Кашф-ул-муроди фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кашфул-мурод)
Кашф-ул-муроди фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод
НависандаАллома Ҳиллӣ
Мавзуъфаосафа, калом
Сабкистидлолӣ
Забонарабӣ
Маҷмуа1 ҷилд
НоширМуассисат-ун-нашр-ил-исломӣ
Санаи нашр1407ҳ.қ.


Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ул-эътиқод (арабӣ: کَشفُ المُراد فی شَرحِ تَجریدِ الاِعتِقاد) аз китобҳои каломии шиа, асари Алломаи Ҳиллӣ ба забони арабӣ. Ин китобро нахустин ва беҳтарин шарҳ бар китоби Таҷрид-ул-эътиқод, навиштаи Хоҷаи Насируддини Тӯсӣ медонанд. Кашф-ул-мурод аз мабоҳиси фалсафӣ, ҳамчун вуҷуд ва моҳият оғоз мешавад ва сипас даврае аз усули ақоиди мазҳаби имомияро аз тавҳид то маод баён мекунад.

Ин китоб ҷузви мутуни дарсии ҳавзаҳои илмия аст ва шарҳҳову ҳошияҳои бисёре бар он навишта шудааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Аллома Ҳиллӣ

Ҳасан ибни Юсуфи ибни Мутаҳҳари Ҳиллӣ (648 - 726ҳ.қ.) маъруф ба Аллома Ҳиллӣ, аз фақиҳон ва мутакаллимони қарни ҳаштуми қамарӣ аст.[1] Ӯ китобҳои бисёре дар улуми мухталиф, аз ҷумла: фиқҳ, усул, ақоид, фалсафа ва мантиқ навиштааст.[2] Аз ҷумлаи он китобҳо: “Маноҳиҷ-ул-яқини фи усул-ид-дин”, “Кашф-ул-мурод”, “Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ”, “Боби ҳоди ашар”, “Хулосат-ул-ақволи фи марифат-ир-риҷол” ва “ал-Ҷавҳар-ун-назид” аст. Ӯро нахустин касе медонанд ки ба иллати фазлу дониши бисёраш, оятуллоҳ хонда шуд.[3] Манозирот ва осори ӯ муҷиби гароиши Султон Муҳаммади Худобанда ба ташайюъ ва равоҷи мазҳаби шиа дар Эрон шуд.[4]

Ангезаи таълиф

Аллома Ҳиллӣ дар муқаддимаи Кашф-ул-мурод, ангезааш аз нигориши ин китобро тавзеҳи масоили мубҳами “Таҷрид-ул-эътиқод” асари Хоҷа Насируддини Тӯсӣ зикр кардааст. Ба гуфтаи ӯ китоби “Таҷрид-ул-эътиқод” бо он ки ҳамаи масоили каломиро дар бар гирифта ва маъонии бисёре дар худ ҷой додааст, аммо матне бисёр хулосавор дорад. Ин сабаб шудааст, ки толибони илм аз фаҳми маъонии он нотавон бошанд.[5]

Аҳамияти китоб

Кашф-ул-мурод аз китобҳои дарсии ҳавзаҳои илмия аст ва олимон барои он аҳамияти вижа қоиланд.[6] Гуфтаанд ин китоб аз ду ҷиҳат бар дигар шарҳҳои “Таҷрид-ул-эътиқод” бартарӣ дорад: яке он ки нахустин шарҳи он аст ва дигар он ки нависандааш шогирди нависандаи “Таҷрид-ул-эътиқод” будаасту бо сираи илмии муаллифи китоб аз наздик ошноӣ дошта.[7]

