Исмоил Ҳания

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Исмоили Ҳания)
Исмоил Ҳания
Номи комилИсмоил Абдуссалом Аҳмад Ҳания
ЛақабАбудъабд
МазҳабСуннӣ
Санаи таваллуд23 ё 29 январи 1962 ё 1963
ЗодгоҳҒазза - Фаластин
Санаи шаҳодат31 июли 2024
Маҳалли шаҳодатТеҳрон - Эрон
Маҳалли дафншаҳри Лусайли Қатар
СиёсӣРаиси дафтари сиёсии ҲАМОС (2017 то 2024) • Нахуствазири ташкилоти худгардони Фаластин (2006 то 2007) • Раёсати Донишгоҳи исломии Ғазза • Раисдафтари Шайх Аҳмад Ёсин


Исмоил Ҳания (арабӣ: اِسْماعیل هَنیَّه) (2024 - 1962/1963) раиси дафтари сиёсии ҷунбиши ҲАМОС буд, ки тавассути Исроил дар Теҳрон террор шуд.

Ҳания аз раҳбарони муқовимати исломӣ дар баробари ишғоли Фаластин буд ва барои озодсозии он аз ишғоли режими саҳюнистӣ талош мекард. Ӯ чандин бор тавассути Исроил ба зиндон афтод ва дар соли 1992 ба ҷануби Лубнон табъид шуд.

Террори Ҳания дар Теҳрон вокунишҳои мухталиферо дар пай дошт. Шахсиятҳо ва ниҳодҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои гуногун онро маҳкум ва мусулмонони кишварҳои мухталиф дар эътироз ба террори ӯ тазоҳурот карданд. Ҷанозаи Ҳания дар 11 мурдод дар Теҳрон бо ҳузури мардум ташйиъ шуд; Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз мароҷеъи тақлиди шиаён, бар ҷанозаи ӯ намоз хонд; рӯзи баъд дар Қатар, ташйиъ ва дар шаҳри Лусайл ба хок супурда шуд.

Раиси дафтари сиёсии ҲАМОС (аз соли 2017 то 2024), нахусти вазири ташкилоти худгардони Фаластин (2006 то 2007), раёсати Донишгоҳи исломии Ғазза ва раиси дафтари Шайх Аҳмад Ёсин аз масъулиятҳои ӯ будааст. Ӯ намоди муқовимати Фаластин ва шаҳиди Қудс лақаб гирифтааст.

Мубориза бо ишғолгарии Исроил

Исмоил Ҳания аз раҳбарони муқовимати исломии Фаластин буд. Аз ӯ ба унвони намоди муқовимати Фаластин[1] ва шаҳиди Қудс[2] ёд мешавад. Исмоил Ҳания чандин бор тавассути Исроил зиндонӣ шуд аз ҷумла дар соли 1989 ба муддати се сол ба зиндон афтод.[3] Дар 1992 низ ҳамроҳ бо теъдоде аз фаъолони ҲАМОС ва ҷиҳоди исломӣ ба муддати як сол ба Марҷуззуҳур дар ҷануби Лубнон табъид шуд.[4] Се писар ва се набераи Ҳания низ дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар 10 апрели 2024 кушта шуданд.[5]

Раҳбарии сиёсии ҷунбиши ҲАМОС

Исмоил Ҳания:

Ҳаргиз, ҳаргиз, ҳаргиз, Исроилро ба расмият нахоҳем шинохт!

Исмоил Ҳания, дар 6 май 2017 ва пас аз Холид Машъал, раҳбарии сиёсии ҲАМОС-ро бар ӯҳда гирифт.[7] Ӯ пеш аз он, бо пирӯзӣ дар интихоботи 2006 дар Фаластин, нахуствазири ташкилоти худгардон Фаластин шуд; аммо дар июни 2007 аз сӯи Маҳмуд Аббос - раиси ташкилоти худгардони Фаластин, канор гузошта шуд.[8] Ҳамчунин муддате раиси дафтари Шайх Аҳмад Ёсин низ буд.[9]

Исмоил Ҳания дар канори Шайх Аҳмад Ёсин бунёнгузори ҲАМОС

Ҳания дар соли 2018 аз сӯи Амрико дар феҳристи террористон қарори гирифта буд.[10] Ӯ дар солҳои поёнии умри худ дар Қатар зиндагӣ мекард. [ 11 ]

