Миқдод ибни Амр

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Миқдод бен Асвад)
Миқдод ибни Амр
Номи комилМиқдод ибни Амр ибни Саълаба
Куния
  • Абумаъбад
  • Абусаид
Маҳалли зиндагӣ
Санаи таваллуд16 Омулфил (24 сол қабл аз беъсат) дар Ҳазрамавт
ЗодгоҳЯман
Санаи вафот33ҳ.қ.
Шаҳри вафотМадина
Маҳалли дафнМадина - қабристони Бақиъ
ХешовандонҲамсараш Забоға бинти Зубайр (духтарамаки Паёмбари Ислом (с)
ДигарҲиҷрат ба Ҳабаша ва Мадина
СиёсӣШиркат дар ғазваи Бадр ва ҷангҳои дигар
Аз ëрониИмом Алӣ (а)
ФаолиятҳоМухолифат бо хулафо, хусусан дар воқеаи Сақифа
Шинохташуда бароиЯке аз аркони арбааи шиа


Миқдод ибни Амр (форсӣ: مقداد بن عمرو) маъруф ба Миқдод ибни Асвад (арабӣ: المقداد بن الأسود) (ваф.33ҳ.қ.) аз бузургони саҳобаи Паёмбар (с) ва аз нахустин шиаёни Имом Алӣ (а) буд. Миқдод дар авоили беъсат мусулмон шуд ва аз нахустин афроде буд, ки Исломи худро ошкор кард. Ӯ дар ҳамаи ҷангҳои садри Ислом ҳузур дошт. Аз Миқдод дар канори Салмони Форсӣ, Аммор ибни Ёсир ва Абузар ба унвони нахустин шиаёни Имом Алӣ (а) ёд кардаанд, ки дар замони Пайғамбар (с) низ ба ин ном шинохта мешуданд.

Миқдод пас аз реҳлати Паёмбар (с), аз ҷонишинии Имом Алӣ (а) ҳимоят кард ва бо Абубакр байъат накард ва аз андақ афроде буд, ки дар ташйиъи ҷанозаи ҳазрати Заҳро (с) ҳузур дошт. Миқдодро аз мухолифони сарсахти хилофати Усмон шумурдаанд. Дар ривоёти Аҳли Байт аз Миқдод ба некӣ ёд шуда ва аз раҷъаткунандагон дар замони зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) муаррифӣ шудааст. Нақли ривоёте аз Пайғамбар (с) ба Миқдод мансуб шудааст.

Зиндагинома

Вилодат ва насаб

Миқдод ибни Амр ибни Саълаба маъруф ба Миқдод ибни Асвад, аз таърихи таваллуди ӯ итилоъе дар даст нест, аммо бо тавваҷуҳ ба ин ки таърихнигорон соли даргузашти ӯро соли 33 қамарӣ ва дар 70 солагӣ донистаанд,[1] эҳтимолан 24 сол қабл аз беъсат (37 сол қабл аз ҳиҷрат) ба дунё омада бошад. Сиранависону муаррихон, насаби хонаводагии ӯро то ҷаҷди бистум ном бурдаанд.[2]

Нақл шудааст дар Ҳазрамавт, байни Миқдод ва фарде ба номи Абушимр ибни Ҳаҷар низоъе рух дод, ки ба маҷрӯҳ шудани он фард анҷомид. Пас аз ин моҷаро, Миқдод ба Макка рафт ва бо Асвад ибни Абд ибни Яғуси Заҳрӣ ҳампаймон шуду Асвад бо Миқдод нисбати падарӣ пайдо кард, аз ин рӯ ӯро Миқдод ибни Асвад ва гоҳ Миқдоди Заҳрӣ хондаанд. Вале пас аз нузули ояти «ادْعُوهُمْ لِآبَائِهِمْ»: ононро ба [номи] падаронашон бихонед!»[3] Миқдод ибни Амр хонда шуд.[4]

Кунияҳо ва лақабҳо

Барои Миқдод лақабҳое монанди Баҳроӣ ё Баҳровӣ,[5] Кендӣ ва Ҳазрамӣ ва кунияҳое мисли Абумаъбад, Абусаид ва Абуласвад зикр шудааст.[6]

