Мунофиқ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Нифоқ)

Мунофиқ ба арабӣ مُنافِق шахсе ки дар дил, дини Исломро напазируфта, вале дар зоҳир худро мӯъмин нишон медиҳад. Масъалаи нифоқ баъд аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) ва қудрат гирифтани ӯ дар Мадина матраҳ шуд. Дар ин давра, касоне мухолифи Ислом буданд, аммо наметавонистанд ошкоро бо он мухолифат кунанд, ба ҳамин далел дар зоҳир худро мусулмон меномиданд.

Нифоқ аз мафоҳими пуркорбурд дар Қуръон аст ва сураи Мунофиқун низ ба баррасии вижагиҳо ва муаррифии мунофиқон пардохтааст. Дурӯғгӯӣ, бадгумонӣ, худбузургбинӣ, тамасхури ҳақ ва анҷоми гуноҳу фисқ аз вижагиҳое аст, ки Қуръон барои мунофиқон баршумурдааст.

Абдуллоҳ ибни Убай, Абдуллоҳ ибни Уяйна ва асҳоби ақаба дар зумраи мунофиқони машҳур шуморида шудаанд. Бино бар гузоришҳои торихӣ, Пайғамбар (с) бо мунофиқон мудоро мекард ва ба сурати ғайримустақим иқдомоташонро беасар мекард. Масҷиди Зирор, ки пойгоҳи бахше аз мунофиқони Мадина шуда буд, ба дастури Пайғамбар (с) тахриб шуд.

Тибқи ояти 145 сураи Нисо ҷойгоҳи мунофиқон дар поинтарин дараҷаи ҷаҳаннам аст ва муфассирон бо истинод ба ин оят, нифоқро аз куфр бадтар донистаанд. Намози маййит бар мунофиқ аз намози маййити мӯъмин фарқ мекунад ва ба ҷои дархости омурзиш, бар ӯ лаън гуфта мешавад.

Китобҳои Сифат-ун-нифоқ ва наът-ул-мунофиқин мин-ас-сунан-ил-маъсура ан Расулиллоҳ, асари Абунаими Исфаҳонӣ, Сифот-ул-мунофиқин, таълифи Ибни Қайими Ҷавзӣ ва ан-Нифоқ ва-л-мунофиқун фи-л-Қуръон-ил-Карим ба қалами Ҷаъфари Субҳонӣ аз ҷумлаи китобҳое аст, ки дар бораи мунофиқон навишта шудааст.

Нифоқ чист?

Мунофиқ касе аст, ки куфрашро пинҳон мекунад ва ғайри онро намоён месозад ва бо Ислом худашро мепӯшонад.[1] Мунофиқ дар муқобили ду мафҳуми мӯъмин ва кофир ба кор меравад.[2] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, мӯъмин касе аст, ки дар дил, забон ва амал ба Ислом имон дорад, кофир касе аст, ки ҳам дар ботин ва дар зоҳир Исломро напазируфта аст ва мунофиқ ба касе мегӯянд, ки дар дил мухолифи Ислом аст, аммо изҳор мекунад, ки ба Ислом эътиқод дорад.[3]

Фарқи нифоқ ва фисқ

Имон, эътиқоди қалбӣ ва иқрори забонӣ ва амал ба вазоиф аст. Бар ин асос он ки ҳарсеро доро аст мӯъмин ва ҳаркасе ҳарсеро фоқид аст кофир аст, ва ҳар кас иқрори забонӣ (ба дурӯғ) дорад, вале эътиқоди қалбӣ надорад, мунофиқ ва ҳар касе эътиқоди қалбию забонӣ дорад, вале дар амал кӯтоҳӣ мекунад фосиқ аст.[4]

Аллома Таботабоӣ низ нифоқ ва заъфи имонро ду амри мутафовити дониста аст, ки аввалӣ ин аст, ки инсон чизеро бигӯяд, ки ба он эътиқод надорад ва амал намекунад ва дувумӣ он аст, ки инсон чизеро ки мегӯяд ва ба он эътиқод дорад, ба ҷиҳати сустии ирода ва ҳиммат анҷомаш надиҳад.[5]

Аҳамияти мунофиқон дар таърихи Ислом

Ба навиштаи Тафсири Намуна, масъалаи нифоқ ва мунофиқон дар Ислом, баъд аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина матраҳ шудааст. Дар «Макка» мухолифон ошкоро бар зидди Ислом таблиғ мекарданд, аммо баъд аз қудратгирии мусулмонон дар Мадина, душманон дар заъф қарор гирифтанд ва барои идомаи барномаҳояшон барзидди Пайғамбар (с) ва мусулмонон, дар зоҳир ба сафҳои мусулмонон пайвастанд, дар ҳоле ки имон наёварда буданд.[6]