Иртибот бо меҳвари муқовимат

Исмоил Ҳания дар тӯли муборизот ва фаъолиятҳояш бо раҳбарони меҳвари муқовимат иртибот ва ҳамкорӣ дошт. Вай, борҳо ба Эрон сафар кард ва бо мақомоти эронӣ аз ҷумлаи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дидор намуд.[11] Ӯ дар маросими ташйиъи Қосими Сулаймонӣ - фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон,[12] ва маросими ташйиъи Сайид Иброҳим Раисӣ - ҳаштумин раисҷумҳури Эрон,[13] дар Теҳрон ҳузур дошт. Ҳания бо Сайид Ҳасан Насруллоҳ - дабиркули Ҳизбуллоҳ, низ дидорҳо ва ҳамкорӣ дошт.[14]

Террори Ҳания тавассути Исроил дар хоки Эрон пайомадҳои мухталиферо ба дунбол дорад. Бархе аз таҳлилгарон террори ӯро сабаби афзоиши ҳамоҳангии гурӯҳҳои муқовимат барои муқобила бо режими сиҳюнистӣ ва маҳви Исроил медонанд.[15]

Террор

Ташйиъи ҷанозаи Исмоил Ҳания дар Теҳрон 1 августи 2024

Исмоил Ҳания дар 31 июли 2024/25 муҳаррами 1446ҳ.қ. дар маҳали иқоматаш дар Теҳрон, террор ва ба шаҳодат расид.[16] Ӯ барои ширкат дар маросими таҳлифи нуҳумин раисҷумҳури Эрон ба Теҳрон рафта буд.[17] ҲАМОС[18] ва вазорати хориҷаи Эрон[19] террори Ҳанияро ба режими саҳюнистӣ нисбат доданд. Дафтари расонаии режими сиҳюнистӣ низ бо интишори баёнияе масъулияти ин террорро бар ӯҳда гирифт.[20] Исроил, дар соли 2003 ва 2006 низ бо бомбаборони ҳавоӣ қасди террори Ҳанияро дошт, ки ӯ ҷони солим ба дар бурд.[21]

Ташйиъ дар Теҳрон ва Қатар

Намози Оятуллоҳ Хоманаӣ бар Исмоил Ҳания
Намози Оятуллоҳ Хоманаӣ бар Исмоил Ҳания

Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар 1 август бар ҷанозаи Ҳания намози майит хонд ва пас аз он ҷаноза Ҳания тавассути мардуми Теҳрон ташйиъ шуд.[22] Ҷанозаи Ҳания дар 2 август дар Давҳа - пойтахти Қатар, бо ҳузури мардум ва шахсиятҳои сиёсию мазҳабӣ ҳамчун амири Қатар ташйиъ ва дар шаҳри Лусайл дар наздикии Давҳа дафн шуд.[23] Намоз хондани Оятуллоҳ Хоманаӣ ба унвони раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ва марҷаъи тақлиди шиаён бар ҷанозаи Исмоил Ҳания муборизи аҳли суннат ва низ ташйиъи ҷанозаи ӯ дар пойтахти шиъӣ тавассути шиаён мавриди тавваҷуҳи расонаҳо[24] ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ[25] қарор гирифт.

Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон:

Раҳбари шуҷоъ ва муҷоҳиди барҷастаи фаластинӣ ҷаноби оқои Исмоил Ҳания дар саҳаргоҳи имрӯз ба лиқоуллоҳ пайваст ва ҷабҳаи азими муқовимат азодор шуд... Шаҳид Ҳания солҳо ҷони гиромиашро дар майдони муборизае шарофатмандона бар сардаст гирифта ва омодаи шаҳодат буд ва фарзандону касони худро дар ин роҳ тақдим карда буд. Ӯ аз шаҳид шудан дар роҳи Худо ва наҷоти бандагони Худо бок надошт.


