Тақрирнависӣ

Аз wikishia

Бо тақрири маъсум иштибоҳ нашавад.

Тақрирнависӣ (фарсӣ: تقریرنویسی) равиши омӯзиш дар ҳавзаҳои илмия ва ба маънои навиштани матолиби устод дар маҷлиси дарс ва тартиб додани равишманди онҳост, ки гоҳе бо пажӯҳишҳо ва дидгоҳҳои тақрирнавис ҳамроҳ аст. Бархе бар ин боваранд, ки тақрирнависӣ, афзун бар сабти матолиби устод, ба фаҳми амиқ ва рушди илмии тақрирнавис низ кумак мекунад. Бино ба нақли Сайид Муҳсини Амин, Сайид Муҳаммадҷаводи Омилӣ нависандаи Мифтоҳ-ул-карома аввалин касе буд, ки дарси устодаш Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулулумро тақрир кард.

Дар бораи тафовути тақрирнависӣ бо амолинависӣ гуфтаанд, дар амолинависӣ устод матолибро аз рӯй навишта барои шогирдон ироа мекунад ва шогирдон матолибро бидуни дахлу тасарруф, ёддошт мекунанд; дар ҳоле ки дар тақрирнависӣ, шогирд метавонад дар матолиби устод дахлу тасарруф кунад. Пешмутолиаи дарс, навиштани ҳамаи матолиби устод, мустанадсозии матолиб, покнавис кардан, ислоҳ ва шевоӣ дар баёни матолиб, аз муҳимтарин усули тақрирнависӣ ба шумор мераванд.

Китоб «Дониши тақрирнависӣ: ба замимаи равиши ҳалли масаълаи фиқҳӣ» ба қалами Муҳаммадҳасан Раббонии Бирҷандӣ ба баёни таърихчаи тақрирнависӣ ва муаррифии бархе тақрирот пардохтааст.

Мафҳумшиносӣ

Тақрирнависӣ иборат аст аз навиштани матолиби устод дар маҷлиси дарс ва равишманд тартиб додани онҳо, ки гоҳе бо пажӯҳишҳо ва дидгоҳҳои тақрирнавис низ ҳамроҳ аст.[1] Ба он чи аз тақрирнависӣ ба даст меояд, тақрирот гуфта мешавад. Тақрирот унвони омми бархе аз китобҳое аст, ки ба шеваи тақрирнависӣ аз авохири қарни 12ҳ.қ. ва пас аз он таълиф шудааст.[2]

Марсум аст, ки шогирдон тақрироти худро ба устод арза мекунанд ва ғолибан устод назари худро дар бораи он ба сурати тақриз

менависад. Тақризи устод боиси эътибори тақрирот мешавад.[3]

Суннати тақрирнависӣ агарчи бештар дар дарсҳои хориҷи усули фиқҳ ва фиқҳ ҷо афтодааст; аммо дар улуми дигаре назири мантиқ, фалсафа, тафсир ва ирфон низ ривоҷ дошта ва тақрироте аз ин дарсҳо мавҷуд аст.[4]

Тафовут бо амолинависӣ

Мақолаи аслӣ: Амолинависӣ

Бархе тафовутҳои тақрирнависӣ бо амолинависӣ ба қарор зер аст:

  • Дар амолинависӣ устоди матолибро аз рӯи навишта ва ё аз ҳофизаи худ барои шогирдони ҳозир дар маҷлис, ироа медиҳад ва онҳо матолиби ӯро бидуни каму кост ёддошт мекунанд;[5] аммо дар тақрирнависӣ, шогирдон дар ҳангоми тартиб додани навиштаҳо метавонанд дар матолиби устод дахлу тасарруф кунанд.[6]
  • Амолӣ илми устод аст ва дар натиҷа китоб ба номи ӯ тамом мешавад;[7] вале дар тақрирот, модда ва муҳтавои дарсӣ аз устод аст; аммо шарҳ, эзоҳ ва сабки нигориши матолиб ба салиқа ва ихтиёри тақрирнавис аст. Аз ин рӯ, китоб ба номи тақрирнавис тамом мешавад.[8]

Таърихча

Аҷвад-ут-тақрирот, тақрироти дарси усули Мирзо Муҳаммадҳусайни Ноинӣ, навиштаи Сайид Абулқосими Хуӣ.

Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа авохири қарни 12 қамариро шурӯи аввалин давраҳои тақрирнависӣ донистааст.[9] Сайид Муҳсини Амин дар китоби Аъён-уш-шиа, Сайид Муҳаммадҷаводи Омилӣ, муаллифи Мифтоҳ-ул-карома (ваф.1226ҳ.қ.)-ро аввалин тақрирнависе дониста, ки тақрироти дарси устодаш Сайид Маҳдӣ Баҳрулулумро навишта[10] ва яке аз пажӯҳишгарон муътақид аст, ки тақрирнависӣ аз давраи Соҳиби Фусул оғоз шудааст.[11]

Бархе низ бо истинод ба ривояте, ки дар он Пайғамбар (с) ба яке аз ансор, ки гуфтори Пайғамбар (с)-ро мешунид, аммо аз ҳифзи он оҷиз буд, дастур дод то суханони ӯро бинависад,[12] пешинаи тақрирнависиро ба асри Пайғамбар (с) бармегардонанд.[13]

Тақрирнависӣ ва рушди илмӣ

Дар бораи тақрирнависии дидгоҳҳое матраҳ шудааст:

  • Бархе аз уламо ва асотиди фиқҳ ва усули фиқҳ ҳамчун Оятуллоҳ Буруҷердӣ,[14] равиши тақрирнависиро мӯҷиби рушди илмӣ ва фаҳми амиқи матолиб дониста ва талабаву донишпажӯҳро ба анҷоми ин равиши омӯзишӣ ташвиқ ва тарғиб мекардаанд.[15] Гуфта шуда, Мирзои Шерозӣ ба тақрироти шогирдонаш аҳамият дода ва дар ҳузури дигарон беҳтарин тақрирро муаррифӣ мекардааст.[16]
  • Бино ба нақли Оятуллоҳ Мунтазирӣ, Сайид Муҳаммад Муҳаққиқи Домод бо тақрирнависӣ мухолиф буда ва ба сабаби ин ки талаба фақат ба навиштаҳои худаш такя мекунад, онро мӯҷиби уфти илмии ӯ медонистааст.[17]

Шеваҳои тақрирнависӣ

Тақризи Сайид Муҳаммадбоқири Садр бар китоби Буҳусун фи илми ал-усул тақрир ва навиштаи Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ

Тақрирнависӣ ба ду шеваи мактуб ва шифоҳӣ сурат мегирифтааст:

  • Тақрири шифоҳӣ: дар тақрири шифоҳӣ, билофосила пас аз поёни ҷаласаи дарси устод, бархе аз шогирдони аршад ва бособиқа бо такя бар ҳофизаи худ, дарсро барои шогирдоне ки собиқа камтаре дошта ва ё дарсро хуб нафаҳмида буданд, такрор мекарданд.[18] Гуфта шуда Муҳаммадҳасани Оштиёнӣ аз шогирдони Шайх Ансорӣ, дарси шайхро барои иддае аз шогирдон, ба ин шева тақрир мекардааст.[19]
  • Тақрири катбӣ: тақрирнависии катбӣ ба шеваҳои зер анҷом мешавад:
  1. Тақрирнавис матолиби устодро дар маҳфили дарс мӯ ба мӯ ёддошт мекунад ва пас аз дарс ислоҳи ҷузъӣ мекунад.[20]
  2. Тақрирнавис матолиби устодро дар маҷлиси дарс гӯш мекунад ва пас аз ҷаласаи дарс, хулосаи матолиби дарси устодро менависад.[21]
  3. Тақрирнавис пеш аз дарси устод, мабоҳиси мавриди назарро мутолиа мекунад ва дар ҷаласаи дарс фақат нукоти изофӣ, ки устод ба онҳо ишора кардаро ёддошт мекунад.[22]
  4. Устоди асли баҳсро матраҳ мекунад ва шогирд онро шарҳу баст медиҳад.[23]
  5. Тақрирнавис, дар ҷаласаи дарс фақат сарфаслҳои матолибро ёддошт мекунад. Бархе ин сарфаслҳоро шарҳу баст медиҳанд ва бархе ба ҳамин матолиби муҳим ва калидӣ иктифо мекунанд.[24]

Вижагиҳои тақрири хуб

قَیِّدُوا العِلْمَ بِالکِتابَةِ
Бо навиштан, илмро дар банд бикашед.

Барои навиштани як тақрири пазируфташуда, риояти умури зер лозим аст:

  • Тақрирнавис, нисбат ба баҳс ки қарор аст дар ҷаласаи дарс ироа шавад, пешмутолиа кунад.[26]
  • Тақрирнавис ҳамаи матолиби устод ё дастикам матолиби муҳим ва сарфаслҳои дарсро ёддошт кунад.[27]
  • Тақрирнавис, китобҳоеро ки устод дар баёни матолиб аз онҳо истифода карда ё ба онҳо ишора кардааст, мутолиа кунад.[28]
  • Матолиби устодро мустанадсозӣ кунад. Гоҳе мумкин аст устод дар маҳфили дарс, ақволи уламо, оёт ё ривоятеро бидуни зикри манбаъ, матраҳ кунад. Бар тақрирнавис лозим аст барои беҳтар шудани кор, ин санади ин гуфтаҳоро ҷустуҷу карда илова кунад.[29]
  • Матолибе ки дар маҷлиси дарс сабту забт кардаастро покнависӣ карда ва дар сурати ниёз, каму зиёд ва пасу пеш кунад.[30]
  • Матолиби устодро ба наҳви возеҳу шево тақрир карда ва иборатпардозиҳо ба андозае бошад, ки барои фаҳми матлаб тавассути шахси ғоиб дар дарс низ кофӣ бошад.[31]

