Уммукулсум духтари Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Уммукулсум бинти Алӣ (а))

Барои дигар корбурдҳо Уммукулсум (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.

Уммукулсум духтари Имом Алӣ (а)
Санаи таваллудСоли 6 қамарӣ
ЗодгоҳМадина
Маҳалли дафнҚабристони Боб-ус-сағир ва ба қавле қабристони Бақиъ
ХешовандонИмом Алӣ (а)Фотимаи Заҳро (с)
ФаолиятҳоРовии аҳодис • Эроди хутба дар Кӯфа


Уммукулсум духтари Имом Алӣ (форсӣ: اُمّ‌کُلثوم دختر امام علی), фарзанди Имом Алӣ (а) ва Фотимаи Заҳро (с) аст, ки ба гуфтаи Шайх Муфид баъд аз Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва Зайнаб (с) ба дунё омад.

Аз Имом Алӣ, духтарони дигаре ҳам бо ном ё куняи Уммукулсум гузориш шудааст, ки ба иллати ҳамин ташобуҳи исмӣ, дар бораи бархе гузоришҳо дар хусуси зиндагии Уммукулсум ихтилофи назар ҳаст.

Моҷарои баҳсбарангез дар ин бора, издивоҷи Уммукулсум бо Умар ибни Хаттоб - халифаи дувум, аст, ки дар китобҳои таърихӣ ва ҳадисӣ нақл шудааст ва бисёре аз олимони шиа онро қабул доранд ва бархе мухолифи онанд.

Тибқи бархе аҳодиси шиъӣ, ин издивоҷ бо таҳдиди халифаи дувум, ва аз рӯи иҷбор ва тақия сурат гирифтааст. Ҷамъе аз олимони шиа ҳам чунин назаре доранд.

Дар бархе манобеъ Уммукулсум аз бонувони ҳозир дар воқеаи Карбало шумурда шудааст, аммо ба гуфтаи касоне чун Сайид Муҳсини Амин - шарҳиҳолнигори шиъӣ, Уммукулсум пеш аз воқеаи Карбало вафот кардааст ва Уммукулсуми ҳозир дар Карбало эҳтимолан яке дигар аз духтарони Имом Алӣ ва ҳамсари Муслим ибни Ақил будааст.

Оромгоҳе дар Сурия вуҷуд дорад, ки ба ақидаи бархе, мазори Уммукулсум аст, аммо касоне муътақиданд, ин қабр мутааллиқ аст ба Уммукулсуми дигаре аз хонадони Пайғамбар ва Уммукулсум, духтари Имом Алӣ ва Фотима, дар қабристони Бақиъ дар Мадина дафн шудааст.

Вилодат ва насаб

Ба гузориши олимони шиаву суннӣ, Алӣ (а) ва Фотима (с) фарзанде ба номи Уммукулсум доштаанд.[1] Дар бархе аз манобеъ, вилодати ӯ ба таври куллӣ ва дар замони Пайғамбар гузориш шудааст,[2] аммо Заҳабӣ, таърихнигор аҳли суннат (ваф.748ҳ.қ.) навиштааст, дар ҳудуди соли 6 қамарӣ ба дунё омадааст.[3]

Ҳамчунин тибқи гузориши Шайхи Муфид дар ал-Иршод, ӯ фарзанди баъд аз Зайнаб (с) будааст,[4] аммо дар Сираи Ибни Исҳоқ, сиранависи қарни аввал ва дувуми қамарӣ, номи ӯ пеш аз номи Зайнаб зикр шудааст, вале тасреҳ нашудааст, ки ӯ калонтар будааст ё Зайнаб.[5]

Куняҳо ва лақабҳо

Шайхи Муфид номи Уммукулсумро Зайнаби Суғро ва куняашро Уммукулсум зикр кардааст.[6] Ба гузориши Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби «ал-Куно ва-л-алқоб», ин куняро Пайғамбар (с) ба хотири монандии Зайнаби Суғро ба духтараш Уммукулсум, ба ӯ дод.[7]

Сайид Муҳсини Амин, шарҳиҳолнигори шиъӣ (1284 - 1371ҳ.қ.) навиштааст, Имом Алӣ (а) се ё чор духтар ба ном ё куняи Уммукулсум доштааст:

