Макони дафни ҳазрати Фотима (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мадфани ҳазрати Заҳро)
Нақшаи хонаи Фотима (с) дар Масҷид-ун-Набӣ ки яке аз эҳтимолоти макони дафни Фотима (с) дониста шудааст.

Ин матлаб дар бораи макони дафни ҳазрати Фотима (с) аст. Барои маълумот дар бораи рӯйдодҳои ба ин мавзуъ дахлдор, ба мақолаҳои «Ташйиъ ва тадфини ҳазрати Фотима (с)» ва «Шаҳодати Ҳазрати Фотима (с)» нигаред.

Макони дафни ҳазрати Фотима (с) (форсӣ: مکان دفن حضرت فاطمه(س)) макони номаълуме аст, ки барои он эҳтимолоте монанди: хонаи ҳазрати Фотима (а), Равзат-ун-Набӣ, Бақиъ ва хонаи Ақил (оромгоҳи имомони Бақиъ) дар назар гирифта шудааст. Аз ин миён хонаи Фотима (а) назари маъруфи уламои шиа дониста шудааст; ҳарчанд Шайхи Тусӣ бар ин бовар аст, ки аксари уламои шиа дафн дар Равзат-ун-Набиро қавитар медонанд. Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, ба ақидаи шиаҳо, Равза хонаи Фотима (с)-ро низ дарбар мегирад. Ба ин далел бархе аз пажӯҳишгарон қавли Равзаро таъйиди қавли хона медонанд.

Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ - таърихнигор, таъйини дақиқи макони қабри ҳазрати Фотима (с)-ро номумкин медонад. Ба эътиқоди Шайх Тусӣ ва Аминулислом Табарсӣ, беҳтар аст, ки ҳазрати Фотима (с) дар ҳар се ҷой: Равзаи Набӣ, хонаи Фотима (с) ва Бақиъ зиёрат карда шавад.

Шиаён далели мушаххас набудани қабри Фотима (с)-ро пинҳонӣ дафн шудани ӯ донистаанд, ки ба васияти худи Фотима буд. Ба гуфтаи онҳо, Фотима (с) ба хотири ғасби хилофат аз Имом Алӣ (а), тасарруфи Фадак ва ёрӣ накардани мусулмонон, васият кардааст, ки ӯро махфиёна дафн кунанд.

Аксари уламои аҳли суннат қабри ҳазрати Фотима (с)-ро дар оромгоҳи имомони Бақиъ медонанд. Баъзе аз уламои шиа ангезаи онҳо барои баёни ин назарро, коҳиши фишори ақидатии пайравони шиа нисбат ба пинҳон будани қабри Фотима (с) арзёбӣ кардаанд.

Осоре дар бораи макони дафни ҳазрати Фотима (с) монанди китоби “Марқаду Сайидат-ин-нисоъ, Фотима аш-Шаҳида аз-Заҳро (с) фӣ айӣ макон?!” (مرقدُ سیّدةِ النِّساءِ فاطمةِ الشهیدةِ الزهراء(س) فی اَیِّ مکان؟!) ва "Айна қабру Фотима (с)” (اَیْنَ قبرُ فاطمة(س)) навишта шудааст.


Аҳамияти макони дафн

Мавзуи макони дафни ҳазрати Фотима (с) дар китобҳои каломии шиа роҳ ёфта ва аз махфӣ будани он барои мазаммати Абубакр - халифаи аввал, истифода шудааст.[1] Шиаён маълум набудани макони дафни ҳазрати Фотима (с)-ро далеле бар норизоятии Фотима аз Абубакру Умар ва эътироз нисбат ба ғасби хилофат ва Фадак медонанд.[2] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Ҷалолӣ (ваф. 1399ҳ.ш.), Фотима васият кард, пинҳонӣ дафн шавад, то дар таърих омилҳои шаҳодати ӯ фаромӯш нашаванд.[3]

Махфӣ будани қабри Фотима дар адабиёт инъикос доштааст.[4] Барои намуна Сайид Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр - шоири муосири эронӣ, дар ин бора сурудааст:[5]

Бар сари дӯш ҷисми беҷоне,
Ҳамл мешуд ба нуқтае мармуз.
Ҳама хоҳон ба дил дарозии шаб,
Гарчи шаб буд талху тоқатсӯз.
То магар рози шаб нагардад фош,
Набарад пай ба рози шаб дили рӯз.
Рози шаб буд пайкари Заҳро,
Ки шаб, оғӯши хок гашташ ҷо.

