Муҳаммад ибни Алӣ ал-Ҳодӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сайидмуҳаммад)
Сайид Муҳаммад
Номи комилМуҳаммад ибни Алӣ ал-Ҳодӣ (а)
ЛақабСабъуддуҷайл, Сабъулҷазира
КунияАбуҷаъфар, Абуалӣ
Санаи таваллуд228ҳ.қ.
ЗодгоҳСарё - Мадина
Санаи вафот252ҳ.қ.
Маҳалли дафншаҳри Балад дар наздикии шаҳри Сомирро
ХешовандонИмом Ҳодӣ (а) (падар)


Муҳаммад ибни Алӣ ал-Ҳодӣ (а) (арабӣ: محمد بن علی الهادی(ع)) (ваф.252ҳ.қ.) машҳур ба Сайид Муҳаммад ва Сабъуддуҷайл (арабӣ: سَبْعُ الدُّجَیل - шермарди Дуҷайл), фарзанди Имом Ҳодӣ (а) аст, ки бархе гумон мекарданд имомати баъд аз падараш ба ӯ мерасад, аммо бо марги ӯ дар замони ҳаёти падараш, Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба имомат расид. Насли Сайид Муҳаммад аз тариқи наводааш Шамсиддини Муҳаммад, машҳур ба Мирсултони Бухорӣ идома ёфтааст. Ҳамчунин содот(эшонзодаҳо)-и Оли Баоҷ, ки дар манотиқе аз Ироқ ва Эрон зиндагӣ мекунанд, аз насли ӯ дониста мешаванд.

Сайид Муҳаммад назди ироқиён ҷойгоҳи хоссе дорад: ба номаш савганд ёд намекунанд, каромоташ машҳур аст ва маъмулан касоне, ки Ҳарами Аскарияйнро дар Сомирро зиёрат мекунанд, ба зиёрати ӯ ҳам мераванд. Ӯ дар соли 252 қамарӣ дар Балад (шаҳре дар ҷануби Сомирро) даргузашт ва дар ҳамон ҷо дафн шуд. Нахустин бинои марқади Сайид Муҳаммад ба қарни чоруми қамарӣ бармегардад ва пас аз он дар давраҳои мухталиф тавассути олимони динӣ, мароҷеъи тақлид ва подшоҳон бозсозӣ шудааст. Азудуддавлаи Дайламӣ аз подшоҳони Оли Буя, Шоҳ Исмоили Сафавӣ аз подшоҳони Сафавӣ, Мирзои Шерозӣ марҷаъи тақлиди қарни чаҳордаҳуми қамарӣ ва Мирзоҳусайни Нурӣ муҳаддиси шиаи қарни чаҳордаҳум дар давраҳои мухталиф, марқади Сайид Муҳаммадро бозсозӣ ё таъмир карданд.

Осоре дар бораи Сайид Муҳаммад навишта шудааст, ки бештари онҳо дар бораи зиндагӣ ва каромоти нақлшуда аз вай аст; аз ҷумла китоби арабии “Ҳаётун ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибни-л-Имом Алӣ ал-Ҳодӣ (а)” асари Муҳаммадалӣ Урдубодӣ (1312 - 1380ҳ.қ.) ки бо унвони “Ситораи Дуҷайл” ба форсӣ тарҷума шудааст.

Зиндагинома

Сайид Муҳаммад фарзанди Имом Ҳодӣ (а) аст.[1] Гуфтаанд, модараши Ҳудайс ё Сулайл ном дошт.[2] Вай дар ҳудуди соли 228 қамарӣ дар Сарё дар наздикии Мадина таваллуд шуд.[3] Дар соли 233 қамарӣ, ки Имом Ҳодӣ (а) ба дастури Мутаваккили Аббосӣ ба Сомирро эҳзор шуд, Сайид Муҳаммад дар Сарё монд.[4] Дар бораи ин ки дар чӣ соле ба Сомирро назди падараш рафтааст, иттилооте дар даст нест, аммо гуфта шудааст, ки дар соли 252 қамарӣ, аз Сомирро роҳии Мадина шуд[5] ва ҳангоме, ки ба Балад расид, бар асари беморӣ даргузашт ва дар ҳамон ҷо дафн шуд.[6] Кунияи Сайид Муҳаммад, Абуҷаъфар ва Абуалӣ буд.[7] Ҳамчунин ӯ ба Сайид Муҳаммади Баъоҷ,[8] Сабъуддуҷайл ва Сабъулҷазира низ мулаққаб буд.[9]

