Тақия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Такия)

Тақия (арабӣ: التقية) пинҳон доштани ақида ё анҷом додани коре бар хилофи ақидаи қалбӣ, дар баробари мухолифон, ба манзури иҷтиноб аз зарари динӣ ё дунявӣ аст. Шиаҳо дар пайравӣ ба усули тақия нисбат ба дигар пайравони мазҳабҳои исломӣ маъруфтаранд. Сабаби ин гароишро фишорҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ғ. донистаанд, дар тӯли таърих, ҳамвора аз сӯи мухолифон ба онон ворид мешудааст.

Тақия қисмҳое дорад ва фақеҳони шиа бар асоси оятҳои Қуръон ва ривоятҳои Имомон (а) барои он аҳкоми таклифӣ ва вазъӣ баён кардаанд. Ба эътиқоди онҳо, агар изҳори ақида назди мухолифон ба ҷону мол ва обрӯи шахс ё ашхоси дигар зиён расонад, ба ҳадде ки зарару зиён дафъ мешавад, тақия фарз аст. Тақия низ дар баъзе мавридҳо ва тибқи шартҳои муайян метавонад мустаҳаб, макруҳ, ҷоиз ва ҳаром бошад.

Гуфта мешавад, ки бештари фақеҳони аҳли суннат низ тақияро дар ҷое, ки тарс аз талафоти ҷонӣ ва ҳатто молӣ вуҷуд дошта бошад, ба қадри дафъи зарар, ҷоиз медонанд. Аз мобайни мазҳабҳои исломӣ, зайдия ва ваҳҳобият зидди тақия мебошанд.

Мафҳумшиносӣ

Тақия, пинҳон кардани ҳақ ва пӯшондани эътиқод ба он дар баробари мухолифон, ба манзури иҷтиноб аз зарари динӣ ё дунявӣ аст.[1] Ба баёни дигар, ҳифзи худ ё дигарон аз садама ё зарар аз ҷониби шахси дигаре, аз тариқи ҳамсӯӣ бо ӯ дар гуфтор ё рафтор аст.[2]

Тақия дар луғат аз модаи «вақо» ва ба маънои ҳифз кардан, нигоҳ доштан ва пинҳон намудан барои дар амон мондан аз озору азият аст.[3]

Ҷойгоҳ

Тақия аз мавзуъоте аст, ки дар илми фиқҳ баррасӣ шуда ва дар абвоби фиқҳии таҳорат, салот, савм, ҳаҷ ва амри ба маъруфу наҳй аз мункар аз он, ба муносибат сухан рафтааст.[4] Дар китобҳои марбут ба қавоиди фиқҳӣ, ба унвони як қоида аз он ёд шуда ва бархе фуқаҳо рисолаҳои ҷудогонае дар он нигоштаанд.[5]

Бо он ки лафзи тақия дар Қуръон наёмадааст, олимони мусулмон муътақиданд, бархе аз оёт[6] ба муҳтавои он ишора доранд ва барои исботи машруъияти тақия, ба онҳо истинод мекунанд.[7] Дар манобеи ривоии шиа, ривоёти зиёде аз имомони маъсум (а) дар бораи тақия нақл шудааст.[8] Кулайнӣ, муҳаддиси шиа (ваф. 329ҳ.қ.), дар китоби ал-Кофӣ бахшеро бо унвони «Боби ал-тақия» ба ривоёти тақия ихтисос дода ва 23 ривоят гирд овардааст.[9] Ҳурри Омилӣ ҳам дар Васоил-уш-шиа дар дувоздаҳ боб, 146 ривоят марбут ба аҳкоми мухталифи тақия гирдоварӣ кардааст.[10] Ҳамчунин дар бархе аз манобеи ривоии аҳли суннат, ба сурати пароканда, ривоёте дар бораи тақия нақл шудааст.[11]

Тақия дар мазҳаби шиа

Гуфта мешавад тақия аз эътиқодоти каломӣ ва фиқҳии шиа ва яке аз муҳимтарин сабабҳое аст, ки шиаён ба васила он тавонистаанд ба ҳифзи мактаб ва ақоидашон дар тӯли таърих кумак кунанд.[12] Ба шаҳодати манобеи таърихӣ, мазҳаби ташайюъ дар тӯли ҳаёти худ, аз ҷанбаҳои гуногуни иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ сахт дар тангно будааст; ба тавре ки ҳамвора дар тӯли таърих, ибрози ақида дар миёни мухолифон, зарарҳо ва хасоротҳои ҷонӣ ва молии фаровоне барои онон ба дунбол доштааст. Аз ҳамин рӯ, имомони шиа барои ҳифзи ҷони худ ва шиаён ва пешгирӣ аз парокандагӣ ва измиҳлоли ҷомеъаи шиа, тақияро лозим медонистанд.[13]