Маконҳои эҳтимолӣ

Олимони шиа дар бораи макони дафни ҳазрати Фотима (с) эҳтимолоте додаанд.[6] Назари машҳур байни олимони шиа, дафни Фотима (с)-ро дар хонаи ӯ донистааст;[7] агарчи ба гуфтаи Шайхи Тусӣ - муҳаддиси шиа, бештари олимон шиа муътақиданд, Фотима дар Равзат-ун-Набӣ дафн шудааст.[8] Эҳтимолоти дигаре низ дар манобеи шиа матраҳ шудааст, аз ҷумла Бақиъ[9] ва хонаи Ақил (оромгоҳи имомони Бақиъ).[10]

Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ - таърихпажӯҳи шиа, таъйини макони қабри ҳазрати Фотима (с)-ро ғайримумкин донистааст.[11] Ба эътиқоди Шайхи Тусӣ[12] ва Аминулислом Табарсӣ[13] беҳтар аст зиёрати ҳазрати Фотима (с) дар ҳар се макони Равзат-ун-Набӣ, хонаи Фотима (с) ва Бақиъ анҷом гирад.[14] Сайид ибни Товус дар китоби Мисбоҳ-уз-зоир, макони зиёратро Равзат-ун-Набӣ,[15] вале дар китоби ал-Иқбол, ҳуҷраи Пайғамбар (с) донистааст.[16]

Хонаи ҳазрати Фотима (с)

Ҳамчунин бубинед: Хонаи ҳазрати Фотима (с)

Назари машҳур байни олимони шиаро, дафни Фотима (с) дар хонаи ӯ донистаанд.[17] Шайхи Садуқ,[18] Ибни Идриси Ҳиллӣ,[19] Ибни Товус,[20] Аллома Маҷлисӣ[21] ва Сайид Муҳсини Амин[22] низ, ин эҳтимолро қавитар аз дигари эҳтимолот донистаанд. Истиноди онҳо ба ривояте[23] аз Имом Ризо (а) аст, ки бар асоси он ҳазрати Фотима (с) дар хонааш дафн шуд ва он хона дар сохтусозе ки Банӣ Умайя дар Масҷид-ун-Набӣ эҷод карданд, даруни масҷид қарор гирифт.[24]

Ба эътиқоди бархе олимони шиа, ривояте, ки дар он Имом Алӣ (а) Фотима (с)-ро «дафншуда дар ҷавори Пайғамбар (с)» муаррифӣ карда,[25] эҳтимоли дафн шудан дар хонаро таъйид мекунад; зеро наздиктарин макон нисбат ба ҷои дафни Пайғамбар, хонаи Фотима (с) буд.[Ёддошт 1][26] Ифтихор шумурдани тадфин канори қабри Пайғамбар (с), таъйиди дигаре барои ин эҳтимол дониста шудааст, ҳамон тавр, ки Имом Ҳасан (а) низ васият кард дар сурати имкон канори қабри Пайғамбар (с) дафн шавад.[27]

