9 муҳаррам
9 муҳаррам нӯҳумин рӯзи соли қамарӣ аст ва назди шиаён рӯзи бузургдошти Ҳазрати Аббос (а) аст.
- Тосуъо рӯзи бузургдошти Аббос ибни Алӣ (а)
- 61ҳ.қ. эъломи ҷанг аз сӯи Умар ибни Саъд ва муҳосираи хаймаҳои Имом Ҳусайн (а) дар Карбало
- 61ҳ.қ. Судӯри амоннома барои фарзандони Уммулбанин аз сӯи сипоҳи Язид
- 61ҳ.қ. Суханони Имом Ҳусайн (а) бо асҳобаш пеш аз воқеаи Карбало
- 61ҳ.қ. Дархости таъхири ҷанг аз сӯи Имом Ҳусайн (а)
- 1268ҳ.қ. Даргузашти Сайид Муҳаммадқулӣ Мӯсавии Ҳиндӣ машҳур ба Аллома Кунтурӣ муҳаддис, фақиҳ, муаррих ва мутакаллим дар Ҳинд ва муассиси китобхонаи Носирия
- 1356ҳ.қ. Даргузашти Сайид Муҳаммад Ҳусайнӣ Лавосонии Теҳронӣ, ҳаким, мутакаллим, фақиҳ, шоир ва муфассири шиъӣ (2 фарвардини 1316ҳ.ш.)
- 1420ҳ.қ. Даргузашти Ахтар Аббос Наҷафӣ, олими шиаи аҳли Покистон (6 урдибиҳишти 1378ҳ.ш.)
- 1427ҳ.қ. Даргузашти Мирзоалии Фалсафӣ фақиҳ, воъиз ва аз асотиди Ҳавзаи илмияи Машҳад (19 баҳмани 1384ҳ.ш.)
Аъмоли шаби даҳум (шаби Ошуро)
- Хондани сад ракаат намоз, дар ҳар ракаат пас аз сураи Ҳамд се мартаба сураи Тавҳид. Ва пас аз сад ракаат ин зикрро бигӯед: «سُبْحَانَ اللَّهِ وَ الْحَمْدُ لِلَّهِ وَ لا إِلَهَ إِلا اللَّهُ وَ اللَّهُ أَکبَرُ وَ لا حَوْلَ وَ لا قُوَّةَ إِلا بِاللَّهِ الْعَلِی الْعَظِیمِ».
- Хондани чор ракаат намоз дар охири шаб, дар ҳар ракаат пас аз сураи Ҳамд, ҳар кадом аз Ояталкурсӣ ва сураҳои тавҳид, фалақ ва носро даҳ мартаба ва пас аз саломи намоз, сад мартаба сураи Тавҳидро бихонад.