Руқая духтари Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Руқая бинти Имом Алӣ)

Барои дигар корбурдҳо Руқая (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.

Руқая духтари Имом Алӣ (а)
Номи комилРуқая бинти Алӣ ибни Абитолиб
Маҳалли дафнҚоҳира - Миср
ХешовандонМуслим ибни Ақил (ҳамсар) • Абдуллоҳ ибни Муслим (фарзанд)
Дигарзинда дар соли 61ҳ.қ.


Руқаяи бинти Алӣ (а) (зинда дар 61ҳ.қ.), ҳамсари Муслим ибни Ақил ва аз асирони Карбало буд. Руқая дар воқеаи Карбало ҳузур дошт. Ӯ дар масири Макка ба Карбало, хабари шаҳодати шавҳараши Муслим ибни Ақилро шунид.

Рӯзи Ошӯро низ фарзандонаш Абдуллоҳ ва бино ба қавле, Муҳаммад ба шаҳодат расиданд ва худ ба асорати лашкари Умар ибни Саъд даромад. Қабре дар Қоҳира ба номи ӯст ки дар соли 1416ҳ.қ., буҳраҳои Довудии Ҳинд, зариҳи қадимии онро иваз карданд. Қабре низ дар шаҳри Лоҳури Покистон ба номи Бибӣ Покдоман ба ӯ мансуб аст.

Насаб

Руқая духтари Имом Алӣ (а) буд ва аз Саҳбо духтари Рабеъаи Тағлибия ки канизи Имом Алӣ (а) буд, ба дунё омад.[1] Забиҳуллоҳ Маҳаллотӣ Саҳборо модари ӯ ва Умар ибни Алӣ донистааст.[2]

Дар бархе манобе, аз Руқая ба Уммикулсум ёд шудааст.[3] Сайид Муҳсини Амин куниа се тан аз духтарони Имом Алӣ (а)-ро Уммикулсум донистааст. Ӯ Руқаяро Уммикулсуми васатӣ хонда ва ғайр аз Уммикулсуми кубро ва Уммикулсуми суғро (ҳамсари яке аз наводагони Ақил) донистааст.[4]

Издивоҷ ва фарзандон

Руқая бо писарамаки худ, Муслим ибни Ақил издивоҷ кард.[5] Ба гуфтаи нависандаи Раёҳин-уш-шариъа, вай аз Муслим ибни Ақил соҳиби ду писар ба номҳои Абдуллоҳу Муҳаммад ва як духтар шуд.[6] Номи духтари ӯ дар ин китоби зикр нашудааст.[7] Забеҳуллоҳи Маҳаллотӣ, нависандаи ин китоб, Абдуллоҳро шавҳари Сакина духтари Имом Ҳусайн (а) донистааст.[8]

Ҳузур дар воқеаи Карбало

Руқая дар воқеаи Ошӯро, ҳамроҳи Имом Ҳусайн (а) ба Карбало рафт.[9] Ба гуфтаи Забиҳуллоҳ Маҳаллотӣ се фарзандаш дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.[10] Ӯ дар байни роҳ, хабари шаҳодати Муслим ибни Ақилро шунид. Ба гузориш таърихнависон, фарзандаш Абдуллоҳ ибни Муслим, дар Карбало ба шаҳодат расид.[11] Маҳаллотӣ аз шаҳодати Муҳаммаду Абдуллоҳ, ду писар ӯ дар воқеаи Карбало ва асорати вай сухан гуфтааст.[12]

Оромгоҳ

Зариҳи Руқая духтари Имом Алӣ (а)

Бинобар он чи дар Муъҷам-ул-булдон омадааст, Руқая дар Қоҳира (дар кишвари Миср) дафн гардидааст.[13]

Зариҳи қабри мансуб ба Руқая духтари Имом Алӣ (а) дар соли 1416ҳ.қ. насб шуда ва аз назари тазъиноти ҳунарӣ, аз дигар зариҳҳои нуқрагин фарқ дорад. Шакли зариҳи наздик ба росткунҷаи он ба тартиб, дорои се ё чор панҷараи мушаббак аст. Дар болои сақфи зариҳ, гунбаде кучак ва дар болои кунҷҳои он, муқарнасҳое монанди муқарнаси гӯшаҳои минораи масҷиди Кӯфа (ки тақлидест аз намунаи масҷидулақмар), вуҷуд дорад. Пояи зариҳ аз санги мармари сабзранг ҳаҷҷорӣ шудааст. Зариҳи нуқрагини марқади Руқаяро буҳраҳои Довӯдии Ҳинд тарроҳӣ ва ҷойгузини зариҳи қадимӣ кардаанд.[14]

Боргоҳ Бибӣ Покдоман

Мақолаи аслӣ: Бибӣ Покдоман

Боргоҳе дар шаҳри Лоҳури Покистон вуҷуд дорад, ба номи Бибӣ Покдоман[15] ки мардум ақида доранд Руқая духтари Имом Алӣ (а), ҳамроҳ бо панҷ зани дигар, дар он дафн ҳастанд.[16] Ин боргоҳ садҳо сол қидмат дорад ва аз осори бостонӣ ва зиёратии шаҳри Лоҳур аст.[17] Албатта муҳаққиқон ин боварро ки Руқая духтари Имом Алӣ (а) дар ин макон дафн шудааст, рад кардаанд.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.14; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.109; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.4, саҳ.359; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, ҷ.6, саҳ.352
  2. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъа, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255 - 256
  3. Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.32
  4. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.484
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70
  6. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъа, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255
  7. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъа, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255
  8. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъа, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255
  9. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъа, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255
  10. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъа, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255
  11. Халифа, Таърихи Халифа, 1415ҳ.қ., саҳ.145; Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.34; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.5, саҳ.469; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, Дор-ул-маърифа, саҳ.98
  12. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъа, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255
  13. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м, ҷ.5, саҳ.142
  14. Хомаёр, «آثار هنری و عمرانی اسماعیلیان بُهره هند در عتبات عالیات و زیارتگاه‌های شیعه [بخش ۲: شام و مصر»
  15. Субут, «Покдоман Бибиён», ҷ.5, саҳ.442
  16. Урдӯ, Доиратулмаорифи исломия, зайли модаи Лоҳур 1384 - 1410/1964 - 1989
  17. Субут, «Покдоман Бибиён», ҷ.5, саҳ.442
  18. Муншии Муҳаммад Динфавқ, Тазкираи уламои Лоҳур, 1338ҳ.қ. ба нақл аз "Ҳазрат Бибӣ Покдоманони Лоҳур" таълифи Ҳафизуллоҳхон Манзар, саҳ.64; Урдӯ, Доиратулмаорифи исломия, зайли модаи Лоҳури 1384 - 1410/1964 - 1989

Сарчашма

  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазаму фи Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Анба Ҳасанӣ, Умдат-ут-толиби фи ансоби Оли Абитолиб, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибийин, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Урдӯ, Доиратулмаорифи исломия, Лоҳури 13841410/19641989м.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1406ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аълми ли-л-матбуъот, чопи аввал, 1394ҳ.қ./1974м.
  • Субут, Акбар, «Покдоман Бибиён», дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1379ҳ.ш.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Дору Содир, чопи дувум, 1995м.
  • Халифа ибни Хайёт, Таърихи Халифа, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, 1967м.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Раёҳин-уш-шариъа, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, Теҳрон, 1373ҳ.ш.
  • Мунши Муҳаммад Динфавқ, Тазкираи уламои Лоҳур, 1338ҳ.қ.