Бархе муҳаққиқони шиа эҳтимоли дафн шудан дар хонаро бо ривоёте, ки Имом Алӣ (а) пайкари Фотима (с)-ро барои ташйиъ аз хона хориҷ кард, носозгор шумурдаанд.[28] Дар ҷавоб, эҳтимол дода шудааст ташйиъи ҷаноза воқеӣ набуда, балки сурати ҷаноза ташйиъ шудааст,[29] ё маросими ташйиъ барои сохтани сурати қабрҳо ва шиносоӣ нашудани макони қабри аслӣ анҷом шудааст.[30] Яке аз муҳаққиқони шиа муътақид аст, ташйиъ аз хонаи дигари Алӣ (а) ва Фотима (с) ки дар наздикии Бақиъ қарор дошт ба самти хонаи дигари Фотима (с) сурат гирифт.[31] Ба эътиқоди ӯ, ҳаводиси баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) аз ҷумла ҳуҷум ба хонаи Фотима (с) дар хонаи наздик ба Бақиъ сурат гирифт.[32]

Равзат-ун-Набӣ

Ҳамчунин бубинед: Равзат-ун-Набӣ

Шайхи Муфид дар китоби ал-Муқниъа эҳтимоли дафн шудани Фотима (с) дар Равзат-ун-Набиро саҳеҳ дониста[33] ва Шайхи Тусӣ муҳаддиси шиа, қавли дафни Фотима (с) дар Равзаро эътиқоди бештари олимони шиа шумурдааст.[34] Равзат-ун-Набӣ, фосилаи байни минбар ва қабри Пайғамбар (с) дар Масҷид-ун-Набӣ аст, ки Пайғамбар онро равзае (тарҷума: замини сарсабз[35]) аз равзаҳои биҳишт хонд.[36] Бар асоси ривояте дар китоби Маъон-ил-ахбор, Пайғамбар (с) далели равза будан ин маконро дафн шудани Фотима (с) дар он донист.[37]

Аминулислом Табарсӣ - муфассир ва мутакаллими қарни шашуми қамарӣ,[38] ва Ибни Шаҳрошӯб - муфассир ва муҳаддиси қарни шашуми қамарӣ,[39] ду эҳтимоли хона ва равзаро наздиктар ба ҳақиқат донистаанд. Шайхи Тусӣ ин ду эҳтимолро наздик ба ҳам шумурда[40] ва Аллома Маҷлисӣ он дуро қобили ҷамъ донистааст; зеро ба эътиқоди шиа равза, шомили хонаи Фотима (с) низ мешавад.[41] Ба ҳамин далел, бархе муҳаққиқон қавли равзаро таъйиде бар қавли хона донистаанд.[42]

Даруни хонаи Фотима (с) дар Масҷид-ун-Набӣ; меҳроби Фотима (с) ва зареҳи пушти меҳроб, ки мардум онро мансуб ба Фотима (с) медонанд.

Қабристони Бақиъ

Ҳамчунин бубинед: Бақиъ

Ба гуфтаи Баҳоуддин Ирбилӣ - таърихнигор шиаи қарни ҳафтуми қамарӣ, ки байни мардум ва таърихнигорон машҳур аст, Фотима дар Бақиъ дафн шудааст. Ӯ ривояте низ барои таъйиди ин эҳтимол зикр кардааст. Вай макони хоссе аз қабристони Бақиъро мушаххас накардааст.[43]

Шайхи Тусӣ[44] ва Аминулислом Табарсӣ[45] ин эҳтимолро баъид шумурдаанд. Аз ривояте дар китоби ал-Кофӣ низ истифода шудааст Фотима (с) дар Бақиъ дафн нашудааст.[46] Бар асоси ин ривоят, Имом Ҳасан (а) ба Имом Ҳусайн (а) васият кард: «Баъд аз шаҳодат, маро сари қабри Пайғамбар (с) бибар то бо ӯ таҷдиди паймон кунам. Сипас маро ба қабри модарам баргардон ва аз он ҷо ба Бақиъ бибар!».[47]

Хонаи Ақил (мақбараи аиммаи Бақиъ)

