Ирс
- Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Ирс мол, ё ҳуқуқест, ки баъди марги инсон ба ворисон дода мешавад.
Ворисон баъд аз адои ҳуқуқ ва қарзи фавтшуда, мутобиқи табақоти ирс, ҳиссаи худро дар мерос соҳиб мешаванд.
Дар фиқҳ ду омили насаб (хешутаборӣ аз тариқи таваллуд) ва сабаб (хешутаборӣ бар асоси издивоҷ) аз сабабҳои ирс муаррифӣ шудааст. Куфр, қатл, бардагӣ, лиъон ва зино, бо якхел шартҳое, аз монеъҳои ирс бурдан ҳастанд.
Аҳкоми ирс ва саҳми ҳаряк аз ворисон, дар Қуръону ривоёт баён шудааст. Дар китобҳои фиқҳӣ ҳам ба тафсил аз он баҳс мекунанд.
Яке аз вижагиҳои аҳкоми ирс дар Ислом дубаробарии саҳми ирси писар нисбат ба ирси духтар аст. Дар қонуни асосии бархе аз кишварҳо, ҳамчун Эрону Афғонистон, қонуни ирс бар пояи аҳкоми фиқҳӣ танзим шудааст.
Ҷойгоҳи ирс ва таърифи он дар фиқҳ
Ирсро яке аз масоили муҳимми фиқҳӣ медонанд.[1] Дар фиқҳ, дар бахше мустақил, ба таври муфассал аз масоил ва аҳкоми ирс баҳс мешавад.[2] Дар Қуръон ҳам аҳкоми ирс ва саҳми ҳаряк аз ворисон баён шудааст.[3] Дар китобҳои ҳадисӣ ҳам ривоёти бисёре дар хусуси масоил ва аҳкоми ирс нақл мешавад. Барои мисол, дар китоби Васоил-уш-шиъа дар бахше, бо унвони «Фароиз ва маворис», дар дувоздаҳ фасл, ривоёти мухталифе дар бораи масоиле чун мавонеъи ирс, мӯҷиботи ирс ва ирси падару модару фарзандон зикр шудааст.[4]
Мафҳумшиносӣ
«Ирс», дар таърифи фиқҳӣ, ба маънои дороиҳое аст, ки аз шахси фавтида боқӣ монда, ба баъзе аз бозмондагон дода мешавад.[5] Ирс, ба ғайр аз молу мулк, шомили умуре мисли ҳаққи хиёр ва шафъа ҳам мешавад.[6] Шахсеро ки мустаҳаққи ирс аст «ворис» ва касеро ки аз ӯ ирс боқӣ мондааст «муваррис» меноманд ва ба мол ва ҳаққе ки аз маййит боқӣ мондааст «тараке» ё «мерос» мегӯянд.[7] Дар фиқҳ, ба пайравӣ аз Қуръон, аз ирс ба «фарз» ва «фариза» таъбир шудааст.[8]
Моликияти вараса нисбат ба таракаи фавтида, пас аз адои ҳуқуқ ва қарзҳое ки ба мерос тааллуқ гирифтааст, мустақар мешавад; яъне аввал хароҷоти таҷҳизу такфин, қарзҳо ва воҷиботи молӣ, васиятҳои маййит дар як сеюми молаш бе иҷозати вараса ва зиёдтар аз як сеюми мол бо иҷозаи онҳо ва ҳар чизе ки ба фарзанди калонтар мерасад (ҳабва), аз дороиҳои фавтида кам мешавад ва сипас ирс ба ворисон тааллуқ мегирад.[9]
Сабабҳои ирс
Мақолаи аслӣ: Мӯҷиботи ирс Ду омил, мӯҷиби ирс бурдан ҳастанд:
- Насаб (ворисони насабӣ): иртиботи ду тарафи ирс аз тариқи вилодат, монанди падарӣ, фарзандӣ, хоҳарӣ ва бародарӣ;[10]
- Сабаб (ворисони сабабӣ): пайванд ва хешовандии байни ду тарафи ирс, аз тариқи ғайринасабӣ ки ду гуна аст:
