Ҳумайда ҳамсари Имом Содиқ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Модари Имом Козим)

Ҳумайда ё Ҳумайдатул-Мусаффо ҳамсари Имом Содиқ (а) ва модари Имом Козим (а) буд.

Бино бар ривояте, имоми шашуми шиаён, посухгуӣ ба саволи фиқҳии яке аз асҳоби худро ба Ҳумайда ирҷоъ додааст. Ҳумайда, ҳамчунин яке аз панҷ васии Имом Содиқ (а) будааст.

Имом Боқир (а) дар васфи Ҳумайда, ӯро писандида дар дунё ва ситоишшуда дар охират хонда ва Имом Содиқ (а) низ вайро покиза аз палидиҳо донистааст.

Зиндагинома

Имом Ҷаъфари Содиқ (а)

Пайғамбари Акрам

Ҳазрати Фотима

Имом Алӣ

Имом Ҳусайн

Имом Саҷҷод

Имом Муҳаммади Боқир

Имом Ҷаъфари Содиқ

Ҳумайда

Соири ҳамсарон

Фотима

Имом Мусои Козим

Исҳоқ

Муҳаммад

Исмоил

Абдуллоҳ

Уммуфарва

Имом Ризо

Алӣ

Аббос

Асмо

Фотима

Ҳумайда, модари Имом Козим (а) аст,[1] аз таърихи таваллуд ва вафоти ӯ иттилоъе дар даст нест.[2]

Падари Ҳумайда, «Соид Барбар» ва ё «Солеҳ» ном доштааст.[3] Дар бораи нажоди Ҳумайда, ихтилофи назар вуҷуд дорад[4] ва дар манобеи таърихӣ, ӯро бо унвоҳое аз ҷумла: Ҳумайдаи Барбарийя, Ҳумайдаи Андалусия[5] ва Ҳумайдаи Мағрибия[6] ёд кардаанд.

Бино бар ривояте, Имом Боқир (а), Ҳумайдаро аз бардафурӯше харид ва ба фарзандаш - Имом Содиқ (а) бахшид.[7] Бино бар нақли Аллома Маҷлисӣ, ӯ модари Мусо ибни Ҷаъфар (а), Исҳоқ ва Фотима аз фарзандони Имом Содиқ (а) будааст.[8]

Гуфта шудааст, қабри Ҳумайда дар Машрабаи Уммииброҳим [Ёддошт 1] воқеъ дар минтақаи Алъаволӣ дар шарқи қабристони Бақиъ ва дар наздикии қабри Наҷма - модари Имом Ризо (а) қарор дорад.[9]

Ҷойгоҳ

Бино бар манобеи ҳадисӣ, Имом Содиқ (а), посухгуӣ ба саволи фиқҳии яке аз асҳоби худро ба ҳамсараш - Ҳумайда ирҷоъ дода ва аз ӯ хостааст, то канизашро назди Ҳумайда бифиристад ва посухи саволашро дарёфт кунад.[10] Имом Содиқ (а) Ҳумайда ва Уммифарва - духтарашро барои адои ҳуқуқи аҳли Мадина мефиристод.[11] Ҳамчунин Ҳумайда, яке аз панҷ нафаре аст, ки Имом Содиқ (а), онҳоро ба унвони васии худ муаррифӣ кард.[12]

Имом Боқир (а) Ҳумайдаро писандида дар дунё ва ситоишшуда дар охират хондааст.[13] Имом Содиқ (а) ӯро покиза аз палидиҳо ва монанди шимши тилло тавсиф кардааст, ки малоика, ҳамвора аз вай муроқибат мекарданд.[14] Аз ин рӯ, Ҳумайда ба мусаффот мулаққаб шудааст.[15] Луълуъа[16] ва Муҳаззаба[17] аз лақабҳои дигари ӯ аст.

Аз Ҳумайда ҳадисе дар бораи ҳаҷҷи кӯдакон[18] ва низ ривояте дар бораи шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар манобеи ривоӣ нақл шудааст.[19] Бино бар ривояте, Наҷма - модари Имом Ризо (а) канизе будааст, ки Ҳумайда, ӯро пас аз руъйи содиқа,[20] ба фарзандаш - Имом Козим (а) бахшидааст.[21]

Эзоҳ

  1. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, Дорул-маърифат, саҳ.413.
  2. Асғарнажод, Ҳумайда: модари Имом Козим (а), 1389ҳ.ш., саҳ.10.
  3. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а), 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42 - 43.
  4. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а), 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42 - 43.
  5. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.261.
  6. Ибни Инабаҳ, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.177.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.477.
  8. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.241.
  9. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Фадак ва-л-Аволӣ, Машҳад, саҳ.55.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.301.
  11. Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  12. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а), 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.415 - 416.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.477.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.477.
  15. Қумӣ, «Ҳидоят-ул-аном ило вақоеъ-ил-айём», саҳ.359 - 360.
  16. Ҳасун, Аълом-ун-нисо-ил-муъминот, 1411ҳ.қ., саҳ.311.
  17. Масъудӣ, Исбот-ул-васийя, 1417ҳ.қ., саҳ.190.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.301; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1401ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.207.
  19. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.47, саҳ.2.
  20. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғуммаҳ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.803 - 804.
  21. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.24.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибиин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Асғарнажод, Муҳаммад, Ҳумайда: модари Имом Козим (а), 1389ҳ.ш.
  • Ибни Инабаҳ Ҳасанӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Умдат-ут-толиб фи ансоби Оли Абитолиб, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғуммаҳ, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1421ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1363ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, беҷо, Дорул-балоға, 1413ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, «Ҳидоят-ул-аном ило вақоеъ-ил-айём», дар китоби ёздаҳ рисола, Қум, Нури матоф, 1389ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васийя, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Ҳасун, Муҳаммад ва Уммуалӣ Машкур, Аълом-ун-нисо-ил-муъминот, беҷо, Усва, 1411ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Теҳрон, Мактабатул-исломийя, 1401ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҳидоят-ул-уммат ило аҳком-ил-аимма, Машҳад, Маҷмаъул-буҳусил-исломийя, 1412ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадбоқир, Фадак ва-л-Аволӣ ва-л-ҳавот-ис-сабъа, Машҳад, конгресси мероси илмӣ ва маънавии ҳазрати Фотима (с), бе то.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, таҳқиқи Ҳусайн Аъламӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1404ҳ.қ.
  • Шайхӣ, Ҳамидризо, Фарҳанги аъломи ҷуғрофиёӣ- таърихӣ дар ҳадис ва сираи набавӣ (тарҷумаи ал-Маъолим-ул-асира фи-с-суннаӣт ва-с-сира).


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found