Ҳамчунин бубинед: Буқъаҳои Бақиъ

Аллома Маҷлисӣ аз китоби Мисбоҳ-ул-анвор ривояте зикр кардааст, ки Фотима (с) дар хонаи Ақил ибни Абутолиб дафн шуд.[48] Хонаи Ақил берун аз қабристони Бақиъ ва дар наздикии он қарор дошт[49] ва пас аз дафни Аббос ибни Абдулмутталиб ва чаҳор тан аз имомон (а) дар он, аз ҳолати маскунӣ ба сурати зиёратгоҳи умумӣ даромад[50] ва бо густариши Бақиъ ба он мулҳақ шуд.[51]

Муҳаммадҳусайни Фароҳонӣ - шоир ва нависандаи давраи Қоҷор, дар сафарномаи худ байни солҳои 1302 ва 1303 ҳиҷрии қамарӣ, аз вуҷуди қабре дар буқъаи аиммаи Бақиъ гузориш карда, ки онро мансуб ба ҳазрати Фотима (с) медонистанд ва шиаву суннӣ он маконро зиёрат мекарданд.[52]

Назари машҳур байни олимони аҳли суннат ин аст, ки қабри ҳазрати Фотима (с) дар буқъаи аиммаи Бақиъ қарор дорад.[53] Яке аз истидлолҳои онҳо, васияти Имом Ҳасан (а) мабнӣ бар дафн шудани ӯ канори модараш Фотима (с) аст.[54] Дар баробари ин назар, шиаён бар асоси ривояте[55] муътақиданд, Фотимае, ки дар Бақиъ дафн аст, Фотима бинти Асад - модари Имом Алӣ (а) аст.[56] Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ, муҳаққиқи шиа, муътақид аст, нависандагони аҳли суннат талош кардаанд қабри Фотима (с)-ро даруни ҳарами аиммаи Бақиъ муаррифӣ кунанд, то аз фишори ақидатии пайравони шиа нисбат ба махфӣ будани қабри Фотима (с) бикоҳанд.[57]

Дар манобеи аҳли суннат ба эҳтимолоти дигаре низ барои макони дафни ҳазрати Фотима (с) ишора шудааст. Бархе аз онҳо чунинанд: хонаи вай,[58] Равзат-ун-Набӣ,[59] гӯшаи берунии хонаи Ақил ибни Абутолиб[60] ва Байт-ул-аҳзон.[61]

Сабаби пинҳон мондани қабр

Шеъре аз Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ марҷаъи тақлид, бо мазмуни қабри махфии ҳазрати Фотима (с); хат аз Муҳаммади Ҷаводзода, тиллокорӣ аз Ромин Миръотӣ.
Ҳамчунин бубинед: Васиятҳои ҳазрати Фотима (с) ва Ташйиъ ва тадфини ҳазрати Фотима (с)

Олимони шиа далели пинҳон будани қабри Фотима (с)-ро махфиёна дафн шудани ӯ, ба васияти худи ӯ донистаанд.[62] Бар асоси манобеи шиа, Фотима далели ин васиятро ғасби хилофат аз Алӣ (а), ғасби Фадак ва ёрӣ накардани мусулмонон донист.[63] Ба гуфтаи Шайхи Муфид[64] ва нависандаи китоби Далоил-ул-имомат,[65] ҳазрати Фотима (с) васият кард, қабраш махфӣ бошад.[Ёддошт 2]

Имом Алӣ (а) Фотима (с)-ро шабона ва махфиёна дафн кард[66] ва баъд аз дафн, осори қабри ӯро аз байн бурд.[67] Баъд аз он, чиҳил сурати қабр[68] ва ба қавле ҳафт сурати қабр[69] сохт то қабри Фотима (с) маълум нашавад. Дар бархе манобеи шиа омадааст, Умар ибни Хаттоб[Ёддошт 3] тасмим гирифт суратҳои қабрро набш кунад ва бар Фотима намоз бихонад, вале баъд аз таҳдиди Имом Алӣ (а), аз ин кор сарфи назар кард.[70]

Гуфта шудааст, то кунун ба таври қатъӣ қабри мушаххасе ба Фотима (с) нисбат дода нашудааст.[71] Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ[72] ва Сайид Муҳаммади Шерозӣ[73] аз олимони шиа, замони ошкор шудани қабри Фотима (с)-ро баъд аз зуҳури Имом Маҳдӣ (а) ва тавассути он Ҳазрат донистаанд; албатта барои ин иддао далеле зикр накардаанд.

