Сеҳр

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷоду)
Рисолаи амалия
Ин мақола дар бораи сеҳру ҷоду аст. Барои ошноӣ бо ояте бо ҳамин ном, мадхали Ояти Сеҳрро бубинед.

Сеҳр (арабӣ: السِّحر) ё ҷоду (форсӣ: جادو) як кори ғайриоддие аст, ки барои соҳиб шудан ба одамон ё ашё ё корҳо анҷом дода мешавад. Фақеҳони шиа дар ҳаром будани истифода аз сеҳру ҷодугарӣ, ёд гирифтан, ёд додан ва музд гирифтан дар баробари он иттифоқи назар доранд. Уламои илми ахлоқ низ онро аз гуноҳони кабира шуморидаанд. Дар ривоёти нақлшуда аз имомон (а), ҷодугарӣ ба куфр баробар дониста шуда ва аз анҷом он наҳй шудааст.

Олимони мусулмон байни сеҳр ва муъҷиза фарқ қоиланд: муъҷиза бо иддаои набувват ҳамроҳ аст ва чун бо ирода ва қудрати Худованд амалӣ мешавад, ниёзе ба тамрини пешакӣ надорад, бар хилофи сеҳр, ки наметавонад бо иддаои набувват бошад ва ҳамчунин ниёзманди тамрину ёдгирӣ аст.

Бархе аз фуқаҳо, ёд гирифтани сеҳру ҷодуро барои дафъи сеҳр ё расво кардани муддаии дурӯғини набувват, ҷоиз ё ҳатто воҷиби кифоӣ донистаанд. Ҳамчунин дар ин хусус, ки ботил кардани сеҳр танҳо аз роҳи дуову Қуръон ҷоиз аст, ё бо сеҳр низ метавон сеҳрро ботил кард ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Тибқи фатвои фақеҳон, агар ҷодугар кофир бошад, таъзир мешавад, аммо агар мусалмон бошад ва сеҳру ҷодуро ҳалол донад, аҳкоми иртидод бар ӯ ҷорӣ мешавад. Ҳамчунин, агар касе ба сабаби ҷодугарӣ кушта шавад, баъзе фақеҳон қисос ва дияро ҷазои қотил медонанд ва бархе бо ин ҳукм мухолифат кардаанд.

Ҷойгоҳи сеҳру ҷоду

Дар Фарҳанги сухан, сеҳр ё ҷоду ин гуна таъриф шудааст: «тасхири қувои табиӣ ва фавқи табиӣ бо хондани афсун ва оинҳои рамзомез ва тасарруф дар ашхос, ашё ва умур».[1]

Дар Қуръон[2] ва ривоёт,[3] аз сеҳру ҷоду сухан омадааст. Муфассирон[4] ва муҳаддисон[5] низ зайли оёт ва ривоёти марбут ба сеҳр, дар хусуси он мабоҳисе матраҳ кардаанд. Ҳамчунин сеҳр яке аз масоили илми фиқҳ аст ва фақеҳон дар хусуси ҷоиз будан ё набудани он,[6] муҷозоти ҷодугар[7] ва дигар масоили марбут ба он[8] баҳс кардаанд.

Пешина

Бар асоси Тафсири Намуна, дар ин ки сеҳр аз кай оғоз шуда ва ривоҷ пайдо кардааст, наметавон сухани қатъие баён кард ва танҳо метавон гуфт, аз замонҳои хеле қадим дар байни мардум роиҷ будааст.[9] Дар ривояте аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а) нақл шудааст, ки сеҳру ҷоду аз замони ҳазрати Нӯҳ (а) касрат пайдо кардааст.[10]

Фарқи муъҷиза ва сеҳру ҷоду

Мақолаи аслӣ: Муъҷиза

Яке аз нисбатҳое, ки дар тӯли таърих ба анбиё ва махсусани Пайғамбари Ислом (с) дода шудааст, ҷодугарист,[11] аммо олимони мусулмон инро намепазиранд ва байни сеҳр ва муъҷиза фарқҳое баён мекунанд:

