Ҳадиси Райён ибни Шабиб
Мавзуъ | Гиря ва азодорӣ бар Имом Ҳусайн |
---|---|
Содиршуда аз | Имом Ризо (а) |
Ровии аслӣ | Райён ибни Шабиб |
Ровиён | Муҳаммад ибни Алӣ Моҷилавайҳ, Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ, Иброҳим ибни Ҳошим |
Эътибори санад | Ҳасан ё саҳеҳ |
Сарчашмаи шиа | Уюну ахбор-ир-Ризо (а), ал-Амолии Шайхи Садуқ |
Ҳадиси Райён ибни Шабиб (форсӣ: حدیث رَیّان بن شَبیب) ҳадисе аз Имом Ризо (а) ба нақли Райён ибни Шабиб дар бораи моҳи муҳаррам ва гиряву азодорӣ бар Имом Ҳусайн (а) аст. Дар ин ҳадис ба аъмоли рӯзи аввали муҳаррам, шикастани ҳурмати муҳаррам бо шаҳодати Имом Ҳусайн (а) дар он моҳ, суфориш ба гиря барои Имом Ҳусайн ва зиёрати ӯ, лаъни қотилони Имом Ҳусайн ва шод будан дар шодии Аҳли Байт (а) ва андӯҳгин будан дар ғами эшон ва пазириши вилояти онони ишора шудааст.
Дар фарозе аз ҳадис, Имом Ризо (а) ба Райён суфориш мекунад ки агар хостӣ барои чизе гиря кунӣ, барои Ҳусайн ибни Алӣ (а) гиря кун, ки ӯро монанди гӯсфанд забҳ карданд. Дар ин ҳадис, омурзиши гуноҳон, савоби гиря бар Имом Ҳусайн (а) ва зиёрати он ҳазрат баён шудааст.
Ин ривоят дар Уюну ахбор-ир-Ризо (а) ва ал-Амолӣ асари Шайхи Садуқ омада ва китобҳои дигар монанди ал-Иқбол, Васоил-уш-шиа ва Биҳор-ул-анвор аз он ду китоб нақл кардаанд.
Олимони шиа ҳамчун Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, Соҳиби Ҳадоиқ, Сайид Муҳаммадсаиди Ҳаким ва Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ ин ривоятро ҳасан ё саҳеҳ донистаанд.
Ҷойгоҳи ҳадис дар адабиёти ошӯроӣ
“ | Эй писари Шабиб! Агар мехоҳӣ гиря кунӣ, бар Ҳусайн ибни Алӣ (а) гиря кун; баростӣ ӯро ҳамчун гӯсфанд забҳ карданд. |
” |
Ҳадиси Райён ибни Шабиб аз машҳуртарин аҳодис дар бораи азодорӣ дониста шудааст.[1] Ин ҳадис дар бораи моҳи муҳаррам, воқеаи Карбало ва савоби гиряву азодорӣ бар Ҳусайн ибни Алӣ аст. Маъмулан суханронону маддоҳон барои ишора ба аҳамияти гиря бар Ҳусайн (а) ин ҳадис ё бахшҳое аз онро мехонанд. Ҳамчунин аз фарозҳои ин ҳадис барои муҳтавои катибанависӣ ва порчанависии марбут ба азодории муҳаррам истифода мешавад.[ниёзманди манба] аз ин ҳадис дар ашъори ошӯроӣ низ истифода шудааст.
Ябна Шабиб гиря кун аз ғурбати Ҳусайн,
Дар Карбало шикаста шуда ҳурмати Ҳусайн.
...