Наводагон

Бинобар он чи Шайх Аббоси Қумӣ таърихнигори қарни чаҳордаҳуми қамарӣ аз Сайид Ҳасани Барроқӣ (ваф.1332ҳ.қ.) нақл кардааст, насли Сайид Муҳаммад аз тариқи яке аз наводагонаш Шамсиддини Муҳаммад (ваф.832 ё 833ҳ.қ.) идома ёфтааст.[10] Насаби Шамсиддин бо чор восита ба Алӣ фарзанди Сайид Муҳаммад мерасад ва чун дар Бухоро таваллуд ва бузург шуда буд ба Мирсултони Бухорӣ машҳур буд ва фарзандонаш машҳур ба Бухориюн буданд.[11] Ӯ сипас ба билоди Рум рафт, дар шаҳри Барусо сокин шуд ва дар ҳамон ҷо мадфун аст.[12] Шайх Аббоси Қумӣ ҳамчунин ба нақл аз Сайид Ҳасани Барроқӣ, Сайид Муҳаммади Баъоҷро аз наводагони Сайид Муҳаммад донистааст.[13] Гуфта шудааст, содоти Оли Баъоҷ, ки дар манотиқи Мисон, Зиқор, Восит, Қодисия, Бағдод ва Наҷафи Ироқ[14] ва вилояти Хузистони Эрон зиндагӣ мекунанд, аз насли Алӣ ва Аҳмад аз фарзандони Сайид Муҳаммад ҳастанд.[15]

Ҷойгоҳ

Ба гуфтаи Боқиршарифи Қарашӣ, муҳаққиқи шиа (ваф.1433ҳ.қ.), ахлоқ ва адаби Сайид Муҳаммад ӯро аз дигарон бартар мекард.[16] Аз ин рӯ, бархе шиаён тасаввур мекарданд, ки имомат баъд аз Имом Ҳодӣ (а) ба ӯ мерасад.[17] Сайид Муҳаммад ҳамвора мулозими бародараш Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буд[18] ва ба гуфтаи Боқиршарифи Қарашӣ, Имом Аскарӣ (а) тарбият ва омӯзиши ӯро бар ӯҳда дошт.[19] Бар асоси он чи Шайх Аббоси Қумӣ нақл кардааст, Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар марги Сайид Муҳаммад гиребони худро чок зад ва дар посухи касоне, ки ба ӯ эътироз карданд ба гиребон чок додани ҳазрати Мусо дар марги бародараш Ҳорун истинод кард.[20]

Бино ба гузориши Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ ва Ҳасан ибни Мусои Навбахтӣ аз фирқанигорони шиаи қарни сеюму чаҳорум, гурӯҳе аз шиаён пас аз шаҳодати Имом Ҳодӣ (а) вафоти Сайид Муҳаммадро инкор карда, ба имомати ӯ мӯътақид шуда, Сайид Муҳаммадро ҷонишини падараш ва ҳамон Маҳдии Мавъуд донистанд; чароки Имом Ҳодӣ (а) ӯро барои имомат муаррифӣ карда ва аз он ҷо ки нисбати дурӯғ ба имом ҷоиз нест ва бадо [Ёддошт 1] ҳам рух надодааст, пас ӯ дар ҳақиқат намурда ва падараш ӯро аз газанди мардум пинҳон кардааст.[21] Ҳамаи мавориди пешгуфта дар ҳоле буд, ки Сайид Муҳаммад дар замони ҳаёти Имом Ҳодӣ (а) аз дунё рафта буд[22] ва Имом Ҳодӣ (а) дар рӯзе, ки Сайид Муҳаммад аз дунё рафта буд, барои мардуме, ки ҷиҳати арзи таслият назди ӯ омада буданд, ба имомати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ишора кард.[23] Бар пояи ривояте, дар он ҳангом ҳудуди 150 нафар аз Оли Абитолиб, Банӣ Ҳошим, Қурайш ва ғ. ҳузур доштанд.[24]

