Қиёми Ямонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хуруҷи Қаҳтонӣ)

Қиёми Ямонӣ (форсӣ: قیام یَمانی) ё қиёми Қаҳтонӣ (форсӣ: قیام قَحْطانی) яке аз нишонаҳои зуҳур аст, ки ба қиёми марде аз насли Имом Ҳусайн (а), аз мардуми Яман ишора дорад, ки пеш аз зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) рух медиҳад. Тибқи ривоятҳо, қиёми ӯ бо хуруҷи Суфёнӣ ва қиёми Сайиди Хуросонӣ ҳамзамон мешавад.

Даъвати мардум ба тарафи Имом Маҳдӣ, низоъ бо Суфёнӣ ва фатҳи Руму Қустантания ҳамчун иқдомоти Ямонӣ муаррифӣ шуда, дар ривоятҳо оғози қиёми ӯро аз Яман медонанд.

Аз садаи аввали қамарӣ мардум, аз ҷумла Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Ашъаси Киндӣ, ки алайҳи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ шӯриш карда буд ва Аҳмад ибни Исмоили Басрӣ, маъруф ба Аҳмад ал-Ҳасан, иддао кардаанд, ки Ямонӣ ҳастанд.

Шахсиятшиносии Ямонӣ

Ямонӣ, лақаби шахсе аст, ки бино бар ривоёт, пеш аз зуҳури Имоми Замон (аҷ) қиём мекунад[1] ва мардумро ба суи вай даъват мекунад.[2]

Номи аслии Ямонӣ, дар ҳадисҳои шиа зикр нашудааст, аммо ӯ аз насли Имом Ҳусайн (а)[3] ва ё аз наводагони Зайд ибни Алӣ[4] дониста шудааст. Гуфта шудааст, дар бархе манобеи аҳли суннат номи ӯ Ҷаҳҷоҳ, Ҳасан ва ё Ҳусайн аст.[5] Нависандаи китоби “Роёт-ул-ҳудо ва-з-залол фи аср-из-зуҳур” гуфтааст, ки агарчи ба насаби Ямонӣ дар ривоёт тасреҳ нашудааст, аммо далелҳои қатъӣ собит мекунад, ки вай аз Аҳли Байт ва аз насли Имом Ҳусайн (а) аст.[6]

Дар ривояте аз Пайғамбари Акрам (с), аз Ямонӣ бо унвони Мансур ёд шудааст, ки ёридиҳандаи ҳазрати Маҳдӣ аст.[7] Ҳамчунин манобеи аҳли суннат, ӯро Қаҳтонӣ[8] ва Мансури Ямонӣ[9] низ хондаанд. Қаҳтонӣ мансуб ба шахсе ба номи Қаҳтон аст,[10] ки арабҳои Яман насабашон ба ӯ мерасад.[11]

Хуруҷи Ямонӣ аз нишонаи зуҳур

Имом Содиқ (а):
قَبْلَ قِيَامِ الْقَائِمِ خَمْسُ عَلَامَاتٍ مَحْتُومَاتٍ الْيَمَانِيُّ وَ السُّفْيَانِيُّ وَ الصَّيْحَةُ وَ قَتْلُ النَّفْسِ الزَّكِيَّةِ وَ الْخَسْفُ بِالْبَيْدَاءِ
Пеш аз қиёми Қоим панҷ нишона хоҳад буд, ки ҳамагӣ аз аломатҳои ҳатмӣ аст: Ямонӣ, Суфёнӣ, сайҳа, куштани Нафси Закия ва фурӯ рафтани замин дар Байдоъ.

Дар ривоёт қиёми Ямонӣ аз аломатҳои зуҳур муаррифӣ шудааст. Бар пояи ривояте дар китоби Камол-уд-дини Шайхи Садуқ, аз Имом Содиқ (а), қиёми Ямонӣ дар канори сайҳаи осмонӣ, хуруҷи Суфёнӣ, қатли Нафси Закия ва хасфи Байдо аз нишонаҳои қатъии зуҳур муаррифӣ шудааст.[13] Ба гуфтаи баъзе пажуҳишгарон 36 ҳадис дар бораи қиёми Ямонӣ дар манобеи шиа ва суннӣ вуҷуд дорад[14] ва дар бештари ин ривоёт, ба ҳатмӣ будани қиёми Ямонӣ ба унвони нишонаи зуҳур ишора нашуда[15] ва аз ривоёти шиъӣ танҳо дар ду ривоят,[Ёддошт 1] ҳатмият омадааст.[16] Аз ин рӯ, баъзе аз муҳаққиқон, дар қатъӣ будани қиёми Ямонӣ ба унвони нишонаи зуҳур тардид кардаанд[17] ва ба ин истинод кардаанд, ки дар баъзе аз нусхаҳои ин ду ҳадис, қайди ҳатмият вуҷуд надорад[18] ва эҳтимол додаанд, ки ин қайд аз сӯи ровиён ба ҳадис афзуда шудааст.[19]