Дар бархе манобеи ривоии шиа, ривоёте бо таъбирҳое ҳамчун «ло дина лиман ло тақията лаҳу; касе ки тақия надорад дин надорад» нақл шудааст,[14] ки баёнкунандаи аҳамияти тақия назди имомони маъсум (а) ва пайравони онон аст.[15]

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ - марҷаъи тақлиди шиа, тақия фақат дар мазҳаби ташайюъ нест.[16] Ӯ бар ин бовар аст, ки ҳар фард ё ақаллияте дар ҳар давраи таърихие ё ҳар ҷои олам, ки ба мухолифон ва душманони мутаассиб мубтало бошад, ба гунае ки ошкор кардани ақида, зарарҳои ҷонӣ ё молӣ барои худаш ё атрофиёнаш дошта бошад ва ин изҳори ақида, аҳамияташ камтар аз ҳифзи ҷону мол бошад, ба ҳукми фитрат даст ба тақия ва катмони ақида мезанад.[17]

Дар бархе ривоёт, ки аз имомони шиа (а) нақл шудааст, амал ба тақия ба баъзе аз анбиёи Илоҳӣ, пеш аз Пайғамбари Ислом (с) монанди Шис,[18] Иброҳим,[19] Юсуф[20] ва ҳамчунин ба асҳоби Каҳф[21] нисбат дода шудааст.

Шаҳиди Аввал, аз фақеҳони шиа дар қарни ҳаштуми қамарӣ, аҳодиси нақлшуда аз имомони маъсум (а)-ро саршор аз баёноти тақияӣ дониста ва тақияро аз муҳимтарин авомили ихтилофи аҳодис баршумурдааст.[22] Аз ин рӯ, гуфта мешавад фаҳми мавориди тақия дар ривоёт, нақши басазое дар истинботи дақиқтари аҳком ва масоили шаръӣ дорад.[23]

Ақсоми тақия

Тақияро аз лиҳози ангеза ва ҳадафи тақиякунанда, ба ду навъ тақсим мекунанд:[24]

  • Тақияи хавфӣ: тақия кардан дар баробари мухолифон, дар ҷое ки тарси ворид омадани зарари ҷонӣ, молӣ ё обрӯӣ вуҷуд дорад.[25] [Ёддошт 1] Тақияи хавфӣ низ ё икроҳе (иҷборе) аст, ки дар он, шахсро бо таҳдид маҷбур мекунанд, ки чизе бар хилофи эътиқодоташ, монанди куфр, бар забон ҷорӣ кунад[26] ё катмоне аст, ки дар он, шахс барои ҳифзи ҷони худ ё атрофиёнаш маҷбур мешавад, эътиқодашро пинҳон кунад.[27] Тақияи Аммори Ёсир дар баробари мушрикони Қурайш барои наҷоти ҷонашро аз навъи тақияи икроҳӣ[28] ва тақияи муъмини оли фиръавн дар баробари фиръавниён ва тақияи асҳоби Каҳф, ки барои наҷоти ҷонашон, ақоидашонро пинҳон кардандро аз намунаҳои тақияи китмонӣ баршумурдаанд.[29]
  • Тақияи мудоротӣ: ин навъ тақия, ки ба он тақияи таҳбибӣ низ гуфта мешавад,[30] ба маънои пинҳон кардани ақоид барои масолеҳе ҳамчун ҳифзи ваҳдат, ҷалби муҳаббату дӯстӣ ва дафъи кинаю душманӣ ва ба таври куллӣ умуре аст, ки аҳамияташон бештар аз изҳори ақоид аст.[31] Бархе фақеҳони шиа, бо истинод ба ривоёте аз имомони маъсум (а)[32] ширкат кардан дар маҷолиси аҳли суннат (на ба ҷиҳати ҳифзи ҷон) монанди ширкат дар намози ҷамоат бо онон (ба вижа дар мавсими ҳаҷ), аёдат кардан аз беморонашон, ширкат дар маросими ташйиъи ҷанозаи онон ва умури иҷтимоии аз ин қабилро ки муҷиби ҳифзи ваҳдат, ҳифзи шавкат ва иззати мусулмонон, рафъи кудуратҳову бадгумониҳо мешавад, намунаҳое аз тақияи мудоротӣ ё таҳбибӣ донистаанд.[33]