Ба гуфтаи Мирзоҳусайни Нурӣ, муҳаддиси шиа (ваф.1320ҳ.қ.), каромоти Сайид Муҳаммад мутавотир ва назди аҳли суннат ҳам маъруф аст. Бар ҳамин асос, мардуми Ироқ метарсанд ба номи ӯ қасам хӯранд, агар касе ба бардоштани моле муттаҳам шавад, онро бармегардонад, аммо ба Сайид Муҳаммад қасам намехӯрад.[25] Дар бархе манобеъ, каромоте аз Сайид Муҳаммад нақл шудааст; аз ҷумла Муҳаммадалӣ Урдубодӣ (1312 - 1380ҳ.қ.) дар китоби “Ҳаётун ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибни-л-Имом Алӣ ал-Ҳодӣ (а)” ҳудуди 60 каромат аз вай зикр кардааст.[26]

Ҳарам

Осеб дидани сохтмони марқади Сайид Муҳаммад дар ҳамлаи ДИИШ (соли 2014)

Марқади Сайид Муҳаммад дар шаҳри Балад, дар 85-киллометрии шимоли Козимайн ва 50-киллометрии ҷануби Сомирро қарор дорад ва аз зиёратгоҳҳои шиаён дар Ироқ ба шумор меравад. Маъмулан касоне, ки барои зиёрати Ҳарами Аскарияйн ба Сомирро мераванд, марқади Сайид Муҳаммадро низ зиёрат мекунанд.[27]

Аз таърихи бинои аввалияи ҳарами Сайид Муҳаммад итилоъи дақиқе дар даст нест, бо ин ҳол гуфта шудааст, аз таъмироте, ки дар солҳои 1379 то 1384 қамарӣ, дар бинои марқади ӯ анҷоми гирифта, бармеояд, ки бинои нахустини он мутааллиқ ба қарни чоруми қамарӣ аст, ки ба дастури Азудуддавлаи Дайламӣ аз ҳокимони Оли Буя анҷом гирифтааст.[28] Бинои дувуми он марбут ба қарни даҳуми қамарӣ аст, ки ба дастури Шоҳ Исмоили Сафавӣ пас аз фатҳи Бағдод эҷод шудааст.[29] Аз таҷдиди бинои марқади Сайид Муҳаммад дар соли 1189 қамарӣ, низ сухан гуфта шудааст.[30]

Ҳамчунин Зайнулъобидин ибни Муҳаммади Салмосӣ (ваф.1266ҳ.қ.) аз шогирдони Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум дар соли 1208 қамарӣ, ба дастури Амир Ҳусайнхони Сардор, биное аз оҷуру гач бар марқади Сайид Муҳаммад бино кард ва маконе барои сукунати зоирон сохт.[31]

Дар соли 1244 қамарӣ, Мулломуҳаммадсолеҳи Қазвинии Ҳоирӣ, биноҳои собиқро хароб карда, сохтани бинои ҷадидиро оғоз кард, ки ин бозсозӣ дар соли 1250 қамарӣ поён ёфт.[32] Ҳамчунин Мирзои Шерозӣ (1230 - 1312ҳ.қ.) аз мароҷеъи тақлид, пас аз сукунат дар Сомирро ва низ Мирзо Муҳаммади Теҳронии Аскарӣ (1281 - 1371ҳ.қ.) таъмироте дар ҳарами Сайид Муҳаммад анҷом доданд ва ҳуҷраҳое ба он афзуданд.[33] Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, Мирзоҳусайни Нурӣ (1254 - 1320ҳ.қ.) дар соли 1317 қамарӣ, онро таъмир кардааст.[34]

