Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим

Аз wikishia
Санаи таваллуд1341ҳ.ш.
ЗодгоҳТабрез
Санаи шаҳодат1403ҳ.ш
Маҳалли дафнТабрез
СиёсӣИмомҷумъа
Вебгоҳи расмӣhttps://www.ale-hashem.ir


Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим (форсӣ: سید محمدعلی آل‌هاشم) (1341ҳ.ш.-1403ҳ.ш.), имомҷумъаи Табрез ва намояндаи валии фақиҳ дар устони Озарбойҷони Шарқӣ буд. Ӯ намояндагии мардуми Озарбойҷони Шарқӣ дар давраи шашуми Маҷлиси хубрагони раҳбариро бар ӯҳда гирифт ва қабл аз он, дар созмони ақидатӣ-сиёсии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон низ масъулиятҳое дошт. Дар 30 урдибиҳишти 1403ҳ.ш., вай ҳамроҳи Сайид Иброҳим Раисӣ Раиси Ҷумҳури исломии Эрон дар сониҳаи ҳавоӣ ҷони худро аз даст дод.

Зиндагӣ

Сайид Маҳмадалӣ Олиҳошим, фарзанди Сайид Муҳаммадтақӣ Олиҳошим аз рӯҳониёни номдори Табрез буд. Ӯ таҳсилоти муқаддамотиро дар Табрез гузаронд. Олиҳошим таҳсили улуми диниро дар ҳавзаи илмияи Табрез оғоз кард ва сипас барои идома ба ҳавзаи илмияи Қум азимат намуд. Ӯ 14 сол дар дарси хориҷи Сайид Алии Хоманаӣ ширкат мекард.[1] Ӯ ҳамчунин дар Табрез ба тадриси дарси хориҷ машғул буд.[2]

Вазифаҳои расмӣ ва сиёсӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 10 хурдоди 1396ҳ.ш.\2017 Олиҳошимро ба намояндагӣ валии фақиҳ дар Озарбойҷон ва имомҷумъаи Табрез мансуб кард.[3] Олиҳошим, аз 28 тирмоҳи 1388ҳ.ш.[4] то 11 тирмоҳи 1396ҳ.ш.[5] масъулияти намояндагии валии фақиҳ ва раёсати Созмони ақидатӣ-сиёсии артиши Ҷумҳурии исломии Эронро бар ӯҳда дошт.[6] Вай дар ин даврон се бор муваффақ ба касби мақоми аввал байни Созмонҳои ақидатӣ-сиёсии нерӯҳои мусаллаҳ шуд.[7]

Акс:صندلی خالی سید محمدعلی آل‌هاشم در خبرگان.jpgСандалии холии Сайид Маҳмадалии Олиҳошим дар ифтитоҳияи давраи шашуми маҷлиси хубрагони раҳбарӣ[8]

Олиҳошим дар давраи шашуми Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба унвони намояндаи мардуми Озарбойҷони Шарқӣ интихоб шуд. Ӯ бо касби 834 ҳазор ва 108 раъй, бештарин раъй дар давраҳои мухталифи хубрагони раҳбарӣ дар устони Озарбойҷони Шарқиро касб кард.[9] Албата қабл аз баргузории нахустин ҷаласаи давраи шашуми Маҷлис хубрагон даргузашт.[10]

Аз дигар масъулиятҳои расмии ӯ метавон ба мавориди зер ишора кард:[11]

  • Масъули ситоди намози ҷумъаи Табрез;
  • Масъули ақидатӣ-сиёсии Маркази омӯзиши пуштибонии Нерӯҳои заминии артиш;
  • Раиси ақидатӣ-сиёсии лашкари 21 Ҳамзаи Озарбойҷон;
  • Раиси идораи ақидатӣ-сиёсии минтақаи Озарбойҷон;
  • Муовини таблиғот ва равобити умумии Созмони ақидатӣ-сиёсии минтақаи Озарбойҷон;
  • Ҷонишини идораи ақидатӣ-сиёсии Нерӯи дарёии артиш;
  • Ҷонишини идораи ақидатӣ-сиёсии Нерӯи заминии артиш;
  • Муовини ҳамоҳангкунандаи Созмони ақидатӣ-сиёсии артиш;
  • Ҷонишини Созмони ақидатӣ-сиёсии артиш бо тасвиби Фармондеҳи муаззами кулли қуво;
  • Узви мизи Озарбойҷон дар Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом;
  • Раиси идораи ақидатӣ-сиёсии Нерӯи заминии артиш.