Барои тақия, тақсимоти дигаре зикр шудааст.[34] Имом Хумайнӣ ба эътибори «шахси тақиякунанда», «шахсе, ки дар муқобили ӯ тақия мешавад» ва «мавзуи тақия», тақсимоте барои тақия зикр кардааст.[35]

Бархе низ тақияро бар асоси мавқеъият ва шароити тақиякунанда, ба се навъи тақияи сиёсӣ (тақия дар баробари қудратҳои сиёсии ҳоким), тақияи фиқҳӣ (тақия дар баёни аҳком) ва тақияи иҷтимоӣ (тақия дар баробари мардум дар иҷтимоъ ва муошират бо онон) тақсим кардаанд.[36]

Аҳком

Фақеҳони шиа бо истинод ба далелҳое монанди Қуръон ва суннат, аҳкоме барои тақия зикр кардаанд, ки ба баёни зер аст:

Ҳукми таклифӣ

Тақия бар асоси ҳукми таклифии он ба панҷ даста тақсим мешавад:[37]

  • Тақияи воҷиб: аз назари фуқаҳои шиа агар изҳори ақида назди мухолифон барои ҷон, мол ва обрӯи шахс ё афроди дигар зарар дорад ва шахс ба ҳусули ин зарар илм ё ҳатто гумон дорад, ба андозае, ки зарар дафъ мешавад, тақия воҷиб аст.[38] Меъёр дар тақияи воҷиб ин аст, ки чизе ки ба василаи тақия ҳифз мешавад, ҳифзи он воҷиб ва зоеъ карданаш ҳаром бошад.[39]
  • Тақияи мустаҳаб: ҷое аст, ки тарки тақия муҷиби ворид омадани зарари фаврӣ намешавад, аммо тарси он вуҷуд дорад, ки дар оянда ва ба тадриҷ зараре ҳосил шавад.[40] Аз назари бархе фуқаҳои шиа, тақияи мудоротӣ аз масодиқи тақияи мустаҳаб аст.[41] Шайх Ансорӣ (ваф. 1281ҳ.қ.) тақияи мустаҳабиро фақат шомили мавориде донистааст, ки дар ривоёт ба он тасреҳ шудааст; монанди муошират бо аҳли суннат, аёдат аз беморонашон, намоз хондан дар масҷид ва ширкат дар ташйиъи ҷанозаи онон. Ба фатвои ӯ, соири умуре, ки хориҷ аз маҳдудаи ривоёт аст, монанди мазаммати бузургони шиа ҷиҳати эҷоди дӯстӣ бо онҳо ва корҳое аз ин қабил ҷоиз нест.[42]
  • Тақияи макруҳ: тақияе аст, ки тарки он ва таҳаммули зарар, беҳтар аз анҷоми он аст.[43] Ба гуфтаи Шаҳиди Аввал, тақияи макруҳ, тақия дар кори мустаҳабие аст, ки анҷоми он на дорои зарари фаврӣ аст ва на дар оянда, зараре бар он мутараттиб мешавад.[44]
  • Тақияи мубоҳ: тақияе аст, ки анҷом ва тарки он бо якдигар фарқе надоранд.[45] Ба гуфтаи Шайхи Ансорӣ, тақияе аст, ки бо он зараре дафъ мешавад, ки буду набуди он зарар, аз назари шореъ баробар аст.[46]
  • Тақияи ҳаром: дар ҷое аст, ки тарки тақия ҳеҷ зараре (на зарари фаврӣ ва на зараре дар оянда) дар пай надошта бошад.[47] Бархе намунаҳои тақияи ҳаром, аз манзари фақеҳони шиа, иборат аст аз:[48]
  1. Ҷое, ки тақия муҷиби фасод дар дин ва ворид шудани бидъат дар он шавад;[49]
  2. Бино ба дидгоҳи машҳури фуқаҳои шиа,[50] ҷое, ки муҷиби рехтани хуни дигарон шавад; монанди замоне, ки шахсеро маҷбур кунанд муъминеро бикушад, вагарна худаш кушта мешавад. Дар ин сурат куштани он шахс ба баҳонаи тақия ва ҳифзи ҷони худ, ҷоиз нест.[51]

Ҳукми вазъӣ

Аз ҷумлаи масоиле, ки фуқаҳо дар бораи ҳукми вазъии тақия баррасӣ кардаанд, ин аст, ки оё агар ибодате аз рӯи тақия анҷом шавад, пас аз хориҷ шудан аз мавқеъияти тақия, он амал бояд дубора ба ҷо оварда шавад.[52] Барои мисол амал ба такаттуф (дастбаста намоз хонданд)[53] назди аҳли суннат мустаҳаб ва назди шиа ҷоиз нест.[54] Агар мукаллаф, аз рӯи тақия, дар намозаш чунин амал кунад, оё дар ғайри ҳолати тақия бояд он намозро дубора бихонад?[55]

