Ин мақола дар бораи тавассул ба мурдагон аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми тавассул, мадхали Тавассулро бубинед.

Тавассул ба мурдагон (форсӣ:تَوَسُّل به مردگان) ё тавассул ба амвот, восита (миёнарав) қарор додани авлиёи Илоҳӣ пас аз маргашон барои тақарруб ба Худо ва бароварда шудани ҳоҷатҳо, аз эътиқодоти мусалмонон, ба вижа шиаён, аст.

Дар манобеъи шиа ва суннӣ мавориде аз тавассули Аҳли Байт (а) ва бархе аз саҳобагон ба Пайғамбар (с) баъд аз вафоти он ҳазрат омадааст. Бо ин ҳол ваҳҳобиҳо ва Ибни Таймия тавассул ба мурдагонро ҷоиз ва шаръӣ намедонанд. Аммо аз назари олимони мусалмон, ҳамонгуна ки дархости дуо аз авлиёи Илоҳӣ дар замони ҳаёташон равост, баъд аз маргашон низ ба далели ҳаёти барзахӣ ва имкони самоъи мавто (шунаво будани мурдагон) ин дархост маъно дорад.

Мафҳумшиносӣ

Тавассул ба мурдагон, восита қарор додани бузургони диние монанди маъсумон баъд аз маргашон назди Худованд барои бароварда шудани ҳоҷатҳост.[1]

Шунаво будани мурадгон ва ҳаёти барзахӣ

Тавассул ба мурдагон дар сурате пазируфтанӣ аст, ки ақида ба ҳаёти барзахӣ ва самоъи мавто (шунаво будани мурдагон) пазируфта шавад ва имкони иртиботи зиндагон бо арвоҳ дар олами барзах ва шунидани овози зиндагон тавассути онон вуҷуд дошта бошад.[2]

Машруъият

Ҳамчунин бубинед: Тавассул

Барои машруъияти тавассул ба мурдагон ба оёти Қуръон, сираи Аҳли Байт ва сираи мусулмонон истинод шудааст:

Шоҳиди қуръонӣ

Барои машруъияти тавассул ба амвот, ба умумияти ояти 64 сураи Нисо истидлол шудааст, ки муъмининро ташвиқ мекунад, ки аз Пайғамбар бихоҳанд барои онон истиғфор кунад. Ин умумият, замони ҳаёт ва марги Пайғамбар (с)-ро дарбар мегирад.[3] Ҳамчунин ояти 35 сураи Моида, тавассулро ба таври мутлақ ҷоиз мешуморад ва аз итлоқи ин оят истифода кардаанд, ки метавон ба арвоҳи муъминину пайғамбарон баъд аз маргашон низ тавассул ҷуст.[4]

Сираи имомони шиа

Бар асоси бархе манобеъ, имомони шиа баъд аз вафоти Пайғамбар ба ӯ мутавассил мешудаанд. Ҳазрати Алӣ (а)[5] ва Имом Ҳусайн (а) ба Пайғамбар (с)[6] тавассул кардаанд. Имом Саҷҷод (а) низ дар тавассул ба чаҳордаҳ маъсум байни зиндагону мурдагон фарқ нагузоштааст.[7][Ёддошт 1]

Ҳамчунин дуоҳои ба даст омада аз Аҳли Байт (а) монанди дуои Сариъ-ул-иҷоба нишон медиҳад, ки тавассул ба бузургон баъд аз ҳаёташон низ мавриди супориш будааст.[8]

Рафтори саҳоба

Дар манобеи ривоии аҳли суннат, гузоришҳое аз тавассули бархе саҳоба ва мусулмонон ба Пайғамбар баъд аз вафоти он ҳазрат, нақл шудааст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

Дидгоҳи аҳли суннат

Бештари олимони аҳли суннат, тавассул ба амвотро ҷоиз дониста, ба бузургони динӣ мутавассил мешудаанд. Аз ҷумла:

  • Самҳудӣ аз уламои шофеии қарни даҳуми қамарӣ гузоришҳое аз касоне ки бо тавассул ба Пайғамбар ба хостҳои худ расидаандро дар китоби «Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо» овардааст. Вай муътақид аст, истиғоса, шафоат ва тавассул ба Пайғамбар (с) назди Худованд аз корҳои анбиё ва сираи солеҳон буда ва дар ҳар замоне анҷом мегирифтааст; чи пеш аз хилқат ва чи баъд аз ӯ, чи дар ҳаёти дунявӣ ва чи дар барзах;[13]
  • Абуали Хилол гуфтааст, ҳар гоҳ барояш мушкилие пеш меомад ба зиёрати қабри Имом Козим (а) мерафта, ба ӯ тавассул мекарда, мушкилаш бартараф мешудааст.[14] Аз Шофеӣ низ нақл шудааст, ки қабри Имом Козим (а)-ро «доруи шифобахш» тавсиф кардааст.[15]
  • Олусӣ дар тафсири Рӯҳ-ул-маонӣ, пас аз нақли бархе аз гузоришҳои торихӣ ва ривоёте дар боби тавассул ва таҷзияву таҳлили тӯлонии онҳо, ба ин натиҷа мерасад, ки монеъе дар тавассул ба пешгоҳи Худованд ба мақоми Пайғамбар (с) нест, чи дар ҳоли ҳаёти Пайғамбар ва чи баъд аз реҳлаташ. Вай баъд аз баҳси нисбатан машруҳе дар ин замина, эътироф мекунад, тавассул ҷустан ба мақоми ғайри Пайғамбар низ дар пешгоҳи Худо монеъе надорад ба шарти ин ки ӯ ҳақиқатан дар пешгоҳи Худо мақоме дошта бошад.[16]
  • Асқалонӣ баъд аз нақли ҷараёни дархости Умар ибни Хаттоб аз Ибни Аббос барои дуо ва талаби борон эътироф кардааст истифшоъ (талаби шафоат) ба аҳли хайру салоҳ ва ба хусус Аҳли Байт амре мустаҳаб аст.[17]

