Сайид Ҳасан Насруллоҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шаҳид Сайид Насруллоҳ)
Сайид Ҳасан Насруллоҳ
ЛақабСайиди муқовимат
Санаи таваллуд1960
Зодгоҳшаҳраки Албозурия
Санаи шаҳодат27 сентябри 2024
Маҳалли шаҳодатЛубнон
ХешовандонФотимаёсин (Уммиҳодӣ - ҳамсар) • Ҳодӣ (фарзанд) • Муҳаммадҷавод (фарзанд) • Муҳаммадалӣ (фарзанд) • Муҳаммадмаҳдӣ (фарзанд) • Зайнаб (фарзанд)
УстодонСайид Аббоси МусавӣСайид Муҳаммадбоқири Садр
СиёсӣДабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон
Шинохташуда бароиМубориза бо истикбор ва саҳйюнизми ҷаҳонӣ
Имзо


Сайид Ҳасан Насруллоҳ (арабӣ: السید حسن نصرالله) (2024 - 1960) рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шиаи аҳли Лубнон, сеюмин дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва аз бунёнгузорони он буд. Ҳизбуллоҳ дар даврони вай ба қудрати минтақаӣ табдил шуд. Озодсозии ҷануби Лубнон дар соли 2000 аз дасти ишғоли Исроил ва пирзўӣ дар ҷанги 33-рӯза дар соли 2006 дар замони дабиркулии Насруллоҳ рӯй дод. Ба ҳамин ҷиҳат низ ӯро "Сайиди муқовимат" номидаанд. Ҳамчунин ӯ ба далели муқовимату пирӯзиҳои чандбора дар баробари Исроил, ба унвони маҳбубтарин шахсият ё раҳбар дар ҷаҳони араб ва Ислом ва қудратмандтарин раҳбари ҷаҳони араб ва Ховари Миёна муаррифӣ шудааст.

Насруллоҳ донишомӯхтаи ҳавзаи илмияи Наҷаф буд. Иртибот ӯ бо Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар Наҷаф ва Сайид Аббоси Мӯсавӣ боис шуд, ки вориди фазои мубориза бо ишғолгарии Исроил шавад. Сайид Ҳасан аз соли 1975 то 1982 узви Ҷунбиши Амал буд; аммо дар соли 1982 бо гурӯҳе аз рӯҳониюни мубориз аз он ҷунбиш ҷудо шуда Ҳизбуллоҳи Лубнонро таъсис карданд. Ӯ пас аз шаҳодати Сайид Аббоси Мӯсавӣ дар 16 феврал 1992, ба иттифоқи назари аъзои Ҳизбуллоҳ ба унвони дабири кул интихоб шуд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, рӯзи ҷумъа 27 сентябри 2024 дар паи бомбаборони Зоҳияи Бейрут дар ҷануби Лубнон тавассути режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид. Шаҳодати ӯ вокунишҳои мутаъаддиде дар пай дошт. Сайид Алӣ Хоманаӣ - раҳбари Эрон, мароҷеъи тақлид ҳамчун Сайид Алӣ Систонӣ, Носир Макорими Шерозӣ, Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ ва мақомоту давлатҳои кишварҳои мухталиф ва гурӯҳҳои муқовимат монанди Ҷунбиши ҲАМОС, Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷунбиши Ансоуллоҳи Яман, Ҷунбиши Фатҳ, гурӯҳи Асоибу аҳл-ил-ҳақ, Ҷунбиши Амли Лубнон, Ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ, Ҷараёни Садр дар Ироқ, низ бо судури баёнияе шаҳодати Сайид Ҳасанро таслият гуфтанд ва ҳамалоти Исроилро маҳкум карданд. Дар Эрон панҷ рӯз ва дар Лубнон, Сурия, Ироқ ва Яман низ се рӯз азои умумӣ эълом шуд.

Насруллоҳ пеш аз шаҳодаташ, чандин бор дар солҳои 2004, 2006 ва 2011 аз сӯи нерӯҳои исроилӣ мавриди сӯиқасд қарор гирифта ва ҷони солим ба дар бурда буд.

Писари бузурги вай, Сайид Муҳамадҳодӣ низ дар соли 1997 ҳини даргирӣ бо нерӯҳои исроилӣ ба шаҳодат расид.