Алӣ ибни Абдуллоҳи Самҳудӣ - таърихнигори аҳли суннат (ваф. 911ҳ.қ.), яке аз далоили махфӣ будани қабри ҳазрати Фотима (с)-ро роиҷ набудани истеҳкоми қабрҳо бо сангу хишт дар садри Ислом донистааст.[74] Ин далел мавриди нақд қарор гирифтааст; зеро қабрҳои шуморе аз саҳоба ва дигари ақвоми Пайғамбар (с) мушаххас аст.[75]

Такнигорӣ

Бархе аз китобҳое, ки бо мавзӯи макони дафни ҳазрати Фотима (с) навишта шуда иборатанд аз:

  • Марқаду Сайидат-ин-нисо Фотимат-уш-шаҳидат аз-Заҳро (с) фӣ айи макон? (مرقدُ سیّدةِ النِّساءِ فاطمةِ الشهیدةِ الزهراء(س) فی اَیِّ مکان؟! ) навиштаи Сайид Ҳошим Ноҷӣ Мусавии Ҷазоирӣ: дар ин асар, ривоёти шиа дар бораи иллати махфӣ шудани қабри Фотима (с) ва эҳтимолоти макони дафн гирдоварӣ шудааст.[76] Интишороти дониш ин китобро дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ, дар Қум мунташир кард.[77]
  • Айна қабру Фотима (с)?, (اَیْنَ قبرُ فاطمة(س)) навиштаи Ҳусайни Розӣ: дар ин асар эҳтимолоти макони қабри ҳазрати Фотима (с) зикр шуда ва эҳтимоли саҳеҳ, хонаи ӯ дониста шудааст.[78] Дор-ул-муҳаҷҷат-ил-байзо ин китобро дар Бейрут, дар соли 1432 ҳиҷрии қамарӣ чоп кардаст.[79]

