Шаҳодат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кушта шудан дар роҳи Худо)

Шаҳодат (ба арабӣ: الشهادة) ба кушта шудан дар роҳи Худо ишора дорад, ки дар аҳодис аз он ба унвони болотарин некӣ ва гиромитарин марг ёд шудааст. Дар оёти Қуръон ва ривоёт, барои шаҳодат, осоре ҳамчун зинда мондан, бархӯрдорӣ аз ҳаққи шафоат ва омурзиши гуноҳон зикр шудааст.

Бино бар назари фақеҳон шаҳид ғусл ва кафан надорад ва ламс кардани бадани ӯ мӯҷиби воҷиб шудани ғусли масси маййит (даст задан ба бадани мурда) намегардад. Албатта ин аҳком хоси шаҳиди маърака (майдони ҷанг) аст ва шомили дигар касоне ки дар роҳи Худо кушта мешаванд ва ё ба манзалаи шаҳиданд, намешавад.

Бино бар баъзе ривоёт, ҳамаи имомони шиа бо шаҳодат аз дунё мераванд. Албатта Шайх Муфид аз олимони барҷастаи шиа дар шаҳодати бархе аз онҳо тардид кардааст.

Дар адабиёти Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳамаи касоне, ки дар роҳи ҳифзи инқилоби соли 1357 ҳ.ш., ва дифоъ аз кишвари Эрон кушта мешаванд, шаҳид номида мешаванд. Дар ин кишвар созмони Бунёди шаҳид ва умури исоргарон барои расидагӣ ба умури хонаводаҳои шаҳидону исоргарон таъсис шудааст. Ҳамчунин 22 Исфанд ба унвони Рӯзи шаҳид номгузорӣ шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Шаҳодат ба маънои кушта шудан дар роҳи Худованд аст ва касе, ки дар роҳи Худо кушта мешавад, шаҳид номида мешавад.[1] Дар фиқҳ, шаҳид ба мусулмоне гуфта мешавад, ки дар майдони ҷанг тавассути кофирон ё ба сабаби ҷанги бо онҳо кушта мешавад.[2]

Дар Тафсири Намуна омадааст, ки шаҳодат як маънои хос ва як маънои ом дорад. Маънои хосси он ҳамон маънои фиқҳӣ аст ва маънои омми он ин аст, ки инсон дар масири анҷоми вазифаи Илоҳӣ кушта шавад ё бимирад. Аз ин рӯ, дар ривоёт, толибъилме, ки дар ҳоли талаби илм аз дунё равад; касе, ки дар бистараш бимирад дар ҳоле ки ба Худо, Пайғамбар ва Аҳли Байташ маърифат дошта бошад; касе, ки барои дифоъ аз молаш дар баробари муҳоҷимон кушта шавад ва ғ. шаҳид дониста шудаанд.[3]

Сабаби номгузории шаҳид

وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ

(Эй Пайамбар!) ҳаргиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, мурдагонанд, балки онон зиндаанд, ва назди парвардигорашон ризқ дода мешаванд. Сураи Оли Имрон, ояти 169

Шаҳодат дар луғат ба маъноҳое ҳамчун ҳузур ва мушоҳида аст.[4] Бо тавваҷуҳ ба ин масъала, дар бораи номгузории шаҳид эҳтимолҳое дода шудааст; аз ҷумла:

  • Фариштагони раҳмати Илоҳӣ ӯро мебинанд.
  • Худо ва фариштагон шаҳодат медиҳанд, ки ӯ аҳли биҳишт аст.
  • Ӯ намурда ва назди парвардигораш ҳозир аст.
  • Ӯ чизҳоеро мушоҳида мекунад, ки дигарон мушоҳида намекунанд.[5]
  • Ӯ дар рӯзи қиёмат шоҳиди аъмоли дигарон аст.[6]

Ҷойгоҳ

Ривоёти бисёре дар бораи манзалат ва фазилати шаҳодат ворид шудааст. Аз ҷумла ин ки шаҳодат, болотарин некӣ[7] ва гиромитарин марг[8] дониста шудааст ва бархе аз маргҳои дигар дар аҷру подош, ба он ташбиҳ шудааст.[9] Ҳамчунин дар дуоҳое, ки аз чаҳордаҳ маъсум расида, шаҳодат,[10] шаҳодати зери парчами Пайғамбар (с)[11] ва кушта шудан ба дасти бадтарини мардум[12] аз Худо дархост шудааст.