Ба гуфтаи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ - мусаҳҳеҳи китоб, “Таҷрид-ул-эътиқод” асли китобҳои каломӣ ва пешгоми онҳо ва “Кашф-ул-мурод” нахустин ва беҳтарин шарҳи он аст.[8] Ӯ аз Фозили Қӯшчӣ ҳам нақл кардааст, ки агар “Кашф-ул-мурод” набуд, “Таҷрид-ул-эътиқод” ба дурустӣ фаҳмида намешуд.[9] Оқобузурги Теҳронӣ – нависандаи аз-Зариъа, ҳам ба нақл аз Шамсуддини Исфаҳонӣ – аз шореҳони “Таҷрид-ул-эътиқод”, навиштааст агар “Кашф-ул-мурод” набуд, касе наметавонист “Таҷрид-ул-эътиқод”-ро шарҳ диҳад.[10]

Муҳтаво ва сохтори китоб

Кашф-ул-мурод ҳам аз мабоҳиси фалсафии маҳз, ҳамчун вуҷуду адаму моҳият баҳс карда ва ҳам даврае аз мабоҳиси каломиро аз тавҳид то маод матраҳ кардааст. Ин китоб аз шаш бахш ташкил шуда ки ҳаряк «Мақсад» ном гирифтаанд. Бархе аз бахшҳо аз чанд фасл ташкил шуда ва зайли ҳаряк масоили мухталифе матраҳ шудааст:

  1. Умури омма: шомили се фасл: вуҷуду адам, моҳият ва лавоҳиқи он, иллату маълул.
  2. Ҷавоҳиру аъроз: шомили панҷ фасл: ҷавоҳир, аҷсом, соири аҳкоми аҷсом, ҷавоҳири муҷаррад, аъроз.
  3. Исботи офаридгор: шомили се фасл: вуҷуди Худо, сифоти Худо, афъоли Худо.
  4. Набувват: дар ин бахш, ҳафт масъала дар бораи набувват матраҳ шудааст; аз ҷумла: зарурати беъсат, зарурати исмат, роҳи шинохти сидқи паёмбар ва набуввати ҳазрати Муҳаммад (с).
  5. Имомат: дар ин бахш, нӯҳ масъала баён шудааст; монанди вуҷуби насби имом бар Худо, зарурати исмати имом, зарурати афзал будани имом, зарурати вуҷуди нас бар имом, имомати билофасли Алӣ ибни Абитолиб баъд аз Паёмбар (с), афзал будани Имом Алӣ (а) аз дигар саҳоба ва имомати соири имомони дувоздаҳгона.
  6. Маод: ин бахш шомили шонздаҳ масъала аст, ки бархе иборатанд аз: имкони охират, маоди ҷисмонӣ, иҳбот ва такфир, шафоат, тавба ва азоби қабр.[11]

Шарҳ, ҳошия ва тарҷума

Ба гузориши китоби “Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод”, шарҳҳо ва ҳошияҳои бисёре бар “Кашф-ул-мурод” навишта шудааст. Бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  1. Ҳошияи Сайид Абулқосим ибни Ҳусайни Разавии Қумии Ҳоирии Лоҳурии Нақавӣ (ваф. 1324ҳ.қ.)
  2. Ҳошияи Мирзо Абдурразоқ ибни Алиризо Муҳаддиси Ҳамадонӣ (ваф. 1381ҳ.қ.)
  3. Аттаълиқоту ало Кашф-ил-мурод, навиштаи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ
  4. Тавзеҳ-ул-муроди фи шарҳи Кашф-ил-мурод, аз Сайид Ҳошим Ҳусайнии Теҳронӣ (ваф. 1412ҳ.қ.)
  5. Ҳошияи Сайид Муҳаммадҳошими Равзотӣ
  6. Таълиқатун ало шарҳ-ит-Таҷрид-ил-Аллома, аз Ҳофиз Башири Наҷафӣ (тав. 1361ҳ.қ.)
  7. Таълиқатун ало Кашф-ил-муроди фи шарҳ-ит-таҷрид, аз Иброҳим Мӯсавии Абҳарии Занҷонӣ (тав. 1344ҳ.қ.)
  8. Тарҷума ва шарҳи Кашф-ул-мурод, навиштаи Абулҳасани Шаъронӣ (тав. 1393ҳ.қ.), ба забони форсӣ
  9. Шарҳи Кашф-ул-мурод, аз Алии Маҳмадӣ (тав. 1377ҳ.қ.), ба забони форсӣ.[12]

