Пайғамбарон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Паёмбарони Худо)

Ин мақола дар бораи адад, мӯъҷизаҳо, мақом ва шариатҳои пайғамбарон аст. Барои баҳсҳои марбут ба мафҳуми нубуввату пайғамбарӣ, мадхали Набувватро нигаред!

Пайғамбарон (форсӣ:پیغمبران) ё анбиё (форсӣ:انبیاء) шахсонеанд, ки Худо аз тариқи онҳо, инсонро ба сӯи худ даъват мекунад. Худо бо пайғамбарон аз тариқи ваҳй дар иртибот аст.

Маъсум будан, донистани илми ғайб, мӯъҷиза ва дарёфти ваҳйи (ташреъӣ ва табйинӣ) аз хусусиятҳои пайғамбарон аст.

Дар Қуръон баъзе аз мӯъҷизаҳои пайғамбарон, монанди сард шудани оташ бар Иброҳим (а), аждаҳо гаштани асои Мусо, зинда шудани мурдагон бо дасти ҳазрати Исо (а), ва шаққулқамар (шикастани моҳ) ва Қуръони Карим зикр шудааст.

Дар Қуръони Карим бар бартарии баъзе пайғамбарон бар дигар пайғамбарон таъкид шудааст. Баъзе пайғамбарон илова бар мақоми набувват, мақоми рисолат ва бархе мақоми имомат низ доштаанд.

Тибқи ривоятҳо пайғамбарони улулъазм; яъне Нуҳ (а), Иброҳим (а), Мусо (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с) бар пайғамбарони дигар бартарӣ доранд ва Пайғамбари Ислом (с) аз ҳамаи онҳо бартар аст. Ҳамчунин аз байни пайғамбарон Шис (а), Идрис (а), Мусо (а), Довуд (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с)-ро дорои китоби осмонӣ ва пайғамбарони улулъазмро соҳиби шариат донистаанд.

Бинобар дидгоҳи машҳур, адади паёмбарон 124 ҳазор нафар аст, ки номи 26 тани онҳо дар Қуръон омадааст. Аввалин пайғамбар ҳазрати Одам (а) ва охирин пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Олимони шиа дар осори худ дар бораи таърихи пайғамбарон баҳс карда, дар ин бора китобҳои ҷудогонае навиштаанд. Аз ҷумлаи ин китобҳо Ал-Нур-ул-ул-мубин фи қисас-ил-анбиёи ва-л-мурсалинСайид Неъматуллоҳ Ҷазоирӣ, “Қасас-ул-анбиё"-и Ровандӣ, “Танзиҳ-ул-анбиё”Сайиди Муртазо ва Ҳаёт-ул-қулубАллома Маҷлисӣ ҳастанд.

Пайғамбар

Мақолаи аслӣ: Набувват

Пайғамбар ё набӣ касе аст, ки бе воситаи башар аз ҷониби Худо хабар медиҳад[1] ва воситаи байни Худо ва махлуқот аст ва махлуқотро ба сӯи Худо даъват мекунад.[2]

Дарёфти ваҳй, илми ғайб,[3] исмат[4] ва мустаҷобуддаъват будан[5] аз хусусиятҳои пайғамбарон аст.

Бештари мутакаллимони исломӣ бар ин боваранд, ки пайғамбарон дар ҳамаи умур ва мароҳили зиндагӣ аз гуноҳу хато маъсуманд;[6] аз ин рӯ, маворидеро ки дар Қуръон аз истиғфори пайғамбарон ва бахшоиши Худо сухан ба миён омадааст,[7] монанди куштани марди мисрӣ тавассути ҳазрати Мусо (а),[8] раҳо кардани рисолат, тавассути ҳазрати Юнус (а)[9] ва хӯрдани меваи мамнуъа тавассути ҳазрати Одам (а)[10] ба тарки авло тафсир кардаанд.

