Ғазва

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ғазавоти Паёмбари Ислом(с))
Расми Фотеҳи Хайбар, асари Ҳасан Рӯҳуламин, 2018, 280*180 см.
Ин мақола дар бораи ҷангҳое аст, ки Пайғамбар (с) дар онҳо ҳузур доштааст. Барои ошноӣ бо ҳамаи ҷангҳои Пайғамбар, мадхали Ҷангҳои Пайғамбар (с)-ро бубинед.

Ғазва (арабӣ: الغَزْوة) ба ҷангҳое гуфта мешавад, ки Пайғамбар (с) дар он ҳузур доштааст. Дар бештари манобеи таърихӣ, ғазваҳои Пайғамбар 26 ё 27 ғазва дониста шудааст. Дар байни ғазваҳо, танҳо 9 ғазва ба задухурди ҳарбӣ анҷом шуд. Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ҳамаи ғазваҳои Пайғамбар, ба ғайр аз ғазваи Уҳуд бо пирӯзӣ ба саранҷом расидааст.

Фарқи ғазва ва сарийя

Дар китобҳои бо мавзӯи таърихи Ислом, ҷангҳои Пайғамбар (с) ба ғазва ва сарийя тақсим мешавад.[1] Ба ҷангҳое, ки Пайғамбар (с) дар он ширкат мекарду фармондеҳии онҳоро ба сурати мустақим бар уҳда дошт, ғазва ва ба ҷангҳое, ки Пайғамбар (с) дар онҳо ширкат надошт, балки дастаеро бо таъйини фармондеҳ ба минтақае эъзом мекард, сарийя мегӯянд.[2]

Бо ин ҳол, бархе муҳаққиқон бар ин боваранд, таърифи зикршуда барои ғазва ва сарийя дақиқ нест, балки ғазва ба он даста аз ҷангҳои Пайғамбар гуфта мешавад, ки ба сурати ошкор, бо ҷангҷӯёни зиёд ва бо созмондеҳӣ анҷом шудааст ва ба ҷангҳои Пайғамбар, ки ба сурати махфиёна, бо ҷангҷӯёни каму бидуни созмондеҳӣ анҷом шуда бошад, сарийя мегӯянд.[3] Ин ду таъриф, дар мисдоқи ғазваҳо ва сарийяҳо ихтилоф надоранд; зеро тибқи таърифи ахир, Пайғамбар дар амалиётҳое, ки бо теъдоди нафароти андак анҷом мешуду ҳадафи онҳо зарар ё шиносоӣ буд, ширкат намекард.[4]

Ғазваҳое, ки ба ҷанг анҷомид

Ба гуфтаи Ибни Ҳишом дар китоби ас-Сират-ун-набавийя[5] ва Табарсӣ дар Эълом-ул-варо, аз миёни ғазваҳои Пайғаамбар, танҳо дар ғазваҳои Бадр, Уҳуд, Хандақ, Банӣ Қурайза, Банӣ Мусталақ, Хайбар, Фатҳи Макка, Ҳунайн ва Тоиф, задухурд рух дод.[6] Масъудӣ - муаллифи китоби Муруҷ-уз-заҳаб, ба ҷои ғазваи Банӣ Мусталақ, ғазваи Табукро навиштааст.[7] Ҳамчунин дар ҷангҳое, ки ба задухурди ҳарбӣ анҷомид, танҳо панҷ ҷанги муҳим буд ва задухурди шадиде дар он рух дод.[8]

Муваффақият дар аксари ғазваҳо

Ҳамаи ғазваҳо, ба ғайр аз ғазваи Уҳуд, бо пирӯзии сипоҳи Ислом ба поён расид.[9] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, созмондеҳии коромад барои нерӯҳои низомӣ муҳимтарин омили пирӯзӣ дар ин ҷангҳо будааст.[10] Гуфта шудааст, созмондеҳии ҷанг дар ғазваҳо ба сурати бесобиқа анҷом гирифта ва чаҳор марҳала доштааст:

  1. Созмондеҳии қабл аз ҳаракат;
  2. Созмондеҳии баъд аз ҳаракат;
  3. Созмондеҳӣ дар маърака қабл аз оғози ҷанг;
  4. Созмондеҳӣ дар ҳангоми ҷанг.[11]

Имрӯза ба ду марҳалаи аввал, истиротежӣ ва ба ду марҳалаи баъд, тактики ҷанг гуфта мешавад.[12]

Теъдоди ғазавот

Бештари манобеи таърихӣ, теъдоди ғазваҳои Пайғамбарро 26 ё 27 ғазва донистаанд.[13] Бо ин ҳол, дар бархе манобеъ, ададҳои дигаре монанди 18,[14] 21,[15] ва 28 ғазва низ зикр шудааст.[16] Ғазваҳое монанди ғазваи Банӣ Қайнуқоъ, ғазваи Водилқуро ва Умратулқазо аз ҷумла мавориде аст, ки дар шумориши онҳо ихтилоф вуҷуд дорад.[17] Гуфтанӣ аст, бо он ки Пайғамбар (с) дар ҷанги Мута ширкат надошт, бархе онро ғазва номидаанд.[18] Муҳаммадиброҳими Оятӣ - муаллифи китоби Таърихи Паёмбари Ислом, 27 ғазваи Пайғамбар (с)-ро ба тартиби зер баён кардааст:[19]