Хонавода

  • Ҳамсар: ҳамсари Миқдод, Зубоъа духтарамаки Пайғамбар (с) (духтари Зубайр ибни Абдулмуталлиб) буд.[7] Пайғамбар Зубоъаро бо ин ки аз назари ҳасабу насаб бисёр бошахсият медонист, ҳамсари Миқдод карду фармуд: «Ман духтарамаки худ Зубоъаро ҳамсари Миқдод накардам, магар барои он ки мардум мавзуи издивоҷро осон бигиранд, ба ҳар муъмине духтар диҳанд ва ҳасабу насабро дар издивоҷ ба назар наёваранд!»[8]
  • Фарзандон: Миқдод ду фарзанд ба номҳои Абдуллоҳ ва Карима дошт. Абдуллоҳ дар ҷанги Ҷамал аз ёрони Оиша буд, ки дар муқобили ҳазрати Алӣ (а) қарор гирифт ва кушта шуд. Вақте Имом Алӣ (а) дар поёни ҷанг нигоҳаш бар ҷасади Абдуллоҳ афтод, хитоб ба Абдуллоҳ гуфт: «Чӣ бад писархоҳаре будӣ!».[9] Бархе ба ҷои Абдуллоҳ номи писари Миқдодро Маъбад гуфтаанд.[10]

Вафот ва маҳалли дафн

Миқдод дар авохири умр дар Ҷараф (минтақае, ки дар якфарсахии Мадина ба самти Шом қарор дорад) сукунат дошт ва дар соли 33 қамарӣ, дар ҳоле ки ҳафтодсола буд, вафот кард. Мусулмонон пайкарашро ба Мадина овараданд ва Усмон ибни Афон бар ӯ намози ҷаноза хонд ва ӯро дар қабристони Бақиъ ба хок супориданд.[11] Дар шаҳри Вони кишвари Туркия қабре ба Миқдод мансуб аст, ки бархе аз донишмандон онро марбут ба Фозили Миқдод ё яке аз машойихи араб ба ҳисоб овардаанд.[12] Тибқи нақле Миқдод, шахси сарватманде буд ва васият кард, ки 36 ҳазор дирҳам аз дороиашро ба Ҳасанайн (а) бидиҳанд.[13]

Дар замони Паёмбар (с)

Ислом овардан

Миқдод дар ҳамон авоили беъсат мусулмон шуд ва шиканҷаҳои мушрикони Қурайшро таҳаммул кард. Муаррихон ӯро аз собиқини Ислом медонанд, аммо дар бораи чигунагии мусулмон шудани ӯ баҳси муфассале нашудааст. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд нақл шудааст, нахустин касоне, ки Исломи худро зоҳир карданд, ҳафт нафар буданд, ки Миқдод яке аз онон аст.[14]

Ҳиҷрат

Миқдод ду бор ҳиҷрат кард: як бори ҳиҷрат ба Ҳабаша, ки Миқдод дар миёни сеюмин гурӯҳи мусулмонон буд ва бори дувум ҳиҷрат ба Мадина, ки замони дақиқи ҳиҷраташ ба Мадина равшан нест, вале бар асоси вуҷуди қароини фаровоне, дар соли аввали ҳиҷрат дар моҳи шаввол дар саррияи Абуубайда ба мусулмонон пайваст ва ба ҳамроҳи онон ба Мадина ҳиҷрат кард.[15]

Ҳузур дар ҷангҳо

Паёмбар (с):

Худованди маро ба дӯсти доштани чор тан дастур доду маро хабар дод ки Худаш онҳоро дӯст дорад: Алӣ, Миқдод, Абӯзар ва Салмон.

