Минтақат-ул-фароғ

Аз wikishia

Минтақатул-фароғ (арабӣ: منطقةُ الفَراغ), назарияе дар фиқҳи шиа, ки аз вуҷуди қаламраве, ки дар дин ҳукми шаръӣ надорад, хабар медиҳад. Ин назарияро Сайид Муҳаммадбоқири Садр (1934-1980) дар китоби худ «Иқтисодуно» пешниҳод кардааст.

Тибқи ин назария, дин ба ҳокими исломӣ иҷозат додааст, ки дар бархе аз масоили иҷтимоӣ бо назардошти меъёрҳо ва ниёзҳои ҳар замон ҳукм ва қонун содир кунад.

Гуфта мешавад, ки решаҳои ин назария дар дидгоҳи фақеҳони пеш аз Садр, бахусус Муҳаммадҳусайни Ноинӣ вуҷуд доштааст.

Назария ва ибдоъкунандаи он

Минтақатул-фароғ ба маънои қаламраве аз дин аст, ки ҳукми шаръии муайяне надорад. Тибқи назарияи минтақатул-фароғ, дин дар бархе масоили иҷтимоӣ, ҳукме содир накарда ва ба ҳокими исломӣ иҷоза додааст, ки бо дар назар гирифтани меъёрҳое ва бо тавваҷуҳ ба ниёзҳои ҳар замон, ҳукм ва қонун қонунгузорӣ кунад.[1]

Ин назарияро Сайид Муҳаммадбоқири Садр – фақеҳ ва мутафаккири шиа дар китоби Иқтисодуно матраҳ кардааст.[2] Ӯ дар заминаҳои фиқҳ, усул, фалсафа ва иқтисод, соҳиби таълиф ва назария будааст.[3]

Табйини назария

Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар китоби Иқтисодуно, мактаби иқтисодии Исломро ба ду бахш тақсим кардааст:

  1. Бахше ки Ислом, аҳком ва қонунҳои онро ба таври муайян, қонунгузорӣ кардааст, ки тағйиру табдиле дар он роҳ надорад.
  2. Бахше ки вазифаи ташреъи қонун дар он, бар уҳдаи давлати исломӣ гузошта шудааст ва ҳокими исломӣ бояд бо дар назар гирифтани ниёзҳои ҳар замон, ҳукм ва қонун қонунгузорӣ кунад.[4] Садр ин бахш аз аҳкомро минтақатул-фароғ номида, гуфтааст, ки Паёмбар (с) ҳам аз он истифода карда ва қонунгузориҳоеро ба унвони ҳокими ҷомеъа (на аз баъди паёмбарӣ) анҷом додааст.

Ба бовари ӯ, ин навъ аз қонунгузориҳои Паёмбар (с), доимӣ нест ва ҷузви собите аз мактаби иқтисодии Ислом ба шумор намеояд.[5]

Аҳамияти вуҷуди минтақатул-фароғ

Муҳаммадбоқири Садр бар зарурати вуҷуди минтақатул-фароғ дар дини Ислом таъкид кардааст. Ӯ дар китоби Иқтисодуно навиштааст: арзёбии комили мактаби иқтисодии Ислом, бидуни дар назар гирифтани минтақатул-фароғ имкон надорад. Ба бовари ӯ, ғафлат аз минтақаи набуди ҳукм дар Ислом, ба маънои нодида гирифтани бахши муҳимме аз унсурҳои мактаби иқтисоди исломӣ аст.[6]

Сайидкозими Ҳоирӣ - шогирди Садр, таҳаввулоти иқтисодӣ дар замонҳо ва маконҳои мухталиф ва ҷаҳоншумул будани аҳкоми Исломро далели Садр барои дифоъ аз ин назария донистааст. Ӯ навиштааст дар гузари замон, ба иллати пешрафти технологӣ, робитаи инсон бо табиат тағйир мекунад. Аз онҷо ки Ислом бояд роҳи ҳалҳои мутаносиб бо онҳоро ироа диҳад, лозим аст минтақатул-фароғе вуҷуд дошта бошад, то ҳокими исломӣ ба ихтиёри худ ва бар асоси аҳдофи иқтисоди исломӣ, қонун қабул кунад.[7]

Пешина

Ироаи назарияи минтақатул-фароғ ва дифоъ аз он, ибтикори Сайид Муҳаммадбоқири Садр аст. Бо вуҷуди ин, бархе муътақиданд, ки заминаи ин назария дар андешаи олимони мусулмон, вуҷуд доштааст ва онро бо назарияи масолеҳи мурсала дар фиқҳи аҳли суннат муқоиса кардаанд.[8]

Мегӯянд, дар навиштаҳои бархе аз фақеҳони шиа, ҳамчун Шайхи Ансорӣ ҳам сарнахҳое аз назарияи минтақатул-фароғ вуҷуд дорад.[9] Аммо беш аз ҳама, Муҳаммадҳусайни Ноинӣ бисёре аз унсурҳои назарияи минтақатул-фароғро дар назариёташ матраҳ кардааст.