Сайиди муқовимат ва мубориза бо ишғолгарии Исроил

Сайид Ҳасан, аз чеҳраҳои машҳури Лубнон,[1] ба ҷиҳати нақши худ ва Ҳизбуллоҳ дар озодсозии ҷануби Лубнон дар 2000 ки пас аз 22 сол ишғоли Исроил буд ва ҳамчунин пирӯзӣ дар ҷанги 33-рӯза ба ӯ «Сайиди Муқовимат» лақаб дода шуд.[2] Ӯ ҳамчунин дар озодии асирони лубнонӣ ва бозпасгирии аҷсоди муборизони муқовимат аз дасти Исроил нақши муҳимме дошт.[3]

Насруллоҳ ба далели муқовимат ва пирӯзиҳои чандбора дар баробари Исроил, ба унвони маҳбубтарин шахсият дар ҷаҳони араб ва Ислом,[4] маҳбӯбтарин раҳбар дар ҷаҳони араб[5] ва бошаҳоматтарин ва қудратмандтарин раҳбари ҷаҳони араб ва Ховари Миёна[6] муаррифӣ шудааст. Суханони ҳамосӣ ва шахсияти қавии ӯро аз ҷумла омилҳои маҳбубияти ӯ дар ҷаҳони Ислом донистаанд.[7]

Дабиркулии Ҳизбуллоҳи Лубнон

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, пас аз шаҳодати Сайиди Аббоси Мӯсавӣ дар 16 феврали соли 1992, бо иҷмоъи аъзои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба унвони дабири кулли он ҳизб интихоб шуд.[8] Вай ҳангоми пазириши дабиркулии Ҳизбуллоҳ 32-сола буд.[9]

Гуфта шуда Ҳизбуллоҳ дар замони раҳбарии Сайид Ҳасан ба қудрати минтақаӣ табдил шуд[10] ва ба пирӯзиҳое бар режими саҳюнистӣ даст ёфт, ки муҳимтарини он озодсозии ҷануби Лубнон дар соли 2000 ва ҷанги 33-рӯза дар 2006 шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар 2017 гуфта шудааст.[11]

Иртибот бо гурӯҳҳои муқовимат

Дидори Сайид Ҳасан Насруллоҳ (аввалин нафари самти рост) ва Сайид Аббос Мӯсавӣ (аввалин нафари самти чап) бо Оятуллоҳ Хоманаӣ (1370ҳ.ш.\1991)

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ҷойгоҳи дабиркуллии Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамвора бо меҳвари муқовимат робитаи наздике дошт. Ӯ бо раҳбарони Эрон ва гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ ҳамчун ҲАМОС муттаҳид буд.[12] Ӯ дар ҷараёни ҳамалоти Исроил ба Ғазза пас аз Тӯфон-ул-ақсо, ҷабҳае дар ҷануби Лубнон барои ҳимояту пуштибонӣ аз муқовимати Фаластин эҷод кард ва эълом кард ин ҷабҳа то поёни ҷанги Ғазза идома хоҳад дошт.[13] Ҳизбуллоҳи Лубнон дар давраи дабиркулии ӯ бо ҷунбиши Амали Лубнон низ робитаи хубу дӯстонае дошт.[14]

Иртибот бо Эрон

Ӯ борҳо ба Эрон сафар кардааст.[15] Ва дар ҷаласоти мухталиф ба эроди суханронӣ пардохта ва дидорҳоеро низ бо мақомоти эронӣ доштааст. Ӯ бо бархе аз фармондиҳони низомии эрони равобите дӯстона дошт.[16] Вай борҳо дар суханрониҳо ва ҷаласоти худ ба ҳимоятҳои Эрон аз Ҳизбуллоҳ тасреҳ кардааст.[17] Вай дар суханрониҳояш аз Эрон дифоъ мекард ва онро вазифае бар асоси қонуни вафодорӣ медонист.[18]

Сайид Ҳасан Насруллоҳ

Мо муътақидем Язиди ин даврон ки бояд карбалоӣ, ҳусайнӣ ва зайнабӣ бо ӯ муқобила кунем, пуружаи амрикоии саҳюнизм аст. Пуружае ки уммат, тамаддун, адёни осмонӣ, миллатҳо ва муқаддасоти моро таҳдид мекунад. Ва мо дар баробари ин Язид, ҳусайнӣ ва зайнабӣ будаем ва хоҳем монад. Ин набард барои мо дар авлавияти мутлақ хоҳад монад.[19]