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1995/1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.161

Миқдод дар тамомии ҷангҳои Пайғамбар (с) иштирок кард ва аз паҳлавонони саҳобаи Пайғамбар (с) буд.[16] Ӯ дар ғазваи Бадр ҷузъи саворанизом буд. Ба аспаш «сабҳа» ба маънои шиноварӣ мегуфтанд; шояд аз он ҷиҳат, ки Миқдод бо камоли шаҳомату диловарӣ ҷанг мекард, ба аспаш «сабҳа» мегуфтанд.[17]

Дар ҷанги Уҳуд низ Миқдод нақш ба сазое дошт, ба тавре, ки дар авохири ҷанг, ки ҳама гурехта буданд, тибқи нақли манобеи таърихӣ, ҳеҷ касе бо Пайғамбар намонд, ба ҷуз ҳазрати Алӣ (а), Талҳа, Зубайр, Абудуҷона, Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Миқдод.[18] Бархе нақлҳо Миқдодро дар ин ҷанг ҷузви тирандозони сипоҳи Ислом ном бурдаанд.[19] Аммо бархе дигар ӯро ба ҳамроҳи Зубайр фармондеҳи саворанизоми сипоҳи Ислом донистаанд.[20]

Миқдод дар канори Салмон, Аммор, Абузар аз нахустин шиаёне буданд, ки дар замони Пайғамбар (с) ба ин ном шинохта мешуданд.[21]

Ҳимоят аз ҷонишинии Имоми Алӣ (а)

Пас аз реҳлати Пайғамбар (с) ва интихоб шудани Абубакр ба унвони халифа ва ҷонишини Пайғамбар, теъдоди андаке аз мусулмонон ба Алӣ (а) вафодор монданд ва бо Абубакр байъат накарданд; аз ҷумлаи онон Салмон, Абузар ва Миқдод буданд. Миқдод дар моҷарои Сақифа иштирок надошт ва ҳамроҳи Амирулмуъминин Алӣ (а) ва чанд тан аз саҳоба машғули ғусл додани Пайғамбари Ислом (с) ва намози хондан бар ӯ буд.[22] Тибқи ривоёт, ӯ аз маъдуд касоне аст, ки бар пайкари ҳазрати Заҳро (с) намози ҷаноза хонд.[23] Бархе манобеъ ӯро аз аъзои шуртатулхамис донистаанд.[24] [Ёддошт 1]

Миқдод дар мавқеиятҳои мухталиф, масъалаи ҷонишинии Имом Алӣ (а)-ро ба Абубакру ҳамроҳонаш ёдовар мешуд ва иқдомотеро барои равшан кардани мардум анҷом медод. Барои намуна ба чанд маврид аз иқдомот ва фаъолиятҳои Миқдод дар дифоъ аз Алӣ (а) ишора мешавад:

  1. Пас аз он ки мардум бо Абубакр байъат карданд, гурӯҳе аз муҳоҷир ва ансор аз байъат сар боз заданд ва ба Алӣ ибни Абутолиб пайвастанд, ки аз ҷумлаи онон Миқдод буд.[25]
  2. Замоне, ки чил нафар аз мардон назди Имом Алӣ (а) омаданду гуфтанд «Мо омодаи дифоъ ва ҳимоят аз шумоем!», ҳазрат ба онон гуфт, «Агар бар сари қавли худ ҳастед, фардо мӯи сари худро тарошида, назди ман биёед!. Рӯзи баъд танҳо Салмон, Миқдод ва Абӯзар бо сарҳои тарошида назди Имом ҳозир шуданд».[26]
  3. Дар ҷараёни Шӯрои шашнафара барои таъйини халифаи баъдӣ, вақте Абдурраҳмон ибни Авф ба Алӣ (а) гуфт «Дар сурате бо ту байъат мекунам, ки аз китоби Худо ва суннати Пайғамбар ва равиши Абубакр пайравӣ кунӣ» ва Алӣ (а) танҳо ду мавриди аввалро қабул кард, Миқдод барои эътироз рӯ ба Абдурраҳмон карду гуфт: «Ба Худо савганд, Алӣ яъне касеро, ки ба ҳақ ва адолат қазоват мекардро тарк кардед!» Сипас идома дод: «Ҳеҷ шахс ва хонадонеро надидаам, ки баъд аз Пайғамбари худ, ин тавр мазлуму ситамдида шаванд, ки Аҳли Байт мазлум воқеъ шуданд».[27]

