Намози оёт

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Салотулхусуф)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Намози оёт, аз намозҳои фарз аст, ки ҳангоми рух додани бархе ҳаводиси табиъие монанди заминларза, офтобгирифтагӣ (кусуф) ва моҳгирифтагӣ (хусуф) воҷиб мешавад. Аз дигар падидаҳое, ки сабаби воҷиб шудани ин намоз мешавад, бодҳои сурху зард аст, дар сурате, ки мӯҷиби тарси бештари мардум шавад.

Намози оёт ду ракъат аст ва ҳар ракъати он панҷ рукӯъ дорад ва ба ду шева хонда мешавад: дар шеваи нахуст қабл аз ҳар рукӯъ, як Ҳамд ва як сураи комил хонда мешавад. Дар шеваи дувум як сура ба панҷ қисмат тақсим мешавад ва қабл аз ҳар рукӯъ як қисмат аз он хонда мешавад. Дар ин сурат, дар ҳар ракъат, фақат қабл аз рукӯъи аввал, сураи Ҳамд хонда мешавад ва қабл аз рукӯъҳои дигар, фақат як қисмат аз панҷ қисмати сураи дигар.

Агар намози оёт, ба сабабе ғайр аз офтобгирифтагӣ ва моҳгирифтагӣ бошад, ҳар замон, ки ба ҷо оварда шавад, ба нияти адо аст, аммо намози оёти офтобгирифтагию моҳгирифтагӣ бояд дар замони гирифтагии офтобу моҳ хонда шавад ва агар хонда нашавад, бояд қазояш ба ҷо оварда шавад.

Таъриф ва номгузорӣ

Намози оёт, намозе аст, ки ба ҳангоми рух додани ҳаводиси табиъие монанди хуршедгирифтагӣ, моҳгирифтагӣ, заминларза[1] ва низ ҳар падидаи табиъие ки мӯҷиби тарси бештари мардум шавад,[2] монанди бодҳои зарду сурх воҷиб мешавад.[3] Оёт, ҷамъи «оя» ё «оят» ба маънои аломату нишона аст[4] ва дар ривояте хуршедгирифтагӣ ва моҳгирифтагӣ аз нишонаҳои Худо дониста шудааст.[5]

Дар ривоёт аз намози оёт бо ин унвон, яъне салотул-оёт ёд нашудааст, балки бо унвони «салотул-кусуф» аз он ном бурда шудааст,[6] аммо дар китобҳои фиқҳӣ ҳар ду унвон барои он ба кор рафтааст.[7] Гуфтаанд, иллати номгузории ин намоз ба намози оёт, эҳтимолан ин аст, ки инсон ин падидаҳоро нишонаи қудрати Худо ва моликияти Ӯ бар ҳамаи чиз бидонад.[8] Пайғамбар (с) низ рӯзи марги фарзандаш Иброҳим ҳангоме, ки хуршед гирифт, хуршеду моҳро ду нишонаи Худованд, ки сар ба фармони Ӯ доранд, муаррифӣ карда фармуд ҳар мавқеъ яке аз он ду гирифт, намози оёт бихонед!.[9]

Пешина

Намози оёт дар соли даҳуми қамарӣ бар мусулмонон, воҷиб шуд. Ба гузориши манобеи торихӣ, дар ин сол, ҳангоме ки Иброҳим писари Расули Худо аз дунё рафт, хуршедгирифтагӣ рух дод. Гурӯҳе аз мардум хуршедгирифтагиро бо марги Иброҳим муртабит донистанд, аммо Пайғамбар (с) ин дуро аз нишонаҳои Илоҳӣ донист, ки ба амри Худо рух медиҳад на, бо марг, ё ҳаёти касе.[10] Сипас дастур дод ҳангоме, ки кусуф ва хусуф рух медиҳад, намози оёт бихонанд ва худ бо мусулмонон намози оёт хонд.[11]

Наҳваи хондан

Намози оёт ду ракъат аст ва ҳар ракъат панҷ рукӯъ дорад ва ба ду шева хонда мешавад:[12]