Замон ва макон

Бинобар ривоёт, қиёми Ямонӣ ҳамзамон бо хуруҷи Суфёнӣ хоҳад буд.[20] Бар пояи ривояте аз Имом Боқир (а) хуруҷи Суфёнӣ, Ямонӣ ва Хуросонӣ дар як сол, як моҳ ва як рӯз хоҳад буд.[21] Имом Содиқ (а) дар ривояте хуруҷи Сафёниро дар моҳи Раҷаб донистааст.[22] Баъзе бо канори ҳам гузоштани ин ду ривоят, хуруҷи Ямониро низ дар моҳи Раҷаб донистаанд.[23] Бархе аз нависандагон, вуқуи ин рухдодҳоро дар як рӯз, киноя аз шиддати пайвастагии қиёми Ямонӣ ва хуруҷи Суфёнӣ бо якдигар дониста, муътақиданд ин амр зиддияте бо вуҷуди фосилаи андак байни он ду надорад.[24]

Ҳамчунин дар баъзе манобеи аҳли суннат ривоёте аз фурӯд омадани Исо ва хуруҷи Даҷҷол дар замони ӯ,[25] ва хуруҷи ӯ баъд аз Маҳдӣ[26] вуҷуд дорад. Аз назари нависандагони шиъӣ ин ривоёт муътабар нестанд; чароки аз маъсум содир нашудаанд[27] ва низ ба далели онки ривояте, ки хуруҷи ӯро баъд аз Маҳдӣ медонад, носозгор бо аҳодисе аст, ки қиёми Ямониро аз нишонаҳои зуҳури ҳазрати Маҳдӣ муаррифӣ мекунад.[28]

Қиёми Ямонӣ бинобар ривоёт аз Яман хоҳад буд.[29] Дар ривоёти марбут ба қиёми Ямонӣ, ба шаҳрҳои Санъо, Адан, Кинда ва минтақаи Абян ишора шудааст.[30] Бархе муътақиданд, ривоёти марбут ба Санъо, мустафиз ва аз тариқи шиа ва аҳли суннат нақл шуда ва ишора ба марказияти он доранд.[31]

Иқдомоти Ямонӣ

Дар ривоёт ба ҷузъиёти қиёми Ямонӣ ишора нашудааст, аммо бархе аз иқдомоти ӯ зикр шудааст; аз ҷумла: даъват ба ҳақ, низоъ бо Суфёнӣ ва фатҳи Руму Қустантиния.