Дар муқобил, бархе мутакаллимон, исмати пайғамбаронро фақат дар умури марбут ба набувват лозим медонанд ва дар умури ҷории зиндагӣ қоил ба саҳв-ун-набӣ ҳастанд.[11]

Теъдод ва номҳо

Дар бораи теъдоди пайғамбарон ривоёти мухталифе вуҷуд дорад. Аллома Таботабоӣ бино ба ривояти машҳуре, теъдоди ононро 124 ҳазор нафар нақл мекунад.[12] Тибқи ин ривоят, 313 нафар аз пайғамбарон, расуланд, 600 тан аз анбиёи Банӣ Исроил ва чаҳор тан (Ҳуд (а), Солеҳ (а), Шуайб (а) ва Муҳаммад (с) арабанд.[13] Дар ривоёти дигаре теъдоди пайғамбарон 8 ҳазор,[14] 320 ҳазор,[15] ва 144 ҳазор нафар[16] зикр шудааст. Аллома Маҷлисӣ эҳтимол медиҳад, адади 8 ҳазор, марбут ба пайғамбарони бузург бошад.[17] Аввалин пайғамбар ҳазрати Одам (а)[18] ва охирин пайғамбар, ҳазрати Муҳаммад (с) будааст.[19]

Қуръон аз бархе пайғамбарон ном бурдааст.[20] Одам (а), Нуҳ (а), Идрис (а), Ҳуд (а), Солеҳ (а), Иброҳим (а), Лут (а), Исмоил (а), Алясаъ (а), Зулкифл (а), Илёс (а), Юнус (а), Исҳоқ (а), Яъқуб (а), Юсуф (а), Шуайб (а), Мусо (а), Ҳорун (а), Довуд (а), Сулаймон (а), Айюб (а), Закариё (а), Яҳё (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с) пайғамбароне ҳастанд, ки номи онон дар Қуръон омадааст.[21] Бархе аз муфассирон муътақиданд, номи Исмоил ибни Ҳизқил [Ёддошт 1] низ дар Қуръон омадааст.[22]

Иддае муътақиданд, Қуръон аз авсофи бархе пайғамбарон, монанди Ирмиё (а) ва Шамуил (а) ёд кардааст, аммо номашонро зикр накардааст.[23] Дар Қуръон сурае ба номи Анбиё ва теъдоде аз сураҳо ба номи Юнус, Ҳуд, Юсуф, Иброҳим, Муҳаммад ва Нуҳ номгузорӣ шудаанд.

Дар ривоёт аз Шис,[24] Ҳизқил,[25] Ҳабқуқ,[26] Дониёл,[27] Ҷирҷис,[28] Узайр,[29] Ҳанзала[30] ва Ирмиё[31] ба унвони пайғамбар ёд шудааст. Дар пайғамбарии афроде ҳамчун Хизр,[32] Холид ибни Синон[33] ва Зулқарнайн[34] ихтилоф аст. Ҳамчунин ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ Узайр низ аз касоне аст, ки пайғамбар буданаш возеҳ нест.[35] Бар пояи оёти Қуръон, бархе аз пайғамбарон ҳамзамон бо якгдигар мезистаанд; аз ҷумла Мусо бо Ҳорун[36] ва Иброҳим бо Лут[37] муосир будаанд. Ҳамчунин аз бархе ривоёт ҳамзамонии бархе аз пайғамбарон (а) бо якдигар фаҳмида мешавад. Ба унвони намуна, Сайид ибни Товус дар китоби Луҳуф аз Имом Ҳусайн (а) нақл кардааст, дар ҳангоме ки қасди хориҷ шудан аз Макка ба самти Кӯфаро дошт, хитоб ба Абдуллоҳ ибни Умар фармуд: «Оё намедонӣ ки Банӣ Исроил то ҷое пеш рафтанд, ки бомдодон байни тулуъи фаҷр то тулуъи хуршед ҳафтод пайғамбари Илоҳиро ба шаҳодат расонданд ва сипас (бидуни эҳсоси зиштӣ ва фоҷеъаи ин ҷинояти ҳавлнок) ба хариду фурӯш пардохтанд; чунон ки гӯё ҳеҷ фоҷеъае ба вуҷуд наёвардаанд?!».[38] Дар ривояти дигари Маҷмаъ-ул-баён аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки ба Абуъубайдаи Ҷарроҳ фармуд: эй Абуъубайда! Банӣ Исроил дар авоили як рӯз, 43 пайғамбрро дар як замон куштанд, пас аз он 112 нафар аз Банӣ Исроил ба унвони амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар дар баробари қотилони пайғамбарон бархостанд, ки онҳоро ҳам дар охири ҳамон рӯз куштанд».[39]