  • Шеваи нахуст: дар ин шева, қабл аз ҳар рукӯъ, сураи Ҳамд ва сураи дигаре хонда мешавад;[13] ба ин сурат, ки пас аз такбиратул-эҳром, сураи Ҳамд ва сипас сураи дигаре мехонем ва ба рукӯъ меравем. Пас аз рукӯъ, дубора сураи Ҳамд ва сура дигаре мехонему боз ба рукӯъ меравем. Ба ҳамин тартиб то рукӯъи панҷум идома медиҳем. Сипас ба саҷда рафта ва ракъати дувумро ҳам монанди ракъати аввал ба ҷо меоварем. Пас аз саҷдаҳои ракъати дувум ҳам ташаҳҳуд ва салом медиҳем.[14]
  • Шеваи дувум: дар ин шева, дар ҳар ракъат як сураи Ҳамд ва як сураи дигар хонда мешавад; бо ин фарқ, ки дар ҳар ракъат, сураи Ҳамдро танҳо як бор мехонем ва сураи дигарро панҷ қисмат карда, қабл аз ҳар рукӯъ, як қисмат аз онро ба танҳоӣ (бидуни сураи Ҳамд) мехонем.[15]

Ба фатвои фақеҳон, метавон дар як ракъат, шеваи нахуст ва дар ракъати дигар шеваи дувумро ба кор гирифт.[16][Ёддошт 1]

Мустаҳаббот

Бархе аз мустаҳаботи намози оёт иборатанд аз:

  • Хондани қунут пеш аз рукӯъи дувум, чаҳорум, шашум, ҳаштум ва даҳум.[17]
  • Аъмоле ки дар намозҳои рӯзона мустаҳаб аст, дар намози оёт ҳам мустаҳаб аст; албатта дар намози оёт мустаҳаб аст ба ҷои азону иқома, се бор «ассалот» гуфта шавад.[18]
  • Гуфтани такбир пас аз ҳар рукӯъ, ба ҷуз рукӯъи панҷум дар ҳар ракъат.[19]

Хондани намоз ба ҷамоат,[20] баланд хондани он[21] тӯлонӣ кардани намоз то боз шудани хуршеду моҳ[22] ва хондани сураҳои тӯлонӣ[23] аз дигар мустаҳабботи намози оёт аст.[Ёддошт 2]

Вақти намози оёт ва қазои он

Вақти намози оёти марбут ба кусуф (хуршедгирифтагӣ) ва хусуф (моҳгирифтагӣ), аз аввали гирифтагии қурс то оғози зоҳир шудани он[24] ё то поёни зоҳир шуданаш[25] аст. Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, эҳтиёт он аст, ки хондани намозро аз замони шурӯи қурс ба зоҳир шудан ба таъхир наандозем.[26] Дар сурате, ки намози оёти кусуфу хусуф дар вақташ хонда нашавад, қазои он воҷиб аст.[27]

Намози оёти марбут ба заминларза ва дигар намозҳои оёт (ба ҷуз намози оёти кусуфу хусуф) қазо надоранд[28] ва ҳар замон ба ҷо оварда шавад, ба нияти адо хонда мешавад.[29]

Ғусли кусуф

Ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ, шуморе аз фақеҳони шиа, монанди Сайиди Муртазо, Салор Дайламӣ ва Абусалоҳ Ҳалабӣ, фатво додаанд, агар касе намози оёти офтобгирифтагӣ ё моҳгирифтагиро дар вақташ ба ҷо наёвард, воҷиб аст илова бар қазои он, ғусл ҳам бикунад, аммо худи ӯ ва ҷамъе дигар, монанди Шайхи Муфид, Ибни Барроҷ ва Ибни Идриси Ҳиллӣ, ин ғуслро мустаҳаб донистаанд. Албатта воҷиб будан ё мустаҳаб будани ин ғусл махсуси замоне аст, ки моҳгирифтагӣ ё хуршедгирифтагӣ ба сурати комил иттифоқ афтода бошад ва ҳамчунин фард амдан намози оётро дар вақти он нахонда бошад.[30] Дар ривоёт аз ин ғусл бо номи ғусли кусуф ёд шудааст.[31]

Муқаддам будани намози явмия дар тангии вақт

Хондани намози оёти хусуфу кусуф воҷиби фаврӣ аст,[32] аммо агар намози оёт дар вақти намозҳои панҷгонаи рӯзона воҷиб шавад, бояд аввал намозеро хонд, ки агар аввал хонда нашавад, вақташ тамом мешавад. Дар сурате ки вақти ҳар ду намоз танг бошад, бояд намози панҷгонаро бар намози оёт муқаддам кард.[33]