  • Даъват ба ҳақ. Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а), қиёми Ямонӣ барҳақ дониста шуда ва бар зарурати пайвастан ба қиёми ӯ таъкид шудааст.[32] Бархе аз нависандагон мақсуд аз қиёми ба ҳақро даъват ба имомат тафсир кардаанд.[33] Дар ривояте аз шахсе ба номи Мансур ном бурда шудааст, ки ёридиҳандаи ҳазрат Маҳдӣ аст ва 70 ҳазор нафар ҳомӣ дорад.[34] Бар асоси ривояте ҳангоме ки Ямонӣ қиём кунад, фурӯхтани силоҳ ҳаром аст.[35]
  • Ҷангу даргирӣ бо Суфёнӣ. Бархе ривоёт аз ҷанги байни Ямонӣ ва Суфёнӣ хабар медиҳанд, барои мисол касе ки чашми Суфёниро кофта мебарорад аз Санъо хуруҷ мекунад,[36] ё аввалин касе ки бо Суфёнӣ меҷангад Қаҳтонӣ аст.[37] Ривоёт дар бораи натиҷаи ҷанги Ямонӣ бо Суфёнӣ ихтилоф доранд; бархе аз пирӯзӣ[38] ва бархеи дигар аз шикасти Ямонӣ[39] хабар медиҳанд. Бархе аз нависандагон дар тавҷеҳи ихтилофи ин ривоёт гуфтаанд, ки ҳар кадом аз ривоёт, аз даргирии он ду дар замон ва макони хоссе хабар медиҳад.[40] Дар бораи саҳеҳ будани санади ин ривоёт тардид шудааст.[41] Тибқи ривояте, ки Ибни Ҳаммод - олими аҳли суннат, дар китоби ал-Фитан нақл кардааст, Ямонӣ дар Мадина ба Имом Маҳдӣ мепайвандад. Суфёнӣ лашкареро ба Мадина мефиристад, вале он ду аз Мадина ба самти Макка хориҷ мешаванд.[42] Лашкари Суфёнӣ ба дунболи онон ба самти Макка ҳаракат мекунад ва дар маконе ба номи Байдо дар замин фурӯ меравад.[43]
  • Футуҳот. Дар бархе манобеи аҳли суннат омадааст, ки Ямонӣ Қустантания ва Румро фатҳ мекунад.[44] Парчамҳои ӯ ва ёронаш ба ранги сафед аст.[45] Дар манобеи шиъӣ, фатҳи ин манотиқ ба Имоми Замон нисбат дода шудааст.[46]

Муддаиёни Ямонӣ

Тибқи ривояте, шиаён аз замони Имом Содиқ (а) интизори Ямониро мекашиданд. Имом Содиқ, Ямонӣ будани шахсе ба номи «Толиби ҳақ»[Ёддошт 2]-ро ба ин далел рад кард, ки Ямонӣ дӯстдори Алӣ (а) аст, вале Толиби ҳақ аз Алӣ безорӣ меҷӯяд.[47] Аз қарни аввали қамарӣ афроде худро ба унвони Ямонӣ муаррифӣ кардаанд. Аз ҷумла:

  • Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Ашъас (ваф. 85ҳ.қ.), дар замони Абдулмалик ибни Марвон, алайҳи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ - ҳокими Ироқ, шӯриш кард ва худро ҳамон Қаҳтоние номид, ки аҳли Яман интизорашро мекашанд.[48] Ибни Ашъас пас аз шикаст аз умавиён ба Систон рафт ва дар он ҷо аз дунё рафт.[49]
  • Ибни Фарас. Бар асоси гузориши Ибни Халдун, Абдураҳим ибни Абдураҳмон ибни Фарас аз уламои қарни шашум ва ҳафтум дар Андалус буд. Рӯзе дар маҷлиси Мансур сухани тунде бар забон овард. Пас аз он муддате махфиёна зиндагӣ кард ва ҳангоме, ки Мансур аз дунё рафт, зоҳир шуд ва иддао кард ҳамон Қаҳтоние аст, ки Пайғамбар аз омаданаш хабар додааст. Саранҷом Носир ибни Мансур лашкаре ба сӯи ӯ фиристод ва Ибни Зайд дар ин ҷанг кушта шуд.[50]
  • Аҳмад ибни Исмоили Басрӣ, маъруф ба Аҳмад ал-Ҳасан, худро Ямонӣ муаррифӣ мекунад. Ӯ муддаист, ки вазифаи заминасозии зуҳурро бар ӯҳда дорад ва баъд аз Имоми Замон ҳукуматро ба даст хоҳад гирифт.[51] Китоби «Даъвату Аҳмад ал-Ҳасан байна-л-ҳаққи ва-л-ботил» дар радди иддао ва нақди боварҳояш навишта шудааст.[52]

Ҳамчунин аз Язид ибни Мулҳаб[53] ва Абдураҳмон ибни Мансур (дар замони Ҳишом ибни Ҳакам ал-Муайяд биллоҳ)[54] ба унвони муддаии Ямонӣ ёд шудааст.

