Исроил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Режими саҳюнистӣ)

Исроил (ибрӣ: ישראל, форсӣ: اسرائیل) ё режими саҳюнистӣ (ибрӣ: המשטר הציוני, форсӣ: رژیم صهیونیستی) бар асоси идеяи саҳюнизм, дар соли 1948, бо ишғоли сарзаминҳои Фаластин эълом мавҷудият кард. Мусулмонон Исроилро режимии ҷаълӣ ва душмани аслии Ислом медонанд. Мароҷеъи тақлиди шиа ҳаргунаи муомилаву робита бо Исроилро ҳаром дониста ва хостори берун рондани он режим аз Фаластин шудаанд.

Бархе аз марокизу зиёратгоҳҳои шиӣ дар Исроил иборатанд аз: мақоми раъсулҳусайн дар Асқалон, мақоми Имом Алӣ (а) дар масири Қудс ба Ёфо, мазори мансуб ба Фотима духтари Имом Ҳусайн (а) ва мазори дигаре мансуб ба Сакина духтари Имом Ҳусайн (а).

Гуфта мешавад дар бархе аз донишгоҳҳои Исроил, мутолиоти исломшиносӣ ва шиашиносӣ вуҷуд дорад. Донишгоҳи Уршалим, Ҳайфо, Тел-Авив ва Борилонро муҳимтарин марокизи исломпажӯҳӣ дар Исроил ном бардаанд.

Бисёре аз кишварҳои исломӣ ҳамчун Индонезия, Покистон, Сурия, Ироқ, Малайзия, Арабистон, Яман ва Эрон (пас аз инқилоби исломӣ дар Эрон), режими саҳюнистиро ба расмият намешиносанд ва робитаи сиёсӣ ва тиҷорӣ бо он надоранд.

Таъсиси Исроил ва ишғоли Фаластин паёмадҳое ҳамчун куштаву овора шудани бисёре аз мардуми Фаластин, шаклгирии меҳвари муқовимат ва қиёмҳои мардумӣ дар Фаластин ва манотиқи перомуни он ва эътирозоти ҷаҳониро дар пай дошт. Бар асоси гузоришҳо, то соли 2023/1402ҳ.ш., камтар аз 15 дарсад аз Фаластин (шомили Навори Ғазза ва бахшҳои парокандае аз минтақаи Каронаи Бохтарӣ) дар ихтиёри фаластиниҳо боқӣ мондааст.

Саҳюнистҳо барои таъсиси Исроил дар Фаластин, тавҷеҳоту далоиле зикр кардаанд; аз ҷумла ин ки яҳуд қавми баргузида ва Фаластин сарзамини ваъда додашуда ба яҳудиён аст. Аз ин рӯ, берун кардани аъроби фаластинӣ, ҳаққи яҳудиён ва саҳюнистҳост. Ҳолокост ва шиори «Сарзамин бидуни мардум барои мардуми бидуни сарзамин» аз дигари тавҷеҳоти онҳо ба шумор меравад.

Фатвои уламои шиа барои ҷиҳод дар баробари Исроил

Мухолифати олимони шиа бо Исроил

Олимони шиа ҳамвора бо таъсиси Исроил мухолифат ва ҷиноятҳои онро маҳкум кардаанд. Аз дидгоҳи иддае аз мароҷеъи тақлид, ҳамчун Сайид Муҳаммадҳодии Милонӣ,[1] Имом Хумайнӣ[2] ва Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ,[3] ҳаргуна муомила бо Исроил ва масрафи колоҳои исроилӣ ҳаром аст. Гурӯҳе дигар, монанди Сайид Муҳсин Таботбоии Ҳаким, Сайид Абулқосими Хуӣ, Оятуллоҳ Буруҷердӣ, Сайид Абдулҳусайни Шарафуддин ва Сайид Абулқосими Кошонӣ[4] ва Имом Хумайнӣ[5] зимни маҳкум кардани ҷиноёти Исроил, хостори берун рондани он режим аз Фаластин шудаанд. Абдукарими Занҷонӣ, аз фақиҳони шиаи қарни чаҳордаҳуми қамарӣ, пас аз эъломи мавҷудияти давлати Исроил ва ҷанги Исроил бо аъроб дар 1948/1327ҳ.ш., фатвои ҷиҳод алайҳи Исроил содир кард.[6]

Имом Хумайнӣ Исроилро душмани аслии Ислом, Қуръон ва Пайғамбар (с) муаррифӣ карда, ки дар чаповули кишварҳои исломӣ, аз ҳеҷ ҷинояте дареғ намекунад.[7] Аз назари Муртазо Мутаҳҳарӣ, Исроил сарсахттарин ва хатарноктарин душмани мусулмонон аст.[8]

Имом Хумайнӣ

Ман тарафдорӣ аз тарҳи истиқлоли Исроил ва шиносоии ӯро барои мусулмонон як фоҷеъа ва барои давлатҳои исломӣ як инфиҷор медонам ва мухолифат бо онро як фаризаи бузурги Ислом мешуморам.

Имом Мӯсо Садр режими Исроилро намоди комили инҳисорталабӣ, ситамгарӣ, ишғолгарӣ ва сангдилӣ медонад.[10] Оятуллоҳ Хоманаӣ низ режими саҳюнистиро ғосибу ҷинояткор,[11] дуруғин,[12] кӯдаккушу ҷаллод,[13] ҷаълӣ[14] ва хабистарин душмани Ислом ва инсоният[15] муаррифӣ мекунад.