Зиндагинома ва таҳсилот

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дар 31 августи 1960 дар маҳаллаи фақирнишини Карнатино дар шарқи Бейрут ба дунё омад. Падараш Сайид Абдукарим ва модараш Наҳадия Сафиюддин аҳли рӯстои Албозурия аз тавобеъи шаҳри Сувар дар ҷануби Лубнон буданд, ки ба Бейрут муҳоҷират карда буданд.[20] Дар бархе манобеъ гуфта шуда вай дар Бозурия мутаваллид шудааст.[21] Сайид Ҳасан дорои се бародар ва панҷ хоҳар аст[22] ва дар навҷавонӣ ба ҳамроҳи бародаронаш дар мағозаи Мевафурӯшии падараш кор мекард.[23]

Инфографияи зиндагии Сайид Ҳасан Насруллоҳ

Насруллоҳ давраи ибтидоиро дар мадрисаи хусусии ан-Наҷоҳ дар минтақаи ат-Тарбавия гузаронд ва бо оғози ҷангҳои дохилии Лубнон дар апрели 1975 ҳамроҳи хонавода ба рӯстои Бозурия, зодгоҳи падараш мунтақил шуд ва таҳсилоти миёнаи худро дар шаҳри Сувар идома дод.[24]

Сайид Ҳасан дар шонздаҳсолагӣ (1976) бо ташвиқи Сайид Муҳаммад Ғаравӣ, имоми ҷумъаи шаҳри Сувар ва аз дӯстони Сайид Муҳаммадбоқири Садр, барои фарогирии улуми динӣ ба Наҷаф муҳоҷират кард. Сайид Муҳаммад, таи номае Сайид Ҳасанро ба Муҳаммадбоқири Садр муаррифӣ кард. Шаҳид Садр низ Сайид Аббоси Мӯсавиро барои назорат ба вазъияти илмӣ ва таъмини ниёзҳои Сайид Ҳасан Насруллоҳ гумошт.[25] Сайид Ҳасан дар соли 1978 дарсҳои муқаддамотии ҳавзаро ба поён расонд ва пас аз ду соли иқомат дар Наҷаф, ба далели фишорҳои режими баъси Ироқ,[26] ба Лубнон бозгашт. Ӯ бо таъсиси мадрасаи Имоми Мунтазар дар соли 1979 дар Баълабак, дарсҳои ҳавзавии худро идома дод ва ҳамзамон ба тадрис машғул шуд.[27] Ӯ дар соли 1989 ба муддати як сол дар Қум таҳсил кардааст.[28] Далели бозгашти Насруллоҳ ба Лубнонро шоеъоти мабнӣ бар ихтилофи ӯ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ташдиди ихтилофоти Ҳизбуллоҳ бо ҷунбиши Амал ва исрори шӯрои раҳбарӣ донистаанд.[29]

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ҷавонӣ

Ҳамсару фарзандон

Насруллоҳ соли 1978 дар синни 18-солагӣ бо Фотимаи Ёсин издивоҷ кард ки ҳосили он се писар ба номҳои Муҳаммадҳодӣ, Муҳаммадҷавод ва Маҳмадалӣ ва як духтар ба номи Зайнаб буд.[30] Сайид Муҳаммадҳодӣ фарзанди бузурги ӯ, дар 12 сентябри 1997 дар дар даргирӣ бо нерӯҳои гашти Исроил дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расид. Ҷанозаи вай ба дасти саҳюнистҳо афтод ва як соли баъд дар амалиёти табодул миёни Исроилу Ҳизбуллоҳ ба Лубнон бозгардонда шуд.[31]

Фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ

Сайид Ҳасан Насруллоҳ аз овни навҷавонӣ вориди фаъолиятҳои сиёсӣ шуд.

  • Ӯ пас аз поёни давраи мактаби миёна дар соли 1975 масъули ҷунбиши Амал дар зодгоҳаш шаҳраки Албозурия шуд.
  • Вай пас аз бозгашт аз Наҷаф дар соли 1979 ба узвияти дафтари сиёсии ҷунбиши Амал даромад ва намояндаи ин ҷунбиш дар дарраи Буқоъ шуд.[32]
  • Дар соли 1982 ба ҳамроҳи гурӯҳе дигар аз рӯҳониюни мубориз аз ташкилоти Амал ҷудо шуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро таъсис карданд.
  • Вай аз соли 1982 то 1992 фаъолиятҳои худро дар Ҳизбуллоҳ равона кард. Вай илова бар ин ки дар шӯрои марказии ҳизб ҳузур дошт масъули омодасозии нерӯҳои муқовимат ва таъсиси ҳастаҳои низомӣ буд. Вай муддате муовини Иброҳим Аминуссаид (масъули Ҳизбуллоҳ дар Бейрут) ва муддате ҳам муовини иҷрои Ҳизбуллоҳ буд.[33]