Интишор ва нусхаҳо

Аз Кашф-ул-мурод чанд нусха дастнавис вуҷуд дорад, ки бархе дар замони ҳаёти Аллома Ҳиллӣ ва бархе бо фосилаи каме пас аз маргаш навишта шудаанд.[13] Аз ҷумлаи онҳо нусхаест, ки дар соли 713ҳ.қ. ва дар замони ҳаёти Аллома Ҳиллӣ навишта шудааст.[14] Ҳамчунин нусхае дар соли 745ҳ.қ., навишта шуда ва котиб онро барои Фахрулмуҳаққиқин – фарзанди Аллома Ҳиллӣ, хондааст.[15] Ин нусха дар китобхонаи Остони Қудси Разавӣ нигаҳдорӣ мешавад.[16]

Ҳамчунин Кашф-ул-мурод дар Эрон, Лубнон ва Ҳинд чоп шудааст.[17] Аз ҷумлаи чопи он тавассути интишороти Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум дар соли 1407ҳ.қ. аст, ки бо тасҳеҳу таълиқоти Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ дар 646 сафҳа мунташир шудааст.[18]

Эзоҳ

  1. Афндии Исфаҳонӣ, Риёз-ул-уламо, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.358 - 359
  2. Афндии Исфаҳонӣ, Риёз-ул-уламо, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.359
  3. Мавлавӣ, «Оятуллоҳ», саҳ.260
  4. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390 Қум, ҷ.2, саҳ.279 - 280
  5. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.19 - 20
  6. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.1, Муқаддамаи ношир
  7. Холиқиён, «Аз Аллома Ҳиллӣ то Абулфазли Шаъронӣ», саҳ.27
  8. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., Муқаддамаи мусаҳҳеҳ, саҳ.3
  9. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., Муқаддамаи мусаҳҳеҳ, саҳ.3
  10. Ниг.: Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ./1983м, ҷ.18, саҳ.60
  11. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.581 - 592
  12. Садроӣ ва Маръашӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.38 - 41
  13. Ниг.: садроеу Маръашӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.36 - 37
  14. Ниг.: Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ./1983м, ҷ.18, саҳ.60
  15. Ниг.: Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.18, 1403ҳ.қ./1983м, саҳ.60
  16. Садроӣ ва Маръашӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.37
  17. Садроӣ ва Маръашӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.38 - 37
  18. Садроӣ ва Маръашӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, 1382ҳ.ш., саҳ.38

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-муроди фи шарҳи таҷрид-ул-эътиқод, тасҳеҳи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи ҳафтум, 1417ҳ.қ..
  • Афандии Исфаҳонӣ, Риёз-ул-уламои ва ҳиёз-ул-фузало, Мирзо Абдуллоҳ, таҳқиқи Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, Қум, Хайём, 1401ҳ.қ..
  • Мавлавӣ, Муҳаммадалӣ, «Оятуллоҳ», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.2, Теҳрон, Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи дуввум, 1374ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъати ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азво, чопи сеюм, 1403ҳ.қ./ 1983м.
  • Садроӣ ва Маръашӣ, Китобшиносии Таҷрид-ул-эътиқод, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш./1424ҳ.қ.
  • Холиқиён, «Аз Аллома Ҳиллӣ то Абулфазли Шаъронӣ; муқоисае байни шуруҳи Таҷрид-ул-эътиқод», Рушди омӯзиши маорифи исломӣ, №76, 1389ҳ.ш.
  • Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷанноти фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот, Қум, Исмоилиён, 1390ҳ.қ.