Хатми Қуръон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қуръон (хатми қуръон))

Хатми Қуръон ба маънои хондани Қуръон аз аввал то охир аст. Дар фарҳанги исломӣ барои хатми Қуръон фазоил ва осори маънавӣ ва моддии бисёре шумурда шуда ва яке аз мавоқеъи истиҷобат ва қабулии дуо баъд аз хатми Қуръон муаррифӣ шудааст. Хатми Қуръон ба шакли гуруҳӣ низ сурат мегирад. Дуоҳои фаровоне дар поёни ин амал дар ривоёт ворид шуда, ки муҳимтарин ва ҷомеътарини онҳо дуои чиҳилу дуввуми Саҳифаи Саҷҷодия аст.

Дар ривоёти мухталифе подоши аъмоли мухталиф бо хатми Қуръон санҷида ва хатми Қуръон ба унвони яке аз меъёрҳои савоби аъмол баён шудааст. Хатми Қуръон ба ангезаҳои мухталифе, монанди маърифат ва шинохти бештар, унс бо Худо, ҳадя ба рӯҳи амвот ё ҳатто рафъи мушкилоти зиндагӣ ва шифои бемор ва ғ. анҷом мегирад.

Мафҳумшиносӣ

Хатми Қуръон ба маънои қироати Қуръони Карим аз оғоз то поён аст.[1] Унвони «хатми Қуръон» аз садри Ислом барои мусулмонон ошно буда ва Пайғамбари Худо (с), Аҳли Байт ва саҳоба дар бораи чигунагӣ, замон, равиш ва савоби хатми Қуръони Карим сухан гуфтаанд.[2] Зоҳиран таъбири «маҷлиси хатм», ки барои даргузаштагон баргузор мешавад аз ҳамин «хатми Қуръон» гирифта шуда бошад; зеро расм аст, ки дар чунин маҷлисе як ё чанд бор Қуръонро хатм мекунанд.[3]

Фазилат

Дар ривоёт, савобҳо ва баракоти зиёде барои хатми Қуръони баён шудааст,[4] ки бархе махсуси замонҳои муайяне, монанди моҳи Рамазон ё маконҳои хоссе, монанди Маккаи мукаррамаанд ва бархе дар бораи тамоми замонҳо ва маконҳо ҳастанд.[5]

Дар ҳадисе аз Пайғамбар (с) омада ҳар кас Қуръонро хатм кунад, гӯё набувват дар ҷони ӯ ҷой гирифта, вале ба ӯ ваҳй намешавад.[Ёддошт 1][6]

Ҳамчунин Пайғамбар (с) фармуд: дуои хатмкунандаи Қуръон, иҷобат мешавад.[Ёддошт 2][7] Ҳамчунин бинобар ривояти дигаре аз Имом Содиқ (а) хатмкунандаи Қуръон дуояш мустаҷоб мешавад.[Ёддошт 3][8]

Дар ривоёти мухталифе савоби хатми Қуръон, яке аз меъёрҳои санҷиши савобу подоши дигар аъмол муаррифӣ шудааст. Барои намуна, савоби хондани як оят дар моҳи Рамазон[9] ё се бор хондани сураи Тавҳид дар моҳҳои дигар[10] ё намози хоссе дар шаби душанбе[11] муодили савоби хатми Қуръон дониста шудааст.

Одоб

Тиловати Қуръон одоби зоҳирӣ (монанди таҳорату оростагӣ)[12] ва ботинӣ (монанди ҳузури қалб ва тадаббур)[13] ва низ аҳкоме монанди вузуъ барои даст задан ба навиштаҳои китоб[14] дорад.

Хатми Қуръон низ одоби вижае дорад; аз ҷумла: хатми он дар рӯзи ҷумъа;[15] рӯзадорӣ дар рӯзи хатми Қуръон;[16] ва ин ки шахс пас аз ҳар хатм, ҳатто агар қасди хатми дубора ҳам надорад, сураи Фотиҳа ва панҷ ояти нахусти сураи Бақараро бихонад ва хатми Қуръонро ба фатҳи он (шурӯи муҷаддади тиловат аз ибтидои Қуръон) муттасил кунад.[17]