Террорҳои нофарҷом

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар солҳои масъулияташ чандин бор мавриди таҳдиди террористӣ воқеъ шудааст. Бархе аз ин тарҳҳои террор иборатанд аз:

  • Террор аз тариқи масмумияти ғизоӣ (2004)
  • Бомбаборони бурҷи маҳалли сукунати вай тавассути ҳавопаймоҳои исроилӣ (2006)
  • Дастгирии гурӯҳи террористӣ ки ҳадафашон ҳамлаи хумпораӣ ба мошини Сайид Ҳасан Насруллоҳ будааст (2006)
  • Таркондани биное, ки тасаввур мешуд Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар он ҳузур дорад тавассути ҳавопаймоҳои исроилӣ (2011)

Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба далели таҳдидоти амниятӣ дар солҳои ахир камтар дар анзори умумӣ ҳозир мешуд ва тими ҳифозатии вижае масъулияти ҳифозати вайро бар ӯҳда дошт.[34] Абӯалӣ Чавод - домоди Сайид Ҳасан Насруллоҳ, масъулияти ин тимро бар ӯҳда дошт.[35]

Шаҳодат

Паёми таслияти Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон

Муҷоҳиди кабир, парчамдори муқовимат дар минтақа, олими бофазилати динӣ ва раҳбари мудаббири сиёсӣ, ҷаноби Сайид Ҳасан Насруллоҳ ризвонуллоҳи алайҳ, дар ҳаводиси дишаби Лубнон ба файзи шаҳодат ноил омад ва ба малакут парвоз кард. Сайиди азизи муқовимат подоши даҳҳо сол ҷиҳоди фи сабилиллоҳ ва душвориҳои онро дар хилоли як пайкори муқаддас дарёфт кард... Файзи шаҳодат пас аз ин ҳама муҷоҳидат ҳаққи мусаллами ӯ буд. Дунёии Ислом, шахсияте боазаматро; ва ҷабҳаи муқовимат парчамдоре барҷастаро, ва Ҳизбуллоҳи Лубнон раҳбаре камназирро аз даст дод, вале баракоти тадбиру ҷиҳоди чанддаҳсолаи ӯ ҳаргиз аз даст нахоҳад рафт. Асосе ки ӯ дар Лубнон поягузорӣ кард ва ба дигар марокизи муқовимат ҷиҳат бахшид, бо фиқдони ӯ на танҳо аз миён нахоҳад рафт, ки ба баракати хуни ӯ ва дигар шаҳидони ин ҳодиса истеҳкоми бештар хоҳад ёфт. Заработи ҷабҳаи муқовимат бар пайкари фарсуда ва рӯ ба заволи режими саҳюнӣ, ба ҳавлу қувваи Илоҳӣ кӯбандатар хоҳад шуд. Зоти палиди режими саҳюнӣ дар ин ҳодиса, ба пирӯзӣ даст наёфтааст. Сайиди муқовимат, як шахс набуд, як роҳ ва як мактаб буд, ва ин роҳ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Хуни шаҳид Сайид Аббоси Мӯсавӣ бар замин намонд, хӯни шаҳид Сайид Ҳасан ҳам бар замин нахоҳад монд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, рӯзи ҷумъа 27 сентябри 2024 дар паи бомбаборони минтақа шиъанишини Зоҳия дар ҷануби Лубнон тавассути режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид. Артиши ин режим муддаӣ шудааст маркази фармондеҳӣ ва маҳали баргузарии ҷаласоти Ҳизбуллоҳро ҳадаф қарор додааст.[36] Пас аз ин ҳамла, артиши Исроил аз кушта шудани Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва бархе дигар аз фармондиҳон монанди Алии Каракӣ хабар дод[37] ва Ҳизбуллоҳ дар эъломияе дар 28 сентябри 2024 шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳро эълом ва таъйид кард.[38] Хабари шаҳодати ӯ дар ҳарами Имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад низ эъломи умумӣ шуд.[39]