Бино ба дидгоҳи фуқаҳои шиа бо амали тақияӣ, дастури шореъ анҷом шудааст ва дигар ниёзе ба иъодаи он нест.[56] Албатта Муҳаққиқи Каракӣ, фақеҳи шиа дар қарни даҳуми қамарӣ, муътақид аст, фақат он даста аз аъмоле ниёз нест дубора ба ҷо оварда шаванд, ки дар ривоёти тақия, сароҳатан номашон омадааст; монанди намоз бо такаттуф ё шустан пойҳо дар вузӯъ.[57]

Далелҳо ва мустанадот

Фуқаҳои шиа барои исботи ҷавози тақия, ба адиллаи арбаъа, яъне Қуръон, ривоёт, иҷмоъ ва ақл истинод кардаанд:

Қуръон

Муҳимтарин ояте, ки фуқаҳо барои ҷавози тақия ба он истинод кардаанд, ояти 106 сураи Наҳл аст.[58] Дар ин оя омадааст:

Онҳо ки пас аз Ислом овардан, ба Худо кофир шаванд ва бо майлу рағбат, бединиро ба оғӯш бигиранд, ба хашми Худо гирифтор ва азоби шадиде насибашон мешавад, аммо хашм ва азоби Илоҳӣ ба касоне намерасад, ки дилашон пур аз имон бошад, вале зери фишори шиканҷа маҷбурашон кунанд, ки ба забон чизе бигӯянд.

Бисёре аз муфассирони шиа ва аҳли суннат дар бораи шаъни нузули ин оят гуфтаанд, дар бораи Аммор ибни Ёсир нозил шудааст.[59] Аммор ибни Ёсир зери шиканҷаи мушрикон маҷбур шуд калимоте дар бароъат аз Ислому Пайғамбар (с) бар забон ҷорӣ кунад. Иддае гумон карданд, ки Аммор кофир шудааст. Вақте достони Аммор ба Пайғамбар (а) расид, фармуд, Аммор аз сар то по саршор аз имон аст ва тавҳид бо гӯшту хуни ӯ даромехтааст. Пас аз он ки Аммор гирён ба сӯи Пайғамбар омад, Пайғамбар ӯро тасаллӣ дод ва ба ӯ супориш кард, ки агар бори дигар дар тангно қарор гирифт, дубора метавонад изҳори бароъат кунад.[60]

Фуқаҳо ҳамчунин барои исботи ҷавози тақия, ба ояти 28 сураи Ғофир ва ояти 28 сураи Оли Имрон истинод кардаанд.[61]

Ривоёт

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадсодиқи Рӯҳонӣ ва Носир Макорими Шерозӣ ривоёте, ки бар ҷавози амал ба тақия далолат мекунанд, мутавотир ҳастанд.[62] Ин ривоёт ба чанд дастаи зер тақсим шудаанд:

  • Ривоёте, ки далолат мекунанд бар ин ки тақия сипари муъмин ва муҳофизи ӯст;[63]
  • Ривоёте, ки бо таъбирҳое чун «ло дина ли ман ло тақията лаҳу; касе ки тақия надорад, дин надорад», ворид шудааст;[64]
  • Ривоёте, ки дар он тақия аз бузургтарин фароиз ва маҳбубтарин чизҳо назди Худованд ва авлиёаш дониста шудааст;[65]
  • Ривоёте, ки ҳокӣ аз он аст, ки бархе аз анбиёи Илоҳии гузашта низ ба тақия амал мекардаанд.[66]

Илова бар ин ривоёт, фуқаҳо аз ривоёте, монанди ривоёти ло зарар, ривоёти бароат ва сабб (ривоёте, ки дар ҷавози изҳори бароат ва сабби нисбат ба Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) барои тақия ва ҳифзи ҷон ворид шуда) ва ҳадиси рафъ барои исботи машруъият ва ҷавози амал ба тақия истифода кардаанд.[67]

Иҷмоъ

Муҳаққиқи Каракаӣ гуфтааст фақеҳони шиа, дар ҷавози амал ба тақия, иҷмоъ доранд.[68]

