Аҳкоми шаръӣ
Аҳкоми шаръӣ, қавонини динии муртабит бо вазоифи инсон. Аҳкоми шаръӣ ба ду қисми таклифӣ ва вазъӣ тақсим мешаванд: аҳкоми таклифӣ мустақиман вазоифи инсонро баён мекунанд, монанди ин ҳукм, ки намоз бихон ё шароб нахур. Аҳкоми вазъӣ ғайримустақим ба вазоифи инсон марбутанд, мисли инки намоз бо либоси наҷас ботил аст.
Аҳкоми шаръӣ аз далелҳои шаръӣ ба даст меоянд, ки иборатанд аз: Қуръон, суннат, ақл ва иҷмоъ. Ба касе ки тавонои истинботи аҳком аз ин далелҳоро дорад, муҷтаҳид гуфта мешавад. Имрӯза аҳкоми шаръӣ дар китобҳои Тавзеҳулмасоил ироа мешаванд, ки назароти мароҷеъи тақлидро дарбар доранд.
Бар пояи фатвои мароҷеъи тақлид, ёдгирии аҳкоме, ки фард ғолибан бо онҳо сарукор дорад, фарз аст.
Таърифи фиқҳӣ ва ақсом
Ба қонунҳои диние, ки дар иртибот бо вазифаи инсонанд, аҳкоми шаръӣ мегӯянд,[1] монанди фарз будани намоз, фарзи рӯза, ҳаром будани шаробхорӣ ва шароите, ки барои дуруст будани масоиле чун издивоҷ ва хариду фурӯш баён шудааст.[2]
Ақсоми ҳукми шаръӣ
Фақеҳон дастабандии мухталифе аз аҳкоми шаръӣ матраҳ кардаанд. Аз ҷумлаи онҳо:
- Ҳукми таклифӣ ва вазъӣ
- Ҳукми аввалӣ ва сонавӣ
- Ҳукми воқеӣ ва зоҳирӣ
- Ҳукми мавлавӣ ва иршодӣ
- Ҳукми таъсисӣ ва имзоӣ[3] аст.
Ҳукми таклифӣ ва вазъӣ
Мақолаҳои аслӣ: Ҳукми таклифӣ ва ҳукми вазъӣ
Ҳукми таклифӣ мустақиман вазифаи инсонро дар хусуси мавзӯъе баён мекунад, масалан мегӯяд, намоз бихон ё шароб нахур.[4] Ҳукми таклифӣ панҷ қисм дорад: фарз, мустаҳаб, ҳаром, кароҳат ва ибоҳа.[5] Ба инҳо аҳкоми хамса мегӯянд.[6]
Ҳукми вазъӣ ба сурати мустақим, дастуре баён намекунад, балки барои мисол, шароити сиҳҳат ва дурустии як амалро баён мекунад;[7] монанди ин ҳукм, ки намоз бо либоси наҷас ботил аст.[8] Аҳкоми вазъӣ ба сурати ғайримустақим, бо вазоифи инсон дар иртибот аст. Барои мисол, аҳкоми издивоҷ, аҳкоми вазъӣ ва танҳо шароити сиҳҳат ва дурустии онро баён мекунад, аммо баъд аз издивоҷ, ҳаряк аз зану мард вазоифе ба якдигар пайдо мекунанд, ки ин вазоифи аҳкоми таклифӣ аст.[9]
Ҳукми аввалӣ ва сонавӣ
Мақолаҳои аслӣ: Ҳукми аввалӣ ва ҳукми сонавӣ
Ҳукми аввалия ба аҳкоме мегӯянд, ки дар шароити одӣ бар уҳдаи инсон аст; монанди фарз будани хондани намози субҳ ва ҳаром будани хурдани шароб. Ҳукми сонавия ҳукме аст, ки дар ҳолати изтирор ё иҷбор ҷорӣ мешавад, монанди ҷоиз будани рӯзахорӣ барои касе ки рӯза саломатишро ба хатар меандозад, ё касоне маҷбураш кардаанд, ки ин корро анҷом диҳад.[10]
Ҳукми таъсисӣ ва имзоӣ
Мақолаҳои аслӣ: Аҳкоми таъсисӣ ва аҳкоми имзоӣ
Ҳукми таъсисӣ ба аҳкоме мегӯянд, ки барои нахустин бор дар шариати Ислом ҷаъл шудааст.[11] Ҳукми имзоӣ ба ҳукме гуфта мешавад, ки пеш аз Ислом буда ва Ислом низ онро таъйид кардааст.[12]
Далелҳои аҳкоми шаръӣ
Мақолаи аслӣ: Далелҳои арбаъа
Аҳкоми шаръӣ бо кумаки илмҳое чун дироя, риҷол, усули фиқҳ ва фиқҳ ба даст меояд.[13] Фақеҳон барои истинботи аҳкоми шаръӣ ба чаҳор манбаъ руҷӯъ мекунанд: 1 - Қуръон, 2 - суннат, 3 – ақл, 4 - иҷмоъ, ки онҳоро адиллаи арбаъа (далелҳои чаҳоргона) меноманд.[14] Манзур аз суннат, ривоёте аст, ки аз гуфтор ва кирдори маъсумон нақл шудааст.[15] Дар фиқҳи аҳли суннат танҳо ба суннати Пайғамбар истинод мешавад, аммо дар фиқҳи шиа, илова бар суннати Пайғамбар, ба суннати Имомони маъсум ҳам муроҷиа мешавад.[16] Дар фиқҳи шиаи имомӣ, Қуръон ва ривоёти Имомони дувоздаҳгона, ду манбаи аслии аҳкоми динӣ аст.[17]
Истинботи аҳкоми шаръӣ аз ин манобеъ бар уҳдаи муҷтаҳид аст. Муҷтаҳид касе аст, ки ба иҷтиҳод расидааст; яъне тавоноии истинботи аҳкоми шаръӣ аз адилларо дорад.[18]
Фарз будани ошноӣ бо аҳкоми шаръӣ
Ба фатвои фақеҳон, ёдгирии он бахш аз аҳкоми шаръие, ки ғолибан бо онҳо сарукор дорем, фарз аст.[19] Ҳамчунин инсон ё бояд муҷтаҳид бошад ва худаш аҳкомро аз адилла ба даст биоварад, ё аз марҷаъи тақлид тақлид кунад ва ё аз роҳи эҳтиёт, яқин кунад вазифаи шаръиашро анҷом додааст; масалан амалеро, ки бархе муҷтаҳидон ҳаром медонанд ва бархе ҷоиз, анҷом надиҳад, ё амалеро, ки бархе муҷтаҳидон фарз ва бархе ҷоиз медонанд, анҷом диҳад.[20]
