Үндана:Тафсири Қуръон
Тафсири Қуръон (форсӣ: تفسیر قرآن) дониш ва фароянди фаҳм ва шарҳи маънии оятҳои Қуръон аст. Тафсир аз замони Пайғамбари Ислом (с) оғоз шуд ва дар давраҳои баъд бо густариши донишҳои исломӣ тавсеа ёфт. Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а) ва баъзе аз саҳоба аз нахустин муфассирони Қуръон ба шумор мераванд ва пас аз онон, тобеин ба тафсири оёт пардохтанд.
Дар давраҳои баъд, равишҳо ва гароишҳои мухталифе дар тафсири Қуръон падид омад. Тафсири Қуръон ба Қуръон, тафсири маъсур ва тафсири иҷтиҳодӣ аз муҳимтарин равишҳои тафсири Қуръонанд. Ҳамчунин тафсирҳои адабӣ, илмӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, фиқҳӣ, таърихӣ ва каломӣ аз муҳимтарин гароишҳои тафсирӣ ба шумор мераванд. Тафсири Қумӣ, ат-Тибён, Маҷма-ул-баён, Тафсири ас-Софӣ ва ал-Мизон аз машҳуртарин тафсирҳои шиа ҳастанд.
Мафҳумшиносӣ
«Тафсир» дар истилоҳи муфассирон, ба маънои бартараф кардани ибҳом ва равшан кардани маънои оёти Қуръон аст.[1] Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, дар тафсири ал-Мизон, тафсирро баёни маъниҳои оёти Қуръон ва парда бардоштан аз ҳадафҳо ва мақсадҳои он донистааст.[2] Тафсир дар луғат аз решаи «фасар-فسر» гирифта шуда ва ба маънои ошкор кардани амри пӯшида ё кашфу изҳори маънои маъқул аст.[3]
Касе, ки бар асоси сарчашмаҳо ва қаринаҳои муътабар, ба табйини маъно ва мақсуди оёти Қуръон мепардозад, муфассири Қуръон ном дорад.[4] Дар дидгоҳи шиа, Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) муфассирони ҳақиқии Қуръон ва аз намунаҳои ҳақиқии росихон дар илм ҳастанд, ки ба муҳкам ва муташобеҳоти қуръонӣ огоҳанд.[5]
Тафовути тафсир бо таъвил
Ба гузориши Муҳаммадҳодии Маърифат, қуръонпажӯҳи шиа, ду вожаи тафсир ва таъвил дар давраҳои нахустин ба сурати муродиф ба кор мерафтанд, аммо дар давраҳои баъд миёни онҳо фарқ гузошта шуд. Бар асоси ин фарқ, тафсир ба рафъи ибҳом аз лафзи душвор ё норасо гуфта мешавад, дар ҳоле ки таъвил илова бар рафъи ибҳом, ба дафъи шубаҳа аз зоҳири алфозе мепардозад, ки метавонад сабаби пӯшида мондани маънои мақсуд ва ғарази гӯянда шавад.[6]
Ниёз ба тафсири Қуръон
Қуръон дар оёте мисли ояти 24 сураи Муҳаммад ва ояти 17 сураи Қамар, инсонҳоро ба тадаббур дар оёти худ даъват кардааст.[7] Бо ин ҳол, ҳамаи маонии Қуръон дар як сатҳи равшанӣ қарор надоранд ва баъзе оёт, ба вижа дар заминаи мафоҳими дақиқ, аҳком ва таълимоҳое, ки ба сурати муҷмал баён шудаанд, ниёзманди тавзеҳ ва табйинанд. Аз ин рӯ, дар асри Пайғамбар (с), бахше аз маонӣ ва ҷузъиёти таълимоҳои Қуръон ба воситаи он ҳазрат барои мусалмонон табйин мешуд ва пас аз ӯ, саҳоба ва сипас донишмандони мусалмон ба тафсири Қуръон пардохтанд.[8]
Таърихи тафсири Қуръон
Таърихи тафсири Қуръон дар давраи нахустини Ислом маъмулан дар се давра (асри Пайғамбар, асри саҳоба ва асри тобеин) баррасӣ мешавад. Муртазо Мутаҳҳарӣ, тафсирро аз улуме медонад, ки пас аз илми қироат дар ҷомеаи исломӣ падид омад ва густариш ёфт.[9]
Тафсири Қуръон дар асри Пайғамбар
Муфассирон, Пайғамбар (с)-ро нахустин муфассири Қуръон донистаанд.[10] Ба гуфтаи Ибни Халдун, агарчи Қуръон ба забони арабӣ ва мутобиқ бо шеваи баёни он забон нозил шуд ва арабзабонон бахше аз маънои онро дармеёфтанд, Пайғамбар (с) оёти душворро барои онон табйин мекард ва ба тавзеҳи аҳком ва маорифи Қуръон мепардохт.
