Ҳадиси Алиюн маъа-л-ҳақ
Ҳадиси Алиюн маъа-л-ҳаққи ва-л-ҳаққу маъа Алӣ, (арабӣ: حدیث عَلِیٌّ مَعَ الْحَقِّ وَالْحَقُّ مَعَ عَلِیٍّ), ба ривояте аз Пайғамбари Ислом (с) ишора дорад, ки Имом Алӣ (а)-ро ҳамвора ҳамроҳи ҳаққ ва ҳаққро ҳамвора бо Алӣ (а) муаррифӣ кардааст. Мазмуни ин ҳадис бо иборатҳои мухталифе аз Пайғамбар (с) нақл шудааст. Бархе аз ин нақлҳо дар манобеи шиа ва суннӣ омада ва мутавотир дониста шудааст. Бо ин ҳол Ибни Таймияи Ҳарронӣ судури ин ривоёт, ҳарчанд ба сурати заъиф, аз Пайғамбар (с)-ро инкор кардааст.
Ҳазрати Алӣ (а) дар шӯрои шашнафараи таъйини халифа, ки пас аз Умар ибни Хаттоб ташкил шуд, барои исботи шоистагии худ ба хилофат ба ин ҳадис эҳтиҷоҷ кард. Ҳамчунин бархе аз саҳоба ва олимони аҳли суннат барои исботи дурустии корҳои Имом Алӣ (а) ба ин ҳадис истинод кардаанд.
Аз ин ҳадис бартарии Имом Алӣ (а) бар дигар саҳоба, исмат, вуҷуби итоат ва авлавият доштани ӯ барои имомат ва ҷонишинии Пайғамбар (с) ва низ манъ будани сабби вай бардошт шудааст.
Муҳтаво ва матн
Ҳамроҳӣ бо ҳақ, аз фазоили Амирулмуъминин аст, ки дар ривояте аз Пайғамбари Ислом (с) ба он ишора шудааст. Дар ин ривоят омадааст: «Алиюн маъа-л-ҳаққи ва-л-ҳаққу маъаҳу/علی مع الحق و الحق معه; Алӣ бо ҳақ аст ва ҳақ бо Алӣ».[2] Ин ҳадис бо таъбирҳои гуногуне аз Пайғамбар (с) дар муносибатҳои гуногуне нақл шудааст.[3] Аллома Ҳиллӣ муътақид аст, ки ривоёт дар ин замина ба ҳадде аст, ки қобили шумориш нест.[4] [Ёддошт 1] нақлҳои мухталифи ин ҳадис дар китобҳое ҳамчун Кашф-ул-яқин,[5] Кашф-ул-ғумма,[6] Биҳор-ул-анвор,[7] ал-Ғадир[8] ва Мизон-ул-ҳикмат[9] омадааст. Сайид Ҳошими Баҳронӣ дар Ғоят-ул-маром ба ин ҳадис ва аҳодиси мушобеҳи он дар ду боб пардохтааст.[10]
Эътибор
Бархе бар ин боваранд, ки баъзе аз ин аҳодис, қатъӣ ва собит[11] ва мавриди иттифоқи[12] фариқайн[13] ва мутавотир ҳастанд.[14] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки қисмате аз матнҳои ин аҳодис, аз олитарин дараҷаи эътибор бархӯрдоранд. Тавотур ва қатъӣ будани он мавриди қабули муҳаддисони шиа ва суннӣ аст.[15] Ҳамчунин эроде ба ровиён ва санади ин ҳадис гирифта нашудааст.[16]
Ибни Абилҳадид санади онро саҳеҳу қатъӣ донистааст;[17] чунонки ривоёт бо мазмини «Алӣ маъа-л-ҳақ» дар бархе сиҳоҳи ситта[18] ва дигар осори аҳли суннат вуҷуд дорад, ки теъдоди онҳоро то ҳудуди 130 маврид баршуморидаанд.[19]
Иддаои Ибни Таймия