Робитаи кишварҳои мусулмон бо Исроил

Робитаи кишварҳои мусулмон бо Исроил бо фарозу нишеб будааст. Бисёре аз кишварҳои исломӣ ҳамчун Индонезия, Покистон, Сурия, Ироқ, Афғонистон, Алҷазоир, Бангладеш, Кувайт, Лубнон, Либиё, Малайзия, Умон, Қатар, Сумолӣ, Арабистон, Тунис, Яман ва Эрон (пас аз инқилоби исломӣ), режими саҳюнистиро ба расмият намешиносанд.[16]

Бо ин ҳол, баъзе аз давлатмардони кишварҳои исломӣ равобити худро бо Исроили одисозӣ кардаанд; аз ҷумлаи Миср, Урдун, Баҳрайн, Аморот, Судон ва Марокаш.[17] Туркияро нахустин кишвари мусулмон донистаанд, ки бо Исроил робита ва ҳамкорӣ барқарор кард. Туркия дар марти 1949, Исроилро ба расмият шинохт ва дар соли 1952 равобити диплумотик бо он барқарор кард.[18]

Эрон дар замони ҳукумати шоҳаншоҳии Паҳлавӣ дар исфандмоҳи 1328ҳ.ш./марти 1950, Исроилро ба расмият шинохт ва равобити сиёсӣ бо он барқарор кард.[19] Ду соли баъд ва бо рӯи кор омадани Муҳаммади Мусаддиқ, давлати Эрон расман бо Исроил қатъ робита кард.[20] Дар давлати Муҳаммадризои Паҳлавӣ, равобити Эрону Исроил аз сар гирифта шуд ва дар шаҳривари 1346ҳ.ш./1967 сафорати Исроил ба таври расмӣ дар Эрон оғоз ба кор кард, ки то Инқилоби исломии Эрон фаъол буд.[21] Бо пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар 22 баҳмани 1357ҳ.ш.,/11 феврали 1979 робитаи Эрон бо Исроил қатъ ва сафорати Исроил ба сафорати Фаластин табдил шуд.[22]

Мутолиоти исломшиносӣ ва шиашиносӣ дар Исроил

Ташайюъ ва Эронро аз ҷумлаи мавзуоти пажӯҳишии донишгоҳҳои Исроил донистаанд.[23] Дар китоби Исломпажӯҳӣ дар Исроил омадааст Исроил ҳаҷми фаровоне аз фаъолиятҳои таҳқиқотии худро бо басиҷ кардани бисёре аз марокизи илмӣ ва шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон, ба Ислом, фирқаҳои исломӣ ва мусулмонону ҷавомеъи исломӣ равона кардааст.[24]

Тасвири ҷилди китоби Исломпажӯҳӣ дар Исроил асари Акбари Маҳмудӣ

Тибқи гузориши китоби Шиапажӯҳӣ ва шиапажӯҳони англисизабон, Донишгоҳи ибрии Ӯршалим, яке аз донишгоҳҳои муҳими Исроил воқеъ дар Байт-ул-муқаддас, дорои курсии тахассусии шиашиносӣ аст.[25] Донишгоҳи Тел-Авив, бузургтарин донишгоҳи Исроилро низ дорои бахши мутолиоти исломшиносӣ ва шиашиносӣ донистаанд.[26]

Китоби Ақида ва фиқҳ дар шиаи имомия, ба қалами Итан Колберг,[27] ва Шиаи имомия бо нигоҳ ба суннати ривоии онон, навиштаи Жозеф Илёс[28] ва Калом, фалсафа ва ирфони шиаи дувоздаҳимомӣ, асари Сабина Шмидтке, ки дар соли 2002 ҷоизаи ҷаҳонии китоби соли Ҷумҳурии исломии Эронро дарёфт кард,[29] аз ҷумлаи осори муҳимми шиапажӯҳони исроилӣ аст.

Вазъияти шиаён ва маконҳои шиъӣ дар Фаластини ишғолӣ

Омори дақиқе аз теъдоди шиаёни сокини сарзаминҳои ишғолшуда аз сӯи Исроил вуҷуд надорад. Маркази омори Қудси ишғолӣ, шиаёни расмиро дар соли 1386ҳ.ш., 600 нафар эълом кардааст; аммо ин оморро дақиқ надонистаанд; зеро бисёре аз шиаён аз тарсу нигаронӣ бобати шиносоӣ тавассути ниҳодҳои амниятии Исроил, шиа будани худро пинҳон мекунанд. Сайти канали ҳафти Яман, теъдоди шиаёнро дар ҳамон сол, 6000 нафар эълом кардааст. Ин адад то 10000 тан низ гузориш шудааст.[30]

Гуфта мешавад аз замони эъломи мавҷудияти Исроил, шиаёне дар Исроил зиндагӣ мекунанд ва гурӯҳҳои шиъӣ монанди «Фарзандони Абдуррофеъ» ва «Шиаёни ҳақиқӣ» ба сурати пинҳонӣ фаъол ҳастанд.[31] Омори мусулмонони сокин дар сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) дар соли 2022, 1 миллиону 728 ҳазор нафар эълом шудааст.[32]

