Ояти Оман-ар-Расул

Аз wikishia
Ояи Оманаррасул ба хати насх, асари Меҳрнози Қурбонпур

Ояти Оман-ар-Расул (арабӣ: آية آمن الرسول) ё оёти Омана-р-Расул (Сураи Бақара: 285-286) дар бораи имон ба Худо, тасдиқи пайғамбарон, имон ба қиёмат, риояи ҳаққи ибодати Худо, имони қалбӣ ва итоати амалии муъминон, омурзиши Худо ва таклиф надодан ба бандагон фаротар аз қудраташон ишора дорад.

Ба гуфтаи муфассирон, ин оёт нозил шудааст, то мусалмононро ором кунад ва ба онҳо роҳ ва расму оини имон ба Худоро биомӯзад.

Ин оятҳо барои мусалмонон аҳамияти хоса доранд ва дар ривоятҳои шиа ва суннӣ, хондани ояти зикршуда дар шаб ва дар баъзе намозҳои нофила тавсия шудааст.

Дар баъзе масҷидҳо баъд аз намози хуфтан ин оятҳо хонда мешаванд. Ба эътиқоди бархе аз муфассирон, ҳадафи умумии сураи "Бақара" дар ин оятҳо ҷой гирифта ва таъкид ба таълимот ва эътиқоде аст, ки аз ибтидои сура ба онҳо пардохта шудааст.

Матн ва тарҷума

Фазилат ва муҳтаво

Оёти 285 ва 286 сураи Бақараро ба хотири он ки бо иборати «Оманаррасул» оғоз мешаванд, оёти оманаррасул номидаанд.[1] Дар бораи фазилати ин ду оят, ривоёте дар манобеи шиа[2] ва суннӣ[3] омадааст. Барои намуна аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки ду ояти охири сураи Бақара аз ганҷе дар зери арш ба ӯ бахшида шуд.[4] Ҳамчунин бар қироати он дар бархе аз намозҳои мустаҳаб[5] ва охири шаб, қабл аз хоб[6] супориш шудааст.

Бар пояи ҳадисе, ки дар манобеи аҳли суннат ба нақли Абдуллоҳ ибни Умар аз Пайғамбар ривоят шудааст, ду бор қироати ин оёт баъд аз намози хуфтан, аз намози шаб кифоят мекунад.[7]

Сайиди Қутб, муфассири мисрӣ, муътақид аст, чакида ва ғарази куллӣ аз сураи Бақара дар қолаби имон ба Худову малоика, имон ба пайғамбарон ва китобҳои онҳо, имон ба маъод ва мағфиратталабӣ аз соҳати Худованд, дар ин оёт гунҷонда шудааст.[8] Аз ин рӯ, мазмуни оёти мазкурро таъкид бар бахше аз маориф ва эътиқодоти исломӣ донистаанд, ки сураи Бақара бо он оғоз мешавад.[9] Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ низ бар ин бовар аст, ки ин ду оят монанди хулосаи матолибе аст, ки дар сураи Бақара табйин шудааст. Аз назари ӯ сураи Бақара бо баёни вижагиҳои инсонҳои муттақӣ (имон ба ғайб, иқомаи намоз, инфоқ ва ғ.) шурӯъ шудааст. Дар идома ба инод ва саркашии аҳли китоб ва ба хусус яҳудиён дар баробари ҳақ ва дар натиҷа гирифтор шуданашон ба анвоъи азобу бало ишора шудааст. Дар поёни сура ба табйини ҳоли Пайғамбар (с) ва муъминон пардохта шудааст, ки бар хилофи аҳли китоб дар баробари ҳақ таслим ва ба аҷзи хеш муътарифанд.[10]

Шаъни нузул

Дар хусуси шаъни нузули ин оёт гуфтаанд, ҳангоме, ки ояти 284 сураи Бақара мабнӣ бар ин ки: «Агар чизе дар дил пинҳон доред ё ошкор кунед, Худо ҳисоби онро мерасад!» нозил шуд, гурӯҳе аз саҳоба нигарони ин масъала шуданд, ки онҳо низ монанди умматҳои пешин исён кунанд. Аз ин рӯ, ба Пайғамбар (с) гуфтанд: «Ҳеҷ як аз мо аз васвасаҳои ботинӣ ва хутуроти қалбӣ холӣ нест». Ба ҳамин иллат, оёти фавқ нозил шуд ва роҳу расми имон, тазарруъ, истиғфор ба даргоҳи Худованд ва итоату таслимро ба онон омӯхт.[11]

Нукоти тафсирӣ

Бархе аз нукоти тафсирии оёти Оманаррасул иборатанд аз:

  • Муъминон ба ҳамаи он чи пайғамбарон овардаанд, бидуни фарқ гузоштан байни онон, имон доранд.[12]
  • Аз имтиёзоти пайғамбарон ин будааст, ки онҳо худ ба мактабашон имон доштанд ва дар эътиқодоташон тазалзул роҳ надошт. Онҳо қабл аз ҳама, ба он чи аз сӯи Худованд меовараданд, имон доштанд ва беш аз ҳама бар он истиқомат меварзиданд.[13]
  • Таколифи Худо болотар аз мизони тавонои афрод (мо ло ютоқ) нест ва бо ҳамин оёт, аҳком муқайяд мешаванд.[14]
  • Аз иборати «самиъно ва атаъно» бардошт мешавад, ки муъминон бо имони қалбӣ ва итоати амалӣ таклифҳояшонро анҷом медиҳанд.[15]
  • Ин оёт бар ҳаққи Худо бар бандагон ва ҳаққи бандагон бар Худо далолат дорад. Ибодат, ҳаққи Худо бар бандагон аст ва мағфирати бандагон ҳаққе аст, ки Худо бар худ воҷиб кардааст.[16]

Эзоҳ

  1. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръон, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.418.
  2. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.239; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95.
  3. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.569 - 573.
  4. Абуубайд ал-Ҳаравӣ, Фазоил-ул-Қуръон, Димишқ, саҳ.233.
  5. Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.667, 668, 691, 722.
  6. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.569.
  7. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.433.
  8. Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.344.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.397.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.440.
  11. Воҳидӣ, Асбоб-ул-нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.97 - 98; Шоҳ Абдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.519.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.440.
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.398.
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.400 - 401.
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.443.
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.443.

Сарчашма

  • Абуубайд ал-Ҳаравӣ, Фазоил-ул-Қуръон, Димишқ, Дору Ибни Касир, бе то.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, муҳаққиқ Муҳаммадҳусайн Шамсиддин, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол‏, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1409ҳ.қ.
  • Иштибоҳнависӣ ва иштибоҳхонии Қуръон дар масоҷид; чӣ касе масъул аст?» хабаргузории байналмилалии Қуръон, интишор: 3 шаҳравари 1387ҳ.ш., мушоҳида: 8 баҳмани 1398ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, 1404ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулшуруқ, 1425ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, нашри Аъламӣ, Бейрут, 1393ҳ.қ.
  • Шоҳи Абдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашар‏, Теҳрон, Миқот, 1363ҳ.ш.