Ақл

Истиноди фақеҳон ба далели ақлӣ ба ин шакл аст, ки тақия аз мавориди муқаддам доштани феъли муҳимтар бар феъли муҳим аст.[69] Муқаддам кардани муҳимтар бар муҳим, ақлан лозим аст; ба ин баён, ки ҳаргоҳ мукаллаф дар як замон, ду таклиф дошта бошад ва ҳамзамон натавонад ҳардуро анҷом диҳад, ба ҳукми ақл, амалеро бояд анҷом диҳад, ки аҳамият ва маслиҳати бештаре дорад.[70] Дафъи зарар ва ҳифзи ҷон аз таколифе аст, ки ақлан бар умуре ҳамчун изҳори ақида руҷҳон дорад. Пас тақия дар ҷиҳати дафъи зарар ва ҳифзи ҷон ақлан воҷиб аст.[71]

Робитаи тақия бо таврия

Таврия ба ин маъност, ки гӯянда аз гуфтани як лафз, маъное ирода кунад, ки агарчи мутобиқи воқеъ аст, ҳадафаш аз гуфтани он лафз ин аст, ки шунаванда хилофи он маъноро бифаҳмад.[72] Гоҳе тақия дар қолаби таврия анҷом мешавад ва гуфта мешавад ин беҳтарин навъи тақия аст ва то ҷое ки имкон дорад, тақиякунанда беҳтар аст таврия кунад.[73]

Барои намуна дар достони бародарони ҳазрати Юсуф, ки барои гирифтани гандум назди ӯ омада буданд, мутобиқи оёти Қуръон, вақте Юсуф борашонро баст, барои он ки бародараш Бинёминро назди худаш нигаҳ дорад, ҷоми салтанатиро махфиёна дар бори ӯ гузошт ва ба сухангӯяш гуфт фарёд бизанад, ки шумо корвониён, дузд ҳастед. Тибқи бархе ривоёт ва бар ҳамин асос, ба бовари муфассирон, Юсуф дар ин ҷо барои расидан ба маслиҳате, тақия кард ва даст ба таврия зад; ба ин маъно, ки мақсуди ӯ ин набуд, ки паймонаро дуздидаед, балки ин буд, ки шумо бародарон, Юсуфро аз падараш дуздида ва ба чоҳ андохтаед.[74]

Дидгоҳи аҳли суннат

Дар китоби ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-кувайтия (Мавсуъае дар мавзӯи фиқҳи аҳли суннат дар 45 муҷаллад) чунин омадааст, ки аз назари аксари олимони аҳли суннат, дар мавоқеъи зарурат; яъне дар ҷое ки хавф аз кушта шудану озору азият ва ба таври куллӣ зарари зиёд вуҷуд дошта бошад, ба миқдори дафъи зарар, тақия ҷоиз аст.[75]

Онҳо барои исботи ҷавоз ва машруъияти тақия илова бар оёте ҳамчун ояти 28 сураи Оли Имрон ва ояти 106 сураи Наҳл[76] ба ривоёт низ истинод кардаанд.[77]

Мазоҳиби исломии зидди тақия

Аз байни мазоҳиби аҳли суннат, ваҳҳобиён аз мухолифон ва мунтақидони амал ба тақияанд ва шиаёнро ба сабаби қабули тақия ва амал ба он, сарзаниш мекунанд.[78] Аз мазоҳиби шиа ҳам гуфта мешавад фирқаи зайдия зидди тақия аст.[79]

Яке аз ишколоти Ибни Таймия ва ба пайравӣ аз ӯ, ваҳҳобиён ба тақия ин аст, ки тақия навъе дурӯғгӯӣ ва нифоқ аст.[80] Дар ҷавоби ин ашкол гуфтаанд, ки маънои тақия комилан мутазод бо маънои нифоқ аст; чароки нифоқ пинҳон кардани куфру ботил ва изҳори имон аст, дар ҳоле ки тақия пинҳон кардани имон ва изҳор кардани куфр аст.[81]