Пайғамбарон дар Қуръон
номи шахс такрор дар Аҳдайн набӣ расул улулъазм имом китоб қавм мадфан дорои шариат
1 Одам 17 Adam Наҷаф дар марқади Амирулмуъминин (а)
2 Идрис 2 Enoch набӣ[40] уруҷ ба осмон[41]
3 Нуҳ 43 Noah набӣ[42] расул[43] улулъазм Наҷаф дар марқади Амирулмуъмнин (а) бале[44]
4 Ҳуд 7 Eber расул[45] Од[46] Наҷаф - қабристони Водиссалом
5 Солеҳ 9 расул[47] Самуд[48] Наҷаф - қабристони Водиссалом
6 Иброҳим 69 Abraham набӣ[49] расул[50] улулъазм имом[51] суҳуф[52] Алхалил (Фаластин) бале[53]
7 Лут 27 Lot набӣ[54] расул[55] Алхалил (Фаластин)
8 Исмоил 11 Ishmael набӣ[56] Масҷидулҳаром - ҳиҷри Исмоил канори модараш Ҳоҷар
9 Узайр 1 Банӣ Исроил Фаластин
10 Исҳоқ 17 Isaac набӣ[57] имом[58] Алхалил (Фаластин)
11 Яъқуб 16 Jacob набӣ[59] имом[60] ҷомеъи Алхалил (Фаластин)
12 Юсуф 27 Joseph набӣ[61] Банӣ Исроил ҷомеъи Алхалил (Фаластин)
13 Айюб 4 Job набӣ[62] Ҳаврон
14 Шуайб 11 Jethro, Reuel, Hobab расул[63] Мадян[64] Байтулмуқаддас
15 Мусо 136 Moses набӣ[65] расул[66] улулъазм Таврот[67] фиръавниён[68] ва Банӣ Исроил[69] атрофи Байтулмуқаддас бале[70]
16 Ҳорун 19 Aaron набӣ[71] расул[72] фиръавниён[73] ва Банӣ Исроил[74] атрофи Тури Сино
17 Зулкифл 2 Ezekiel байни Кӯфа ва Ҳилла
18 Довуд 16 David набӣ[75] Забур[76] Намуна Байтулмуқаддас
19 Сулаймон 17 Solomon набӣ[77] Байтулмуқаддас
20 Илёс 2 Elijah (Elias) набӣ[78] расул[79] уруҷ ба осмон
21 Алясаъ 2 Elisha набӣ[80] Димишқ
22 Юнус 4 Jonah набӣ[81] расул[82] Кӯфа
23 Закариё 7 Zechariah набӣ[83] Байтулмуқаддас
24 Яҳё 5 John the Baptist набӣ[84] масҷиди умавӣ, Димишқ
25 Исо 25 Jesus набӣ[85] расул[86] улулъазм имом Инҷил[87] Банӣ Исроил[88] уруҷ ба осмон бале[89]
26 Муҳаммад 4 набӣ[90] расул[91] улулъазм имом Қуръон[92] ҳамаи мардум[93] Мадина бале[94]

Дараҷот ва маротиб

Бар асоси ояти (وَلَقَدْ فَضَّلْنَا بَعْضَ النَّبِيِّينَ عَلَىٰ بَعْضٍ) «баъзе аз анбиёро бар баъзе бартарӣ бахшидем»,[95] мақом ва ҷойгоҳи пайғамбарон яксон нест ва бархе аз онон бар дигарон бартарӣ доранд. Дар аҳодис мақоми Пайғамбари Акрам (с) аз анбиёи дигар бартар дониста шудааст.[96] [Ёддошт 2] Аз назари яҳудиён, анбиёи Банӣ Исроил аз дигар анбиё бартар буда ва байни онон низ, ҳазрати Мусо (а) аз дигарон бартар аст.[97]

Улулъзм

Мақолаи аслӣ: Улулъазм

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, манзур аз азм дар ояти 35 Ақоф, шариат ва мурод аз улулъазм, пайғамбарони соҳиби шариат аст. Аз назари вай панҷ пайғамбар дорои шариат (Нуҳ (а), Иброҳим (а), Мусо (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с)) улулъазм ҳастанд.[98] Бархеи дигар бар ин боваранд, ки улулъазм мунҳасир дар пайғамбарони соҳиби шариат нест.[99] Бар пояи ривояте, пайғамбарони улулъазм аз пайғамбарони дигар бартаранд.[100]