А) - Издивоҷ: издивоҷи доим, ё издивоҷи муваққат бо шарти ирс бурдан (бино бар назари машҳур); б) - Вилоъ: пайванде ғайр аз таваллуд ва издивоҷ, ки се навъ аст ва ирс бурдан аз тариқи он, шартҳои хоссе дорад:
- Вилои итқ (марбут ба аҳкоми бардагӣ ва канизӣ)
- Вилои зимони ҷарира (қарордоди зимон бо шарти ирс)
- Вилои имомат (ирс бурдани имоми маъсум дар сурати набуди ҳеҷ ворисе).[11]
Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бибинед: маҳрамияти насабӣ ва маҳрамияти сабабӣ
Табақаҳои ирс
Мақолаи аслӣ: Табақоти ирс
Ворисони насабӣ ба се табақаи аслӣ тақсим мешаванд ва ба таври куллӣ, табақаи поинтар вақте ирс мебарад, ки дар табақаи болотараш ворисе набошад. Ҳаряк аз ин табақот низ масоил ва дараҷабандиҳои хосси худро доранд:
- Табақаи аввал: падар, модар, фарзанд, набера (дар сурати набуд ва фавти фарзанд);
- Табақаи дувум: бобо ва бибии падарию модарӣ ва ҳар қадар болотар равад, бародару хоҳар (падарӣ) ё (модарӣ) ё (падарию модарӣ) ва фарзандони онон дар сурат набуданашон;
- Табақаи сеюм: амак, амма, тағо, хола ва фарзандони эшон дар сурати набуданашон. Дар сурати набудани мавориди пеш, амак, амма, тағо ва холаи падари маййит ирс мебаранд.[12]
Саҳми ирси ҳар кадом аз ворисон
Мақолаҳои аслӣ: Табақоти ирс ва калола
Гуфта шудааст, истеҳқоқи ирс, гоҳе ба «фарз» ва «тасмия» аст; яъне дар Қуръон, ба он тасреҳ шуда ва гоҳе ба хешовандӣ аст, ки дар Қуръон, барои он саҳме маълум нашуда ва дар Қуръон, бо унвони «улул-арҳом» аз он ёд шудааст; монанди саҳми амак ва амма.[13] Саҳмҳои «фароиз» ё саҳмҳои номбаршуда дар Қуръон ба ин шарҳ аст:
- Нисф: духтар агар яке бошад ва бародаре надошта бошад, нисфи ирсро мебарад. Ҳамчунин агар хоҳари падарӣ ё падарию модарӣ танҳо бошад ва низ шавҳар, дар сурате, ки аз ҳамсараш фарзанде надошта бошад, нисфи ирсро мебаранд.
- Ду севум: ду духтар ё бештар, дар сурати надоштани бародар, ду севуми ирсро мебаранд. Ҳамчунин ирси ду хоҳари падарӣ ё падарию модарӣ, дар сурате, ки бародар надошта бошанд, ду севум аст.
- Як сеюм: модар дар сурате, ки фавтшуда фарзанд ва бародар надошта бошад ва низ хоҳару бародари модарӣ, дар сурати тааддуд, як сеюми ирсро мебаранд.
- Як чаҳорум: саҳми зан, дар сурате, ки ҳамсараш фарзанде надошта бошад ва низ шавҳар, дар сурате, ки ҳамсараш аз вай ё шавҳари дигаре фарзанд надошта бошад, як чаҳорум аст.
- Як шашум: падару модар, дар сурате, ки фавтшуда дорои фарзанд бошад ва низ модар, агар фавтшуда бародар дошта бошад, як шашум ирс мебаранд. Саҳми бародар ё хоҳари модарӣ низ дар сурати танҳо будан, як шашум аст.