Ибни Таймияи Ҳарронӣ дар китоби Минҳоҷ-ус-суннат муътақид аст, ки ин ҳадисро касе аз Пайғамбар (с), ҳатто бо исноди заъиф ҳам, нақл накардааст. Ӯ Аллома Ҳиллиро ба хотири нақли ин ҳадис сарзаниш карда, ӯро дурӯғгӯ донистааст.[20] Муҳаққиқони шиа дар посухи Ибни Таймия ба аҳодиси саҳоба аз Пайғамбар (с) дар ин бора ишора кардаанд.[21] Ҳамчунин Аллома Аминӣ дар китоби ал-Ғадир, пас аз нақли суханони Ибни Таймия, ривоёти фаровоне аз бузургони аҳли суннат ва кутуби муътабари онон нақл кардааст.[22]
Ровиён
Ривояти Алиюн маъа-л-ҳақ аз сӯи Имом Алӣ (а) ва 23 тан аз саҳоба нақл шудааст,[23] ки аз ҷумлаи онҳо халифаи аввал,[24] Саъд ибни Убода,[25] Абузари Ғифорӣ,[26] Миқдод,[27] Салмони Форсӣ,[28] Аммори Ёсир,[29] Абумусо Ашъарӣ,[30] Абуайюби Ансорӣ,[31] Саъд ибни Абиваққос,[32] Абдуллоҳ ибни Аббос,[33] Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ,[34] ва Ҳузайфа ибни Ямон[35] Оиша[36] ва Уммусалама[37] ҳастанд.
Дар ривоёти Аҳли Байт (а) ба нақл аз Имом Содиқ (а) аз аҷдодаш ба ин ҳадис ишора шудааст.[38]
Эҳтиҷоҷҳо
Ҳазрати Алӣ (а) ва дигар саҳоба дар мавқеиятҳои мухталиф ба ҳадиси Алиюн маъа-л-ҳақ эҳтиҷоҷ кардаанд:
- Дар шӯрои шашнафара; ҳазрати Алӣ (а) дар шӯрои шашнафара, ки баъд аз марги халифаи дуввум барои таъйини халифа ташкил шуд, барои исботи шоистагӣ ва бартарии худ ба хилофат ба ин ҳадис истинод кард ва аз аҳли шӯро хост, то бар дурустии он гувоҳӣ диҳанд ва онҳо низ гуфтаи ӯро таъйид карданд.[39]
- Ҷанги Ҷамал; Муҳаммад ибни Абибакр,[40] Абдуллоҳ ибни Будайл ва бародараши Муҳаммад[41] пас аз ҷанги Ҷамал ба суроғи Оиша рафта, ӯро бо тавваҷуҳ ба ҳадисе, ки аз ҷониби вай дар бораи ҳамроҳии ҳаққу Имом Алӣ (а) омада, бозхост карданд. Оиша баъд аз ҷанги Наҳравон низ ба дурустии кори ҳазрати Алӣ (а) бар асоси ҳамин ҳадис гувоҳӣ дод.[42]
- Ҷанги Сиффин; Абуайюби Ансорӣ - саҳобии Пайғамбар (с), дар ҷанги Сиффин ва дар баробари мухолифони Имом Алӣ (а) ба ҳузури Аммори Ёсир дар канори Имом ва ҳамроҳии ӯ бо ҳақ бар тибқи сухани Пайғамбари Ислом (с) пардохтааст.[43] Ҳамчунин Саъд ибни Абиваққос низ, ки бо Имом миёнаи хубе надошт дар баробари Муовия ибни Абисуфён ба ин ҳадис истидлол кардааст.[44]
Аҳмад ибни Ҳанбал,[45] Ибни Абилҳадид,[46] Ибни Ҷавзӣ,[47] ва Сибт Ибни Ҷавзӣ[48] аз олимони аҳли суннат бо истинод ба ин ҳадис ба мадҳи ҳазрати Алӣ (а) пардохта ва ё бар дурустии аъмоли ӯ гувоҳӣ додаанд.