Ноинӣ дар китоби Танбиҳ-ул-уммат ва танзиҳ-ул-миллат, аз аҳкоми шаръие сухан гуфтааст, ки оят ё ривоёте дар хусуси онҳо вуҷуд надорад. Ӯ навиштааст: дар замони Ғайбат, вазъи ин аҳком ба фақеҳон вогузор шудааст.[10]

Нақдҳо

Назарияи минтақатул-фароғ мавриди таваҷҷуҳи навиштаҳои илмӣ қарор гирифта, дифоъҳо ва нақдҳое дар хусуси он матраҳ шудааст.

  1. Бархе гуфтаанд, ин назария матолиби муҳимме дар бораи ривоёти ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ баён мекунад, аммо меъёре барои тафкики онҳо аз ҳам ироа намедиҳад.[11]
  2. Ба ин сухани Садр ҳам, ки минтақатул-фароғ ба аҳкоми ғайриилзомии дин ихтисос дорад низ ишкол кардаанд. Гуфтаанд, агар вуҷуди минтақатул-фароғ дар дин исбот шавад, далеле барои маҳдуд будани он дар ҳавзаи аҳкоми ғайриилзомӣ вуҷуд надорад.[12]
  3. Интиқоди дигар, иддаои носозгории назарияи минтақатул-фароғ бо оёт ва ривоёте аст, ки бар комил будан ва ҷомеъияти дини Ислом далолат мекунад.[13] Албатта Садр худ ба ин ишкол тавваҷуҳ дошта ва дар ҷавоби он гуфтааст, ки вуҷуди минтақаи фоқиди ҳукм, нақс ва эҳмол дар қонунгузорӣ ба шумор намеравад; чароки шариъат, ин минтақаро ба ҳоли худ раҳо накардааст, балки ба ҳокими исломӣ иҷозат додааст, ба фарохури авзоъу аҳвол барои он ҳукм вазъ кунад. Дар натиҷа, ин назария қудрати дин дар ҳамоҳангӣ бо шароити мухталифро нишон медиҳад.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Масоили мустаҳдаса

Аҳкоми сонавия

Эзоҳ

  1. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.443.
  2. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.443.
  3. Ҳусайнӣ, “Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ”, саҳ.90.
  4. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.443.
  5. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.444.
  6. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.444.
  7. Ҳусайнии Ҳоирӣ, “Иқтисоди исломӣ ва равиши кашфи он аз дидгоҳи шаҳид Садр раҳимаҳуллоҳ”, саҳ.29.
  8. Ҳусайнӣ, “Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ”, саҳ.91.
  9. Ҳусайнӣ, “Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ”, саҳ.92.
  10. Ҳусайнӣ, “Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ”, саҳ.92.
  11. Ҳусайнӣ, “Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ”, саҳ.96.
  12. Ҳусайнӣ, “Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ”, саҳ.94.
  13. Қоидӣ, “Таҳлил ва арзёбии нақдҳои мавҷуд бар назарияи минтақатул-фароғи шаҳид Садр”, саҳ.148.
  14. Садр, Иқтисодуно, 1424ҳ.қ., саҳ.803, 804.

Сарчашма

  • Қоидӣ, Абдулмаҷид, “Таҳлил ва арзёбии нақдҳои мавҷуд бар назарияи минтақатул-фароғи шаҳид Садр” дар Ҳикмати исломӣ, № 70, 1392ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Иқтисодуно, таҳқиқи ал-Муътамарул-оламӣ лил-имомиш-шаҳид ас-Садр, Қум, Пажуҳишгоҳи илмӣ- тахассусии шаҳиди Садр, 1424ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ, Сайидалӣ, “Бозшиносӣ, таҳлил ва нақди назарияи минтақатул-фароғ”, дар Андешаи Содиқ, № 6 ва 7, 1381ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҳоирӣ, Сайидкозим, “Иқтисоди исломӣ ва равиши кашфи он аз дидгоҳи шаҳид Садр раҳимаҳуллоҳ”, тарҷумаи Аҳмадалии Юсуфӣ, дар Иқтисоди исломӣ, № 1, 1380ҳ.ш.