Тафсири Қуръон дар асри саҳоба
Пас аз реҳлати Расули Худо (с), саҳоба бо такя бар омӯхтаҳои худ аз он ҳазрат ва дониши забонӣ ва огоҳӣ аз заминаи нузули оёт, ба тафсири Қуръон мепардохтанд.[11] Алӣ ибни Абитолиб (а), Абдуллоҳ ибни Масъуд, Убай ибни Каъб ва Абдуллоҳ ибни Аббос аз машҳуртарин муфассирони саҳоба буданд.[12] Заркашӣ Алӣ ибни Абитолиб (а) ва пас аз ӯ Ибни Аббосро аз саромадони муфассирони саҳоба донистааст.[13] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, дар тафсири ал-Мизон, онон гоҳе матолиберо, ки аз Пайғамбар (с) дар бораи маънои оёт шунида буданд, ба сурати ривоят нақл мекарданд.[14]
Тафсири Қуръон дар асри тобеин
Тобеин, ки аз муфассирони саҳоба дониш омӯхта буданд, ба тафсири Қуръон идома доданд.[15] Муҷоҳид ибни Ҷабр, Ато ибни Абираббоҳ, Икрима ва Саид ибни Ҷубайр аз муфассирони машҳури ин давра ба шумор мераванд.[16] Онон аз шогирдони Ибни Аббос дар мактаби тафсирии Макка буданд.[17]
Равишҳои тафсири Қуръон
Муфассирони Қуръон аз равишҳои гуногуне барои фаҳм ва тавзеҳи оёт истифода кардаанд, аз ҷумла:
Тафсири Қуръон ба Қуръон
Тафсири Қуръон ба Қуръон, равишест, ки дар он барои фаҳми як оят, аз оёти дигаре, ки бо он иртиботи маъноӣ доранд, истифода мешавад.[18] Гуфта шудааст, ки ин равиш аз замони Пайғамбари Ислом (с) ба кор рафта ва он ҳазрат низ дар тафсири баъзе оёт аз оёти дигар истифода кардааст.[19] Баъзе муфассирон низ бо истинод ба ривоёт,[20] ин равишро аз равишҳои тафсирии имомони шиа (а) донистаанд.[21]
Оло-ур-раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон аз Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, ал-Мизони Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон ва-с-суннаи аз Муҳаммад Содиқии Теҳронӣ ва Тасними Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз тафсирҳое ҳастанд, ки бо ин равиш навишта шудаанд.[22]
Тафсири маъсур
Тафсири маъсур ё ривоӣ равишест, ки дар он барои фаҳм ва тавзеҳи оёти Қуръон аз ривоёт истифода мешавад. Дар тафсирҳои ривоии шиа, аз ривоёти Пайғамбари Ислом (с) ва имомони шиа (а) истифода шудааст.[23] Баъзе муфассирони шиа ин ривоётро аз муҳимтарин сарчашмаҳои фаҳми Қуръон донистаанд;[24] бо ин ҳол, ривоёти ҷаълӣ ҳам дар миёни аҳодиси тафсирӣ гузориш шудааст.[25]
