Имомат дар кӯдакӣ
Имомат дар кӯдакӣ (форсӣ: امامت در کودکی) ба маънои имомати шахсе аст, ки ба булуғи шаръӣ нарасидааст. Ба бовари шиаён, Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Маҳдӣ (а) аз имомони шиаёни исноашарӣ дар синини 5 то 8-солагӣ ба имомат расидаанд. Имомия, имоматро мансабе Илоҳӣ медонад, ки булуғ дар он шарт нест.
Шиаён дар посух ба мухолифони ақидаи худ ба оёте аз Қуръон истинод мекунанд, ки дар онҳо ба набуввати ҳазрати Сулаймон (а), ҳазрати Яҳё (а) ва ҳазрати Исо (а) дар кӯдакӣ ишора шудааст. Онон ҳамчунин барои исботи ақидаи худ ба далелҳое монанди тавоноии илмии имомон дар кӯдакӣ ва таъини Имом Алӣ (а) ба ҷонишинии Пайғамбар (с) дар явмуддор истинод кардаанд.
Осоре низ дар шарҳи ақидаи шиа дар бораи имомат дар кӯдакӣ ва посух ба мухолифони он навишта шудааст.
Аҳамияти масаъла дар ақидаи имомия
Имомат дар кӯдакӣ аз мабоҳиси марбут ба имомат аст, ки дар китобҳои каломӣ аз он баҳс мешавад.[1] Ин баҳс бештар дар посух ба эродоти мухолифони шиа дар бораи имомати чанд тан аз имомони шиа (Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Маҳдӣ (аҷ)) матраҳ мешавад, ки байни 5 то 8-солагӣ ба имомат расиданд.[2] Ҳамин масаъла боиси тардиди шуморе аз шиаён дар пазириши имомати Имом Ҷавод шуд; чароки то он замон, бовар ба шарт будани булуғ барои имом роиҷ будааст.[3]
Аз назари уламои аҳли суннат, булуғи яке аз шурути аслии имомат аст.[4] Аммо уламои шиа, имоматро мансабе Илоҳӣ медонанд, ки Худованд онро дар шахсе, ки шароити онро дорад қарор медиҳад.[5] Онон исмат, афзалият ва вуҷуди нассро дар имом шарт медонанд.[6] Эътиқод ба шарт набудани булуғ барои имом назди имомия, мӯҷиби матраҳ шудани ишколоте аз ҷониби мухолифони имомия ва посухи мутакаллимони шиа[7] шудааст.
Ибни Таймия (ваф.728ҳ.қ.), Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ (ваф.974ҳ.қ.) ва Аҳмад ал-Котиб аз касонеанд, ки ба имомат дар кӯдакӣ ишколоте кардаанд. Таҳти ҳизонат будани кӯдаки ятим,[8] маҳҷур будани кӯдаки ятим,[9] вилоят надоштани кӯдак,[10] мукаллаф набудани кӯдак[11] ва надоштани фурсати ёдгирӣ[12] аз ҷумла далоиле аст, ки барои маъқул набудани имомати кӯдак ироа шудааст.
Имомоне ки дар кӯдакӣ ба имомат расиданд
- Имом Ҷавод (а): дар ҳудуди ҳаштсолагӣ, ба имомат расид.[13] Ба гузориши Ҳасан ибни Мӯсои Навбахтӣ (ваф.310ҳ.қ.) кам будани синни Имом Ҷавод (а) ба ҳангоми шаҳодати Имом Ризо, сабаби таҳайюр миёни шиаён шуд;[14] ва шуморе аз шиаён, имомати ӯро напазируфтанд.[15]
- Имом Ҳодӣ (а): дар ҳаштсолагӣ дорои мансаби имомат шуд.[16] Ба гуфтаи Ҷосим Ҳусайн - таърихпажӯҳ ироқӣ, ба далели ин ки дар имомати Имом Ҷавод (а) масаълаи имомат дар кӯдакӣ барои шиаён ҳал шуда буд, имомати Имом Ҳодӣ (а) бидуни мушкил пазируфта шуд.[17]
- Имом Маҳдӣ (аҷ): дар панҷсолагӣ ба имомат расид.[18] Гуфта шуда ба имомат расидани Имом Ҷавод (а) ва Имом Ҳодӣ (а) дар кӯдакӣ метавонад ба далели эҷоди омодагӣ барои пазириши имомати Имом Маҳдӣ (аҷ) дар синни туфулият бошад.[19]
Истидлолҳои шиаён барои имомат дар кӯдакӣ
Мутакаллимони имомия табйин кардаанд, ки камоли ақл ба булуғи ҷисмонӣ вобаста нест ва агар бо далели қатъӣ имомати шахсе собит шуд, исмат ва илми Илоҳии ӯ низ собит мешавад ва синни имом дар ин масаъла таъсире надорад. Ҳамчунин маҳдудиятҳое, ки шариат дар умури мухталиф барои синни кӯдакӣ қарор дода, марбут ба инсонҳои оддист, ки бо гузари умр ба рушди ақлӣ ва илмӣ мерасанд. На имоми маъсум, ки дорои илми ладуннӣ аст.[20]
Тавонои илмии имомон дар кӯдакии
Чунонки бинобар ривояте, ки Шайхи Муфид нақл карда, вақте Имом Ҷавод дар мунозира бо Яҳё ибни Аксам ба гунае ба саволи Яҳё посух дод, ки боиси ҳайрати ҳозирон шуд;[21] Маъмун ба атрофиёни худ эҳтиҷоҷ кард, ки кӯдак будани Имом Ҷавод (а) далел бар илму ақли ками ӯ нест.[22]