Такнигорӣ

Рисола ва китобҳое ба шакли ҷудогона, дар мавзӯи тақия ба нигориш даромадааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Рисолатун фӣ-т-тақия: асаре мухтасар аз Муҳаққиқи Каракӣ аст, дар бораи ҳукми фиқҳии тақия, ки дар китобе бо унвони Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ тадвин шудааст. Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ, се ҷилд дорад ва рисолаи тақия дар ҷилди дувуми он чоп шудааст.[82]
  • Рисолатун фӣ-т-тақия: навиштаи Шайхи Ансорӣ дар бораи ҳукми фиқҳии тақия аст. Ин рисола ҳамроҳи чанд рисолаи дигар аз Шайх Ансорӣ дар китобе бо унвони Расоил фиқҳия ба чоп расидааст.[83]
  • Ат-Тақия: рисолае дар баёни аҳкоми фиқҳии тақия ба қалами Имом Хумайнӣ аст. Нависандаи ин рисоларо пас аз тадриси он, дар соли 1373 ҳиҷрии қамарӣ, таҳрир кардааст.[84] Ин рисола ҳамроҳи чанд рисолаи дигар дар китобе бо унвони ар-Расоил-ул-ашара дар як ҷилд чоп шудааст.[85]
  • Тақия аз дидгоҳи мазоҳиб ва фирқаҳои исломии ғайришиъӣ: ин китоб навиштаи Сомир Ҳошим ал-Амидӣ ба забони арабӣ будааст, ки ба дасти Муҳаммадсодиқи Ориф ба форсӣ тарҷума шудааст. Дар он, дидгоҳҳои фақеҳони машҳури мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат дар бораи тақия баррасӣ шудааст. Нависандаи китоб бар ин бовар аст, ки фақеҳони аҳли суннат низ тақияро ҷоиз дониста ва барои ҷавози он ба адиллае аз Қуръону суннат истинод кардаанд.[86]
  • Тақия, сипаре барои муборизаи амиқтар: ин китобро Носир Макорими Шерозӣ навиштааст. Меҳварҳои ин асар иборатанд аз: баррасии абъоди фиқҳӣ ва ахлоқии тақия ва посух ба пурсишҳо ва шубаҳоти мавҷуд, баёни маънои луғавӣ ва истилоҳии тақия, собиқаи он дар соири макотиби башарӣ ва сираи анбиёи Илоҳӣ, ҳадаф аз тақия ва абъоди қуръонӣ, ривоӣ, каломӣ, ахлоқӣ ва фиқҳии он, ва посух ба суолоти мутадовил дар ин замина.