Ҳамчунин барои муддати хатми Қуръон одобе ривоят шудааст: монанди наҳй аз хатми Қуръон дар камтар аз се рӯз ва супориш ба хатми он дар се, панҷ ё ҳафт рӯз.[18] Барпояи ривояте хатми Қуръон дар шароити оддӣ дар камтар аз се рӯз ё як ҳафта писандида нест;[19] чароки дар суннати исломӣ ба фаҳми оёт беш аз такрор ва тааддуди тиловат тавваҷуҳ шудааст.[20] Дар ривояте аз Пайғамбар нақл шуда касе, ки дар камтар аз се рӯз Қуръонро хатм кунад ба фаҳми оёт даст намеёбад[21] ва чунин қироате ба хондани шитобзада ва бетавваҷуҳи оёт меанҷомад.[22][Ёддошт 4] Дар ҳадисе аз Имом Ризо (а) омадааст бо ин ки метавонам Қуръонро дар камтар аз се рӯз хатм кунам, ин корро намекунам то қироатам бетадаббур набошад. Дар айни ҳол, дар моҳи Рамазон сӣ то чиҳил бор хатми Қуръон муҷоз дониста шудааст.[23]

Хатми Қуръон барои ҳоҷиён дар муддати иқомат дар Макка супориш шудааст.[24] Дар ҳадисе омадааст: касе ки Қуръонро дар Макка хатм кунад, то пеш аз марг, Расули Акрам (с) ва низ ҷойгоҳи худро дар биҳишт мебинад.[25]

Бисёре аз афрод савоби қироат ё хатми Қуръонро ба пешгоҳи пайғамбарон, имомон ва имомзодагон, бузургони дин, шаҳидон ва амвоти худ ҳадя мекунанд. Дар бархе аз ривоёт барои эҳдои савоби хатми Қуръон ба маъсумон, подошҳое баён шудааст.[26]

Дар кишварҳои мухталиф одоби мутанаввеъе барои хатми Қуръон вуҷуд дорад. Дар бисёре маворид, дар поёни аввалин хатми навҷавонон, ангуштар ё ҳадяи дигаре ба ӯ медиҳанд.

Кароҳати қироат ва хатми Қуръон барои бонувон дар айёми одати моҳиёна ба маънои савоби камтар аст ва албатта ламси оёт ё қироати оят ё сураҳои саҷдадор ҷоиз нест.[27]

Хатми гурӯҳӣ

Маросими хатм гурӯҳии Қуръон дар моҳи Рамазон дар ҳарами ҳазрати Маъсума (а)

Хатми Қуръон ба ду сурат анҷом мешавад: хатми танҳоӣ ва хатми гурӯҳӣ.

Дар маҷлисҳои хатми гурӯҳӣ маъмулан ангезаи тиловат бештар аст.[28] Яке аз замонҳои хатми Қуръони моҳи мубораки Рамазон аст, ки қироати Қуръон дар он савоби зиёде дорад. Барои як хатм ё бештар дар ин моҳ, бар асоси теъдоди саҳифаҳои Қуръон равишҳои мухталифе ироа шудааст.[29] Ҷаласоти хатми Қуръон дар гузашта бештар дар манзил баргузор мешуд ва дар солҳои ахир дар бисёре аз масҷидҳо билофосила пас аз намози ҷамоат, як саҳифа аз Қуръон бо тарҷума тиловат мекунанд, ки ба мурур, хатми Қуръон шакл мегирад. Дар бархе ҳарамҳои Имомон ва имомзодагон низ маросими хатми дастаҷамъии Қуръон ба сурати рӯзона баргузор шуда ва савоби он ба рӯҳи соҳиби мазор ҳадя мегардад. [Ниёзманди манбаъ]. Навъи дигаре аз хатм, аз тариқи иртибототи паёмакӣ ё ширкат дар бархе сайтҳои интернетӣ аст. Ин гуна хатмҳо маъмулан барои саломатии Имоми Замон (аҷ), рафъи гирифторӣ ё дархости ҳоҷат аз Худованд ва ё бахшидани савоби он ба гузаштагон аст.