Ба гуфтаи Шайхи Муфид (ваф.413қ) ҳузури ҳасанайн (а) дар мубоҳалаи Пайғамбар (с) бо масеҳиёни Наҷрон нишон медиҳад, ки шахс дар айни кӯдак будан метавонад масъулиятҳои бузурги Илоҳӣ дошта бошад.[23] Ҳамчунин имон овардани ҳазрати Алӣ (а) дар синни кӯдакӣ ба Пайғамбар[24] нишон медиҳад, ки кӯдак метавонад дорои дараку ақли боло бошад.[25]
Истинод ба нубуввати Сулаймон, Яҳё ва Исо дар кӯдакӣ
Барои исботи имомат дар кӯдакӣ ба набуввати бархе аз пайғамбарон дар синни кӯдакӣ истинод шудааст.[26] Ба гуфтаи Фахри Розӣ дар ояти 12 сураи Марям мақсуд аз ҳукм, набувват аст, ки Худованд онро дар кӯдакӣ ба ҳазрати Яҳё (а) ва ҳазрати Исо (а) додааст.[27] Ҳамчунин ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ - аз мутакаллимони шиа, ояти 30 сураи Марям, ки баёнгари сухан гуфтани ҳазрати Исо дар кӯдакӣ аст нишон медиҳад, ки агар Худованд ирода кунад метавонад илму ақлу дирояти лозимро барои имомат дар кӯдак низ қарор диҳад.[28] Ва чунонки нақл шудааст Имом Ризо (а) вақте фарзандаш Ҷавод, сесола буд ӯро ба унвони имом муаррифӣ карда ва бо зикри намунаи ҳазрати Исо (а), имомат дар кӯдакиро мумкин донистааст.[29] Ё Имом Ҷавод (а) дар ривояте бо истишҳод ба ин ки Сулаймон (а) дар кӯдакӣ ҷонишини ҳазрати Довӯд (а) шуд, чунин амреро мумкин донистааст.[30]
Ба гуфтаи Тарифӣ аз муфассирони аҳли суннат, Юсуф низ қабл аз булуғ ба набувват расидааст.[31]
Истинод ба амали Пайғамбар (с) дар явмуддори
Ба гуфтаи Шайхи Муфид - мутакаллими шиа, амали Пайғамбар (с) дар ҳадиси явмуддор нишон медиҳад ки агар Худо ирода кунад метавонад, кӯдакро ҳуҷҷати худ қарор диҳад.[32] Бар асоси иттифоқи назари шиа ва суннӣ, Пайғамбар дар явмуддор ҳазрати Алӣ (а)-ро ки болиғ нашуда буда ба унвони васӣ ва ҷонишини хеш таъин кард.[33]
Такнигорӣ
Дар масаълаи имомат дар синни кӯдакӣ осоре навишта шудааст:
- Китоби «Имомат дар синини кӯдакӣ» навиштаи Алиасғари Резвонӣ дар 48 сафҳа, соли 1385ҳ.ш. тавассути интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон ба чоп расидааст.[34]
- Китоб «Ситорагони ҳидоят: имомат дар кӯдакӣ» навиштаи Муҳаммад Бомарӣ дар 176 сафҳа, соли 1391ҳ.ш. ба ҳиммати интишороти Аимма мунташир шудааст.[35]
- Китоби имомат дар кӯдакӣ: «Даромаде таҳлилӣ бар имомат дар кӯдакӣ», навиштаи Ҳодии Туркманӣ дар 166 сафҳа, соли 1402ҳ.ш. тавассути интишороти Доъия ба чоп расидааст.[36]
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.149–153
- ↑ Ниг.: Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.149–153; Субҳонӣ, «Имомат дар кӯдакӣ?», саҳ.46
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, 1404ҳ.қ., саҳ.88
- ↑ Иззуддини Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, нашри аш-Шариф-ур-Разӣ, ҷ.8, саҳ.350; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.244
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Имомат ва раҳбарӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.131
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1437ҳ.қ., саҳ.492–495
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.149–153
- ↑ Ибни Таймия Ҳарронӣ, Минҳоҷ-ус-суннаи алнбўиаҳ, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.89
- ↑ Ибни Таймия Ҳарронӣ, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.89; ал-Котиб, Татаввур-ул-фикр-ис-сиёсий-иш-шиъӣ, 1998м, саҳ.103
- ↑ Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.483
- ↑ ал-Котиб, Татаввур-ул-фикр-ис-сиёсий-иш-шиъӣ, 1998м, саҳ.103
- ↑ ал-Котиб, Татаввур-ул-фикр-ис-сиёсий-иш-шиъӣ, 1998м, саҳ.103
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, 1404ҳ.қ., саҳ.88
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, 1404ҳ.қ., саҳ.88
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, 1404ҳ.қ., саҳ.87 - 88
- ↑ Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.1878
- ↑ Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.81
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.339
- ↑ Салимиён, «Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) хурдсолтарин пешвои маъсум», саҳ.44