Маконҳои нисбатдодашуда ба аҳли байт дар сарзаминҳои ишғолӣ

Зиёратгоҳи Раъсулҳусайн дар Асқалони Фаластин

Аз марокизи шиъии Исроил, мақоми Раъсулҳусайн дар Асқалон аст, ки бархе пажӯҳишгарон, онро муҳимтарин ва машҳуртарин зиёратгоҳи мансуб ба Аҳли Байт (а) дар Фаластини ишғолӣ шимурдаанд.[33] Иллати шӯҳрату аҳамияти ин макон ин аст ки бино ба қавле, сари Имом Ҳусайн (а) дар он ҷо дафн шудааст.[34] Гуфта шудаи сари Имом дар нимаи қарни шашуми қамарӣ ба Қоҳира интиқол дода шуд; аммо мақоми Раъсулҳусайн дар Асқалон ҳамчунон мавриди эҳтирому зиёрати мардум боқӣ монд.[35]

Маконҳои мутааддиде ба Имом Алӣ (а) мансуб аст; аз ҷумла мақом ва зиёратгоҳи Имом Алӣ (а) дар масири Қудс ба Ёфо (Тел-Авив) ки тахриб шудааст. Ҳамчунин мақоми Имом Алӣ (а) дар шаҳри Наблос, дар ғарби Ромаллоҳ дар рустои Бадрас, дар шаҳри Акко ва дар шаҳри Луд вуҷуд доштааст.[36] Дар шаҳри Алхалил мазоре мансуб ба Фотима духтари Имом Ҳусайн (а) ва дар шаҳри Табария мазори дигаре мансуб ба Сакина духтари Имом Ҳусайн (а) низ вуҷуд дорад.[37]

Ишғоли Фаластин ва эъломи расмии мавҷудияти Исроил

Мақолаи аслӣ: Ишғоли Фаластин
Раванди ишғоли Фаластини тавассути Исроил аз соли 1917 то 2020. Ранги сифед: манотиқи ишғолшуда

Дар 14 майи 1948/24 урдибиҳишти 1327ҳ.ш. бо поён ёфтан қаймумияти Англия бар Фаластин,[38] Дейвид Бен Гурион (David Ben - Gurion), падар ва меъмори давлати Исроил,[39] дар салони иҷтимоъоти шаҳри Тел-Авив, истиқлол ва таъсиси давлати яҳудии Исроилро эълом кард.[40] Аз он пас, ишғоли расмии Фаластин оғоз шуд.[41]

Як рӯз пас аз эъломи мавҷудияти Исроил, артиши панҷ кишвари арабӣ (Миср, Лубнон, Сурия, Урдун ва Ироқ)[42] ҷиҳати ҳимоят аз Фаластин, бо Исроил вориди ҷанг шуданд.[43] Пас аз ин ҷанг, манотиқи ишғолшуда ба 78٪ расид.[44]

Бар асоси гузоришҳо, то соли 2023/1402ҳ.ш., камтар аз 15 дарсад аз сарзамини Фаластин (шомили Навори Ғазза ва бахшҳои парокандае аз минтақаи Каронаи Бохтарӣ) дар ихтиёри фаластиниҳо боқӣ монда ва дигар манотиқ ба ишғоли режими саҳюнистӣ даромадааст.[45]

Рӯзи эъломи мавҷудияти Исроил дар миёни фаластиниён ба рӯзи «Накбат» ё «Фоҷеа» маъруф аст ва онон ҳар сол ин рӯзро маҳкум ва дар он тазоҳурот барпо мекунанд.[46] Исроил ба ҷиҳати ишғоли Қудс ва Фаластин, ба режими ишғолгари Қудс ё режими ғосиби Исроил шинохта мешавад.[47]

Кӯчи иҷбории мардуми Фаластин аз хонаҳои худ дар соли 1948
Ишғоли Фаластин аз 1880 то 2020
Эъломи мавҷудияти Исроил дар 14 май 1948 тавассут Бен Гурион дар салони иҷтимооти Тел-Авив

Пайомадҳои эъломи мавҷудияти Исроил

Эъломи расмии мавҷудияти Исроил ва ишғоли Фаластини паёмадҳоеро дар Фаластин ва ҷаҳони Ислом дар пай дошт, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

Кушта ва овора шудани мардуми Фаластин: бар асоси гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, дар паи ишғоли Фаластин аз 1948 то 2023/1402ҳ.ш., беш аз 100 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.[48] Ин марказ ба нақл аз оҷонси имдодрасонии УНРВА (UNRWA), теъдоди оворагони фаластинӣ то соли 2020-умро 6.4 миллион нафар эълом кардааст.[49]

Шаклгирӣ меҳвари муқовимат ва қиёмҳои мардумӣ: пас аз ишғоли Фаластин ва манотиқи перомуни он, ҷунбишҳо ва созмонҳои мухталифӣ ҳамчун Ҷунбиши Фатҳ дар соли 1959,[50] Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) дар 1964,[51] Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар 1979,[52] ва Ҷунбиши ҲАМОС дар соли 1987[53] дар Фаластин ва Ҷунбиши Амал дар соли 1975[54] ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар соли 1982 дар Лубнон[55] ба манзури муқобила бо Исроил ташкил шуд.

