Вақф

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Авқоф)

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Вақф ба арабӣ: وَقف ақде аст, ки дар он моле бахшида мешавад, то мардум ё гурӯҳе аз онон аз манофеаш истифода кунанд. Дар вақф, на воқиф ва на онҳо ки барояшон вақф шудааст, ҳаққи фурӯш ё бахшидани моли вақфиро надоранд. Дар Қуръон ба сурати сареҳ, аз вақф сухан наёмадааст. Дар ривоёт, бо унвони «садақаи ҷория» бар он таъкид шудааст. Пешинаи вақф ба пеш аз Ислом бармегардад. Албатта дар замони Пайғамбар (с) вақф байни саҳоба роиҷ шуд ва намунаҳое аз мавқуфоти Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) дар манобеъ зикр шудааст.

Вақф аз ақдҳои Ислом аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ, аз шароити сиҳҳат ва аҳкоми он сухан меояд. Вақф ба ду қисми вақфи хос ва вақфи ом тақсим шудааст.

Сохти масҷид, мактаб, китобхона, бемористон ва зиёратгоҳ аз коркардҳои вақф муаррифӣ шудааст. Дар кишварҳои исломӣ, созмонҳое барои идораи авқоф вуҷуд дорад.

Таърифи фиқҳӣ ва ақсом

Вақф дар истилоҳи фақеҳон ақде аст, ки дар он, моле бахшида мешавад, то танҳо аз манофеаш истифода шавад.[1] Барои мисол, маконе ба фуқаро ихтисос дода мешавад, то фуқаро аз манофеи он баҳра баранд, бидуни инки он макон қобили хариду фурӯш бошад.[2] Дар вақф, мол аз моликияти воқиф хориҷ мешавад[3] ва на ӯ ва на онҳое ки мол барояшон вақф шудааст, ҳаққи фурӯш ё бахшидани онро надоранд.[4]

Вақф ҳамон «садақаи ҷория» дониста шудааст,[5] ки дар аҳодис ба кор рафтааст;[6] чароки манофеи он пайваста боқӣ мемонад.[7]

Вақфи ом ва вақфи хос

Мақолаҳои аслӣ: Вақфи ом ва вақфи хос

Дар кутуби фиқҳӣ, вақф ба ду навъи вақфи ом ва вақфи хос тақсим шудааст: вақферо ки ба манзури ҳадафи ом ё барои гурӯҳи ом анҷом мешавад, вақфи ом меноманд; монанди вақфи мактабу бемористон ва вақфи моле барои фуқаро ё аҳли илм. Вақферо ба манзури ҳадафе ом ё барои гурӯҳе хос сурат мегирад, вақфи хос меноманд; монанди вақфи маконе барои шахсе ё ашхоси хос.[8]

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Вақф аз абвоби фиқҳ аст ва дар китобҳои фиқҳӣ, аз шароити сиҳҳат ва аҳкоми он баҳс мешавад.[9] Дар китобҳои ривоӣ, вақф дар канори садақа, ҳиба ва монанди он омадааст.[10]

Дар Қуръон, унвони вақф наёмадааст, аммо дар китобҳо оётул-аҳком, вақф дар радифи сукно (истифода аз манофеи як мол барои муддати муайян) ва садақаю ҳиба муаррифӣ шуда ва таҳти унвони куллии атоёи мунаҷҷаза (моле, ки бидуни дарёфти иваз ба дигарӣ пардохт мешавад) ҷой гирифта ва мисдоқи бархе мафоҳими оёти Қуръон ҳамчун инфоқ ва бахшидани мол шуморида шудааст.[11]

Бинобар ривоёт, садақаи ҷория (вақф) аз чизҳое аст, ки баъд аз марги мӯъмин идома меёбад ва барои ӯ сӯдманд хоҳад буд.[12] Албатта дар ин ривоёт, калимаи вақф камтар истифода шудааст ва таъбири садақа роиҷтар аст,[13] аммо дар ривоёти марбут ба аҳкоми вақф, калимаи вақф ба кор рафтааст.[14]