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ омадааст «Сайиди муқовимат, бандаи солеҳ Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ба унвони шаҳиде бузургвор, раҳбаре шуҷоъ, диловар, ҳаким, басир ва муъмин, ба қофилаи ҷовидони шуҳадои Карбало ва ҷавору ризвони Илоҳӣ пайваст».[40]

Ба нақли шабакаи Алҷазира аз расонаҳои исроилӣ, Исроил дар ин бомбаборон ҳудуди 85 бомбаи сангаршикани як ё дутоннагӣ истифода кард; дар ҳоле ки Конвенсияи Женева истифода аз чунин бомбҳоеро мамнуъ эълом кардааст.[41]

Вокунишҳо

Шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ вокунишҳоеро дар пай дошт. Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон,[42] ва мароҷеъи тақлид ҳамчун Сайид Алӣ Систонӣ,[43] Носир Макорими Шерозӣ,[44] Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ,[45] Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум[46] паёми таслият содир карданд.

Давлату мақомоти кишварҳои мухталиф ҳамчун Эрон, Русия, Ироқ, Яман[47] ва гурӯҳҳои муқовимат монанди Ҷунбиши ҲАМОС, Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Ҷунбиши Фатҳ, Гурӯҳи Асоибу аҳл-ил-ҳақ, Ҷунбиши Амали Лубнон, Сайид Аммори Ҳаким - раҳбари Ҷараёни ҳикмати миллии Ироқ, Муқтадо Садр - раҳбари ҷараёни садр дар Ироқ, низ бо судури баёнияе шаҳодати Сайид Ҳасанро таслият гуфтанду ҳамалоти Исроилро маҳкум карданд.[48]

Дар Эрон панҷ рӯз[49] ва дар Лубнон,[50] Сурия,[51] Ироқ[52] ва Яман[53] се рӯз азои умумӣ эълом шуд. Ҳавзаҳои илмияи Эрон рӯзи якшанбе таътил эълом шуд ва туллобу рӯҳониюн дар маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ иҷтимоъ ва роҳпаймоӣ карданд.[54] Дар Эрон тамоми толорҳои синамову театр таътил шуд.[55]

Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, бо таслияти шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ, судури фармони ин ҳамлаи террористиро аз Амрико донист ва тасреҳ кард, ки Амрико наметавонад худро аз ҳамдастӣ бо режими саҳюнистӣ табраъа кунад.[56]

Ҷавонони Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ, дар эътироз ба ҳамалоти Исроил ба Лубнон ва эъломи вафодорӣ ба Сайид Ҳасан Насруллоҳ, барои ширкат дар роҳпаймоии хашм фарохон доданд.[57]

Аз нигоҳи дигарон

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар тақриз бар китоби "Сайиди азиз": Ҳар чизе ки мояи шинохту такрими бештари он Сайид азиз шавад, хуб ва барои ман матлуб аст.[58]

Рӯзномаи англисӣ «The Daily Telegraph»: «Насруллоҳ яке аз раҳбарони шигифтисоз дар Ховари Миёна аст[59]

Рӯзномаи англисӣ «The Times»: «Сайид Ҳасан Насруллоҳ марди лаҳзаҳост, ки ситораи бахту хушшансии вай бар вайронаҳои сохтмонҳое ки бомбҳои исроилӣ онҳоро вайрон карданд, дурахшид.»[60]

Рӯзномаи амрикоии «The Washington Post»: «Насруллоҳ аз бузургтарин асрори Ҳизбуллоҳ ба шумор меравад.»[61]

Осор дар бораи Насруллоҳ

Дар бораи шахсияти Сайид Ҳасан Насруллоҳ осори гуногуне тавлид шудааст. Бархе аз ин осори иборатанд аз:

Аз суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар рӯзи Ошӯрои соли 1434ҳ.қ. (24 ноябри 2012):

Бо рӯҳу ҷону фарзандону амволамон ба Ҳусайн (а) мегӯем: «Лаббайка ё Ҳусайн». Мо ба ин паймону даъват пушт нахоҳем кард... Ба ҳамаи тоғӯтон, мутаҷовизон, муфсидон, фурсатҷӯён ва касоне ки ба шикастани азму ирода ва истодагии мо дил бастаанд мегӯем мо фарзандони он Имом, он мардон ва он занону бародарон ва он ҷавононе ҳастем ки рӯзи Ошуро бо Ҳусайн истоданд ва ин ҷумлаи Ҳусайнро хитоб ба таърих гуфтанд ки: Ҳайҳот минна-з-зилла![62]

