wikishia:Featured articles/2023
Шаҳодати ҳазрати Фотима (с) (форсӣ: شهادت حضرت فاطمه (س)) байни шиаҳо аз эътиқидоти ғолиб ва деринае аст, ки бар асоси он, ҳазрати Фотима (с) духтари Пайғамбари Ислом (с) на бо марги табиӣ, балки бар асари ҷароҳатҳои воридшуда аз сӯи баъзе аз саҳобагони Пайғамбар ба шаҳодат расидааст. Аҳли суннат марги ӯро аз ғамгинии марги Пайғамбар (с) донистаанд, аммо шиаён Умар ибни Хаттобро сабаби аслии шаҳодати ӯ медонанд ва дар айёми Фотимия барои ҳазрати Фотима (с) мотам гирифта сӯгворӣ мекунанд. Шиаён барои шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) ба далелҳое истинод кардаанд; аз ҷумла он ки, тибқи ривояте аз Имом Козим (а), унвони Сиддиқаи Шаҳида барои Фотима (с) истифода шудааст. Ҳамчунин Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ - мутакаллими имомии садаи севвуми ҳиҷрӣ, дар китоби «Далоил-ул-имомат» ривояте аз Имом Содиқ (а) овардааст, ки дар он сабаби шаҳодати Фотима (с) сиқти ҷанин дар асари зарба дониста шудааст. Манобеи шиа ва аҳли суннат ҷузъиёте аз ҳодисаҳои анҷомшуда ба марги ҳазрати Фотима (с)-ро зикр кардаанд; аз ҷумла, ҳамла ба хонаи ҳазрати Фотима ва Имом Алӣ (с), сиқт шудани ҷанини ӯ (Муҳсин) ва ҳамчунин тозиёна задан ба ӯ. Қадимтарин сарчашмае, ки шиаён дар ин маврид истинод кардаанд китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ аст, ки дар садаи аввали ҳиҷрӣ таълиф шудааст. Шиаҳо ҳамчунин шаҳодати Фотима (с)-ро мустанад дар ривоятҳое медонанд, ки дар манобеи аҳли суннат низ мавҷуданд. Дар ин хусус дар китоби «ал-Ҳуҷум ала байти Фотима» аз 84 ровӣ дар манобеи аҳли суннат ривоят нақл шудааст. Эътиқод ба шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) бо шубҳаҳо рӯ ба рӯ, ва ба онҳо ҷавобҳое низ дода шудааст; аз ҷумла, дар ҷавоб ба ин ки хонаҳои Мадина дар он замон дар надоштаанд, Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (ваф. 1441ҳ.қ.) - муаррихи шиа, ба ривоятҳое истинод кардааст, ки дар доштани хонаҳои Мадина, масъалаи роиҷе будааст.
Ҳамчунин дар ҷавоб ба ин суол, ки агар ба Фотима (с) ҳамла карданд, чаро ҳазрати Алӣ (а) ва дигарон сукут карда аз ӯ дифоъ накардаанд, илова бар баёни он ки Алӣ (а) бо амри Пайғамбари Ислом (с) ва барои ҳифзи манофеъи мусулмонон маъмур ба сабру сукут будааст, гуфта мешавад, тибқи ривояте, ки дар китоби Сулайм вуҷуд дорад, баъд аз иқдоми Умар ибни Хаттоб, Алӣ (а) ба ӯ ҳамла карда, ӯро ба замин зад, аммо Умар (р) аз дигарон мадад хост ва онҳо Алӣ (а)-ро бастанд. Нависандагони аҳли суннат мавориде аз муносибатҳои мусбати байни Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Заҳро (с) бо халифаҳои сегонаро далели радди шаҳодати ӯ донистаанд, аммо ба эътиқоди нависандагони шиа, машварати халифаҳо бо Алӣ (а) далели ҳамкорӣ ва ҳамдилии ӯ бо онҳо нест; чароки роҳнамоӣ дар бораи аҳкоми дин барои ҳар олиме фарз аст. Ҳамчунин хулафо, Алӣ (а)-ро дар инзиво қарор дода, дар баъзе ҷойҳо аз рӯи ночорӣ бо ӯ машварат мекарданд, на ин ки ӯ мушовири онҳо будааст.
Дигар мақолаҳои тавсифшуда: Авс инби Собити Хазраҷӣ – Имони падарони Пайғамбар – Каффора