Имон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Имон ба Худо)

Имон (арабӣ: الإيمان) эътиқоди қалбӣ ба таълимоти Пайғамбари Ислом (с) ва дувозда имоми маъсум (а) аст. Фақеҳони шиа имонро яке аз шартҳои зарурӣ барои марҷаъи тақлид, имоми ҷамоат, қозӣ ва закотгиранда донистаанд. Ба эътиқоди аксари уламои шиа, имон наметавон тақлидӣ бошад.

Мутакаллимони шиа, лозимаи имонро илова бар эътиқод ба тавҳид, нубуввати Пайғамбар (с), адли Илоҳӣ ва қиёмат, эътиқод ба имомати имомони маъсум баъд аз Пайғамбар донистаанд.

Тибқи таълимоти Қуръони Карим, имон аз Ислом фарқ дорад ва дар сатҳи болотаре аз он аст; ҳамчунин имон қудрати каму зиёд шудан дорад ва ҳеҷ касеро намешавад бо маҷбур кардан ба имон расонд.

Бисёре аз уламои шиа бар ин боваранд, ки Ислом аз имон омтар аст ва бар асоси ин, ҳар муъмине, мусалмон маҳсуб мешавад, аммо ҳар мусалмоне ҳатман муъмин нест. Албатта, бархе олимони шиа, аз қабили Хоҷа Носириддини Тусӣ ва Шаҳиди Сонӣ бар ин боваранд, ки имон ва Исломи воқеӣ як аст, аммо Исломи зоҳирӣ дар мартабаи поёнтаре аз имон қарор дорад.

Мафҳумшиносӣ

Дар ривоёт ва осори фиқҳии шиа, имон ба ду маънои ом ва хос ба кор рафтааст: маънои ом; яъне эътиқоди қалбӣ ба тамомии таълимоти Пайғамбари Ислом, ва маънои хос, илова бар маънои аввал, ҳамроҳ бо эътиқод ба имомат ва вилояти имомони дувоздаҳгона аст.[1] Бинобар маънои хосси имон, ҳамаи шиаёни дувоздаҳимомӣ, муъмин маҳсуб мешаванд.[2]

Имон ба маънои хос, дар бисёре аз бобҳои фиқҳ, монанди: иҷтиҳод, тақлид, таҳорат, намоз, закот, хумс, рӯза, эътикоф, ҳаҷ, вақф, назр, қазо ва шаҳодатҳо, ба кор рафта ва шарти дурустии қабулии ҳамаи ибодатҳо дониста шудааст.[3] Имон дар марҷаъи тақлид, имоми ҷамоат, мустаҳаққи закоту хумс, қозӣ, шоҳид ва тақсимкунандаи амвол, ки аз ҷониби ҳокими шаръ насб шуда, шарт шудааст.[4] Гуфта шудааст, бисёре аз фақеҳон дар азонгӯи ҷамоат ва ноиб дар ҳаҷ низ ба шарти будани имон тасреҳ кардаанд.[5]

Шайхи Муфид - аз уламои имомия, имонро тасдиқи қалбӣ, иқрори забонӣ ва амал ба тоъат донистааст;[6] Шофеӣ - олими аҳли суннат, ҳам бар ҳамин назар аст.[7] Бархе аз имомия, монанди Сайиди Муртазо, Шайхи Тусӣ, Ибни Майсами Баҳронӣ, Фозили Миқдод ва Абдурразоқи Лоҳиҷӣ муътақиданд, ки имон, амали қалбӣ ва кори дил аст ва бар ин асос, имон ҳамон эътиқоди қалбӣ ба Худо, Пайғамбар ва ваҳй аст ва муъмин касе аст, ки бо қалби худ муътақид бошад, иқрори забон зарурате надорад.[8]

Намунаҳо

Дар Қуръони Карим, намунаҳое барои имон баён шудааст; аз ҷумла: имони ба Худо,[9] имон ба ҳамаи пайғамбарон,[10] имон ба ҳарчизе ки аз ҷониби Худованд бар пайғамбарон нозил шудааст; монанди китобҳои осмонӣ,[11] имон ба рӯзи қиёмат,[12] имон ба фариштагон[13] ва имони ба ғайб.[14]

Мутакаллимони шиа лозимаи имонро бовар ба тавҳид, адли Илоҳӣ, қиёмат, пайғамбарон ва эътиқод ба имомати имомони маъсуми баъд аз Пайғамбар донистаанд.[15] Дар муқобил, мӯътазила муътақиданд, имон яъне бовар ба тавҳид, адл, иқрор ба набуввати Пайғамбар, ваъду ваъид ва қиём ба амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар.[16] Ашоира муътақиданд, лозимаи имон тасдиқ кардан ба ҳар чизе ки Пайғамбар овардааст; ҳамчун ягонагии Худованд ва фарз будани намоз.[17]

Осор ва вижагиҳо

Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар алайҳиссалом:

«Ҷамоате аз дӯстони Имоми Содиқ алайҳиссалом дар шабе маҳтобию нӯронӣ гирди ҳазраташ буданду осмони комилани нӯронӣ ба ситорагон буд, гуфтанд: ё Ибни Расулуллоҳ ин нилгун осмон чӣ қадар равшан аст! Ва нури ситорагону кавокиб бисёр дарахшнда аст! Имом дар посухи онон фармуд: шумо ин чунин мегӯед, аммо фариштагони мудаббиру коргузор: Ҷабраилу Микоилу Исрофилу қобизи арвоҳ (Азроил) аз фарози осмон ба шумо ва бародаронатон менигаранд ва (инъикоси) нури шумо (муъминини тарафдори Аҳли Байт) ба осмон ва эшон бисёр равшантар аст аз анвори ин ситорагон ва ҳамин васфи шуморо онон низ мегӯянд ки: чи некӯст нури ин муъминон дар малакут!»

Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Муассисаи аъламӣ, Бейрут, ҷ.1, саҳ.6

Оёти бисёре аз Қуръони Карим, дар бораи имон ва осору вижагиҳои он аст; бар ин асос, имон бо Ислом фарқ дорад ва дар мартабае болотар аз он қарор дорад.[18] Имон ҳақиқате аст, ки дӯст доштани шадиди Худовандро ба ҳамроҳ дорад.[19] Худованд муъминонро аз «зулумоту торикӣ» берун оварда ва ба олами «нур» медарорад.[20]

Бар асоси Қуръони Карим, имон, қобилияти зиёду кам шудан дорад[21] ва қалбҳои муъминон бо он ба итминону субот мерасад.[22] Ҳамчунин дар Қуръони Карим омадааст, ки ҳеҷ инсонеро бо икроҳу иҷбор наметавон ба имон расонду муъмин сохт.[23]

Дар оёте аз Қуръони Карим хатоҳо, нақсҳо ва гуноҳони муъминон ба онҳо гӯшзад шуда ва аз онон хоста шудааст худро ислоҳ кунанд.[24]

Имони тақлидӣ

Машҳури олимони имомия бар ин боваранд, ки тақлид дар имон, кофӣ нест.[25] Мӯътазила ва бештари ашоира низ дар ин бора бо шиаён ҳамназаранд.[26] Дар муқобил, фуқаҳои аҳли суннат,[27] ҳашавия ва таълимия, имон аз рӯи тақлидро дуруст донистаанд.[28]

Робитаи Ислом ва имон

Бисёре аз олимони шиа муътақиданд Ислом ва имони ду мафҳумеанд ки фарқ доранд ва бар ин асос, Ислом аз имон омтар аст; яъне ҳар муъмине мусулмон аст, аммо ҳар мусулмоне шарт нест ҳатман муъмин бошад.[29] Бештари ашоира низ чунин назаре доранд.[30]

Бо ин ҳол, мӯътазила,[31] бисёре аз хавориҷ, зайдия,[32] Абуҳанифа ва пайравонаш,[33] ва Шайхи Тусӣ,[34] фарқ доштани Ислом аз имонро қабул накардаанд.

Хоҷа Насириддини Тусӣ, мутакаллими шиаи қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ,[35] Шаҳиди Сонӣ, фақеҳи бузурги шиаи қарни даҳуми ҳиҷрӣ,[36] ва Тафтозонӣ, мутакаллими қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ,[37] бар ин ақидаанд, ки имон ва Исломи воқеӣ як аст, аммо Исломи зоҳирӣ аз имон фарқ дорад ва омтар аз он аст; бар ин асос, касоне ки Исломи зоҳирӣ доранд, лузуман муъмин нестанд, аммо ҳамаи муъминон мусулмон низ ҳастанд.

Бинобар назари Аллома Таботабоӣ (1281 - 1360ҳ.ш.), файласуф ва муфассири муосир, Ислом ва имон, дараҷа доранд ва расидан ба ҳар мартаба аз Ислом, шарти расидан ба мартабаи баъдии имон аст; чунонки нахустин мартабаи Ислом, қабули зоҳири амр ва наҳйҳои Илоҳӣ аст ва баъд аз он, аввалин мартабаи имон, яъне эътиқоди қалбӣ ва бовар ба мазмун шаҳодатайн аст, ки ба анҷоми аҳкоми фаръии Ислом мунҷар мешавад.[38]