  • Сеҳр ва муъҷиза ҳар ду таъсиротеро доранд, аммо муъҷиза ҳақ аст ва сеҳр ботил. Муъҷиза дар ростои ислоҳу тарбият аст, аммо сеҳр беҳадаф ё дорои аҳдофи сатҳӣ ва камарзиш аст.[12]
  • Сеҳр бар асоси умури башарӣ аст. Ба ҳамин иллат, соҳирон корҳои хориқулодае анҷом медиҳанд, ки тамрин кардаанд, аммо муъҷиза як амри Илоҳӣ аст ва анбиё корҳоеро анҷом медоданд, ки мардум аз онҳо талаб мекарданд.[13]
  • Муъҷиза ҳамроҳ бо иддаои набувват аст, аммо соҳиру ҷодугар наметавонад иддаои набувват кунад; чун ҳикмати Илоҳӣ монеъи он мешавад, ки касе ба дурӯғ муддаии набувват шавад ва агар ин корро бикунад расво мешавад.[14]

Таъйиди вуҷуди сеҳру ҷоду дар Қуръон

Нависандагони Тафсири Намуна, бо баррасии ҳудуди 51 маврид аз истеъмолоти калимаи «сеҳр» дар Қуръон, онро аз манзари Қуръон, ба ду бахши куллӣ тақсим кардаанд:

  1. Сеҳре ки фирефтану чашмбандӣ аст ва ҳақиқате надорад; монанди ояти 66-и сураи Тоҳо

ва ояти 116-и сураи Аъроф

  1. Сеҳре ки дорои ҳақиқат аст ва ба ростӣ асар мегузорад; монанди ояти 102-и сураи Бақара, ки ба таъсири сеҳр дар ҷудоии зану мард аз якдигар ишора дорад.[15]
Мақолаи аслӣ: Ояти Сеҳр

Муфассирон ҳамчунин дар тафсири ояти 102-и сураи Бақара, достони ду фиришта ба номи Ҳорут ва Морутро нақл мекунанд, ки дар замони ҳазрати Сулаймон (а) ба шакли ду инсон байни қавми Банӣ Исроил омаданд ва ба далели ривоҷи сеҳр дар миёни онҳо ва эҷоди фитнаҳои мухталиф, роҳҳои дафъи сеҳрро ба мардум омӯхтанд. Бар асоси ин оят, онҳо ба мардум гуфтанд, ки аз ин равишҳо танҳо дар роҳи дуруст ва бутлони сеҳр истифода кунанд ва ин имтиҳоне барои онҳост, вале онҳо бо истифода аз сеҳр даст ба бархе корҳои нодуруст заданд.[16]

Бархӯрди имомон (а) бо сеҳру ҷоду

«Сакунӣ аз Имом Содиқ ва ӯ аз Имом Боқир ривоят кардааст, ки Пайғамбар ба зане, ки аз ӯ суол карда буд шавҳарам тундхӯст ва ман барои ин ки ӯро ба худ ҷазб кунам, ӯро сеҳр кардам, мегӯяд: «Уф бар ту бод! Оби дарёҳоро тира сохтӣ ва гулро сиёҳ намудӣ ва фариштагони осмону замин туро лаънат карданд!»»

Кулайнӣ ҳадисе аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки дар он ба касе ки умрашро дар роҳи сеҳру ҷоду сипарӣ карда ва сипас пушаймон шуда буд ва тақозои роҳкоре барои ҷуброн дошт, супориш мекунад аз ин илм, барои дафъи сеҳр истифода кунад.[18] Аллома Маҷлисӣ аз ин ривоят бардошт кардааст, ёдгирии сеҳр барои дафъи он ҷоиз аст.[19]

Ҳадиси дигаре аз Имом Алӣ (а) ривоят шудааст, ки дар он, ёдгирии сеҳрро куфр муаррифӣ карда мегӯяд, агар касе ки даст ба сеҳру ҷоду мезанад тавба накунад, ҳадди он кушта шудан аст.[20] Ибни Идриси Ҳиллӣ ҳам ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл мекунад, ки тибқи он, шахсе назди эшон меравад ва ҳукми муроҷиа ба шахсе, ки аз макони чизҳои дуздидашуда хабар медиҳадро мепурсад. Имом Содиқ, дар ҷавоби ӯ, ривояте аз Расули Худо (с) баён мекунад, ки ҳар кас назди коҳин ё ҷодугаре раваду сухани ӯро тасдиқ кунад, ба он чи аз ҷониби Худованд нозил шудааст кофир аст.[21]