Эзоҳ

  1. Шайхи Муфид, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот-ил-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.137.
  2. Шайх Ансорӣ, Масоил фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.71.
  3. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи «вақо».
  4. Доиратулмаорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.585.
  5. Барои намуна ниг.: Буҷнурдӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1377ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.49; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.386; Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108.
  6. Барои намуна ниг.: сураи Наҳл, ояти 106; сураи Ғофир, ояти 28.
  7. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.203; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.153.
  8. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, 548 - 560; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.203 - 254.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, 548 - 560.
  10. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.203 - 254.
  11. Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.19; Ҳайсамӣ, Кашф-ул-истор, 1399ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.94; Ҳабиб ал-Амидӣ, Тақия аз дидгоҳи мазоҳиб ва фирқаҳои исломии ғайри шиъӣ, тарҷумаи Муҳаммадсодиқи Ориф, 1377ҳ.ш., саҳ.72 - 77.
  12. Султонии Ранонӣ, “Имом Содиқ (а) ва масъалаи тақия”, саҳ.29.
  13. Барои намуна ниг.: Ибни Абилҳадид, шарҳи Наҳҷулбалоға, мактабат Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, ҷ.11, саҳ.43 - 47; Субҳонӣ, ат-Тақия; мафҳумҳо, ҳадҳо, далелҳо, 1430ҳ.қ., саҳ.24 - 44; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.407 - 408.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.204 - 206.
  15. Субҳонӣ, ат-Тақия; мафҳумҳо, ҳадҳо ва далелҳо, саҳ.76.
  16. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.388.
  17. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.388.
  18. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.75, саҳ.419.
  19. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.208.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.238.
  21. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.75, саҳ.429 ва ҷ.14, саҳ.425 - 426.
  22. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157.
  23. Тоҳирии Исфаҳонӣ, ал-Муҳозирот (тақрироти усули Оятуллоҳ Сайидмуҳаммад Муҳаққиқи Домод), 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.119.
  24. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.410.
  25. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.236; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.377.
  26. Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.394.
  27. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.236; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.492.
  28. Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, 395.
  29. Макорими Шерозӣ, Достони ёрон (маҷмӯаи баҳсҳои тафсирии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.61 - 65.
  30. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.410.
  31. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.236; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.410.
  32. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.555; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.430.
  33. Имом Хумайнӣ, ар-Расоил-ул-ашара, 1420ҳ.қ., саҳ.56 - 57; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.453; Макорими Шерозӣ, Достони ёрон (маҷмӯаи баҳсҳои тафсирии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.56 - 57.
  34. Барои намуна ниг.: Имом Хумайнӣ, ар-Расоил-ул-ашара, 1420ҳ.қ., саҳ.7 - 10; Фозили Ҳарандӣ, «Тақияи сиёсӣ», саҳ.98.
  35. Имом Хумайнӣ, ар-Расоил-ул-ашара, 1420ҳ.қ., саҳ.7 - 10.
  36. Султонии Ранонӣ, “Имом Содиқ (а) ва масъалаи тақия”, саҳ.35.
  37. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.118; Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157; Шайх Ансорӣ, Расоил-ул-фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.73 - 74; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.389.
  38. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.435; Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157; Шайх Ансорӣ, Расоил-ул-фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.73 - 74; Субҳонӣ, ат-Тақия; мафҳумҳо, ҳадҳо, далелҳо, 1430ҳ.қ., саҳ.67.
  39. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.411; Макорими Шерозӣ, Тақия ва ҳифзи неруҳо, тарҷумаи Сайид Муҳаммадҷавод Банисаиди Лангрудӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.94.
  40. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157; Шайх Ансорӣ, Расоил-ул-фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.73 - 74.
  41. Шайх Ансорӣ, Расоил фиқҳия, 1414ҳ.қ.,; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.451 - 452.
  42. Шайх Ансорӣ, Расоил-ул-фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.75.
  43. Шайх Ансорӣ, Расоил-ул-фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.75.
  44. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157.
  45. Макорими Шерозӣ, Тақия ва ҳифзи неруҳо, тарҷумаи Сайид Муҳаммадҷавод Банисаиди Лангрудӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.37.
  46. Шайх Ансорӣ, Расоил-ул-фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.75.
  47. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, мактабатул-Муфид, ҷ.2, саҳ.157.
  48. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.415.
  49. Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.407 - 409; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.415; Субҳонӣ, ат-Тақия; мафҳумҳо, ҳадҳо, далелҳо, 1430ҳ.қ., саҳ.67; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.216.
  50. Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.405.
  51. Хумайнӣ, ар-Расоил-ул-ашара, 1420ҳ.қ., саҳ.20 - 21; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.419; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.557.
  52. Шайх Ансорӣ, Расоил фиқҳия, 1414ҳ.қ.; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.426.
  53. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, ҷ.2, саҳ.598.
  54. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.15.
  55. Барои намуна ниг.: Шайх Ансорӣ, Расоил фиқҳия, 1414ҳ.қ.,
  56. Шайх Ансорӣ, Расоил фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.77; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.429; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.444.
  57. Муҳаққиқи Каракӣ, Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ, мактабату Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, ҷ.2, саҳ.52.
  58. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.392; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.396.
  59. Барои намуна ниг.: Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.6, саҳ.428; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.203; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.358; Қуртубӣ, Тафсир-ул-Қуртубӣ, 1384ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.180; Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим (Ибни Касир), 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.520; Байзовӣ, Тафсир-ул-Байзовӣ (Анвор-ут-танзил ва асрор-ит-таъвил), 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.422.
  60. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.6, саҳ.428; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.203; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.358; Қуртубӣ, тафсир ал-Қуртубӣ, 1384ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.180; Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим (Ибни Касир), 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.520; Байзовӣ, Тафсир-ул-Байзовӣ (Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил), 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.422.