Вақф аз мавзӯоти пурбаҳсе байни мусулмонон буда ва ба ҷуз навиштаҳои фиқҳӣ, китобҳои мустақил ва ҳамчунин мақолоти бисёре дар ин замина навишта шудааст. Дар китоби Маъхазшиносии вақф, навиштаи Сайидаҳмади Саҷҷодӣ, 6239 навишта дар заминаи вақф, шомили китоб, мақола, поённома, нусхаи хаттӣ, хабар ва гузориши маҷаллот муаррифӣ шудааст.[15]

Таърихча

Саҳифаи аввали вақфномаи шоҳ Султон Ҳусайн, ба хати Аҳмади Нейризӣ, хушнависи номии қарни дувоздаҳуми қамарӣ, ки дар он мазраъае ба номи Эзадхост, мавсум ба Алиобод, вақф шудааст.

Вақфро дорои пешинае дароз донистаанду гуфтаанд, пеш аз Ислом ҳам вуҷуд доштааст.[16] Аммо пас аз Ислом, аз ҳамон замони Пайғамбар (с), ба амре роиҷи мобайни мусулмонон табдил шуд.[17] Пайғамбар (с) худ амволеро вақф кард,[18] аз ҷумла нахустин бор заминеро барои истифодаи ибнуссабил (дар роҳ монда) вақф кард.[19] Ҳамчунин аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ нақл шудааст, ки аз байни саҳоба касе набуд, ки ба лиҳози молӣ тавоноие дошта бошад, аммо чизе вақф накунад.[20]

Аз байни Имомон, Имом Алӣ (а) бештарини мавқуфотро доштааст.[21] Ба гуфтаи Ибни Шаҳрошӯб, Имом Алӣ (а) сад чашма дар Янбуъ сохта, барои ҳоҷиён вақф кард. Ҳамчунин чоҳҳое дар масири Кӯфа ва Макка ҳафр кард ва масҷидҳое дар Мадина, Миқот, Кӯфа ва Басра сохта, вақф намуд.[22]

Сипас мавқуфоти мусулмонон чунон густариш ёфт, ки дар давраи Банӣ Умайя, ташкилоте барои идораи он таъсис шуд ва аз ин давра ба баъд, давлат ӯҳдадори идораи мавқуфот шуд.[23]

Коркардҳо

Дар бархе аз навиштаҳо дар бораи вақф, аз осори иқтисодӣ ва иҷтимоии вақф ҳам сухан омадааст.[24] Бар асоси гузоришҳои торихӣ, бархе аз мавориди вақф ва масорифи онҳо иборат будааст аз: сохти масҷидҳо, мактабҳо, китобхонаҳо, бемористонҳо, тимористонҳо, обанборҳо, қанотҳо ва расидагӣ ба фуқаро, ятимон, маълулон, зиндониён ва таъмини махориҷи зиндагии уламо.[25] Аз ин рӯ, гуфтаанд, вақф дар ҳавзаҳои таъмини иҷтимоӣ, тандурустӣ, дармон ва густариши улум ва фунун нақш доштааст.[26]

Бархе бар пояи баррасиҳои торихӣ, коркардҳои вақфро ба чаҳор заминаи зер тақсим кардаанд:

  • Умури фарҳангӣ; монанди сохти мактабҳо, китобҳо ва китобхонаҳо
  • Умури тандурустӣ; монанди сохти бемористон, тимористон ва ҳаммом
  • Умури иҷтимоӣ ва рифоҳӣ; монанди сохти корвонсаро, пул, купрук, обанбор, қанот ва корхона
  • Умури мазҳабӣ; монанди сохтани масҷидҳову зиёратгоҳҳо.[27]

Имрӯза, амокини мазҳабӣ монанди ҳарами Имомон, масҷидҳо, ҳавзаҳои илмия умдатан аз тариқ даромади ҳосил аз мавқуфот идора мешаванд. [Ниёзманди манбаъ]