Бархе тақрироти фиқҳ ва усули фиқҳ

Китоби ат-Танқиҳу фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо тақрироти дарси фиқҳи Сайид Абулқосими Хӯӣ, навиштаи Мирзо Алӣ Ғаравӣ

Бархе аз тақрироти машҳур дар ҳавзаи дарси фиқҳ:

Бархе аз тақрироти машҳур дар ҳавзаи дарси усули фиқҳ:

Сомонаҳои интернетии тақрирот

Бархе аз сайтҳое, ки тақрироти дарсҳои гурӯҳе аз устодон дар он боргузорӣ шуда иборатанд аз:

  • Сайти Дарсгуфтор: (https://darsgoftar.net) ин сайт шомили файлҳои дарсии савту матни устодони сатҳи олии ҳавзаҳои илмияи Қум ва Машҳад аст, ки байни матни тақрир ва савт, иртиботсозӣ шудааст ва низ бастаҳо ва абзорҳои пешмутолиаи он мабҳас низ ироа гардидааст.[39]
  • Сайти Мадрисаи фақоҳат: (https://www.eshia.ir) дар ин сайт мушоҳидаи тақрири дарсҳои ҳавзавӣ бо қобилияти дастрасӣ ба мустанадоти он дар Китобхонаи мадрисаи фақоҳат фароҳам шудааст. Ҳамчунин Мадрисаи фақоҳат, дарсҳои хориҷи ҳавзаҳои илмияи Қум, Машҳад ва Наҷафро низ ба сурати зинда пахш мекунад.[40]
  • Сомонаи Тақрироти дарсҳои хориҷ: (https://taghrir.ismc.ir) ин сомона барои дастрасӣ ба тақрироти дарсҳои хориҷи устодони ҳавза ва тарвиҷи суннати тақрирнависӣ роҳандозӣ шудааст. Сомонаи Тақрироти дарсҳои ҳавза сомонае омӯзишӣ, пажӯҳишӣ ва итилоърасонӣ аст ки вазифаи гирдоварӣ, ғанисозӣ, табақабандӣ, арзёбӣ ва фароҳам кардани заминаи гуфтугӯ перомуни тақрироти туллоби дарси хориҷи ҳавзаро дар фазои маҷозӣ бар ӯҳда дорад.[41]

Такнигорӣ

Китоби «Дониши тақрирнависӣ: ба замимаи равиши ҳалли масаълаи фиқҳӣ» ба қалами Муҳаммадҳасан Раббонии Бирҷандӣ, узви ҳайати илмии маркази тахассусии Охунди Хуросонӣ, гирдоварӣ ва тавассути ширкати чопу нашри Байналмилал дар тобистони 1398ҳ.ш. чоп ва мунташир шудааст.[42]