- Як ҳаштум: саҳми зан, дар сурате, ки шавҳараш дорои фарзанд бошад, як ҳаштум аст.[14]
Мероси зану шавҳар
Зану шавҳар аз якдигар ирс мебаранд ва бо дигар ворисон шариканд; ҳеҷ кадом аз онҳо ҳамаи амволи дигариро ирс намебарад, магар замоне ки вориси зан фақат шавҳар бошад, ки дар ин сурат, шавҳар ҳамаи амволро ба ирс мебарад.[15]
Дубаробарии ирси мард нисбат ба зан
Мақолаи аслӣ: Ирси зан
Дар ду маврид зан нисфи мард ирс мебарад:
- Духтар нисфи бародараш ирс мебарад: мустанади ин ҳукм ояти ««لِلذَّکَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنثَیَیْنِ; писар ду баробари духтар ирс мебарад»[16] аст, ки бинобар он, саҳми писар ба андозаи саҳми ду духтар аст.[17]
- Дар сурате ки бародар ва хоҳари маййит аз як падару модар бошанд, хоҳари маййит нисфи бародари ӯ ирс мебарад. Ояти 176 сураи Нисо бар ин ҳукм далолат дорад.[18]
Монеъаҳои ирс
Мақолаи аслӣ: Мавонеъи ирс Дар китобҳои фиқҳӣ, аз мавориде ном бурда шудааст, ки монеъи ирс бурдан мешаванд. Мавонеъи ирс иборатанд аз:
- Куфр: ба иҷмоъи мусулмонон, кофир аз мусулмон ирс намебарад, аммо ба иҷмоъи фуқаҳои имомия, мусулмон аз кофир ирс мебарад.[19] Гуфта шудааст, маййити муртад дар ҳукми мусулмон аст ва кофир аз ӯ ирс намебарад.[20]
- Қатл: агар ворис қотили амдӣ ва золимонаи муваррис (мақтул) бошад, аз ирси ӯ маҳрум аст ва агар қатли хатоӣ бошад, фақат аз дия ирс намебарад. Авлод ва ақвоми қотил аз ирс маҳрум намешаванд.[21]
- Бардагӣ: барда аз ҳеҷкас ирс намебарад, ҳатто агар маййит ҳам барда бошад. Барда агар бимирад, амволаш ба шахси ҳур (ғайри барда) мерасад.[22]
- Лиъон: агар байни зану шавҳаре лиъон воқеъ шавад, аз онҷо ки лиъон боиси қатъи пайванди издивоҷ ва ҷудоии зану шавҳар мешавад, он зану шавҳар аз якдигар ирс намебаранд,[23] аммо фарзанде, ки лиъон ба хотири ӯ воқеъ шудааст, аз модараш ирс мебарад, аммо аз падар ирс намебарад.[24]
- Ҳамл: фарзанде, ки дар шиками модар аст, вақте ирс мебарад, ки дар замони фавти муваррис, мунъақид шуда бошад ва зинда ба дунё биёяд; ҳарчанд пас аз таваллуд фавран бимирад.[25] Фарзанд модоме ки дар шиками модар аст, ирс намебарад, аммо монеъи ирс бурдани табақа ва мартабаи баъдӣ мешавад.[26]
- Мафқудул-асар: касе ки ғоиб ва мафқудул-асар шуда бошад, аз дигарон ирс мебарад ва ба амволаш изофа мешавад ва бо маълум шудани фавташ ё ҳукм додан ба маргаш, амволаш ба варасааш мерасад.[27] Агар маълум шавад мафқудул-асар қабл аз муваррис мурдааст, амволе ки аз ин бобат ирс бурда, ба соири вараса бармегардад.[28]
- Зино: фарзанди ҳосил аз зино аз падару модараш ирс намебарад ва падару модар ва наздикони валадуззино низ аз ӯ ирс намебаранд.[29]
- Дайн (қарз): бархе қарзеро ки ҳамаи амволи маййитро шомил шавад, ҷузви мавонеъи ирс шуморидаанд.[30]
- Ҳаҷб: ҳаҷб дар ирс ба маънои ин аст, ки ворисе, ба далели будани вориси дигар, аз кул ё бахше аз ирс маҳрум мешавад. Аз аввалӣ ба «ҳаҷби ҳирмон» ва дувумӣ ба «ҳаҷби нуқсон» таъбир мешавад.[31] Вуҷуди ҳар табақаи пешин аз табақоти сегонаи ирс монеъи ирс бурдани табақа баъдӣ аст.[32]
Қонуни мадании кишварҳои исломӣ
Дар қонуни мадании Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз модаи 861 то модаи 949 дар бораи ирс баҳс мекунад, мабоҳиси мухталифи ирс ҳамчун табақот, асбоб ва мавонеъи ирс бар асоси фиқҳи шиа омадааст.[33] Дар қонуни мадании Афғонистон ҳам, ки бар асоси мазҳаби ҳанафӣ танзим ва тадвин шудааст, аз модаи 1993 то 2102, дар чанд фаръ, ба мабоҳиси гуногуни ирс, ҳамчун аҳкоми умумӣ, асбоб ва мавонеъи ирс пардохта шудааст.[34]
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
- ↑ Ниг.: сураи Нисо, оёти 7, 11, 12 ,19, 176.