Тафсири Айёшӣ,[26] Тафсири Қумӣ,[27] Тафсири нур-ус-сақалайн[28] ва Тафсири ал-Бурҳон[29] аз тафсирҳои ривоии шиа ва тафсири ад-Дурр-ул-мансур, асари Ҷалолуддини Суюти[30] аз тафсирҳои ривоии аҳли суннат ба шумор мераванд. Ба гуфтаи Муҳаммадҳодии Маърифат, муҳимтарин осори тафсирӣ дар ҷаҳони Ислом, ибтидо бо такя бар ривоёти тафсирӣ шакл гирифтааст.[31]
Тафсири иҷтиҳодӣ
Тафсири иҷтиҳодӣ равишест, ки дар он муфассир бо истифода аз истидлол ба фаҳм ва тавзеҳи оёт мепардозад ва танҳо ба нақли ривоёт такя намекунад.[32] Ба гуфтаи Муҳаммадҳодии Маърифат ин равиш аз замони тобеин оғоз шуд ва бо гузашти замон ва бо танаввуи улум ва маориф дар ҷомеаҳои исломӣ густариш ёфт.[33] Баъзе уламо бо ин равиш мухолифат карда ва онро навъе тафсир ба раъй донистаанд;[34] дар муқобил, баъзе дигар онро равише муътабар барои фаҳми амиқтари маонии Қуръон шумурдаанд.
Гароишҳои тафсирӣ
Тафсири адабӣ
Рӯйкарде дар тафсири Қуръон аст, ки дар он барои фаҳми оёт аз улуми адабии забони арабӣ, мисли сарф, наҳв, балоғат ва вожашиносӣ, истифода мешавад.[35] Тафсири Маҷма-ул-баёни Табарсӣ, муфассири шиа ва ал-Кашшофи Замахшарӣ, муфассири аҳли суннат, ки ҳар ду дар қарни шашуми қамарӣ навишта шудаанд, аз тафсирҳои адабии Қуръон ба шумор мераванд.[36]
Тафсири илмӣ
Рӯйкарде дар тафсири Қуръон аст, ки дар он аз ёфтаҳо ва назарияҳои илмӣ барои табйини баъзе оёт истифода мешавад ва гоҳ миёни мафоҳими Қуръон ва ёфтаҳои улуми таҷрибӣ иртибот барқарор мешавад.[37] Нишон додани созгории илм ва дин низ аз аҳдофи баъзе муфассирони ин рӯйкард будааст.[38] Ин рӯйкард бо таъсир аз кашфиёти ҷадид дар улуми таҷрибӣ падид омад.[39] ал-ҷавоҳир фи тафсир-ил-Қуръон, таълифи Тантовии Ҷавҳарӣ (ваф.1940) муфассири аҳли суннат, аз машҳуртарин тафсирҳои илмии Қуръон ба шумор меравад.[40]
Тафсири фалсафӣ
Рӯйкарде дар тафсири Қуръон аст, ки дар он аз мабно, таълимот ва истидлолҳои фалсафӣ барои фаҳм ва табйини оёти Қуръон истифода мешавад.[41]
Тафсири ирфонӣ
Рӯйкарде дар тафсири Қуръон аст, ки дар канори маънои зоҳирии оёт, бар маонии ботині ва ишораии онҳо[42] бо такя бар мабнои ирфонӣ таъкид дорад[43] ва таҳзиби нафс ва шуҳуди ирфониро дар фаҳми ин маонӣ муассир медонад.[44] Бар асоси ин дидгоҳ, дастёбӣ ба маонии ботинии оёт аз тариқи рафъи монеаҳои дарунӣ имконпазир аст.[45] Кашф-ул-асрори Майбадӣ[46] ва Латоиф-ул-ишороти Қушайрӣ[47] аз маъруфтарин тафсирҳои ирфонӣ ба шумор мераванд.