Номи ҷанг нерӯҳои Ислом нерӯҳои душман макони ҷанг замони ҷанг мухтасаре аз натиҷаи ҷанг
1 ғазваи Абвоъ (Ваддон) 200 нафар[20] корвоне аз Қурайш[21] Абвоъ (деҳи калоне дар наздики Ваддон байни роҳи Макка ва Мадина)[22] моҳи сафари соли дувуми ҳиҷрӣ[23] дар ин ғазва, даргирии ҳарбӣ сурат нагирифт ва танҳо бо қабилаи Банӣ Замра паймоне баста шуд то алайҳи мусулмонон иқдоме накунанд.[24]
2 ғазваи Бувот 200 нафар[25] 100 нафар ба фармондеҳии Умайя ибни Халаф[26] Бувот рабиъулаввал[27] ё рабиъулохри соли дувуми ҳиҷрӣ[28] дар ин ғазва, даргирии низомӣ сурат нагирифт.[29]
3 ғазваи Ушайра ё зилъашира 150 ё 200 нафар[30] корвонҳое аз Қурайш[31] Зилъушайра (маконеи байни Маккаю Мадина)[32] ҷамодилаввали соли дувуми ҳиҷрӣ[33] даргирӣ сурат нагирифт ва бо қабилаи Мудлиҷ ва ҳампаймонони онон, паймони дӯстӣ баста шуд.[34]
4 ғазваи Бадр аввал теъдоде аз муҳоҷирин[35] теъдоде аз сориқон ба фармондҳии Курз ибни Ҷобир[36] минтақаи Бадр[37] ҷамодилахири соли дувуми ҳиҷрӣ[38] ё рабиъулаввали соли сеюм[39] фирори сориқон[40]
5 ғазваи Бадри кубро 313 нафар[41] 950 нафар[42] минтақаи Бадр 17 рамазони соли дувум[43] пирӯзии мусулмонон бар Қурайш, кушта шудани 70 нафар аз мушрикон ва асир шудани 70 нафар аз онон[44]
6 ғазваи Банӣ Сулайм 200 нафар[45] қабилаи Банӣ Сулайм ва Ғатфон[46] минтақаи Қарқаратулкидр бо фосилаи ҳашт «манзил» (ҳудуди 170 километр) аз Мадина[47] моҳи шаволи соли дувум[48] фирори Банӣ Сулайм ва тарки амволи худ дар ҷанг[49]
7 ғазваи Банӣ Қайнуқоъ мусулмонони Мадина яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ[50] Мадина 15 шаволи соли дувуми ҳиҷрӣ[51] поксозии муҳити Мадина аз яҳуд[52]
8 ғазваи Савиқ 200 нафар аз муҳоҷирину ансор[53] 200 нафар аз мушрикони Макка ба фармондеҳии Абусуфён[54] Қарқаратулкидр[55] моҳи зилҳаҷҷаҳи соли дувуми ҳиҷрӣ[56] фирори мушрикони Макка[57]
9 ғазваи Зиамарр ё ғазваи Ғатафон 450 нафар ба фармондеҳии Дуъсур ибни Ҳорис[58] Банӣ Саълаба аз қабилаи Ғатафон[59] минтақаи Наҷд[60] моҳи сафари соли сеюми ҳиҷрат[61] фирори душман ба болои кӯҳ[62]
10 ғазваи Буҳрон 300 нафар[63] Банӣ Сулайм[64] Буҳрон (маъдане дар Водии фаръ дар Ҳиҷоз)[65] рабиъулохари соли сеюми ҳиҷрат[66] дар ин ғазва, даргирии низомӣ сурат нагирифт.[67]
11 ғазваи Уҳуд 700 нафар[68] 3000 нафар аз мушрикони Қурайш[69] доманаи кӯҳи Уҳуд моҳи шаволи соли сеюм[70] мушрикон пирӯз ва ҳафтод нафар аз мусулмонон шаҳид шуданд.[71]
12 ғазваи Ҳамроуласад 630 нафар[72] мушрикони Қурайш[73] минтақаи Ҳамроуласад дар даҳ мойлӣ (ҳудуди 20 километрӣ) ҷануби Мадина[74] моҳи шаволи соли сеюм[75] фирори мушрикони Қурайш[76]
13 ғазваи Банӣ Назир гурӯҳе аз муҳоҷирину ансор[77] яҳудиёни Банӣ Назир минтақае дар Мадина[78] моҳи рабиъулаввали соли чаҳоруми ҳиҷрӣ[79] ихроҷи Банӣ Назир аз Мадина[80]
14 ғазваи Зотурриқоъ 400 нафар аз саҳоба[81] Банӣ Муҳориб[82] кӯҳи Зотурриқоъ дар минтақаи Наҷд[83] моҳи рабиъулаввали соли чаҳорум[84] фирори душман ба қуллаи кӯҳ ва бозгашти Пайғамбар ба Мадина[85]
15 ғазваи Бадрулмавъид 1500 нафар[86] 2000 нафар аз мушрикони Макка[87] Бадр[88] моҳи шаъбони соли чаҳорум[89] дар ин ғазва, даргирии низомӣ сурат нагирифт.[90]
16 ғазваи Думатулҷандал 1000 нафар[91] қабилаи Думатулҷандал [92] Думатулҷандал[93] моҳи рабиъулаввали соли панҷум[94] фирори қабилаи Думатулҷандал[95]
17 ғазваи Хандақ 3000 нафар аз мусулмонон[96] 10000 нафар аз Қурайш ва муттаҳидони он[97] Мадина моҳи шаволи соли панҷум[98] кушта шудани Амр ибни Абдувад, шикаст ва бозгашти мушрикон бидуни пирӯзӣ[99]
18 ғазваи Банӣ Қурайза 3000 нафар[100] қабилаи Банӣ Қурайза[101] ҷануби Мадина, қалъаи Банӣ Қурайза[102] моҳи зилқаъда ва зилҳаҷҷаи соли панҷуми қамарӣ[103] пирӯзии артиши Ислом бар Банӣ Қурайза[104]
19 ғазваи Банӣ Лиҳён 200 нафар[105] қабилаи Лиҳён[106] Ғурон[107] моҳи ҷамодилаввалии соли шашум[108] фирори Банӣ Лиҳён[109]
20 ғазваи Зиқарад ё ғазваи Ғоба панҷсад то ҳафтсад нафар[110] Ғатафон[111] Зиқарад моҳи рабиъулаввал[112] ва рабиъуссонии соли шашум[113] пасгирии амволи Паёмбар ва озод кардани ҳамсари Абузари Ғифорӣ[114]
21 ғазваи Банӣ Мусталақ ё Мурайсиъ 100 нафар савора[115] Банӣ Мусталақ ба фармондеҳии Ҳорис ибни Абизарор[116] наздикии обҳои Мурайсиъ дар ноҳияи Қудайд[117] моҳи шаъбони соли шашум[118] (ё панҷум[119]) шикасти Банӣ Мусталақ ва асир шудани онон[120]
22 ғазваи Ҳудайбия 1400 то 1600 нафар[121] Қурайш[122] Ҳудайбия[123] моҳи зилқаъдаи соли шашуми ҳиҷрӣ[124] паймони сулҳ байни мусулмонон ва Қурайш[125]
23 ғазваи Хайбар 1400 нафар[126] яҳудиёни Хайбар Хайбар моҳи сафари соли ҳафтуми ҳиҷрӣ[127] шикасти аҳли Хайбар ва фатҳи қалъаи онон ба дасти Имом Алӣ (а)[128]
24 ғазваи Фатҳи Макка 10000 нафар[129] Қурайш[130] Макка моҳи рамазони соли ҳаштум[131] шикасти мушрикон ва Фатҳи Макка[132]
25 ғазваи Ҳунайн 12000 нафар[133] қабилаи Ҳавозан ва Сақиф[134] Ҳунайн моҳи шаволи соли ҳаштум[135] пирӯзии мусулмонон[136]
26 ғазваи Тоиф 12000 нафар[137] қабилаи Сақиф[138] Тоиф[139] моҳи шаволи соли ҳаштум[140] бозгашт ба Макка бидуни пирӯзӣ[141]
27 ғазваи Табук 30000 нафар[142] Рум ва ҳампаймонон[143] Табук[144] моҳи раҷаби соли нуҳум[145] паймони адами таарруз бо қабилаҳои масеҳии сокин дар Табук[146] ва пароканда сохтани сипоҳи Рум[147]

