Таҷҳизи маййит

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мароҳили таҷҳизи маййит)
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Таҷҳизи маййит ё таҷҳизи мурда ба омодасозӣ ва марҳалаҳои дафни маййити мусулмон ишора дорад. Таҷҳизи маййит фарзи кифоӣ аст ва пас аз қатъӣ шудани марг, фарз мешавад. Ғусл, ҳанут, кафан, намози ҷаноза ва дафн, марҳалаҳои таҷҳизи маййит аст.

Авлавият дар таҷҳизи маййит бо валии маййит аст ва хароҷоти он аз асли молу мулки маййит гирифта мешавад.

Фақеҳон дар муқаддамоти таҷҳизонидани маййит, дар бораи расму оин ва аҳкоми муҳтазар (шахси дар ҳоли марг) ҳамчун рӯ ба қибла кардан ва талқини шаҳодатайни ӯ низ сухан гуфтаанд.

Мароҳили таҷҳизи маййит

Мақолаҳои аслӣ: ғусл, ҳанут, кафан, намози маййит ва дафн

Таҷҳизи маййит, омодасозии он барои дафн аст.[1] Дар китобҳои фиқҳӣ барои таҷҳизи маййит баъд аз фавт марҳалаҳое баён шудааст:[2]

  1. Ғусл: мурдаро се бор бо оби махлут ба сидр, оби махлут ба кофур ва оби холису соф ғусл медиҳанд.[3] Агар сидру кофур дар дастрас набошад, бояд бо оби холису соф ғуслаш дод.[4] Дар сурате, ки ғусли маййит бо об ҳам мумкин набошад, бояд ӯро таяммум дод.[5]
  2. Ҳанут: ҳанут кардани маййит воҷиб аст.[6] Ҳанут ба маънои молидани кофур бар ҷойҳои ҳафтгонаи саҷда; яъне пешонӣ, кафи ду даст, ду зонӯ ва нуки ангуштони шасти пойҳо ва бино бар қавли бархе, нуки бинӣ аст.[7]
  3. Кафан кардан: пӯшондани маййит бо кафан воҷиб аст.[8] Кафан аз се қисмат; шомили лунг, пероҳанӣ ва сартосарӣ ташкил шудааст.[9]
  4. Намози маййит: бар мусулмонон воҷиб аст ки пас аз ғуслу кафан ва қабл аз дафни маййити мусулмон намози ҷаноза бихонанд, ҳатто агар бача бошад.[10]
  5. Хоксупорӣ: қарор додани маййит дар қабр ва пӯшондани он воҷиб аст.[11]

Ба гуфтаи фақеҳон, рӯ ба қибла кардани муҳтазар аз муқаддимоти таҷҳизи маййит аст.[12] Аз назари онҳо, рӯ ба қибла кардани муҳтазар воҷиб[13] ва талқини шаҳодатайн ба ӯ мустаҳаб аст.[14]

Аҳкоми таҷҳизи маййит

Дар китобҳои фиқҳӣ аҳкоми марбут ба таҷҳизи маййит дар бахши таҳорат зикр шудааст.[15] Бархе аз ин аҳком иборатанд аз:

  • Таҷҳизи маййит фарзи кифоӣ аст.[16] Албатта Муҳаддис Баҳронӣ онро фарзи айн донистааст.[17]
  • Мизон дар тараттуби аҳкоми таҷҳизи маййит, ба хусус дафн, фиқдони ҳаргуна осори ҳаётӣ ва пайдоии нишонаҳои қатъии марг аст.[18]
  • Авлавият дар таҷҳизи маййит аз они валии маййит аст.[19] Валии маййит касе аст, ки бар асоси табақоти ирс, авлавият дар дарёфти мероси ба ҷоймонда аз маййитро дорад.[20]
  • Иҷоза гирифтан аз валии маййит дар таҷҳизи маййит, фарз аст.[21] Аз назари фуқаҳо, ин шарт бо фарзи кифоӣ будани таҷҳизи маййит носозгорӣ надорад.[22]
  • Агар ҳамаи фарзандони маййит, кофир бошанд, вилояти онҳо нисбат ба изн дар таҷҳизи маййит соқит аст ва бар мусулмонон фарз аст ин корро анҷом бидиҳанд.[23]
  • Ба гуфтаи Соҳиби Риёз (ваф.1231ҳ.қ.), агар маййит, таҷҳизи худро ба ғайри валӣ васият карда бошад, тибқи назари машҳури фақеҳон, валӣ метавонад васийро аз амал ба васият манъ кунад.[24] Албатта тибқи фатвои Систонӣ,[25] Макорими Шерозӣ[26] ва Хоманаӣ,[27] беҳтар аст, ки васӣ аз валӣ изн бигирад ва валӣ ҳам ба ӯ изн диҳад.
  • Хароҷоти таҷҳизи маййит аз асли моли мутаваффо ва қабл аз тақсими амвол бардошта мешавад.[28] Хароҷоти таҷҳиз, муқаддам бар пардохти қарзҳо ва амал ба васиятҳои мурда аст.[29]
  • Машҳури фуқаҳо дарёфти музд дар муқобили таҷҳизи маййитро ҳаром медонанд.[30] Албатта Шаҳиди Аввал дар китоби ал-Дурус-уш-шаръийя аз Сайиди Муртазо нақл кардааст, ки ғайри валӣ метавонад барои таҷҳизи маййит уҷрат дарёфт кунад.[31]

Эзоҳ

  1. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22.
  2. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22; Шарифии Ашкурӣ, Мунтахаби фақароти фиқҳийя, 1389ҳ.ш., саҳ.65.
  3. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46 - 47.
  4. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.455.
  5. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48.
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.176; Ҳаким, Мустамсак-ул-урват, 1388ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1185.
  7. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.176 - 179.
  8. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.456.
  10. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.78.
  11. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115.
  12. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, муассисаи ал-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.1, саҳ.399.
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.6.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.14.
  15. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22.
  16. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.264: Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳи ал-Урват-ул-вусқо, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.279; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.65; Систонӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.118.
  17. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.3, саҳ.377.
  18. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.335; Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.483; ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.24.
  19. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.264.
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.45.
  21. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.2, саҳ.22; Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, 1396ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.287.
  22. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.80; Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳи ал-Урват-ул-вусқо, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.285.
  23. Буҷнурдӣ, Қавоид-ул-фиқҳийя, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.363.
  24. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.39.
  25. Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1415ҳ.қ., саҳ.120.
  26. Макорими Шерозӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.97.
  27. «Васият», вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  28. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71.
  29. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.228; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71.
  30. Барои намуна ниг.: Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, муассисаи Олулбайт, ҷ.14, саҳ.175; Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, Туросуш-шайхил-Аъзам, ҷ.2, саҳ.125; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.475; Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1415ҳ.қ., саҳ.122.
  31. Шаҳиди Аввал, ал-Дурус-уш-шаръийя, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.172.

Сарчашма

  • Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-макосиб, беҷо, Туросуш-шайхил-Аъзам, бе то.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Иравонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, Қум, Дафтари Оятуллоҳ, 1428ҳ.қ.
  • Буҷнурдӣ, Сайид Муҳаммад, Қавоид-ул-фиқҳийя, Теҳрон, муассисаи Уруҷ, чопи сеюм, 1401ҳ.қ.
  • "Васият", вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи дарҷи матлаб: 14 меҳри 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 10 озари 1402ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1370ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (раҳ), 1392ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1427ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1429ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо (а), 1407ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Аҳмад, Мустанад-уш-шиъа, Машҳад, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқ: Муҳаммади Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, 1415ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, Машҳад, дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, 1396ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил фи таҳқиқи-л-аҳком би-д-далоил, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1418ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Хуӣ, Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳи ал-Урват-ул-вусқо, тақрир: Алии Ғаравии Табрезӣ, Қум, нашри Лутфӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1388ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомийя, Теҳрон, мактабатул-Муртазавийя, 1387ҳ.қ.
  • Шарифии Ашкурӣ, Илёс, Мунтахаби фақароти фиқҳийя, Қум, дафтари Оятуллоҳ Илёс Шарифии Ашкурӣ, 1389ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомийя, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, таҳқиқ: Сайид Муҳаммади Калонтар, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ лил-матбуъот, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи ал-Мааъорифул-исломийя, 1413ҳ.қ.

{{end||