Дар баъзе тафсирҳои ирфонӣ, оёт ва таъбироти Қуръон ба сурати рамзӣ тафсир мешаванд ва барои онҳо маонии фаротар аз маънои зоҳирӣ дар назар гирифта мешавад, ки ба он тафсири рамзӣ гуфта мешавад.[48]
Тафсири фиқҳӣ
Навъе тафсири Қуръон, ки танҳо бар оёти марбут ба аҳкоми шаръӣ тамаркуз дорад.[49] Фиқҳ-ул-Қуръон навиштаи Қутбуддини Ровандӣ[50] ва Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон навиштаи Фозили Миқдод[51] аз тафсирҳои фиқҳии Қуръон ба шумор мераванд.
Тафсири таърихӣ
Рӯйкарде дар тафсири Қуръон аст, ки дар он ба нақши таърих дар фаҳми маънӣ ва мақсади оёти Қуръон таваҷҷуҳ мешавад.[52] Китоби ас-Сунан-ут-таърихия фи-л-Қуръон, навиштаи Сайид Муҳаммадбоқири Садр, аз ҷумлаи осорест, ки дар шумори тафсирҳои таърихии Қуръон қарор гирифтааст.[53]
Тафсири каломӣ
Аз гароишҳои тафсири иҷтиҳодӣ ва ақлии Қуръон аст, ки дар он муфассир бо такя бар истидлолҳои ақлӣ ва баҳсҳои каломӣ, ба табйин ва дифоъ аз боварҳои эътиқодӣ мепардозад ва мекӯшад таълимоти каломиро аз оёти Қуръон ба даст оварад ё онҳоро бо оёти Қуръон усутвор кунад.[54]
Тафсир ба раъй
Тафсир ба раъйро ба таҳмили ақоиди шахсӣ ё гурӯҳӣ бар Қуръон таъриф кардаанд.[55] Баъзе тафсир ба раъйро ба ду навъи тафсир ба раъйи мақбул ва мамдуҳ ва тафсир ба раъйи мамнуъ тақсим карда ва эътиқод доранд ривоёте, ки дар мазаммати тафсир ба раъй омада, нозир ба қисми мамнуи он аст.[56] Манзур аз тафсир ба раъйи мамдуҳ ва мақбул ин аст, ки муфассир бо каломи араб ва ақсоми дилолати он ошно буда ва дар мақоми тафсир низ бар асбоби нузул ва носиху мансухи оёт ва дигар абзорҳо ва маорифи мавриди ниёз барои тафсири Қуръон иҳота дошта бошад ва сипас ба тафсири оёти Қуръон бипардозад.[57]
Шеваҳои танзими тафсир
Тафсирҳои Қуръон аз назари шеваи танзими матолиб низ ба гунаҳои мухталифе тақсим мешаванд:
- Тафсири тартибӣ: оёти Қуръон ба тартиби сураҳо ва оёт баррасӣ ва тафсир мешаванд.
- Тафсири мавзуӣ: оёти марбут ба як мавзуъ гирд оварда ва дар канори якдигар баррасӣ мешаванд.
- Тафсири муқорин ё татбиқӣ: дидгоҳҳои мухталиф дар бораи оёт ё мавзуоти тафсирӣ бо якдигар муқоиса мешаванд.