Бардоштҳо
Олимони мусулмон аз ҳадиси Алиюн маъа-л-ҳақ бардоштҳое кардаанд:
Алӣ (а) меъёри ҳаққу ботил аст
Имом Алӣ (а) ҳамроҳи ҳақ, ҳақбин, ҳақгӯй ва милоки шинохти ҳақ аз ботил муаррифӣ шудааст.[50] Иддае бар тибқи ин ривоёт, муоризони ӯро гумроҳ ва хориҷ аз ҳақ унвон кардаанд.[51] Иддае низ бо истинод ба ин аҳодис танҳо фирқаи ноҷияро пайравони Имом Алӣ (а) медонанд.[52] Фахри Розӣ - муфассири аҳли суннат, бо истидлол ба ин ҳадис муътақид аст, ки ҳар кас дар динаш ба Алӣ (а) иқтидо кунад, ҳидоят ёфтааст.[53] Чунонки дар идомаи ин ривоят омадааст, ки Пайғамбар (с) ба Аммори Ёсир фармуд: агар тамоми мардум ба як самт бираванд ва Имом Алӣ (а) ба самти дигар биравад, ту ба самти Алӣ бирав, ки роҳи Алӣ (а) роҳи ҳақ хоҳад буд.[54]
Имомат ва ҷонишинии билофасли Имом Алӣ (а)
Олимони шиа муътақиданд, ки аз натоиҷи аҳодиси ҳамроҳии Алӣ (а) бо ҳақ, пазириши бартарии ҳамаҷонибаи Имом Алӣ (а) бар дигар саҳоба аз ҷумла, шоистагии мутлақ дар имомат, раҳбарӣ ва хилофати билофасл аст.[55] Агар ҳазрати Алӣ (а) аз болотарин дараҷаи ҷомеияти илмӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ бархӯрдор намебуд, мухотаб ва мисдоқи ин ривояти Пайғамбари Ислом (с) қарор намегирифт.[56]
Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, муътазила низ бо истинод ба ин ривоёт, қоил ба афзалияти Имом Алӣ (а) нисбат ба дигар саҳоба ҳастанд.[57]
Исмати Имом Алӣ (а)
Шайхи Муфид муътақид аст Имом Алӣ (а) бо чунин васфе аз сӯи Пайғамбар (с) дучори хато ва ё шак дар аҳкоми Илоҳӣ намешавад[58] ва ба гумроҳӣ нахоҳад рафт.[59] Бархе ин ҳадисро бо тавваҷуҳ ба қайду шарт надоштан дар ҳамроҳии Имом Алӣ ва ҳақ,[60] яке аз далоили исмати Имом Алӣ (а)[61] дар сира ва кирдор[62] баршумурда ва онро шомили ҳамаи заминаҳои илмӣ, амалӣ, шаръӣ, урфӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ низ медонанд.[63] Аз ин рӯ, иртикоби ҳар навъ хато ва гуноҳро аз сӯи Имом муҳол медонанд;[64] чароки бо анҷоми гуноҳ ва ҳатто як хато, мулозимаи доимии ҳаққу Алӣ (а) аз байн рафта ва итлоқи сухани Пайғамбар (с) нақз мешуд.[65]
Вуҷуби итоат ва манъи душманӣ бо Алӣ (а)
Бо истинод ба ин ҳадис бар дигарон воҷиб аст, то аз Имом Алӣ (а) ба таври мутлақ итоат кунанд.[66] Бархе ин аҳодисро далеле бар ниҳояти фазилат, каромат ва азамати Имом Алӣ дониста, муътақиданд, ҳаддиақал чизе ки аз ин аҳодис фаҳмида мешавад, манъи ҷанг, лаън ва изҳори душманӣ бо ҳазрати Алӣ (а) аст.[67]
Мушобеҳсозӣ барои халифаи дуввум
Бархе аз аҳли суннат ба нақли ҳадиси мушобеҳе аз Пайғамбар (с) дар бораи Умар ибни Хаттоб пардохтаанд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) зимни раҳмат фиристодан бар Умар, ӯро гӯяндаи ҳаққ донистааст, ҳарчанд, ки ҳаққ ӯро тарк гӯяд.[68]
Дар ин замина иддае аз муҳаққиқон муътақиданд, ки арзиши муҳтавоӣ ва санадии ҳадиси Алиюн маъа-л-ҳақ, монеъ аз инкор ва заъиф шуморидани асли он мешуд; аз ин рӯ, душманони Имом талош карданд, то барои рақибони ҳазрати Алӣ (а) аҳодис ва фазоили мушобеҳ бисозанд ва ё он ки дар идомаи аҳодиси фазоили Имом, матлаберо изофа кунанд, то бар фазилати ҳокимони қабл аз Имом низ далолате дошта бошад, то ин фазилат дар инҳисори Имом Алӣ (а) боқӣ намонад.[69]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ “Алӣ маъа-л-ҳаққ ва ал-ҳаққу маъа Алӣ”, сафҳаи расмии Сайид Абулфазл Сарвар дар инстаграм.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.294; Хазози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.20; Ибни Ҳаюн, Шарҳ-ул-ахбор, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.60; Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.97.