Мақоми рисолат

Бинобар қавли машҳур, «набӣ» мафҳуми омтар аз «расул» аст, ҳар расуле, набӣ аст, вале ҳамаи анбиё, расул нестанд.[101] Тибқи ҳадисе, 313 тан аз пайғамбарон, расул будаанд.[102] Бархе аз фарқҳои набӣ ва расул иборатанд аз:

  • Расул дар хобу бедорӣ ваҳйро дарёфт мекунад, аммо набӣ фақат дар хоб.[103]
  • Ваҳй бар расулро Ҷабраил иблоғ мекунад, аммо ваҳй бар набӣ аз тариқи фариштагони дигар ё илҳоми қалбӣ ва ё руъёи содиқа сурат мепазирад.[104]
  • Расул илова бар мақоми набувват, рисолати итмоми ҳуҷҷатро низ бар уҳда дорад.[105]
  • Расул касе аст, ки шариат дорад ва аҳком вазъ мекунад, вале набӣ нигаҳбони шариати дигар пайғамбарон аст. Табарсӣ ин қавлро ба Ҷоҳиз нисбат додааст.[106] Албатта, бархе аз муфассирон монанди Табарсӣ, набӣ ва расулро ҳаммаъно медонанд.[107]

Пайғамбарони ташреъӣ ва таблиғӣ

Бар асоси як тақсимбандӣ, анбиё ба ду гурӯҳи пайғамбарони ташреъӣ ва пайғамбарони таблиғӣ тақсим мешаванд.[108] Вазифаи пайғамбарони таблиғӣ, тарвиҷ, таблиғ, иҷро ва тафсири шариате аст, ки дар замони эшон будааст. Бар хилофи пайғамбарони ташреъӣ монанди Нуҳ, Иброҳим, Мусо ва Исо[109] ки худ соҳиби шариат буда[110] ва дини тозае овардаанд ва теъдоди эшон бисёр кам аст.[111]

Мақоми имомат

Бар асоси ояти Ибтилои Иброҳим, бархе пайғамбарон дорои мақоми имомат низ будаанд.[112] Дар бархе ривоёт, мақоми имомат бартар аз мақоми набувват дониста шудааст, чароки ин мақом дар авохири умри Иброҳим (а) ва пас аз набувват ба ӯ дода шуд.[113] [Ёддошт 3] Дар сураи Анбиё, ҳазрати Иброҳим (а), Исҳоқ (а), Яъқуб (а) ва Лут (а) имом муаррифӣ шудаанд.[114] Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а), ҳамаи пайғамбарони улулъазми дорои мақоми имомат дониста шудаанд.[115]

Бартарӣ бар фариштагон

Бино ба гуфтаи Шайхи Муфид, имомия ва аҳли ҳадис аз аҳли суннат мақоми пайғамбаронро бартар аз фариштагон медонанд, вале бештари мӯътазилаи аҳли суннат қоил ба бартарии фариштагон бар Анбиё ҳастанд.[116] Дар бархе аҳодис мақоми Пайғамбари Акрам (с) ва дувоздаҳ имом, аз фариштагон болотар дониста шудааст.[117]

Пайғамбарони соҳиби китоб

Теъдоде аз пайғамбарон китоби осмонӣ доштаанд; бинобар оёти Қуръон, Забур - китоби ҳазрати Довуд (а)[118], Таврот - китоби ҳазрати Мусо (а) [Ёддошт 4], Инҷил - китоби ҳазрати Исо (а)[119] ва Қуръон - китоби ҳазрати Муҳаммад (с)[120] будааст.

Қуръон, китобе барои ҳазрати Иброҳим (а) ном набурда ва аз иборати «Суҳуф» барои ӯ истифода кардааст.[121] Ҳамчунин тибқи ҳадисе, Худованд 50 саҳифа бар Шис (а), 30 саҳифа бар Идрис (а) ва 20 саҳифа бар Иброҳим (а) фиристодааст.[122]

Муфассирон бо истинод ба ояти «аз дин он чиро ба Нуҳ супориш карда буд, барои шумо ташреъ кард ва ончиро ба ту ваҳй кардем; ва ончи Иброҳим, Мусо ва Исоро ба он тавсия намудем.»[123], ҳазрати Нуҳ (а), Иброҳим (а), Мусо (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с)-ро дорои шариат донистаанд.[124] Дар бархе ривоёт, иллати улулъазм муаррифӣ шудани ин пайғамбарон низ шариати онон дониста шудааст.[125]