Улуми мавриди ниёзи муфассир
Дар сарчашмаҳои улуми Қуръон ва тафсир, донишҳое мисли луғат, сарф, наҳв ва балоғат аз муҳимтарин донишҳои мавриди ниёзи муфассир дониста шудаанд.[58] Ҳамчунин ошноӣ бо улуме мисли илми ҳадис, илми қироат, илми калом, фиқҳ ва усули фиқҳ аз дигар донишҳоест, ки барои тафсири Қуръон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.[59] Илова бар он бар муфассир лозим аст, ки улуми Қуръон ва мавориде мисли асбоби нузул, носих ва мансух, муҳкам ва муташобеҳи Қуръон ва маккӣ ё маданӣ будани оётро бишиносад.[60]
Баъзе аз тафсирҳои машҳури шиа
Баъзе аз тафсирҳои машҳури шиа ба шарҳи зер аст:
| Тафсир | Номи муфассир | Қарн | Рӯйкарди тафсирӣ |
|---|---|---|---|
| Тафсири Қумӣ | Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ | севуми ҳиҷрӣ | ривоӣ ва маъсур |
| ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон | Шайхи Тӯсӣ | панҷуми ҳиҷрӣ | адабӣ ва иҷтиҳодӣ |
| Фиқҳ-ул-Қуръон | Қутбуддини Ровандӣ | шашуми ҳиҷрӣ | фиқҳӣ |
| Маҷма-ул-баён | Фазл ибни Ҳасан Табарсӣ | шашуми ҳиҷрӣ | адабӣ |
| Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон | Фозили Миқдод | нуҳуми ҳиҷрӣ | фиқҳӣ |
| Тафсири ас-Софӣ | Файзи Кошонӣ | ёздаҳуми ҳиҷрӣ | ривоӣ ва маъсур |
| Тафсири ал-Қуръон-ил-карим | Муллосадро | ёздаҳуми ҳиҷрӣ | фалсафӣ |
| ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон | Сайид Ҳошими Баҳронӣ | ёздаҳуми ҳиҷрӣ | ривоӣ ва маъсур |
| Баён-ус-саода фи мақомот-ил-ибода | Султон Муҳаммади Гунабодӣ | сездаҳум ва чордаҳуми ҳиҷрӣ | ирфонӣ |
| Оло-ур-раҳмон | Муҳаммадҷаводи Балоғӣ | чордаҳуми ҳиҷрӣ | каломӣ ва иҷтиҳодӣ |
| ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон | Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ | чордаҳуми ҳиҷрӣ | Қуръон ба Қуръон |
| Тафсири намуна | Носири Макорими Шерозӣ | понздаҳуми ҳиҷрӣ | иҷтимоӣ ва иҷтиҳодӣ |
| Тафсири тасним | Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ | понздаҳуми ҳиҷрӣ | Қуръон ба Қуръон |
Эзоҳ
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.1, саҳ.17; Кофиҷӣ, ат-Тайсир, саҳ.21.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.4.
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зери вожаи «фасар».
- ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Мантиқи тафсири Қуръон (1), саҳ.112.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.213.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.1, саҳ.21 - 22.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, ҷ.1, саҳ.36.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.1, саҳ.18.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.14, саҳ.397.
- ↑ Омулӣ, Тафсири ал-муҳит-ул-аъзам, ҷ.1, саҳ.131.
- ↑ Ҷалолиён, Таърихи тафсири Қуръони карим, саҳ.46.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.1, саҳ.111.
- ↑ Заркашӣ, ал-Бурҳон, ҷ.2, саҳ.157.
- ↑ Таботабоӣ, Қуръон дар Ислом, саҳ.70.
- ↑ Таботабоӣ, Қуръон дар Ислом, саҳ.71.
- ↑ Заркашӣ, ал-Бурҳон, ҷ.2, саҳ.158.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.1, саҳ.146 - 165; Ҷалолиён, Таърихи тафсири Қуръони карим, саҳ.70.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.11; Амиди Занҷонӣ, Мабонии равишҳои тафсири Қуръон, саҳ.361.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.14 - 12; Суюти, ал-Итқон, ҷ.4, саҳ.196.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.599.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.12; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.1, саҳ.71 - 69.
- ↑ Асъадӣ, Тафсиршиносӣ, саҳ.319 - 313.
- ↑ Аёзӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, саҳ.36.
- ↑ Ибни Ошур, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, ҷ.6, саҳ.47, ҷ.14, саҳ.163 - 164; Аёзӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, саҳ.36 - 37.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.24-25; Заҳабӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.1, саҳ.159 - 165.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.167 - 168.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.167 - 168.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.168-169.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.170-171.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.171.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.178.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.178.
- ↑ Суюти, ал-Итқон, саҳ.445 - 446.