Ябна Шабиб найза ба ҳулқум дида шуд,
Чун гӯсфанд сари зи тани ӯ бурида шуд.[2]
Ҳадиси Райёнро мӯҷиби умедвории муътақидон ба вилояти Аҳли Байт (а) ва нишон аз лутфи Худованд нисбат ба шиаён ва муҳиббони Аҳли Байт (а) ба сабаби атои савобу аҷри фаровон дар ивази аъмолу ибодоти ҷузъӣ донистаанд.[3]
Муҳтавои ҳадис
Мавзуоте ки дар ҳадиси Райён ибни Шабиби матраҳ шудааст[4] иборатанд аз:
- Аъмоли рӯзи аввали муҳаррам: дар ин ҳадис ба рӯзаи аввали муҳаррам ва истиҷобати дуо монанди иҷобати дуои Закариё (а)[Ёддошт 1] дар ин рӯз ишора шудааст.[5] Сайид ибни Товус бо истинод ба ин ривоят ва ривоёти дигар, рӯзаро аз аъмоли рӯзи аввали муҳаррам, ва ин рӯзро аз айёми иҷобати дуо донистааст.[6]
- Шикаста шудани ҳурмати моҳи муҳаррам: дар ин ҳадис омадааст, ки ҳурмати Пайғамбар (с)-ро ҳифз накарданд, зуррияи ӯро куштанд ва занонишонро асир карданд, дар ҳоле ки дар замони ҷоҳилият ҳурмати моҳи муҳаррамро ҳифз намуда ва аз зулму ҷанг парҳез мекарданд.[7]
- Дастур ба гиря бар Имом Ҳусайн (а): дар фарозе аз ҳадис хитоб ба Райён омадааст, ки агар хостӣ барои чизе гиря кунӣ, барои Ҳусайн ибни Алӣ гиря кун, ки ӯро монанди гӯсфанд забҳ карданд. Ҳамчунин гуфта шуда ки осмонҳову замин барои шаҳодати ӯ гиря карданду осмон хуну хоки сурх борид.[8]
- Фазилати гиря бар Имом Ҳусайн (а): дар ин ҳадис, бахшида шудани ҳамаи гуноҳон, савоби гиря ва ҷорӣ шудани ашк бар рухсора дар азои Имом Ҳусайн (а) зикр шудааст.[9]
“ | ” |
Эй писари Шабиб! Агар дӯст дорӣ савобе монанди савоби касоне, ки ҳамроҳи Ҳусайн ибни Алӣ шаҳид шуданд, дошта бошӣ, ҳар гоҳ ба ёди ӯ афтодӣ бигӯ: Эй кош бо онон мебудам ва ба фавзи азим мерасидам.
- Суфориш ба зиёрати Имом Ҳусайн: Имом Ризо (а) ба Райён суфориш кард, ки агар дӯст дорад пок ва бидуни гуноҳ Худоро мулоқот кунад, ба зиёрати мазори Имом Ҳусайн биравад.[10]
- Лаъни қотилони Ҳусайн (а): дар ҳадис омадааст, ки эй писари Шабиб! Агар дӯст дорӣ дар хонаҳои биҳишт ҳамроҳи Пайғамбар (с) бошӣ, қотилони Ҳусайн (а)-ро лаън кун.[11]
- Ба ёрӣ омадани чаҳор ҳазор фиришта: тибқи ҳадис, чаҳор ҳазор фиришта барои ёрии Имом Ҳусайн (а) ба замин омаданд, аммо ба онҳо изн дода нашуд, пас онон парешону ғуборолуд то қиёми Имоми Замон (аҷ) канори қабраш ҳастанд ва бо шиори «Ё ласорот-ил-Ҳусайн» ҷузви ёварони ӯ хоҳанд буд.[12]
- Суфориш ба шодӣ ва ғам дар шодӣ ва ғами Аҳли Байт (а): дар фарозҳои поёнии ҳадис нақл шуда, ки эй фарзанди Шабиб! Агар дӯсти дорӣ дар дараҷоти олии биҳишт ҳамроҳ бо Аҳли Байт (а) бошӣ, дар ғаму андӯҳи мо Аҳли Байт, андӯҳгин, ва дар шодии мо шод бош ва вилояти моро бипазир; зеро дар қиёмат касе ки сангеро дӯст дошта бошад, бо он маҳшур мешавад.[13]
Манобеъ ва эътибор
Шайх Садуқ дар китоби Уюну ахбор-ир-Ризо (а)[14] ва ал-Амолӣ[15] ин ҳадисро аз Муҳаммад ибни Алӣ Моҷилавайҳ аз Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ аз падараш Иброҳим ибни Ҳошим аз Райён ибни Шабиб аз Имом Ризо (а) нақл кардааст. Китобҳои дигар монанди ал-Иқбол асари Сайид ибни Товус,[16] Васоил-уш-шиа асари Шайх Ҳурри Омилӣ,[17] Биҳор-ул-анвор асари Аллома Маҷлисӣ[18] ва Аволим-ул-ъулуми ва-л-маориф асари Абдуллоҳ Баҳронӣ Исфаҳонӣ (ваф.1148ҳ.қ.)[19] онро аз китобҳои Уюн ва ал-Амолӣ нақл кардаанд.