Аллома Таботабоӣ гуфтааст, ки ҳаряк аз пайғамбарони улулъазм дорои китобу шариат будаанд[126] ва китоби пайғамбарони ғайри улулъазм монанди Довуд (а),[127] Шис (а) ва Идрис (а),[128] зиддияте бо ихтисоси шариат ба пайғамбарони улулъазм надорад; зеро китоби пайғамбарони ғайри улулъазм муштамил бар аҳкому шариат набудааст.[129]

Муъҷизот

Муъҷиза, роҳи шинохти пайғамбарони рости аз муддаиёни дурӯғини набувват аст. Муъҷиза кори хориқулъодае аст, ки аз ҷониби Худо ва ба дасти пайғамбар анҷом мешавад, ва бо иддаои набувват ва таҳаддӣ ҳамроҳ аст.[130]

Қуръон бархе аз муъҷизоти пайғамбаронро зикр кардааст; ноқаи Солеҳ,[131] сард шудани оташ бар Иброҳим,[132] зинда шудани чаҳор мурғ ба дасти Иброҳим,[133] муъҷизоти нуҳгонаи Мусо (а) монанди табдил шудани асо ба аждаҳо,[134] ҷорӣ шудани дувоздаҳ чашмаи об барои асботи Банӣ Исроил,[135] шикофта шудани дарё ва боз шудани роҳи наҷот барои Банӣ Исроил,[136] яди байзо,[137] муъҷизоти Исо (а) монанди шифо додани беморон, зинда кардани мурдагон, табдили гул ба паранда[138] ва муъҷизоти Пайғамбари Акрам (с) монанди Қуръони Карим[139] ва шаққулқамар[140] аз муъҷизоти машҳури пайғамбарон аст, ки дар Қуръон ба онҳо ишора шудааст. Ибни Ҷавзӣ аз манобеъе сухан гуфтааст, ки 1000 муъҷиза барои Пайғамбари Акрам (с) нақл кардаанд.[141]

Мутафовит будани муъҷизотро ношӣ аз тафовути маълумот ва ниёзи мардум, дар замонҳои мухталиф донистаанд. Ҳикмати Илоҳӣ иқтизо мекунад муъҷизаи ҳар пайғамбаре мутаносиб бо ниёзи мухотабонаш бошад. Барои намуна дар замони ҳазрати Мусо (а) сеҳру ҷоду ривоҷ дошт, Худованд муъҷизаи Мусоро асо қарор дод, то ҷодугарон аз овардани шабеҳи он нотавон бимонанд ва ҳуҷҷат бар дигарон тамом шавад.[142]

Ирҳосот

Мақолаи аслӣ: Ирҳос

Иттифоқоте, ки пеш аз беъсати пайғамбарон ва бо ҳадафи омода сохтани мардум барои пазириши иддаои баъдии онон, рух медод,[143] дар истилоҳи мутакаллимон ба ирҳос машҳур аст. Наҷоти ҳазрати Мусо (а) аз Нил, сухани гуфтани ҳазрати Исо (а) дар гаҳвора,[144] хушк шудани дарёчаи Сова, ларзидани тоқи Касро, хомӯш шудани оташкадаи Форс ва дигар ҳаводисе, ки дар соли таваллуди Пайғамбари Акрам (с) рух дод[145] аз ирҳосоти пайғамбарон будааст.

Китобшиносӣ

Муҳаддисон, муфассирон ва мутакаллимони исломӣ дар осори худ матолиберо дар бораи пайғамбарон навиштаанд. Аллома Маҷлисӣ чаҳор ҷилд аз китоби Биҳор-ул-анворро ба ривоёти марбут ба пайғамбарон[146] ва нуҳ ҷилдро ба таърихи Пайғамбари Акрам (с) бахшидааст.[147]

Ҳамчунин дар бораи пайғамбарон китобҳое ба сурати мустақил навишта шудааст, ки бештар бо унвони Қасас-ул-анбиё мунташир шудааст. Дар ин осор бештар ба шарҳи ҳоли пайғамбарон ва гоҳе низ мабоҳиси эътиқодии марбут ба онон пардохта шудааст, бархе аз ин осор иборатанд аз:

Ҳамчунин китобҳои Қасас-ул-анбиё ал-мусаммо ароис-ул-маҷолис асари Аҳмад ибни Муҳаммади Саълабӣ, Қасас-ул-анбиё, навиштаи Ибни Касир ва Қасас-ул-анбиё, асари Абуисҳоқи Нишобурӣ аз олимони аҳли суннат ба ин мавзӯъ пардохтаанд.