Сайид Муҳаммади Таботабоӣ, фарзанди марҷаъи тақлиди шиа Оқоҳусайни Қумӣ, бо амволе, ки дар давраи марҷаъияти падараш барои таъмири марқади Сайид Муҳаммад ҷамъ шуда буд, дар солҳои 1379 – 1384 қамарӣ, бинои ҷадиде сохт, ки дар ин бозсозии ҳудуди 150 метри мураббаъ ба саҳн ихтисос ёфт ва ҳамчунин гунбад, манора ва зариҳ дар он насб шуд.[35] Ситоди бозсозии атаботи олиёт дар соли 1392 шамсӣ, бозсозии марқади Сайид Муҳаммадро оғоз кард.[36] Гарчи дар 17 тири 1395 шамсӣ, марқади Сайид Муҳаммад мавриди ҳамлаи гурӯҳи ДИИШ қарор гирифта, бахшҳое аз он осеб дид,[37] аммо бозсозии он то баҳор 1398 идома доштааст.[38]

Такнигорӣ

Дар бораи Сайид Муҳаммад осоре навишта шудааст.[39] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Ҳаёт ва каромоти Абуҷаъфар Муҳаммад ибни-л-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ (а) асари Муҳаммадалӣ Урдубодӣ (1312 - 1380ҳ.қ.) ки ба забони арабӣ таълиф шуда ва бо унвони “Ситораи Дуҷайл” тавассути Алиакбари Маҳдипур ба форсӣ тарҷума шудааст. Китоб ду бахш дорад: бахши аввал ба муаррифии Сайид Муҳаммад ва марқади ӯ[40] ва бахши дувум ба нақли каромоте аз вай ихтисос дорад.[41] Урдубодӣ дар бахши нахусти китоб, зимни ишора ба гуфтаи Ҳасан ибни Мусои Навбахтӣ дар зайли баҳс аз фирқаи мансуб ба Сайид Муҳаммад, аз марги ӯ дар Сомирро ёд карда[42] ва шуҳрати ихтисоси мазори мавҷуд дар Баладро ба Сайид Муҳаммад, ба хуршеди ошкор ташбеҳ кардааст.[43]
  • Рисолае дар каромоти Сайид Муҳаммад ибни Алӣ-л-Ҳодӣ, таълифи Ҷобир Оли Абдуғаффори Кашмирӣ (ваф.1320ҳ.қ.) ки ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, китобшиноси шиа (ваф.1389ҳ.қ.), ба дархости Мирзоҳусайни Нурӣ навишта шудааст.[44]
  • Рисолатун фи каромот-ис-Сайид Муҳаммад ибни-л-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ, таълифи Ҳошим Муҳаммадалӣ Баладовӣ (ваф.1305ҳ.қ.) ки дар нақли каромот аз китоби ал-Фазоил-ул-фохира, навиштаи Сайидқосим Баладовӣ баҳра бурдааст.[45]