Дар Қуръон аз калимаи шаҳодат бо таъбири «قَتْل فی سبیل‌الله» (кушта шудан дар роҳи Худо) ёд шудааст.[13] Дар китобҳои фиқҳӣ, аз шаҳодат ва шаҳид дар боби аҳкоми таҳорат баҳс мешавад.[14]

Осори шаҳодат

Ҳамчунин бибинед: Шаҳид ва ҳаққуннос

Дар оёту ривоёт барои шаҳодат, осоре баён шудааст, ки бархе ба шарҳи зер аст:

  • Зинда будан: бинобар оёти Қуръон, касоне ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, намурдаанд, балки зиндаанд[15] ва назди парвардигорашон, ризқ дода мешаванд.[16]
  • Бархӯрдорӣ аз ҳаққи шафоат. Шаҳид дар канори пайғамбарону олимон дар қиёмат аз шафоаткунандагон аст.[17]
  • Омурзиши гуноҳон ва раҳмати Худо.[18] Дар ривояте, ки аз Имом Боқир (а) нақл шуда, ҳангоме, ки аввалин қатраи хуни шаҳид ҷорӣ мешавад, тамоми гуноҳони ӯ ба ғайр аз ҳаққуннос бахшида мешавад.[19] Дар мавриди ҳаққунноси бар ӯҳдаи шаҳид низ гуфта шудааст, агар дар ҷуброни он кӯтоҳӣ накарда ва нияти пардохт доштааст, Худованд он ҳаққро ҷуброн, ва соҳиби ҳаққро розӣ мекунад.[20]
  • Вуруд ба биҳишт.[21] Шаҳид аз аввалин касоне аст, ки ба биҳишт меравад.[22]

Аҳкоми шаҳиди маърака

Фақеҳон барои шаҳиди маърака (майдони ҷанг) аҳкоме зикр кардаанд:

  • Ғусли маййит. Аз нигоҳи фақеҳони шиа, шаҳиди майдони ҷанг ғусли маййит надорад,[23] аммо касеро ки дар майдони ҷанг захмӣ шуда ва пас аз итмоми ҷанг, ба шаҳодат бирасад, бояд ғусл дод.[24]
  • Кафан. Аз дидгоҳи фақеҳони шиа, шаҳиди маърака кафан намешавад[25] ва бо ҳамон либоси разм дафн мегардад,[26] магар инки либос ба тан надошта бошад, ки дар ин сурат, бояд ӯро кафан кард.[27]
  • Масси бадани шаҳид. Ламс кардани бадани шаҳид, мӯҷиби воҷиб шудани ғусли масси маййит намешавад.[28]
  • Ҳунут. Ҳунут (молидани кофур ба маҳалли ҳафтгонаи саҷдаи маййт) барои шаҳид воҷиб нест; чароки ҳунут пас аз кафан кардан аст ва шаҳид кафан надорад.[29]

Аҳкоми мазкур шомили касоне аст, ки бо изни маъсум ё ноиби хосси ӯ дар ҷанг ширкат кардаанд.[30] Ҳамчунин бино ба фатвои бештари фақеҳон, ин аҳком шомили касоне, ки дар замони ғайбат бо изни ноиби оми Имом (фақеҳи ҷомеъушшароит) ё бидуни изни ӯ, барои дифоъ дар баробари ҳуҷуми душманони Ислом кушта мешаванд, низ мегардад.[31] Дар муқобил, Шаҳиди Сонӣ гарчи ин афродро шаҳид дониста, аҳкоми шаҳид дар маъракаро дар бораи онҳо ҷорӣ намедонад.[32]

Шаҳодати имомони шиа

Ба эътиқоди шуморе аз олимони шиа, ҳамаи имомони шиа бо шаҳодат аз дунё мераванд.[33] Далели онон бархе аз ривоёт, аз ҷумла ривояти «وَ اللهِ مَا مِنَّا إِلَّا مَقْتُولٌ شَهِید» аст, ки бар асоси он, ҳамаи имомон бо шаҳодат аз дунё мераванд.[34] Дар муқобили ин дидгоҳ, Шайх Муфид дар китоби «Тасҳиҳу эътиқодот-ил-имомийя» шаҳодати Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Имом Мусои Козим (а) ва Имом Ризо (а)-ро пазируфта ва дар шаҳодати бақияи имомон (а) тардид кардааст.[35]