Мардуми Фаластин дар тӯли ишғоли сарзаминашон, борҳо алайҳи Исроил қиём кардаанд.[56] Се интифоза (исён ва шӯриш) низ дар Фаластин ба вуҷуд омад: интифозаи нахуст (Интифозаи санг) дар соли 1987, интифозаи дувум (интифозаи ал-Ақсо) дар сентябри 2000 ва интифозаи сеюм (интифозаи Қудс) дар аввали октябри 2015.[57]

Ҳамчунин бубинед: Меҳвари муқовимат

Аҳдофи таъсиси Исроил

Ҳаффорӣ дар интиҳои саҳни барроқ, намунае аз ҳаффориҳои режими саҳюнистӣ дар зери Қудс ва Масҷидулақсо ҷиҳати кашф ва бозсозии маъбади Сулаймон

Таъсиси як кишвари бузург (Исроили бузург) бо ҳувияти яҳудӣ ва як абарқудрати минтақавии мусаллат дар Ховари Миёнаро нахустин ва муҳимтарин ҳадафи режими Исроил зикр кардаанд.[58] Роже Гароди, нависанда ва сиёсатмадори мустабсири фаронсавӣ, муътақид аст ҳадафи асосии саҳюнистҳо, муҳоҷирати ҳамаи яҳудиён ба «Сарзамини мавъуд»[59] ва эҷоди як давлати яҳудӣ дар Фаластин аст.[60] Ба эътиқоди Имом Хумайнӣ, ҳадаф аз таъсиси Исроил дар Фаластин сайтара бар дунёи Ислом ва истеъмори сарзаминҳои исломӣ будааст.[61]

Далели саҳюнистҳо барои таъсиси Исроил

Муртазо Мутаҳҳарӣ:

«Муддаӣ ҳастанд, ки дар се ҳазор соли пеш, ду нафар аз мо [Довӯд ва Сулаймон] барои муддати муваққате, дар он ҷо салтанат кардаанд... Дар тамоми ин муддати ду се ҳазорсола, кай будааст ки сарзамини Фаластин ба яҳуд тааллуқ доштааст?... Қабл аз Ислом ҳам моли онҳо набуд, баъд аз Ислом ҳам мол онҳо набуд. Рӯзе ки муслимин Фаластинро фатҳ карданд, Фаластин дар ихтиёри масеҳиҳо буд, на дар ихтиёри яҳудиҳо. Ва иттифоқан масиҳиҳо, ки бо муслимин сулҳ карданд, яке аз мавориде ки дар сулҳнома гунҷонданд ин буд ки шумо яҳудро дар инҷо роҳ надиҳед. Чӣ тур шуд, ки якдафъа номи ватани яҳудӣ ба худ гирифт?!»

Саҳюнистҳо барои ишғоли Фаластин ва эҷоди давлати Исроил дар он ҷо далелҳо ва баҳонаҳое зикр кардаанд, ки бо унвони устура ё афсонаҳои Исроил низ шинохта мешавад.[63] Ин далелҳо ҳам ҷанбаи мазҳабӣ ва ҳам ҷанбаи ғайримазҳабӣ дорад: яке аз далелҳои мазҳабии онон ин аст, ки Фаластин ҳамон «Сарзамини мавъуд» аст,[64] ки дар Сифри Пайдоиш[Ёддошт 1] аз бахшидани ин сарзамин ба насли Иброҳим (а) сухан омадааст.[65] Аз назари саҳюнистҳо, берун кардан дигарон ар сарзамине ки ба иддаи хоссе ваъда дода шуда, на танҳо ҳақ, балки таклиф аст.[66]

Воқеаи ҳолокост аз далелҳои ғайримазҳабии саҳюнистҳост ва онро баҳона ва далели аслии таъсиси давлат Исроил медонанд;[67] то ҷое ки гуфта шуда эҷоди давлати Исроил посухи Худованд ба қурбонии бузург буд.[68] Яҳудиён муътақиданд дар ин воқеа, шаш миллион яҳудӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум тавассути Ҳитлер кушта шуд.[69] Ин воқеа боис шуд саҳюнистҳо бо сар додани фарёди мазлумият, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дархости ғаромат кунанд. Аврупоиён низ ба баҳонаи ҷуброни ин хисорат, ба фикри таъсиси давлати мустақилле барои онон афтоданд.[70] Бо ин ҳол мунтақидони ин иддаои яҳудиён ва омори марбут ба кушташудагони онҳоро рад мекунанд.[71]

Ҷангҳо, кушторҳо ва террорҳо

Мақолаи аслӣ: Феҳристи ҷангҳои Исроил алайҳи мусулмонон

Исроил борҳо ба мардуми Фаластин ва Лубнон ва кишварҳои мусулмони минтақа ҳамла карда ва ҷангҳое ба роҳ андохтааст, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёдӣ аз ғайринизомиён шуда ва вайрониҳои бисёреро дар пай доштааст.[72]

Манотиқи маскунии вайрон шудаи тавассути Исроил дар ҷанги 33-рӯза (Зоҳияи Бейрут, соли 2006)

Ҳамчунин Исроил борҳо ба мардуми Навори Ғазза ҳамла кардааст; аз ҷумлаи ҷанги 22-рӯза дар 2008, ҷанги 8-рӯза дар 2012 ва ҷанги 51-рӯза дар 2014.[73] Дар октябри 2023/меҳри 1402ҳ.ш. низ Исроил дар посух ба амалиёти Тӯфон-ул-ақсо, ба Навори Ғазза ҳамла кард, ки беш аз 20 ҳазор фаластинӣ кушта ва беш аз 54 ҳазор тан низ захмӣ шуданд.[74]

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс:

«Дар миёни ҷиноёти башарии давронҳои наздик ба замони ҳозир, ҳеҷ ҷинояте дар ин ҳаҷм ва бо ин шиддат вуҷуд надорад. Ғасби як кишвар ва берун кардани мардум барои ҳамеша аз хонаву кошона ва сарзамини аҷдодии худ, он ҳам бо фаҷеътарин анвои қатлу ҷиноят ва ҳалоки ҳарсу насл ва даҳҳо сол тадовуми ин ситами таърихӣ, ҳақиқатан як рекорди ҷадид аз сабуият [дарандахӯӣ] ва шайтонсифатии башар аст.»


