Саҳарӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Саҳарӣ хӯрдан)
Ин мақола дарбора саҳарӣ хӯрдан аст. Барои ошноӣ бо бедорӣ дар саҳар, мадхали саҳархезиро бубинед.
Хӯрдани саҳарӣ дар саҳни Масҷидулақсо

Саҳарӣ ваъдаи хӯрокест, ки рӯзадорон пеш аз азони бомдод мехӯранд ва дар ҳадисҳо бар хӯрдани он таъкид шудааст. Аз назари фиқҳӣ хӯрдани саҳарӣ мустаҳаб аст ва дар сурате ки нахӯрдани он мӯҷиби заъфи шадид ва сустию беҳолӣ шуда ва шикастани рӯзаро дар пай дошта бошад, воҷиб дониста шудааст. Саҳархонӣ ва човушхонӣ аз русумоти мухталифе аст, ки барои бедор кардани мардум барои хӯрдани саҳарӣ истифода мешавад.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Саҳарӣ ваъда хӯрокиест, ки рӯзадорон пеш аз азони субҳ мехӯранд.[1] Бар асоси ривояте, хӯрдани саҳарӣ аз хӯрдани ифторӣ бартар аст.[2] Дар ҳадисе аз Паёмбар (с) хӯрдани саҳарӣ баракат дониста шудааст, ки уммати ӯ онро тарк намекунанд.[3] Ҳамчунин дар ривояти дигаре аз Паёмбар, дуруди Худо ва малоика шомили истиғфоркунандагон ва муъминоне ки саҳарӣ мехӯранд, дониста шудааст.[4]

Дар аҳодиси чаҳордаҳ маъсум бар хӯрдани саҳарӣ, гарчи ба миқдори нӯшидани ҷуръае об бошад, ташвиқ шудааст,[5] то аз сахтии рӯзадорӣ коста шавад.[6] Дар ривоёти дигар, савиқ ва хурмо беҳтарини хӯрокӣ барои саҳарӣ муаррифӣ шудаанд,[7] чунонки мутобиқи ривояти Имом Боқир (а), Паёмбар (с) барои саҳарӣ хурмо ва кишмиш мехӯрданд.[8]

Мутобиқи ривояте аз Имом Содиқ (а) ҳар рӯзадоре ки ҳангом хӯрдани саҳарӣ ва ифторӣ, сураи Қадрро бихонад, байни ин ду замон ҳамонанди шаҳид дар роҳ Худо хоҳад буд.[9]

Аҳком

Аҳкоми зайл аз ҷумла масоиле аст, ки фақиҳон дар робита бо хӯрдани саҳарӣ баён кардаанд:

  • Хӯрдани саҳарӣ мустаҳаб аст[10] ва дар ривоёт бар хӯрдани саҳарӣ дар моҳи Рамазон таъкиди бештаре шудааст.[11]
  • Дар сурате ки инсон бидонад ба сабаби нахурдани саҳарӣ, маҷбур ба ифтори рӯза мешавад, хӯрдани саҳарӣ бар ӯ воҷиб аст.[12]
  • Инсон наметавонад ба далели нахӯрдани саҳарӣ рӯза нагирад, аммо агар ба далели нахӯрдани саҳарӣ дучори заъф шадиде шавад ки таҳаммули он бисёр душвор бошад, метавонад рӯзаро ифтор карда, қазои онро баъдан ба ҷо оварад.[13]
  • Агар шахсе бидуни таҳқиқ аз вақти азон саҳарӣ бихӯрад, сипас маълум шавад, ки баъд аз азони субҳ саҳарӣ хӯрдааст, бояд қазои он рӯзаро ба ҷо оварад.[14]
  • Агар ҳангом хӯрдани саҳарӣ, вақти азон субҳ бирасад, бояд он чиро дар даҳон дорад хориҷ кунад ва агар қасдан онро фурӯ барад, рӯзааш ботил мешавад ва бояд куффора диҳад.[15]