Номи имом Сабаби шаҳодат Қотил Рӯзи шаҳодат Соли шаҳодат
Имом Алӣ(а) Зарбаи шамшер Ибни Мулҷами Муродӣ 21-уми моҳи Рамазон 40ҳ.қ.
Имом Ҳасани Муҷтабо(а) заҳр додан ҳамсараш Ҷаъда бинти Ашъас 20-уми моҳи сафар 50ҳ.қ.
Имом Ҳусайн(а) кушта шудан дар Карбало Шимр ибни Зилҷавшан 10-уми моҳи муҳаррам 61ҳ.қ.
Имом Саҷҷод(а) заҳр додан ба дастури Валид ибни Абдулмалик 25-уми моҳи муҳаррам 95ҳ.қ.
Имом Боқир(а) заҳр додан ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик 7-уми моҳи зилҳиҷҷа 114ҳ.қ.
Имом Содиқ(а) заҳр додан Мансури Давониқӣ 25-уми моҳи шаввол 148ҳ.қ.
Имом Козим(а) заҳр додан Синдӣ ибни Шоҳак ба дастури Ҳорунаррашид 25-уми моҳи раҷаб 183ҳ.қ.
Имом Ризо(а) заҳр додан Маъмун халифаи Аббосӣ охири моҳи сафар 203ҳ.қ.
Имом Ҷавод(а) заҳр додан яке аз ходимони Муътасими Аббосӣ ва ё ҳамсараш Уми Фазл бинти Маъмун охири моҳи зилқаъда 220ҳ.қ.
Имом Ҳодӣ(а) заҳр додан ба дастури Муътаззибиллоҳ халифаи Аббосӣ 3-юми моҳи раҷаб 254ҳ.қ
Имом Ҳасани Аскарӣ(а) заҳр додан ба дастури Муътамадибиллоҳ халифаи Аббосӣ 8-уми моҳи рабиулаввал 260ҳ.қ.


Шаҳид дар адабиёти Ҷумҳурии исломии Эрон

Ташйиъи ҷанозаи чандин шаҳиди тафаҳҳусшудаи ҷанги Эрону Ироқ дар Исфаҳон (12 Исфанди 1395 ҳ.ш.)[36]

Шаҳид дар адабиёти Ҷумҳурии исломии Эрон, шомили касоне мешавад, ки дар роҳи дифоъ ва ҳифзи дастовардҳои инқилоби соли 1357 ҳ.ш./1978 м., киёни низоми исломӣ, истиқлоли кишвари Эрон ва муқобила бо таҳдидоти душман, ҷони худро аз даст медиҳанд.[37] Бар асоси қонуни бунёди шаҳиди Эрон, аз инқилоби соли 1978 то ибтидои соли 2021 ҳудуди 220 ҳазор нафар шаҳид маҳсуб шудаанд.[38] Дар Эрон Созмони Бунёди шаҳид барои расидагӣ ба умури хонаводаҳои шуҳадо таъсис шудааст.[39] Ҳамчунин 22 Исфанд ба унвони Рӯзи шаҳид номгузорӣ шудааст.[40]

Истилоҳот

Бархе аз истилоҳоте, ки дар адабиёти Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи шаҳидон ба кор меравад иборатанд аз:

  • Шаҳиди меҳроб: ба имомони ҷумъае ишора дорад, ки ба ҳангоми баргузории намози ҷумъа ба дасти мухолифони низоми Ҷумҳурии исломӣ террор шудаанд.[41]
  • Шуҳадои Дифоъи муқаддас: кушта шудагони эронии ҷанги Эрону Ироқ,[42] ки аз онҳо ба унвони шуҳадои ҷанги таҳмилӣ низ ёд мешавад.[43] Мазори ин шаҳидон, Гулзори шуҳадо номида мешавад.[44]
  • Шаҳиди гумном: куштагони эронии ҷанги Эрону Ироқ, ки ҳувияташон мушаххас нест.[45] Дар Эрон, маъмулан бар мазори ин афрод, биное сохта мешавад[46] ва дар муносибатҳои мазҳабӣ дар канори мазорашон маросимҳое баргузор мешавад.[47]
  • Шаҳиди мудофеъи ҳарам: неруҳое, ки тавассути Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҷанг бо ДИИШ ва ҳимоят аз давлати Сурия, сомондеҳӣ ва ба кишвари Сурия эъзом шуда ва дар ин кишвар кушта мешаванд. Ин неруҳо аз кишварҳои Эрон, Лубнон, Ироқ ва Афғонистон ҳастанд.[48]
  • Шуҳадои инқилоб: афроде, ки дар роҳи мубориза бо ҳукумати Паҳлавӣ аз соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ то баҳмани 1357 ҳ.ш., ба шаҳодат расиданд. Омори ин шуҳадо аз 2800 то 10 ҳазор тан баён шудааст.[49]
  • Шаҳидони амният: касоне, ки дар роҳи барқарории амният ва назми умумии ҷомеъа[50] ва мубориза бо иғтишошгарон[51] ва қочоқчиён[52] кушта мешаванд.
  • Шаҳидони саломат: касоне, ки дар роҳи дармон ва таъмини саломатии мардуми Эрон ҷонашонро аз даст медиҳанд. Ин унвон дар даврони шуюъи бемории сироятии Ковид-19 роиҷ шуд.[53]

Дар Эрон, кушташудагони порае аз ҳаводис низ ба унвони шаҳид муаррифӣ шудаанд, монанди: кушташудагони фоҷеъаи Мино дар соли 1394 ҳ.ш.; оташнишонони ҷонбохта дар ҳодисаи сохтмони Пелоскуи Теҳрон дар соли 1395 ҳ.ш.; кушташудагони ҳавопаймои Боинг 737 Украина дар соли 1398 ҳ.ш.[ниёзманди манба]

Китоб‎шиносӣ

Дар бораи шаҳодат ва шаҳид, китобҳое ба забони форсӣ ва арабӣ навишта шудааст, аз ҷумла:

  • "Китоби шуҳадои асри Пайғамбар (с)" - асари Абулфазли Баноӣ Кошӣ: ин асар, гузорише аз шуҳадои давраи Пайғамбар (с) ба забони форсӣ ироа медиҳад. Шуҳадои пеш аз ҳиҷрат, шуҳадои ҷанги Бадр, шуҳадои ғазваи Савиқ, шуҳадои ғазваи Уҳуд, шуҳадои Биъри Мауна, шуҳадои ғазваи Хайбар, шуҳадои ғазваи Тоиф, шуҳадои ғазваи Ҳунайн ва шуҳадое, ки таърихи шаҳодаташон мушаххас нест, аз фаслҳои ин китоб аст. Ин китоб дар 248 саҳифа, дар соли 1391 ҳиҷрии шамсӣ, тавассути нашри Шоҳид мунташир шудааст.
  • "Шуҳадоъ-ул-фазила" - китобе аз аллома Аминӣ аст, ки дар он, шарҳи ҳоли 130 тан аз донишмандони шаҳид ва чигунагии шаҳодаташон гузориш шудааст. Ин афрод аз байни шахсиятҳои қарни чаҳорум то чаҳордаҳуми ҳиҷрии қамарӣ интихоб шудаанд. "Шуҳудоъ-ул-фазила" бо унвони шаҳидони роҳи фазилат, ба забони форсӣ тарҷума шудааст.
  • "Шуҳадои садри Ислом ва шуҳадои воқеаи Карбало" - навиштаи Сайид Алиакбари Қаршӣ. Ин асар дар соли 1385 ҳиҷрии шамсӣ, тавассути интишороти Навиди Ислом дар 212 саҳифа мунташир шудааст.[54]