Кушторҳои дастаҷамъӣ

Мақолаи аслӣ: Феҳристи кушторҳои Исроил

Исроил дар тӯли ишғоли Фаластин ба кушторҳои зиёде дар Фаластин ва минтақаҳои перомуни он даст задааст. Бархе хабаргузориҳо то 120 маврид ном бурдаанд.[76] Бар асоси гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, аз 1948 то 2023/1402ҳ.ш., беш аз 100 ҳазор фаластинӣ аз сӯи саҳюнистҳо кушта шудаанд.[77] Ҷиноёти Исроил алайҳи мардуми Фаластин ва куштори ғайринизомиёну кӯдакон ба дасти режими саҳюнистиро наслкушӣ хондаанд.[78]

Террорҳо

Бар асоси омори хабаргузориҳо, саҳюнистҳои исроилӣ дар тӯли мавҷудияти худ, беш аз 2700 террор анҷом додаанд.[79] Рӯзномаи англисизабони Индепенденти ирландияӣ, дар гузорише бо унвони «Маргбортарин қотилони ҷаҳон», созмони иттилооти Исроил (Моссад)-ро «Мошини куштори бераҳми Исроил» хондааст.[80] Террорҳои ин режим маҳдуд ба Фаластину раҳбарон ва фаъолони низомии муқовимат набуд; балки онҳо раҳбарони сиёсӣ ва донишмандони зиёдеро дар саросари ҷаҳон террор кардаанд.[81] Бархе ашхоси терроршуда иборатанд аз: Сайид Аббоси Мӯсавӣ - дуюмин дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Имод Муғния аз фармондеҳони Ҳизбуллоҳ, Роғиб Ҳарб рӯҳонии шиа маъруф ба Шайхушшуҳадои муқовимати Лубнон, Самир Қинтор аз аъзои Созмони озодибахши Фаластин, Фатҳӣ Шиқоқӣ бунёнгузори ҷиҳоди исломӣ, Шайх Аҳмад Ёсин аз раҳбарони ҲАМОС.[82] Режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар соли 2024 шуморе аз раҳбарон ва фармондеҳони Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҲАМОС-ро террор кард. Саййид Ҳасан Насруллоҳ, Исмоили Ҳания, Фуод Шукр, Иброҳим Ақил аз он ҷумла буданд. Бар асоси асноду гузоришҳо, Созмони иттилоотии Исроил (Моссад) дар террори донишмандони ҳастаии Эрон ҳамчун Масъуди Алимуҳаммадӣ, Маҷиди Шаҳриёрӣ, Мустафо Аҳмадии Равшан, Дориюши Ризонажод ва Муҳсини Фахризода низ дахолат доштааст.[83]

Нақзи қонунҳо ва қатъномаҳои байналмилалӣ

Нақшаи Исроил ва манотиқи ишғолшудаи Фаластин

Исроил дар мухолифат бо қатъномаҳои Созмони милали муттаҳид (СММ) рекорддори ҷаҳон муаррифӣ шудааст.[84] Гуфта шуда Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид аз 1948 то 2016, беш аз 102 қатънома ва Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал аз соли 2006 то 2023, 104 қатънома дар маҳкумияти Исроил тасвиб кардаанд.[85] Амрико дар ҳимоят аз Исроил, аз соли 1972 то 1996, сӣ бор қатъномаҳои Созмони милал дар маҳкумияти Исроилро вето кардааст.[86]

Аз ҷумла қатъномаҳое, ки дар маҳкумияти иқдомоти Исроил тасвиб шуда иборатанд аз:

  • Қатъномаи 3236 дар 22 ноябри 1974: ин қатънома ҳаққи таъйини сарнавишт ва ҳокимият дар Фаластинро барои фаластиниён ва ҳаққи бозгашти оворагон ба сарзаминҳояшонро ба тасвиб расонд; аммо Исроил онро зер по гузошт.[87]
  • Қатъномаи 2334 шӯрои амният дар 23 декабри 2016: ин қатънома дар маҳкумияти шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ ва нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ содир шуд.[88]
  • Қатъномаи 242 шӯрои амният: дар ин қатънома, дар 22 ноябри 1967, шӯрои амният хостори хуруҷи нерӯҳои режими саҳюнистӣ аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин дар сол 1967 шуд.[89]
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон:

Баъд аз итмоми ин музокироти ҳастаӣ, шунидам саҳюнистҳо дар Фаластини ишғолӣ гуфтанд феълан бо ин музокироте, ки шуд, то 25 сол аз дағдағаи Эрон осӯдаем... Банда дар ҷавоб арз мекунам... Шумо [Исроил] 25 соли ояндаро нахоҳед дид. Иншоаллоҳ то 25 соли дигар, ба тавфиқи Илоҳӣ ва ба фазли Илоҳӣ чизе ба номи режими саҳюнистӣ дар минтақа вуҷуд нахоҳад дошт.