  1. Уммукулсуми Кубро духтари Фотима (с);
  2. Уммукулсум ҳамсари Муслим ибни Ақил, ки эҳтимолан Уммукулсуми Вусто будааст;
  3. Уммукулсуми Суғро;
  4. Зайнаби Суғро, ки куняаш Уммукулсум будааст.[8]

Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст дутои охир як бошанд ё ин ки дуто бошанд ва Имом Алӣ (а) чор духтар ба ин ном ё куня дошта бошад.[9]

Ҳамсар ва фарзандон

Ба ривояти Ибни Саъд, муаррих ва сиранависи қарни дувум ва сеюми қамарӣ, Уммукулсум ибтидо бо Умар ибни Хаттоб, халифаи дувум издивоҷ кард. Баъд аз марги Умар, ҳамсари писарамакаш Авн ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб шуд. Баъд аз вафоти Авн, бо бародаршавҳараш Муҳаммад ва баъд аз фавти ӯ низ бо бародаршавҳри дигараш Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар издивоҷ кард, ки пеш аз ин, ҳамсари хоҳараш Зайнаб буд,[10] аммо Мақризӣ, муаррих ва сиранавис (766 - 845ҳ.қ.) гузориш кардааст, ки ӯ баъд аз Умар, ибтидо бо Муҳаммад ибни Ҷаъфар издивоҷ кард ва баъд аз марги ӯ, ба никоҳи Авн даромад ва замоне, ки ҳамсари ӯ буд, вафот кард.[11]

Ибни Саъд ва Ибни Асокир (таърихнигори қарни шашум), навиштаанд, Уммукулсум аз Умар соҳиби ду фарзанд ба номҳои Зайд ва Руқия шуд.[12]

Издивоҷ бо Умар ибни Хаттоб

Мақолаи аслӣ: Издивоҷи Уммукулсум бо Умар ибни Хаттоб

Моҷарои издивоҷи Уммукулсум бо Умар ибни Хаттоб, халифаи дувум, як масъалаи баҳсбарангез ва мавриди ихтилоф аст: бар асоси китобҳои таърихии шиа ва суннӣ, ҳамчун Таърихи Яъқубӣ ва Таърихи Табарӣ, ва ҳамчунин манобеи ҳадисии шиа ҳамчун Кофӣ ва Таҳзиб-ул-аҳком, Уммукулсум бо Умар издивоҷ кардааст.[13] Мирзоҷаводи Табрезӣ ва Сайид Алии Милонӣ бо баррасии ду ривояти мавҷуд дар китоби Кофӣ, онро саҳеҳ донистаанд.[14] Муҳаммадтақии Шуштарӣ, риҷолии шиаи қарни чордаҳум ва понздаҳуми қамарӣ низ ривоёти мавҷуд дар ин заминаро мутавотир дониста ва вуқуъи ин издивоҷро инкорнопазир шуморидааст.[15]

Бо вуҷуди ин, бархе аз олимони шиа, аз ҷумла Оятуллоҳ Маръашӣ[16] ва Муҳаммадҷавод Балоғӣ[17] ин издивоҷро напазируфтаанд. Оқобузурги Теҳронӣ номи китобҳое, ки ин издивоҷро инкор кардаанд, дар «ал-Зариъа» зикр кардааст.[18]

Ба ақидаи олимоне ҳамчун Сайиди Муртазо (355 - 436ҳ.қ.) ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф.548ҳ.қ.) ин издивоҷ сурат гирифтааст, аммо аз рӯи иҷбор ва тақия будааст.[19] Ривоёте низ вуҷуд дорад, ки ин суханро таъйид мекунад. Барои мисол дар китоби Кофӣ аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки Уммукулсум духтаре аст, ки аз мо ғасб шуд.[20] Дар ривояти дигаре аз ҳамин китоб, аз таҳдиди Умар барои қабули издивоҷ аз сӯи Имом Алӣ (а) сухан омадааст.[21]