Вокунишҳо

Террори Ҳания вокунишҳои зиёде аз сӯи раҳбарони сиёсию мазҳабӣ ва мардум дошт. Сайид Алӣ Хоманаӣ - раҳбари низоми Ҷумҳурии исломии Эрон,[27] Нурии Ҳамадонӣ,[28] Носир Макорими Шерозӣ[29] ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ[30] аз мароҷеъи тақлиди шиаён шаҳодати Ҳанияро таслият гуфтанд. Раиси ҷумҳури Туркия,[31] нахусти вазири Лубнон, гурӯҳҳои муқовимати исломӣ монанди Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷунбиши Ансоуллоҳи Яман, ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, вазирони хориҷаи кишварҳое ҳамчун Чин, Туркия, Русия, Сурия, Қатар, Урдун, Миср, Ироқ, Покистон ва Умон, ташкилоти худгардони Фаластин, ҷунбиши Фатҳ, ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ, Ихвонулмуслимин дар Урдун террори Ҳанияро маҳкум карданд.[32] Вазирони хориҷаи бархе аз кишварҳо монанди Ироқ,[33] Умон ва Урдун террори Ҳанияро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва таҳдиде барои амнияту суботи минтақа донистаанд.[34]

Мардуми кишварҳои мухталиф ҳамчун Яман,[35] Урдун,[36] Туркия, Марокаш, Тунис ва Лубнон[37] дар маҳкумияти террори Ҳания тазоҳурот барпо карданд. Дар Эрон ва Яман се рӯз[38] ва дар Фаластин як рӯз[39] азои умумӣ эълом шуд. Ҳамчунин бар фарози масҷиди Ҷамкарон аз марокизи мазҳабии шиаён дар Қум ба нишонаи интиқом парчами сурхи "Ё ласороталҳусайн" ба эҳтизоз даромад.[40]

Дар паи террори Ҳания, Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид низ, нишасти изтирорӣ баргузор кард ва бархе аз аъзои он шӯро террори Ҳанияро маҳкум карданд.[41]

Ваъдаи интиқом ва хунхоҳӣ ва амалиёти Ваъдаи содиқи 2

Исмоил Ҳания ва Зиёд ан-Нахола дар дидор бо раҳбари Эрон
Исмоил Ҳания ва Зиёд ан-Нахола дар дидор бо раҳбари Эрон

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми таслиятӣ бо ишора ба ин ки ин террор дар Эрон рух дода, хунхоҳии Ҳанияро вазифаи Эрон дониста ва аз муҷозоте сахт хабар додааст.[42] Сайид Ҳасан Насруллоҳ[43] ва сипоҳи посдорон[44] низ бо маҳкумияти террори Ҳания тавассути режими сиҳюнистӣ, аз посух ва интиқоми сахт хабар доданд. Пас аз ваъдаи интиқомҷӯии Эрон, хутути ҳавоии мухталифе парвозҳои худ ба мақсади сарзаминҳои ишғолиро ба ҳолати таълиқ дароварданд.[45] Ҳамчунин ҲАМОС амалиётҳоеро алайҳи Исроил дар манотиқи мухталифи Фаластин анҷом дод[46] ва дар 6 августи 2024 Яҳё Синворро ба раҳбарии ҲАМОС интихоб кард.[47]

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух ба террори Ҳания ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ (дар 27 сентябри соли 2024), дар 1 октябри ҳамон сол, амалиёти ваъдаи содиқи 2-ро бо шиллеки даҳҳо мӯшак ба манотиқи низомӣ ва амниятии Исроил анҷом дод.[48]

Исмоил Ҳания ва ҷамъе аз мақомоти ҲАМОС дар канори Сайид Ҳасан Насруллоҳ
Тазоҳурот дар Туркия дар маҳкумияти террори Исмоил Ҳания

Таҳсилот ва масъулиятҳо

Исмоил Абдусалом Аҳмад Ҳания машҳур ба Исмоил Ҳания мулаққаб ба Абулъабд дар 23[49] ё 29[50] январи 1962[51] ё 1963[52] дар урдугоҳи аш-Шотӣ дар Ғазза ба дунё омад. Вай таҳсилоти муқаддамотиро дар ҳамон урдугоҳ ба поён бурд ва сипас дар Донишгоҳи Ғазза ба таҳсил пардохт.[53] Ӯ дар соли 1987 дар риштаи адабиёти араб дар сатҳи каршиносӣ фориғуттаҳсул шуд.[54] Дабири ҳайати уманои Донишгоҳи исломии Ғазза, мудири илмии Донишгоҳи исломии Ғазза, узви ҳайати мудираи ҷамъияти исломии Ғазза, раиси бошгоҳи ҷамъияти исломии Ғазза ба муддати даҳ сол[55] ва раёсати Донишгоҳи исломии Ғазза[56] аз масъулиятҳои вай будааст.

