магар он ки ятим ё заифе бо ӯ шарик будааст ва бар сари ҳеҷ дуроҳие, ки ҳар ду тоати Худо буда, қарор нагирифтааст, магар он ки роҳеро интихоб кардааст, ки тоати Худо дар он сахттар будааст... Сипас Худо фариштаеро фиристод, ки бо пояш ба замин кӯбиду обе ҷорӣ шуд ва Айюбро дар он шустушӯ доду захмҳояш беҳбудӣ ёфт.[17]

Аллома Таботабоӣ ин ривоятро бо бархе ривоёти дигар, ки аз Аҳли Байт нақл шудааст, носозгор медонад.[18] Аз Имом Муҳаммади Боқир (а) нақл шудааст, ки дар бадани Айюб чизе монанди уфунат, кирм ва зиштии чеҳра эҷод нашуда буд, балки иллати дурӣ гузидани мардум аз Айюб, бепулӣ ва заъфи зоҳирии ӯ буд; чун мардум нисбат ба мақоме, ки ӯ назди Худо дошт, огоҳ набуданд ва намедонистанд ӯ ба зудӣ шифо мегирад.[19] Ҳамчунин ривояти мазкур бо ривоёте, ки бар асоси онҳо Айюб ва дигар пайғамбарон, маъсум ҳастанд, мунофот дорад;[20] чароки аз маротиби исмат он аст, ки дар пайғамбарон чизе набошад, ки сабаби дурӣ намудани мардум аз онон шавад; зеро дурӣ гузидан аз пайғамбарон, бо ҳадафи беъсат (иблоғи паёми Худо ба мардум) зид аст.[21]

Гузориши Китоби Муқаддас

Китоби Айюб яке аз 39 китоби Аҳди Атиқ аст. Дар ин китоб аз неъматҳои Худо ба Айюб,[22] моҷарои озмоиши ӯ, тасаллути шайтон бар ҷону амволаш[23] ва низ талоши чанд ҷавон барои қабулондани Айюб ба анҷом додани хато[24] сухан омадааст. Гуфтаанд он чи дар Аҳди Атиқ дар бораи Айюб омадааст, бар хилофи Қуръон, ки ӯро собир муаррифӣ кардааст, аз бесабрии Айюб дар баробари мусибатҳо ва носипосиаш ҳикоят дорад.[25] Ҳамчунин дар Китоби Муқаддас моҷарои савганди ӯ зикр нашудааст.[26]

Фалсафаи гирифтори бало шудани Айюб

Гирифтор шудани Айюб ба беморӣ ва аз даст додани фарзандонаш имтиҳоне аз ҷониби Худо буд. Ба гуфтаи Қуртубӣ, аз муффасирони аҳли суннат, ҳоли Айюб пеш аз озмоиш, ҳини озмоиш ва пас аз он яксон ва дар ҳама ҳол шукргузори Худо буд.[27] Ҳамчунин бар асоси ривоёте, ки Аллома Таботабоӣ нақл кардааст, гирифтории Айюб барои ин буд, ки мардум дар борааш иддаои рубубият накунанд ва аз мушоҳидаи неъматҳое, ки Худо ба ӯ дода, ӯро Худо нахонанд; ҳамчунин аз дидани вазъи ӯ ибрат бигиранд ва заифу фақиру маризеро ба хотири заъфу фақру маразаш таҳқир накунанд; чун мумкин аст Худо заифро қавӣ ва фақирро тавонгар ва маризро беҳбудӣ диҳад; ва низ бидонанд Худованд аст, ки ҳар касеро бихоҳад бемор мекунад, ҳарчанд ки пайғамбар бошад ва ҳар касеро бихоҳад шифо медиҳад.[28]

Савганди Айюб

Ҳазрати Айюб дар давраи бемориаш савганд хурд, ки ҳар гоҳ беҳбуд ёбад, сад тозиёна ба ҳамсараш бизанд;[29] бо ин ҳол пас аз беҳбуд, тасмим гирифт ӯро ба хотири вафодориҳо ва хадамоташ бибахшад, вале савгандаш монеъ буд.[30] Аз ин рӯ, ба ӯ ваҳй шуд, ки дастае аз чӯбҳои нозукро бигираду ба ҳамсараш занад ва савганди худро нашиканад.[31]