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Фарозҳое аз Таърихи Паёмбари Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.216.
  2. Субҳонӣ, Фарозҳое аз Таърихи Паёмбари Ислом, 1386ҳ.ш., саҳ.216.
  3. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.79 - 80.
  4. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.80.
  5. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.608.
  6. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163.
  7. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280.
  8. Алихонӣ, “Таҳлили сиёсии ҷангҳои Паёмбари Акрам роҳбурде барои имрӯз” саҳ.71.
  9. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.75.
  10. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.75.
  11. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.80.
  12. Қоидон, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, саҳ.81.
  13. Барои намуна ниг.: Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.608; Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.152.
  14. Фасавӣ, ал-Маърифату ва-т-таърих, 1401ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.261.
  15. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.460.
  16. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-совӣ, саҳ.241.
  17. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.3, саҳ.173; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8; Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.152; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.281; Қозӣ Абарқуҳ, Сирати Расули Худо (с), 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.848.
  18. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.464.
  19. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1369ҳ.қ., саҳ.238 - 240.
  20. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.424.
  21. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  22. Ибни Раста, ал-Аълоқ-ун-нафиса, 1892м., ҷ.7, саҳ.178.
  23. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11.
  24. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  25. Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.407.
  26. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  27. Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.407.
  28. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
  29. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  30. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  31. Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
  32. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.127.
  33. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.599; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.164.
  34. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16.
  35. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16.
  36. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  37. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  38. Ибни Хайёт, Таъриху халифа, 1415ҳ.қ., саҳ.20.
  39. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  40. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  41. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.290.
  42. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.290.
  43. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.626.
  44. Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.496.
  45. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172.
  46. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172.
  47. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.441.
  48. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.43-44.
  49. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172.
  50. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  51. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176; Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-совӣ, саҳ.206.
  52. Субҳонӣ, Фуруғи абадият, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.516.
  53. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.174.
  54. Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.483 - 484.
  55. Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484.
  56. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181.
  57. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.174.
  58. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.194.
  59. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.168.
  60. Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.153.
  61. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.46.
  62. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.168.
  63. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27.
  64. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196.
  65. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27.
  66. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.46.
  67. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196 - 197.
  68. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.65.
  69. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.204.
  70. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.60.
  71. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325.
  72. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.50.
  73. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.338
  74. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38.
  75. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.334.
  76. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340.
  77. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364.
  78. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.290.
  79. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.363.
  80. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.374.
  81. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  82. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.203.
  83. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.276.
  84. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.203.
  85. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.340
  86. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.387.
  87. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-совӣ, саҳ.214.
  88. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.1, саҳ.358.
  89. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.67.
  90. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.67.
  91. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403.
  92. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.213.
  93. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-наби-ил--аъзам, Дорул-ҳадис, ҷ.10, саҳ.105.
  94. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402.
  95. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402.
  96. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.220.
  97. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.444.
  98. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.214.
  99. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.50.
  100. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57.
  101. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57.
  102. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-наби-ил--аъзам, Дорул-ҳадис, ҷ.9, саҳ.130.
  103. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.496.
  104. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.501.
  105. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.280.
  106. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.279.
  107. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.280.
  108. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.364
  109. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.536 - 537.
  110. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.573.
  111. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.180.
  112. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.349.
  113. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.537
  114. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.188.
  115. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.405.
  116. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.404.
  117. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.118.
  118. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.289
  119. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.341.
  120. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.407.
  121. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.574.
  122. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.310.
  123. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.447.
  124. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.308.
  125. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.316.
  126. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.689.
  127. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.634.
  128. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.655.
  129. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.458.
  130. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.5.
  131. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.389.
  132. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.460.
  133. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.62.
  134. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.885.
  135. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.892.
  136. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.912.
  137. Ҳасанӣ, Таърихи таҳлилии садри Ислом, интишороти паёми нур, саҳ.94.
  138. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.120.
  139. Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250.
  140. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  141. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.120.
  142. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.5, саҳ.70.
  143. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.67.
  144. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.469.
  145. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.516.
  146. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.67.
  147. Субҳонӣ, Фуруғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.873.