Эзоҳ

  1. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
  2. Мустафавӣ, ал-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1368ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.55.
  3. Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.459.
  4. Муфид, Адаму саҳв-ин-набӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.29 ва 30; Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1387ҳ.ш, саҳ.34.
  5. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.72, саҳ.116.
  6. Муфид, Адаму саҳв-ин-набӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.29 ва 30; Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1387ҳ.ш, саҳ.34.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба: сураи Қасас, ояти 16; сураи Анбиё, ояти 87; сураи Тоҳо, ояти 121.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.42, 43.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.315.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372, ҷ.7, саҳ.56; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.323.
  11. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.360.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144.
  13. Барои мутолиаи ривоят нигоҳ кунед ба: Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.524; Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.333; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.32, ҷ.74, саҳ.71.
  14. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.397; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.31.
  15. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.60.
  16. Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.263; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.352.
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, 31.
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.32.
  19. Сураи Аҳзоб, ояти 40.
  20. Сураи Нисо, ояти 164.
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.63.
  23. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
  24. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.524.
  25. Қутби Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.2541 - 242.
  26. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.163.
  27. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.448.
  28. Қутби Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.238.
  29. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.448.
  30. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.156.
  31. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.373; Қутби Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.224.
  32. Нигоҳ кунед ба: Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.7, саҳ.82.
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.448 - 451.
  34. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.495.
  35. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  36. Сураи Марям, ояти 53.
  37. Сураи Ҳуд, ояти 74.
  38. Сайид ибни Товус, ал-Малҳуф ала қатла-т-туфуф, саҳ.102
  39. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, ношир: Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.720.
  40. وَاذْكُرْ فِی الْكِتَابِ إِدْرِیسَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّیقًا نَّبِیا Марям/56
  41. Ривоёти зайли ояти «وَ رَفَعْناهُ مَكاناً عَلِيًّا» (Марям/57)
  42. أُولَـٰئِكَ الَّذِینَ آتَینَاهُمُ الْكِتَابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ Анъом/89
  43. إِنِّی لَكُمْ رَسُولٌ أَمِینٌ Шуаро/107
  44. شَرَعَ لَكُم مِّنَ الدِّینِ مَا وَصَّیٰ بِهِ نُوحًا وَالَّذِی أَوْحَینَا إِلَیكَ وَمَا وَصَّینَا بِهِ إِبْرَاهِیمَ وَمُوسَیٰ وَعِیسَیٰ Шуро/13
  45. إِنِّی لَكُمْ رَسُولٌ أَمِینٌ Шуаро/125
  46. وَإِلَیٰ عَادٍ أَخَاهُمْ هُودًا Аъроф/65
  47. إِنِّی لَكُمْ رَسُولٌ أَمِینٌ Шуаро/143
  48. Қуръон 7: 73
  49. وَاذْكُرْ فِی الْكِتَابِ إِبْرَاهِیمَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّیقًا نَّبِیا Марям/41
  50. أَتَتْهُمْ رُسُلُهُم بِالْبَینَاتِ Тавба/70
  51. وَإِذِ ابْتَلَیٰ إِبْرَاهِیمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ ۖ قَالَ إِنِّی جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا ۖ قَالَ وَمِن ذُرِّیتِی ۖ قَالَ لاینَالُ عَهْدِی الظَّالِمِینَ Бақара/124
  52. صُحُفِ إِبْرَاهِیمَ وَمُوسَیٰ Аъло/19
  53. إِنِّی لَكُمْ رَسُولٌ أَمِینٌ Шуаро/162
  54. Анъом/89
  55. إِنِّی لَكُمْ رَسُولٌ أَمِینٌ Шуаро/162
  56. أُولَـٰئِكَ الَّذِینَ آتَینَاهُمُ الْكِتَابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ Анъом/89
  57. فَلَمَّا اعْتزََلهَُمْ وَ مَا یعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ وَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَ یعْقُوبَ وَ كلاًُّ جَعَلْنَا نَبِیا Марям/49
  58. وَ جَعَلْنَاهُمْ أَئمَّةً یهْدُونَ بِأَمْرِنَا Анбиё/73
  59. إِنی لَكُمْ رَسُولٌ أَمِین Шуаро/178
  60. وَ جَعَلْنَاهُمْ أَئمَّةً یهْدُونَ بِأَمْرِنَا Анбиё/73
  61. Анъом/89
  62. Анъом/89
  63. إِنی لَكُمْ رَسُولٌ أَمِین Шуаро/178
  64. وَ إِلی مَدْینَ أَخَاهُمْ شُعَیبًا Аъроф/85
  65. Марям/51
  66. وَاذْكُرْ فی الْكِتَابِ مُوسی إِنَّهُ كاَنَ مخُْلَصًا وَ كاَنَ رَسُولًا نَّبِیا сураи Марям, ояти 51.
  67. إِنَّا أَنْزَلْنَا التَّوْراةَ فیها هُدی وَ نُورٌ Моида/44
  68. ثُمَّ بَعَثْنَا مِن بَعْدِهِم مُّوسَیٰ وَهَارُونَ إِلَیٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ بِآیاتِنَا فَاسْتَكْبَرُوا وَكَانُوا قَوْمًا مُّجْرِمِینَ Юнус/75