Ҳамчунин китобҳои «Қабри модарам куҷост? Дар ҷустуҷӯи мазори бенишони модарам Заҳро (с)» навиштаи М. Уммулмуҳсин[80] ва «Рози садаф: қабри махфии ҳазрати Фотима (с) аз манзари сиёсӣ ва ирфонӣ» навиштаи Меҳрдоди Вайскарамӣ дар ин мавзуъ мунташир шудааст.[81]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.373.
  2. Барои намуна ниг.: Табрезӣ, Сираи устодулфуқаҳои вал-муҷтаҳидин Мирзоҷаводи Табрезӣ, Дор-ус-Сиддиқат-уш-шаҳида, саҳ.89; Мазоҳирӣ, Андешаҳои ноб, 1390ҳ.ш., саҳ.65.
  3. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Феҳрас-ут-турос, 1436ҳ.қ., саҳ.71.
  4. Шоҳрухӣ, Оинаи исмат, интишороти Усва, саҳ.116, 127, 140, 550, 555.
  5. Шаҳриёри шӯридаи шаҳри шеър, хабаргузории Садо ва симо
  6. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301.
  7. Ҳусайнии Шерозӣ, ад-Дуъо ва-з-зиёрат, 1414ҳ.қ., саҳ.588; Ансории Занҷонӣ, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро, Далелуно, ҷ.16, саҳ.113, ба нақл аз ат-Таърих ва-с-сайр (махтут), саҳ.30.
  8. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.711.
  9. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.501.
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.79, саҳ.27.
  11. Омилӣ, Маъсот-уз-Заҳро (с), 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252 ва 253.
  12. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.711.
  13. Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1422ҳ.қ., саҳ.80.
  14. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.711.
  15. Ибни Товус, Мисбоҳ-уз-зоир, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, саҳ.52.
  16. Ибни Товус, ал-Иқболу би-л-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.161.
  17. Ҳусайнии Шерозӣ, ад-Дуъо ва-з-зиёрат, 1414ҳ.қ., саҳ.588; Ансории Занҷонӣ, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро, Далелуно, ҷ.16, саҳ.113, ба нақл аз ат-Таърих ва-с-сайр (махтут), саҳ.30.
  18. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.572.
  19. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатово, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.652.
  20. Ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.163.
  21. Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  22. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322.
  23. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.268.
  24. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.572.
  25. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 202, саҳ.319; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.364.
  26. Барои намуна ниг.: Мозандаронӣ, шарҳи ал-Кофӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.208; Ҳасанзода Омулӣ, Ҳазору як нукта, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.446.
  27. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.122.
  28. Ҳамуд, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.547.
  29. Ҳусайнии Шерозӣ, ад-Дуъо ва-з-зиёрат, 1414ҳ.қ., саҳ.588.
  30. Туробӣ, «Ҷусторе дар чигунагӣ ва макони дафни ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар манобеи нахустин», саҳ.131.
  31. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.166.
  32. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.163.
  33. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.459.
  34. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.711.
  35. Ибни Сайида, ал-Муҳкам ва ал-муҳит-ул-аъзам, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.245, зайли вожаи равз.
  36. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.257.
  37. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1366ҳ.ш., саҳ.267.
  38. Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1422ҳ.қ., саҳ.80.
  39. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.365.
  40. Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.9.
  41. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.193; Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.349.
  42. Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.210.
  43. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.501.
  44. Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.9.
  45. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301.
  46. Ансории Занҷонӣ, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро, Далелуно, ҷ.16, саҳ.51.
  47. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43.
  48. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.79, саҳ.27.
  49. Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.208.
  50. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.127.
  51. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.81.
  52. Фароҳонӣ, Сафарномаи Мирзо Муҳаммадҳусайни Фароҳонӣ, 1362ҳ.ш., саҳ.229.
  53. Барои намуна нигоҳ кунед ба Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.93; Ибни Наҷҷор, ад-Дуррат-ус-самина фи ахбор-ил-Мадина, ширкату Дорул-арқам, саҳ.166; ҳамчунин нигоҳ кунед ба Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.209.
  54. Муҳиббуддини Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1356ҳ.қ., саҳ.54 ва 141.
  55. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17.
  56. Барои намуна ниг.: Қумӣ, ал-Анвор-ул-баҳия, ал-Ҷамоъат-ул-мударрисин би Қум-ил-мушаррафа, муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ, саҳ.174; Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.209.
  57. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.128.
  58. Ибни Ҷавзӣ, Мусир-ул-ғаром, 1415ҳ.қ., саҳ.464.
  59. Сибти ибни Ҷавзӣ, Миръот-уз-замон фи таворих-ил-аъён, 1434ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.60.
  60. Ибни Шабаҳ, Таърих-ул-Мадина, 1399ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105.
  61. Диёр Бакрӣ, Таърих-ул-хамис, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.176.
  62. Барои намуна нигоҳ кунед ба Табарсӣ, Тоҷ-ул-маволид, 1422ҳ.қ., саҳ.80; Ноҷии Ҷазоирӣ, Марқаду Сайидат-ин-нисо Фотимат-уш-шаҳидат аз-Заҳро (с) фӣ айи макон?!, 1395ҳ.ш., саҳ.16.
  63. Хусайбӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.178; Фатоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151.
  64. Шайхи Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.281.
  65. Табарии Омулии Сағир, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.133.
  66. Ибни Шабаҳ, Таърих-ул-Мадина, 1399ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107.
  67. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.490.
  68. Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.136; Хусайбӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419ҳ.қ., саҳ.179.
  69. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.363.
  70. Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайс ал-Ҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.871; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.304.
  71. Омилӣ, Маъсот-уз-Заҳро (с), 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252 ва 253; Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.113.
  72. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.534.
  73. Ҳусайнии Шерозӣ, Фотимат-уз-Заҳро афзали усват ли-н-нисо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.31.
  74. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.93.
  75. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.114.
  76. Ноҷии Ҷазоирӣ, Марқаду Сайидат-ин-нисо Фотимат-уш-шаҳидат аз-Заҳро (с) фӣ айи макон?!, 1395ҳ.ш., феҳрист.
  77. Ноҷии Ҷазоирӣ, Марқаду Сайидат-ин-нисо Фотимат-уш-шаҳидат аз-Заҳро (с) фӣ айи макон?!, 1395ҳ.ш., шиносаи китоб.
  78. Розӣ, Айна қабру Фотима (с), 1432ҳ.қ., саҳ.135.
  79. Розӣ, Айна қабру Фотима (с), 1432ҳ.қ., шиносномаи китоб.
  80. «Китобшносии қабр модарам куҷост?», Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон.
  81. «Китобшносии Рози садаф», Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон.