Такнигорӣ

Китоби «ал-Ямонӣ рояту ҳудо» дар бораи қиёми Ямонӣ ба забони арабӣ навишта шудааст. Нависандаи ин китоб, Сайид Муҳаммадалӣ ал-Ҳулв (тав. 1376ҳ.қ.), олими шиаи аҳли Ироқ аст. Дар ин китоб ба мабоҳисе ҳамчун ному насаби Ямонӣ, макон ва замони қиёми ӯ пардохта шудааст. Нависанда, қиёми Ямониро аз аломатҳои ҳатмии зуҳур донистааст.[55]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.253 - 252.
  2. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.255 - 256; Фатловӣ, Роёт-ул-ҳудо ва-з-залол фи аср-из-зуҳур, 1420ҳ.қ., саҳ.101.
  3. Садуқ, Камол-уд-дин, ҷ.1, 1395ҳ.қ., саҳ.251.
  4. Ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.171.
  5. Оятӣ, «Ямонӣ дарафши ҳидоят», саҳ.20.
  6. Фатловӣ, Роёт-ул-ҳудо ва-з-залол фи аср-из-зуҳур, 1420ҳ.қ., саҳ.100.
  7. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.39 - 40.
  8. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.75; Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, ҷ.2, саҳ.183.
  9. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.199.
  10. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.374.
  11. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.156.
  12. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650, ҳадиси 7.
  13. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650, ҳадиси 7.
  14. Маҳдавирод, “Баррасии татбиқии ривоёти Ямонӣ аз манзари фариқайн”, саҳ.26.
  15. Барои намуна ниг.: Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328, ҷ.2, саҳ.649, ҳадиси 1; Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.253, 252; Лайсӣ, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоиз, 1376ҳ.ш., саҳ.244; Ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.171.
  16. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.17.
  17. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.17 - 19; Маҳдавирод, “Баррасии татбиқии ривоёти Ямонӣ аз манзари фариқайн”, саҳ.26.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.310, ҳадиси 483; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.52, саҳ.233.
  19. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.19.
  20. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.305; Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.447.
  21. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.255 - 256.
  22. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650.
  23. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.26.
  24. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.26 - 27.
  25. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.291.
  26. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.285; Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабат-ус-сақофат-ид-диния, ҷ.2, саҳ.184.
  27. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.36.
  28. Барои намуна ниг.: Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328, ҷ.2, саҳ.649, ҳадиси 1; Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.253, 252; Лайсӣ, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоиз, 1376ҳ.ш., саҳ.244; Ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.171.
  29. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331; Лайсӣ, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоиз, 1376ҳ.ш., саҳ.244.
  30. Фатловӣ, Роёт-ул-ҳудо ва-з-залол фи аср-из-зуҳур, 1420ҳ.қ., саҳ.101.
  31. Фатловӣ, Роёт-ул-ҳудо ва-з-залол фи аср-из-зуҳур, 1420ҳ.қ., саҳ.101.
  32. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.255 - 256.
  33. Маҳдавирод, “Баррасии татбиқии ривоёти Ямонӣ аз манзари фариқайн”, саҳ.52.
  34. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.39 - 40.
  35. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.256.
  36. Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.227.
  37. Аздии Нишобурӣ, Мухтасару исбот-ир-раҷъат, 1413ҳ.қ., ҳадиси 9, саҳ.261, ба нақл аз Маҳдавирод, “Баррасии татбиқии ривоёти Ямонӣ аз манзари фариқайн”, саҳ.53; Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.227.
  38. Аздии Нишобурӣ, Мухтасару исбот-ир-раҷъат, 1413ҳ.қ., ҳадиси 9, саҳ.261, ба нақл аз Маҳдавирод, “Баррасии татбиқии ривоёти Ямонӣ аз манзари фариқайн”, саҳ.53.
  39. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.199.
  40. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.35.
  41. Оятӣ, “Ямонӣ дарафши ҳидоят”, саҳ.35; Маҳдавирод, “Баррасии татбиқии ривоёти Ямонӣ аз манзари фариқайн”, саҳ.54.
  42. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.223.
  43. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.212.
  44. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.291.
  45. Ибни Ҳаммод, ал-Фитан, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, саҳ.199.
  46. Барои намуна ниг.: Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.319.
  47. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.661.
  48. Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.272; Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, ҷ.2, саҳ.184.
  49. Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.273.
  50. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.336.
  51. Юсуфиён, “Баррасии бархе адиллаи ривоии Аҳмади Басрӣ, Ямонии дурӯғин”, саҳ.63.
  52. Юсуфиён, “Баррасии бархе адиллаи ривоии Аҳмади Басрӣ, Ямонии дурӯғин”, саҳ.63.
  53. Фахри Розӣ, ал-Маҳсул, 1418ҳ.қ., ҷ.4, 347 - 348.
  54. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.191.
  55. Ал-Хулв, ал-Ямонӣ рояту ҳудо, 1425ҳ.қ., саҳ.38.