Дар бораи чароии савганди Айюб, байни муффасирон ихтилофи назар аст: аз Ибни Аббос муффасири қарни аввал нақл шудааст, ки шайтон бар ҳамсари Айюб зоҳир шуду ба ӯ гуфт: шавҳаратро муолиҷа мекунам, ба шарти ин ки пас аз беҳбуд бигӯяд ман (шайтон), танҳо омили беҳбудиаш будаам. Ҳамсари Айюб, ки аз бемории Айюб хаста шуда буд, пешниҳоди шайтонро пазируфт. Аз ин рӯ, Айюб савганд ёд кард, ки ӯро тозиёна бизанад.[32] Бархе дигар гуфтаанд, ҳазрати Айюб ҳамсарашро барои коре фиристода буд, ӯ дер кард. Айюб ки аз беморӣ ранҷ мебурд, нороҳат шуд ва чунин савганде хурд.[33] Бархе низ дар бораи иллати чунин савганде гуфтаанд, масъалае байни Айюбу ҳамсараш пеш омад[34] ва ӯ Айюбро бо суханони худ озурд.[35]

Бинобар ривояте, моҷарои савганди Айюб баъд аз шифо ёфтани ӯст: ҳангоме, ки ҳазрати Айюб бемор буду берун аз ободӣ ба сар мебурд, ҳамсараш барои таҳияи нон ба ободӣ рафта буд ва дар баробари таҳияи нон гесӯҳои худро фурӯхта буд. Вақте назди Айюб бозгашт, ӯ аз беморӣ шифо ёфта буду пай бурд гесувон ҳамсараш бурида шуда. Ба ҳамин иллат қасам хурд, ки ба ӯ сад тозиёна бизанад, аммо вақте аз сабаби он бохабар шуд, аз тасмими худ пушаймон шуд.[36] Албатта дар муътабар будани ин ривоят ба хотири таноқуз бо боварҳои шиа дар бораи исмати пайғамбарон,[37] таоруз бо дигар ривоёт,[38] пешдоварии Айюб (бадгумон шудан ба ҳамсараш ва таъйини муҷозот барои ӯ қабл аз суол аз ӯ) ва низ маҷҳул будани яке аз ровиёни он[39] тардид шудааст.

Бархе аз муффасирони аҳли суннат аз моҷарои савганди Айюб ба даст овардаанд, ки мард метавонад ба хотири таъдиб, ҳамсарашро бизанад.[40]

Исмат

Бархе бо истинод ба ояти «واذْکُرْ عَبْدَنَا أَیُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُ أَنِّی مَسَّنِیَ الشَّیْطَانُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ»[41] ба таъсири шайтон дар вуҷуди ҳазрати Айюб ишора карда, дар исматаш ташкик кардаанд. Далели онҳо ин аст, ки бар асоси ояти мазкур, ҳазрати Айюб бар асари масси шайтон гирифтори ранҷу азоб шуда буд ва таъсири шайтон бо исмат созгор нест.[42] Дар посух гуфта шудааст, ки шайтон бар нафси Айюб тасаллут надоштааст, то ба исматаш халале ворид кунад, балки дар бадан, амвол ва авлодаш таъсир гузоштааст;[43] чароки бар асоси ояти «إِنَّ عِبَادِی لَیْسَ لَکَ عَلَیْهِمْ سُلْطَانٌ; Ҳамоно ту (шайтон)-ро бар бандагони Ман тасаллуте нест»,[44] шайтон бар бандагони Худо тасаллут надорад ва бар асоси ояти 41 сураи Сод, ҳазрати Айюб бандаи Худо будааст.[45]

Дар китоби Танзиҳ-ул-анбиё ки дар бораи исмати пайғамбарон навишта шудааст, аз исмати ҳазрати Айюб низ баҳс шудааст.[46]

Мадфан

Оромгоҳи мансуб ба ҳазрати Айюб дар Бухоро

Ҳазрати Айюб дар минтақаи Авс дар ҷануби ғарбии Баҳрулмайит ва шимоли халиҷи Ақаба ё дар Басанияи минтақаи байни Димишқу Азриот зиндагӣ мекард.[47] Ҳамчунин дар шаҳри Аурфаҳи Туркия ғоре аст, ки гуфта мешавад, ҳазрати Айюб дар даврони беморӣ дар он ҷо будааст.[48]