Ёддошт


Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ул-эътиқод, тасҳеҳи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, муассисаи ан-нашрул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дор-ул-таъоруфи ли-л-матбуот, 1403ҳ.қ.
  • Ансории Занҷонӣ, Исмоил, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро (с), беҷо, Далилуно, бе то.
  • "Дидори Шаҳриёр ва мақоми муаззами раҳбарӣ", рӯзномаи Фарҳехтагон, №3137, 27 шаҳривари 1399ҳ.ш.
  • Диёрбакрӣ, Ҳусайн, Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфус-ин-нафис, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, Муқаддимат-ул-адаб‏, Теҳрон, Муассисаи мутолиоти исломии донишгоҳи Теҳрон, 1386ҳ.ш.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатово, Қум, Муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ ат-тобеъа ли ҷамоъат-ил-мударрисин, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Қутабаи Динаварӣ, Таъвилу мухталиф-ил-ҳадис, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Наҷҷор, Муҳаммад ибни Маҳмуд, ад-Дуррат-ус-самина фи ахбор-ил-Мадина, беҷо, Ширкату дор-ул-арқам, бе то.
  • Ибни Сайида, Алӣ ибни Исмоил, ал-Муҳкам ва-л-муҳит, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳамид Ҳиндовӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Иқбол ба-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, дафтари таблиғоти исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Мисбоҳ-уз-зоир, таҳқиқи Муассисаи Ол-ул-байт (а) ли эҳё-ит-турос‏, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт (а) ли эҳё-ит-турос‏, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Мусир-ул-ғаром ас-сокин ило ашраф-ил-амокин, таҳқиқи Мустафо Муҳаммадҳусайн Заҳабӣ, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Шабаҳ, Умар Ибни Шабаҳ ибни Убайда, Таърих-ул-Мадина ли Ибни Шабаҳ, таҳқиқи Фаҳим Муҳаммад Шалтут, Ҷадда, ас-Саид Ҳабиб Маҳмуд Аҳмад, 1399ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • "Китобшиносии Қабри модарам куҷост?", Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон, санаи боздид: 9 шаҳривари 1400ҳ.ш.
  • "Китобшиносии Рози садаф", Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон, санаи боздид: 9 шаҳривари 1400ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Дор-ул-ҳадис, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1429ҳ.қ.
  • Қисмуддиросотил-исломияи муассисаи Аззаҳро, Фотимат-уз-Заҳро (с) фи девон-иш-шеър-ил-арабӣ, Бейрут, муассисаи албеъсат, 1418ҳ.қ.
  • Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, Теҳрон, нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайхи Аббос, ал-Анвор-ул-баҳия фи таворих-ил-ҳуҷаҷ-ил-Илоҳия, беҷо, Муассисат-ул-исломӣ ал-мударрисини Қум, бето.
  • Мазоҳирӣ, Ҳусайн, Андешаи ноб, Исфаҳон, муассисаи фарҳангии мутолиъотии аз-Заҳро, 1390ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дорулсовӣ, бето.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммад, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқ ва тасҳеҳи ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Лавомиъи Соҳибқиронӣ, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1414ҳ.қ.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, шарҳи ал-Кофӣ, бо ҳошияи Абулҳасани Шаъронӣ, бо тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-исломия ли-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1384ҳ.ш.