Китобҳои вижаи аҳком
Имрӯза, аҳкоми шаръӣ дар қолаби китобҳои Тавзеҳулмасоил ироа мешавад, ки тавассути мароҷеъи тақлид навишта мешаванд.[21] Марҷаъи тақлид, касе аст, ки дигарон аз ӯ тақлид мекунанд; яъне аъмоли динии худро бар асоси назариёти фиқҳӣ (фатовои) ӯ анҷом медиҳанд ва вуҷуҳоти шаръии худро ба ӯ ё намояндагонаш мепардозанд.[22]
Эзоҳ
- ↑ Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1418ҳ.қ., саҳ.51 - 52.
- ↑ Садр, ал-Маъолим-ул-ҷадида ли-л-усул, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.124.
- ↑ Вилоӣ, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, 1387ҳ.ш., саҳ.175 ва 176.
- ↑ Садр, ал-Маъолим-ул-ҷадида ли-л-усул, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.123 - 124.
- ↑ Садр, Дурусун фи илм-ил-усул, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63 - 64; Садр, ал-Маъолим-ул-ҷадида ли-л-усул, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.124 - 125.
- ↑ Саҷҷодӣ, Фарҳанги улум, 1344ҳ.ш., саҳ.29.
- ↑ Садр, ал-Маъолим-ул-ҷадида ли-л-усул, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.124.
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, ал-Вусул ила кифоят-ил-усул, 1426ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.83.
- ↑ Садр, ал-Маъолим-ул-ҷадида ли-л-усул, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.124 - 125.
- ↑ Мишкинӣ, Истилоҳот-ул-усул, 1374ҳ.ш., саҳ.124.
- ↑ Муҳаққиқи Домоди Яздӣ, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.6.
- ↑ Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.6.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176, 323 - 330.
- ↑ Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51.
- ↑ Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.64.
- ↑ Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.64.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176, 182.
- ↑ Вилоӣ, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, 1387ҳ.ш., саҳ.38.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.24.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11 - 12.
- ↑ Яздонӣ, “Муруре бар рисолаҳои амалия”, саҳ.292, 292.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4; Раҳмони Ситоиш, «Тақлид», саҳ.789.
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ нафар аз мароҷеи муаззами тақлид, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
- Ҳусайнии Шерозӣ, Муҳаммад, ал-Вусул ила кифоят-ил-усул, Қум, Дорулҳикмат, чопи сеюм, 1426ҳ.қ.
- Ҳаким, Муҳаммадтақӣ, ал-Усул-ул-омма фи-л-фиқҳ-ил-муқоран, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, чопи дувум, 1418ҳ.қ.
- Раҳмони Ситоиш, Муҳаммадкозим, «Тақлиди 1», дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
- Саҷҷодӣ, Сайидҷаъфар, Фарҳанги улум, шомили истилоҳоти адабӣ, фиқҳӣ, усулӣ, маъонии баён ва дастурӣ, Теҳрон, муассисаи матбуотии илмӣ, 1344ҳ.ш.
- Садр, Муҳаммадбоқир, ал-Маъолим-ул-ҷадида ли-л-усул, Қум, конгресси шаҳид Садр, чопи дувум, 1379ҳ.ш.
- Садр, Муҳаммадбоқир, Дурусун фи илм-ил-усул, Қум, интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1418ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Домод, Сайид Мустафо, Қавоиди фиқҳӣ, Теҳрон, маркази нашри улуми исломӣ, чопи дувоздаҳум, 1406ҳ.қ.
- Мишкинӣ, Алӣ, Истилоҳот-ул-усул ва муаззаму абҳосиҳо, Қум, Алҳодӣ, чопи шашум, 1374ҳ.ш.
- Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1430ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абутолиб, чопи аввал, 1427ҳ.қ.
- Вилоӣ, Исо, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, Теҳрон, нашри най, чопи шашум, 1387ҳ.ш.
- Яздонӣ, Аббос, «Муруре бар рисолаҳои амалия (2)», дар ковуши нав дар фиқҳ, шумораи 15 ва 16, 1377ҳ.ш.