Ёддошт

  1. 1- قَبْلَ قِيَامِ الْقَائِمِ خَمْسُ عَلَامَاتٍ مَحْتُومَاتٍ الْيَمَانِيُّ وَ السُّفْيَانِيُّ وَ الصَّيْحَةُ وَ قَتْلُ النَّفْسِ الزَّكِيَّةِ وَ الْخَسْفُ بِالْبَيْدَاءِ (Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650, ҳадиси 7.) 2- النِّدَاءُ مِنَ الْمَحْتُومِ وَ السُّفْيَانِيُّ مِنَ الْمَحْتُومِ وَ الْيَمَانِيُّ مِنَ الْمَحْتُومِ وَ قَتْلُ النَّفْسِ الزَّكِيَّةِ مِنَ الْمَحْتُومِ وَ كَفٌّ يَطْلُعُ مِنَ السَّمَاءِ مِنَ الْمَحْتُومِ (Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.252.)
  2. Толиби ҳақ лақаби Абдуллоҳ ибни Яҳёи Киндӣ аз бузургони хавориҷ буд, ки дар соли 129 ҳиҷрии қамарӣ алайҳи умавиён дар Яман хуруҷ кард. (Халифа ибни Хайёт, Таъриху халифа, 1415ҳ.қ., саҳ.250).

Сарчашма

  • Аздии Нишобурӣ, Фазл ибни Шозон, Мухтасару исбот-ир-раҷъат, тарҷума: Мирлавҳӣ, таҳқиқи Босим ал-Ҳошимӣ, Бейрут, Дор-ул-карам, 1413ҳ.қ.
  • Ал-Ҳулв, Сайид Муҳаммадалӣ, ал-Ямонӣ рояту ҳудо, Наҷаф, Марказ-уд-диросот-ит-тахассусия фи ал-Имом ал-Маҳдӣ, 1425ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, тасҳеҳи Аҳмад Форис, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Фалоҳ-ус-соил ва наҷоҳ-ул-масоил, Қум, Бустони китоб, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин завӣ-ш-шаън-ил-акбар, таҳқиқ: Халил Шаҳода, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ибни Ҳаммод, Наим ибни Ҳаммод, ал-Фитан, тасҳеҳ: Маҷд ибни Мансур Шурӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Лайсии Воситӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоиз, тасҳеҳ: Ҳусайн Ҳасании Бирҷандӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1376ҳ.ш.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бур Саид, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, тасҳеҳ: Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дор-ус-совӣ, бе то.
  • Маҳдавирод, Муҳаммадалӣ ва дигарон, «Баррасии татбиқии ривоёти Ямонӣ аз манзари фариқайн», дар маҷаллаи Ҳадиспажӯҳӣ, поиз ва зимистони 1393ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, нашри Садуқ, Теҳрон, 1397ҳ.қ.
  • Оятӣ, Нусратуллоҳ, «Ямонӣ дарафши ҳидоят», маҷаллаи Машриқи мавъуд, шумораи 1, соли 1385ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, 1395ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, тасҳеҳи Муассисат-ул-беъсат, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, китоби ал-Ғайбат ли-л-Ҳуҷҷат, тасҳеҳи Абодуллоҳ Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмад Носеҳ, Қум, Дор-ул-маъориф-ил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Фатловӣ, Маҳдӣ, Роёт-ул-ҳудо ва-з-залол фи аср-из-зуҳур, Бейрут, Дор-ул-муҳаҷҷат-ил-байзо, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Маҳсул, таҳқиқи Тоҳо Ҷобир Файзо ал-Алвонӣ, Муассисат-ур-рисола, 1418ҳ.қ./1997м.
  • Халифа ибни Хайёт, Таъриху халифа, таҳқиқ: Фавоз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1995м./1415ҳ.қ.
  • Юсуфиён, Маҳдӣ ва Муҳаммад Шаҳбозиён, “Баррасии бархе адиллаи ривоии Аҳмади Басрӣ, Ямонии дурӯғин”, дар маҷаллаи Машриқи мавъуд, №27, поизи 1392ҳ.ш.