Миқдод бо хилофати Усмон мухолифат кард ва бо суханронӣ дар масҷиди Мадина, ин мухолифатро эълом дошт.[28]

Яъқубӣ аз бархе нақл кардааст, Усмон дар ҳамон шабе, ки байъаташ ба анҷом расид, барои намози хуфтан берун рафт, дар ҳоле ки пешопеши ӯ шамъе равшан шуда буд. Миқдод ибни Амр ба ӯ бархӯрду гуфт: ин бидъат чист?[29] Ба гузориши Яъқубӣ Миқдод аз касоне буд, ки забон ба интиқод аз Усмон кушоданд ва ба Алӣ ибни Абутолиб гаравиданад.[30]

Дар ривоёти Аҳли Байт (а)

Аҳодиси мутааддиде аз маъсумон (а) дар бораи Миқдод нақл шудааст, ки ағлаби онҳо дар баёни фазилатҳо ва хусусиёти ахлоқӣ ва имони ӯст. Бархе аз ин ривоёт чунин аст:

  • Алоқаи Пайғамбар ба Миқдод: Пайғамбар (с) фармуд: «Худованд маро бо чаҳор нафар ба дӯстӣ маъмур кардааст. Шахсе пурсид ононро муаррифӣ кунед. Фармуд: «Алӣ, Салмон, Миқдод ва Абузар!».[31]
  • Биҳиштӣ будани Миқдод: аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, рӯзе Расули Худо (с) фармуд: «Биҳишти муштоқи чаҳор нафар аз уммати ман аст ва вақте, ки ҳазрати Алӣ (а) аз ҳазрат дар бораи онон суол кард, Пайғамбар фармуд: Ба Худо савганд! Ту аввалини эшон ҳастӣ ва он се нафари дигар, Миқдод, Салмон ва Абузар ҳастанд». Ҳамчунин Имом Содиқ (а) дар тафсири ояти «إِنَّ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ کانَتْ لَهُمْ جَنَّاتُ الْفِرْدَوْسِ نُزُلً»[32] фармуд: ин оят дар бораи Абузар, Миқдод, Салмон ва Аммор нозил шудааст.[33]
  • Имони ӯ: аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст: имон даҳ дараҷа дорад, Миқдод дар дараҷаи ҳаштум ва Абузар дар дараҷаи нуҳум ва Салмон дар дараҷаи даҳум аст.[34]
  • Амал ба ояти Маваддат: Имом Содиқ (а) дар бораи ояти Маваддат: «قُل لا أَسئَلُکم عَلَیهِ أَجراً إِلاَّ المَوَدَّةَ فِی القُربی)»[35] фармуд: «Ба Худо савганд, ба ин оят касе амал накард, магар ҳафт нафар ва Миқдод яке аз онон буд!»[36]
  • Миқдод аз Аҳли Байт аст: рӯзе Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ дар бораи Салмон, Миқдод ва Абузар аз Пайғамбар (с) суол кард. Сипас ҳазрат дар мавриди ҳар кадом суханоне гуфтанд, то он ки роҷеъ ба Миқдод фармуданд: «Миқдод аз мост. Худованд душман аст бо касе, ки душмани ӯст ва дӯст аст бо касе, ки дӯсти ӯст. Эй Ҷобир, ҳаргоҳ хостӣ дуое кунӣ ва мустаҷоб шавад, худоро ба номи эшон бихон, зеро ин номҳо назди Парвардигор, беҳтарин ҳастанд!»[37]
  • Вафодорӣ ба ҳазрати Алӣ (а): Имом Боқир (а) фармуд: мардум баъд аз Расули Худо (с) аз маром ва масири Пайғамбар (с) баргаштанд, ҷуз се нафар: Салмон, Абузар ва Миқдод.[38] Бархе ривоёт, Миқдодро мутеътарин ёри Амирулмӯъминин Алӣ (а) донистаанд.[39]
  • Раҷъати Миқдод: тибқи ривоёт, Миқдод аз касоне аст, ки дар замони зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а) ва қиёми эшон, раҷъат карда ва аз ёрон ва фармондорони ҳукумати ҳазрат хоҳад буд.[40]
  • Зарурати дӯст доштани Миқдод: Имом Содиқ (а) фармуд: «Дӯстӣ бо афроде, ки пас аз Пайғамбар (с) мунҳариф нашуданд, бар мусулмонон воҷиб аст.» Сипас иддае аз ононро баршумурд, ки аз онон Салмон, Абузар ва Миқдод аст.[41]
  • Ҳамсоре вижа барои ӯ дар биҳишт: Ҳазрати Заҳро (с) ба Салмон фармуд: се бонуи бисёр зебо ғуруби рӯзи баъди вафоти падарам Паёмбари Худо бар ман ворид шуданду гуфтанд аз занони биҳиштӣ ҳастанд ва ба номҳои Зарра барои Абузар ва Мақдуда барои Миқдод ва Салмо барои Салмон ва гуфтанд Худованди бузург ононро барои Абузару Миқдоду Салмон офаридааст.[42]