- ↑ Тайибҳусайнӣ, «روش تفسیر ادبی», саҳ.806; Аҳмади Носиҳ, «تفسیر لغوی و ادبی قرآن از منظر روایات معصومان(ع)», саҳ.179.
- ↑ Ҳадидӣ, Тафосири адабии Қуръони карим, саҳ.1 - 2 ва 29.
- ↑ Заҳабӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.474.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.222.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.222.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.224.
- ↑ Асъадӣ, «بررسی و تحلیل چیستی، امکان، شرایط و ضرورت فهم فلسفی قرآن», саҳ.141; Бобоӣ, «پژوهشی در روایی یا ناروایی تفسیر فلسفی», саҳ.6.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.261.
- ↑ Асадинасаб, «مشروعیت و ضرورت تفسیر عرفانی», саҳ.79.
- ↑ Алавӣ, «جریانشناسی تفسیر عرفانی در اندلس», саҳ.253.
- ↑ Алавӣ, «جریانشناسی تفسیر عرفانی در اندلس», саҳ.253.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.273.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.271.
- ↑ Дафтари таблиғоти исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, ҷ.1, саҳ.1790.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.180.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.188.
- ↑ Маърифат, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.2, саҳ.188.
- ↑ Нукуном, «Тафсири таърихии Қуръони карим», саҳ.45.
- ↑ Садр, ас-Сунан-ут-таърихия фи-л-Қуръон, саҳ.54.
- ↑ Муаддиб, Равишҳои тафсири Қуръон, саҳ.245; Ҷамъе аз муаллифон, Тафсири Қуръон (таърихча, усул, равишҳо), саҳ.69; Кариминиё, «روششناسى تفسير فقهى», саҳ.90.
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, саҳ.365.
- ↑ Заҳабӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, ҷ.1, саҳ.265 ва 284 ва 363.
- ↑ Маърифат, Тафсир ва муфассирон, ҷ.1, саҳ.83.
- ↑ Ғаравӣ Ноинӣ, Имондор, «پیشنیازهای علم تفسیر بر پایه مقدمه تفاسیر قرآن», саҳ.78 - 80.
- ↑ Ақиқии Бахшоишӣ, Табақоти муфассирони шиа, ҷ.1, саҳ.127.
- ↑ Ғаравӣ Ноинӣ, Имондор, «پیشنیازهای علم تفسیر بر پایه مقدمه تفاسیر قرآن», саҳ.83.
Сарчашма
- Аёзӣ, Муҳаммадалӣ, ал-Муфассирун: ҳаётуҳум ва манҳаҷуҳум, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1414ҳ.қ./1373ҳ.ш.
- Ақиқии Бахшоишӣ, Абдурраҳим, Табақоти муфассирони шиа, Қум, Дафтари нашри Навиди ислом, 1371ҳ.ш.
- Алавӣ, Сайид Муҳаммад, «جریانشناسی تفسیر عرفانی در اندلس» (Ҷараёншиносии тафсири ирфонӣ дар Андалус), нашрияи Насими Кавсар, №11, соли севум, зимистони 1402ҳ.ш.
- Амиди Занҷонӣ, Аббосалӣ, Мабонӣ ва равишҳои тафсири Қуръон, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва интишороти исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Асадинасаб, Муҳаммад Алӣ, «مشروعیت و ضرورت تفسیر عرفانی» (Машруият ва зарурати тафсири ирфонӣ), дар маҷаллаи Қабасот, №102, 1400ҳ.ш.
- Асъадӣ, Алиризо, «بررسی و تحلیل چیستی، امکان، شرایط و ضرورت فهم فلسفی قرآن» (Баррасӣ ва таҳлили чистӣ, имкон, шароит ва зарурати фаҳми фалсафии Қуръон), Фаслиномаи илмӣ-пажӯҳишии Нақд ва назар, №106, 1401ҳ.ш.
- Асъадӣ, Муҳаммад, Тафсиршиносӣ: мабонӣ, сарчашмаҳо, қавоид, равишҳо ва гароишҳо, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1396ҳ.ш.
