Ояти 75 сураи Нисо
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | сураи Нисо |
| Шумораи оят | 75 |
| Ҷузъ | 5 |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | Ҷиҳод дар роҳи Худо ва барои наҷоти мазлумон |
Ояти 75 сураи Нисо (форсӣ: آیه ۷۵ سوره نساء) дар накӯҳиши мусулмононе аст,[1] ки чаро дар роҳи Худо ва барои наҷоти мустазъафоне, ки гирифтори ситамгаронанд, ҷиҳод намекунанд.[2] Мақсуд аз мустазъафин, мусулмононе дониста шудаанд, ки дар Макка имон оварда буданд, вале мушрикон монеъи ҳиҷраташон ба Мадина шуда ва ононро мавриди озору азият қарор медоданд; аз ин рӯ бо дуо аз Худо хостори ёрӣ ва наҷот аз дасти мушрикон буданд.[3] «Мустазъаф» ба касе итлоқ мешавад, ки дар асари зулми ситамгарон ба заъф кашида шуда бошад; бар хилофи «заиф», ки зотан нотавон аст.[4]
Дар ин оят баён шуда, ки он мазлумон дар дуо, аз Худо дархост мекунанд аз муҳити зулм ва ситам раҳоӣ ёбанд.[5] Ҳамчунин аз Худо тақазо доранд, то сарпарст ва ёваре барои ҳимояташон бифиристад.[6]
| “ | Ва чаро шумо дар роҳи Худо [ва дар роҳи наҷоти] мардон ва занон ва кӯдакони мустазъаф намеҷангед? Ҳамонҳое, ки мегӯянд: Парвардигоро, моро аз ин шаҳре, ки мардумаш ситампешаанд, берун бибар ва аз ҷониби худ барои мо сарпарасте қарор деҳ ва аз назди Худ ёваре барои мо таъин фармо. |
” |
Соҳиби тафсири Ал-Мизон дар тафсири ин оят оварда, ки Худованд барои таҳйиҷи муъминон, сарфи назар аз ҷиҳод дар роҳи Худо сухан гуфта, аммо дар бораи касоне, ки имонашон ноқис ва нохолис аст, ба мазлумияти кӯдакон ва занон ишора шуда то ҳисси ғайрат ва отифаашон барангехта шавад.[7] Гуфта шуда дар ояти қабл аз ин оят, даъвати муъминон ба ҷиҳод, бо таъкид бар имон ба Худо ва қиёмат сурат гирифтааст; дар ҳоле ки дар ин оят, даъват ба ҷиҳод бо таҳрики отифаи инсонӣ аст.[8]
Аз ояти 75 сураи Нисо, ду ҳукм истихроҷ шудааст: нахуст, вуҷуби ҳиҷрат аз сарзамини ширк барои касоне, ки тавоноии онро доранд ва дуюм, вуҷуби ёрирасонӣ ба мусулмонони мазлуме, ки аз дафъи зулм нотавонанд.[9] Баъзе муфассирон бар ин боваранд, ки зоҳири оят нишон медиҳад дар вуҷуби ҳимоят, фарқе миёни мусулмонон ва ғайримусулмонон вуҷуд надорад; балки меъёр мазлум будани шахс аст.[10]
Дар сарчашмаҳои тафсирӣ, таъкид шудааст, ки ҳимоят аз мазлумон, аз усули мавриди назари Ислом буда ва дин ба он аҳаммияти вижа додааст.[11] Ҳамчунин ҷиҳоди матраҳшуда дар ин оят, аз назари зоҳирӣ, ҷиҳоди ибтидоӣ талаққӣ мешавад, аммо дар ҳақиқат, навъе ҷиҳоди дифоӣ ва озодибахш аст; зеро ҳадафи он дифоъ аз ҳуқуқҳои поймолшуда ва наҷоти мазлумон аз банди ситамгарон аст.[12]
Ҳадаф аз ояти 75 сураи Нисо, тарғиби муъминон ба ҷиҳод дар роҳи Худо, наҷоти бечорагон, ва истиқрори ҳукумати адл дониста шудааст.[13] Ҳамчунин гуфта шуда ин оят, ҷойгоҳи дуоро равшан месозад; зеро ҳам нақли дуои мустазъафон омада ва ҳам ваъдаи иҷобати он тавассути Худованд баён шудааст.[14]
Эзоҳ
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.107.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.9.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.117; Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.270.
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, Қум, ҷ.14, саҳ.38.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.106.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.10.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.419.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.9.
- ↑ Шаҳобӣ, Адвори фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.69; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.419; Қарашии Бунобӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.403.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.381.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.381.
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., Қум, ҷ.14, саҳ.22.
- ↑ Қарашии Бунобӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.403.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.117.
Сарчашма
- Қарашии Бунобӣ, Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди Беъсат, 1375ҳ.ш.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ(а), бетаърих.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуъот, 1390ҳ.қ.
- Шаҳобӣ, Маҳмуд, Адвори фиқҳ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1387ҳ.ш.