  69. وَ لَقَدْ أَرْسَلْنا مُوسی بِآیاتِنا أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ الظُّلُماتِ إِلَی النُّورِ وَ ذَكِّرْهُمْ بِأَیامِ اللَّه Иброҳим/5
  70. Шӯро/13
  71. وَ وَهَبْنا لَهُ مِنْ رَحْمَتِنا أَخاهُ هارُونَ نَبِيًّا Марям/53
  72. ثُمَّ أَرْسَلْنا مُوسی وَ أَخاهُ هارُونَ بِآیاتِنا وَ سُلْطانٍ مُبین Муъминун/45
  73. ثُمَّ بَعَثْنَا مِن بَعْدِهِم مُّوسَیٰ وَهَارُونَ إِلَیٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ بِآیاتِنَا فَاسْتَكْبَرُوا وَكَانُوا قَوْمًا مُّجْرِمِینَ Юнус/75
  74. وَ لَقَدْ قالَ لَهُمْ هارُونُ مِنْ قَبْلُ یا قَوْمِ إِنَّما فُتِنْتُمْ بِهِ وَ إِنَّ رَبَّكُمُ الرَّحْمنُ فَاتَّبِعُونی وَ أَطیعُوا أَمْری Тоҳо/90
  75. Анъом/89
  76. وَ ءَاتَینَا دَاوُدَ زَبُورًا Исро/ 55
  77. Анъом/89
  78. Анъом/89
  79. وَ إِنَّ إِلْیاسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِین Соффот/123
  80. Анъом/89
  81. Анъом/89
  82. وَ إِنَّ یونُسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِین Соффот/139
  83. Анъом/89
  84. فَنَادَتْهُ الْمَلَئكَةُ وَ هُوَ قَائمٌ یصَلی فی الْمِحْرَابِ أَنَّ اللَّهَ یبَشِّرُكَ بِیحْیی مُصَدِّقَا بِكلَِمَةٍ مِّنَ اللَّهِ وَ سَیدًا وَ حَصُورًا وَ نَبِیا مِّنَ الصَّلِحِین Оли Имрон/39
  85. قَالَ إِنی عَبْدُ اللَّهِ ءَاتَئنی الْكِتَابَ وَ جَعَلَنی نَبِیا Марям/30
  86. إِنَّمَا الْمَسِیحُ عِیسی ابْنُ مَرْیمَ رَسُولُ اللَّهِ وَ كَلِمَتُهُ أَلْقَئهَا إِلی مَرْیم Нисо/ 171
  87. وَ قَفَّینَا بِعِیسی ابْنِ مَرْیمَ وَ ءَاتَینَهُ الْانجِیلَ Ҳадид/27
  88. وَإِذْ قَالَ عِیسَی ابْنُ مَرْیمَ یا بَنِی إِسْرَائِیلَ إِنِّی رَسُولُ اللَّـهِ إِلَیكُم مُّصَدِّقًا لِّمَا بَینَ یدَی مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ یأْتِی مِن بَعْدِی اسْمُهُ أَحْمَدُ Сафф/6
  89. Шӯро/13
  90. ما كاَنَ محُمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَ لَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَ خَاتَمَ النَّبِینَ Аҳзоб/44
  91. ما كاَنَ محَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَ لَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَ خَاتَمَ النَّبِینَ Аҳзоб/40
  92. وَ كَذَالِكَ أَوْحَینَا إِلَیكَ قُرْءَانًا عَرَبِیا لِّتُنذِرَ أُمَّ الْقُرَی وَ مَنْ حَوْلهَا Шуро/7
  93. وَ ما أَرْسَلْناكَ إِلاَّ كَافَّةً لِلنَّاسِ بَشیراً وَ نَذیراً Сабаъ/28
  94. Шӯро/13
  95. Сураи Исро, ояти 55.
  96. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254.
  97. Тоҳирии Окурдӣ, Яҳудият, 1390ҳ.ш., саҳ.173.
  98. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  99. Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.404.
  100. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.145.
  101. Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.45.
  102. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.524; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.32, ҷ.74, саҳ.71.
  103. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176 - 177.
  104. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176 - 177.
  105. Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.55.
  106. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.144.
  107. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.144 - 145.
  108. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.2, саҳ.183.
  109. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.3, саҳ.154.
  110. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.3, саҳ.173.
  111. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.2, саҳ.183.
  112. Сураи Бақара, ояти 124.
  113. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  114. Сураи Анбиё, оёти 69 то 73.
  115. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.175.
  116. Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.49 - 50.
  117. Садуқ, Камол-уд-дин, ҷ.1, саҳ.254.
  118. Сураи Исро, ояти 55.
  119. Сураи Ҳадид, ояти 27.
  120. Сураи Шуро, ояти 7.
  121. Сураи Аъло, ояти 19.
  122. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.524.
  123. Сураи Шуро, ояти 13.
  124. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  125. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.80.
  126. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  127. Сураи Нисо, ояти 163.
  128. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.524.
  129. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141.
  130. Муфид, ан-Нукат-ул-эътиқодия, 1413ҳ.қ., саҳ.35.
  131. Сураи Аъроф, ояти 73.
  132. Сураи Анбиё, ояти 69.
  133. Сураи Бақара, ояти 260.
  134. Сураи Шуъаро, ояти 32.
  135. Сураи Бақараи ояти 60.
  136. Сураи Шуъаро, ояти 63.
  137. Сураи Аъроф: ояти 108; сураи Тоҳо, ояти 22; сураи Шуъаро, ояти 33; сураи Намл, ояти 12; сураи Қасас, ояти 32.
  138. Сураи Оли Имрон, ояти 49; сураи Моида, ояти 110.
  139. Сураи Тур, ояти 34.
  140. Сураи Қамар, ояти 1.
  141. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.129.
  142. Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.42.
  143. Таҳонавӣ, Мавсуъату кашшофи истилоҳот, мактабат Лубнон, ҷ.1, саҳ.141.
  144. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.300.
  145. Ибни Касир, ал-Бидоят ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.268; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.8.
  146. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11 - 15.
  147. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.15 - 24.
  148. Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1387ҳ.ш., саҳ.34.