Эзоҳ

  1. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311 - 312.
  2. Бадовӣ, Сабъ-ул-ҷазира, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, саҳ.2.
  3. Бадовӣ, Сабъ-ул-ҷазира, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, саҳ.2.
  4. Бадовӣ, Сабъ-ул-ҷазира, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, саҳ.2.
  5. Бадовӣ, Сабъ-ул-ҷазира, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, саҳ.4.
  6. Ибни Сӯфӣ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибин, 1422ҳ.қ., саҳ.325.
  7. Ҳирзуддин, Мароқид-ул-маъориф, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.262.
  8. Нигоҳ кунед ба: Ҳирзуддин, Мароқид-ул-маъориф, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.262.
  9. Бадовӣ, Сабъ-ул-ҷазира, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, саҳ.2.
  10. Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.1893.
  11. Ҳусайнии Маданӣ, Туҳфат-ул-азҳор, ат-Турос-ул-мактуб, ҷ.3, саҳ.461 - 462.
  12. Ҳусайнии Маданӣ, Туҳфат-ул-азҳор, ат-Турос-ул-мактуб, ҷ.3, саҳ.461 - 462.
  13. Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.1893.
  14. Бадовӣ, Сабъ-ул-ҷазира, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, саҳ.10.
  15. Ҳирзуддин, Мароқид-ул-маъориф, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.262 (понависи 2).
  16. Қарашӣ, Мавсуъату сирати Аҳл-ил-Байт ал-Имом-ил-Ҳасан-ил-Аскарӣ, 1433ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.26.
  17. Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.1891; Қарашӣ, Мавсуъату сирати Аҳл-ил-Байт ал-Имом-ил-Ҳасан-ил-Аскарӣ, 1433ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.26.
  18. Урдубодӣ, Ҳаёт ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибн-ил-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ (а), саҳ.21.
  19. Қарашӣ, Мавсуъату сирати Аҳл-ил-Байт ал-Имом-ил-Ҳасан-ил-Аскарӣ, 1433ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.26.
  20. Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.410; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.5.
  21. Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.94.
  22. Ашъарӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101.
  23. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.‏50, саҳ.246.
  24. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.‏50, саҳ.245.
  25. Нурӣ, Наҷм-ус-соқиб, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.272.
  26. Урдубодӣ, Ҳаёт ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибн-ил-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ (а), 1427ҳ.қ., саҳ.50 ба баъд.
  27. «Сайид Муҳаммад».
  28. Фақиҳ Баҳрулъулум ва Хомаёр, Зиёратгоҳҳои Ироқ, ҷ.1, саҳ.520.
  29. Фақиҳ Баҳрулъулум ва Хомаёр, Зиёратгоҳҳои Ироқ, ҷ.1, саҳ.521 - 520.
  30. Фақиҳ Баҳрулъулум ва Хомаёр, Зиёратгоҳҳои Ироқ, ҷ.1, саҳ.521 - 520.
  31. Бадовӣ, Сабъ-ул-ҷазира, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, саҳ.8.
  32. Фақиҳ Баҳрулъулум ва Хомаёр, Зиёратгоҳҳои Ироқ, ҷ.1, саҳ.521.
  33. Фақиҳ Баҳрулъулум ва Хомаёр, Зиёратгоҳҳои Ироқ, ҷ.1, саҳ.521.
  34. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.289.
  35. Фақиҳ Баҳрулъулум ва Хомаёр, Зиёратгоҳҳои Ироқ, ҷ.1, саҳ.522.
  36. “Чанд тарҳи бозсозии ҳарами имомзода Сайидмуҳаммад омодаи баҳрабардорӣ”
  37. «الصور: إحباط محاولة تفجير مرقد (سيد محمد) في بلد.. و مقتل ثلاثة انتحاريين أمام بوابة دخول الزائرين»
  38. “Чанд тарҳи бозсозии ҳарами имомзода Сайидмуҳаммад омодаи баҳрабардорӣ”
  39. «السيّد محمّد بن الإمام الهادي عليه‌السّلام»
  40. Урдубодӣ, Ҳаёт ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибн-ил-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ (а), 1427ҳ.қ., саҳ.50.
  41. Урдубодӣ, Ҳаёт ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибн-ил-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ (а), 1427ҳ.қ., саҳ.50 ба баъд.
  42. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.94.
  43. Урдубодӣ, Ҳаёт ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибн-ил-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ (а), 1427ҳ.қ., саҳ.35.
  44. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.289.
  45. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.289 - 290.

Ёддошт

  1. Аз муҳимтарин ҳаводисе, ки дар таърихи имомия, бо мавзӯи бадо пеш омадааст, марги Муҳаммад фарзанди бузургтари Имом Алӣ Нақӣ (а) (Имоми даҳум) аст, ки ба гумони гурӯҳе аз шиаён, имоми баъд аз имоми даҳум буд, аммо ба воситаи маргаш дар замони ҳаёти падараш, бадо ҳосил шуд ва мушаххас гардид, ки имоми баъдӣ, фарзанди дигар, яъне Имом Ҳасани Аскарӣ буд.