Ҳузур дар Карбало

Дар манобеъ, аз ҳузури Уммукулсум дар воқеаи Карбало сухан омадааст. Барои мисол, Сайид ибни Товус (589 - 664ҳ.қ.) дар чанд ҷои мақталаш - Луҳуф, аз Уммукулсум ном бурдааст; аз ҷумла, нолаи ӯ ҳамроҳ бо Зайнаб, замоне, ки Имом Ҳусайн (а) ба онҳо гуфт, ки кушта мешавад,[22] суханрониаш дар Кӯфа ва сарзаниши кӯфиён[23] ва дархосташ аз Шимр дар Шом, мабнӣ бар ин ки онҳоро аз ҷое вориди Димишқ кунад, ки камтар дар маърази дид бошандро гузориш кардааст.[24] Ибни Тайфур, таърихнигори қарни сеюми қамарӣ ҳам навиштааст, ҳангоме, ки асирони Карбалоро вориди Кӯфа карданд, Уммукулсум дар ҷамъи мардуми ин шаҳр хутбае хонд ва мардуми Кӯфаро сарзаниш кард.[25] Албатта Сайид ибни Товус ин хутбаро аз қавли Зайнаб нақл кардааст.[26]

Бо вуҷуди ин, дар ин манобеъ тасреҳ нашудааст, ки ин Уммукулсум духтари Имом Алӣ (а) аз Фотима (с) аст. Дар муқобил, бархе тасреҳ кардаанд, Уммукулсуми ҳозир дар воқеаи Карбало яке дигар аз духтарони Имом Алӣ (а) аст, ки аз ҳазрати Фотима набудааст.[27] Сайид Муҳсини Амин ҳам навиштааст, маълум нест Уммукулсуме, ки бо Имом Ҳусайн дар Карбало ҳузур доштааст, кадом як аз духтарони Имом Алӣ (а) аст, аммо эҳтимоли бештар ин аст, ки ҳамсари Муслим ибни Ақил будааст.[28]

Вафот

Қабри Уммукулсум ва Сакина дар қабристони Боб-ус-сағири Сурия

Дар бораи замони вафоти Уммукулсум ва чигунагии он, суханони мухталифе гуфтаанд. Аз ҷумла навиштаанд, ӯ ва фарзандаш Зайд, ҳамзамон, бар асари беморӣ вафот карданд ва ин замоне буд, ки Уммукулсум ҳамсари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (ваф.80ҳ.қ.) буд.[29] Тибқи бархе манобеъ, ин ду дар замони Абдулмалик ибни Марвон (ҳукумат: 65 - 86ҳ.қ.) ва ба фармони ӯ, бо заҳр кушта шуданд ва Абдуллоҳ ибни Умар бар онҳо намози ҷаноза хонд,[30] аммо Сайид Муҳсини Амин замони вафоти ӯро қабл аз воқеаи Карбало ва пеш аз соли 54ҳ.қ., зикр кардааст.[31]

Макони дафн

Зариҳи Уммукулсум

Ба гузориши Ибни Батута, ҷаҳонгард ва сафарноманависи маъруфи қарни ҳаштуми қамарӣ, мазори Уммукулсум бинти Алӣ ибни Абутолиб (а) аз Фотима, дар як фарсахии шаҳри Димишқ аст.[32] Ёқути Ҳамавӣ (574 - 626ҳ.қ.) ҳам қабри Уммукулсумро дар Ровияи Димишқ гузориш кардааст.[33]

Аммо Ибни Асокир навиштааст, Уммукулсум дар Мадина фавтида ва дар қабристони Бақиъ дафн шудааст ва қабри мавҷуд дар Ровияи Димишқ мутааллиқ аст ба шахси дигаре ба ҳамин ном аз хонадони Пайғамбар (с).[34]