Роҳҳои дафъи сеҳр

Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор ривоётеро зайли унвони «дуо барои дафъи сеҳр ва чашмрасӣ» ҷамъоварӣ кардааст.[22] Дар китоби Тибб-ул-аимма низ ривоёте таҳти унвони «таъвизҳое барои ботил кардани сеҳр» гирдоварӣ шудааст.[23] Барои намуна, Имом Алӣ (а), дар ҷавоб ба дархости баъзе аз асҳоб, дуоеро ба онон ёд медиҳад ва супориш мекунад онро дар пӯсти оҳӯ банависанд ва ҳамроҳи худ нигаҳ доранд.[24] Ҳамчунин дар ривояте аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки тибқи он, ҳар кас аз сеҳр ё шайтон тарс дорад, ояти 54-уми сураи Аърофро бихонад.[25]

Моҳияти сеҳру ҷоду ва таърифи фиқҳӣ ва масодиқи он

Намунаи як навишта ҷиҳати сеҳру ҷоду

Дидгоҳи фақеҳон дар бораи таъриф ва моҳияти сеҳр гуногун аст. Бархе онро дорои воқеияти хориҷӣ медонанд, ҷамъе бар ин боваранд, ки сеҳру ҷоду воқеияти хориҷӣ надорад ва гурӯҳе низ мегӯянд, дар заминаи воқеӣ ё хаёлӣ будани он наметавон изҳори назари қатъӣ кард.

Моҳияти сеҳр

Шайх Тусӣ ва Шаҳиди Сонӣ сеҳру ҷодуро дорои ҳақиқати хориҷӣ медонанд.[26] Оятуллоҳ Хуӣ мегӯяд, сеҳр тасарруф дар ҳавос ва хиёли касе аст, ки сеҳр шудааст ва воқеияти хориҷӣ надорад.[27] Ба гуфтаи Шаҳиди Аввал, аксари уламо ин назарро пазируфтаанд.[28] Муҳаққиқи Каракӣ муътақид аст, наметавон дар мавриди хиёлӣ ё воқеӣ будани сеҳру ҷоду изҳори назари қатъӣ кард.[29]

Таърифи сеҳр ва намунаҳои он

Ба гуфтаи Мулло Аҳмади Нароқӣ, наметавон дар баёни фақиҳон, ба таърифе аз сеҳру ҷоду даст ёфт, ки ҳамаи абъоди онро шомил шавад.[30] Ӯ марҷаъи шинохти мафҳуми сеҳрро урф медонад ва мегӯяд, дар нигоҳи урф, сеҳр як амри махфӣ аст ва ба сурати мутадовилу маъмул рух намедиҳад.[31] Аллома Ҳиллӣ сеҳрро навишта, калом, ё амале таъриф кардааст, ки ғайримустақим дар бадан, қалб ё ақли сеҳршуда асар мекунад.[32] Ин сеҳр метавонад заминасози қатл, беморӣ, ҷудоии зану шавҳар, эҷоди муҳаббат ё кина дар инсон шавад.[33] Имом Хумайнӣ низ ҳамин таърифро аз сеҳр дорад.[34] Шаҳиди Аввал намунаҳое ҳамчун ба кор гирифтани ҷинн, шаётин ва фариштагонро барои чизе ки пайдо нест ё дармони беморӣ, эҳзори рӯҳ ва сухан гуфтан бо он, зоҳир кардани хосияти ношинохтаи маводи гуногун ва тилисмро ба мавориди сеҳр афзудааст.[35]

Фахрулмуҳаққиқин сеҳрро анҷоми корҳои ғайриоддӣ бо қудрати дарунию нафсонӣ, ё бо кумаки фалакиёт (ҷирмҳои осмонӣ), ё бо омехтани нерӯҳои осмонӣ бо нерӯҳои заминӣ ва ё бо кумак гирифтан аз арвоҳи басит медонад.[36] Оятуллоҳ Гулпойгонӣ муътақид аст, ки сеҳр ҳар коре аст, ки осори номаънус ва ғайриоддие дошта бошад ва монанди каромоту муъҷизот бошад; чи дар бадани ҷодушуда асаре бигузорад ё нагузорад; чи ҷодушуда ҳайвон бошад ё инсон ё ҷамод; мисли такон додани дарахт ё ларза андохтан дар сақфу девор ё мутаваққиф кардани об бидуни истинод ба авомили маҳсус ё умури шаръие мисли оёт ва дуоҳое, ки аз маъсумин (а) нақл шудааст.[37] Аз назари Хуӣ, анҷоми умури хориқулъода дар асари тасфияи нафс ё риёзат, сеҳр маҳсуб намегардад.[38]

Истифода аз сеҳр ҷоиз аст ё ҳаром?