Ёддошт


Сарчашма

  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё, тасҳеҳ: Ғуломризо Ирфониён Яздӣ, Машҳад, маркази пажӯҳишҳои исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, бознигарӣ: Мустафо Каримӣ, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1393ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ал-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, Қум, алмуътамарулъоламӣ лиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Адаму саҳв-ин-набӣ, Қум, алмуътамарулъоламӣ лиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, алмуътамарулъоламӣ лиалфиятиш-Шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ан-Нукат-ул-эътиқодия, Қум, алмуътамарулъоламӣ лиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, 1395ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳиссалом, тасҳеҳ: Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо Аламулҳудо, Танзиҳ-ул-анбиёи ва-л-аимма, таҳқиқ: Форис Ҳассун Карим, Қум, Бустони китоб, 1380ҳ.ш./1422ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Таҳонавӣ, Муҳаммадалӣ ибни Алӣ, Мавсуъату кашшофи истилоҳот-ил-фунун ва-л-улум, таҳқиқ: Алӣ Фарид Даҳруҷ, Бейрут, мактабат Лубнон ноширун, бе то.
  • Тоҳирии Окурдӣ, Муҳаммадҳусайн, Яҳудият, маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо (с), 1390ҳ.ш./1432ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, тасҳеҳ: Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, 1375ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, тасҳеҳ: муассисатул-беъсат, Қум, Дорулсақофат, 1414ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, Ҳиҷрат, 1377ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found