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: «فیدان: هنیه نماد مقاومت فلسطین بود», Хабаргузории Анантоли; «اسماعیل هنیه؛ رهبری که نماد مقاومت سیاسی و نظامی فلسطین بود», Хабаргузории Меҳр
  2. Барои намуна ниг.: «مراسم گرامیداشت شهید القدس اسماعیل هنیه»، Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ; «پیمان جبهه مقاومت از تهران تا غزه: انتقام خون شهید القدس قطعی است», Хабаргузории Меҳр; «پیکر شهید القدس در خانه ابدی آرام گرفت», Хабаргузории Машриқ-Ниюс.
  3. «گزارش‌ها از ترور اسماعیل هنیه رهبر سیاسی حماس در تهران», Сайти ВВС форсӣ; «إسماعيل هنية.. لاجئ من مخيم الشاطئ قاد حركة حماس», ал-Ҷазира-нет
  4. «اسماعیل هنیه ملقب به ابوالعبد که بود؟», Хабаргузории Меҳр; «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ИСНА.
  5. «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ИСНА
  6. «اسماعیل هنیه ملقب به ابوالعبد که بود؟», Хабаргузории Меҳр; «گروه اسلامگرای حماس چیست؟», ВВС форсӣ; «إسماعيل هنية.. لاجئ من مخيم الشاطئ قاد حركة حماس», ал-Ҷазира Нет.
  7. «إسماعيل هنية.. لاجئ من مخيم الشاطئ قاد حركة حماس», ал-Ҷазира Нет; «نگاهی به زندگی و اقدامات شهید اسماعیل هنیه», Хабаргузории Тасним.
  8. «اسماعیل هنیه ملقب به ابوالعبد که بود؟», Хабаргузории Меҳр
  9. «گزارش‌ها از ترور اسماعیل هنیه رهبر سیاسی حماس در تهران», Сайти ВВС форсӣ; «إسماعيل هنية.. لاجئ من مخيم الشاطئ قاد حركة حماس», ал-Ҷазира Нет
  10. «گزارش‌ها از ترور اسماعیل هنیه رهبر سیاسی حماس در تهران», Сайти ВВС форсӣ
  11. Барои намуна ниг.: «دیدار اسماعیل هنیه رئیس دفتر سیاسی حماس با رهبر انقلاب», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хаманаӣ; «دیدار نخست وزیر فلسطین و هیأت همراه با رهبر انقلاب», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хаманаӣ.
  12. «إسماعيل هنية: قاسم سليماني “شهيد القدس», ал-Ҷазира - мубошир
  13. «حضور اسماعیل هنیه در مراسم تشییع پیکر رئیس جمهور», Хабаргузории Тасним
  14. Барои намуна ниг.: «سید حسن نصرالله با هنیه در بیروت دیدار کرد», Хабаргузории Меҳр; «سید حسن نصرالله و اسماعیل هنیه دیدار کردند», Хабаргузории Тасним
  15. «پس از ترور شهید «هنیه»، جبهه مقاومت وارد مرحله تعیین‌کننده‌ای شد», Хабаргузории Меҳр
  16. «اسماعیل هنیه در تهران کشته شد», Хабаргузории Анатоли
  17. «اسماعیل هنیه در تهران کشته شد», Хабаргузории Анатоли
  18. «بیانیه حماس در پی شهادت اسماعیل هنیه», Хабаргузории ал-Олам
  19. «بیانیه وزرات امور خارجه جمهوری اسلامی ایران در خصوص شهادت رییس دفتر سیاسی جنبش مقاوت اسلامی فلسطین», Сайти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон
  20. «در پی شهادت اسماعیل هنیه، ۳ روز عزای عمومی در کشور اعلام شد», Хабаргузории Меҳр
  21. «إسماعيل هنية.. لاجئ من مخيم الشاطئ قاد حركة حماس», ал-Ҷазира Нет; «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ИСНА
  22. «مراسم تشییع جنازه اسماعیل هنیه رئیس دفتر سیاسی حماس در تهران برگزار شد», Хабаргузории Анатоли; «گزارش ایسنا از تشییع پیکر اسماعیل شهید در تهران», Хабаргузории ИСНА
  23. «اسماعیل هنیه در قطر به خاک سپرده شد», Еврониюс
  24. «بدرقه ایرانی هنیه», Ҷавон Онлайн