Гуфтаанд, Айюб 200 сол умр кардааст,[49] бар асоси Аҳди Атиқ 140 соли он баъд аз шифо ёфтан аз беморӣ буд.[50] Ҳамчунин бар асоси ривоёт ҳафт[51] ё ҳаждаҳ сол[52] дар ранҷ буд ва дар канори чашмае, ки дар он шифо ёфта буд, дафн шуд.[53] Дар бораи маҳалли дафнаш иттилооти дақиқе дар даст нест; бо ин ҳол мақбараҳое дар кишварҳои мутахаллиф монанди Ироқ, Лубнон, Фаластин ва Уммон ба ӯ мансуб аст.[54] Аз ҷумла мақбарае дар минтақаи ар-Ронҷия дар даҳ километрии ҷануби Ҳилла дар Ироқ қарор дорад, ки мегӯянд ба иллати наздикӣ ба маҳалли зиндагии ҳазрати Айюб, аз шуҳрати бештаре бархӯрдор аст.[55]

Ҳамчунин дар ҳафткилометрии бандари Сулола, бар баландои кӯҳи Эттин дар Уммон, дар рӯстои Гармоби атрофи Буҷнурди Эрон ва дар Бухорои Осиёи Марказӣ низ мазорҳое ба ӯ мансуб аст.[56] Албатта эҳтимол додаанд, ки мазори мансуб ба ӯ дар Бухоро, аз ибдооти давраи Темурӣ ва Темури Ланг бошад.[57]

Осори ҳунарӣ

Навиштори аслӣ: Айюби пайғамбар (филм)

Достони Айюб дар осори ҳунарӣ инъикос ёфтааст. Филми Айюби пайғамбар, ба коргардонии Фараҷуллоҳи Салаҳшӯр, ки дар соли 1372 ҳиҷрии шамсӣ тавлид ва аз телевизиони Эрон пахш шуд, дар бораи зиндагии пурмоҷарои ҳазрати Айюб аст.[58]

Эзоҳ

  1. مرکز تراث الحله
  2. Сураи Нисо, ояти 163
  3. Сураи Анъом, ояти 84
  4. Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Доруофоқ-ил-ҷадида, саҳ.5
  5. Маҷлисӣ, Ҳаёат-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.287
  6. Маҷлисӣ, Ҳаёат-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.287
  7. Маҷлисӣ, Ҳаёат-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555
  8. Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.239 - 242
  9. Маҷлисӣ, Ҳаёат-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.555
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325
  11. Сураи Сод, ояти 44
  12. Сураи Анбиё, ояти 84
  13. Барои намуна ниг.: Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.239 - 242
  14. Ҷазоирӣ, Қасас-ул-анбиё, 1404ҳ.қ., саҳ.198
  15. Сураи Сод, ояти 41 – 44; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.210 - 211
  16. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ (Ҷуннат-ул-амон-ил-воқия), 1405ҳ.қ., саҳ.296 - 297
  17. Қумӣ, тафсир ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.239 – 242; Маҷлисӣ, Ҳаёт-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.559 - 565
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.214 - 217
  19. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.399 - 400
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.214 - 217
  21. Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.213; Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, муассисаи ал-Имом-ус-Содиқ, саҳ.114
  22. Китоби Муқаддас, Айюб, 1: 1 - 6
  23. Китоби Муқаддас, Айюб, 1 - 2
  24. Китоби Муқаддас, Айюб, 3 - 27
  25. Калбосӣ, “Нақд ва баррасии орои муффасирон дар тафсири ояти 44 сураи Сод ва тозиёна задани Айюб ба ҳамсараш», саҳ.120
  26. Калбосӣ, “Нақд ва баррасии орои муффасирон дар тафсири ояти 44 сураи Сод ва тозиёна задани Айюб ба ҳамсараш», саҳ.120
  27. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.216
  28. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.214 - 217
  29. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.210
  30. Макорим, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.299
  31. Сураи Сод, ояти 44; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.210
  32. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.299; Ҷазоирӣ, Қасас-ул-анбиё, 1404ҳ.қ., саҳ.198
  33. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.299
  34. Муғния, Тафсир ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.382
  35. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.746
  36. Қумӣ, тафсир ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.239 – 242; Маҷлисӣ, Ҳаёат-ул-қулуб, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.5565 - 559
  37. Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.213; Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, муассисаи ал-Имом-ус-Содиқ, саҳ.114
  38. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.214 - 217
  39. Калбосӣ, “Нақд ва баррасии орои муффасирон дар тафсири ояти 44 сураи Сод ва тозиёна задани Айюб ба ҳамсараш», саҳ.117
  40. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.260
  41. Сураи Сод, ояти 41
  42. Ниг.: Насрӣ, Мабонии рисолати анбиё дар Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.260 - 261
  43. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.17, саҳ.209
  44. Сураи Исро, ояти 65
  45. Насрӣ, Мабонии рисолати анбиё дар Қуръон 1388ҳ.ш., саҳ.260 - 261
  46. Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиёъ, 1250ҳ.қ., саҳ.59 - 64
  47. Шавқӣ, Атласи Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.109
  48. Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қасаси Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.350
  49. Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Доруофоқ-ил-ҷадида, саҳ.5
  50. Китоби Муқаддас, Айюб 1: 42
  51. Ҷазоирӣ, Қасас-ул-анбиёъ, 1404ҳ.қ., саҳ.198 ва 200
  52. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.672; Ҷазоирӣ, Қасас-ул-анбиёъ, 1404ҳ.қ., саҳ.207
  53. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.675
  54. Марқаду набийиллоҳ Айюб (алайҳиссалом), Марказу турос-ил-Ҳилла
  55. Роминнажод, Мазори пайғамбарон, 1387ҳ.ш., саҳ.59 - 63
  56. Роминнажод, Мазори пайғамбарон, 1387ҳ.ш., саҳ.59 - 63
  57. Роминнажод, Мазори пайғамбарон, 1387ҳ.ш., саҳ.59 - 63
  58. Хулосаи достони филми Айюби пайғамбар, Хазинаи ҷомеъи иттилооти синамои Эрон