Дар маросими фотиҳахонии тозафавтшудагон низ Қуръонро ба сурати сӣ, шаст ё садубист бахшӣ тақсим мекунанд ва ҳаряк аз ширкаткунандагон маъмулан як пора аз онро қироат карда ва дар маҷмуъ як ё чанд хатми Қуръон сурат мегирад. Гӯё иллати номгузории маросими ёдбуди даргузаштагон ба «маҷлиси хатм» ҳамин суннати хатми ҷамъии Қуръон аст. Ба ин маҷлис, маҷлиси хатми дуо ё фотиҳахон низ гуфтаанд.[30]

Дуоҳои хатми Қуръон

«Хатми Қуръон» ба маънои хондани як давраи комили Қуръон аст, вале дар ҳангоми ба поён расондани ҳар сура ё ҳизб ва ҷузъе, метавон «дуоҳои хатми Қуръон»-ро хонд.[Ёддошт 5][31]

Дар ҳангоми қироати дуоҳои хатми Қуръон маъмулан шунавандагон дар поёни ҳар бахше аз дуо, «омин» ё «илоҳӣ омин» мегӯянд, далели ин корро низ ривояти Имом Алӣ (а) медонанд.[Ёддошт 6][32]

Бархе дуоҳои маъсур

"Аллоҳумма иннака аъантанӣ ало хатми китобик... أَللهُمَّ إنَّكَ أَعَنْتَنی عَلی خَتْمِ كِتابِكَ...давоми дуо"

  • Пайғамбари Акрам (с) дар ҳангоми хатми Қуръон, ин дуоро мехонданд: Аллоҳуммарҳамнӣ бил-Қуръон...! أَللهمَّ ارْحَمْنی بِالقرآنِ...[33]
  • Дуои дигари Пайғамбар (с): Аллоҳумма инни асъалуку ихботал мухбитин... أللهمَّ اِنّی أَسْئَلُكَ اِخْباتَ المُخْبِتینَ...[34]
  • Дуои Имом Содиқ (а) ҳангоми хатми Қуръон: Аллоҳумма, инни қад қараъту мо қазайта мин китобик... أللهمَّ انّی قَدْ قَرَأْتُ ماقَضَیتَ مِنْ كِتابِكَ...[35]

Бархе дуоҳои ғайримаъсур

Дар манобеи гуногун ва низ бархе Қуръонҳои чоппӣ, дуоҳои мутанаввеъе вуҷуд дорад, ки гарчи мафоҳими куллии он аз оёт ва аҳодис иқтибос шуда, аммо зоҳиран тавассути донишмандон ва қориёни хушзавқ баён шудаанд. Ба унвони намуна:

صَدَقَ اللهُ العَلی العَظیمُ وَ صَدَقَ رَسُولُهُ النَّبی الکریمُ وَ نَحْنُ عَلی ذلِكَ مِنَ الشَّاهِدینَ رَبَّنا تَقَبَّلْ مِنَّا اِنَّكَ أنْتَ السَّمیعُ العَلیمُ اللهمَّ ارْزُقنا بِكُلِّ حَرْفٍ مِنَ القرآنِ حَلاوَةً وَ بِكُلِّ جُزْءٍ مِنَ القُرآنِ جَزاءً اللهمَّ ارْزُقنا بِالأَلِفِ أُلْفَةً

...

صَدَقَ اللهُ أَعْلَی الصَّادِقینَ وَ منطِقَ جَمیعِ النَّاطِقینَ... أللهمَّ انْفَعْنا بِالقرآنِ العظیمِ وَاهْدِنا بِالآیاتِ وَالذِّکْرِ الحکیمِ وَ تَقَبَّلْ مِنَّا قِرائَتَهُ

...

اللهمَّ رَبَّنا تَقَبَّلْ مِنَّا خَتْمَ القرآنِ وَ تَجاوَزْ عَنْ ما کانَ مِنَّا فی تِلاوَتِهِ مِنْ خَطَأٍ أَوْ نُقْصانٍ

...

أَللهمَّ اجْعَلِ القرآنَ لَنا فِی الدُّنیا قَریناً وَ فِی القَبْرِ مُونِساً وَ فِی القِیامَةِ شَفیعاً

...