- ↑ Туникобунӣ, Зиё-ул-қулуб, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.203.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.237.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.233 - 236.
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146 - 148.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.29 - 40.
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.251 - 256.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикмат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.184.
- ↑ Омадӣ, Ғоят-ул-маром, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.282 - 291.
- ↑ Милонӣ, Шарҳи минҳоҷ-ул-каромат, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.95.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.110.
- ↑ Толиқонӣ, Манҳаҷ-ур-рашод, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 ва 31.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.318.
- ↑ Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.қ., саҳ.47.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.81.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297; ҷ.18, саҳ.72 - 73.
- ↑ Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.633.
- ↑ Барои иттилооти бештар нигоҳ кунед ба: Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.ш., саҳ.49 - 58.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.238.
- ↑ Аминӣ, Назратун фи китоби минҳоҷ-ис-суннат-ин-набавия, саҳ.104; Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.ш., саҳ.98.
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.251 - 256.
- ↑ Ризвонӣ, Шиашиносӣ ва посух ба шубаҳот, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.55; Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.ш., саҳ.48 - 49.
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.88.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Исбот-ут-ҳудо, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.298; Табарӣ, Комил-ул-Баҳоӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳаққ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.348.
- ↑ Аскофӣ, Нақз-ул-усмония, 1378ҳ.ш., саҳ.228; Шаҷарии Ҷурҷонӣ, Тартиб-ул-амолӣ-л-хамисия, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.189.
- ↑ Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳаққ, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.27.
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.41; Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайс, 1405ҳ.қ., саҳ.881; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32.
- ↑ Аскофӣ, ал-Меъёр ва-л-мувозина, 1402ҳ.қ., саҳ.35–36; Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.613.
- ↑ Ибни Мардавия, Маноқибу Алӣ (а), 1424ҳ.қ., саҳ.115.
- ↑ Хатиби Бағдодӣ, Таъриху Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.188; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.472; Ибни-л-Адим, Буғят-ут-талаб, Бейрут, ҷ.1, саҳ.292.
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.361; Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.235.
- ↑ Ҳамавӣ аш-Шофеъӣ, Фароид-ус-симтайн, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177; Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.42; Ганҷӣ аш-Шофеъӣ, Кифоят-ут-толиб, 1404ҳ.қ., саҳ.187; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.414; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.246.
- ↑ Қундӯзӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173.
- ↑ Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.177; Ибни Товус, ат-Тароиф, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103.
- ↑ Ибни Мардавия, Маноқибу Алӣ (а), 1424ҳ.қ., саҳ.115; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.225; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
- ↑ Ҳокими Нишобурӣ, Мустадрак-ус-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.129; Ибни Мардавия, Маноқибу Алӣ (а), 1424ҳ.қ., саҳ.115; Хатиби Бағдодӣ, Таъриху Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.322; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.449; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.360.
- ↑ Ҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.222.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.425; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.394; Ибни Мағозалӣ, Маноқибу Аҳл-ил-байт (а), 1427ҳ.қ., саҳ.189; Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-каромат, 1379ҳ.ш., саҳ.94.