Соири аҳком

  • Ҳар як аз рукӯъҳои намози оёт, рукн аст ва агар амдан ё саҳван, кам ё зиёд шавад, намоз ботил аст.[34]
  • Намози оёт фақат бар мардуми минтақае воҷиб мешавад, ки ҳаводиси табиъӣ дар онҷо рух додааст.[35]
  • Бино ба назари бархе фақеҳон, намози оёт аз ҳоиз ва нифос соқит аст.[36] Албатта гуфтаанд, бино бар эҳтиёти воҷиб, бояд қазои онро баъд аз пок шудан, хонд.[37]
  • Хуршедгирифтагӣ ва моҳгирифтагӣ дар сурате мӯҷиби воҷиб шудани намози оёт мешавад, ки бо чашми ғайримусаллаҳ дида шавад. Агар он қадар кам бошад, ки фақат бо чашми мусаллаҳ дида мешавад, ё бисёр зудгузар бошад, намози оёт воҷиб нест.[38]
  • Пасларзаҳое, ки пас аз заминларзаи аслӣ рух медиҳанд, агар зилзилаи мустақил маҳсуб шаванд, сабаби воҷиб шудани намози оёт мешаванд.[39] Ҳамчунин аст ларзиши сабуки замин, дар сурате ки эҳсос шавад.[40]
  • Агар чанд намози оёт барои рӯйдодҳои асбоби мухталиф воҷиб шуда бошад, бино бар эҳтиёти воҷиб, бояд вақти ният, муайян кунад намози оёте, ки мехонад, барои кадом иттифоқ аст.[41]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48; Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), 1373ҳ.ш., саҳ.410.
  2. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, муассисаи матбуоти дорулъилм, ҷ.1, саҳ.191.
  3. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48; Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), 1373ҳ.ш., саҳ.410.
  4. Фароҳидӣ, ал-Айн, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.441 (зайли калимаи аё).
  5. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313, ҳадиси 31.
  6. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.288; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.434; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.171.
  7. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.48; Файзи Кошонӣ, Мафотеҳ-уш-шароиъ, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, ҷ.1, саҳ.137; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, 193.
  8. Акбарӣ, Нигоҳе ба фалсафаи аҳком, 1390, саҳ.67.
  9. Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, ҷ.22, саҳ.1557, Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи абадият, ҷ.1, саҳ.52.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.452.
  11. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313, ҳадиси 31; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.485.
  12. Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71.
  14. Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.72.
  15. Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71 - 72.
  16. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1036, м1509.
  17. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1037, м1512.
  18. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1036, м1510.
  19. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48.
  20. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48.
  21. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, муассисаи матбуоти дорулъилм, ҷ.1, саҳ.194.
  22. Яздӣ, Муҳаммадкозим, Урват-ул-вусқо, ҷ.27, саҳ.217.
  23. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48.
  24. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48; Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, муассисаи матбуоти дорулъилм, ҷ.1, саҳ.192.
  25. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.409.
  26. Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), 1373ҳ.ш., саҳ.411, м1307.
  27. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48.
  28. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48; Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), 1373ҳ.ш., саҳ.411, м1308.
  29. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.48; Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), 1373ҳ.ш., саҳ.411, м1308.
  30. Аллома Ҳиллӣ, Мухталиф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317.
  31. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115.
  32. Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), 1373ҳ.ш., саҳ.411. М1308.
  33. Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.49; Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), 1373ҳ.ш., саҳ.412, м1312.
  34. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.728.
  35. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.731.
  36. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.731; имом Хумайнӣ, Наҷот-ул-ибод, 1422ҳ.қ., саҳ.119.
  37. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1034 - 1035, м1506.
  38. Имом Хумайнӣ, Наҷот-ул-ибод, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.109
  39. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.214, м714.
  40. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.214, м715.
  41. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1027-1028, м1493.

Ёддошт


Сарчашма

  • Акбарӣ, Маҳмуд, Нигоҳе ба фалсафаи аҳком, Қум, Фатаён, 1390ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Қум, муассисаи матбуоти дорулъилм, бе то.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Наҷот-ул-ибод, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Теҳрон, 142ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.1), таҳқиқи Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Миср, Дорултаъоруф, 1959м.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, тасҳеҳи Ҷалолиддин Урумавӣ, Қум, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1392ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ ибни Ҷавод, Аҷвибат-ул-истифтоот, аддорул-исломия, Бейрут, 1420ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, тафсили Васоил-уш-шиъа ила таҳсили масоил-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёилтурос, алтабъатуссолиса, 1416ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фи мо таъумму биҳи-л-балво, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1409ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Табсират-ул-мутаъаллимин фи аҳком-ид-дин, тасҳеҳи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Теҳрон, муассисаи чоп ва нашри вобаста ба вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталиф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-аҳком фи маърифат-ил-аҳком, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1419ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, тасҳеҳи Маҳдии Махзумӣ ва Иброҳим Сомирроӣ, Қум, Ҳиҷрат, 1410ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Мафотеҳ-уш-шароиъ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорулкитобил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Рисолаи шарифаи Маҷмаъ-ур-расоил (ал-Муҳашшо), Машҳад, муассисаи ҳазрати Соҳибаззамон, 1373ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Теҳрон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found