Китобшиносӣ

Мақолаи аслӣ: Феҳристи китобҳо дар бораи Фаластин ва Исроил

Дар бораи таърихчаи ташкили Исроил, сиёсатҳо, ҷангҳо ва масоили перомуни он китобҳои зиёде нигошта шуда, ки бархе аз онҳо инҳоянд:

  • Донишномаи саҳюнизм ва Исроил: ин асар бо ҳадафи шиносоии саҳюнизм ва Исроил дар шаш ҷилд ва 1900 мадхал тавассути Маҷиди Сафотоҷ гирдоварӣ ва аз сӯи интишороти Орун нашр шудааст;
  • Сиёсату диёнат дар Исроил, асари Абдулфаттоҳ Муҳаммади Мозӣ, тарҷумаи Ғуломризо Таҳомӣ: ин китоб нахустинбор дар соли 1381ҳ.ш. аз сӯи интишороти Сано нашр шуд;
  • Маҷмуаи чаҳорҷилдии «Ту зӯдтар бикуш», навиштаи Ронен Бергман ва тарҷумаи Ваҳиди Хизоб: ин китоб ривояти нерӯҳои амалиётӣ ва иттилоотии Исроил аз шаст сол террорҳои Моссад аст; нашри Шаҳид Козимӣ, Қум, соли 1399ҳ.ш.[91]
  • Моҷарои Фаластин ва Исроил, таълифи Маҷиди Сафотоҷ, Теҳрон, дафтари нашри Фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1380ҳ.ш.;
  • Даҳ ғалати машҳур дар бораи Исроил (чизҳое ки хелеҳо фикр мекунанд дуруст аст, вале нест): навиштаи Элан Паппе, муаррихи исроилӣ, тарҷумаи Ваҳиди Хизоб. Дар ин китоб даҳ афсона ва бовари ғалат, ки Исроил бар асоси онҳо шакл гирифта, мавриди баррасии интиқодӣ қарор гирифтааст.[92] Яке аз боварҳои ғалат, баробарии саҳюнизм бо яҳудият ва саҳюнизмситезӣ бо яҳудиятситезӣ аст, ки дар фасли сеюми ин китоб рад шудааст.[93] Ин китоб тавассути Китобистони маърифат нахустин бор дар 1399ҳ.ш. нашр шуд;
  • Исломпажӯҳӣ дар Исроил, асари Акбари Маҳмудӣ: дар ин китоб, муҳимтарин марокиз, ашхос, осор ва таҳқиқот дар бораи исломпажӯҳӣ ва исломшиносӣ дар Исроил муаррифӣ шудааст.[94]