  • Муҳиббуддини Табарӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Захоир-ул-уқбо фи маноқиби завӣ-л-қурбо, Қоҳира, мактабат-ул-қудсӣ, 1356ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, гирдоварии Муҳаммад ибни Ҳусайн Шариф ар-Разӣ, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, муассисаи Дор-ул-ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Ноҷии Ҷазоирӣ, Сайидҳошим, Марқаду Сайидат-ин-нисо Фотимат-уш-шаҳидат аз-Заҳро (с) фӣ айи макон?!, Қум, Дониш, 1395ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, Маъсот-уз-Заҳро (с), Бейрут, Дор-ус-сира, 1418ҳ.қ.
  • Розӣ, Ҳусайн, Айна қабру Фотима (с), Бейрут, Дор-ул-маҳаҷҷат-ул-байзоъ, 1432ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Ғазоуқлӣ, Миръот-уз-замон фи таворих-ил-аъён, таҳқиқи Муҳаммад Баракот ва дигарон, Димишқ, Дор-ур-рисолат-ил-оламия, 1434ҳ.қ.
  • Табарии Омулӣ Сағир, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, таҳқиқ ва тасҳеҳи Қисм-уд-диросот-ил-исломияи Муассисаи ал-Беъсат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тоҷ-ул-маволид, Бейрут, Дор-ул-қорӣ, 1422ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Ол-ул-байт‏, Қум, ‏1417ҳ.қ.
  • Туробӣ, Ҳамза ва Маҷид Аҳмадии Качоӣ, «Ҷусторе дар чигунагӣ ва макони дафни ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар манобеи нахустин», дар фаслномаи илмӣ - пажӯҳишии Таърихи Ислом, соли бисту якум, №83, поизи 1399.
  • Уммулмуҳсин, М., Қабри модарам куҷост? Қум, Далели мо, 1392ҳ.ш.
  • Фароҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, Сафарномаи Мирзо Муҳаммадҳусайни Фароҳонӣ, Теҳрон, Фирдавс, 1362ҳ.ш.
  • Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Фуроти Кӯфӣ, Тафсири Фуроти ал-Куфӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Козим, Теҳрон, Муассисаи ат-табъу ва-н-нашру фи вазорат-ил-иршод-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Хусайбӣ, Ҳусайн ибни Ҳамдон‏, ал-Ҳидоят-ул-кубро‏, Бейрут, ал-Балоғ, 1419ҳ.қ.
  • Ҳамуд, Муҳаммад Ҷамил, Абҳа-л-мидод фи шарҳи муътамари уламои Бағдод, Бейрут, Муассисат-ул-Аъламӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Ҳазору як калима, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Ҳилолӣ, Сулайм ибни Қайс, Китобу Сулайм ибни Қайс ал-Ҳилолӣ‏, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Ансории Занҷонӣ Хуинӣ, Қум, ал-Ҳодӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Феҳрас-ут-турос, таълиқоти Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ ва дигарон, Бейрут, Дор-ул-вило ли саноат-ин-нашр, 1436ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, ад-Дуъо ва-з-зиёрат, Бейрут, Муассисаи ал-фикр-ул-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Фотимат-уз-Заҳро афзалу усватин ли-н-нисо, Бейрут, Муассисаи ат-таблиғ-ул-оламия, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, таҳқиқи Ҳусайн Устодвалӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дор-ул-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-Лоҳи ала-л-ибод, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муассисаи Ол-ул-байт (а), Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ‏, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ‏, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъон-ил-ахбор, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи албеъсат, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, Муассисаи фиқҳ-уш-шиа, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳасан ал-Васавӣ Хирсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Шоҳрухӣ, Маҳмуд ва Мушфиқи Кошонӣ, Оинаи исмат, Қум, интишороти Усва, чопи аввал, бето.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, мактабату Оятуллоҳи ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, Қум, 1409ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found