Эзоҳ

  1. «اولین دوره مجازی آموزش صحیح تقریرنویسی», сайти Сиқлайн
  2. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.366
  3. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.28
  4. Барои намуна ниг.: Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.132 ва саҳ.238
  5. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305
  6. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.13
  7. Барои намуна ниг.: Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.308
  8. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.13
  9. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.366
  10. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.308
  11. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.15
  12. Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.267 - 268
  13. Шерозӣ, «Зарурат ва моҳиятшиносии дарси хориҷ ва тақрирнависии он», саҳ.93
  14. «خاطرات آیت الله منتظری از دوران آیت الله العظمی بروجردی», сайти Шафақно
  15. Шерозӣ, «Зарурат ва моҳиятшиносии дарси хориҷ ва тақрирнависии он», саҳ.104
  16. Шерозӣ, «Зарурат ва моҳиятшиносии дарси хориҷ ва тақрирнависии он», саҳ.104
  17. «خاطرات آیت الله منتظری از دوران آیت الله العظمی بروجردی», сайти Шафақно
  18. «Мусоҳибаи бо Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҷаъфари Мураввиҷ», маҷаллаи Ҳавза, саҳ.28
  19. Яъқубӣ ва Саидӣ, «Тақрирот», саҳ.776
  20. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.16
  21. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.16
  22. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.16
  23. Шерозӣ, «Зарурат ва моҳиятшиносии дарси хориҷ ва тақрирнависии он», саҳ.107
  24. «بهترین روش‌های تقریرنویسی کدامند؟», сайти Маъолим: портали ҷомеъи иттилоот ва хадамоти омӯзишии Маркази тахассусии Охунди Хуросонӣ
  25. Туҳаф-ул-уқул, саҳ.36
  26. Ҷаводии Омулӣ, Китоб-ул-ҳаҷ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.16
  27. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.22
  28. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.23
  29. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.24
  30. Раббонӣ, Дониши тақрирнависӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.23
  31. «اولین دوره مجازی آموزش صحیح تقریرنویسی», сайти Сиқлайн
  32. Ғаравии Табрезӣ, ат-Танқиҳ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11
  33. Халхолӣ, Фиқҳ-уш-шиа, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7
  34. Фозили Ланкаронӣ, Ниҳят-ут-тақрири фи мабоҳис-ис-салот, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30
  35. Хуӣ, Аҷвад-ут-тақрирот, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.2
  36. «اجودالتقریرات»، دانشنامه تخصصی کتاب‌شناسی و زندگی‌نامه: ویکی‌نور.
  37. Буруҷердӣ, Ниҳоят-ул-афкор, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3
  38. Субҳонӣ, Таҳзиб-ул-усул, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4
  39. «سامانه آموزشی درسگفتار رونمایی شد», сайти хабарии Иҷтиҳод
  40. «پخش زنده دروس خارج», сайти Мадрисаи фақоҳат
  41. «تقریرات دروس خارج حوزه علمیه قم», сомонаи Тақрироти дарсҳои хориҷ
  42. «کتاب «دانش تقریرنویسی» منتشر شد», хабаргузории Меҳр

Ёддошт

Сарчашма

  • «مصاحبه باآیت‌اللّه سید محمدجعفر مروّج», Ҳавза, №98, хурдоду тири 1379ҳ.ш.
  • «اولین دوره مجازی آموزش صحیح تقریر نویسی», сайти Сиқлайн, санаи дарҷи матлаб: 21 мурдоди 1399ҳ.ш., санаи боздид: 10 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • «بهترین روش‌های تقریرنویسی کدامند؟», сайти мъолм: портали ҷомеъи иттилооту хадамоти омӯзишии маркази тахассусии Охунди Хуросонӣ, санаи боздид: 10 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • «کتاب «دانش تقریرنویسی» منتشر شد», хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 14 меҳри 1398ҳ.ш., санаи боздид: 12 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • «پخش زنده دروس خارج», сайти Мадрисаи фақоҳат, санаи боздид: 11 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • «سامانه آموزشی درسگفتار رونمایی شد», сайти хабарии иҷтиҳод, санаи дарҷи матлаб: 29 озари 1397ҳ.ш., санаи боздид: 11 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • «تقریرات دروس خارج حوزه علمیه قم», сомонаи тақрироти дарсҳои хориҷ, санаи боздид: 12 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • «خاطرات آیت‌الله منتظری از دوران آیت الله العظمی بروجردی», сайти Шафақно, санаи дарҷи матлаб: 29 озари 1399ҳ.ш., санаи боздид: 10 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Беҳсӯдӣ, Муҳаммадсарвар, Мисбоҳ-ул-усул, Қум, Мактабат-уд-доварӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Муҳаммадтақӣ, Ниҳоят-ул-афкор, Қум, Муассит-ун-нашр-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Додбеҳ, Асғар ва Фаршед Содоти Шарифӣ, «Тақриз», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.16, 1387ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи ал-фиқҳ-ил-исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-фиқҳ-ил-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азво, 1403ҳ.қ.
  • Раббонӣ, Муҳаммадҳасан, Дониши тақрирнависӣ: ба замимаи равиши ҳали масоили фиқҳӣ, Теҳрон, ширкати чопу нашри Байналмилал, 1398ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Таҳзиб-ул-усул, Қум, 1405ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ниҳят-ут-тақрири фи мабоҳис-ис-салот, Қум, Маркази фиқҳии ал-аиммат-ил-атҳор (а), чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Халхолӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Фиқҳ-уш-шиа, бе ҷо, бе но, 1411ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Аҷвад-ут-тақрирот, Қум, Китобфурушии Мустафавӣ, чопи дувум, 1368ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Мунят-ул-мурид, Қум, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шерозӣ, Сайид Ризо, «Зарурат ва моҳиятшиносии дарси хориҷ ва тақрирнависии он», Мисбоҳ-ул-фақоҳа, №1, баҳору тобистони 1397ҳ.ш.
  • Яъқубӣ ва Саидӣ, Абулқосим ва Фарида, «Тақрирот», донишномаи ҷаҳони ислом (ҷ7), Теҳрон, Бунёди доиратулмаъорифи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Китоб-ул-ҳаҷ, Қум, бено, 1401ҳ.қ.