Эзоҳ

  1. Покниёи Табрезӣ, «Уламои шиа ва дифоъ аз Қудси шариф», саҳ.160 ва 161
  2. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.139
  3. Муҳташамипур, «Муруре бар шаклгирии режими ишғолгари Қудс», саҳ.122
  4. Ниг.: Покниёи Табрезӣ, «Уламои шиа ва дифоъ аз Қудси шариф», саҳ.156 - 163
  5. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.139у ҷ.6, саҳ.469
  6. Сарҳадӣ, «علمایی که نسبت به مسئله فلسطین واکنش نشان دادند», пажӯҳишкадаи таърихи муосир
  7. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.28
  8. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.340
  9. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.293
  10. «اسرائیل باطل مطلق است», Сайти Муассисаи таҳқиқотӣ-фарҳангии Имом Мӯсо Садр
  11. «سخنرانی تلویزیونی به مناسبت روز جهانی قدس», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  12. «بیانات در مراسم گشایش کنفرانس بین‌المللی حمایت از انتفاضه فلسطین», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  13. «بیانات در دیدار مسئولان نظام و سفرای کشورهای اسلامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «بیانات در دیدار دست‌اندرکاران دومین کنگره ملی شهدای ورزشکار», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  14. «بیانات در دیدار مسئولان نظام و سفرای کشورهای اسلامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  15. «بیانات در دیدار جمعی از خانواده‌های شهدا و آزادگان», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  16. Деҳқон, «آشنایی اجمالی با رژیم غاصب کودک‌کش اسرائیل», рӯзномаи Атрак, санаи 9 урдибиҳишти 1401ҳ.ш.; Тавфиқӣ, «کدام کشورها اسرائیل را به رسمیت نمی‌شناسند؟», Хабаргузории Рӯйдод-24
  17. Тавфиқӣ, «کدام کشورها اسرائیل را به رسمیت نمی‌شناسند؟», Хабаргузории Рӯйдод-24
  18. Муассисаи таҳқиқоту пажӯҳишҳои сиёсӣ-илмии Нидо, Муруре бар равобити хориҷии режими саҳюнистӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.337
  19. Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.388
  20. Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.388
  21. Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.389
  22. Ниг.: Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.399
  23. Разавӣ, «مرجعیت‌پژوهی در اسرائیل», Вебгоҳи Партаве аз ҷомеъаи эронӣ
  24. Маҳмудӣ, Исломпажӯҳӣ дар Исроил, 1399ҳ.ш., саҳ.302
  25. Ҳусайнӣ, Шиапажӯҳӣ ва шиапажӯҳони англисизабон, 1387ҳ.ш., саҳ.49
  26. «مطالعات اسلام‌شناسی و شیعه‌شناسی در دانشگاه تل آویو», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  27. Ҳусайнӣ, Шиапажӯҳӣ ва шиапажӯҳони англисизабон, 1387ҳ.ш., саҳ.49; Маҳмудӣ, Исломпажӯҳӣ дар Исроил, 1399ҳ.ш., саҳ.118
  28. Маҳмудӣ, Исломпажӯҳӣ дар Исроил, 1399ҳ.ш., саҳ.233 ва 306
  29. Маҳмудӣ, Исломпажӯҳӣ дар Исроил, 1399ҳ.ш., саҳ.217 - 218
  30. Муътаз, «شیعه در اسرائیل», Дуҳафтаномаи Пагоҳи ҳавза
  31. Муътаз, «شیعه در اسرائیل», Дуҳафтаномаи Пагоҳи ҳавза
  32. jewish virtual library. ,«Vital Statistics: Latest Population Statistics for Israel»
  33. Хомаёр, «Мазороти Аҳли Байти Пайғамбар (с) дар Урдун ва Фаластини ишғолӣ», саҳ.183
  34. Хомаёр, «Мазороти Аҳли Байти Пайғамбар (с) дар Урдун ва Фаластини ишғолӣ», саҳ.183
  35. Хомаёр, «Мазороти Аҳли Байти Пайғамбар (с) дар Урдун ва Фаластини ишғолӣ», саҳ.184
  36. Ниг.: Хомаёр, «Мазороти Аҳли Байти Пайғамбар (с) дар Урдун ва Фаластини ишғолӣ», саҳ.182 ва 183; «از آثار اسلامی و زیارتی اهل‌بیت(ع) در فلسطین چه می‌دانیم؟», Хабаргузории Разавӣ
  37. Хомаёр, «Мазороти Аҳли Байти Пайғамбар (с) дар Урдун ва Фаластини ишғолӣ», саҳ.185 ва 186
  38. Каффош ва дигарон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи Фаластин, 1392ҳ.ш., саҳ.186; Sicherman and others «Israel», The Encyclopaedia Britannica
  39. Муҳтадӣ, «Бен Гурион, Дейвид», саҳ.356
  40. Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.261; Каффош ва дигарон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи Фаластин, 1392ҳ.ш., саҳ.186
  41. «روز نکبت و جنایات صهیونیست‌ها از سال ۱۹۴۸ تا به الان», Хабаргузории Форс
  42. Сафотоҷ, Моҷарои Фаластину Исроил, 1381ҳ.ш., саҳ.199; Каффош ва дигарон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи Фаластин, 1392ҳ.ш., саҳ.187
  43. Nakba Day: What happened in Palestine in 1948?», Al Jazeera Media Network.
  44. Каффош ва дигарон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи Фаластин, 1392ҳ.ш., саҳ.201; Сафотоҷ, Моҷарои Фаластину Исроил, 1381ҳ.ш., саҳ.202; Nakba Day: What happened in Palestine in 1948?», Al Jazeera Media Network.
  45. «نقشه فلسطین و مساحت غزه», шабакаи Алъолам; «۷۵ سال از فاجعه نکبت (اشغال فلسطین) گذشت», маркази иттилоърасонии Фаластин
  46. Ashly and Hefawi, «Nakba: ‘It remains bitter and continues to burn’», Al Jazeera Media Network; «تظاهرات مردم فلسطین به مناسبت روز نکبت», Хабаргузории Анатоли
  47. Барои намуна ниг.: Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.151, 154, 160 в162, ҷ.16, саҳ.399; Муҳташамипур, «Муруре бар шаклгирии режими ишғолгари Қудс», саҳ.100, 116 ва 122