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.354; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1424ҳ.қ./2004м., ҷ.8, саҳ.338; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ./1992м., ҷ.4, саҳ.1954.
  2. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.464; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ./1992м., ҷ.4, саҳ.1954.
  3. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ./1985м., ҷ.3, саҳ.500.
  4. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.354.
  5. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1424ҳ.қ./2004м., ҷ.1, саҳ.274.
  6. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.354.
  7. Қумӣ, ал-Куно ва-л-алқоб, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.228.
  8. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.484 - 485.
  9. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.484 - 485.
  10. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ./1990м., ҷ.8, саҳ.338; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., 484 - 485.
  11. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ./1999м., ҷ.5, саҳ.370.
  12. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ./1995м., ҷ.19, саҳ.482; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ./1990м., ҷ.8, саҳ.338.
  13. Ниг.: Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.149 - 150; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Муассисатул-аъламӣ, 1413ҳ.қ./1992м., ҷ.4, саҳ.410; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.346; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.161; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
  14. Табрезӣ, ал-Анвор-ул-илоҳийя, 1422ҳ.қ., саҳ.123; Милонӣ, Муҳозирот фи-л-эътиқодот, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.659.
  15. Тастарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1428ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.216.
  16. Маръашии Наҷафӣ, Понавис дар Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.490.
  17. Ниг.: Оқобузурги Теҳронӣ, ал-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172.
  18. Оқобузурги Теҳронӣ, ал-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.257, ҷ.4, саҳ.172, ҷ.11, саҳ.146, ҷ.15, саҳ.223.
  19. Сайиди Муртазо, Расоил, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.149; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
  20. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.346.
  21. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.346.
  22. Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.82.
  23. Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.154 - 156.
  24. Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.174.
  25. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, Мактабат басиратӣ, саҳ.23 - 24.
  26. Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.146 - 148.
  27. Барӣ, ал-Ҷавҳарату фи насаб-ил-Имом Алӣ ва Олиҳӣ, 1414ҳ.қ./1993м., саҳ.45.
  28. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.484.
  29. Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, ал-Муниммақ, 1405ҳ.қ./1985м., саҳ.312.
  30. Санъонӣ, ал-Мусаннаф, 1403ҳ.қ./1983м., ҷ.6, саҳ.164.
  31. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.485.
  32. Ибни Батута, ар-Риҳла, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  33. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1399ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.20.
  34. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ./1995м., ҷ.2, саҳ.309 - 310.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Барӣ, Муҳаммад ибни Абубакр, ал-Ҷавҳарату фи насаб-ил-Имом Алӣ ва Олиҳӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, чопи дувум, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Ибни Абдулбарр, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дорул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Батута, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Риҳлату Ибни Батута, таҳқиқи Абдулҳодӣ Аттозӣ, ал-Работ, акодимиятул-мамлакатул-мағрибийя, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Исҳоқ, Муҳаммад, Сираи Ибни Исҳоқ, таҳқиқи Аҳмад Фарид ал-Мазидӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1424ҳ.қ./2004м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Тайфур, Абулфазл Аҳмад ибни Абутоҳир, Балоғот-ун-нисо, Қум, Мактабат Басиратӣ, бе то.
  • Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, Муҳаммад, ал-Мунаммақ фи ахбори Қурайш, таҳқиқи Хуршед Аҳмад Форуқ, Бейрут, Оламул-кутуб, чопи аввал, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, ал-Куно ва-л-алқоб, Теҳрон, китобхонаи Садр, чопи панҷум, 1368ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ал-Намисӣ, Бейрут, Дорул-кутуб, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайидшаҳобиддин, Понавис, дар Шуштарӣ, Нурулло, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, Қум, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Милонӣ, Сайидалӣ, Муҳозирот фи-л-эътиқодот, Қум, Марказул-абҳос, 1421ҳ.қ.
  • Мирзоҷаводи Табрезӣ, ал-Анвор-ул-илоҳийя фи масоил-ил-ақоидийя, беҷо, Дорус-Сиддиқат-иш-Шаҳида, 1422ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Луҳуф ала қатла-т-Туфуф, Теҳрон, Ҷаҳон, чопи аввал, 1348ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил ал-Шариф ал-Муртазо, Қум, Дорул-Қуръон, 1405ҳ.қ.
  • Санъонӣ, Абдурразоқ, ал-Мусаннаф, таҳқиқи Абдурраҳмон Аъзамӣ, ал-Маҷлисул-илмӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ (Таърих-ул-умами ва-л-мулук), Бейрут, муассисаи Иззуддин лил-табоъати ва-н-нашр, чопи дувум, 1413ҳ.қ./1992м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Олулбайт, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дору эҳёил-турос, 1399ҳ.қ./1979м.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1419ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.

Пайванд ба берун