- Аҳмади Носиҳ, Алӣ, «تفسیر لغوی و ادبی قرآن از منظر روایات معصومان(ع)» (Тафсири луғавӣ ва адабии Қуръон аз манзари ривоёти маъсумон (а)), дар фаслиномаи Пажӯҳишҳои адабии Қуръон, соли 1, давраи 1, 1392ҳ.ш.
- Бобоӣ, Алиакбар, «پژوهشی در روایی یا ناروایی تفسیر فلسفی» (Пажӯҳише дар равоӣ ё норавоии тафсири фалсафӣ), дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои қуръонӣ, №3, №26, тирамоҳи 1400ҳ.ш.
- Ғаравӣ Ноинӣ, Наҳла ва Ҳамид Имондор, «پیشنیازهای علم تفسیر بر پایه مقدمه تفاسیر قرآن» (Пешниёзҳои илми тафсир бар пояи муқаддимаи тафосири Қуръон), Пажӯҳишҳои Қуръон ва Ҳадис, №2, тирамоҳу зимистони 1389ҳ.ш.
- Дафтари таблиғоти исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, бемакон, беном, бетаърих.
- Заркашӣ, Бадруддини Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, 1376ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Муҳаммадҳусайн, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабия, бетаърих.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор-ус-содир, 1414ҳ.қ.
- Ибни Ошур, Муҳаммадтоҳир ибни Муҳаммад, Тафсир-ут-таҳрир ва-т-танвир, Тунис, 1984.
- Кариминиё, Муҳаммадмаҳдӣ, «روششناسى تفسير فقهى» (Равишшиносии тафсири фиқҳӣ), маҷаллаи Қуръон ва илм, соли 6, №11, тирамоҳу зимистони 1391ҳ.ш.
- Кофиҷӣ, Муҳаммад ибни Сулаймон, ат-Тайсир фи қавоиди илми-т-тафсир, Қоҳира, Мактабат-ул-қудсӣ, 1419ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1407ҳ.қ.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, التفسیر و المفسرون (ат-Тафсир ва-л-муфассирун), Машҳад, ал-Ҷомеат-ур-ризавия ли-л-улум-ил-исломия, 1418ҳ.қ.
- Муаддиб, Ризо, Равишҳои тафсири Қуръон, Қум, Донишгоҳи Қум-Интишороти Ашроқ, 1380ҳ.ш.
- Нукуном, Ҷаъфар, «تفسیر تاریخی قرآن کریم» (Тафсири таърихии Қуръони карим), дар маҷаллаи Пажӯҳиши динӣ, №19, 1388ҳ.ш.
- Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Мантиқи тафсири Қуръон, Қум, Ҷомеат-ул-Мустафо ал-оламия, 1387ҳ.ш.
- Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, ас-Сунан-ут-таърихия фи-л-Қуръон, Димишқ, Дор-ут-таъориф ли-л-матбуот, 1432ҳ.қ.
- Суюти, Ҷалолуддин, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Қуръон дар Ислом, Қум, Интишороти Бустони китоб, 1388ҳ.ш.
- Тайибҳусайнӣ, Сайид Маҳмуд, «روش تفسیر ادبی» (Равиши тафсири адабӣ), дар Ҳамоиши миллии Қуръонпажӯҳии пешрафт ва равишшиносии тафсирӣ (маҷмуаи мақолаҳои Ҳамоиши миллии Қуръонпажӯҳӣ), 1396ҳ.ш. саҳ.-ҳои 804 - 807
- Ҳадидӣ, Ҳасан, Тафосири адабии Қуръони карим, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Паёми нур, 1393ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Интишороти Исро, 1398ҳ.ш.
- Ҷалолиён, Ҳабибуллоҳ, Таърихи тафсири Қуръон, Теҳрон, Интишороти Усва, 1378ҳ.ш.
- Ҷамъе аз муаллифон, Тафсири Қуръон (таърихча, усул, равишҳо), Теҳрон, Китоби марҷаъ, 1388ҳ.ш.
- Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1394ҳ.ш.