Идораи мавқуфот

Вақфномаи китоби Тазкират-ул-фуқаҳо барои ҳавзаи илмияе дар Исфаҳон

Густариши мавқуфот дар сарзаминҳои исломӣ, сабаби таъсиси созмонҳои давлатӣ дар кишварҳои мусулмон шудааст. Ин масъала пешинае дароз дорад ва бино ба гузоришҳои торихӣ, ба асри умавиён бармегардад. Дар ин давра, Тавба ибни Намир, қозии шаҳри Басра, дастур дод мавқуфот сабт шаванд. Ӯ ҳамчунин девони авқофро дар ин шаҳр роҳ андохт.[28]

Дар дараваи Илхонон, ташкилоте ба номи «ҳукумати мавқуфот» вуҷуд дошт, ки зери назари қозиюлқузот фаъолият мекард;[29] дар Эрон, аввалин бор дар Эрони давраи Сафавия, як ташкилоти мустақилле барои идораи авқоф таъсис шуд. Ин идора дар шаҳрҳои бузург намояндагонӣ дошт, ки «вазири авқоф» номида мешуданд.[30]

Дар кишварҳои исломӣ, созмонҳои махсусе барои идораи авқоф вуҷуд дорад, ки аз ҷумлаи онҳо созмони авқоф ва умури хайрияи Эрон,[31] девони вақфи шиъӣ ва девони вақфи суннии Ироқ,[32] вазорати авқофи Миср,[33] вазорати авқоф ва умури исломии Кувайт[34] ва шӯрои олии авқофи Арабистони Саъудӣ аст.[35]

Шароити сиҳҳати вақф

Фақеҳон шароитеро барои сиҳҳати вақф, дар ин чаҳор замина матраҳ кардаанд: 1- моле, ки вақф мешавад, 2- воқиф (вақфкунанда), 3 - касоне ки вақф барояшон сурат мегирад, 4-худи амали вақф кардан.

Моле, ки вақф мешавад

Моле, ки вақф мешавад, бояд чаҳор шарт дошта бошад:

  • Вуҷуди хориҷии мушаххас дошта бошад. Тибқи ин шарт, наметавонем молеро ки назди касе дорем, вақф кунем ё хонаеро вақф кунем, бидуни инки мушаххас кунем кадом хона мадди назар аст.
  • Қобилияти миликят дошта бошад. Бар асоси ин шарт, барои намуна, хӯкро наметавон вақф кард; чун ба миликяти мусулмон дар намеояд.
  • Бишавад аз манофеи он истифода кард ва бо ин кор, асли мол аз байн наравад. Бар пояи ин шарт, пулро наметавон вақф кард; чун истифода аз манофеи он, мусталзими аз байн рафтани асли он аст.
  • Гирифтани моли вақфӣ аз воқиф, ҷоиз бошад. Бинобарин воқиф наметавонад молеро, ки аз они дигар кас аст, вақф кунад; чун гирифтани он мол ҷоиз нест.[36]

Воқиф

Воқиф бояд болиғ бошад, ба рушди ақлӣ расида бошад ва ҳамчунин иҷозаи тасарруф дар молашро дошта бошад.[37]

Касоне ки вақф барои онҳо сурат мегирад

Касе ки барои ӯ вақф мешавад, бояд мавҷуд бошад, фард ё афроде муайян бошанд ва вақф кардан барояшон ҳаром набошад. Тибқи ин шартҳо, барои касе ки ба дунё наёмадааст, наметавон вақф кард. Ҳамчунин барои роҳзанон ва кофирони ҳарбӣ наметавон вақф кард; чун вақф кардан барояшон ҳаром аст.[38]

Амали вақф кардан

Амали вақф кардан замоне дуруст аст, ки шароити зерро дошта бошад:

  • Доимӣ будан; яъне вақф набояд муддатдор бошад. Бинобарин вақф кардан барои муддати хос, дуруст нест. Ҳамчунин вақф кардан барои шахси хос дуруст нест; чун бо марги ӯ вақф поён меёбад.
  • Феълият доштан; яъне наметавон сиғаи вақфро барои вақф кардани моле дар оянда (масалан сари моҳ) хонд.
  • Гирифтани мол. То замонӣ ки чизе ки вақф шуда, аз воқифи гирифта нашудааст, вақф сурат нагирифтааст ва он чиз моли ӯ маҳсуб мешавад.
  • Хориҷ шудан аз милкияти воқиф. Тибқи ин шарт, ҳеҷкасе наметавонад молашро барои худаш вақф кунад.[39]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми вақф, бар пояи рисолаҳои тавзеҳулмасоил ба шарҳи зер аст:

  • Моли вақфӣ аз милкияти воқиф хориҷ мешавад ва воқиф наметавонад онро бифурӯшад ё бибахшад ва касе аз он ирс намебарад.
  • Моли вақфӣ қобили хариду фурӯш нест.
  • Фатвои бархе аз мароҷеи тақлид ин аст, ки дар вақф, бояд сиғаи вақф хонда шавад, вале лозим нест ба забони арабӣ бошад, аммо бархеи дигар аз мароҷеи тақлид, хондани сиғаро лозим надониста, мегӯянд ҳамин ки чизе банависем ё коре анҷом диҳем, ки маънои он вақф кардан бошад, вақф саҳеҳ аст.
  • Тибқи фатвои бархе аз мароҷеъ, дар вақф, ниёз ба қабули касоне ки барояшон вақф шуда нест, чӣ вақфи ом бошад ё хос, аммо бархеи дигар мегӯянд дар вақфи хос, қабули фард ё афроде ки барояшон вақф шудааст, шарти сиҳҳат аст.
  • Наметавон молеро барои худ вақф кард. Албата агар касе молеро масалан барои фуқаро вақф кунад ва худаш баъдан фақир шавад, метавонад аз манофеи он мол истифода кунад.
  • Агар моли мавқуфа хароб шавад, аз вақф хориҷ намешавад, балки агар қобили таъмир бошад, бояд онро таъмир кард. Агар қобили таъмир набошад, бояд онро фурухт ва пули онро дар наздиктарин кор ба назари воқиф харҷ кард. Агар ин ҳам мумкин набошад, бояд пули онро дар кори хайри сарф кард.[40]

Китобшиносӣ

Бархе аз китобҳо дар заминаи вақф иборатанд аз:

  • Вақф дар фиқҳи исломӣ ва нақши он дар шукуфоии иқтисод, навиштаи Муҳаммадҳасан Ҳоирии Яздӣ. Дар ин китоб, аҳамияти вақф дар Ислом, таърихи он аз қабл аз Ислом, вақф дар миёни миллатҳои ғайримусулмон, мавқуфоти Пайғамбар (с) ва Имомон (а), аҳкоми фиқҳии фиқҳ аз манзари мазоҳиби исломӣ, истилоҳоти вақф, чигунагии масрафи даромади вақф, нақши вақф дар таҳаққуқи аҳдофи иқтисоди исломӣ сухан омада аст.
  • Аҳком-ул-вақф фи-ш-шариъат-ил-исломия, навиштаи Муҳаммад Убайд ал-Кабисӣ. Ин китоб бо номи Аҳкоми вақф дар шариати Ислом, ба тарҷумаи Аҳмад Содиқии Гулдар мунташир шуда аст. Китоб, бори нахуст дар соли 1397ҳ.қ./1977м., дар Ироқ чоп шуд.[41] Дар он, дидгоҳҳои фақеҳони мазоҳиби мухталифи исломӣ (Ҷаъфарӣ, ҳанбалӣ, ҳанафӣ, шофеӣ, зайдӣ, зоҳирӣ ва моликӣ) баррасӣ ва дидгоҳи нависанда дар ҳар замина баён шуда аст.[42]
  • Фарҳанги истилоҳоти вақф. Ин китоб тарҷумаи ал-Мусталаҳот-ул-вақфия, навиштаи Убайдуллоҳ Атиқӣ, Иззуддини Тунӣ ва Холид Шуайб аст, ки тавассути Аббоси Исмоилизода тарҷума шуда аст. Дар он, дар 106 мадхал, мабоҳиси вақф аз дидгоҳи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, тавзеҳ дода шуда аст.[43]
  • Аҳком-ул-вақф фи-ш-шариъат-ил-исломият-ил-ғарроъ, навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ. Ба гуфтаи нависанда, дар он, талош шуда аст бархе аз масоили вақф, ки мӯҷиби уср ва ҳараҷи мутаваллиёни вақф мешавад, ҳал шавад.[44]