Оинҳо

Оини саҳархонӣ дар Эрон

Мутобиқи бархе аз гузоришҳо, дар садри Ислом Ибни Уммимактум ҳангоми саҳар мусулмонҳоро бо азон гуфтан барои хӯрдани саҳарӣ бедор мекард ва мардум пас аз хӯрдани саҳарӣ, бо шунидани садои азони Билоли Ҳабашӣ аз вақти намози субҳ бохабар шуда, даст аз хӯрдан мекашиданд.[16] Эъломи вақти саҳар ва бедор кардани мардум ба шеваҳои гуногун монанди даврагардии муаззинону ҷорчиён дар кӯчаҳо,[17] барафрӯхтани фонӯс дар манораҳо,[18] кӯбидани дари хонаҳо[19] ва задани тӯп анҷом мешудааст.[20]

Саҳархонӣ оине барои бедор кардани мардум дар саҳарҳои моҳи Рамазон дар Эрон будааст.[21] Гуфта шуда оини саҳархонӣ дар миёни мусулмонони Ҳинд низ марсум аст.[22] Оини таблзанӣ дар Сурия ва човушхонӣ дар Туркия аз дигар оинҳо ҳангоми саҳар аст.[23] Дар Лубнон бедор кардани мардум дар саҳар бар ӯҳдаи афроде ба ном мусаҳҳиротӣ аст.[24]

Дар Ҳинд барои саҳарӣ ғизое ба номи ғанҷӣ[25] ва дар Лубнон таоме ба номи манқуш дуруст мешавад.[26] дар Сурия барои хӯрдани саҳарӣ низ гирдиҳамие шакл гирифта ва ба сурати дастаҷамъӣ саҳарӣ хӯрда мешавад.[27] Дар Покистон дар даҳаи охири моҳи Рамазон, мардон саҳариро дар масҷидҳо мехӯранд.[28] Дар Туркия илова бар ифторӣ, суфраҳои саҳарӣ низ дар масҷидҳо густарда мешавад.[29]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли «саҳарӣ»
  2. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95
  4. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136
  5. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135 ва 136; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.198
  6. Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.199
  7. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136
  8. Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.198
  9. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.83
  10. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.231
  11. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.94
  12. Макорими Шерозӣ, «Ҳукми хӯрдани саҳарӣ»
  13. Макорими Шерозӣ, «Ҳукми рӯза нагирифтани фарде ки саҳарӣ нахурда»
  14. Яздӣ, ал-Урват-ул-муҳашшӣ, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.604 - 606
  15. Мусавии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.892
  16. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.297
  17. Хоҷаиён, «Нигоҳе ба оинҳои намоишии моҳи Рамазон», саҳ.91
  18. Ёраҳмадӣ, «Оинҳо, маносик ва маросими моҳи Рамазон дар Эрон», саҳ.7
  19. Сабрӣ, «Пажӯҳиши мардумшиносӣ, оинҳо ва суннатҳои фарҳангии туркманҳо дар моҳи мубораки Рамазон», саҳ.59
  20. Маликзода, «Шиллики тӯпи моҳи Рамазон ба ривояти асноди архиви миллии Эрон», саҳ.189
  21. Ҷовид, «Мусиқии Рамазон дар Эрон», саҳ.17
  22. «Рамазон ва зебоии тафовути оинҳо дар кишварҳои ҷаҳон», дар сайти ҳавзаи намояндагӣ валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат
  23. «Рамазон ва зебоии тафовути оинҳо дар кишварҳои ҷаҳон», дар сайти ҳавзаи намояндагӣ валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат
  24. Муродзода, «Моҳи хуби Худо», дар сайти Ҷоми ҷами онлайн
  25. ва зебои тафовути ойинҳо дар кишварҳои ҷаҳон», дар сайти хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  26. Шариатӣ, «Суннатҳои рӯзадорони лубнонӣ дар моҳи Рамазон», дар сайти Хабаргузории ҳавза
  27. ва зебои тафовути оинҳо дар кишварҳои ҷаҳон», дар сайти хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  28. Муродзода, «Моҳи хуби Худо», дар сайти Ҷоми ҷами онлайн
  29. «Се расми ҷолиби моҳи рамазон дар Миср, Туркия ва Лубнон», дар сайти маҷаллаи Куруш

Сарчашма