Наҷосати саг

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Наҷас будани саг)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.

Наҷосати саг ба наҷас будани саг ва ҳамаи узвҳои он ишора дорад. Саг айни наҷас аст, ки онро бо ягон мутаҳҳирот (поккунанда) ғайр аз истиҳола пок кардан мумкин нест.

Инчунин хариду фурӯши он, ба ғайр аз саги шикорӣ ва саги посбон ҳаром аст.

Истифода аз пӯсти саг барои хӯрдану нӯшидан ва барои корҳое, ки таҳорату покиро талаб мекунад, истифода бурдан ҷоиз нест.

Зарферо, ки саг аз он лесида ё об хӯрдааст, хокмол кардан лозим аст.

Ҳукми наҷосати саг, саги обиро дарбар намегирад.

Мафҳумшиносӣ

Наҷосати саг яъне инки бадани саг ва ҳамаи аҷзояш, ҳатто аҷзои бе рӯҳи он монанди мӯй, панҷа, нохун ва тамоми рутубатҳои он наҷас аст.[1] Албатта, Сайиди Муртазо, фақеҳи шиа муътақид аст, ки мӯи сагу хук ба ҷиҳати инки аз аҷзои беруҳ ҳастанд, наҷас нестанд.[2] Ба гуфтаи Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, фатвои Сайиди Муртазо бар хилофи назари дигар фақеҳони шиа аст.[3]] Албатта Молик ибни Анас аз фуқаҳои чаҳоргонаи аҳли суннат, сагро пок донистааст.[4]

Мустанади ҳукми наҷосати саг, ривоёте аст, ки аз имомони маъсум нақл шудааст. Ин ривоёт дар Васоил-уш-шиъа дар зайли бобҳои «бобу наҷосатил-калб ва лав салуқиё/ بَابُ نَجَاسَةِ الْکلْبِ وَ لَوْ سَلُوقِیا; наҷосати саг агарчӣ шикорӣ бошад»[5] ва «бобу наҷосати суърил-калби вал-хинзир/ بَابُ نَجَاسَة سُؤْرِ الْکَلْبِ وَ الْخِنْزِیرِ»[6] омадааст.

Хокмолӣ кардан

Мақолаи аслӣ: Хокмолӣ

Зарферо, ки саг лесида ё аз он об ё моеъи дигаре хӯрда бошад, барои пок карданаш бояд хокмолӣ шавад ва сипас бо оби қалил ё кур шуста шавад.[7] Ва бидуни хокмолӣ кардан бо равиши дигаре пок намешавад.[8]

Ҳукми хариду фурӯш

Ба назари фуқаҳо, хариду фурӯши саг ҳаром аст; чароки айни наҷосат, арзиш молӣ надорад ва наметавон онро хариду фурӯш кард.[9] Ин ҳукм, махсуси саги велгард аст[10] ва саги шикорӣ ва саги нигаҳбон ба хотири манофеъе, ки доранд аз ин ҳукм истисно шудаанд.[11]

Нигаҳдории саг

Ба фатвои Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, нигаҳдорӣ ва парвариши сагҳое, ки бар онҳо фоидае мутараттиб аст; монанди саги нигаҳбон, саги шикорӣ, саги зиндаёб ва саги маводёб ишкол надорад, ҳарчанд ки наҷас ҳастанд, аммо нигаҳдорӣ ва парвариши сагҳои зинатӣ барои ҳамзистӣ ва саргармӣ ишкол дорад[12] ва нигаҳдории онҳо дар шаъни мусулмонон нест.[13]

Бархе аз мароҷеъи тақлид, нигаҳ доштани саг дар манзилро макрӯҳ донистаанд.[14]

Дигар аҳком

  • Чизе ки бо бадани саг бархӯрд карда бошад, дар сурате, ки рутубате аз бадани саг ба он мунтақил шавад, наҷас мешавад.[15]
  • Ба фатвои фақеҳони шиа ҳукми наҷосати саг мухтасси саге аст, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунад ва шомили саги обӣ намешавад.[16]
  • Хӯрдан ва ошомидан аз зарфе, ки бо пӯсти саг сохта шуда бошад, ҳаром аст.[17] Ҳамчунин ба гуфтаи фақеҳон, набояд аз чунин зарфе, барои корҳое, ки таҳорат дар он лозим аст, монанди вузӯ ва ғусл истифода кард.[18] Бисёре аз фуқаҳо муътақиданд, ки аз чарми сагу хук, ҳатто барои корҳои ғайр аз хӯрдану нӯшидан низ набояд истифода кард.[19]
  • Саг, айни наҷосат аст, аз ин рӯ фақат бо истиҳола пок мешавад ва бо дигар мутаҳҳирот, покшуданӣ нест.[20]
  • Ба фатвои фақеҳон, шустан ва воксан задан ба саг сабаби пок шудани он намешавад; чароки далеле барои инки наҷосати саг ба хотири велгард будану касиф буданаш бошад, вуҷуд надорад.[21]