Ҳаром будани сеҳру ҷоду кардани дигарон, ёд гирифтану ёд додани сеҳр ва музд гирифтан бобати он, байни фақеҳои шиа як амри иҷмоъӣ дониста шудааст.[39] Дар китобҳои ахлоқӣ низ сеҳрро аз ҷумлаи гуноҳони кабира маҳсуб кардаанд.[40] Ба ақидаи Абдулҳусайни Дастғайб, далели кабира будани ин гуноҳ тасреҳи ривоёт аст. Вай дар ин робита ба ривояте аз Имом Содиқ (а) истинод мекунад, ки сеҳрро дар зумраи гуноҳони кабира шуморидааст.[41]

Бо ин ҳол, дар шароите ба назари бархе фуқаҳо ҳукми масъала мутафовит аст. Масалан гурӯҳе аз фақеҳон истифода аз сеҳрро барои муҳофизат аз худ дар баробари сеҳри дигарон ҷоиз донистаанд.[42] Соҳиби Ҷавоҳир гуфтааст, ёдгирии сеҳру ҷоду барои инки мумкин аст дар мавориди изтирорӣ лозим бошад, ба худии худ мушкиле надорад.[43] Шаҳиди Аввал ва Шаҳиди Сонӣ ҳам гуфтаанд, ёд гирифтани сеҳр агар барои расво кардани фарди дурӯғгӯ ё муддаии дурӯғини набувват бошад, фарзи кифоӣ аст.[44] Соҳиби Ҷавоҳир гуфтааст, метавон бо Қуръон, дуо ва зикр сеҳру ҷодуро ботил кард.[45]

Ҷазои ҷодугар

Ба фатвои фақеҳони шиа, агар ҷодугар кофир бошад, таъзир мешавад,[46] вале агар мусулмон бошаду сеҳрро ҳалол бидонад, кофиру муртад маҳсуб мешавад ва аҳкоми иртидод дар мавриди ӯ ҷорӣ мешавад.[47] Дар сурате, ки сеҳрро ҳалол надонад, ба назари бархе маҳкум ба ҳади сеҳр ё ҳамон қатл аст,[48] вале гурӯҳи дигаре аз фуқаҳо бо ҳукми қатл мухолифанд.[49]

Қатл бо сеҳр

Фатвои фақеҳон дар хусуси қатл ба василаи сеҳру ҷоду мутафовит аст: ба фатвои Шайх Тусӣ, агар касе ба воситаи сеҳр ба қатл бирасад, қисос ва дия надорад.[50] Аммо Муҳаққиқи Ҳиллӣ эҳтимоли воқеӣ будани сеҳру ҷоду ва дар натиҷа дияву қисосро тақвият кардааст.[51] Аллома Ҳиллӣ[52] ва Шаҳиди Сонӣ[53] қисосро тобеъи иқрори ҷодугар медонанд: агар ҷодугар иқрор кунад, ки ба нияти қатл ҷоду кардааст, қисос мешавад.[54] Ба назари Имом Хумайнӣ, агар таъсири сеҳру ҷоду дар қатл собит шавад ва қасди ҷодугар куштан бошад, қатли амд рух дода ва агар бидуни қасди куштан бошад, қатли шибҳи амд хоҳад буд. Ҳамчунин агар сеҳр ба гунае бошад, ки навъан кушандааст низ қатли амд аст.[55]