  48. «۷۵ سال از فاجعه نکبت (اشغال فلسطین) گذشت», маркази иттилоърасонии Фаластин
  49. «۷۵ سال از فاجعه نکبت (اشغال فلسطین) گذشت», маркази иттилоърасонии Фаластин
  50. Каффош ва дигарон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи Фаластин, 1392ҳ.ш., саҳ.210
  51. Каффош ва дигарон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи Фаластин, 1392ҳ.ш., саҳ.212
  52. Моликӣ ва Рашидӣ, «Ҷиҳоди исломӣ, ҷунбиш», саҳ.437
  53. Моликӣ, «ҲАМОС, ҷунбиш», саҳ.79 - 80
  54. Хусравшоҳӣ, «جنبش امل و امام موسی صدر (قسمت دوم)», Дафтари ҳифзу нашри осору андешаҳои устод Сайид Ҳодии Хусравшоҳӣ
  55. Тавфиқиён, «حزب الله نماد عزت و اقتدار لبنان», Вебгоҳи Пажӯҳа
  56. «مروری بر تاریخ مبارزات مردمی فلسطین از ۱۹۶۷ تا ۲۰۲۲»,
  57. «مروری بر تاریخ مبارزات مردمی فلسطین از ۱۹۶۷ تا ۲۰۲۲», Вебгоҳи Маркази асноди инқилоби исломӣ
  58. Ниг.: Сафотоҷ, Моҷарои Фаластину Исроил, 1381ҳ.ш., саҳ.164; «رؤیای صهیونیست‌ها در تأسیس اسرائیل بزرگ چگونه بر باد رفت؟», Хабаргузории Форс; Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.398, поварақии дувум
  59. Горӯдӣ, Муҳокимаи саҳюнизми Исроил, 1384ҳ.ш., саҳ.41
  60. Горӯдӣ, Таърихи як иртидод, 1377ҳ.ш., саҳ.75, 76 ва 82; Горӯдӣ, Муҳокимаи саҳюнизми Исроил, 1384ҳ.ш., саҳ.66
  61. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.2
  62. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.288
  63. Барои намуна ниг.: Горӯдӣ, Таърихи як иртидод, 1377ҳ.ш., си 13 - 17, 33, 35 ва 47 - 50; Паппе, Идеяи Исроил, 1398ҳ.ш., саҳ.152
  64. Фирӯзободӣ, Кашф-ул-асрори саҳюнизм, 1393ҳ.ш., саҳ.25; Саҷҷодӣ, Пайдоиш ва тадовуми саҳюнизм, 1386ҳ.ш., саҳ.45
  65. Горӯдӣ, Таърихи як иртидод, 1377ҳ.ш., саҳ.37 - 38 ва 187
  66. Горӯдӣ, Муҳокимаи саҳюнизми Исроил, 1384ҳ.ш., саҳ.41
  67. Горӯдӣ, Муҳокимаи саҳюнизми Исроил, 1384ҳ.ш., саҳ.76
  68. Горӯдӣ, Таърихи як иртидод, 1377ҳ.ш., саҳ.171
  69. Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.297
  70. Фирӯзободӣ, Кашф-ул-асрори саҳюнизм, 1393ҳ.ш., саҳ.28
  71. Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.297 - 298
  72. Ниг.: « از عملیات سلامت الجلیل و شکل‌گیری حزب‌الله تا خوشه‌های خشم», Хабаргузории Тасним; «پرونده سنگین جنایت‌های ارتش اسرائیل», Хабаргузории Меҳр
  73. Барои намуна ниг.: «پرونده سنگین جنایت‌های ارتش اسرائیل», Хабаргузории Меҳр; «ده‌ها جنایت از بزرگ‌ترین جانی جهان», Хабаргузории Машриқ
  74. «الاحتلال يواصل تصعيده بالضفة ويعتقل عددا من الفلسطينيين», хабаргузории Алҷазира
  75. «سخنرانی تلویزیونی به مناسبت روز جهانی قدس», дафтари ҳифзу нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  76. Ниг.: «ده‌ها جنایت از بزرگ‌ترین جانی جهان», Хабаргузории Машриқ
  77. «۷۵ سال از فاجعه نکبت (اشغال فلسطین) گذشت», маркази иттилоърасонии Фаластин
  78. Барои намуна ниг.: «نمایندگان پارلمان اروپا حملات اسرائیل علیه غزه را نسل‌کشی دانستند», хабаргузории Анатолия; Ayyash, «A genocide is under way in Palestine», Al Jazeera Media Network
  79. «مهمترین ترورهای انجام شده توسط اسرائیل در سراسر جهان», Пойгоҳи хабарии Ҷаморон; «بیش از ۲۷۰۰ ترور هدفمند میراث شوم اسرائیل», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  80. «The world's deadliest assassins», Irish independent
  81. «نگاهی بر جنایات رژیم صهیونیستی در ۸۶ سال گذشته», Хабаргузории Форс
  82. Ниг.: Сувайдон, Доират-ул-маорифи мусаввари таърихи яҳудият ва саҳюнизм, 1391ҳ.ш., саҳ.346 ва 347; «بیش از ۲۷۰۰ ترور هدفمند میراث شوم اسرائیل», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  83. Барои намуна ниг.: «Israel teams with terror group to kill Iran's nuclear scientists, U.S. officials tell NBC News», NBC news؛ «The world's deadliest assassins», Irish independent; «نقش آمریکا در عملیات تروریستی در ایران بعد از پیروزی انقلاب اسلامی», Маркази асноди инқилоби исломӣ
  84. Чамскӣ, Мусалласи сарнавиштсоз, 1369ҳ.ш., саҳ.122
  85. Ниг.: «نگاهی به جنایات رژیم صهیونیستی در ۸۶ سال گذشته», хабаргузории Форс
  86. Горӯдӣ, Таърихи як иртидод, 1377ҳ.ш., саҳ.14
  87. «اسرائیل و نقض قطعنامه‌های بین‌المللی درباره بازگشت آوارگان فلسطینی», хабаргузории меҳр
  88. «قطعنامه ۲۲۳۱ و دیگر قطعنامه‌های شورای امنیت که دولت ترامپ نقض کرد», Вебгоҳи Ҷомеаи хабарӣ-таҳлилии Алиф
  89. Деҳқонӣ, «Қатъномаи тақсими Фаластин мабнои роҳи ҳалли ду давлат ва милоке барои роҳи ҳалли ҳамапурсӣ», саҳ.1029
  90. Хоманаӣ, Фаластин, 1397ҳ.ш., саҳ.603
  91. تو زودتر بکش: روایت نیروهای عملیاتی و اطلاعاتی اسرائیل از ۶۰ سال ترور, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон
  92. Паппе, Даҳ ғалати машҳур дар бораи Исроил, 1399ҳ.ш., саҳ.14
  93. Паппе, Даҳ ғалати машҳур дар бораи Исроил, 1399ҳ.ш., саҳ.16 ва 59 - 90
  94. Маҳмудӣ, Исломпажӯҳӣ дар Исроил, 1399ҳ.ш., саҳ.26

Ёддошт

  1. «Дар он рӯз Яҳува бо Ибром аҳд баст ва гуфт: Ин заминро аз наҳри Миср то ба наҳри азим яъне наҳри Фурот ба насли ту бахшидаам». (Аҳди Атиқ, Сифри Пайдоиш, Боби 15, ояти 18)

Сарчашма