Сарчашма

  • Ибни Cӯфии Насобаҳ, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибин, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ Наҷафӣ, 1422ҳ.қ.
  • Урдубодӣ, Муҳаммадалӣ, Ҳаёт ва каромоту Абуҷаъфар Муҳаммад ибн-ил-Имом Алӣ-л-Ҳодӣ (а), Дорулмуҳаҷҷатилбайзоъ,1427ҳ.қ./2006м.
  • Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, тасҳеҳи Муҳаммадҷаводи Машкур, Теҳрон, маркази интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
  • Исфаҳонӣ, Абдуллоҳ, «Ситораи дурахшони минтақаи Дуҷайли Ироқ - дар бораи зиндагӣ, фазоил ва макорими имомзода Сайид Муҳаммад, фарзанди Имом Ҳодӣ (а)», дар маҷаллаи фарҳанги Зиёрат, шумораи 24 - 25, деймоҳи 1393ҳ.ш.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳусайни Амин, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қуму Теҳрон, Исмоилиён ва китобхонаи исломия, 1408ҳ.қ.
  • Бадовӣ, Абдуллоҳи Алӣ Ҳасан, Сабъ-ул-ҷазира, Ироқ, Марказу Сабъуддуҷайли ли-т-таблиғи ва-л-иршод, бе то.
  • Ҳирзуддин, Муҳаммад, Мароқид-ул-маъориф, ҳошияи Муҳаммадҳусайни Ҳирзуддин, маншуроти Саид ибни Ҷубайр, 1371ҳ.ш./1992м.
  • Ҳусайнии Маданӣ, Зомин ибни Шидқам, Туҳфат-ул-азҳор ва зулол-ул-анҳор фи насаб-ил-аиммат-ил-атҳор, ат-Турос-ул-мактуб, бе то.
  • «السيّد محمّد بن الإمام الهادي عليه‌السّلام», шабакаи Имом Ризо, мушоҳида: 8 фарвардини 1399ҳ.ш.
  • «Сайид Муҳаммад», ҳаҷ ва зиёрати Қум, мушоҳида: 12 тири 1399ҳ.ш.
  • «الصور: إحباط محاولة تفجير مرقد (سيد محمد) في بلد.. و مقتل ثلاثة انتحاريين أمام بوابة دخول الزائرين», алъоламулҷадид, интишор 18 тири 1395ҳ.ш., мушоҳида 17 исфанди 1398ҳ.ш.
  • Фақиҳ Баҳрулъулум ва Хомаёр, Муҳаммадмаҳдӣ ва Аҳмад, Зиёратгоҳҳои Ироқ (муаррифии зиёратгоҳҳои машҳур дар кишвари Ироқ), Теҳрон, Созмони ҳаҷҷу зиёрат, бе то.
  • Қарашӣ, Боқиршариф, Мавсуъату сирати Аҳл-ил-Байт ал-Имом-ил-Ҳасан-ил-Аскарӣ, таҳқиқи Маҳдии Боқир Қараш‏, Наҷаф, муассисат ал-Имом-ил-Ҳасан, 1433ҳ.қ./2012м.
  • Қумӣ, Аббос, Сафинат-ул-биҳор ва мадинат-ул-ҳукми ва-л-осор маъа татбиқ-ин-нусус-ил-ворида ало Биҳоруланвор, Қум, Дорулусва, 1414ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Мунтаҳо-л-омол фи таворих-ин-Набӣ ва-л-Ол, Қум, Далели мо, 1379ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил исломия, 1388ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли-д-дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, исломия, 1363ҳ.ш.
  • Муфид, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, 1404ҳ.қ.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Наҷм-ус-соқиб фи аҳвол-ил-Имом-ил-ғоиб, Қум, масҷиди Ҷамкарон, 1384ҳ.қ.