Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳи Оизӣ
Номи комил | Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳ ибни Муҷаммиъи Оизӣ |
---|---|
Санаи шаҳодат | Соли 61ҳ.қ. |
Маҳалли шаҳодат | Карбало |
Маҳалли дафн | Ҳарами Имом Ҳусайн (а) |
Хешовандон | Абдуллоҳ ибни Муҷаммиъи Оизӣ (падар) ва Оиз ибни Муҷаммиъ (писар) |
Аз ëрони | Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳусайн (а) |
Фаолиятҳо | Ҳузур дар ҷанги Сиффин |
Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳи Оизӣ (арабӣ: مُجَمِّع بن عبدالله عائِذِی) аз ёрони Имом Алӣ (а)[1] ва аз шуҳадои Карбало буд.[2] Ӯ аз тобеъин[3] ва қабилаи Мазҳиҷ[4] буд. Падараш, Абдуллоҳ ибни Муҷаммиъро ҷузви саҳобии Пайғамбар (с) шумурдаанд.[5]
Бар асоси гузориши манобеъ, Муҷаммиъ ҷузви чор нафаре [Ёддошт 1] буд, ки бо роҳнамоии Тириммоҳ ибни Адӣ[6] аз Кӯфа ба сӯи Имом Ҳусайн (а) омаданд ва дар минтақаи Узайб-ул-ҳиҷонот, манзилгоҳе дар наздикии Кӯфа, ба Имом пайвастанд.
Дар ин ҳангом, Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ назди Имом омаду гуфт, онҳо ҷузви ҳамроҳони ту набуданд, ман бояд онҳоро дастгир кунам ё бозгардонам, аммо Имом Ҳусайн (а) аз онҳо ҳимоят карду ононро ансор ва ёрони худ хонду ба Ҳурр гуфт, агар даст аз сари онҳо барнадорад, бо ӯ ҷанг хоҳад кард. Бинобар ин, Ҳурр даст аз онҳо бардошт.
Имом ба он чор нафар гуфт, аз вазъияти мардуми пушти саратон (мардуми Кӯфа) хабар диҳед! Муҷаммиъ гуфт: ба ашрофу бузургон ришва доданд ва кисаҳояшонро пур карданд, то онҳоро ба худ ҷалб кунанд. Онҳо якдаст бар зидди ту ҳастанд. Бақияи мардум низ дилҳояшон мутамоил ба туст, вале фардо шамшерҳояшон бар алайҳи ту хоҳад буд.
Сипас Имом Ҳусайн (а) аз аҳволи пайки худ, Қайс ибни Мусаҳҳари Сайдовӣ, пурсид, ки онон хабари шаҳодати ӯро ба Имом доданд.[7] Дар бархе манобеи таърихӣ, ин нақл дар бораи Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳи Омирӣ гуфта шудааст.[8]
Ба нақли Абумихнаф ва Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Муҷаммиъ ҳамроҳ бо Амр ибни Холиди Сайдовӣ ва ғуломаш Саъд ва Ҷобир ибни Ҳориси Салмонӣ дар оғози набард вориди майдони ҷанг шуданд, аммо тавассути лашкари Умари Саъд муҳосира шуданд. Дар ин ҳангом Аббос ибни Алӣ (а) ононро наҷот дод, дар ҳоле ки ҷароҳатҳои зиёде бардошта буданд. Бори дигар душман ба онҳо наздик шуд ва ҳар чор нафарро дар як макон ба қатл расонд.[9] Гуфта шудааст, ки синни Муҷаммиъ ҳангоми шаҳодат, панҷоҳ сол будааст.[10]
Гуфта шудааст, Муҷаммиъ дар ҷанги Сиффин ҳузур дошт.[11]
Дар Зиёрат-уш-шуҳадо[12] ва зиёрати Раҷабияи Имом Ҳусайн (а)[13] бо иборати «Ассалому ала Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳ ал-Оизӣ» ба ӯ салом дода шудааст. Дар Зиёрат-уш-шуҳадо ба нақли ал-Мазор-ул-кабир, асари Ибни Машҳадӣ, номи ӯ «ал-Оидӣ» зикр шудааст.[14]
Ба гузориши Муҳаммади Самовӣ дар китоби Ибсор-ул-айн, Оиз писари Муҷаммиъ, ҷузви он чор нафаре буд, ки ба Имом Ҳусайн (а) мулҳақ шуду дар воқеаи Карбало ва дар канори падар[15] ба шаҳодат расид.[16]
Эзоҳ
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.129.
- ↑ Ибни Зубайри Куфӣ, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн (а), 1406ҳ.қ., саҳ.154; Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.129.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.129.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172; Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.129.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.129.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172; Ибни Касири Димишқӣ, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.173.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Дорул-турос, ҷ.5, саҳ.404 ва 405; Абумихнафи Куфӣ, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., 173 ва 174.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.49; Ибни Касири Димишқӣ, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.173.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.238 ва 239; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Дорул-турос, ҷ.5, саҳ.446.
- ↑ Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.769.
- ↑ Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.769.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.79.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.345.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.494.
- ↑ Сангарӣ, Оинадорони офтоб, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.769.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.130.
Ёддошт
- ↑ Ба гузориши Балозурӣ дар Ансоб-ул-ашроф, чаҳор нафар иборат буданд аз: Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳ, Нофеъ ибни Ҳилол, Амр ибни Холиди Сайдовӣ ва ғуломаш Саъд, (Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172) аммо дар Ибсор-ул-айн номи ин чаҳор нафар ингуна гузориш шудааст: Амр ибни Холиди Сайдовӣ, Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳ ва писараш ва Ҷинода ибни Ҳарси Салмонӣ бо роҳнамоии Тириммоҳ ибни Адӣ. (Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.106 ва 130).
Сарчашма
- Абумихнафи Куфӣ, Тут ибни Яҳё, Вақъат-ут-Тафф, таҳқиқи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи сеюм, 1417ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1417ҳ.қ./1996м.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир - дори Бейрут, чопи аввал, 1385ҳ.қ./1965м.
- Ибни Зубайри Куфӣ, Фузайл, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн (а), таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, муассисаи Олулбайт, 1406ҳ.қ.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1398ҳ.қ./1978м.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана фимо юъмал марратан фи-с-санаҳ, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн (а), таҳқиқи Муҳаммадҷаъфар Табасӣ, Қум, Замзами ҳидоят, 1384ҳ.ш.
- Сангарӣ, Муҳаммадризо, Оинадорони офтоб: пажуҳиш ва нигориши нав аз зиндагӣ ва шаҳодати ёрони Абоабдиллоҳи-л-Ҳусайн (а), Теҳрон, Созмони таблиғоти исломии ширкати чоп ва нашри байналмилал, чопи чаҳорум, 1390ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ; Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-турос, бе то.