Нақли ҳадис

Миқдод аз Пайғамбари Ислом (с) аҳодисе нақл кардааст. Теъдоде аз ровиён низ аз вай ҳадис шунида ва нақл кардаанд, монанди: Сулайм ибни Қайс, Анас ибни Молик, Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абдурраҳмон ибни Абилайло, Абуайюби Ансорӣ, Зубоъа бинти Зубайр ибни Абдулмуталлиб (ҳамсараш) ва духтараш Карима.[43]

Такнигориҳо

  • Китоби «Симои Миқдод» ба қалами Муҳаммад Муҳаммадии Иштиҳордӣ, ки интишороти паёми Ислом чоп кардааст.
  • Китоби «Миқдод» таълифи Муҳаммад Комронӣ Иқдом, ки интишороти ҳадиси Найнаво онро чоп кардааст.
  • Китоби «Солҳои сахте буд», ки шарҳе аз зиндагии Миқдод ба сурати достон, ҳамроҳ бо суратҳост. Ин китобро маркази офаринишҳои адабӣ тадвин ва интишороти сураи меҳр мунташир кардааст.
  • Китоби «ал-Миқдод ибни-л-Асвад ал-Киндӣ аввалу форис фи-л-Ислом» навиштаи Муҳаммадҷавод ал-Фақиҳ, ки муассисаи ал-Аъламӣ лилматбуъоти Лубнон чоп кардааст.
  • Китоби «Силсилат-ул-аркон-ил-арбаъа» дар чаҳор ҷилд, ки ҷилди сеюми он ба шарҳи ҳоли Миқдод пардохтааст. Ин китобро Муҳаммадҷаводи Фақиҳ ба забони арабӣ нигоштааст ва дар Лубнон ба чоп расидааст.
  • Китоби “Маъа-с-саҳобати ва-т-тобеъин” навиштаи Камол Сайид дар чаҳордаҳ ҷилд, ки ҷилди шашуми он ба Миқдод ихтисос дорад. Ин китоб ба забони арабӣ аст ва тавассути интишороти Ансориёни Қум чоп шудааст.

Эзоҳ

  1. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1995м./ 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.161.
  2. Ибни Ҳазми Анделусӣ, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, Дорулмаориф, саҳ.441.
  3. Сураи Аҳзоб, ояти 5.
  4. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1995м./1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.160; Мақризӣ, Амтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.57.
  5. Ибни Ҳазми Анделусӣ, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, Дорулмаориф, саҳ.441.
  6. Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1352ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.245.
  7. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.205.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.265.
  9. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ./1995м, ҷ.5, саҳ.22.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.2, саҳ.264 - 265.
  11. Ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, 1410, ҷ.3, саҳ.121; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.134; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.204; Зириклӣ, ал-Аълом, 1980м, ҷ.7, саҳ.282.
  12. Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.228.
  13. Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1400ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.452.
  14. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1970м., ҷ.5, саҳ.242.
  15. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.205; Момқонӣ, Қомус-ур-риҷол, бе то, ҷ.9, саҳ.114
  16. Зириклӣ, ал-Аълом, 1980м, ҷ.7, саҳ.282.
  17. Ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.120.
  18. Ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, 1410, ҷ.3, саҳ.114.
  19. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1970м, ҷ.5, саҳ.242.
  20. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.152.
  21. Ниг.: Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.18.
  22. Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.328.
  23. Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34.
  24. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.188.
  25. Обӣ, Наср-уд-дурар фи-л-муҳозирот, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.277; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137 – 138; Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1403ҳ.қ., саҳ.461 - 465.
  26. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.126.
  27. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.233.
  28. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.233.
  29. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.54.
  30. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.54 - 55.
  31. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, Ҷомеаи мударрисин, с.9.
  32. Сураи Каҳф, ояти 107.
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.151.
  34. Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳо-л-омол, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.228.
  35. Сураи Шуро, ояти 23.
  36. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403, ҷ.23, саҳ.237.
  37. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, Ҷомеаи мударрисин, саҳ.223.
  38. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.186.
  39. Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.46.
  40. Муфид, ал-Иршод, 1388ҳ.ш., саҳ.636.
  41. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.187.
  42. Кашшӣ, Риҷоли Кашшӣ, саҳ.39; Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, ҷ.1, саҳ.236
  43. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.185/ Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, ҷ.28, саҳ.453 - 454.