Осор

Олиҳошим дорои таълифоти тахассусӣ барои нерӯҳои мусаллаҳ ва рӯҳониюн ва низ таълифоти умумӣ буд. [ 13 ] Аз ҷумлаи осори ӯ метавон ба мавориди зер ишора кард:

  • Шамими ахлоқ ва тарбияти исломӣ;[12]
  • Сираи ахлоқӣ ва тарбиятӣ;[13]
  • Баррасии фиқҳии ҷанги равонӣ;[14]
  • Паёми ҷумъа, дар шаш ҷилд (хутбаҳои эродшуда дар намози ҷумъаи Табрез).[15]

Даргузашт

Ташйиъи пайкари Сайид Маҳмадалии Олиҳошим дар Табрез 3 хурдоди 1403ҳ.ш. (23\май\2024)[16]

19-уми майи 2024, дар ҷараёни сафари Сайид Иброҳим Раисӣ (Раисҷумҳӯр) ба вилояти Озарбойҷони Шарқӣ, дар масири бозгашт аз ифтитоҳи садде дар марзи Эрону Озарбойҷон, Сайид Маҳмадалӣ Олиҳошим вайро ҳамроҳӣ мекард ки болгарди онҳо дар маҳдудаи миёни ноҳияҳои Варзақон ва Ҷулфо аз тавобеъи шаҳри Табрез дучор сониҳа шуд[17] ва ҷони худро аз даст дод.[18]

Маросими ташйиъи Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҷонбохтгони ҳамроҳи ӯ дар 21 майи 2024 дар Табрез[19] ва Қум баргузор шуд. Дар 22 май, Оятуллоҳ Хоманаӣ бар ҷанозаи онон дар донишгоҳи Теҳрон намози майит хонд[20] ва маросими ташйиъ бо ҳузури ақшори мухталифи мардум дар Теҳрон баргузор шуд.[21] Сипас ҷинозаи Олиҳошим ба Табрез интиқол гардид ва дар 23 май пас аз ташйиъи дубора дар қабристони ба номи Водии раҳмати ин шаҳр ба хок супурда шуд.[22]

Эзоҳ

  1. "Зиндагинома", Сайти ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим
  2. «جلسه درس خارج امر به معروف و نهی از منکر نماینده ولی فقیه در آذربایجان شرقی در مسجد جامع تبریز», Хабаргузории Ҳавза
  3. انتصاب نماینده ولی فقیه در استان آذربایجان شرقی و امام جمعه تبریز, сайти khamenei.ir
  4. انتصاب حجت‌الاسلام سیدمحمدعلی آل‌هاشم به ریاست سازمان عقیدتی سیاسی ارتش, сайти khamenei.ir
  5. انتصاب حجت‌الاسلام محمدحسنی به ریاست سازمان عقیدتی سیاسی ارتش, сайти khamenei.ir
  6. انتصاب حجت‌الاسلام سیدمحمدعلی آل‌هاشم به ریاست سازمان عقیدتی سیاسی ارتش, сайти khamenei.ir
  7. "Зиндагинома", Сайти ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим
  8. «صندلی خالی شهیدان رئیسی و آل هاشم در مراسم امروز مجلس خبرگان+ عکس», Хабаргузории Ҳавза
  9. "آل هاشم" رکورد خبرگان را شکست, сайти Хабар-онлайн
  10. Ниг.: «صندلی خالی شهیدان رئیسی و آل هاشم در مراسم امروز مجلس خبرگان+ عکس», Хабаргузории Ҳавза
  11. "Зиндагинома", Сайти ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим
  12. «معرفی آثار», Сайти ҳазоати Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим
  13. «معرفی آثار», Сайти ҳазоати Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим
  14. «معرفی آثار», Сайти ҳазоати Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим
  15. «نگاهی به زندگی و کارنامه نامزدهای خبرگان رهبری در آذربایجان شرقی», Сайти ИРНА
  16. «تشییع پیکر مطهر شهید آیت الله آل هاشم در تبریز», Сайти Барно-Ниюс
  17. «بالگرد حامل رئیس جمهور دچار سانحه شد/با ۲ نفر از سرنشینان بالگرد رئیس‌جمهور ارتباط برقرار شد»,Хабаргузории ИСНА
  18. تایید شهادت حجت‌الاسلام آل هاشم, Хабаргузории ИЛНА
  19. «‌تشییع باشکوه شهدا‌‌ در تبریز/ مردم "سید" را در آغوش گرفتند», Хабаргузории Тасним
  20. «اقامه نماز رهبر انقلاب بر پیکر شهید رئیسی و شهدای خدمت», Хабаргузории Тасним
  21. «بازتاب گسترده مراسم تشییع شهدای خدمت در رسانه‌های بین‌المللی», Хабаргузории ИСНА
  22. «آیت الله آل هاشم به خاک سپرده شد», сайти Хабар-онлайн

Сарчашма