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.2, саҳ.165; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шариъат, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.289.
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1428ҳ.қ., саҳ.567.
  3. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.2, саҳ.171.
  4. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1428ҳ.қ., саҳ.567.
  5. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1428ҳ.қ., саҳ.567; нигоҳ кунед ба Таботабоии Яздӣ, Такмилат-ул-урват-ил-вусқо, китобфурӯшии Доварӣ, ҷ.1, саҳ.184.
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.57.
  7. Таботабоии Яздӣ, Такмилат-ул-урват-ил-вусқо, китобфурӯшии Доварӣ, ҷ.1, саҳ.184.
  8. Ҷаннотӣ, Адвори фиқҳ ва таҳаввулоти он, саҳ.433.
  9. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.2, саҳ.165 - 176; Таботабоии Яздӣ, Такмилат-ул-урват-ил-вусқо, китобфурӯшии Доварӣ, ҷ.1, саҳ.184 - 274.
  10. Нигоҳ кунед ба Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.237; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.30.
  11. Нигоҳ кунед ба Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, мактабатул-Муртазавия, ҷ.2, саҳ.113.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ибни Абиҷумҳур, Аволӣ-л-лаолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.260.
  13. Таботабоии Яздӣ, Такмилат-ул-урват-ил-вусқо, китобфурӯшии Доварӣ, ҷ.1, саҳ.189.
  14. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.237 - 243; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.35 - 38.
  15. Толеъӣ, “Муаррифӣ ва нақди “маъхазшиносии вақф”“, саҳ.25.
  16. Асилӣ, “Китобшиносии вақф”, саҳ.107.
  17. Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., 57, 66.
  18. Нигоҳ кунед ба: Ибни Ҳаюн, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341.
  19. Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., 55.
  20. Ибни Абиҷумҳур, Аволӣ-л-лаолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.261.
  21. Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., 59.
  22. Нигоҳ кунед ба Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, 123.
  23. Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., 69 - 70.
  24. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Қаҳаф, ал-Вақф-ул-исломӣ, 1421ҳ.қ., саҳ.66 - 72; Салимифар, Нигоҳе ба Вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., саҳ.144 - 158.
  25. Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., саҳ.145 - 146.
  26. Нигоҳ кунед ба Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., саҳ.144 - 158.
  27. Асилӣ, “Китобшиносии вақф”, саҳ.108.
  28. Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., 69.
  29. Асилӣ, “Китобшиносии вақф”, саҳ.107.
  30. Асилӣ, “Китобшиносии вақф”, саҳ.108.
  31. Салимифар, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, 1370ҳ.ш., саҳ.94 - 95.
  32. Созмони авқоф, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Ироқ, 1396, саҳ.80.
  33. Созмони авқоф, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Миср, 1396, саҳ.82.
  34. Созмони авқоф, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Кувайт, 1396, саҳ.66.
  35. Созмони авқоф, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Арабистони Саъудӣ, 1396, саҳ.83.
  36. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.2, саҳ.166 - 167.
  37. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.2, саҳ.167.
  38. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.2, саҳ.168.
  39. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.2, саҳ.170 - 171.
  40. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630 - 638.
  41. Ал-Кабисӣ, Аҳкоми вақф дар шариати Ислом, муқаддамаи мутарҷим, саҳ.8.
  42. Ал-Кабисӣ, Аҳкоми вақф дар шариати Ислом, муқаддамаи мутарҷим, 1364ҳ.ш., саҳ.9.
  43. Тунӣ ва дигарон, Фарҳанги истилоҳоти вақф, муқаддамаи мутарҷим, 1388ҳ.ш., саҳ.5.
  44. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Аҳком-ул-вақф фи-ш-шариъат-ил-исломият-ил-ғарроъ, 1438, саҳ.8.