Сарчашма

  • Ёқут Ҳамавӣ, Шаҳобиддин Абуабдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Дорусодир, Бейрут, чопи дувум, 1995м.
  • Алихонӣ, “Таҳлили сиёсии ҷангҳои Паёмбари Акрам роҳбурде барои имрӯз”, дар маҷаллаи Пажуҳишномаи улуми сиёсӣ, № 7, тобистони 1386ҳ.ш.
  • Байҳақӣ, Абубакр Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувват ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариъат, таҳқиқ: Қалъаҷӣ, Абдулмуътӣ, Дорул-кутубил-илмийя, Бейрут, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Қоҳира, Дорул-маъориф, 1959м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, муассисатул-Аъламӣ, Бейрут, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Раста, Аҳмад ибни Умар, ал-Аълоқ-ун-нафиса, Бейрут, Дорусодир, 1892м.
  • Ибни Сайидуннос, Муҳаммад, Уюн-ул-асар фи фунун-ил-мағозӣ ва-ш-шамоили ва-с-сувар, Дорул-қалам‏, Бейрут, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Тоиф, мактабатус-Сиддиқ, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Хайёт, Халифа, Таъриху Халифа, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, Дорул-совӣ, бе то, чоп офсети Қум, муассисаи Нашрул-манобеъис-сақофатил-исломийя.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Порт Саид, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-наби-ил-аъзам, Қум, Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Паёмбари Ислом, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1369ҳ.қ.
  • Солеҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайри-л-ибод, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1414ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарозҳое аз Таърихи Паёмбари Ислом, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи абадият, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аъломи-л-ҳудо, муассисаи Олулбайт (а), Қум, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Фасавӣ, Яъқуб ибни Сафён, ал-Маърифату ва-т-таърих, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1401ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, Бейрут, бе то.
  • Қозӣ Абарқуҳ, Исҳоқ ибни Муҳаммад, Сираи Расули Худо (с), Теҳрон, Хоразмӣ, 1377ҳ.ш.
  • Қоидон, Асғар, “Созмондеҳии ҷангӣ дар ғазавоти асри Паёмбар”, дар маҷаллаи Мутолиъоти таърихии ҷанг, № 3, баҳори 1397ҳ.ш.
  • Ҳасанӣ, Алиакбар, Таърихи таҳлилии садри Ислом, Теҳрон, интишороти Паёми нур, бе то.
  • Ҷаъфариён, Расул, Сираи Расули Худо (с), Қум, интишороти Далели мо, 1383ҳ.ш.