Осори мактуб

  • Китоби "Сайиди азиз" (зиндагиномаи худгуфтаи ҳуҷҷатулислом Сайид Ҳасан Насруллоҳ) ба кӯшиши Ҳамиди Довудободӣ. Ин китоб бо тақризи Оятуллоҳ Хоманаӣ мунташир шудааст;
  • Китоби "Озодтарин марди ҷаҳон" таълифи Рошиди Ҷаъфарпур;
  • Китоби "Насруллоҳ; гуфтугӯи Муҳаммадризо Зоирӣ бо Сайид Ҳасан Насруллоҳ";
  • Китоби "Раҳбарии инқилобии Сайид Ҳасан Насруллоҳ" таълифи Озито Бидуқии Қарабоғ.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ

Мустанад ва оҳанг

  • Мустанади "Нигоҳе ба зиндагии Сайид Ҳасан Насруллоҳ" пахшшуда аз шабакаи Хабар.
  • Мустанади "Мунодиёни озодӣ" (қисмати Сайид Ҳасан Насруллоҳ) пахшшуда аз шабакаи Хабар.
  • Мустанади "Насруллоҳ дар чашми душманон" - шабакаи ал-Маёдин ин мустанади 50 дақиқаиро бар асоси суханрониҳои Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва бо истифода аз тасовир, таҳлили коршиносон ва таҳлилгарони исроилӣ таҳия кардааст.
  • Мустанади "Ҳикояти Ҳасан" - ин мустанад аз шабакаи ал-Арабия пахш шуд ва дар он дар бораи чигунагии қудрат ёфтан ва маҳбӯбияти Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар Лубнон матолибе баён шудааст. Пахши ин мустанад тавассути шабакаи ал-Арабия, бо эътирози душманони Сайид Ҳасан Насруллоҳ мувоҷеҳ шуд ва мудири шабакаи ал-Арабия ба хотири пахши ин мустанад аз мансаби хеш барканор шуд.[63]