Сарчашма

  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайниддин, Аволӣ-л-лаолӣ-л-азизия фи-л-аҳодис-ид-диния, тасҳеҳи Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Дору Сайидушшуҳадо, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаюн, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-Ислом, тасҳеҳи Осиф Файзӣ, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1385ҳ.қ.
  • Асилӣ, Савсан, “Китобшиносии вақф”, дар Мероси ҷовидон, шумораи 4, 1373ҳ.ш.
  • Ал-Кабисӣ, Муҳаммад Убайд, Аҳкоми вақф дар шариати Ислом: фиқҳӣ, ҳуқуқӣ, қазоӣ, тарҷумаи Аҳмад Содиқии Гулдар, идораи кулли ҳаҷ ва авқоф ва умури хайрияи устони Мозандарон, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, мутобиқ бо фатовои шонздаҳ нафар аз мароҷеи изоми тақлид, Қум, дафтари интишороти исломӣ, вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Тунӣ, Иззуддин ва Холид Шуъайб ва Убайдуллоҳ Атиқӣ, Фарҳанги истилоҳоти вақф, тарҷумаи Аббоси Исмоилизода, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои остони қудси Разавӣ, 1388ҳ.ш.
  • Созмони авқоф ва умури хайрия; дафтари навсозӣ ва таҳаввули муовинати тавсеа ва пуштибонӣ, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Ироқ, Теҳрон, ширкати чоп ва интишороти Созмони авқоф ва умури хайрия, чопи аввал, 1396ҳ.ш.
  • Созмони авқоф ва умури хайрия; дафтари навсозӣ ва таҳаввули муовинати тавсеа ва пуштибонӣ, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Арабистони Саъудӣ, Теҳрон, ширкати чоп ва интишороти Созмони авқоф ва умури хайрия, чопи аввал, 1396ҳ.ш.
  • Созмони авқоф ва умури хайрия; дафтари навсозӣ ва таҳаввули муовинати тавсеаву пуштибонӣ, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Кувайт, Теҳрон, ширкати чоп ва интишороти Созмони авқоф ва умури хайрия, чопи аввал, 1396ҳ.ш.
  • Созмони авқоф ва умури хайрия; дафтари навсозӣ ва таҳаввули муовинати тавсеаву пуштибонӣ, Ошноӣ бо низоми мудирияти вақф ва умури хайрия дар кишвари Миср, Теҳрон, ширкати чоп ва интишороти Созмони авқоф ва умури хайрия, чопи аввал, 1396ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Аҳком-ул-вақф фи-ш-шариъат-ил-исломият-ил-ғарроъ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи аввал, 1438ҳ.қ.
  • Салимифар, Мустафо, Нигоҳе ба вақф ва осори иқтисодӣ - иҷтимоии он, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои остони қудси Разавӣ, чопи аввал, 1370ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Толеъӣ, Абдулҳусайн, “Муаррифӣ ва нақди “маъхазшиносии вақф”“, дар нақди китоби итилоърасонӣ ва иртиботот, шумораи 9, 1395ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, Такмилат-ул-урват-ил-вусқо, китобфурӯшии Доварӣ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шариъат ала мазҳаб-ил-имомия, таҳқиқ ва тасҳеҳи Иброҳими Баҳодурӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, мактабатул-Муртазавия.
  • Қаҳаф, Мунзар, ал-Вақф-ул-исломӣ; татаввуруҳ, идоратуҳ, танмиятуҳ, Димишқ, Дорулфикр, чопи аввал, 1421ҳ.қ./2000м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Алҳодӣ, 1428ҳ.қ.