Зайнаб духтари Пайғамбар (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зайнаб бинти Пайғамбар (с))
Зайнаб духтари Пайғамбар (с)
Нақшдухтари Пайғамбар (с), аз муҳоҷирин ба Мадина, ҳамсари саҳоба Абулъос ибни Рабиъ
ЗодгоҳМакка
Маҳалли зиндагӣМакка, Мадина
пайвандон
ПадарМуҳаммад ибни Абдуллоҳ
МодарХадиҷа бинти Хувайлид
ҲамсарАбулъос ибни Рабиъ
ФарзандонУмома ва Алӣ


Зайнаб духтари Пайғамбар (форсӣ: زینب دختر پیامبر(ص)) (ваф.8 қамарӣ), ба гуфтаи бештари муаррихони мусулмон, духтари калонии Пайғамбар (с) ва Хадиҷа буд. Ӯ пеш аз беъсати Пайғамбар бо Абулъос ибни Рабиъ издивоҷ кард. Пас аз беъсат, бар хилофи ҳамсараш Исломро қабул кард, аммо Абулъос нагузошт ӯ ба Мадина ҳиҷрат кунад.

Зайнаб пас аз ҷанги Бадр ба Мадина ҳиҷрат кард. Дар соли ҳафтуми қамарӣ Абулъос ҳам Исломро қабул кард ва ба Мадина назди Зайнаб рафт.

Биноба гузориши бештари манобеъ, Пайғамбар (с) Зайнабро бо никоҳи қаблӣ ба назди Абулъос фиристод, ки дар хусуси он гуфтаанд, дар он замон ҳануз ояти Таҳрими занони мусулмон бар куффор нозил нашуда буд.

Аз назари Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (1364 - 1441ҳ.қ.) - таърихнигори қарни чордаҳуми шамсӣ, Зайнаб фарзанди Расули Худо (с) ва Хадиҷа набудааст, балки духтари қабулкардаи онҳо будааст. Зайнаб дар соли 8-уми ҳиҷрии қамарӣ вафот кард ва дар Бақиъ ба хок супурда шуд.

Нисбат бо Пайғамбар

Мақолаи аслӣ: Фарзандони Пайғамбар

Зайнаб, духтари калонии Пайғамбари Ислом (с) ва Хадиҷа буд.[1] Бинобар назари таърихнигорон, ӯ дар 30-солагии Пайғамбар (с)[2] ва дар соли сиюми омулфил ба дунё омад.[3]

Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ - муҳаққиқи шиа, ва Абулқосим Куфӣ - олими шиъии қарни чорум, бар ин боваранд, ки Зайнаб, Руқия ва Уммикулсум фарзандони Расули Худо (с) ва Хадиҷа набудаанд, балки духтархондаҳои онҳо будаанд.[4] Ҷаъфари Муртазо китоби «Банот-ун-Набӣ ам рабоибуҳ?»(Духтарони Пайғамбар ё духтархондаҳои ӯ)-ро барои исботи ҳамин матлаб навиштааст.[5]

Издивоҷ бо Абулъос

Ба гуфтаи муаррихони мусулмон, Зайнаб пеш аз беъсат[6] бо Абулъос ибни Рабиъ издивоҷ кард.[7] Абулъос фарзанди Ҳола хоҳари ҳазрати Хадиҷа буд.[8] Ӯ пас аз беъсати Пайғамбар, бар хилофи ҳазрати Хадиҷа ва духтарони Пайғамбар, Исломро напазируфт. Аз ин рӯ, Қурайш аз ӯ хостанд Зайнабро талоқ диҳад, аммо Абулъос қабул накард;[9] бар хилофи Утба ва Утайба фарзандони Абулаҳаб, ки ба дархости Қурайш Руқия ва Уммукулсум дигар духтарони Пайғамбарро талоқ доданд.[10]

Зайнаб барои Абулъос Умома ва Алиро ба дунё овард.[11] Алӣ дар кӯдакӣ аз дунё рафт,[12] аммо Умома баъд аз шаҳодати ҳазрати Фотима (с) ба зании Имом Алӣ (а) даромад ва пас аз шаҳодати ӯ бо Муғайра ибни Навфал издивоҷ кард.[13]