  25. «واکنش کاربران مجازی به تشییع پیکر شهید اسماعیل هنیه در ایران», Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон
  26. «پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد بزرگ آقای اسماعیل هنیه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  27. «پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد بزرگ آقای اسماعیل هنیه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  28. «آیت‌الله نوری همدانی: شهادت هنیه راه محو رژیم صهیونیستی را هموار خواهد کرد», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  29. «واکنش آیت‌الله مکارم شیرازی به ترور هنیه؛ دشمن کینه‌توز را به اشد مجازات برسانید», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  30. «پیام یک مرجع تقلید در واکنش به ترور شهید هنیه در تهران», Ҳамшаҳрӣ Онлайн
  31. «اردوغان ترور اسماعیل هنیه در تهران را به شدت محکوم کرد», Хабаргузории Анатоли
  32. «واکنش‌ها به شهادت اسماعیل هنیه», Хабаргузории ИСНА; «در پی شهادت اسماعیل هنیه، ۳ روز عزای عمومی در کشور اعلام شد», Хабаргузории Меҳр
  33. «العراق: اغتیال هنیة فی ایران عملیة عدوانیة و تهدید لاستقرار المنطقة», ал-Фуротниюс
  34. «واکنش‌های بین‌المللی به ترور شهید هنیه در تهران», Хабаргузории Форс
  35. «اجتماع مردم یمن در محکومیت ترور اسماعیل هنیه», Хабаргузории ал-Олам
  36. «تظاهرات گسترده در اردن در محکومیت ترور هنیه», Хабаргузории ал-Олам
  37. «اغتيال هنية.. غضب ومظاهرات بعدة دول ودعوة لطرد السفير الأميركي», ал-Ҷазира Нет
  38. «در پی شهادت اسماعیل هنیه، ۳ روز عزای عمومی در کشور اعلام شد», Хабаргузории Меҳр
  39. «محمود عباس یک روز عزای عمومی اعلام کرد», Хабаргузории Тасним
  40. «اهتزاز پرچم سرخ انتقام برفراز گنبد فیروزه ای جمکران», Хабаргузории Меҳр
  41. «برخی از اعضای شورای امنیت ترور هنیه را محکوم کردند», Хабаргузори Анатоли
  42. «پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد بزرگ آقای اسماعیل هنیه», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  43. «سید حسن نصرالله: ایران ترور هنیه را خدشه به امنیت و حاکمیت خود می‌داند», Хабаргузории ал-Олам
  44. «اطلاعیه جدید سپاه: پاسخ سخت و دردناک مقاومت در راه است», Хабаргузории Форс
  45. «Italy’s ITA Airways suspends flights to and from Tel Aviv»، aljazeera.
  46. «Hamas claims morning’s shooting attack, vows to carry out more assaults in Hebron area», timesofisrael
  47. «السنوار رئيسا لحماس خلفا لهنية», ал-Ҷазира
  48. «تحلیلگر روس: پاسخ ایران به اسرائیل، قانونی و مشروع بود», Хабаргузории Ҷкмҳурии исломӣ
  49. «إسماعيل هنية.. لاجئ من مخيم الشاطئ قاد حركة حماس», ал-Ҷазира Нет
  50. «اسماعیل هنیه ملقب به ابوالعبد که بود؟», Хабаргузории Меҳр; «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ал-Олам
  51. «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ИСНА
  52. «اسماعیل هنیه ملقب به ابوالعبد که بود؟», Хабаргузории Меҳр; «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ал-Олам
  53. «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ал-Олам
  54. «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ИСНА
  55. «اسماعیل هنیه ملقب به ابوالعبد که بود؟», Хабаргузории Меҳр
  56. «اسماعیل هنیه که بود؟», Хабаргузории ИСНА

Сарчашма