Адабиёт

  1. Маҳмуд Абдураҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, ҷ.2, саҳ.346.
  2. Маҳмуд Абдураҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, ҷ.2, саҳ.346.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1379 ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.407 - 408.
  4. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1412 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.74.
  5. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.81.
  6. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1412 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.77.
  7. Ибни Ҳаюни Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, 1385 ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.343.
  8. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳу, 1403 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.402, ҳадиси 5868.
  9. Нигоҳ кунед ба Шайх Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415 ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.404.
  10. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404 ҳ.қ., ҷ.95, саҳ.368; ҷ.91, саҳ.239; ҷ.94, саҳ.332.
  11. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404 ҳ.қ., ҷ.94, саҳ.376.
  12. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404 ҳ.қ., ҷ.94, саҳ.261.
  13. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1412 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.76.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420 ҳ.қ., ҷ.1, 3317.
  15. Сураи Бақара, ояти 154.
  16. Сураи Оли Имрон, ояти 169.
  17. Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, Мактабату Найнаво, ҷ.1, саҳ.31.
  18. Сураи Оли Имрон, ояти 157.
  19. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.183.
  20. Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365 ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.188, ҳадиси 395 ва саҳ.191, ҳадиси 411/ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.99.
  21. Сураи Тавба, ояти 111.
  22. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404 ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.144.
  23. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415 ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.399.
  24. Алломаи Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-иҳком, 1419 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.235.
  25. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415 ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.399.
  26. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415 ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.406.
  27. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415 ҳ.қ, ҷ.4, саҳ.406 - 407.
  28. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362 ҳ.ш, ҷ.5, саҳ.307.
  29. Хӯӣ, ат-Танқиҳ, Муассисату эҳёи осор-ил-имом-ил-Хӯӣ, ҷ.9, саҳ.182.
  30. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.1, саҳ.82.
  31. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотеъ, 1381 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545.
  32. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.1, саҳ.82.
  33. Барои намуна нигоҳ кунед ба Садуқ, ал-Хисол, 1362 ҳ.ш, ҷ.2, саҳ.528/ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.132 – 131/ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379 ҳ.қ, ҷ.2, саҳ.209.
  34. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.209/ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.132 - 131.
  35. Муфид, Тасҳеҳу эътиқод-ил-имомийя, 1414 ҳ.қ., саҳ.132 ва 131.
  36. Пайкари мутаҳҳари 10 шаҳиди Дифоъи муқаддас дар Исфаҳон ташйиъ шуд "хабари фаврӣ"
  37. «Оинномаи таъйин ва эҳрози масодиқи шаҳид ва исоргар иблоғ шуд оинномаи таъйин ва эҳрози масодиқи шаҳиду исоргар иблоғ шуд»
  38. «Теъдоди шуҳадои Эрон чӣ қадар аст?»
  39. «Қонуни асосномаи бунёди шаҳиди инқилоби исломӣ»
  40. «Теъдоди шуҳадои Эрон чӣ қадар аст?»
  41. Нигоҳ кунед ба «шуҳадои меҳроб чанд нафар ҳастанд ва номашон чист?», Маркази мутолиъот ва посухгуӣ ба шубаҳот.
  42. Маҳмудӣ, «Баррасии сибғаи ирфонии муноҷотҳои шуҳадои дифоъи муқаддас», саҳ.355 ва 357.
  43. Рабиъӣ, «Таҳлили гуфтмонии васиятномаи шуҳадои ҷанги таҳмилӣ», саҳ.146.
  44. Оқобобоӣ, «Гулзори шуҳадо ба масобаи макон - хотира», саҳ.54.
  45. «Мафҳуми гумномӣ», пойгоҳи комитети ҷустуҷӯи мафқудини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ.
  46. «Таҳлиле бар тадфини пайкарҳои тайибаи шуҳадои гумном дар нуқоти хосси кишвар», пойгоҳи комитети ҷустуҷӯи мафқудини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ.
  47. «Фалсафаи ёдбуди шуҳадо дар донишгоҳҳо», пойгоҳи комитети ҷустуҷӯи мафқудини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ.
  48. «Ривояти мушовири фармондеҳи сипоҳи Карбалои Мозандарон аз Хонитумон», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (эрно).
  49. «Теъдоди шуҳадои Эрон чӣ қадар аст?»
  50. Барои намуна нигоҳ кунед ба «Бузургдошти аввалин солгарди шаҳиди амният «Ҳомиди Зобит» баргузор мешавад», хабаргузории Форс.
  51. Барои намуна нигоҳ кунед ба «Пайкари ду тан аз шуҳадои амнияти устони Теҳрон, чаҳоршанбе ташйиъ мешавад», хабаргузории Донишҷӯёни Эрон (эсно).
  52. Барои намуна нигоҳ кунед ба «Пайкари шаҳиди амният дар Деҳдашт ташйиъ шуд», хабаргузории Форс.
  53. «Шуҳадои саломат аз имтиёзоти афроди «дар ҳукми шаҳид» бархӯрдор мешаванд», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
  54. «Нигоҳе ба китоби «Шуҳадои садри Ислом ва шуҳадои Карбало», хабаргузории ЭСНО.