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Имомат ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.62; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.28.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.433.
- ↑ Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.332; ҷ.38, саҳ.35.
- ↑ Хатиби Бағдодӣ, Таъриху Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.188; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.472; Ибни-л-Адим, Буғят-ут-талаб, Бейрут, ҷ.1, саҳ.292.
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.361; Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.235.
- ↑ Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.419.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.88.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, Сайд-ул-хотир, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
- ↑ Сибт Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.35.
- ↑ “Ассуварул-аксару мушоҳидатан лиъом 2012м”, шабакат-ул-Имом Алӣ (а) медиё.
- ↑ Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.ш., саҳ.47.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.318; Муҳаддис Урмавӣ, Таълиқоти нақз, 1358ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.712; Санад, ас-Саҳобату байна-л-адолати ва-л-исмат, 1426ҳ.қ., саҳ.203
- ↑ Тиҷонии Самовӣ, аш-Шиъату ҳум аҳл-ус-суннат, 1428ҳ.қ., саҳ.114.
- ↑ Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180.
- ↑ Ибни Товус, ат-Тароиф, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.104; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, 143; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.224.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.159; Муғния, ал-Ҷавомеъ ва-л-фавориқ, 1414ҳ.қ., саҳ.92 - 93.
- ↑ Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.ш., саҳ.137.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.29.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.339.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.211.
- ↑ Ҳаким, ал-Имомату ва Аҳл-ул-Байт (а), 1424ҳ.қ., саҳ.225.
- ↑ Тӯсӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.257; Муғния, ал-Ҷавомеъ ва-л-фавориқ, 1414ҳ.қ., саҳ.92; Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, Теҳрон, саҳ.136; Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1425ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.382.
- ↑ Санад, ас-Саҳобату байна-л-адолати ва-л-исмат, 1426ҳ.қ., саҳ.203.
- ↑ Ибни Атия, Абҳо-л-мурод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.807; Муқаддаси Ардабилӣ, Ҳадиқат-уш-шиъа, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.327.
- ↑ Субҳонӣ, ал-азвоъ, Қум, саҳ.389; Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, ҷ.6, саҳ.274.
- ↑ Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.ш., саҳ.145 - 146.
- ↑ Ибни Атия, Абҳо-л-мурод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.569; Туникобунӣ, Зиё-ул-қулуб, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.203; Кошифулғито, ал-Ақоид-ул-Ҷаъфария, 1425ҳ.қ., саҳ.53.
- ↑ Тӯсӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.136.
- ↑ Баззор, Муснад-ул-Баззор, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.98; Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, Бейрут, ҷ.5, саҳ.633; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.126.
- ↑ Фақиҳ Имонӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, 1377ҳ.ш., саҳ.101.
Ёддошт
Сарчашма
- “Алӣ маъа-л-ҳаққ ва ал-ҳаққу маъа Алӣ”, саҳифаи расмии Сайид Абулфазл Сарвар дар инстаграм, санаи боздид: 18 исфанди 1400ҳ.ш.
- “Ассуварул-аксару мушоҳидатан лиъом 2012м.”, шабакат-ул-Имом Алӣ (а) медиё, санаи боздид: 18 исфанди 1400ҳ.ш.
- Абуяъло Мавсилӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Муснаду Абияълӣ, Димишқ, Дор-ул-маъмани ли-т-турос, таҳқиқи Ҳусайн Салим Асад, 1404ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-яқин фи фазоили Амирилмуъминин (а), Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Минҳоҷ-ул-каромат фи маърифат-ил-имомат, Машҳад, муассисаи Ошӯро, 1379ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳаққ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-лубнонӣ, 1982м.
- Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ.
- Аминӣ, Назратун фи китоби минҳоҷ-ис-суннат-ин-набавия, ба кӯшиши Аҳмад Канонӣ, Теҳрон, нашри Машъар, бе то.
- Аскофӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Меъёр ва-л-мувозина фи фазоил-ил-Имом Амирилмуъмнин Алӣ ибни Абитолиб салавотуллоҳи алайҳимо, Бейрут, 1402ҳ.қ.
- Аскофӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Нақз-ул-усмония, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ, 1378 - 1383ҳ.ш.
- Базор, Аҳмад ибни Амр, ал-Баҳр-ул-захор (Муснад-ул-Базор), таҳқиқи Маҳфуз Арраҳмон Зайнуллоҳ, Бейрут, Муассисаи улум-ил-Қуръон, 1409ҳ.қ.
- Ганҷии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиб фи маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, Теҳрон, Дору эҳёи туроси Аҳл-ил-Байт (а), чопи дуввум, 1404ҳ.қ.
- Гуруҳи маориф ва таҳқиқоти исломӣ, ҳадиси Ғадир, санади гуёи вилоят, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи ҳаштум, бе то.
- Замахшарӣ, Ҷоруллоҳ, Рабиъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахёр, Бейрут, Муассисат-ул-Аъламӣ, 1412ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳамад, Мизон-ул-эътидол фи нақд-ир-риҷол, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат ли-т-табоъати ва-н-нашр, 1382ҳ.қ.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Дамишқ ва зикру фазлиҳо ва тасмияту мин ҳаллиҳо мин-ал-амосил, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
- Ибни Атия, Ҷамил Ҳамуд, Абҳо-л-мурод фи шарҳи муътамари уламои Бағдод, Бейрут, Муассисат-ул-Аъламӣ, 1423ҳ.қ.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Қутайба Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва-с-сиёсату маъруф ба Таърих-ул-хулафо, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1410ҳ.қ.
- Ибни Мағозалӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқибу Аҳл-ил-байт (а), Теҳрон, ал-Маҷмаъат-ул-оламӣ ли-т-тақриби байн-ал-мазоҳиб-ил-исломия, 1427ҳ.қ.
- Ибни Мардавияи Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Мусо, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб (а), Қум, Дорулҳадис, чопи дуввум, 1424ҳ.қ.
- Ибни Таймияи Ҳарронӣ, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фии нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, таҳқиқи Муҳаммадрашод Солим, ҷомеъат-ул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломия, 1406ҳ.қ.
- Ибни Товус, Сайид Разиюддин, ат-Тароиф фи маърифати мазоҳиб-ит-тавоиф, Қум, нашри Хайём, 1400ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, таҳқиқи доират-ул-маъориф ан-низомия, Бейрут, муассисат-ул-Ааъламӣ ли-л-матбуъот, чопи дуввум, 1390ҳ.қ.
- Ибни Ҳаюн, Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбор фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1409ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Абулфараҷ Абдурраҳмон ибни Алӣ, Сайд-ул-хотир, Димишқ, Дор-ул-қалам, 1425ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Сибт, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти аш-Шарифир-Разӣ, 1418ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Ибну-л-Адим, Умар ибни Аҳмад, Буғят-ут-талаб фи таърихи Ҳалаб, таҳқиқи Суҳайл Заккор, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе то.
- Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
- Кошифулғито, Шайх Ҷаъфар, ал-Ақоид-ул-Ҷаъфария, Қум, муассисаи Ансориён, чопи сеюм, 1425ҳ.қ., истифодаи бештар
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат ли завӣ-л-қурбо, Қум, нашри Усва, чопи дуввум, 1422ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1404ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаққ-ул-яқин, Теҳрон, интишороти исломия, бе то.
- Милонӣ, Сайидалӣ, Шарҳи минҳоҷ-ул-каромат фи маърифат-ил-имомат, Қум, Марказ-ул-ҳақоиқ-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
- Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор фи исботи имомат-ил-аиммат-ил-атҳор, Исфаҳон, китобхонаи Амирулмуъминин, чопи дуввум, 1366ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Ҷавомеъ ва-л-фавориқ байна-с-суннати ва-ш-шиъа, Бейрут, муассисаи Иззуддин, 1414ҳ.қ.
- Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Ҳадиқат-уш-шиъа, Қум, интишороти Ансориён, чопи сеюм, 1383ҳ.ш.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисом, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, таҳқиқ: Бакрӣ Ҳаёнӣ, Сафва Ассақо, Бейрут, муассисатуррисолат, чопи ҳафтум, 1401ҳ.қ.