Буқъаи духтарони Пайғамбар (с) дар канори буқъаи аиммаи Бақиъ қабл аз тахриб

Ҳиҷрат ба Мадина

Мутаҳҳар ибни Тоҳири Муқаддасӣ - таърихнигори давраи хилофати аббосиён навиштааст, Пайғамбари Ислом (с) пас аз ҳиҷрат ба Мадина, Абурофеъ ва Зайд ибни Ҳорисаро ба Макка фиристод то духтаронашро ба Мадина биоваранд, аммо Абулъос монеъи рафтани Зайнаб шуд.[14] Бо ин ҳол, ӯ пас аз ҷанги Бадр, Зайнабро ба ҳамроҳи ёрони Пайғамбар (с) ба Мадина фиристод;[15] зеро Абулъос дар ҷанги Бадр ба дасти мусулмонон асир шуда[16] ва ба Пайғамбар тааҳҳуд дода буд, ки пас аз озодӣ Зайнабро озод гузорад.[17] Албатта ривояте ҳам вуҷуд дорад, ки бар асоси он Зайнаб ҳамроҳи Пайғамбар ба Мадина муҳоҷират кардааст.[18]

Паноҳандагӣ ба Абулъос

Ба гузориши муаррихон, Зайнаб дар соли 6 қамарӣ, ба Абулъос паноҳандагӣ дод ва Абулъос Ислом овард.[19] Абулъос дар ҷамодилаввали соли 6 –уми қамарӣ ҳамроҳ бо корвоне аз Қурайш барои тиҷорат роҳии Шом шуда буд.[20] Дар роҳи бозгашт, байни онон ва мусулмонон сарияе рух дод. Абулъос гурехт ва худро ба Мадина расонд ва ба Зайнаб паноҳанда шуд. Зайнаб хабари онро ба иттилои Пайғамбар (с) расонд. Пайғамбар (с) паноҳандагии Зайнабро пазируфт, аммо ба ӯ гуфт то замоне ки Абулъос мушрик бошад, бар ӯ ҳалол нахоҳад буд. Абулъос ба Макка бозгашт ва хабар дод, ки дар Мадина ба Ислом гиравидааст.[21]

Қабри Зайнаб духтари Пайғамбар (с) дар қабристони Бақиъ

Абулъос пас аз чанде ба Мадина бозгашт ва Пайғамбар (с) дар муҳаррами соли 7-уми қамарӣ, Зайнабро бо ақди заношӯии собиқ назди Абулъос фиристод;[22] зеро дар он замон ҳануз ояти Таҳрими занони мусулмон бар куффор[23] нозил нашуда буд.[24] Албатта бархе гуфтаанд, ки Зайнаб бо никоҳи ҷадид ба ҳамсарии Абулъос даромад.[25]

Вафот

Соли вафоти Зайнабро 8-уми қамарӣ баён кардаанд.[26] Суда духтари Замъа ибни Қайс ва Уммиайман аз касоне буданд, ӯро ғусл доданд.[27] Ба нақли Балозурӣ - муаррихи мусулмони қарни сеюми қамарӣ, ҳангоми дафни Зайнаб, Пайғамбар (с) ба даруни қабри ӯ даромада, барояш дуо кард.[28]

Дар манобеи таърихӣ дар бораи иллати вафоти Зайнаб омадааст, ҳангоми ҳиҷрати Зайнаб ба Мадина, Ҳаббор ибни Асвад ва шахси дигаре аз мушрикон ӯро байни роҳ диданд. Ҳаббор ӯро тела дод ва бар санге зад. Зайнаб фарзандашро сиқт кард ва аз он замон нохуш буд, то ин ки вафот кард.[29]