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ ва Муҳаммадмаҳдии Носеҳ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои остони қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи қисм-уд-диросот-ил-исломияи муассисаи ал-беъсати Қум, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қасаси Қуръон, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанг, 1386ҳ.ш.
  • Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Ализа Лихтен Шитейр, Бейрут, Доруофоқилҷадида, бе то.
  • Калбосӣ, Заҳро ва дигарон, “Нақд ва баррасии орои муффасирон дар тафсири ояти 44 сураи Сод ва тозиёна задани Айюб ба ҳамсараш», Омӯзаҳои қуръонӣ, №22, 1394ҳ.ш.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ (Ҷуннат-ул-амон-ил-воқия), Қум, Дор-ур-Разӣ (Зоҳидӣ), 1405ҳ.қ.
  • Китоби Муқаддас.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, тафсир ал-Қумӣ, тасҳеҳи Таййиби Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1373ҳ.ш.
  • Марказу турос-ил-Ҳилла, алъатабат-ил-Аббосият-ил-муқаддаса, мушоҳида 15 урдибиҳишти 1399ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, таҳқиқи Алии Имомиён, Ҳаёт-ул-қулуб, Қум, Сурур, 1384ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир ал-Кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1424ҳ.қ.
  • Насрӣ, Абдуллоҳ, Мабоонии рисолати анбиё дар Қуръон, Теҳрон, Суруш, 1388ҳ.ш.
  • Роминнажод, Ромин, Мазори пайғамбарон, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои Остони қудси Разавӣ, 1387ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиёъ, Қум, аш-Шариф-ир-Разӣ, 1250ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, муассисаи ал-Имом-ус-Содиқи алайҳиссалом, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Хулосаи достони филми Айюби пайғамбар, Хазинаи ҷомеи иттилооти синамои Эрон, мушоҳида 24 фарвардини 1399ҳ.ш.
  • Ҷазоирӣ, Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ, ан-Нур-ул-мубин фи Қасас-ил-анбиёи ва-л-мурсалин, Қум, мактабат оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ҷассос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадсодиқи Қумҳорӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1405ҳ.қ.
  • Шавқӣ, Абухалил, Атласи Қуръон, тарҷумаи Кирмонӣ, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, 1388ҳ.ш.