Ёддошт

  1. «Албатта дар сурате, ки шуртатулхамис дар даврони ҳукумати ҳазрати Алӣ (а) шакл гирифта бошад, наметавон Миқдодро, ки соли вафоти ӯ 33 қамарӣ зикр шудааст, ва оғози ҳукумати ҳазрати Алӣ соли 35 қамарӣ буда, аз аъзои он донист».

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқ ва тахриҷ: Ҳасан ал-Амин, Бейрут: Дорултаоруф лилматбуъот, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-сунати ва-л-адаб, ҷ.9, Бейрут: Дорулкутубилъарабӣ, 1397ҳ.қ./1977м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Миср: маъҳадул-махтутот биҷомеъат ал-дувал-ил-арабия би-л-иштирок маъа дорулмаориф, 1959м.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, ҷ.7, Бейрут, Дорулъилм лилмалоин, 1980м.
  • Ибни Абилҳадид, Изуддин ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Муҳаммад Абдулкарим ал-Намрӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, аттабъа: ал-уло, 1418ҳ.қ./1998м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба, таҳқиқи Муҳаммадиброҳим ал-Бано, Бейрут, Дорул эъёилтуросилъарабӣ, 1970м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1410ҳ.қ., чопи аввал.
  • Ибни Ҳазми Анделусӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, таҳқиқи Муҳаммад Абдусалом Ҳорун, Қоҳира, Дорулмаориф.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмади Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, аттабъатул уло, 14, 15/1995.
  • Кашшӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, таҳқиқ: Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, муассисаи Олулбайт лиэҳёилтурос, 1404ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маззӣ, Юсуф ибни Абдурраҳмон, Таҳзиб-ул-камол фи асмоъ-ир-риҷол, муҳаққиқ: Башшор Авод Маъруф, Бейрут, муассисаи ар-Рисолат, 1400ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дорул эҳёилтуросилъарабӣ, чопи сеюм, 1403ҳ.қ.
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷафи Ашраф, Муртазавия, 1352ҳ.қ.
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Қомус-ур-риҷол, бе ҷо, бе то.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, тарҷума: Ҳасан Мусавии Муҷоб, Қум, интишороти Сарвар, 1388ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, Қум, Ҷомеаи мударрисин.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, 1404ҳ.қ./1984м.
  • Обӣ, Абусаъд Мансур ибни-л-Ҳусайн, Наср-уд-дурар фи-л-муҳозирот, таҳқиқ: Холид Абдулғанӣ Маҳфуз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, аттабъа: ал-уло, 1424ҳ.қ./2004м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, Бейрут, бе но, бе то.
  • Хуӣ, Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Маркази нашри осори шиа, Қум, 1410ҳ.қ./1369ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни-л-Ҳусай, ал-Хисол, 1403ҳ.қ., саҳ.461 - 465, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ./1362ш.
  • Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, нашри ҷаҳон, 1387ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Қум, Шарифи Разӣ, 1373ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳо-л-омол, Қум, интишороти Ҳиҷрат, 1413ҳ.қ.