Дар манобеи таърихӣ, ба макони дафни Зайнаб тасреҳ нашудааст, аммо бар асоси ривояте, пас аз ин ки Зайнаб аз дунё рафт, Пайғамбар фармуд: «Ӯро ба салафи солеҳамон Усмон ибни Мазъун мулҳақ кунед!».[30] Аз ин рӯ, макони дафни ӯро дар Бақиъ донистаанд;[31] чароки Усмон ибни Мазъун нахустин саҳобаи муҳоҷире буд, ки дар Бақиъ дафн шуд.[32] Ҳамчунин буқъае мансуб ба Зайнаб ва дигар духтарони Пайғамбар (с) дар қабристони Бақиъ қарор дошт.[33] Буқъаи мазкур, ки гуфта мешавад, дорои зариҳ низ буда,[34] ба ҳамроҳи дигар буқъаҳои Бақиъ, ба дасти ваҳҳобиён тахриб шуд.[35]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.130.
  2. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.130.
  3. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1839, 1853.
  4. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.218; Омилӣ, Банот-ун-Набӣ ам рабоибуҳ?, 1413ҳ.қ., саҳ.77 - 79; Куфӣ, ал-Истиғоса, ҷ.1, саҳ.68.
  5. Ниг.: Омилӣ, Банот-ун-Набӣ ам рабоибуҳ?, 1413ҳ.қ.
  6. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.25.
  7. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
  8. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
  9. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.401.
  11. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.130.
  12. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.400.
  13. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.473.
  14. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатуд-динийя, ҷ.5, саҳ.18.
  15. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397.
  16. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139.
  17. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130 - 131.
  18. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.26.
  19. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553 ва 554.
  20. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.377, 398.
  21. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553 ва 554.
  22. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.554; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.659; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.27; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222.
  23. Сураи Мумтаҳана, ояти 10.
  24. Муборак Фаврӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.250.
  25. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222.
  26. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1853; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.400.
  27. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.28.
  28. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.400.
  29. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1854; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м., ҷ.11, саҳ.494.
  30. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1054; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.210.
  31. Ал-Маданӣ ал-Барзанҷӣ, Нузҳат-ун-нозирин, 1416ҳ.қ., саҳ.312 - 313.
  32. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.382.
  33. Мусавии Исфаҳонӣ, Рӯзномаи сафари Машҳад, Макка ва атабот, 1315 - 1316ҳ.қ., 1392ҳ.ш. саҳ.198.
  34. Ҷаъфариён, “Рисолаи муфарраҳат-ул-аном фи таъсиси Байтиллоҳил-ҳаром”, саҳ.118.
  35. Ҷамъе аз нависандагон, Бақиъ дар оинаи таърих, 1394ҳ.ш., саҳ.220.

Сарчашма

  • Ал-Маданӣ ал-Барзанҷӣ, Нузҳат-ун-нозирин фи масҷиди Сайид-ил-аввалина ва-л-охрин, таҳқиқи Аҳмад Саид ибни Салим, 1416ҳ.қ./1995м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1417/1996ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Бейрут, Муассисатул-Аъламӣ, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Албаҷовӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, чопи аввал, 1412/1992ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, ба кӯшиши Мустафо Саққо ва дигарон, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Куфӣ, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Истиғоса фи бидаъи-с-салоса, бено, бе то.
  • Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мутаҳҳар ибни Тоҳир ал-Мақдисӣ, Бур Саид, Мактабатус-сақофатуд-динийя, бе то.
  • Муборак Фаврӣ, Муҳаммад Абдурраҳмон ибни Абдураҳим, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, Дорул-кутубил-илмийя, Бейрут, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Мусавии Исфаҳонӣ, Ҳасан, Рӯзномаи сафари Машҳад, Макка ва атабот, 1315 - 1316ҳ.қ., ба кӯшиши Расул Ҷаъфариён, Теҳрон, нашри Машъар, 1392ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, Қум, Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ./1385ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, Банот-ун-Набӣ ам рабоибуҳ?, Марказул-Ҷавод, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387/1967ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Абдуқодир Ато, Дорул-кутубил-илмийя, 1411ҳ.қ./1990м.
  • Ҷамъе аз нависандагони пажӯҳишкадаи ҳаҷҷу зиёрат, Бақиъ дар оинаи таърих, Теҳрон, Машъар, 1394ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, “Рисолаи муфарраҳат-ул-аном фи таъсиси Байтиллоҳил-ҳаром”, Миқоти ҳаҷ, № 5, 1372ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Панҷоҳ сафарномаи ҳаҷҷи Қоҷорӣ, Теҳрон, нашри Илм, 1389ҳ.ш.