Муҳаммадтақии Маҷлисӣ[20] ин ривоятро ҳасан ва олимоне чун Соҳиби Ҳадоиқ ва Сайид Муҳаммадсаиди Ҳаким онро саҳеҳ донистаанд.[21] Санади ин ривоят дар китоби Мавсуату аҳодиси Аҳл-ил-Байт низ муътабар хонда шудааст.[22] Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ[23] ва бархе аз муҳаққиқон,[24] ровиёни ҳадисро сиқа ва шиаи имомӣ дониста ва аз ин рӯ, ҳадисро муътабар шумурдаанд. Аз дигар далоили эътибори ин ҳадис, вуҷуди он дар китоби ан-Наводир, асари Иброҳим ибни Ҳошим дониста шудааст.[25]
Такнигорӣ
- Китоби «Фабки ли-л-Ҳусайн: таҳлиле кӯтоҳ аз суфоришоти Имом Ризо (а) ба Райён ибни Шабиб», аз Сайид Муҳаммадбоқир Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, дар соли 1397ҳ.ш., дар интишороти Бунёди фиқҳ ва маорифи Аҳли Байт (а) чоп шудааст.
- Китоб «Парешонмӯю хоколуд», асари Маҳмадалии Фаттоҳзода, шарҳе бар ривояти Райён ибни Шабиб аст, ки нашриёти Китобстони маърифат чоп кардааст.
Матни ҳадис ва тарҷумаи тоҷикии он
“ | فَقَالَ إِنَّ هَذَا الْيَوْمَ هُوَ الْيَوْمُ الَّذِي دَعَا فِيهِ زَكَرِيَّا رَبَّهُ عَزَّ وَ جَلَّ فَقَالَ رَبِّ هَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعاءِ فَاسْتَجَابَ اللَّهُ لَهُ وَ أَمَرَ الْمَلَائِكَةَ فَنَادَتْ زَكَرِيَّا وَ هُوَ قائِمٌ يُصَلِّي فِي الْمِحْرابِ أَنَّ اللَّهَ يُبَشِّرُكَ بِيَحْيى فَمَنْ صَامَ هَذَا الْيَوْمَ ثُمَّ دَعَا اللَّهَ عَزَّ وَ جَلَّ اسْتَجَابَ اللَّهُ لَهُ كَمَا اسْتَجَابَ اللَّهُ لِزَكَرِيَّا |
” |
Муҳаммад ибни Алӣ Моҷилавайҳ аз Алӣ ибни Иброҳим ибни Ҳошим аз падараш ва ӯ аз Райён ибни Шабиб нақл кард, ки Райён ибни Шабиб гуяд: Дар аввалин рӯзи муҳаррам ба хизмати Имом Ризо расидам ва ҳазрат фармуданд: Оё рӯза ҳастӣ? Арз кардам хайр. [ 28 ]
Фармуд: имрӯз рӯзе аст, ки Закариё парвардгорашро хонд ва гуфт: «Парвардгоро! Фарзанде пок ба ман марҳамат фармо, ҳамоно Ту дуои бандагонро мешунавӣ!»(сураи Оли Имрон, ояти 38) ва Худованд дуои ӯро мустаҷоб кард ва ба малоика дастур дод ба Закариё - ки дар меҳроб дар ҳоли намоз буд - бигӯянд Худо ба ту Яҳёро мужда медиҳад, пас ҳар кас ин рӯзро рӯза бидорад ва сипас дуо кунад, Худованд ҳамонтур ки дуои Закариёро мустаҷоб кард, дуои ӯро низ мустаҷоб мекунад.