- Муҳаддис Урмавӣ, Мирҷалолиддин, Таълиқоти нақз, Теҳрон, интишороти Анҷумани осори миллӣ, 1358ҳ.ш.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Мизон-ул-ҳикмат, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
- Омадӣ, Сайфиддин, Ғоят-ул-маром фи илм-ил-калом, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1413ҳ.қ.
- Ризвонӣ, Алиасғар, Шиашиносӣ ва посух ба шубаҳот, Теҳрон, нашри машъар, чопи дуввум, 1384ҳ.ш.
- Санад, Шайх Муҳаммад, ас-Саҳобату байна-л-адолати ва-л-исмат, Қум, Лисон-ус-сидқ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ (а), чопи дуввум, 1425ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Азвоъ ала ақоид-иш-шиъат-ил-имомия, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), бе то.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, муассисаи ан-нашрул-исломӣ, гуногун.
- Табарӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Комил-ул-Баҳоӣ, таъриби Муҳаммад Шуъоъ Фахрӣ, Қум, ал-Мактабат-ул-Ҳайдария, 1426.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, ал-Эҳтиҷоҷ, Машҳад, нашрул-Муртазо, 1403ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, исломия, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, таҳқиқи Аҳмад Муҳаммад Шокир, 1998м.
- Тиҷонии Самовӣ, Муҳаммад, аш-Шиъату ҳум аҳл-ус-суннат, Қум, муассисаи Ансориён, чопи даҳум, 1428ҳ.қ.
- Толиқонӣ, Муҳаммаднаъим, Манҳаҷ-ур-рашод фи маърифат-ил-маъод, Машҳад, остони Қудси Разавӣ, 1411ҳ.қ.
- Туникобунӣ, Муҳаммад ибни Абдулфаттоҳ, Зиё-ул-қулуб, Қум, маҷмаъи захоири исломӣ, 1382ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Талхис-уш-шофӣ, Қум, Интишорот-ул-муҳиббин, 1382ҳ.ш.
- Фақиҳ Имонӣ, Маҳдӣ, Ҳақ бо Алӣ аст, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотеҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Хазози Қумӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, Қум, интишороти Бедор, 1401ҳ.қ.
- Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таъриху Бағдод, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.
- Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, ал-Маноқиб, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи дуввум, 1411ҳ.қ.
- Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, таҳқиқи Ҳисомиддин ал-Қудсӣ, Қоҳира, мактабат-ул-Қудсӣ, 1414ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайид Муҳаммадбоқир, ал-Имомату ва Аҳл-ул-Байт (а) ан-назарияту ва-л-истидлол, Қум, ал-Марказ-ул-исломӣ-л-муъосир, 1424ҳ.қ.
- Ҳамавии Шофеӣ, Иброҳим ибни Саъдуддин, Фароид-ус-симтайн фи фазоил-ил-Муртазо ва-л-Батул ва-с-сибтайни ва-л-аимма мин зуриятиҳим (а), Қум, муассисаи ал-Маҳмуд, 1400ҳ.қ.
- Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзили ли қавоъид-ит-тафзил, Теҳрон, маҷмаъу эҳё-ис-сақофат-ил-исломия, 1411ҳ.қ.
- Ҳилолӣ, Сулайм ибни Қайс, Китоби Сулайм ибни Қайс ал-Ҳилолӣ, Қум, Алҳодӣ, 1405ҳ.қ.
- Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Мустадрак-ус-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот, Бейрут, муассисат-ул-Аъламӣ, 1422ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, ал-муътамар-ул-оламӣ ли-ш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷамал ва-н-нусрату ли Сайид-ил-итрат фи ҳарб-ил-Басра, Қум, ал-муътамар-ул-оламӣ ли-ш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шаҷарии Ҷурҷонӣ, Яҳё ибни Ҳусайн, Тартиб-ул-амолӣ-л-хамисия, таҳқиқи Муҳаммад Ҳасан Муҳаммадҳасан Исмоил, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1422ҳ.қ.
- Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳаққ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found