- ↑ Ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.11 - 320.
- ↑ Ҳошимии Шоҳрудӣ ва дигарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломи-ил-муқоран, 1433ҳ.қ./2012м., ҷ.2, саҳ.121 - 122.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.375.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.15 ва 16.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.18 - 19; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.376 - 377.
- ↑ Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.39, саҳ.8 - 9.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.378.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.378 ва 379.
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъат (ал-Маворис), 1421ҳ.қ., саҳ.455.
- ↑ Сураи Нисо, ояти 11.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Зан дар оинаи ҷалол ва ҷамол, 1382ҳ.ш., саҳ.346.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Зан дар оинаи ҷалол ва ҷамол, 1382ҳ.ш., саҳ.346.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.21 ва 22.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.31 ва 32.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.54 ва 55.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.38.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.80.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.80.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.47; Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.92.
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.89.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.4, саҳ.119; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.298; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.110; Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.177; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.63; Макорими Шерозӣ, ал-Фатовӣ-л-ҷадида, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.362.
- ↑ Котузиён, Давраи муқаддамотии ҳуқуқи маданӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.222.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.274 ва 275.
- ↑ Ниг.: Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.95.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.75; Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1415ҳ.қ., саҳ.97.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.378.
- ↑ “Қонуни маданӣ”, маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шурои Исломӣ.
- ↑ “Қонуни мадании Афғонистон”, муассисаи фарҳангии Башорат.
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Табсират-ул-мутаъаллимин фи аҳком-ид-дин, таҳқиқ: Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Созмони чоп ва интишорот, 1411ҳ.қ.
- Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатово, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ
- Котузиён, Носир, Давраи муқаддамотии ҳуқуқи маданӣ, дарсҳое аз шафъа, васият ва ирс, Теҳрон, нашри Мизон, 1386ҳ.ш.
- "Қонуни маданӣ", маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси Шурои Исломӣ, таърихи тасвиб: 18 урдибиҳишти 1307ҳ.ш., таърихи боздид: 9 меҳри 1399ҳ.ш.
- "Қонуни мадании Афғонистон", муассисаи фарҳангии Башорат, таърихи боздид: 9 меҳри 1399ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Фатовӣ-л-ҷадида, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1385ҳ.ш.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), зери назари Сайид Маҳмуд Ҳошмии Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, бе то.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ул-ирс фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, тақрири Сайидризо Паёмбарпури Кошонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъат фи шарҳи таҳрир-ил-василат-ит-талоқ, ал-Маворис, Қум, Маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), чопи аввал, 1421ҳ.қ.
- Ҳошимии Шоҳрудӣ, Маҳмуд ва дигарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломи-ил-муқоран, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), чопи аввал, 1433ҳ.қ./2012м.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, таҳқиқ ва тасҳеҳи гуруҳи пажӯҳиши муассисаи Олулбайт, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Зан дар оинаи ҷалол ва ҷамол, танзим ва вироиши Маҳмуд Латифӣ, Қум, нашри Исро, чопи ҳафтум, 1382ҳ.ш.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоб-ул-Хилоф, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, шарҳи Сайидмуҳаммади Калонтар, Қум, Китобфурушии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.