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.149–153; Баҳронӣ, ан-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.200
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.281–286
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.287
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.316
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.384
- ↑ Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.252
- ↑ Ризвонӣ, Имомат дар синини кӯдакӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.11
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.516
- ↑ Субҳонӣ, «Имомат дар кӯдакӣ?», саҳ.46
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.383
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.383
- ↑ ат-Тарифӣ, ат-Тафсиру ва-л-баёну лиаҳком-ил-Қуръон, 1438ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1617
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.316
- ↑ Барои намуна ниг.: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.320; Сайид ибни Товус, ат-Тароиф, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.543
- ↑ Резвонӣ, Имомат дар синини кӯдакӣ, 1386ҳ.ш., шиносаи китоб
- ↑ Бомарӣ, Ситорагони ҳидоят: имомат дар кӯдакӣ, 1391ҳ.ш., шиносаи китоб
- ↑ Туркманӣ, Даромаде таҳлилӣ бар имомат дар кӯдакӣ, 1402ҳ.ш., шиносаи китоб
Сарчашма
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод, Қум, чопи шонздаҳум, 1437ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Майсам ибни Алӣ, ан-Наҷоту фи-л-қиёмати фи таҳқиқи амр-ил-имома, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Бомарӣ, Муҳаммад, Ситорагони ҳидоят: имомат дар кӯдакӣ, Қум, Аимма, 1391ҳ.ш.
- Ибни Таймия Ҳарронӣ, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавияти фи нақзи калом-иш-шиъати ва-л-қадария, Риёз, Ҷомеъату ал-Имом Муҳаммад ибни Сауд ал-исломия, 1406ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, Бейрут, 1417ҳ.қ.
- Иззуддини Иҷӣ, Абдурраҳмон ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, нашри аш-Шариф-ур-Разӣ, бе то.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Имомат ва раҳбарӣ, Қум, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мӯсо, Фирақ-уш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1404ҳ.қ.
- Резвонӣ, Алиасғар, Имомат дар синини кӯдакӣ, Қум, интишороти Масҷиди Ҷамкарон, 1386ҳ.ш.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ат-Тароифи фи маърифати мазоҳиб-ит-тавоиф, Қум, чопхонаи Хайём, 1400ҳ.қ.
- Салимиён, Худомурод, «Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) хурдсолтарин пешвои маъсум», маҷаллаи Мубаллиғон, №41, 1382ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Имомат дар кӯдакӣ?», маҷаллаи Дарсҳое аз мактаби Ислом, №640, шаҳривари 1393ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
- Тафтозонӣ, Масъуд ибни Умар, Шарҳ-ул-мақосид, Қум, нашри аш-Шариф-ур-Разӣ, 1412ҳ.қ.
- Туркманӣ, Ҳодӣ, Даромаде таҳлилӣ бар имомат дар кӯдакӣ, Ҳамадон, нашри доъия, 1402ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Фахриддин, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоди фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, ал-Муътамар-ил-ъоламии ли-алфияти аш-Шайх ал-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, Дор-ул-Муфид, 1413ҳ.қ.
- ал-Котиб, Аҳмад, Татаввур-ул-фикр-ис-сиёсий-иш-шиъи мин-аш-шуро ило вилоят-ил-фақиҳ, Бейрут, 1998м.
- ат-Тарифӣ, Абдулазиз ибни Марзуқ, ат-Тафсиру ва-л-баёну лиаҳком-ил-Қуръон, Риёз, 1438ҳ.қ.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, далели мо, 1379ҳ.ш..
- Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил, муҳаққиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
- Ҳусайн, Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати имоми дувоздаҳум, мутарҷим: Сайид Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, сеюм, Теҳрон, Амири Кабир, 1385ҳ.ш.