Сипас фармуд: Эй Ибни Шабиб! Муҳаррам моҳе аст, ки аҳли ҷоҳилият ба эҳтироми он, зулму ҷангро ҳаром карда буданд, вале ин уммат, эҳтироми он ва эҳтироми Пайғамбари худро ҳифз накарданд; дар ин моҳ авлоди ӯро куштанд ва занонашро асир карданду амволашро ғорат намуданд. Худованд ҳаргиз ин корашонро набахшад!
Эй Ибни Шабиб! Агар мехоҳӣ гиря кунӣ, бар Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб гиря кун; зеро ӯро ҳамчун гӯсфанд забҳ карданд ва ҳаждаҳ нафар аз бастагонаш ба ҳамроҳаш шаҳид шуданд, ки дар рӯй замин назир надоштанд.
Осмонҳои ҳафтгона ва заминҳо ба хотири шаҳодаташ гиристанд ва чаҳор ҳазор фиришта барои ёрии ӯ ба замин омаданд, вале тақдир Илоҳӣ набуд ва онҳо то қиёми Қоим (а) дар назд қабраш бо ҳоли назору жулида боқӣ ҳастанд ва аз ёварони Қоиманд ва шиорашон «Ё ласорот-ил-Ҳусайн» аст.
Эй Ибни Шабиб! Падарам аз падараш ва ӯ аз ҷаддаш ба ман хабар дод, ки вақте ҷаддам Ҳусайн шаҳид шуд, аз осмон хуну хоки сурх борид.
Эй Ибни Шабиб! Агар ба гунае бар Ҳусайн гиря кунӣ, ки ашкҳоят бар гунаҳоят ҷорӣ шавад, Худованд ҳар гуноҳе, ки муртакиб шуда бошӣ - чӣ кучак ва чӣ бузург, чӣ кам ва чӣ зиёд - хоҳад бахшид.
Эй Ибни Шабиб! Агар дӯст дорӣ поку бидуни гуноҳ ба мулоқоти Худо биравӣ, ба зиёрати Ҳусайн бирав.
Эй Ибни Шабиб! Агар дӯст дорӣ бо Паёмбар дар ғурфаҳои биҳишт ҳамроҳ бошӣ, қотилони Ҳусайнро лаънат кун.
Эй Ибни Шабиб! Агар дӯсти дорӣ савобе монанди савоби касоне дошта бошӣ, ки ҳамроҳи Ҳусайн ибни Алӣ шаҳид шуданд, ҳар гоҳ ба ёди ӯ афтодӣ бигӯ: «Эй кош бо онон мебудам ва ба фавзи азим мерасидам».
Эй Ибни Шабиб! агар дӯсти дорӣ бо мо дар дараҷоти олии биҳишт ҳамроҳ бошӣ, дар андӯҳи мо андӯҳгин ва дар хушҳолии мо хушҳол бош ва бар ту бод ба вилояти мо; зеро агар касе сангеро дӯст дошта бошад, Худованд дар рӯзи қиёмат ӯро бо он санг маҳшур хоҳад кард.