Эзоҳ

  1. Анварӣ ва дигарон, Фарҳанги рӯзи сухан, 1383ҳ.ш., саҳ.368.
  2. Барои намуна ниг.: сураи Тоҳо, ояти 66; сураи Аъроф, ояти 116.
  3. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.115; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1367ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.95; Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, 1413ҳ.қ., саҳ.152; Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.593.
  4. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.336 - 342; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233 - 236; Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.79 - 84; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.374.
  5. Барои намуна ниг.: Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.73.
  6. Барои намуна ниг.: Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.226; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.78; Шаҳиди Аввал, ал-Дурус, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.164; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.215.
  7. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.86; Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик фи шарҳ-ил-мухтасар-ин-нофеъ, 1405ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.113; Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.459.
  8. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.329; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.973; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.425; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.546.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377.
  10. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳис-салом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, 267.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.437.
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.438.
  13. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.519.
  14. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.519 - 520.
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.378 - 379.
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.336 - 342; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233 - 236; Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.79 - 84; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.374.
  17. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1367ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.95
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.115.
  19. Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.73.
  20. Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, 1413ҳ.қ., саҳ.152.
  21. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.593.
  22. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.124.
  23. Абно Бастом, Тибб-ул-аимма, 1411ҳ.қ., саҳ.35.
  24. Абно Бастом, Тибб-ул-аимма, 1411ҳ.қ., саҳ.35; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.124.
  25. Сайид ибни Товус, ал-Амон, 1409ҳ.қ., саҳ.130; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.132.
  26. Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.327; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.215.
  27. Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.453.
  28. Шаҳиди Аввал, ал-Дурус, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.164.
  29. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.30.
  30. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.114.
  31. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.114.
  32. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1422ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.144.
  33. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.396.
  34. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.529.
  35. Шаҳиди Аввал, ал-Дурус, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.164.
  36. Фахрулмуҳаққиқин Ҳиллӣ, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.405.
  37. Гулпойгонӣ, Ҳидоят-ул-ибод, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.342.
  38. Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.453.
  39. Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.226.
  40. Гулистона, Манҳаҷ-ул-яқин, 1388ҳ.ш., саҳ.136; Шуббар, ал-Ахлоқ, Матбаъат-ун-Нуъмон, саҳ.216; Дастғайб, Гуноҳони кабира, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.77.
  41. Дастғайб, Гуноҳони кабира, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.77.
  42. Шаҳиди Аввал, ал-Дурус, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.164; Оли Усфур, Сидод-ул-ибод, 1379ҳ.ш., саҳ.430.
  43. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.78.
  44. Шаҳиди Аввал, ал-Дурус, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.164; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.215.
  45. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.77.
  46. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.86; Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик фи шарҳ-ил-мухтасар-ин-нофеъ, 1405ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.113; Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.459.
  47. Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.329; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.86; Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.226; Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.459.
  48. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.86; Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.459.
  49. Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.329; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.86; Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.459.
  50. Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.329; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.973.
  51. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.973.
  52. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.425.
  53. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.77.
  54. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.425.
  55. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.546.

Ёддошт

Сарчашма

  • Абно Бастом, Абдуллоҳ ва Ҳусайн, Тибб-ул-аимма, таҳқиқи Муҳаммад Маҳдии Хирсон, Қум, Дорул-Шариф ал-Разӣ, 1411ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Оли-р-Расул, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, 1422ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, Қум, муассисатул-Имом ал-Содиқ алайҳис-салом, 1420ҳ.қ.
  • Анварӣ, Ҳасан ва дигарон, Фарҳанги рӯзи сухан, Теҳрон, Сухан, 1383ҳ.ш.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Василат-ун-наҷот, Қум, Шафақ, 1423ҳ.қ.
  • Буҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя би Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Гулистона, Алоуддин Муҳаммад, Манҳаҷ-ул-яқин, Қум, муассисаи илмӣ- фарҳангии Дорул-ҳадис, 1388ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Ҳидоят-ул-ибод, Қум, Дорул-Қуръонил-карим, 1371ҳ.ш.
  • Дастғайб, Абдулҳусайн, Гуноҳони кабира, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1388ҳ.ш.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ (ва-л-мустатрафот), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Руҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (с), 1392ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1371ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт (алайҳимус-салом) ли эҳёил-турос, 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Теҳрон, Истиқлол, 1409ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Мулло Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт (алайҳимус-салом) ли эҳёил-турос, 1415ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Оли Усфур, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Сидод-ул-ибод ва рашод-ул-уббод, Қум, Маҳаллотӣ, 1379ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулқалам, 1412ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Амон ман ихтора-л-асфора ва-з-азмон‏, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, ‏1409ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Фахрулмуҳаққиқин Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан ибни Юсуф, Эзоҳ-ул-фавоид фи шарҳи ишколоти-л-қавоъид, Қум, ал-Матбаъатул-илмийя, 1387ҳ.қ.
  • Хонсорӣ, Сайид Аҳмад, Ҷомеъ-ул-мадорик фи шарҳ-ил-мухтасар-ин-нофеъ, Теҳрон, мактабатул-Садуқ, 1405ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, Қум, Доварӣ, 1377ҳ.ш.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1413ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Сайидҷавод, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳи қавоид-ил-аломат, Қум, Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя би Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Ибни Бобавайҳ Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тарҷумаи Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммадҷавод Ғаффорӣ ва Садр Балоғӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1367ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Ибни Бобавайҳ Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳис-салом, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийяти би Қум, Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ ал-Омилӣ, ал-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомийя, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, Қум, мактабатул-Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Шуббар, Абдуллоҳ, ал-Ахлоқ, Наҷаф, Матбаъат-ун-Нуъмон, бе то.