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.35; Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоил, 1430ҳ.қ., саҳ.28.
  2. Сайиди Муртазо, ал-Масоил-ун-носириёт, 1417ҳ.қ., саҳ.100.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.331.
  4. Ибни ал-Ҷилоб, ал-Тафриъ фи фиқҳ-ил-имом Молик ибни Анас, 2007м., ҷ.1, саҳ.52.
  5. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.414 - 417.
  6. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225 - 227.
  7. Рисолаи тавзеҳул-масоили (мароҷеъ), ҷ.1, саҳ.101.
  8. Шайхи Ансорӣ, Сирот-ун-наҷот, 1415ҳ.қ., саҳ.52; Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.104; имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  9. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1410ҳ.қ., ҷ.1, 54 - 57; Мишкинии Ардабилӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.447.
  10. Мишкинии Ардабилӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.447; Беҳбаҳонӣ, Рисолаи амалияи матоҷири Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, 1310, саҳ.17 - 18; Нароқӣ, Анис-ут-туҷҷор, 1425ҳ.қ., 36 - 37.
  11. Мишкинии Ардабилӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.447.
  12. «Аҳкоми нигаҳдории ҳайвонот», пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  13. Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.26.
  14. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.574.
  15. Мишкинии Ардабилӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.446.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба Нароқӣ, Анис-ут-туҷҷор, 1425ҳ.қ., 36 - 37; Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.35; Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоил, 1430ҳ.қ., саҳ.28; Ваҳиди Хуросонӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоил, 1428ҳ.қ., саҳ.24; Субҳонии Табрезӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.127.
  17. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135.
  18. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135.
  19. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135.
  20. Мишкинии Ардабилӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.446.
  21. Мусавии Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.39.

Сарчашма

  • «Аҳкоми нигаҳдории ҳайвонот», пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, боздид: 12 баҳмани 1399ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Рисолаи тавзеҳул-масоили (мароҷеъ), дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, Қум, дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, 1428ҳ.қ.
  • Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадакмал, Рисолаи амалияи матоҷири Ваҳиди Беҳбаҳонӣ бо таълиқоти Мирзои Шерозӣ, Теҳрон, Ҳоҷи Шайх Ризо тоҷири Теҳронӣ, 1310ҳ.қ.
  • Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Рисолаи тавзеҳул-масоил, Қум, интишороти мадрасаи Имом Боқир (а), 1428ҳ.қ.
  • Ибни ал-Ҷилоб, Убайдуллоҳ ибни Ҳусайн, ал-Тафриъ фи фиқҳ-ил-имом Молик ибни Анас, таҳқиқ: Сайид Касравӣ Ҳасан, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 2007м.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Тавзеҳулмасоил (ал-Муҳашшо), Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, Қум, интишороти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1427ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳул-масоил, Қум, интишороти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1429ҳ.қ.
  • Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва муаззаму ановиниҳи-л-мавзуъия, Қум, нашри Алҳодӣ, 1419ҳ.қ.
  • Мусавии Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1409ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Мулломуҳаммадмаҳдӣ ибни Абузар, Анис-ут-туҷҷор (Муҳашшо), Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1425ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқ: Аббоси Қучонӣ, Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, ал-Масоил-ун-носириёт, Теҳрон, робитаи алсақофат вал-алоқотил-исломия, 1417ҳ.қ.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Рисолаи тавзеҳул-масоил, Қум, интишороти муассисаи Имом Содиқ (а), 1429ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммадамин, ал-Макосиб, таҳқиқи Муҳаммади Калонтар, Қум, Дорул-китоб, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммадамин, Сирот-ун-наҷот (Муҳашшо), Қум, конгресси ҷаҳонии бузургдошти шайхи аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Рисолаи тавзеҳул-масоил, Қум, интишороти Салсабил, 1430ҳ.қ.