Дидгоҳи ваҳҳобиён

Ваҳҳобиён тавассул ба мурдагонро ҷоиз ва машрӯъ намедонанд. Ибни Таймия (ки ваҳҳобиён ба дидгоҳҳои ӯ истинод мекунанд) бар ин бовар аст, ки тавассул ба дуои Пайғамбар (с) ва солеҳон, фақат дар замони ҳаёти онон саҳеҳ аст ва тавассул ба онон баъд аз маргашон, ширк аст.[18]

Ҷавоб

Аз назари мувофиқони тавассул, байни тавассул дар ҳаёт ва мамоти авлиёи Илоҳӣ фарқе нест. Ҳамон гуна ки дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) ва дигар авлиёи Худо метавон аз онон хост то барои инсон дуову истиғфор кунанд, баъд аз ҳаёташон низ метавон ҳамин дархостро дошт.[19] Ҳамчунин дар ин замина ба ояти 64 сураи Нисо - «وَلَوْ أنَّهُمْ إذْ ظَلَمُوا أنْفُسَهُمْ جَاءُوک فَاسْتَغْفَرُوا اللهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللهَ تَوَّاباً رَحیماً» истинод шудааст, ки ҳам, замони ҳаёти Пайғамбар (с) ва ҳам баъд аз марги он ҳазратро дарбар мегирад.[20] Сираи мусулмонон аз ҷумла, саҳоба нишон медиҳад, ки тавассул ба амвот, амри ҷоизе будааст.[21]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, Буҳусун қуръония фи-л-тавҳиди ва-л-ширк, 1426ҳ.қ., саҳ.93.
  2. Субҳонӣ, Буҳусун қуръония фи-л-тавҳиди ва-л-ширк, 1426ҳ.қ., саҳ.111.
  3. Нававӣ, ал-Маҷмуъ, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.274.
  4. Руҷуъ кунед ба: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1380ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.365.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 353, саҳ.479.
  6. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.19.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.84, саҳ.285.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.583.
  9. Дорамӣ, Сунан-ул-Дорамӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.227.
  10. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
  11. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
  12. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
  13. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.195.
  14. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
  15. Каъбӣ, ал-Имом Мусо ибни-л-Козим алайҳи-ссалом сияруҳу ва таърих, 1430ҳ.қ., саҳ.261.
  16. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-и-Азим, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.297
  17. Ал-Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1397ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.497
  18. Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159. https://shamela. ws/book/6919/17
  19. Руҷӯъ кунед ба: Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.197 - 196.
  20. Руҷӯъ кунед ба: Ибни Таймия, Маҷмуъ-ул-фатово, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159.
  21. Нигоҳ кунед ба: Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.4, саҳ.197 - 195.

Ёддошт

  1. « إنا نتوسل إلیک بمحمد صلواتک علیه وآله رسولک، و بعلی وصیه، و فاطمة ابنته، و بالحسن والحسین، وعلی و محمد و جعفر و موسی و علی و محمد وعلی والحسن والحجة علیهم‌السلام أهل بیت الرحمة» (Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.84, саҳ.285. 168).
  2. Усмон ибни Ҳунайф аз ӯ хост, ки ин гуна ба Пайғамбар мутавассил шавад: اللّهمّ إنّی أسألک وأتوجّه إلیک بنبیک محمّد صلّی اللَّه علیه وسلّم نبی الرحمة، یا محمّد! إنّی أتوجّه بک إلی ربّی فتقضی لی حاجتی. (Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.30).

Сарчашма

  • Дорамӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Сунан-уд-Дорамӣ, таҳқиқи Ҳусайн Салим Асад ал-Доронӣ, ал-Мамлакат-ул-арабия ас-Саъудия, Дор-ул-муғнӣ ли-н-нашри ва-т-тавзиъ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Маҷмуъат-ул-фатово, таҳқиқи Шайх Абдурраҳмон ибни Қосим, ал-Мадинат-ун-набавия, Маҷмаъ-ул-малик Фаҳд, Литабоъат-ил-мусҳаф-иш-шариф, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ, таълиқоти Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1397ҳ.қ.
  • Каъбӣ, Алӣ Мусо, ал-Имом Мусо ибни-л-Козим алайҳиссалом; сира ва таърих, марказ ар-Рисола, 1430ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Интишороти исломия, 1362ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чиҳилу якум, 1380ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1403ҳ.қ.
  • Нававӣ, Муҳиддин ибни Шараф, ал-Маҷмуъ шарҳ-ил-муҳаззаб, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1421ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Азизуллоҳ Уторидӣ, Теҳрон, бунёди Наҳҷ-ул-балоға, 1413ҳ.қ.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим таҳқиқ: Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.1, 1415ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 2006м.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун қуръония фи-т-тавҳиди ва-ш-ширк, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи сеюм, 1426ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамд ибни Абдулмаҷид ал-Салафӣ, Қоҳира, Мактабату Ибни Таймия, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.

Пайванд ба берун