Сарчашма

  • Оқобобоӣ, Эҳсон ва Маҳдии Жиёнпур, «Гулзори шуҳадо ба масобаи макони хотира», дар мутолиъоти миллӣ, шумораи 67, тирамоҳи 1395 ҳ.ш.
  • Ибни Ҳаюни Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-Ислом, тасҳеҳи Осифи Файзӣ, Қум, Муассисату Ол-ил-байт алайҳим-ус-салом, 1385 ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379 ҳ.қ.
  • «Бузургдошти аввалин солгарди шаҳиди амният «Ҳомиди Зобит» баргузор мешавад», хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 2 шаҳривари 1400 ҳ.ш, таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • «Таҳлиле бар тадфини пайкарҳои тайибаи шуҳадои гумном дар нуқоти хосси кишвар», пойгоҳи комитеи ҷустуҷӯи мафқудини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • «Пайкари ду тан аз шуҳадои амнияти устони Теҳрон, чаҳоршанбе ташйиъ мешавад», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (эсно), таърихи дарҷи матлаб: 28 обони 1398 ҳ.ш., таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • «Пайкари шаҳиди амният дар Деҳдашт ташйиъ шуд», хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 7 меҳри 1399 ҳ.ш., таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, Теҳрон, Найнаво, бе то.
  • Рабиъӣ, Алӣ ва Амирҳусайни Таманноӣ, «Таҳлили гуфтамонии васиятномаи шуҳадои ҷанги таҳмилӣ», дар мутолиъоти ҷомеъшинохтӣ, шумораи 44, баҳор ва тобистони 1393 ҳ.ш.
  • «Ривояти мушовири фармондеҳи сипоҳи Карбалои Мозандарон аз Хонитумон», хабаргузории донишҷӯёни Эрон (эрно), таърихи дарҷи матлаб: 20 Урдибеҳешти 1395 ҳ.ш, таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • «Шуҳадои саломат аз имтиёзоти афроди «дар ҳукми шаҳид» бархӯрдор мешаванд», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 12 мурдоди 1399 ҳ.ш., таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароеъ-ил-Ислом, Муассисат-ул-маъориф-ил-исломийя, бе то.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳорат, Қум, конгресси ҷаҳонии бузургдошти шайхи аъзами Ансорӣ, 1415 ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ал-Хисол, тасҳеҳ ва таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1362 ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413 ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, Муассисату Ол-ил-байт, 1417 ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнӣ Ушкурӣ, Теҳрон, китобфурушии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1416 ҳ.қ.
  • Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-уш-шаръийя ало мазҳаб-ил-имомия, тасҳеҳи Иброҳими Баҳодурӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1420 ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-иҳком фи маърифат-ил-аҳком, Қум, Муассисату Ол-ил-байт, 1419 ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ ва Абдуззаҳро Алавӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404 ҳ.қ.
  • «Фалсафаи ёдбуди шуҳадо дар донишгоҳҳо», пойгоҳи комитети ҷустуҷӯи мафқудини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи шашум, 1412 ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Алӣ ибни Муҳаммадризо, ан-Нур-ул-сотеъ фи-л-фиқҳ-ин-нофеъ, Наҷаф, Матбаъат-ул-одоб, 1381 ҳ.қ.
  • Маҳмудӣ, Марям ва Ҳасани Қурбонӣ, «Баррасии сибғаи ирфонии муноҷотҳои шуҳадои дифои муқаддас», дар адабиёти пойдорӣ, шумораи 15, пойиз ва зимистони 1395 ҳ.ш.
  • «Мафҳуми гумномӣ», пойгоҳи комитети ҷустуҷӯии мафқудини ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, таърихи боздид: 31 шаҳривари 1400 ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тасҳеҳу эътиқод-ил-имомийя, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳусайни Даргоҳӣ, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи дувум, 1414 ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374 ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи эҳёу осор-ил-имом ал-Хӯӣ, бе то.

Пайванд ба берун