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис, ҷ.3, саҳ.383.
  2. Шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис, ҷ.3, саҳ.384.
  3. Шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис, ҷ.3, саҳ.384.
  4. Шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис, ҷ.3, саҳ.373-375.
  5. Шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис, ҷ.3, саҳ.384.
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.604.
  7. Маҷмаъ-уз-завоид, Нуриддин Алӣ Ҳайсамии Мисрӣ, ҷ.7, саҳ.256.
  8. Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, ҷ.12, саҳ.497.
  9. Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.1, саҳ.296.
  10. Амолии Садуқ, саҳ.86.
  11. Ҳар касе шаби душанбе ду ракъат намоз бихонад ва дар ҳар ракъати он як Ҳамд ва ҳафт маротиба сураи Тавҳид бихонад ва баъд аз тамом шудани намоз ҳафт маротиба тасбеҳоти арбаъа ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳилъалийилъазим бигӯяд, савоби хатми Қуръон барои ӯ навишта шавад.
  12. Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.615.
  13. Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.618.
  14. Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.620.
  15. Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, саҳ.322.
  16. Шарҳ-ул-муҳаззаби Нававӣ, ҷ.2, саҳ.168.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.605.
  18. Шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис, ҷ.3, саҳ.377 ва саҳ.384-387.
  19. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.618-619.
  20. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.614.
  21. Канз-ул-уммол, ҷ.1, саҳ.614.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.617.
  23. Руҷӯъ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.618.
  24. Ҳусайнӣ, Беҳтарини аъмол дар сарзамини Ҳаҷ, 1392ҳ.ш., саҳ.18.
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.612.
  26. Ҳаким, Чигуна Қуръон бихонем, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.32.
  27. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ношир: муассисаи танзим ва нашри осори имоми Хумайнӣ (раҳ), ҷ.1, саҳ.53.
  28. “Хатми Қуръон”, Насими ваҳй, 1386ҳ.ш., саҳ.6.
  29. “Хатми Қуръон”, Насими ваҳй, 1386ҳ.ш., саҳ.6.
  30. Луғатномаи Деҳхудо, модаи «хатм кардан».
  31. Қуръон ва одоби тиловати он, саҳ.43 ва 44.
  32. Баҳор-ул-анвор, ҷ.92, саҳ.206.
  33. أَللهمَّ ارْحَمْنی بِالقرآنِ وَاجْعَلْهُ لی اِماماً وَ نُوراً وَ هُدًی وَ رَحْمَةً. أَللهمَّ ذَكِّرْنی مِنهُ ما نَسیتُ وَ عَلِّمْنی مِنهُ ما جَهِلْتُ، وَارْزُقْنی تِلاوَتَهُ آناءَ اللَّیلِ وَالنَّهارِ، وَاجْعَلْهُ حُجَّةً لی یارَبَّ العالمینَ - Худоё! Ба ҳурмати Қуръон бар ман раҳм кун ва онро роҳнамо, нур, растгорӣ ва раҳмат бароям қарор деҳ. Худоё! Маро ба ончӣ ки фаромӯш кардаам, мутазаккир соз, ва ончиро ки намедонам, бар ман биомӯз, ва дар соъоти рӯзу шаб тиловати онро насибам гардон, ва онро ҳуҷҷату далелам қарор бидеҳ, эй Парвардигори ҷаҳониён!
  34. Зар ибни Ҳубайш нақл мекунад: дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Кӯфа ва дар маҳзари Амири мӯъминон Алӣ алайҳиссалом Қуръонро аз оғоз то поёнаш тиловат кардам... вақте ба ояти 22 сураи «Ҳа мим айн син қоф» расидам, он ҳазрат гирист; ба гунае ки ашк бар чеҳрааш ҷорӣ шуд. Сипас сарашро ба осмон бардошту фармуд: эй Зар! Ман дуо мекунам ва ту омин бигӯй. Онгоҳ чунин арза дошт: أللهمَّ اِنّی أَسْئَلُكَ اِخْباتَ المُخْبِتینَ، وَاخْلاصَ المُوقنینَ، وَ مُرافَقَةَالأَبرارِ، وَاسْتِحْقاقَ حَقائِقِ الایمان، وَالغَنیمَةَ مِنْ كُلِّ بِرٍّ وَالسَّلامَةَ مِن كُلِّ اِثْمٍ، وَ وُجُوبَ رَحْمَتِكَ، وَ عَزائِمَ مَغْفِرَتِكَ، وَالْفَوزَ بِالْجَنَّةِ، وَالنَّجاةَ مِنَ النَّارِ - Худоё! Ҳамоно ман дил ниҳодани дилдодагон, ихлоси аҳли яқин, ҳамроҳии некон, шоистагии дарёфти ҳақоиқи имон, баҳрамандӣ аз ҳамаи хубиҳо, масун мондан аз тамомии гуноҳон, шумули раҳматат, ба даст овардани бахшишҳои бузургат, растгорӣ ва расидан ба биҳиштат, ва наҷот ёфтан аз оташи ҷаҳаннамро, аз даргоҳи муқаддасат дархост мекунам. Амирулмӯъминин алайҳиссалом дар поён, ба ман фармуд: «Эй Зар! Ҳаргоҳ Қуръонро хатм намудӣ, ин дуоро бихон; зеро дӯст ва маҳбубам Пайғамбари Худо (с) маро дастур ва супориш дода буд, ки ба ҳангоми хатми Қуръон бо ин калимот, дуо бихонам!». Биҳор-ул-анвор, ҷ.92, саҳ.206 ва 207.
  35. أللهمَّ انّی قَدْ قَرَأْتُ ماقَضَیتَ مِنْ كِتابِكَ الَّذی أَنْزَلْتَهُ عَلی نَبِیكَ الصّادِقِ صلی الله علیه وآله وسلم، فَلَكَ الحمدُ رَبَّنا، اللهمَّ اجْعَلْنی مِمَّنْ یحِلُّ حَلالَهُ وَ یحَرِّمُ حَرامَهُ وَ یؤْمِنُ بِمُحْکْمِهِ وَ مُتَشابِهِه، وَاجْعَلْهُ لی اُنْساً فی قَبْری وَ اُنساً فی حَشْری، وَاجْعَلْنی مِمَّنْ تُرْقیهِ بِكُلِّ آیةٍ قَرَأَها دَرَجَةً فی أَعْلی عِلِّیینَ، بِرَحْمَتِكَ یا أَرْحَمَ الرَّاحِمینَ. - Худоё! Ҳамоно ман ончиро ки аз китобат баён намудаӣ, тиловат кардам; ҳамон китобе, ки бар Пайғамбари ростгӯят фурӯ фиристодӣ. Парвардигоро! Сипосу ситоиш, сазовори Туст. Худовандо! Маро ҷузви гурӯҳе қарор деҳ, ки ҳалоли Қуръонро, ҳалол ва ҳаромашро, ҳаром шуморида ва ба муҳкам ва муташобеҳи он, мӯътақиданд. Ва Қуръонро дар гӯрам ва ҳангоми ҳашру зинда шуданам, анису мунисам соз, ва низ маро ҷузви касоне қарор деҳ, ки ба сабаби тиловати ҳар ояте, онҳоро ба волотарин мақомоти (биҳиштӣ) мерасонӣ ва бар дараҷаи онон меафзоӣ. Ба раҳматат, эй меҳрубонтарини меҳрубонон! Биҳор-ул-анвор, ҷ.92, саҳ.207