Сураи Мунофиқун низ дар хусуси мунофиқон нозил шудааст. Дар он мунофиқон васф шудаанд ва аз душмании шадидашон бо мусулмонон сухан омадааст. Ҳамчунин дар ин сура ба Пайғамбар (с) дастур дода шудааст, ки аз хатари мунофиқон барҳазар бошад.[7] Дар сураи Тавба низ чандин оят ба мунофиқон ихтисос ёфтааст.[8] Аллома Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки бояд бар асоси оёти Қуръон, як таҳлили торихие сурат бигирад, то фасод, табоҳӣ ва гирифториҳое, ки дар ҷомеъаи исломӣ ба вуҷуд овараданд, равшан шавад.[9]

Шахсиятҳои мунофиқ дар садри Ислом

Дар манобеи торихӣ ва ривоӣ, бархе аз мунофиқони садри Ислом муаррифӣ шудаанд. Мақризӣ дар китоб «Имтоъ-ул-асмоъ» мунофиқони қабоили Авсу Хазраҷро муаррифӣ карда ва иқдомоташон дар душманӣ бо Ислом ва Пайғамбар (с)-ро баршумурдааст; аз ҷумла: Абдуллоҳ ибни Убай, ки муҳоҷиронро ба ихроҷ аз Мадина таҳдид кард ва Абдуллоҳ ибни Уяйна, ки ёрони худро ба куштани Пайғамбар (с) ташвиқ кард.[10]

Асҳоби Ақаба низ дар зумраи мунофиқон шуморида шудаанд. Онҳо гурӯҳе аз асҳоб буданд, ки дар масири бозгашти Пайғамбар (с) аз ғазваи Табук нақшаи террори Пайғамбарро доштанд, вале муваффақ нашуданд.[11] Муаррихон ва сиранависон теъдоди асҳоби Ақабаро байни 12 то 15 тан зикр кардаанд.[12] Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а), шумори онон 12 тан будааст, ки ҳашт тан аз Қурайш будааст.[13] Шайхи Садуқ бар асоси ривояте, 12 тан аз ононро аз Банӣ Умайя ва 5 танро аз соири қабоил донистааст.[14] Суютӣ аз уламои аҳли суннат номи асҳоби Ақабаро нақл кардааст; аз ҷумла: Саъд ибни Абисарҳ, Абуҳозири Аъробӣ, Ҷулос бен Сувайд, Маҷмаъ ибни Ҷорӣя, Мулайҳи Таймӣ, Ҳусайн бен Нумайр, Туайма ибни Убайриқ ва Муррат ибни Рабиъ.[15]

Бархӯрди Пайғамбар бо мунофиқон

Ба гуфтаи муҳаққиқон, аз маҷмӯи ёфтаҳои торихӣ дар бораи шеваи бархӯрди Пайғамбар (с) бо мунофиқон, ин матлаб бардошт мешавад, ки ӯ ҳамвора то онҷо ки мумкин буд, бо мунофиқон бо мудорою гузашт рафтор мекард.[16] Пайғамбар (с) аз куфри пинҳони мунофиқон огоҳ буд ва дар бисёре аз маворид, оёти Қуръон онҳоро муаррифӣ мекард.[17] Ӯ борҳо дар посухи касоне, ки пешниҳоди қатли мунофиқонро матраҳ мекарданд, аз чунин корҳое наҳй мекард. [Ниёзманди манбаъ] Бо ин ҳама гуфтаанд, афв ва мудорои Пайғамбар мӯҷиби бетаваҷҷӯҳии ӯ ба ҷомеъа исломӣ намешуд. Пайғамбар ҳаракатҳои мунофиқонро зери назар дошт, барномаҳои ононро хунсо мекард ва ҳангоми шоеъасозиҳояшон, ҳақоиқро ба огоҳии мусулмонон мерасонд. Албатта ӯ дар мавориди нодир бо мунофиқон бархӯрди қотеъ ҳам кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо тахриби масҷиди Зирор аст.[18]

Вижагиҳои Мунофиқон дар Қуръон

Дар Қуръон ва ривоёт вижагиҳо ва нишонаҳое барои мунофиқон баён шудааст. Бино ба гуфтаи нависандагони Тафсири Намуна, дар сураи Мунофиқун даҳ вижагӣ барои онҳо зикр шудааст: дурӯғгӯӣ, савганди дурӯғ хӯрдан, надоштани дарки дуруст аз ҳақиқат, оростагии зоҳирӣ ва чарбзабонӣ, инъитоф надоштан дар баробари сухани ҳақ, бадгумонӣ ва тарс доштан аз ҳар ҳодисае, тамасхури ҳақ, фисқу гуноҳ, тасаввури моликият бар ҳамаи чиз ва муҳтоҷ донистани дигарон ба худ ва билохира худбузургбинӣ ва кучак шуморидани дигарон.[19] Тафсири ал-Мизон, таъбири «хушубун мусаннада» барои мунофиқон дар сураи Мунофиқунро баёнгари мазаммати онон дониста аст, ки ҳар чанд баданҳои зебову таҳсинбарангез ва забоне ширину ҳарроф доранд, вале монанди чӯбҳои такядода бар девор ва ашбоҳе холӣ аз рӯҳ ҳастанд, ки ҳеҷ хайру фоидае дар вуҷудашон нест; зеро аҳли фаҳм ва дарк нестанд.[20]

Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ ҳам бо ишора ба хутбаи 194 Наҳҷулбалоға, ин вижагиҳоро барои мунофиқон шуморида аст: ба коргирии равиши пинҳонӣ, оростагии зоҳир ва олудагии дарун, бадхоҳии мӯъминон ва манфиатталабӣ дар иртиботашон бо дигарон.[21]

Таҳлили дурӯғгӯии мунофиқ

Қуръон, сухани мунофиқонро нақл мекунад, ки шаҳодат ба рисолати Пайғамбар медоданд, вале онҳоро дурӯғгӯ мехонад (وَاللهُ یشْهَدُ إِنَّ الْمُنَافِقِینَ لَکاذِبُونَ)[22] яъне паёмбар қатъан фиристода Худост, вале мунофиқе ки ба рисолати ӯ гувоҳӣ медиҳад, чун эътиқоде ба ончӣ худаш мегӯяд надорад дурӯғгӯ аст. Бар ин асос мунофиқ гирифтори кизби мухбирӣ аст. Яъне ҳар чанд сухани дурусте мегӯяд ва сидқи хабарӣ дорад, вале худаш ба он эътиқоде надорад. Дар воқеъ такзиби мунофиқон ба ҷиҳати хабар додани онҳо ба чизе аст, ки ба он эътиқоде надоранд на ин ки хабари онҳо дар бораи рисолати Пайғамбар дурӯғ бошад.[23] Ба бовари нависандаи Тафсири Нур дар воқеъ нифоқ як дурӯғи амалие аст, ки катмони куфр ва изҳори (дурӯғини) имон аст.[24]

Тамсил ҳоли рӯҳии мунофиқ

Бар асоси оёти 17 то 19 сураи Бақара мунофиқ ҳамонанди касе аст, ки дар зулмате кӯр қарор гирифтааст ва роҳро ташхис намедиҳад. Барои дидани атроф дунболи равшанӣ мегардад, оташе равшан мекунад, аммо Худо ба василае чун бод ё борон оташашро хомӯш кунад ва ӯ дубора ба ҳамон зулмат гирифтор мешавад. Дар воқеъ чун мунофиқ ба зоҳир дам аз имон мезанад, аз баъзе фоидаҳои дин бархӯрдор мешавад, масалан аз мӯъминин ирс мебарад, бо онон издивоҷ мекунад, ва ғ.., аммо чун марг, ки ҳангоми бархӯрдорӣ аз осори имон аст, фаро мерасад, Худованд нури худро аз ӯ мегирад, ва ончиро ба унвони дин анҷом додааст, ботил мекунад ва дар миёни ду зулмат қарор мегирад, яке зулмати аслиаш ва дигаре зулмате, ки аъмолаш ба бор овардааст.

Дар тамсили дигар, мунофиқ ба касе мемонад, ки дучори рагбори борони тавъам бо зулмат шудааст, раъду соиқаи ҳавлангез аз ҳар сӯ ӯро дучори ваҳшат карда, қароргоҳе намеёбад. Дар он зулмат пеши пояшро намебинад ва чизеро ташхис намедиҳад, шиддати рагбор ӯро водор ба фирор мекунад, вале торикӣ намегузорад қадам аз қадам бардорад. Аз равшаноии раъду барқи осмон истифода мекунад, аммо ҳамин ки як қадам бардошт барқ хомӯш гашта, дубора дар торикӣ фурӯ меравад.

Ин тамсилҳо нишон медиҳад, ки мунофиқ имонро дӯст намедорад, аммо аз рӯи ночорӣ ба он тазоҳур мекунад, вале чун дилаш бо забонаш яксон нест, роҳи зиндагиро намеёбад. Чунин касе ҳамвора дучори хатою лағзиш мешавад, як қадам бо мусулмонон ҳамроҳӣ мекунад, аммо дубора меистад.[25]