Эзоҳ

  1. Фарҳанги фиқҳи форсӣ, «имон», ҷ.1, саҳ.787.
  2. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.337 - 338.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.63.
  4. Фарҳанги фиқҳи форсӣ, “имон”, ҷ.1, саҳ.787.
  5. Фарҳанги фиқҳи форсӣ, “имон”, ҷ.1, саҳ.787.
  6. Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.440; Шуббар, Ҳаққ-ул-яқин, 1418ҳ.қ., саҳ.558, 559.
  7. Хамис, Усул-уд-дин инд-ал-имом Абуҳанифа, 1416ҳ.қ., саҳ.41.
  8. Сайиди Муртазо, аз-Захирату фи илм-ил-калом, 1411ҳ.қ., саҳ.536, 537; Баҳронӣ, Қавоид-ул-маром фи илм-ил-калом, 1406ҳ.қ., саҳ.170; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.442; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия фи-л-мабоҳис-ил-каломия, 1380ҳ.ш., саҳ.440; Лоҳиҷӣ, Сармояти имон, 1364ҳ.ш., саҳ.165.
  9. Сураи Бақара, ояти 256 ва 186; сураи Оли Имрон, ояти 52, 110, 193; сураи Нисо, ояти 175 ва..
  10. Сураи Оли Имрон, ояти 179; сураи Ҳадид, ояти 19; сураи Бақара, ояти 177; сураи Нисо, ояти 136.
  11. Сураи Бақара, ояти 136; сураи Нисо, ояти 162.
  12. Сураи Бақара, ояти 62, 8, 126, 228, 232, 264.
  13. Сураи Бақара, ояти 285 ва 177.
  14. Сураи Бақара: ояти 4.
  15. Ғаззолӣ, Қавоид-ул-ақоид, 1405ҳ.қ., саҳ.145; Шаҳиди Сонӣ, Ҳақоиқ-ул-имон, 1409ҳ.қ., саҳ.144 ва 164.
  16. Ғаззолӣ, Қавоид-ул-ақоид, 1405ҳ.қ., саҳ.145.
  17. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.177; Иҷӣ, китоби Мавоқиф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.527.
  18. Сураи Ҳуҷурот, ояти 14.
  19. Сураи Бақара, ояти 165.
  20. Сураи Бақара, ояти 257.
  21. Сураи Тавба, ояти 9 ва 124.
  22. Сураи Раъд, ояти 13 ва 28.
  23. Сураи Бақара, ояти 256.
  24. Сураи Саф, ояти 2; сураи Мунофиқун, ояти 9; сураи Мумтаҳана, ояти 1; сураи Ҳуҷурот, ояти 1 - 12; сураи Муҷодала, ояти 9.
  25. Шаҳиди Сонӣ, Ҳақоиқ-ул-имон, 1409ҳ.қ., саҳ.59.
  26. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.288.
  27. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.218.
  28. Шаҳиди Сонӣ, Ҳақоиқ-ул-имон, 1409ҳ.қ., саҳ.59.
  29. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, интишороти Доварӣ, саҳ.54.
  30. Боқлонӣ, Тамҳид-ул-авоил ва талхис-уд-далоил, 1414ҳ.қ., саҳ.391.
  31. Мӯътазилӣ, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1408ҳ.қ., саҳ.705.
  32. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, интишороти Доварӣ, саҳ.54.
  33. Хамис, Усул-уд-дин инд-ал-имом Абуҳанифа, 1416ҳ.қ., саҳ.435, 436.
  34. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.418.
  35. Хоҷа Насируддин Тусӣ, Қавоид-ул-ақоид, 1416ҳ.қ., саҳ.143, 142.
  36. Шаҳиди Сонӣ, Ҳақоиқ-ул-имон, 1409ҳ.қ., саҳ.120, 121.
  37. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.207.
  38. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301, 303.

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Майсам ибни Алӣ, Қавоид-ул-маром фи илм-ил-калом, таҳқиқи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, мактабат Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1406ҳ.қ.
  • Боқлонӣ, Муҳаммад ибни Табиб, Тамҳид-ул-авоил ва талхис-уд-далоил, таҳқиқи Имодуддин Аҳмад Ҳайдар, Бейрут, муассисаи алкутубиссақофия, 1414ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Қавоид-ул-ақоид, таҳқиқ ва таълиқи Мусо Муҳаммад Алӣ, Бейрут, оламулкутуб, 1405ҳ.қ.
  • Иҷӣ, Азудуддин, китоби ал-Мавоқиф, таҳқиқи Абдурраҳмон Умайра, Бейрут, Дорулҷил, 1417ҳ.қ.
  • Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Сармояи имон, тасҳеҳи Содиқи Лориҷонӣ, Теҳрон, аз-Заҳро, 1364ҳ.ш.
  • Мӯътазилӣ, Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, таълиқи Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Абуҳошим, таҳқиқи Абдукарим Усмон, Қоҳира, мактабат Ваҳба, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, аз-Захирату фи илм-ил-калом, таҳқиқи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, муассисаи нашри исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ал-Аъламӣ, 1393ҳ.қ.
  • Тафтозонӣ, Масъуд, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқи доктор Абдурраҳмон Умайра, Қум, маншуроти ар-Разӣ, 1409ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия фи-л-мабоҳис-ил-каломия, таҳқиқи Сайид Муҳаммадалӣ Қозӣ Таботабоӣ, Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин ило наҳҷ-ил-мустаршидин, таҳқиқи Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Хамис, Муҳаммад Абдурраҳмон, Усул-уд-дин инд-ал-имом Абуҳанифа, Риёз, Доруссамиъӣ линнашри ваттавзиъ, 1416ҳ.қ.
  • Хоҷа Насируддин Тусӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Қавоид-ул-ақоид, таҳқиқи Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, Қум, маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1416ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, мадхали имон.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бето.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароиъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зиниддини Алӣ, Ҳақоиқ-ул-имон, таҳқиқи Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, мактабат Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Ҳаққ-ул-яқин фи маърифати усул-ид-дин, Бейрут, ал-Аъламӣ, 1418ҳ.қ.