Ёддошт:

Сарчашма

  • Саҳифаи Саҷҷодия.
  • Ибни Бобавайҳ (Шайхи Садуқ), ал-Амолӣ, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Бобавайҳ (Шайхи Садуқ), Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, 1368ҳ.ш.
  • Ибни Бобавайҳ (Шайхи Садуқ), Уюну ахбор-ир-Ризо, чопи Маҳдии Лоҷавардӣ, Қум, 1363ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Довуд, Беҳтарини аъмол дар сарзамини Ҳаҷ, Теҳрон, Машъар, 1392ҳ.ш.
  • Ҳаким, Муҳаммадтақӣ, Чигуна Қуръон бихонем, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • “Хатми Қуръон”, дар маҷаллаи Насими ваҳй, шумораи 7, шаҳривари 1386ҳ.ш.
  • Шаҳидипур, Муҳаммадризо ва бахши улуми қуръонӣ, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Қум, Бустони китоб, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Омилӣ, Ҷаъфари Муртазо, Ҳақоиқу ҳомма ҳавл-ал-Қуръон-ил-карим, Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Эҳёу улумиддин, Бейрут, 1412ҳ.қ./1992.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳсин, Қуръон ва одоби тиловати он, тарҷумаи Доктор Асадуллоҳи Носеҳ, Теҳрон, Конуни интишороти Муҳаммадӣ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ.
  • Муттақӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, чопи Бакрӣ Ҳаёнӣ ва Сафва Саққо, Бейрут, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис, Қум, Дорулҳадис, 1391ҳ.ш.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Маҷмуъ: Шарҳ-ул-муҳаззаб, Бейрут, Дорулфикр.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found