Ҷойгоҳи мунофиқон дар ҷаҳаннам

Тибқи ояи 145 сураи Нисо, мунофиқон дар поёнтарин нуқта ва дар қаъри ҷаҳаннам (дарки асфал/دَرَک اَسفَل) қарор доранд: «إِنَّ الْمُنافِقینَ فِی الدَّرْک الْأَسْفَلِ مِنَ النَّارِ» (мунофиқон дар фурӯтарин дараҷоти дӯзаханд). Ин оят саранҷоми мунофиқонро баён кардааст.[26] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ аз муфассирони шиа, тибқи оёти Қуръон, нифоқ аз куфр шадидтар аст ва мунофиқон дуртарини махлуқон аз Худо ҳастанд.[27]

Такнигорӣ

Афзун бар мабоҳисе, ки дар китобҳои фиқҳӣ ва тафсирӣ дар бораи мунофиқ матраҳ шудааст, навиштаҳои мустақиле низ дар ин замина вуҷуд дорад, ки бархе пешинае дароз доранд; ҳамчун «Сифат-ун-нифоқ ва замм-ул-мунофиқин», навиштаи Ҷаъфар ибни Муҳаммад ал-Фарёнӣ (207 - 301ҳ.қ.) ва «Сифат-ун-нифоқ ва наът-ул-мунофиқин мин-ас-сунан-ил-маъсура ан Расулиллоҳ», асари Абунаими Исфаҳонӣ (334 - 430ҳ.қ.) ва «Сифот-ул-мунофиқин», аз Ибни Қайими Ҷавзӣ (691 - 751ҳ.қ.). Бархе дигар аз китобҳо дар ин замина иборатанд аз:

  • Ал-Мунофиқуна фи-л-Қуръон, аз Сайидҳусайни Садр
  • Ан-Нифоқ ва-л-мунофиқуна фи-л-Қуръон-ил-Карим, ба қалами Ҷаъфари Субҳонӣ
  • Зоҳират-ун-нифоқ ва хабоис-ул-мунофиқина фи-т-таърих, таълифи Абдураҳмон Ҳасан Ҳабанка ал-Майдонӣ
  • Ал-Мувоҷиҳату байна-н-набӣ (с) ва байна-л-мунофиқин, навиштаи Абдукарим Найирӣ
  • Сувар-ул-мунофиқина фи-л-Қуръон-ил-Карим, таълифи Бухории Сабоъӣ
  • Нифоқ ва мунофиқ аз дидгоҳи Шаҳид Мутаҳҳарӣ, навиштаи Заҳро Ошиён ва Фаришта Саломӣ
  • Чеҳраи Мунофиқон дар Қуръон бо истифода аз тафсири пурарзиши Намуна. Навиштаи Ҷ. Фарозманд.

Эзоҳ

  1. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.241.
  2. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯъаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.201, 202.
  3. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯъаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.206.
  4. Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, тафсири Исноъашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.177; Қироатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.50.
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.19, саҳ.249.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.146.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.278.
  8. Рук : Қавидил, Мунофиқон дар Қуръон.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1391ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.414.
  10. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.343 - 364.
  11. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.74.
  12. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1045 - 1044; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.20.
  13. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.79.
  14. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.398.
  15. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорулфикр, ҷ.4, саҳ.243.
  16. Дониш, “Расули Худо (с) ва истиротежии эшон дар баробари хати нифоқ”, саҳ.23.
  17. Дониш, “Расули Худо (с) ва истиротежии эшон дар баробари хати нифоқ”, саҳ.23.
  18. Ҷаъфариён, Таърихи сиёсии Ислом, 1380ҳ.ш., саҳ.650; Дониш, “Расули Худо (с) ва истиротежии эшон дар баробари хати нифоқ”, саҳ.21 - 22.
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.164.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.281.
  21. Мисбоҳи Яздӣ, “Ахлоқи исломӣ”, саҳ.4.
  22. Сураи Мунофиқун, ояти 1
  23. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.9, саҳ.315, ва ҷ.19, саҳ.279.
  24. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.49.
  25. Таботабоӣ, Тарҷумаи тафсири ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.89.
  26. Макорим, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.505.
  27. Макорим, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.504.

Сарчашма

  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқ: Морседен Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1409ҳ.қ. - 1989м.
  • Дониш, Муҳаммадқадир, “Расули Худо (с) ва истиротежии эшон дар баробари хати нифоқ”, маҷаллаи Маърифат, шумораи 129, 1387ҳ.ш.
  • Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1398ҳ.қ.
  • Қавидил, Мустафо, Мунофиқон дар Қуръон, посдори Ислом, шумораи 270, 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва ҷамъе аз нависандагон, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Амсал фи тафсири китобиллоҳи-л-мунзал, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набийи мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Насимӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, “Ахлоқи исломӣ”, маҷаллаи Маърифат, шумораи 4, 1372ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯъаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Носир Хисрав, Теҳрон, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тарҷумаи тафсири ал-Мизон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, ҷ.5, 1374ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи сиёсии Ислом, Қум, Далели мо, 1380ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, ҷомеъаи мударрисин, Қум, 1362ҳ.ш.