  61. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.394; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.397.
  62. Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.399; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  63. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.88; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  64. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.210; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.398.
  65. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.206 - 208; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399.
  66. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.208 - 210; Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.401.
  67. Барои намуна ниг.: Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, ҷ.11, 1413ҳ.қ., саҳ.399 - 405.
  68. Муҳаққиқи Каракӣ, Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ, мактабат Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, ҷ.2, саҳ.51.
  69. Макорими Шерозӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.388.
  70. Садр, Дурусун фӣ илм-ил-усул, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.234.
  71. Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-Илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.377.
  72. Шайх Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17.
  73. Гулистонаи Исфаҳонӣ, Манҳаҷ-ул-яқин, 1388ҳ.ш., саҳ.83.
  74. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.355; Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.217; Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1363ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.223; Макорими Шерозӣ, Тақия ва ҳифзи неруҳо, тарҷумаи Сайид Муҳаммадҷавод Банисаиди Лангрудӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.68.
  75. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-кувайтия, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.186 - 187.
  76. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-кувайтия, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.186 - 187.
  77. Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.19; Ҳайсамӣ, Кашф-ул-истор, 1399ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.94; Ҳабиб ал-Амидӣ, Тақия аз дидгоҳи мазоҳиб ва фирқаҳои исломии ғайри шиъӣ, тарҷумаи Муҳаммадсодиқи Ориф, 1377ҳ.ш., саҳ.72 - 77.
  78. Нурӣ, «Нақди дидгоҳи Ибни Таймия дар боби тақия», саҳ.149.
  79. Машкур, Мудир Шоначӣ, Фарҳанги фирақи исломӣ, остони қудси Разавӣ, саҳ.218.
  80. Барои намуна ниг.: Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68 ва ҷ.2, саҳ.46; ал-Қифорӣ, Усул-ул-мазҳаб-иш-шиъат-ил-исно-л-ъашария (арз ва нақд), 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.819; Илоҳии Заҳир ал-Бокистонӣ, аш-Шиъату ва-т-ташайюъ, 1415ҳ.қ., саҳ.88.
  81. Субҳонӣ, ат-Тақия; мафҳумҳо, ҳадҳо ва далелҳо, саҳ.74.
  82. Муҳаққиқи Каракӣ, Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ, мактабат Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, ҷ.2, саҳ.49.
  83. Шайх Ансорӣ, Расоил фиқҳия, 1414ҳ.қ., саҳ.71.
  84. Имом Хумайнӣ, ар-Расоил-ул-ашара, 1420ҳ.қ., саҳ.1.
  85. Имом Хумайнӣ, ар-Расоил-ул-ашара, 1420ҳ.қ., саҳ.7.
  86. Ҳабиб ал-Амидӣ, Тақия аз дидгоҳи мазоҳиб ва фирқаҳои исломии ғайри шиъӣ, тарҷумаи Муҳаммадсодиқи Ориф, 1377ҳ.ш., саҳ.12 - 13.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ал-Қифорӣ, Носир ибни Абдуллоҳ, Усул-ул-мазҳаб-иш-шиъат-ил-исноъашария (арз ва нақд), Арабистони Саъудӣ, Дорулнашр, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Тафсир-ул-Байзовӣ (Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил), Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Димишқ, Дорутавқиннаҷот, 1422ҳ.қ.
  • Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим (Ибни Касир), Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорулсодир, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Тақиюддин Абулъаббос, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фӣ нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, Арабистони Саъудӣ, ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломия, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Илоҳӣ Зуҳайр ал-Бокистонӣ, Эҳсон, аш-Шиъату ва-т-ташайюъ, Лоҳур, идораи тарҷумони алсуннат, 1415ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1415ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорулҳадис, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Шамсиддин, Тафсир-ул-Қуртубӣ, Қоҳира, Дорулкутубил-мисрия, 1384ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Қавоъид-ул-фиқҳия, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи сеюм, 1370ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Достони ёрон (маҷмӯаи баҳсҳои тафсирии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Макорими Шерозӣ), Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1390ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Тақия ва ҳифзи неруҳо, тарҷумаи Сайид Муҳаммадҷавод Банисаиди Лангрудӣ, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1394ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатулвафо, 1403ҳ.қ.
  • Машкур, Муҳаммадҷавод ва Козими Мудиршоначӣ, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, интишороти остони қудси Разавӣ, бе то.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Нуриддини Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фӣ шарҳ-ил-қавоъид, Қум, китобхонаи Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Нурӣ, Сайидҳусайн, «Нақди дидгоҳи Ибни Таймия дар боби тақия», дар пажуҳишномаи калом, шумораи 10, баҳор ва тобистони 1398ҳ.ш.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ, Қум, интишороти Дорулфикр, 1413ҳ.қ.
  • Садр, Сайид Муҳаммад, Моваро-ул-фиқҳ, беҷо, алмуҳиббин литтабоъати ваннашр, 1406ҳ.қ.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Дурусун фӣ илми-л-усул, Қум, интишороти Дорулсодир, 1429ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ат-Тақия; мафҳумҳо, ҳадҳо, далелҳо, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1430ҳ.қ.
  • Султонии Ранонӣ, Маҳдӣ, “Имом Содиқ (а) ва масъалаи тақия”, дар фарҳанги Кавсар, шумораи 58, соли 1383ҳ.ш.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, Қоҳира, мактабат Ибни Таймия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, муассисатул-оламӣ лилматбуъот, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, Қум, бунёди илмӣ ва фикрии Аллома Таботабоӣ, 1363ҳ.ш.
  • Тоҳирии Исфаҳонӣ, Сайидҷалолиддин, ал-Муҳозирот (тақрироти усули Оятуллоҳ Сайид Муҳаммад Муҳаққиқи Домод), Исфаҳон, интишороти муборак, 1382ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомиъ-ул-Илоҳия, Қум, дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
  • Ҳабиб ал-Амидӣ, Сомир Ҳошим, Тақия аз дидгоҳи мазоҳиб ва фирқаҳои исломии ғайри шиъӣ, тарҷумаи Муҳаммадсодиқ Ориф, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Ҳайсамӣ, Нуриддин Алӣ ибни Абибакр, Кашф-ул-истор, Бейрут, муассисатур-рисолат, чопи аввал, 1399ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Расоил фиқҳия, Қум, интишороти Боқирӣ, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот, Қум, алмуътамарул-оламӣ лиалфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот-ил-имомия, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, Қум, мактабатул-Муфид, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found