Оҳангҳо ва намоҳангҳои гуногуне аз сӯи хонандагон барои Сайид Ҳасан тавлиду пахш шудааст, ки бархе аз онҳо аз ин қароранд: оҳанги «Насруллоҳ» бо садои Алии Нафарӣ,[64] намоҳанг ба забони арабӣ «Ё Насраллоҳ» («یا نصرالله») бо садои Алӣ ал-Аттор, намоҳанги форсии «Мо боз мегардем» бо садои Алиризо Ализода,[65] намоҳанги форсии «Вақти муҷозот» бо садои Ҳусайни Ризоӣ,[66] намоҳанги форсӣ ва арабии «Ошиқони қадимӣ» бо садои Умеди Маънавӣ,[67] намоҳанги «Амонатдори бонуи Димишқ» асари дузбона (форсӣ ва арабӣ) бо садои Муҷтабо Минутан ва Ҳомиди Маҳзарниё,[68] оҳанги «Ё Сайидӣ» («یا سیدی») ва оҳанги «Ли-с-Сайиди Рабби яҳмиҳ» («للسید رب یحمیه») бо садои Бассоам Шамс, оҳанги «Ё Насраллоҳ» бо садои Ало Залзалӣ хонандаи лубнонӣ (2007).[69]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нурӣ, Шиъаёни Лубнон, 1389ҳ.ш., саҳ.172
  2. «حسن نصر الله.. خریج الحوزات الذی یقود حزب الله اللبنانی», вебсайти ал-Ҷазира.
  3. «حسن نصر الله.. خریج الحوزات الذی یقود حزب الله اللبنانی», Шабакаи ал-Ҷазира
  4. «روزنامه آلمانی: سید حسن نصرالله محبوب‌ترین شخصیت جهان عرب و اسلام است», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  5. «نصرالله محبوب‌ترین رهبر جهان عرب», Хабаргузории Ҷоми Ҷам-Онлайн
  6. «محافل صهیونیست: نصرالله با شهامت‌ترین رهبر جهان عرب است», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  7. «حسن نصر الله.. خریج الحوزات الذی یقود حزب الله اللبنانی», Шабакаи ал-Ҷазира
  8. «الأمین العام لحزب الله السید حسن نصرالله», вебсайти ал-Ханодиқ; «سید حسن نصرالله: سمبل مقاومت», вебсайти Диплумосии эронӣ
  9. «سید حسن نصرالله: سمبل مقاومت», вебсайти Диплумосии эронӣ
  10. «سید حسن نصرالله به شهادت رسید», Хабаргузории ИСНА
  11. «الأمین العام لحزب الله السید حسن نصرالله», вебсайти ал-Ханодиқ
  12. «حسن نصرالله نزدیک‌ترین متحد ایران و دشمن سرسخت اسرائیل که بود؟», Еврониюс
  13. «حسن نصر الله.. خریج الحوزات الذی یقود حزب الله اللبنانی», Шабакаи ал-Ҷазира
  14. «سید حسن نصرالله: من سخنگوی ایران نیستم», Хабаргузории Интихоб
  15. سفر شهید عماد مغنیه و سید حسن نصرالله به شمال ایران
  16. گزارش تصویری حضور سید حسن نصرالله در منزل سردار شهید احمد کاظمی, Сайти Муқовимат
  17. سید حسن نصرالله: پهپاد ساخت ایران بود و ما آن را فرستادیم, Сайти хабарии Тобнок
  18. سید حسن نصرالله: من سخنگوی ایران نیستم, Сайти хабарии Интихоб
  19. سخنرانی سید حسن نصرالله، دبیر کل حزب الله لبنان، در روز عاشورا 1434, Сайти Муқовимати исломии Лубнон
  20. «سید حسن نصرالله», Вебгоҳи Фарҳехтагони тамаддуни шиъа; «سید حسن نصرالله رهبر و الگوی جهان عرب», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  21. «حسن نصر الله.. خریج الحوزات الذی یقود حزب الله اللبنانی», Шабакаи ал-Ҷазира; «سید حسن نصرالله: سمبل مقاومت», вебгоҳи Дилумосии эронӣ
  22. «حسن نصر الله.. خریج الحوزات الذی یقود حزب الله اللبنانی», Шабакаи ал-Ҷазира
  23. «زندگینامه: سید حسن نصرالله», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-Онлайн
  24. Хомаёр, «حزب الله و سید حسن از جنگ‌های داخلی تا جنگ ۳۳ روزه», Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Имом Мӯсо Садр
  25. Хомаёр, «حزب الله و سید حسن از جنگ‌های داخلی تا جنگ ۳۳ روزه», Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Имом Мӯсо Садр
  26. Хомаёр, «حزب الله و سید حسن از جنگ‌های داخلی تا جنگ ۳۳ روزه», Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Имом Мӯсо Садр
  27. «زندگینامه: سید حسن نصرالله», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-Онлайн; «سید حسن نصرالله», Вебгоҳи Фарҳехтагони тамаддуни шиа
  28. Нурӣ, Шиъаёни Лубнон, 1389ҳ.ш., саҳ.144
  29. Хомаёр, «حزب الله و سید حسن از جنگ‌های داخلی تا جنگ ۳۳ روزه», Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Имом Мӯсо Садр
  30. «سید حسن نصرالله», Вебгоҳи Фарҳехтагони тамаддуни шиа
  31. «سید هادی نصرالله که بود؟», Хабаргузории Байналмилалии Қудс