Эзоҳ
- ↑ Умронӣ, «Баррасии санадӣ ва далоилии ҳадиси Райён ибни Шабиб перомуни азодорӣ», саҳ.95
- ↑ «ترکیب بند یابن شبیب. جلوه اول/یابن الشبیب گریه کن از غربت حسین», Вебгоҳи Имоми ҳашт
- ↑ Мирҷҳонии Таботабоӣ, ал-Букоу ли-л-Ҳусайни алайҳиссалом, саҳ.72
- ↑ «بیان جامع امام رضا(ع) در گرامیداشت ایام محرم، عزاداری، ثواب گریه بر امام حسین(ع)», Вебгоҳи Муассисаи таҳқиқотии ҳазрати Валиаср
- ↑ Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553
- ↑ Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299-300
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.129 ва 130
- ↑ Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.545
- ↑ Ҳури Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.469, ҷ.14, саҳ.502
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.285 ва ҷ.98, саҳ.102
- ↑ Баҳронии Исфаҳонӣ, Аволим-ул-ъулуми ва-л-маориф, 1413ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.538
- ↑ Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.383
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.376; Ҳаким, Мисбоҳ-ул-минҳоҷ, 1425ҳ.қ., саҳ.406
- ↑ Наҷафӣ, Мавсуату аҳодиси Аҳл-ил-Байт (а), 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.78
- ↑ «در عظمت مصیبت واقعه عاشورا», Сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ
- ↑ Худдомиён, ас-Саҳиҳу фи буко-ил-ҳусайнӣ, 1432ҳ.қ., саҳ.54 - 59; Худдомиён, ас-Саҳиҳу фи фазл-из-зиёрат-ил-ҳусайния, 1432ҳ.қ., саҳ.148 ва 149; Умронӣ, «Баррасии санадӣ ва даллолии ҳадиси Райён ибни Шабиб перомуни азодорӣ», саҳ.83 - 84
- ↑ Худдомиён, ас-Саҳиҳу фи буко-ил-ҳусайнӣ, 1432ҳ.қ., саҳ.59 - 60
Ёддошт
- ↑ Худованд дуои ҳазрати Закариё барои фарзанддор шуданро мустаҷоб кард ва ба малоика дастур дод ӯро ба Яҳё мужда диҳанд. (Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299)
Сарчашма
- Баҳронии Исфаҳонӣ, Абдуллоҳ ибни Нурулло, Аволим-ул-ъулуми ва-л-маориф, Қум, Муассисат-ул-Имом ал-Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, таҳқиқи Муҳаммадтақии Ереванӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1405ҳ.қ.
- «ترکیببند یابن شبیب. جلوه اول/یابن الشبیب گریه کن از غربت حسین», Вебгоҳи Имоми ҳашт, санаи дарҷи матлаб: 8 мурдоди 1397ҳ.ш., санаи боздид 24 исфанди 1402ҳ.ш.
- Ҳури Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайид Муҳаммадсаид, Мисбоҳ-ул-минҳоҷ (Китоб-ус-савм), Қум, Дор-ул-ҳилол, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
- Худдомиёни Оронӣ, Маҳдӣ, ас-Саҳиҳу фи фазл-из-зиёрат-ил-ҳусайния, Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, чопи аввал, 1432ҳ.қ./1389ҳ.ш.
- Худдомиёни Оронӣ, Маҳдӣ, ас-Саҳиҳу фи буко-ил-ҳусайнӣ, Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, чопи аввал, 1432ҳ.қ./1389ҳ.ш.
- «در عظمت مصیبت واقعه عاشورا», Сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ, санаи дарҷи матлаб: 3 даии 1387ҳ.ш., санаи боздид 21 исфанди 1402ҳ.ш.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳиссалом, таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Матн ва тарҷумаи Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳиссалом, тарҷумаи Ҳамидризо Мустафид ва Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, чопи аввал, 1372ҳ.ш.
- Умронӣ, Сайид Масъуд, «بررسی سندی و دلایلی حدیث ریان بن شبیب پیرامون عزاداری», фаслномаи Ояти бӯстон (пажӯҳишномаи маорифи ҳусайнӣ), №2, тобистони 1395ҳ.ш.
- «فابکِ لِلحُسَین», Вебгоҳи Шеъри ҳайат, санаи боздид 24 исфанди 1402ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақина фи шарҳи Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-исломии Кушонбур, 1406ҳ.қ.
- Мирҷҳонии Таботабоӣ, Сайид Ҳасан, ал-Букоу ли-л-Ҳусайни алайҳиссалом: дар савоб гиристану азодорӣ бар ҳазрати Сайидушшуҳадо алайҳиссалом ва вазоифи таъзиядорӣ, таҳқиқи Ҳомид Фадавии Ардистонӣ, беҷо, бено, бето.
- Наҷафӣ, Ҳодӣ, Мавсуати аҳодиси Аҳли Байт (а), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ./2002м.