  32. زندگی‌نامه سید حسن نصرالله, Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-Онлайн
  33. صحیفة الوحده: السید حسن نصر الله سیرة ذاتیة.. قوة شخصیة وعبقریة
  34. صحیفة معاریف تنشر تقریراً مخابراتیاً مفصلاً عن حیاة حسن نصر الله و أمنه
  35. حقائق تکشف لاول مرة عن ابو علی مرافق السید نصرالله…...
  36. «انفجارهای مهیب در بیروت؛ اسرائیل: مقر فرماندهی مرکزی حزب‌الله را هدف گرفتیم»Хабаргузории Еврониюз; «بمباران شدید و پیاپی بیروت/ارتش اسرائیل: هدف، مرکز فرماندهی اصلی حزب الله بود» Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  37. «الحرب على غزة مباشر.. الجیش الإسرائیلی یعلن مقتل نصر الله وقادة بحزب الله», Шабакаи ал-Ҷазира
  38. «شهادة الأمين العام لحزب الله سماحة السيد حسن نصرالله», Сайти ал-Манор
  39. «لحظه اعلام خبر شهادت سید حسن نصرالله در حرم مطهر رضوی», Хабаргузории Меҳр
  40. «شهادة الأمين العام لحزب الله سماحة السيد حسن نصرالله», Сайти ал-Манор
  41. «A closer look at type of weaponry believed to have been used in Beirut attack»، Al Jazeera Media Network.
  42. «پیام تسلیت به مناسبت شهادت جناب سید حسن نصرالله رضوان الله علیه دبیر کل شهید حزب‌الله لبنان», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хомнаӣ
  43. «واکنش‌های منطقه‌ای و بین‌المللی به شهادت دبیرکل حزب‌الله لبنان», Хабаргузории Меҳр
  44. «آیت‌الله مکارم شیرازی: امت اسلامی مجاهدت‌های شهید سید حسن نصرالله را فراموش نمی‌کند», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  45. «پیام آیت‌الله نوری همدانی در پی شهادت سید حسن نصرالله», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  46. «جامعه مدرسین حوزه علمیه قم درپی شهادت سید حسن نصرالله: جهان جز با نابودی اسرائیل و آمریکا روی صلح و آسایش را نخواهد دید», Хабаргузории Шафақно
  47. «واکنش‌های منطقه‌ای و بین‌المللی به شهادت دبیرکل حزب‌الله لبنان», Хабаргузории Меҳр
  48. «واکنش مقاومت به شهادت سید حسن نصرالله», Бошгоҳи Хабарнигорони ҷавон
  49. «پیام تسلیت به مناسبت شهادت جناب سید حسن نصرالله رضوان الله علیه دبیر کل شهید حزب‌الله لبنان», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хомнаӣ
  50. «اعلام ۳ روز عزای عمومی در لبنان», Хабаргузории ал-Олам
  51. «واکنش‌های منطقه‌ای و بین‌المللی به شهادت دبیرکل حزب‌الله لبنان», Хабаргузории Меҳр
  52. «واکنش مقاومت به شهادت سید حسن نصرالله», Бошгоҳи Хабарнигорони ҷавон
  53. «واکنش مقاومت به شهادت سید حسن نصرالله», Бошгоҳи Хабарнигорони ҷавон
  54. «راهپیمایی و خروش حوزویان و ملت داغدار قم در روز یکشنبه», Хабаргузории расмии Ҳавза
  55. «سینماها و تئاترها تا اطلاع ثانوی تعطیل شدند», Хабаргузории ИСНА
  56. «پیام دکتر پزشکیان در پی شهادت سید حسن نصرالله», Пойгоҳи иттилоърасонии Раёсати ҷумҳурии исломии Эрон
  57. «واکنش‌های منطقه‌ای و بین‌المللی به شهادت دبیرکل حزب‌الله لبنان», Хабаргузории Меҳр
  58. [http://paidari.ir/product-product-379-سيد%20عزيز%20+%20حميد%20داود%20آبادي%20+%20سيد%20حسن%20+%20نصرالله%20+%20لبنان%20+%20حزب%20الله%20+%20دبير%20كل%20+%20زندگينامه%20+%20سيد%20حسن%20+%20نصرالله.html
  59. https://kayhan.ir/fa/news/143040/سید-حسن-نصرالله-از-نگاه-رسانه-ها-سیاستمداران-و-صهیونیست-ها
  60. https://kayhan.ir/fa/news/143040/سید-حسن-نصرالله-از-نگاه-رسانه-ها-سیاستمداران-و-صهیونیست-ها
  61. https://kayhan.ir/fa/news/143040/سید-حسن-نصرالله-از-نگاه-رسانه-ها-سیاستمداران-و-صهیونیست-ها
  62. «سخنرانی سید حسن نصرالله، دبیر کل حزب الله لبنان، در روز عاشورا ۱۴۳۴», Сайти Муқовимати исломии Лубнон
  63. شبکه العالم، نصرالله مدیر شبکه العربیه را اخراج کرد, Шабакаи ал-Олам.
  64. «نصرالله»، پایگاه جامع موسیقی ایران.
  65. «معرفی نغمه‌هایی که به افتخار سید شهید حزب الله تولید شدند»، خبرگزاری مهر.
  66. «انتشار نماهنگ وقت مجازات در پی شهادت سید حسن نصرالله»، خبرگزاری ایسنا.
  67. «انتشار نماهنگ «عاشقان قدیمی» به مناسبت شهادت سید حسن نصرالله +فیلم»، خبرگزاری جمهوری اسلامی.
  68. «نماهنگ امانندار بانوی دمشق (سید حسن نصرالله)»، وبگاه آپارات.
  69. «سید حسن نصرالله که بود؟»، پایگاه اطلاع‌رسانی و خبری جماران.

Сарчашма